June 2018

29 June 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

29 июн дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Читать далее

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

Муҳтарам роҳбарону фаъолони вилояти Суғд!

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ бузурги Тоҷикистон буда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он таъмин шуда истодааст.

Дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Читать далее

Алайҳи зуҳуроти номатлуб амали дастҷамъона мебояд

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризму экстремизм ва ифротгароист.

Ин амали мудҳиш нав набуда, дар замонҳои қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам аз худ дарак додааст. Масалан, дар замонҳои гузашта одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидан ва даҳшатафканӣ идеологияи худро ба сари дигарон бор ва онҳоро истифода мебурданд. Дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ – диниро ба худ касб намуда, фаъолияти ифротии онҳо доман паҳн кард.

Мазҳабҳои алоҳидаи дини Ислом дар асрҳои миёна шомили хурофотпарастӣ гашта, ба куштори халифаҳо, мансабдорони маъмурӣ ва ҳарбӣ  нигаронида мешуданд.

Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки  терроризм ва экстремизм дар ҳолате пайдо мегардад, ки бӯҳрони амиқи ғоявӣ ва мафкуравӣ ҷомеаро фаро гирифта бошад. Баъдан, дар ҷомеаҳои бӯҳронзада гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо гардида, баҳри забти ин фазо ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар ин лаҳза барои пуштибонии онҳо хоҷагони беруна ба майдон меоянду бо воситаи пулу мол онҳоро ба қолаби худ медароранд. Баъдан, аз ҷониби хоҷагону сарпарастони хориҷӣ дастуре мегиранд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зӯроварӣ, яъне террори рақибони сиёсӣ даст мезананд ва баҳри расидан ба мақсад аз тамоми роҳҳо истифода мебаранд.

Террорист ва экстремист дин, мазҳаб, миллат, модар ва Ватан надорад. Ин падидаҳои номатлуб ба муқобили кулли инсоният равона гардида,  муборизаи дастҷамъонаро талаб менамояд.

Бинобар ин, лозим аст, волидон, устодону омӯзгорон ва кулли ҷомеа бояд ба тақдири фарзандонамон, ки насли ояндасози кишвари моанд, бепарво набошем, нагузорем, ки мафкураи онҳоро қувваҳои нохалаф вайрон кунанд.

М.ШАРИФОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Дӯстӣ бояд беғаразона бошад

Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари бо мо дӯст, ҳамҷавор буда, фарҳангу тамаддуни мо аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.

Хусусан, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати дӯстии Тоҷикистону Эрон рушду густариш ёфт. Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалинҳо шуда намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифӣ намуда, моҳи июни соли 1995 дар шаҳри Теҳрон сафорати Тоҷикистон кушода шуд.

Дар давоми 20 соли охир муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди ин ду кишвар дар ҳама соҳаҳо инкишоф ёфтанд. Махсусан ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика,  сохтмони роҳҳо, хоҷагии қишлоқ, тандурустӣ тақвият ёфтанд. Аз ҷумла, нақби “Истиқлол”, нерӯгоҳи обии Сангтӯда бо дастгирии кишвари Эрон сохта ба истифода дода шуданд. Аммо шуруъ аз соли 2015 дар муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон коҳиш роҳ ёфт, ки сабаби асосии он фаъолияти ҳизби наҳзати ислом мебошад. Коҳиш ёфтани муносибатҳои ин ду кишварҳои ҳамзабон асосан аз он сарчашма мегирад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолияти зиддиконститутсионӣ, террористии ин ҳизб ҷонибдорӣ менамояд.

Сиёсатмадорони Эронӣ мехоҳанд, дар ҷомеаи Тоҷикистон равияи Шиаро тарғибу ташвиқ намоянд. Чунончӣ соли 2015 ба конфронси байналмилалии кишварҳои исломӣ даъват намудани роҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари Эрон ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояяд. Ин амали ҳукуматдорони Эрон ба сардшавии муносибатҳои ду кишвар оварда расонид. Аммо аз соли 2017 сар карда, роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо изҳор намуданд, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст, муносибатҳои дӯстонаро бо кишвари Эрон тақвият бахшад, аммо танҳо дар ҳолате, ки ин дӯстӣ дӯстии беғаразона бошад ва ба манфиати ҳар ду кишвар, ҳар ду халқ равона шуда бошад. Чи тавре, ки таҳлилгарони сиёсӣ ақида доранд, густариши муносибатҳои судманд ва дӯстонаи Тоҷикистону Эрон бевосита ба муносибати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъшуда вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, мардуми ҳар ду кишвар умед доранд, ки ояндаи наздик муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳама ҷабҳаҳо рушду густариш меёбанд.

А.МУТАВАЛИЕВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ифротгароӣ падидаи нав нест

Ҳанӯз дар давраҳои қадим ифротгароӣ зуҳур карда буду гоҳ-гоҳе аз худ дарак медод. Он нафақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад. Калимаи ифротгаро аз ду реша   иборат буда, якуми аз забони арабӣ «ифрот», «фатарот» - бесарусомонӣ, хараҷу мараҷ, ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ гаро иборат аст, ки «гаравидан», яъне «майл кардан» аст. Пас ин калима ва гурӯҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва майнаи ӯ як фатароте, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст».

Ифротгароён дар ҳама динҳои олам зуҳур дорад. Онҳо фурсат ёфта, худро зоҳир менамоянд. Ифротгароёни дини яҳудӣ иброз медоштанд, ки «ғайри яҳудӣ дигар касе вориди биҳишт шудан наметавонад», ки ин бологузории миллате аст бар миллатҳои дигар. Ё ифротгароёни дини яҳудиён сар бардошта боз пайғамбари хеш дархост кардаанд: «Мо мехоҳем бо Худо рӯйрост суҳбат дошта бошем, на ба воситаи ту».

Дар дини масеҳият пас аз пайғамбар Исо андешаҳои ифротгароёна зуҳур карданду масъалаи «сегонапарастӣ»-ро ба дини масеҳиён зӯран ҳамроҳ карданд.

Ҳар се дин – Яҳудӣ, Масеҳӣ ва Ислом басо кӯшидаанд, ки бо насиҳатҳо роҳу равиши пешгирифтаи ифротгароёнро бигиранд, вале онҳо хуруҷ мекарданд. Маҷбур бо онҳо муборизаи шадид бурда, то андозае дами онҳоро паст карданд.

Ифротгароӣ ғайр аз дин дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозад.

Гурӯҳи ифротгароён, ки дар Ироқу Сурия сар бардоштаанд, ягона мақсади нопоке доранд. Парчамашон сиёҳ аст, яъне зулумот. Бо ин парчами зишт мехоҳанд давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофоти исломиро барпо намоянд ва гӯё «ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади хеш расидан ба андешаҳои нопоки хеш ҷомеаи Ислом пӯшонида, мехоҳанд сафи «муборизон»-и худро изофа гардонанд.

Дини мубини Ислом ягон айбе надорад, ҳама айбҳо дар мусулмонии мост. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон ҷавононро ба тарафдории ифротиён ҷалб намуда истодаанд. Бо ин мақсади нопоки худ каме бошад ҳам ноил шуда истодаанд, ки нишонаҳои он аз ҳисоби ҷавонони исломиву дигар динҳо ба қатлу ғорат дар Ироқу Сурия даст задани онҳо мебошад.

Ин ҷавонон виҷдон, имон ва одамгарии хешро фурӯхтаанд, ё бо андак таблиғот ба онҳо майл карда, худро аз мардуми оддӣ дур гирифта, мӯйлаб тарошидаву риш монда, мӯйи сарро чун занон сар дода, оятҳоро қироат намудаву нафаҳмида, кирдори ғайриинсонӣ зоҳир намуда истодаанд.

Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Соддагиву сабукандешӣ ва пулпарастӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.

М.Мирзоаҳмедов,
устоди ДКМТ

Читать далее

Мардуми тоҷик ба тамаддуни худ арҷ мегузорад

Таҳлили ҳодисаҳои нангин, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркуш оварда расонида буд, бешубҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки сабабгори асосӣ ин ҷой доштани таъсири  қувваҳои экстремистии беруна бо мақсади амалисозии ниятҳои ғаразноки худ дар ҳудуди давлати соҳибистиқлоли  ҷавон  буд. 

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  дар дохили Тоҷикистон якчанд қувваҳо рӯи саҳна омаданд, ки мақсади асосии онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Дар қатори ин қувваҳо ҳизби наҳзат бо парчами ислом ва  бо кумаки давлатҳои хориҷӣ аз вазъияти вазнини сиёсиву иҷтисодӣ истифода бурда, дар байни мардуми мусулмони  роҳгумзадаи тоҷик фитнаангезӣ намуда, бо мақсади амалисозии мақсадҳои хиёнаткоронаи худ ба кирдорҳои ваҳшатангез даст зад. Гарчанде вақт исбот кард, ки кӯшишҳои ин қувваҳои экстремистӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳокимият бо тамсилаи инқилоби исломии Эрон, барои шароити Тоҷикистон ва мардуми бо нангу номус ва бофарҳанги  тоҷик амалинашаванда аст. Вале то ҳол намояндагони ин қувваи экастремистӣ дар берун сарпаноҳ ёфта, зери ниқоби  Ислом амали хиёнаткории худро идома дода истодаанд. Дар ин кор давлати бо мо “дӯсту бародар” на танҳо сарпаноҳ, балки бо ҳама воситаи иттилоотӣ кӯмак расонида истодааст. Онҳо бо ин кордори худ Исломро бо терроризм ҳамчун синоним дар тамоми дунё муаррифӣ карда истодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳ  доштани мустақилияти инкишофи   этникӣ, маданӣ ва динии халқи тоҷик ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, корҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Ба монандӣ,  таъсис додани Кумита оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон, Институти исломӣ ба номи Абӯ Ҳанифа ва ғайра.  Чандин масҷидҳо ва ҷойҳои муқаддас  тармим ва барқарор карда шуданд.  Китоби муқаддаси Қуръон, ҳадисҳои Имоми Аъзам ва дигар китобҳои классикии динӣ чоп карда шуданд. Идҳои Наврӯз, Рамазон, Қурбон, Меҳргон ва Сада ба рӯйхати идҳои давлатӣ ворид карда шуд. Ҷашни бошукӯҳи  1310 - солагии Имоми Аъзам ба тамоми дунё тоҷиконро ҳамчун миллати  эҳтиромкунанда ва нигоҳдорандаи  арзишҳои динӣ машҳур кард ва нишон дод, ки барои халқи тоҷик равияҳои радикалӣ ва экстремистӣ бегона мебошад. Кӯшиши Кабирӣ ва пайравонаш барои бори дигар ёдрас кардани аҳкоми дин беҳуда аст.

Ш.  Усмонов,
устоди Донишкадаи
кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Патакрешаҳои заҳрогини Кабирӣ

ҲНИ хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта, фаъолияти он дар қаламрави кишвар бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст.

Роҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чун Саид Қиёмаддини Ғозӣ дар хориҷи кишвар, барои тарҳрезии нақшаҳои муғризонаи хеш амал намуда истодаанд. Дар сомонаҳои террористӣ ва иҷтимоӣ барои гумроҳ сохтани баъзе афрод ва барангехтани кинаву хусумат байни мардуми шарифи Тоҷикистон маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд.

Аз солҳои 90-уми асри гузашта то имрӯз далелҳои ҷинояткории ҲНИ исботи худро ёфт. Чандин филмҳои мустанади шабакаҳои телевизионӣ исботи гуфтаҳост. Роҳбарияти ҲНИ то кунун нақшаву фаъолияташро дар хоричи кишвар таҳия намуда, баҳри амалӣ намудани он дар Тоҷикистон корҳои зиддидавлатиро тарғиб менамояд. Ҷавонони гумроҳро ба сафи худ ҷалб намуда, бо ваъдаҳои пуч ба донишгоҳҳои ғайрирасмии исломии хориҷи кишвар барои таҳсил ворид сохта, аз онҳо террористу хоин тайёр мекунанд. Ин амали онҳо боиси ташвиши ҷомеаи Тоҷикистон буда, барои аз байн бурдани чунин афроди ватанфурӯш муборизаи беамон хоҳем бурд. Мо - ҷавононро зарур аст, ки аз пайи чунин афрод ва ваъдаҳои бардуруғи хоинони миллат нагарида баҳри ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҷони худро дареғ надорем.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

28 June 2018

ЭШОНИ ҚИЁМИДДИН ҒОЗӢ АЗ КАРДАҲОИ ХУД ПУШАЙМОН АСТ, ЛЕК ...

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки санаи 18 июни соли ҷорӣ дар телевизиони Тоҷикистон намоиши филми мустанади «Решаҳои ноаён» пахш гардид, ки дар он рафторҳои ваҳшиёнаи ба ном «генерали мардумӣ» Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ба самъи мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистониён гардид.

Дар намоиши мазкур аён гардид, ки ў ба ном «қаҳрамони майдони Шаҳидон» буда, аз ташкилкунандаи ҳизби наҳзат ва наттоқи майдони “Шаҳидон” баромад менамуд. Сӯҳбату шиорҳои ӯ дар майдони мухолифин сабабгорӣ ба ҳалокат расидани қариб яксаду панҷоҳ ҳазор мардуми бегуноҳ гардидааст, ки бешубҳа ҳайратовар аст. Аз маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст  Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни солҳои 90-ум  ва сабабгори асосии гирдиҳамоии солҳои 1991-1992, ки бо шиори "Иттиҳод рамзи пирӯзист!” маъруф шуда буд.

Аз гуфтаҳо ва баромади ин рўҳонӣ ба хулосаи омадан  ҷоиз аст, ки дар ҳақиқат ТЭТ ҲНИ ҳизби сиёсӣ набуд, балки иғвоангезандаи байни мардуми шарифи тоҷик буда, бо рафтору кирдори худ вазъи сиёсии кишвари маҳбубамонро ногувор намуд. Ин буд, ки имрўзҳо роҳбари ба ном ҳизби динӣ Муҳиддин Кабирӣ аз беруна истода даъвои барқарор намудани ин ҳизби хиёнаткорро дорад. Бо як андеша метавон гуфт, ки наҳзат ва хоҷагон ў ягон вақт ба мақсади қабеҳи худ нахоҳанд расид.

Борҳо таъкид доштем, ки дар ҳама давру замон, ҳадафи асосии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ин барпо сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки тӯли бисту ҳафт сол дар ин раванд қарор дорад, бе ягон шубҳа ба комёбиҳои назаррасе соҳиб гардид, ки таърих гувоҳӣ он аст. Ҳамзамон, ногуфта намонем, ки дар ин маврид барои ба ин ҳадаф расидани Чумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолият намудани иттиҳодияхои ҷамъиятӣ мақоми назаррасро ишғол менамоянд ва яке аз унсурхои асосии дар амал татбиқ намудани он ба шумор хоҳанд рафт. Таъкид месозем, ки Тоҷикистон дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона давлате буд, ки фаъолият намудани ин ҳизбро иҷозат дода буд, аммо натиҷаи он ба чӣ оварда расонид ба ҳамаи мо маълум аст.

Таҳлили баромади ин хоҷаи фурўхташуда ба чунин хулоса омадан мукин аст, ки давлатдории имрўзаи Эрон низ сиёсати ягона ва таҳаммулкоронаро дар ин самт надорад. Дар аксар ҳодисаҳое, ки дар ин раванд рух мезананд иштироки баъзе хоҷагони мансабдори ин давлат ба чашм мерасад, ки ин аз ноустувории сиёсати онҳо шаҳодат медиҳад. Ин гуфтаҳоро низ дар баромади телевизионии худ Эшони Ғозӣ таъкид менамояд ва иқрор мешавад, ки ичрокунандагони супоришҳои душманонаи хоҷагони хориҷӣ, роҳбарон ва аъзои ҲНИ ва шахсан худи ў мебошанд. Дар баробари ин номбурда илова менамояд, ки хиёнаткори дигар Домулло Абдураҳим, ки дар он солҳо роҳгумзадаи ин ҳизби нобакор буд бо ҳамкории хоҷагони давлати Эрон дар ин амалҳои зишт иштирок дошт ва нисбати ин амалҳои ғайриқонунӣ мавҷуд будани далелу ҳуҷҷатҳои заруриро баён медорад.

Дар навбати худ бо изҳори пушаймонӣ мегўяд, ки мо ҳазорон ятиму ҳазорон беваҳоро ба миён овардем. Мардуми бечораи тоҷик ба Афғонистон фирор кард ва маҳз бо фармони С. Нурӣ мо ҳама фирорӣ шудем ва таъкид менамояд, ки ҳатто ҳангоми дар Афғонистон қарор доштани онҳо байни аъзоёни ТЭТ ҲНИ бисёр нофаҳмиҳо ва кашмакашиҳо сар зада буданд, ки мақсади асоиии онҳо байни ҳам дар оянда тақсим намудани мансабҳои давлативу ҳизбӣ маҳсуб меёфт.

Пас худ қазовот диҳед, ки оё рафтори он нафарон дуруст буд? Ҳаргиз, на!

Санавваров Ғ.Б.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ВАТАНУ МИЛЛАТ ОН ТАРАФ ИСТАД, МАЗҲАБИ ХУДРО ФУРУХТАНӢ НАҲЗАТИЁН

Баъди тамоши филми  ҳуҷҷатии “Решаҳои ноаён” бори дигар исбот гардид, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИ аз ҷумла Эшони Қиёмиддин Ғозӣ дастпарвари мактаби ҷосусии Эрон ва пайрави мазҳаби шиа  будааст.  Ҷараёни  шиашавии  аъзои  ҳизби  наҳзати  исломӣ собиқаи  тӯлонӣ дорад. ТЭТ ҲНИ дар солҳои аввали фаъолияташ, бо инқилоби исломӣ дар Эрон ва  роҳбарони он диққат ва пайравии бисёр дошт. Факту  далелҳои  бисёр,  шоҳидии  аъзои  пештараи  ҳизб,  навору  суратҳои  зиёде, ки дар филми “Решаҳои ноаён” пешкаш гардид нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба хотири дунё ва молу қудрат шуда,  мазҳаби ҳанафияро фурӯхта, ба мазҳаби бегонаи шиа даромадаанд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарони баландпояи наҳзат, аз қабили Эшони Қиёмиддин, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Саъдидини  Рустам,  Сайидиброҳим  Назаров,  Мулло  Аёмиддин,  Эшони  Қиёмиддин,  Шамсиддин  Саидов  ва амсоли онҳо  ба Эрон гурехта, бо аҳлу оилаашон дар хонаи бародарони эронӣ  зиндагӣ  мекарданд.  Дар ин давра садҳо нафар фаъолон ва пайравони  ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  дар мадрасаҳои динни шиапарастӣ дар Эрон дарс хонда,  ба мазҳаби шиа даромаданд. Таъминоти молии худ ва оилаҳои роҳбарони ҳизби наҳзат  пурра аз  тарафи марказҳои мазҳаби шиа таъмин мешуд. Пас аз вафоти роҳбари ҳизби мазкур сайид Абдуллоҳи  Нӯрӣ, таъсири мазҳаби шиа  дар дохили ТЭТ ҲНИ боз ҳам сахттар шуд. Ҳар сол даҳҳо нафар аз роҳбарони баландпояи наҳзат барои  гузаштани  курсҳои мазҳаби  шиа  ба  Эрон  сафар мекарданд.  Харқи сафар  ва меҳмонхонаҳои  қимматбаҳоро  барои  онҳо  марказҳои  мазҳаби  шиа  аз  ҳисоби  хумси мазҳабӣ  пардохт мекарданд. Як қисми ин хел курсҳои мазҳабӣ  дар худи Тоҷикистон дар қароргоҳи  маркази ҲНИ мегузаштанд.

Масалан, моҳҳои апрел-майи соли  2012 таблиғотчии мутаассиби машҳури шиа Ҳасани Раҳимпур ба Тоҷикистон омада, дар  офиси марказии ТЭТ  ҲНИ чандин дарси мазҳаби шиа гузашт. Навори видеоии дарсҳои  Раҳимпур, ки дар шабакаҳои интернетӣ пахш гардидаанд. Дар  он  навор  дида  мешавад,  ки  чӣ  хел  роҳбарони  наҳзат  дар  қатори  пеши  дарси  ин  мубаллиғи  шиа  нишаста, суханҳои ӯро зидди мазҳаби аҳли суннат тасдиқ карда, сар меҷунбонанд. Оҳиста-оҳиста  ТЭТ ҲНИ  пурра  ба  зери  мазҳаб ва сиёсати  ҷаҳонии ташайюъ  даромад, ҳизби наҳзат  узви  «Ҳаракати  байналхалқии  бедории  исломӣ»  шуд. 

Соли  2013  раиси  ин  ҳизб  Муҳиддин Кабирӣ  муовини роҳбари ин  ҳаракати байналхалқӣ  интихоб шуд.  Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як  ҳаракати динӣ  ва сиёсии ифротгароии мазҳаби шиа буда,  қувваҳои  динию  сиёсии  шиа  ва  ё  шиагароро  дар  мамлакатҳои  гуногуни  ҷаҳон муттаҳид мекунад. Махсусан, дар солҳои 2000-ум то имрӯз дар байни аъзои қатории ТЭТ ҲНИ ҳам гароиш ба мазҳаби шиа бисёр пурзӯр шуда буд. Ҳамаи  ин  ҳақиқатҳо  нишон  медиҳанд,  ки  роҳбарони  наҳзат мазҳаби  шиаро қабул  карда,  аз  доираи  мазҳаби  аҳли  суннат  ва  ҷамоат  берун  шудаанд.  Махсусан оно мазҳаби қадимаи мо, яъне мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти Имоми Аъзамро рад карда, таълимоти мазҳаби шиаро қабул кардаанд ва тибқи он онро амал  мекарданд. Номҳои оилавияшон, гапҳояшон ва шиорҳояшон, амалҳояшон, ҷойи хонданашон, ҷойҳои паноҳгоҳҳояшон, ҷойи зиндагияшон, ҳамааш нишон медиҳанд, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик рӯирост даст кашида, ба мазҳаби бегона дохил шудаанд. Як аломати асосии пайравии мазҳаби шиа, дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангии калон аст. Одатан нигинаш аз санги сиёҳ  ва тираранг бошад. Агар  суратҳо  ва  наворҳои  аксари  роҳбарони  ТЭТ  ҲНИ-ро  бинед,  онҳо  ин рамзи  шиаро риоя мекунанд. Пас дар интернетҳо даъвои Ватану миллату мазҳаб кардани роҳбарони беҳаёи ТЭТ ҲНИ як дурӯягии маҳз ва фиребгарии ошкори онҳост. Зеро онҳо кайҳо боз Ватану миллат ва мазҳаби ҳанафии худро барои пулу сарвату қудрат шуда фурӯхтанд.

 Пас, маълум аст, ки мазҳабфурӯшони наҳзатӣ  дигар  ҳаргиз  ҳақ  надоранд, ки аз номи миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон гап зананд. Халқи Тоҷикистон аз ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон безор аст. Ҳамин хел аст, ки ТЭТ  ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави  мазҳаби  ҳанафӣ  мебошанд,  дигар  ягон  хел  эътибор  ва  эҳтиром  надорад.  Онҳо  ҷойгоҳи худашонро дар байни халқи мусулмони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пурра  аз даст  додаанд.  Зеро,  ки халқи тоҷик  ҳаргиз  мазҳабфурӯшонро  намебахшад.  Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш-Абуҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, ин наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад. Филми “Решаҳои ноаён”ниқоб аз рӯи наҳзатиёни ватанфурушро бардошт ва дигар онҳо наметавонанд амали худро рӯйпуш кунанд.

Решаҳои ноаёни ҳизби наҳзати исломӣ муайян гардид!

Ҷабборов Ғ.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ЭШОНЕ, КИ БО СУХАНАШ МАРДУМРО БА ҶАНГУ ХУНРЕЗӢ ДАЛОЛАТ МЕНАМУД

Тамошои филми ҳуҷҷатии “Решаҳои ноаён”, ки тариқи васоити ахбори умум ба намоиш гузошта шуд бори дигар аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи роҳбарияту аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагонашон шаҳодат медиҳад. Дар филми мазкур, ки оид ба хатарҳои аз байн рафтани давлату миллат ва ба хун оғӯшта гардидани Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ суҳбат меравад бори дигар нақли хиёнатҳои наҳзатиён ва нақшаву амалҳои разилонаи онҳо аз ҷониби яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ, роҳбари майдони “Шаҳидон” Эшони Қиёмиддини Ғозӣ сурат гирифт.

Бо исрор Эшони Қиёмиддини Ғозӣ иброз медорад, ки “Ин мусибатҳоро аввалин гӯргирд наҳзати исломӣ зад, наҳзате, ки ба номи ислом рӯяшро пӯшонида буд фасоди худашро боз кард”. Яъне бори дигар даст доштани ҳизби наҳзат дар оғози бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ иқрор гардид. Ҳам бо пешниҳоди навори возеҳи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам бо пешниҳоди ибрози ақидаи Эшони Ғозӣ равшан гардид, ки дар воқеъ ӯ ба сифати хиёнаткор вазифаи мубаллиғиро ба ӯҳда дошта, мардуми дар майдони “Шаҳидон” ҷамъ омадаро ба гумроҳиву хиёнат даъват намудааст. Маҳз аз забони худи ӯ садо додани “дар майдони Шаҳидон ман суҳбат кардам... яке аз суханварон ман будам, ман мардумро даъват кардам”.

 Тавре аз навори видеои маълум гардид, оид ба даст доштани кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ дар Тоҷикистон он замонҳо баръало маълум мегардад. Чунонки ишора мекунад, наҳзатиҳо он замон намояндаи Эронро бо шиори “Салли ало Муҳаммад, Вилоятӣ хуш омад” истиқбол мегирифтанд. Пас аз истиқболи гарму самимӣ “меҳмони олиқадр”-и наҳзатиён даргириҳо ва бесарусомониҳо дар пойтахти кишвар  боз ҳам авҷ гирифт.

Вобаста бар зидди арзишҳо ва фармудаҳои дини мубини ислом ва дар сӯйистифодаи он бо мақсади расидан ба ғаразҳои шахсӣ “генерали мардумӣ” худ баён медорад, ки: “Дар ислом як амали ноҷо, як ятимро озурдан, чӣ миқдор гуноҳи шадид дорад, лекин мо бо ин корамон ҳазорон кӯдаконро ятим кардем, ҳазорҳо бевазан кардем, ҳазорон модаронро ғуррамарг кардем...”. Ин гуфтаҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ фармудаи шоири бузург Ҳофизи Шерозиро ба ёд меоварад, ки:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Дар филми мустанад ишорат мешавад, ки нафарони баландпояи Ҳизби наҳзати исломӣ аз давлатҳои хориҷӣ ба монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон ёрии пуливу молӣ гирифта, он маблағҳоро байни худ тақсим мекарданд. Эшони Қиёмиддин таъкид медорад, ки барои муҳоҷирони дар Афғонистон будубошкунанда аз давлати Эрон дар ҳаҷми 10 миллион доллар «ёрии бародарона» гирифтанд. Лек он маблағҳоро на барои беҳ кардани вазъи муҳоҷирон равона намуданд, балки ба ҷайби худ заданд.  Аз ин маблағ онҳо барои размандагони худ, ки бо нерӯъҳои конститутсионӣ дар муқовимат буданд тиру туфанг ва аслиҳаи ҷангӣ харидорӣ намуда, бо ин амали созандаи худ ба оташи шаҳрвандӣ равғанрезӣ карданд.  

Дар воқеъ, намоиши филми ҳуҷҷатии “Решаҳои ноаён” бори дигар хиёнатҳои роҳбарият ва аъзоёни ҳизби наҳзатро, дар мисоли Эшони Қиёмиддин Ғозӣ, Эшони Тураҷонзода, Мулло Абдулло ошкоро ба мардум пешниҳод намуда, ниқобро аз рӯи ингуна шахсиятҳои ба ном муллову руҳонӣ бардошт. 

Баъди тамошои филм кулли мардуми бедордилу ватандӯстро, ки дар дил меҳру муҳаббат ба Ватан – Модар доранд, нисбати нисбати ҳизби ба ном наҳзати исломӣ ҳисси нафратро афзун гардонид. Аён шуд, ки амали онҳо ҳеҷгоҳ аз рӯи фармудаҳои дини мубини Ислом набуда, балки бар муқобили он аст. 

Қурбонов Ҳ.Ш.

Читать далее