06 July 2018

Ярмарка: Нишонаи устувори амнияти озуқаворӣ ва вусъати ҳамкорӣ

Рӯзҳои 6-7 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш» - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2018» баргузор гардид, ки ин рӯйдодро метавон воқеаи муҳим дар самти рушди иқтисоди минтақавӣ арзёбӣ кард. Боиси зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мекунад.

Исботи ин гуфтаҳо баргузор шудани Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2018» мебошад, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

Читать далее

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона”

6 июли соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” иштирок карданд.

Дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд.

Читать далее

Ба қадри осудагиву субот бирасем!

Дар замони имрӯза ифротгароиро ба навъҳои динӣ, миллӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо менамоянд, ки байни он ифротгароии сиёсӣ мавқеи калон ва хатари ҷиддӣ дорад. Сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои аниқ кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва рафъ намоем. Бо роҳи зӯрӣ, бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс, рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд.

Ба ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва дорои ғояи ифротӣ ТЭТ ҲНИ, “ДИИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Салафия”, “Ваҳҳобия”, “Ҳизбуттаҳрир” ва амсоли инҳо дохил мешаванд. Таъкид бамаврид аст, ки фаъолияти гурӯҳҳои номбаршуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, ҳамчун ҳизби ифротӣ шинохта шудаанд. Мутаассифона, аксари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо номи дини мубини Ислом баромад намуда, аз номи дин ва шариат ҳукм бароварда, диндорони соддаву омиро ба роҳи каҷи худ дохил мекунанд.

Домони паҳншавии ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав рӯз аз рӯз фарох гардида истодааст. Дар сафи худ ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавонону наврасони ноогоҳро бо роҳу воситаҳои фиребгаронаи худ дохил намуда истодаанд. Якеро бо роҳи ҳавасмандкунии пулӣ ва дигареро бо даъвати исломиву мафкуравӣ ба сафи худ ҳамроҳ мекунанд. Лекин мақсади онҳо як аст. Ба ҳамагон маълум аст. Сарвати ба даст овардаи онҳо бар ивази ҷони чандин ҳазор инсони бегуноҳ мебошад.

Дар ин радиф мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ, осудагии ҷамъият ва оромии давлат расида, ба ободониву созандагӣ ва тарбияи ҷавонон дар роҳи рост машғул шавем. Нагузорем, ки ягон ифротӣ тинҷию оромии сарзамини моро халалдор созад.

С.Мирсаидов,
 устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

МАҚСАДИ ТЭТ ҲНИ ОҒӮШТАИ ХУН КАРДАНИ ТОҶИКИСТОН БУД

ТЭТ ҲНИ аз зумраи ҳизби динии пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои 90 – ум аз худ доғи сиёҳ боқӣ гузоштааст. Маҳз, аз арзишҳои диниву мазҳабии мардуми тоҷик истифода ва мусалмонони ноогоҳро ба майдоннишинӣ даъват намуда, дар маркази пойтахтамон - шаҳри Душанбе майдони худро “Шаҳидон” номиданд.

Баҳри кадом шаҳид номгузорӣ кардани майдон равшан нест. Агар фоҷиаи февралии соли 1990 – умро мисол оварем, пас дар он дасти наҳзатиён кам нест. Аз ҳамон давра сар карда, ин ҳизби ҷиноӣ бар сари миллати мо балову балвоҳоро овард.

 Баъди баимзорасии созишномаи сулҳ намояндагони ин ҳизб ба мақомотҳои сохториву ҳарбии давлатӣ шомил гардида, ба ҳаёти осоишта гузаштанд. Лек ин ҳама дастгириҳо барои онҳо ҳеҷ будааст. Аксари наҳзатиён дар дил кинаву адовати солҳои ҷанги шаҳрвандиро нигоҳ ва хостори боз ба даст гирифтани яроқро доштаанд.

Баъди ба сари ҳизб омадани Муҳиддин Кабирӣ маҷрои он дигар шуд. Ӯ худро “ҷаноби Ғарб” вонамуд карда, аз мамлакатҳои Аврупо маблағҳои ҳангуфт талаб намуд ва худро ҳомии дину мазҳаб тарошид. Муҳиддин Кабирӣ баҳри дар амал татбиқ намудани амалҳои ғаразноки худ худаш барин инсонҳоро ба мансабҳои роҳбарикунандаи Раёсати олии ҳизб ва шуъбаҳои шаҳриву вилоятӣ таъин намуд. Аз ҷумлаи он Илҳом Ёқубов ба вазифаи раиси бахши минтақавии ҲНИ дар вилояти Суғд таъин гардида буд, ки дар ҳудуди вилоят наҳзатиёни иртиҷогароро ҷамъ намуд.

Чунин амалу кирдори Муҳиддин Кабирӣ буд, ки 22 декабри соли 2012 зимни мулоқоти ӯ бо сокинони шаҳри Исфара ходимони дин Абдурақиб Раҳмонов, Обидхон Ғафуров, Ҷамолиддин Шаҳобиддинов ва дигарон вокунишҳои шадид нишон дода, ҳамчун ҳизби исломӣ амал кардани наҳзатро хилофи назари шаръӣ маънидод намуда, бо овардани мисолҳо аз ҳамсоякишвари Афғонистон ва амалкарди ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи исломӣ, ки бо гуфтани «Аллоҳу Акбар» ба сӯи якдигар тир мекушоянд, исбот намуданд.

Ба ин монанд моҳи июли соли 2014 зимни мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб, ки ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматии Муҳаммадшариф Набиев - роҳбари бахши ҲНИ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, бо ҳамлаи ҷавонон нисбати ӯ анҷомид. Аз ин бармеояд, ки ҷавонони бо нангу ор он замон аллакай аз нақшаву ниятҳои разилонаи ҲНИ огаҳ гардида буданд.

Соли 2015 тибқи қонунгузории мамлакат ва қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИ манъ гардид. Ин иқдомро аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта, ақидаҳои ифротгароёнаи онро маҳкум намуданд.

Ҳ.Қурбонов

Читать далее

Сабақи талхи таърих – ибратомӯзи ҷавонон

Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта барои миллати тоҷик яке аз фоҷеаҳои мудҳиш ба ҳисоб меравад. Давоми солҳои ҷанг мардуми зиёд куштаву кӯдакон бесаробон ва наздик ба як миллион сокинон гуреза шуданд.

Иқтисоди кишвар коставу талаю тороҷ гардид. Корхонаву муассисаҳои давлатӣ, манзилҳои истиқоматӣ ба вайронаҳо табдил ёфтанд ва ба коми оташ рафтанд. Гурӯҳҳои мухолиф бо роҳнамоии хоҷагони хориҷиашон мехостанд Тоҷикистонро ба қисмхо ҷудо созанд. Хушбахтона, ба тақдири мардуми шарафманди миллати тоҷик шахсе ба майдони сиёсат ворид гардид, ки миллатро аз парокандагиву порашавӣ нигоҳ дошт.

Имрӯз Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш худро бегуноҳ меҳисобанд. Аз саргузашти талхи ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ воқиф хастем, ки ҳизби наҳзат нақшаи ҷанги шахрвандиро тарҳрези менамуд. Ба шарофати хиради азалии мардуми тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Гузаштаи рӯзҳои талхи таърих барои мо, насли ҷавон дарси ибрат аст. Агар ба гузашта назар афканем, ҲНИ амалҳое содир намуд, ки боиси нанги миллати тоҷик мебошад. Баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бори дигар соли 2015 кӯшиши ноором сохтани вазъи Тоҷикистон ва тағйири сохти конститутсионӣ намуданд. Фарзандони фарзонаи миллат барои эмин нигоҳ доштани дастовардҳои бузург – Истиқлолият ва Ваҳдат зидди душманони бадхоҳи ин неъмати бебаҳо муборизаи беамон мебаранд.

Шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва сарҷамъии мардуми шарафманди миллати тоҷик мекунем, ки имрӯзҳо сарто сари кишвар суруру шодии ваҳдат танинандоз аст.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Бингар, бахт мешукуфад

Ваҳдат барои мо ганҷи бебаҳо, неъмати бузург, бозёфти муқаддас, файзи рӯзгори мардуми кишвар, тулӯи офтоби бахту иқболи миллати тоҷик барои фардои дурахшон аст.

Таҷассуми ваҳдат ва ваҳдатгароӣ дар даврони соҳибистиқлолии тоҷикон дар тамоми соҳаҳо инъикос гардидааст. Сулҳи умумибашарии Тоҷикистон, мавқеву макони моро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар миллати парешон сарҷамъ омада, мамлакат ободу пеш рафт.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ваҳдати миллӣ чун ҷавҳари афкор  ва асоси рушду тараққии ҷомеа маънавиёту фарҳанги моро ҷониби қуллаҳои баланд ва мақсадҳои наҷиб мебарад. Ба он водор месозад, ки ба қадри ин Ватани ободу озод, сулҳу субот, арзишҳои  бузургони миллат расидаву онро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем. Ба ифротгароиву экстремизм қатъӣ мубориза барем. Зеро бо шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамонии фарзандони тоҷик яъсу ноумедӣ аз байн рафта, халқу Ватан бахтёру фараҳманд ва ободу шукуфо гардида истодааст.

 Г.МАХСУДХОҶАЕВА,
М.ДОНИЁРОВА,
омӯзгорон, аз шаҳри Бӯстон 

Читать далее

Маҳкумияти хиёнаткорӣ

Бо иқдоми шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф дар гимназияи №2 ҳамоиш доир ба маҳкумияти аъмоли хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом сурат гирифт. 

Нахуст филми "Решаҳои ноаён", ки оид ба хиёнатҳои пасипардагии хоинони миллати тоҷик нақл мекард ва чанде қабл тариқи расонаҳои хабарии кишвар намоиш дода шуд, барои ҳозирин пешкаш гардид. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода ва мудири шуъбаи маориф Ҷамолиддин Насриддинзода оид ба аъмоли хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ибрози назар намуда, аз ҳамагон баҳри саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва садди роҳи хиёнаткориҳо гардидан даъват ба амал оварданд. 

Иштирокчиён низ андешаҳои маҳкумкунандаи хешро оид ба аъмоли хиёнаткоронаи аъзои ин ташкилот ин баён доштанд.

 Мамнури МЭЛС

Читать далее

Таҳдид ба Тоҷикистон

Эрон ҷанговарони Ҳизби Наҳзатро аз Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад

Кишвари Эрон дар ташкили ҷангҳои шаҳрвандӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, ки онро бо дасти наҳзатиҳои террорист амалӣ сохт, таҷрибаи кофӣ дорад. Бо истифода аз ин таҷриба, имрӯзҳо эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории ТТЭ “ҲНИ”-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ  дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд.

Чанде пештар ҷанговарони ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид.

Эронро бо ТТЭ ҲНИ - бахши ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон- робитаҳои таърихӣ мепайвандад. Эрон аз ҷониби худ ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта суйистифода ва дастгирӣ менамуд.

ТТЭ ҲНИ, ки “шохаи гурӯҳи Ихвонулмуслимин” ба шумор меравад, аз ҷониби Саид Абдулло Нурӣ таъсис дода шуда, таърихан исбот намуд, ки фаъолияти зери чатри “исломи сиёсӣ” ғайр аз харобкорӣ ва нооромӣ дар ҷомеа, чизе дигаре намеорад. Дар натиҷа моҳи сентябри соли 2015 ошӯби мусаллаҳонаи пайрави ТТЭ ҲНИ генерал Абдуҳалим Назарзода (бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим) чеҳраи ҳақиқии ин ташкилоти террористиро ба ҷомеаи байналмилалӣ ошкор намуд. Ҳамин тавр, фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ ва ОДКБ манъ гардида, ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудааст.

Бо интиҳои ҷангҳои Сурия ва дархостҳои Россия ва ИМА ҷиҳати хориҷсозии ҷанговарони эронӣ аз қаламравӣ Сурия, Эрон садҳо ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро ба сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон интиқол дода, вуҷуди онҳоро ба ҳайси таҳдид ба Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод.

Давоми як соли охир тамоюли таҷаммӯи гуруҳҳои террористӣ дар қисмати шимолии Афғонистон, ки қаблан ором буд, мушоҳида мешавад. ДОИШ, ТТЭ ҲНИ, "Ансоруллоҳ” ва дигар гуруҳҳои ифротӣ кӯшиш доранд, дар онҷо пойгоҳҳои таълимиву тамриниашонро ҷой карда, барои таъсири бештар ба Осиёи Марказӣ платсдарм бисозанд.

Наворҳои видеоӣ ва шоҳидони воқеаъҳои даҳшатафкан гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Эрон дар амалӣ намудани сӯйиқасдҳо бар зидди шахсони сиёсатмадор, фарзонагон ва рӯзноманигорони тоҷик даст дорад ва кӯмакҳои молиявӣ ва низомии ин кишвар ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум ба ҳамагон маълум аст.

