03 July 2018

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 июл дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Читать далее

Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.

Читать далее

Мардуми мо созандаву ободкоранд!

Пешвои миллатамон борҳо оид ба обу ободонӣ, об чун манбаи ҳаёт ва зиндагӣ суханронӣ карда, ташаббуси нав - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» – ро эълон намуданд, ки боиси дастгирии ҷаҳониён гардид… Мардуми Панҷакенти бостонӣ аз нахустинҳо шуда гуфтаҳо, фармудаҳо ва дастурҳои Сарвари давлатро дастгирӣ менамоянд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ садҳо гектар замин байни аҳолӣ чун ҷойи истиқоматӣ тақсим шуд.

Заводу фабрикаҳоро шахсӣ ва хона карданду фурӯхтанд. Баробари ба сари вазифаи раиси шаҳри Панҷакент омадани Шафеиён Ислом Зиёзода нахустин иқдом он шуд, ки каналҳои Тӯхсанкорез, Марғедар сероб гардида, насосҳои обкашии Дашти Ёрӣ, Дупула, Нилуфар 1, Нилуфар 2 ба кори доимӣ сар карданд… Садҳо гектар боғу заминҳои киштбоби мавзеъҳои Дашти Малла, Дашти Сӯхтаву Мармар, Даштҳои Марғедару Ёрӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Раиси шаҳр чораҳои таъхирнопазир андешид. Ба донишгоҳу мактабҳо замин ҷудо кард, аҳолиро саросар ба кишту кор равона сохт.

Ҳоло зодагони Панҷакент аз он ифтихор доранд, ки соли 2020 - ум 5500 - солагии Саразми бостон ҷашн гирифта мешавад. Ин маъракаи муҳим кулли мардумро ба он талқин менамояд, ки баҳри ободонӣ фидокорӣ кунанд.

Ҳоло тамоми хиёбонҳо гулпӯшанд, ҷӯю ҷӯйборҳо тозаву озода, хонаҳои баландошёна қомат рост мекунанд. Боварӣ дорем, чун Ҳисор, Кӯлоб, Истаравшан, Хуҷанд болои вайронаҳои Саразм кӯшке, қалъае, нишоне аз гузаштаи ин деҳшаҳр бунёд карда мешавад. Туфайли Саразм Панҷакети кӯҳна (Қайнартеппа), Санҷаршоҳ, Қалъаи Филмонда низ рӯйи ободиро мебинанд. Ҳоло мардум рӯҳбаландона кору пайкор доранд, боғу бӯстон месозанд, роҳҳоро обод мекунанд, то ки на дар сухан, балки дар амал пайрави Пешвои миллат бошанд.

Холмурод Сафарзода,
омӯзгори дараҷаи олӣ, шаҳри Панҷкент

Читать далее

Ваҳдат - дастоварди бузург

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон заминаҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкурсии давлату ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд гузошта шуд.

Ҳамагон рӯзҳои мудҳиши аввали Истиқлолияти Тоҷикистонро дар ёд дорем. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба мухолифати мусаллаҳона кашида шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки Сарвари давлатамон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан барои барқарор намудани сулҳу субот қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд. Баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ борҳо ҷони худро ба хатар гузошта, ба давлати Афғонистони ҷангзада сафар карданд.

Маҳз бо ҷонбозиҳои Сарвари давлат ва ақлу хиради халқамон сулҳу субот дар Ватанамон барқарор гардид. Барои эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор мегирад, роҳ кушода шуд.

Мамлакати мо роҳи давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Баъди ба даст овардани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар самти устувор гардонидани базаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ иқдомҳои ногузири ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти кишвар амалӣ гардонида шуданд.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ва мақомоти қонунгузории кишвар даҳҳо қонунҳои мукаммали ҷавобгӯ ба талаботи демократия таҳия ва қабул карда шуданд, ки татбиқи амалии онҳо мамлакати моро ба яке аз давлатҳои комилан демокративу ҳуқуқбунёд мубаддал сохт.

Ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар Конститутсияи кишвар инъикоси худро ёфта, тамоми қонунҳои амалкунанда баҳри устувор гардонидани Ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии кулли мардуми кишвар, ривоҷу равнақи якхелаи минтақаҳо, табақаҳои иҷтимоӣ ва халқу миллатҳо нигаронида шудаанд.

Абдураҳим Бекзода,
раиси Суди ҳарбии гарнизони
Хуҷанд, полковники адлия

Читать далее

Пояи мустаҳкамии миллат

Таърих гувоҳ аст, ки дар аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ раванди ноил гаштан ба соҳибихтиёрӣ ва бунёди заминаҳои давлатдории миллӣ дар замони пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва аз ҷониби собиқ ҷумҳуриҳои он паси ҳамдигар эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҳамин ҳошияи фурӯравии давлати Шӯравӣ ва бархӯрди манфиатҳои динию сиёсӣ халқи тоҷик низ Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, ки он минбаъд бо муаммоҳо рӯ ба рӯ шуд. Эмиссарони хориҷӣ тавонистанд, бо истифода аз қувваҳои иртиҷоии дохилӣ муқобилият ва барангехтани ҷанги бардавоми шаҳрвандиро ба Тоҷикистон таҳмил намоянд, ки он ниҳоят ҷумҳуриро ба муборизаи хунини дохилӣ ва қурбониҳои зиёд мубтало намуд. Ба хотири раҳоӣ ёфтан аз ин бӯҳрон ва барқарор намудани сохтори конститутсионии кишвар вакилон шахсеро меҷустанд, ки дар чунин шароит масъулияти сангинро дар амалигардонии вазифаҳои зикршуда ба дӯш гирад. Ниҳоят вакилон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Роҳбари давлат баъди ба дӯш гирифтани ин масъулият борҳо бо мухолифин дар бобати сарҷамъ намудани миллат ва ташкили давлати миллӣ гуфтушунид анҷом дода, даҳҳо ҳуҷҷати расмиро ба имзо расониданд.

Бо шарофати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар мамлакат фазои созандагиву бунёдкорӣ ба миён омад.

Сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ ва ифтихори бузург 21-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - иди Ваҳдати миллиро истиқбол гирифтанд.

Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҳақиқат неъмати бузург аст ва ба қадри он расидан барои ҳар як шахси бонангу номус ва худшиносу худогоҳи миллат фарз мебошад.

Имрӯз Ваҳдати комили мардуми мамлакат аз асолати халқи тоҷик, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастанд ва ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкориро мақсаду мароми доимии худ доданд, сарчашма мегирад.

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.

Сулҳу ваҳдат барои сокинони вилоят рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намуда, бобати ба роҳ мондани самтҳои нави тараққиёт бо дарназардошти афзун намудани имкониятҳои кишоварзӣ, саноат, мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ заминаҳо гузошта мешаванд.

Ховар НАЗАРЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее