04 July 2018

Ду боли як иқбол

Ваҳдат барои халқи тоҷик яке аз арзишҳои муқаддас, муҳим ва аз дастовардҳои беҳтарину камназири  даврони истиқлолият ба шумор меравад.  Воқеан, ваҳдат баробари вожаҳои Истиқлолият, Ватан, Модар, Сулҳ муқаддас буда,  барои миллати мо ба осонӣ муяссар нагардидааст. 

Ин дастовард натиҷаи заҳмат ва саъйу талоши онҳоест, ки ба хотири аз байн нарафтани миллату давлат, таъмини суботу оромӣ, сулҳу ваҳдат  дар кишвар  ҳама кори имконпазирро ба анҷом расониданд. Бояд таъкид кард, ки  «Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» фарогири 9 санади муҳим  мебошад, ки дар давраҳои гуногуни гуфтушунидҳо ба имзо расидаанд.

Таърих  дурустии санадҳои қабулшуда ва пеш гирифтани роҳи сулҳу ваҳдатро собит сохт. Зеро дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ сохторҳои давлатӣ эҳё гардида, зиёда аз як миллион гурезаи тоҷик аз Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд. Агар Ваҳдати миллӣ намебуд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани халқи тоҷик мушкил гардида, миллати мо шояд аз шоҳроҳи тамаддун ва пешрафту тараққӣ дар канор монда, дар пайроҳаи танги таърихӣ қарор мегирифт. Албатта, ин роҳи бебунёду сарбастае мебуд, ки ҳаргиз моро ба саодати воқеӣ  намерасонид.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди худшиноси ҷомеаро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати умумимиллӣ бирасанд ва масъулият дарк намоянд.

Имсол тантанаҳои ҷашнӣ ба хотири таҷлил аз 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар Канди бостонӣ  бо иштироки Пешвои миллат, баргузор гардид.  Хабари ташрифи Сарвари давлат  заминае барои  боз ҳам ободу зеботар гардидани ин шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавон  ва  боиси шодмонии мардум шуд. Сокинони меҳмонннавоз ва сарбаланди Конибодом ташрифи  меҳмононро аз тамоми гӯшаву канори кишвар  бо чашмони пурмеҳр  интизор  буданд.

Раҷабзода Иброҳим Бозор,
муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом,
подполковники милитсия

Читать далее

Ваҳдат ва рушди босубот

Таърихи башарият исбот намудааст, ки тавоноӣ, бузургии давлат, инкишофи фарҳангу маориф, иҷтимоиёт, ободию хуррамӣ, ҳама аз ваҳдату ягонагист. Танҳо дар ҳолате, ки халқ якдилу якмаром бошад, баҳри ободию шукуфоии Ватан камар бибандад, давлат рушд меёбад.

Иқтисодиёт ва иҷтимоиёт оромӣ ва суботи ҷомеаро тақозо мекунад. Чуноне ки медонем, баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо нофаҳмиҳои як гурӯҳи манфиатхоҳ оташи ҷанги нангини бародаркуш дар Тоҷикистони биҳиштосо аланга  зад.

Хушбахтона, ақли солим боло гирифт ва баъд аз ранҷу азобҳо ваҳдату ягонагӣ ғолиб омад. Пешвои муаззами тоҷикон– Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари қудрат омадан ба он талош варзиданд, ки ҷомеа ба ҳам ояд, ваҳдати миллӣ амалӣ гардад.

Ба муносибати 60 - солагии таъсисёбии осорхонаи шаҳри Панҷакент кормандони илмӣ ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ назари жарфтаре андохтанд.  Аз қайдҳои солҳои 1992 -1997 муайян шуд, ки теъдоди сайёҳони ватанию хориҷӣ хеле коста будааст.

Баъд аз солҳои 2004 - 2005 теъдоди тамошобинони ватанию ва хориҷӣ афзуда, ҳамарӯза аз осорхона дидан мекунанд.

Сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буд, ки яке аз ҷашнхои пуршукӯҳ – ҷашни 1150 - солагии Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин осорхона баргузор гардид. Ба ифтихори ин ҷашн бо супориши Сарвари давлат соли 2008 осорхона аз таъмиру тармим бароварда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати меҳмонони расмӣ аз он дидан намуда, дар дафтари қайдҳои осорхона чунин сатрҳоро дарҷ намуданд: «Осорхонаи ба номи Рӯдакиро мебояд ба яке аз марказҳои фарҳангии миллати тоҷик табдил дод. Ба кормандони осорхона суботкорӣ, иродаи қавӣ, қадамҳои устувор ва зафарҳои беназирро баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги тоҷик орзу менамоям».

Инчунин, аввалин маротиба Осорхонаи ба номи А.Рӯдакӣ дар озмуни «Интер музей -2016» иштирок кард.

Бо эълон шудани Соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гӯшаҳои наве бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, «Сайёҳон дар осорхона», ба «Тоҷикистон, парчами ту чу хуршеди ту бод» ва «60 соли осорхона» ташкил карда шуданд, ки аз он шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ бо мароқи зиёде дидан мекунанд.

Ғаниева М.
Мудири шӯъбаи таърихи
Осорхонаи ба номи
Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Читать далее

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ

Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва таъмини фазои ҳукмрони сулҳу субот маҳсуб ёфта, он мусоидат ба азму талоши ватандӯстӣ ва ободу зебо гардонидани кишвар менамояд. 

Имрӯз дар шароити истиқлолияти давлатӣ, махсусан зарурат ва аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ эҳсос мешавад. Чунки, барои ҳар як халқу кишвар соҳиб шудан ба Истиқлолият кори осон набошад ҳам, муҳофизат ва ҳимояти он мушкилтар аз он аст. Ҳифзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талош­ҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро  тақозо менамояд.

Барои Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ осон даст надод. Умед буд, ки дар шароити нави таърихӣ барои таҳкими Ваҳ­­дати миллӣ беш аз пеш ша­рои­ти мусоид фароҳам меояд, вале, мута­ас­­сифона, дере нагузашта дар кишвар ихтилофу низоъҳо, моҷароҳо боло гирифтанд.

Ин ҳолати вазнин чораҳои муассире талаб менамуд, ки моҷарои таҳмилиро итмом бахшад, Ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сох­ти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мам­лакатро таъмин намоянд. Бо назардошти дарки зарурати таърихӣ Иҷ­ло­сияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳ­ба­ри нави сиёсӣ, хо­тима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­то­ни соҳибистиқ­лол бо аксари кулли раъйи оммавӣ қабул ва дар он арзишҳо, принсипҳо ва меъёрҳое дарҷ гардидаанд, ки асос­ҳои ҳуқуқии Ваҳдати миллиро муайян менамоянд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст ва мардуми Тоҷикис­тон­ сарфи назар аз миллат шаҳрвандони кишвар дониста шудаанд. 

Баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз қонунҳое ба тасвиб расидааанд, ки заминаҳои ҳуқу­қии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳам­ди­гар­бахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низо­мӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (01 августи соли 1997, № 485), Қонунҳо дар бораи ҳизб­ҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Консти­тут­си­я соли 1999-ум ва таъсиси парлумони думаҷлиса - Маҷ­ли­си мил­лӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро  ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият доданд.

Ҳамин тавр, кулли дастовардҳои кишвар маҳз ба туфайли дар мамлакат пойдор будани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аст.

Гулчеҳра ҒОИБНАЗАРОВА,
ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд

Читать далее

Ваҳдат саодат аст

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саодати халқ аз Ваҳдат аст» баргузор гардид.

Дар конфронс олимону устодони филиали донишкада, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. 

Директори Филиали ДҶТИБКСМ дар вилоят, дотсент Муҳаммадҷон Исматдинов роҷеъ ба аҳамияти сулҳу суботи комил, Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳким ва густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки аз оромию суботи ҷомеа сарчашма мегирад, муфассал ибрози андеша намуд.

Дар конфронс доир ба «Сабақҳо ва давраҳои таърихии сулҳи тоҷикон», «Мавзӯи Ваҳдат, сулҳу дӯстӣ дар осори шоирон», «Тарбияи ғояи ваҳдат дар насли наврас», «Ваҳдат дар ирсияти миллати мост» маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ шунида шуданд.

Шавкат РУСТАМОВ,
муовини директор оид ба илм
ва инноватсияи ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд

Читать далее