Дар рафти фаъолиятҳои Конфронси ваҳдати исломӣ, ки соли 2016 багузор гардид, Эрон роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабириро меҳмоннавозӣ намуд. М.Кабирӣ бо роҳбари рӯҳониҳои Эрон Алӣ Хоманаӣ вохӯрӣ анҷом дод. Ҳукумати Тоҷикистон ин амали Эронро аз ҷониби худ маҳкум сохт. Тоҷикистон А.Хоманиро барои дастгирии роҳбари гурӯҳи террористӣ, ки хатари онҳо ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад, муттаҳам месозад.

Дар рафти ҷаласаи пӯшидаи охирини ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Варшаваи Полша Мухиддин Кабирӣ ба иштирокчиёни ҷаласа нақшаи бо дастгирии Эрон ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла карданро фаҳмонида додааст. Тибқи нақшаи таҳрезикардашудаи М.Кабирӣ, бо маблаггузории Эрон аз давлатҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро тавассути Эрон ба Афғонистон гузаронида, онҳоро ба сарҳадҳои Тоҷикистон наздик созанд. Имрӯзҳо бисёри ҷангиёни ТТЭ ҲНИ дар лагерҳои Эрон таҳсили ҳарби гирифта истодаанд.

Аз нақша ва ҳадафҳои ғаразноки онҳо тамоми ҷаҳон огоҳ буда, ба онҳо нафрат мехонанд. Рафтор ва кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини Ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти динни мубини Ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.   

Бознашр аз сомонаи (https://www.aldarvoice.ae/49213.html)

Читать далее

Нафс чун туғён намояд, бартар аз шайтон шавад

Баҳори  соли 1992 дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе рӯ ба рӯйи бинои Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон якчанд деҳотиро аз водии Вахш дидам, ки дар байни кӯча мех зада хайма меоростанд. Аз сӯҳбати эшон пай бурдам ки сатҳи маърифати сиёсиашон ба дараҷаи кофӣ нест ва дастони пуробилаашон аз деҳқон будани онҳо гувоҳӣ медод.

Айни мавсими киштукори баҳорӣ ба ҷои дар саҳро хайма задан, дар хиёбони марказии пойтахти мамлакат сабаби хайма задани ин кишоварзони ғофил аз сиёсат дар чӣ бошад? Побанди андешаҳо ба идораи рӯзномаи “Садои мардум” ки дар бинои Маҷлиси Олӣ буд, омадам ва маводе омода карда таҳти сарлавҳаи “Хайма ба саҳро бизан!” ба котибот супоридам. Аз майдоннишинҳо даъват ба амал оварда шуд, ки фирефтаи найрангҳои сиёсӣ нашуда, пайи корҳои саҳроии худ баргарданд. Ҳамон шабу рӯзҳо остонаи дари бинои Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистонро Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ё худ эшони Қиёмиддин  ба минбари ғаразҳои сиёсии худ табдил дода суханронӣ мекард.

Пас аз нашри мавод сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода аризаи маро оид ба штати корӣ қабул намудан имзо гузоштанд. Ин барои мани хатмкунандаи Донишгоҳи миллӣ, ки таҷрибаомӯзии пешаздипломиро дар идораи газетаи навтаъсиси “Садои мардум” мегузаронидам, мояи ифтихор буд. Аммо гирудори моҷароҳои сиёсӣ авҷ гирифта майдон ба ду тақсим шуд ва 5-уми майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии бинои  Маҷлиси Олӣ аввалин сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода аз тири дайдуи нохалафони миллат ба ҳалокат расид. Ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Вахш аланга гирифт. Ба хирмани умеди мардум оташ заданд. Тирамоҳу зимистони он солҳо хаймаҳои гурезагон дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон  зада шуд. Душанбеи захмхӯрда ба шаҳри умеди ҳамагон табдил ёфт. Гурӯҳ-гурӯҳ гурезагон аз Хатлонзамин аз оташи ҷанг паноҳ ҷуста ба пойтахт меомаданд. Ибтидои солҳои 90-ум, нахустин қадамҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Мардум ташнаи сулҳ ва интизори як раҳбари оқили мамлакат буданд.

Тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба сифати Сарвари давлат, Раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани вакили Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов оташаки умедро дар қалби мардум фурӯзон намуд. Марҳилаҳои мушкили гуфтушунид бо нерӯҳои мухолифин тадриҷан муҷдаи сулҳро наздик менамуд. Ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи сулҳ дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба пойтахти мамлакат пайки сулҳи деринтизор расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли худ устувор истод  ва дар қаламрави Тоҷикистон комилан сулҳу оромиро таъмин намуд. Аз баракати ҳамин сулҳу ваҳдат 21 сол аст, ки кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, парчами Тоҷикистон дар назди Созмони милали муттаҳид чун ташаббускори “Даҳсолаи соли амал барои об” партавфишонӣ мекунад.

Фурсати он расидааст, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хаймаро ба хотири рушди сайёҳии кӯҳӣ дар кӯҳсор занем. Ба муоширати нек, сатҳи олии хизматрасонӣ, рушди инфрасохторҳои сайёҳӣ ба қалби меҳмонони Тоҷикистон хайма занем.

Таърихи ҷанги шаҳрвандӣ  дарси ибрат барои ҷавонон мебошад, то зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи чунин “дингароён”-и шайтонпараст нагарданд ва як умр зери бори доғи хиёнаткорӣ ва бенангиву беномусӣ намонанд. Бандаи нафс  ва зархариди хоҷаҳои бегона набояд шуд, ки шоири классикии тоҷик Соиб  мефармояд:

Сел бекор аст чун аз худ барорад хона об,

Нафс чун туғён намояд, бартар аз шайтон шавад.

Зайниддин Орифӣ

Мудири шӯъбаи иттилоотии Донишкадаи
кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Читать далее

Ба гумроҳиву хиёнаткорӣ чӣ мебарад?

Дар баробари рушду тавсеа ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз тамоюлҳои манфию ғайриахлоқӣ миёни ин қишри аҳолӣ дарак медиҳад. Ба қайд гирифтани ҷиноятҳои мухталиф аз ҷониби ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷомеаи моро ҳаргиз ором гузошта наметавонад.

Мавҷудияти муаммоҳои дар пешрафти ҷомеа ва ояндаи халқи тоҷик албатта бетаъсир нест. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, нашъамандӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, оворагардӣ, дастзадан ба ҳуқуқвайронкунӣ, гаравиш ба гурӯҳҳои экстремистиву террористиро номбар намудан мумкин аст. Ин муаммоҳо доғи рӯз дар ҷаҳони имрӯза буда, аз ҳама хавфноку хатаровари он шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз ин амалҳо муаммои сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, беш аз 100 давлати дунёро ба ташвиш овардааст.

Ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳар роҳ тарғиботу ташвиқот бурда, ҷавонони бегуноҳ, заифирода ва дар чорроҳаи зиндагӣ муаллақро ба доми фиреб мекашанд. Новобаста аз ному барномаҳои гуногун ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиро мақсаду маром ва ҳадафҳои муғризонаи ягона доранд. Ин ҳолатро танҳо шахсони ҳушёру зирак, соҳибмаърифат, инсони аз нишебиҳои зиндагӣ бархурдор ва аз таҷрибаи рӯзгору маслиҳатҳои волидайн, олимону шахсони муътабар, донишмандон ва пирони барнодил огоҳ метавонанд эҳсос намоянд.

Асарҳои илмию оммавӣ ва зиндагиномаи худи Имоми Аъзам, ки мутолиаи онҳо аз ҷониби ҷомеаи имрӯза савияи дониши динию дунявӣ ва ҳуқуқии моро баланд мебардорад, аз роҳҳои ифротӣ бозмедорад, иродаи моро дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва пойдории сулҳу ваҳдат боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Барои шаҳрвандони мамлакат Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дари худро боз намудааст.

Ба мақсад мувофиқ ҳам ҳаст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати фанни таълими “Таърихи дин” дар мактабҳои маълумоти миёна ва ҳаҷми соатҳои фанни “Диншиносӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шавад.

 Сиёсати дурбинона ва инсонпарваронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳатто ба шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар вуҷуд надошта бошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд.

Тибқи маълумоти таҳлилгарон солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Бештари ҳодисаи ҷалб шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тариқи воситаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, дар ин самт шаклу усулҳои нави корбарии мубориза бо гурӯҳҳои тундравро дарёфт намуда, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод. Ҷавонони мо бояд дар навбати аввал фаромӯш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ суҳбат мекунанд ва онҳочӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Дар ин ва дигар ҳолатҳо танҳо маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад. 

Фаридун Ҳодибоев,
дотсент, мудири шуъбаи тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее