02 July 2018

САФОИ ВАҲДАТ

Ба шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ танинандоз аст.

Барои мардуми шарафманди тоҷик тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имконият фароҳам омада, корҳои созандагиву ободонӣ пеш мераванд. Кишварамон рушди иқтисодиёти миллиро  таҳким мебахшад. Омили асосии ин пешравиҳо  Ваҳдати миллӣ аст,  ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ  ва  аз ҳисси  баланди меҳанпарастии шаҳрвандони  Тоҷикистони  маҳбубамон дарак медиҳад.

Дар натиҷаи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ солҳои охир суръати миёнаи солонаи рушди иќтисодиёти кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буљети давлатӣ аз 300 милион сомонӣ то 18 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ќариб 3 баробар коҳиш ёфта, 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз паст карда шуд. Дар ин давр аҳолии мамлакат аз 5,5 то 9 млн. нафар, расида, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Дар понздаҳ соли оянда бояд саҳми саноат дар маҷмӯи   маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ  табдил дода шавад.

Вазифаи муҳимтарини мо аз он иборат аст, ки минъбад низ саъйу кeшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати  миллӣ дар Ватани азизамон сафарбар созем ва рушди босуботи иқтисодиёти  миллӣ ва  хоҷагии халқи кишварро таъмин намоем. 

Сафар ЭРКАЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Боиси зикр аст, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри муқовимат бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, иқдомоти судманди кишвари мо дар самти пешгирии чунин падидаҳои хатарнок аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии кишварҳои олам ҳамовозии хоса пайдо карда истодааст.

Аз ҷумла, тавре маълум аст, бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, ки дар он намояндагони аксари кишварҳои олам ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс Мубашар Ҷовид Акбар Вазири корҳои хориҷии ҳиндустон оид ба муттаҳид ва муҳофизат намудани ҳаёт ва тамаддуни бани башар ибрози назар намуда, пешниҳод намуд, ки «Мо бояд натанҳо душманони алоҳида, балки ҳамаи системаҳои дастгирии онро ошкор созем». Бо дарки муҳимияти сулҳу субот ва оромиву тинҷии кишвари маҳбуб мо - ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар самти ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, садди роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб хоҳем гардид.

Мамнур Нурзода,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси
шаҳри Бӯстон

Читать далее

Саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Деҳаи Даштикони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич асосан аз деҳаи Хишекати ҳамин ноҳия муҳоҷир гашта, шуғли асосии онҳо, зироатчигӣ ва боғпарварӣ аст.

Онҳо деҳқонони асили картошкапарвар ҳам мебошанд.

Чунончӣ, оилаи Одинаевҳо дар назди ҳавлии истиқоматиашон чоҳи амудӣ кофта, 1,5 гектар замини лалмие, ки ба онҳо вобаста буд, гирду атрофашро арчазор намуда, дар ин миқдор замин картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Қисми поёнии деҳа, ки 145 гектар замини обӣ дорад, имрӯзҳо бо пуррагӣ бо об таъмин аст ва деҳқонон меҳнати бо ранҷ парвариш кардаашонро нигоҳубин менамоянд. Деҳқонони ба ин мавзеъ омада, тариқи шартнома ба миқдори 15 гектар ҷуворимакка, картошка, сабзӣ, лӯбиё, тарбузу харбуза кишт намудаанд. Мавзеъҳои Қизилӣ ва Сексарӣ шодобанд, ҳазорон нафар бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Зайниддин Қаландарзода,
узви ИЖ

Читать далее

Сабақи таърихӣ

Ваҳдат таъмингари саодати бегазанди имрӯзу фардои мост. Аз фарҳанги сулҳ ва рисолати сулҳпарварӣ натанҳо ояндаи кишвари мо, балки тақдири минбаъдаи ҷомеаи башарӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, мо - тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандагию бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем.

Сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст. Ваҳдат бароямон қутбнамое гардид, ки дар заминаи он мо ба марҳалаи нави зиндагӣ, барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азизамон рӯ овардаем.

Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем. Аз он ифтихору сарбаландӣ дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилонаву хирадмандонаашон кишварамонро ба мамлакати пешрафта муаррифӣ намуда, дар ниҳоди боэътибортарини дунё – Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳо, иқдомҳои бунёдӣ пешниҳод карда, мавқеи Тоҷикистонро нишон медиҳанд. Таҷрибаи Тоҷикистон дар ҷодаи бо роҳи мусолиҳа ҳал намудани муноқишаи миллӣ ҳоло аз ҷониби ин ниҳод барои кишварҳои даргир ҳамчун сабақи таърихӣ тавсия шудааст. Ин барои миллати мо сарбаландӣ, боиси ифтихору сарфарозии ҳар фарди Тоҷикистон аст.                              

Холиқ ШУКУРОВ,
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Баргузории Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

30 июни соли равон дар шаҳри Исфара Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба кори худ оғоз кард.

Форум бо сухани муқаддимавии раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нӯъмон ифтитоҳ ёфт.

Зимнан, ташкилу баргузории Форум ва Намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Исфара иқдоми арзишманде дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам тадбири муҳиму бамавриде дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» арзёбӣ гардид.

Дар раванди Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”, Ассосиатсияи ташкилотҳоитёрирасони сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла ҶДММ “Сафеддара”, “Панҷакентинтур”, Ширкати сайёҳии “КИТО”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ширкати “Азиан голф тревел”-и Аморати муттаҳидаи Араб, ҶСК Осоишгоҳи “Зумрад” ширкат доранд.

Мутобиқи Барнома баъд аз анҷоми Форум ҳайати меҳмонон дар Осоишгоҳи “Зумрад” аз Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ дидан намуда, ҳамзамон бо шароити хуби табобатию солимгардонӣ дар ин осоишгоҳи маъруф аз наздик ошноӣ пайдо хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее