11 July 2018

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” дар ноҳияи Спитамен

10 июли соли равон дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону бонувон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Баландқӯрғон”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен

10 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен бо нашъунамои пахта ва ҷараёни кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Баландқӯрғон” аз наздик шинос гардид.

Тавре ҳангоми боздид иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагии деҳқонии “Баландқӯрғон”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол картошкаи барвақтии хешро алаккай пурра ҷамъоварӣ намуда, ба ҷойи он зироатҳои дигари кишоварзӣ кишт намуда истодаанд.

Читать далее

Ифтитоҳи толори замонавии варзишӣ дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол

10 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен дар маросими баистифодадиҳии толори замонавии варзишӣ дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳи толори варзишӣ таъкид кара шуд, ки соҳибкорони ватандӯст баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, бо иҷрои корҳои созандагӣ дар ободонии маҳалли худ саҳми назаррас мегузоранд.

Читать далее

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен, ки рӯзи 10 июл сурат гирифт, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” шинос гардид.

Бояд зикр кард, ки сохтмони  корхонаи саноатии  “Норд Азия Металл”  соли  2014  оғоз  гардида, барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн. сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн. сомонии онро  арзиши  таҷҳизоту технологияҳои  корхона ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда, иқтидори солонааш  60 ҳазор тонна металл мебошад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти варзишиву фарҳангӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонии бинои сеошёнаи китобхонаи марказӣ ва осорхонаи миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино Раиси вилоят ба мутахассисон ва масъулин дастур дод, ки лоиҳаи иншоот ба таври замонавӣ бознигарӣ ва омода карда шавад. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар китобхонаи марказӣ бояд барои гузаронидани маҳфилҳои гуногун низ шароитҳои зарурӣ фароҳам гардад.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Спитамен

10 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарияти ноҳия ва фаъолон ширкат варзиданд.

Читать далее

Дар ноҳияи Спитамен майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад

Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят эълон гардидааст, дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Дар қатори дигар намояндагони ҷомеа соҳибкорони ноҳияи Спитамен низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади иҷрои дастуроти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии ноҳияи худ саҳми арзанда мегузоранд.

Читать далее

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Спитамен

10 июли соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен  Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар ин рӯз 33 нафар сокинони ноҳияи Спитамен бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла гирифтани сертификати замин, таъмири роҳ, бунёди мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишӣ, таъмин шудан бо оби полезӣ ва дарёфти кӯмакҳои моддӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд. Раиси вилоят ҳар як муроҷиати сокинонро баррасӣ намуда, ба масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Спитамен ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен

10 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногун, қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти муҳимтарини иҷтимоӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни ин сафар Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Спитамен-Янгиобод-Андарсой оғоз бахшид ва бо сокинони минтақа суҳбати самимӣ анҷом дод. Раиси вилоят иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории сулҳу субот дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагӣ ҷараён дорад. Таъкид гардид, ки  барои бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом баанҷомрасонии як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолону соҳибкорони ноҳия даъват намуд, ки барои ободонии маҳалли зисти худ ва бунёди иншооти иҷтимоиву марказҳои хизматрасонӣ саҳмгузор бошанд.

Читать далее