April 2018

25 April 2018

Марзи тиҷорату сайёҳӣ

Офтобшаҳри Исфара аз қадимулайём маркази тамаддун буда, мардуми ҳунарвараш тӯли қарнҳо аз нозукиҳои касби рассомиву кандакорӣ, наҷҷориву оҳангарӣ, мисгариву чармгарӣ ва дигар ҳунарҳо огоҳии хуб дошта, молу маҳсулоташро ба беруни кишвар содирот менамуд. Ҳанӯз айёми шӯравӣ Исфармарз ҳамчун шаҳри сайёҳӣ маъруфу машҳур буд.

Тибқи санадҳои таърихӣ пеш аз Инқилоби Октябр низ сокинони ин марзи бостон зардолуву мавиз, мағзу чормағз ва дигар дастранҷашонро то паҳнои Русияву кишварҳои Назди Балтик бурда мефурӯхтаанд.

Исфара дар сафҳаи таърих

Маҳз, ҳунарварии мардум муҷиб шуда, ки то ба имрӯз осори таърихии гаронбаҳо дар шаҳр ва дигар деҳоти он ба хубӣ ҳифз шудааст. Нигораҳову мақбараҳо, кӯҳпайкараҳову табиати диловезу афсунбори ин шаҳр борҳо таваҷҷуҳи нависандагони хориҷи кишварро ба худ кашида, бобати ин марзи ҳосилхезу шоирхез, ҳунарвару фарҳангпарвар китобу осори зиёд ба интишор расидааст.

Боиси хушҳолист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равонро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд. Аз ин рӯ, айни муддаост, ки аз имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри воқеан бостонӣ бори дигар гӯем.

Исфара яке аз шаҳрҳои ободу зебо буда, дар ҳавзаи қаторкӯҳҳои рангоранги Туркистон, дар хамии Лаккон (Лаълкон) ва поёни пиряхҳои Карафшину Зарафшон (аз сатҳи баҳр 800 метр баланд) ҷойгир аст. Аз байни шаҳр дарёи шӯху пуртуғёни Исфара ҷорист.

Шаҳр таърихи бою рангин дошта, аз қадимтаринҳо ба ҳисоб меравад. Аз давраи бостон дар мавриди номгӯи гуногуни Асбара, Аспраҳа, Истпарӣ, Истфаро, Испара ривоятҳо мавҷуданд. Номи шаҳр нахустин маротиба дар «Таърихи Табарӣ» дар асри Х зикр шудааст. Дар бораи Исфара дар китоби академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» иттилооти кофие ҳаст. Баъзе бозёфтҳои ҳафриётии бозмонда аз гузаштаи дуру наздики шаҳр дар осорхонаи Исфара–ӯрдаи таърихӣ маҳфузанд.

«Зумрад»: Аз раҳоварди сафар

Аз нақли собиқадори матбуот, капитан Файзулло Атохоҷаев, ки хидматро дар шаҳри Улан-Удэи сарзамини Бурятистон адо кардааст:

-Моҳи июни соли 1973 хидмати ҳарбӣ ба охир расид. Мо–панҷ нафар ҳамхизматон аз вилояти Ленинобод (алъон Суғд) дар як вақт чиптаи қатора доштем. Азбаски роҳи қатора мушкил буд, хостем тариқи тайёра баргардем. Вақте чиптаамонро иваз кардем, дидем, ки то лаҳзаи парвоз фурсат ҳаст. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ки ба бозори марказии шаҳри Улан-Удэ равем.

Ангораи бозор ба назар мисли Панҷшанбебозори Хуҷанд менамуд. Дар ошёнаи дуввум ногоҳ диққати моро тақрибан 8-10 нафар мардони тоқипӯш ба худ кашид. Ростӣ, тӯли ду сол хеле Ватанро пазмон шуда будам. Бо ҳамроҳонам ба наздашон рафта, таваккал бо забони тоҷикӣ салом додем. Онҳо бо чеҳраи кушод ҷавоби салом гуфтанд. Ин мардони тоқипӯш ба савдои зардолу, мағзу мавиз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул буданд. Хусусан, зардолуқоқи мисли лола суп-сурх хоҳу нохоҳ диққати ҳар харидорро ҷалб мекард. Растае, ки онҳо савдо мекарданд, аз растаҳои дигар зебою дилработар буд.

Онҳо фаҳмиданд, ки мо тоҷикем, бо оғӯш ва ҳарфҳои самимӣ истиқболамон карданд. Ҳамин гӯшаяки бозор бо ҳамзабонон ва маҳсулоти дар раста зебо чидашуда ба чашмонамон мисли Ватан намудор шуду ба димоғи мо гӯё шамими Тоҷикистонро армуғон оварда буд. Аз чашмони мо ашки шодӣ мерехт. Фаҳмидем, ки онҳо аз деҳаи Ворухи Исфара будаанд. Ба ҳар яки мо бо меҳрубонӣ аз ҳама намуди маҳсулот ба сифати ҳадя пешкаш карданд.

Суҳбати самимонаи моро як марди нуронии рус, ки сари синаашро ордену медалҳои ҷангӣ оро медод, бодиққат наззора мекард ва пурсид, ки мо аз куҷоем. Вақте аз забони мо номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон, хусусан Исфараро фаҳмид, якбора чашмонаш калон кушода шуд. Маълум шуд, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, аз рӯи имтиёз ҳар сол дар яке аз истироҳатгоҳҳои қаламрави шӯравӣ истироҳат мекардааст.

-Исфара! Айнан дар ҳамин шаҳр будам. «Зумрад» ном ҷое ҳаст дар он ҷо. Ман тасвири биҳиштро аз бибии рӯҳониам дар кӯдакӣ шунида будам, аммо онро бо чашмони худам дар Исфара дидам. Шумо мардуми хеле дилнавозу меҳмондӯстед, ягон нуқтаи шӯравиро ба Исфара иваз намекунам,-гуфт марди ҷанговар.

Ин посухаш моро гӯё аз по афтонид. То ҳадде шефтаи Исфара будааст, ки тақрибан ним соат дар васфи «Зумрад» бо ҳаяҷон нақл кард…

Аз хотироти Атохоҷаев ба ду нуқта метавон диққат дод: нахуст, тоқии тоҷикона ва ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта ба тиҷорат шуғл доштани ин марз. Одатан, шаҳрҳои тиҷоратӣ мероси гаронбаҳо доранд. Исфара низ бо осорҳои таърихиаш ҳанӯз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Табиати нотакрорашро марди ҷанговар ба тамоми шӯравӣ иваз намекунам гуфтанаш, ҳамин кофист.

Биҳишти гулсиришт

Пайкараҳои зебои қаторкӯҳаш дар замони шӯравӣ диққати синамогаронро ба худ кашида буд. Аз ин ҷост, ки аксари филмҳои бардошташуда манзара ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Исфараро доранд. Ҳар як шахбаданаи кӯҳ, бахусус, дар деҳаи Ворух бинандаро моту мабҳут месозад. Тавре ба назар мерасад, ки рассоме рӯи коғаз тамоми маҳораташро дар ҷилои рангҳо рехтааст.

Деҳаи Ворух бо кӯҳҳои осмонбӯсу табиати нотакрор минтақаи дурдасттарини паҳнои Исфара буда, мавзеъҳои Чорсангбобо, Чилмуғон, Беди Каҷ, Пули Офтобрӯй ва Кех дар доманакӯҳи ғарқи гул қарор доранд. Ёдгориҳои таърихии зиёратгоҳи Мавлоно Саид, Масҷиди Сурх ба сифати осори гаронарзиши таърихӣ шинохта мешаванд. Заминҳои Ворух аз шохобҳои дарёи Исфара – Кишамбиш ва Каравшин обёрӣ мешаванд, ки саргаҳи об мафтункунандатар аз ҳама манзара мебошад.

Катибаи Ворух - як варақсанги таърихии дигар аст, ки то ба ҳол диққати олимону муаррихони сатҳи ҷаҳонро ба худ мекашад. Он андак хиратоб бошад ҳам, хеле арзиши таърихӣ дошта, ба хубӣ ҳифз шудааст ва ёдгории хаттии замони ҳукмронии сулолаи Қарохониён буда, ба соли 1041 нисбат дода мешавад. Байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ду катибаи арабизабони рӯйи харсанг ёфт шуд, ки онҳоро муҳаққиқон В.В.Бартолд ва М.С.Андреев соли 1896, Л. Половсев соли 1904, К.А.Инострансев соли 1925 ва Б.А. Литвинский соли 1956 тадқиқ кардаанд. Дар катиба номи намояндаи сулолаи қарохонӣ Муиззуддавла Арслонтегин Абулфазли Аббос зикр ёфтааст. Катиба доир ба таърихи ҳукмронии сулолаи Қарохониён дар Мовароуннаҳр манбаи муҳим ба шумор меравад.

Чордевори таърих ва манзараи беназир

Чоркӯҳ деҳаи калонтарин ва сераҳолитарин дар шаҳри Исфара ба ҳисоб меравад, ки чор атрофаш мисли ҳисор бо кӯҳ иҳота шудааст. Номи ҷуғрофии Чоркӯҳ дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, дар бахши «Таърихи қадимтарин» ёдовар шуда, Хоҷағор, ки ба замони ҷамоати ибтидоӣ мансуб ва бо тадқиқи комил ба қалам дода шудааст, аввалин сарчашмаи пайдоиши деҳа мебошад.

Доктори илм, профессор Сергей Хмелнитский дар асараш «Чорку» (Чоркӯҳ), ки дар Берлин соли 2002 ба табъ расидааст, маълумотҳои иловагӣ доир ба осорҳои қадимаи ин деҳа овардааст.

Китоб аз 14 боб иборат буда, ба тавсифи меъморишиносии ёдгории таърихию меъморӣ - мақбараи Ҳазрати Шоҳи Чоркӯҳ, ки мансуб ба асрҳои IХ-ХI мебошад, бахшида шудааст. Ҳамчунин, дар асар асноди фаровоне аз боби мақбараҳои Хоҷаи Рӯшноӣ-мансуб ба асри Х-ХII, Қалъачаи Мазор, Хоҷа Булҳақ - асрҳои Х-ХII ба чашм мерасанд.

Муаллиф санъати нотакрор, хусусиятҳои ба худ хоси гулкорӣ, тасвирҳои ҷонварнусха ва фалсафаи меъмории бунёдгарони қадимии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба матни арабии бо имлои кӯфӣ сабтёфта равшанӣ андохтааст. “ Ҳеҷ як ёдгории меъмории мансуб ба асрҳои Х-ХII мисли мақбараи чӯбини Ҳазрати Шоҳ нақшу нигори олӣ надорад”, – гуфтааст Хмелнитский дар китобаш.

Мақбараи мазкур яке аз шоҳкориест, ки дар асоси он аз боби инкишофу такомули ҳунари бунёди ибодатхона дар Осиёи Миёна, маҳорати гулкорӣ дар чӯб ва таъсири он ба намудҳои дигари касбу ҳунар огаҳӣ пайдо хоҳем кард.

Табиати афсункори деҳа низ хеле маҷзубу марғуб аст. Хусусан, иди «Сайри гули лола», ки таърихан аз оғоз то ба имрӯз маҳз, дар Лангари Моҳиён гузаронида мешавад, ҳар як меҳмонро мутаассир месозад. Ҳавзи пур аз моҳӣ, ки тамошояш шифобахш аст, ба касалиҳои зардпарвин доруест бемисл ва борҳо аз ҷониби муҳаққиқон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маҳсулоти гармхона дар ҳама фасл дастрас аст!

Бобати тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин намудани мардум фаъолияти бомароми гармхонаҳои доимоамалкунанда мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Мухтор Ҳоҷиев – мутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят зикр намуд, ки мақсади асосии ташкил намудани гармхонаҳо дар ҳама фасли сол бо нархи дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Дар ин бора ӯ изҳор дошт, ки дар вилоят гармхона дар маҷмӯъ 460 ададро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор дар мавсими соли 2018-ум 436 адад фаъолият дошта, 172 адади он типи хитоӣ мебошад.

 -Имсол дар вилоят масоҳати умумии гармхонаҳо ба 20,16 гектар расонида шуд. Кишоварзон дар гармхонаҳо помидор (10,1 гектар), бодиринг (6,23 гектар) ва намудҳои дигари сабзавот (3,83 гектар) кишту парвариш намуда, то 20 апрели соли равон 242,3 тонна помидор, 86,2 тонна бодиринг ва 56,9 тонна сабзавот, дар маҷмӯъ 385,42 тонна маҳсулот ҷамъ оварданд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов айни ҳол дар 1,28 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мавҷуд буда, дар маҷмӯъ 18 ададро ташкил медиҳад. - Гармхонаҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз, Гулхона, Сомониён, Деҳмойи ноҳия фаъолият дошта, 0,4 гектар помидор, дар 0,44 гектар бодиринг кишт шуда, дар 0,59 гектараш ниҳолҳои лимӯ парвариш меёбанд,- изҳор дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Илҳом Аҳмадзода.

-То 20 апрели соли равон аз гармхонаҳои ноҳия 13,2 тонна помидор, 8,2 тонна бодиринг ва 23,6 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол гардидааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иқтисодиёт бо саноат пойдор аст!

Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлату Ҳукумат пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор тадбирҳоро тарҳрезӣ ва татбиқ намуда истодааст. Тибқи иттилои мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода дар давоми се моҳи соли равон новобаста аз таъсири омилҳои гуногун корхонаҳои саноатии вилоят мутобиқ ба шароити нави иқтисодиёти бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо дар ҷанбаҳои мухталиф босамар фаъолият бурдаанд.

Дар натиҷа 24 корхонаи калону миёнаи саноатии навтаъсис рӯи кор омад, ки анқариб 340 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гаштанд. Мавриди зикр аст, ки ин корхонаҳо асосан самти корро ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, сохтмонӣ, истихроҷи ангишт, оҳаксанг, оҳан, коркарди маҳсулоти хӯрока ва банду басти меваи хушк равона сохта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд.

- Омӯзишу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар корхонаву коргоҳҳои навтаъсис самтҳои раванди истеҳсолот бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳазанд. Дар маҷмӯъ, тибқи нақша то охири соли равон 88 коргоҳ дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди истифода қарор дода мешавад, - қайд намуд Озифхон Шарифзода.

Яке аз дастовардҳои соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин расидан ба худтаъминкунӣ ва ба роҳ мондани таъминоти мактаббачагони вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо сарулибоси мактабӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҷалби бонувони бешуғл ба ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила беҳтар кардани шароити иқтисодии сокинон дар шаҳру ноҳияҳо давоми солҳои 2014-2017 дар маҷмӯъ 57 корхонаву коргоҳи нави дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар ин раванд имсол низ мавриди истифода қарор ёфтани қариб 10 коргоҳи дӯзандагӣ дар назар аст.

Аз аввали сол наздик ба 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 миллиону 564 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Воқеан, саноатчиёни вилоят тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба нишондиҳандаҳои басо муҳим ноил гардида, баҳри беҳбудии иқтисодиёт саҳми назаррас гузоштаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ имрӯзҳо дар раванди таъсиси коргоҳҳои нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, алалхусус ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фаъолият бахшидан ба иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатноку воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат - ғамхори ятимон

Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл

Fамхории давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои миллат нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, хеле назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. Ҳамчунин, дар вохӯрию мулоқот чунин таъкид намудаанд: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».

Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба пешвози Рӯзи пойтахт дар толори бинои Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримов ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳти таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани ин табақаи аҳолӣ гузаронида мешавад.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода иброз дошт, ки давлату Ҳукумат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити таҳсил ва кору фаъолиятро барои худ ҳадафи муҳимтарин қарор додааст. Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мунтазам ин қишри ҷомеаро аёдат ва парасторӣ менамояд. Алҳол дар шаҳр Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино, Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №26-и кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ношунаво, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон, Мактаб-интернати ёрирасон ва Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳ фаъолият доранд, ки зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор гирифта, бошандагони он мунтазам аёдат мегарданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва ятимону камбизоатонро дар шароити кунунӣ яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки дар тамоми қаламрави кишвар дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт баргузор мегардад, баёнгари ҳамин нукта буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳамагонро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ даъват менамоянд.

- Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, ба шахсони камбизоат кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошанд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ ба табақаи ниёзманди аҳолии вилоят буд, ки бо иқдоми нек ва сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар дар қаламрави мамлакат ҳамасола шахсони саховатпеша, соҳибкор ва дигар инсонҳои накӯкор хосатан дар арафаи рӯзҳои ид дастгирӣ ва шодишарики тантанаҳои онҳо мегарданд,- иброз дошт Тоҷибой Султонӣ.

Таъкид гардид, ки дар сафари навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табақаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Панҷакент суҳбати гарму ҷӯшон намуда, баробари тақдими туҳфаҳо онҳоро барои таҳсили хубу меҳнатдӯстӣ талқин намуданд. Дар ин вохӯрӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои идомаи таҳсил ва муҳайё намудани шароити зисти онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Боиси тазаккур аст, ки алҳол дар ҳудуди вилоят 15 хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мавҷуданд, ки дар онҳо кӯдакон бо таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд. Тавассути квота бо таҳсил фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳо ва бо идрору кӯмакпулӣ сарфароз гардонидани онҳо аз иқдомҳои нек ба шумор рафта, ятимон аз харидани либоси ягона озод мебошанд. Ҳамчунин, ин табақаи аҳолӣ ҳуқуқи баробар таҳсил кардан дар мактабҳои Президентӣ ва гимназияву литсейҳо дошта, онҳо аз имкониятҳои додашудаи Маркази миллии тестӣ бархӯрдор мебошанд.

Иштирокчиёни ҳамоиш Мустафо Раҷабов, Ҷаннатой Нодирова, Азиза Мадумарова, Имомиддин Рабиев бо саволу пешниҳодҳои хеш аз ҷониби раиси шаҳр посухҳои мушаххас гирифтанд.

Баъдан қатораи мошинҳо сӯи Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» роҳ пеш гирифта, ҷавонону наврасон аз мавзеъҳои таърихии шаҳр дидан намуданд.

Чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» дар Муассисаи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд анҷомбахши ҳамоиш гардид.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

24 April 2018

Миёни вилоятҳои Суғду Самарқанд ба маблағи беш аз 100 миллион доллари ИМА шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзи 21 апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Регистон плаза”-и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Самарқанд Бизнес – форум ва намоиши маҳсулоти саноатӣ баргузор шуд.

Дар расми ифтитоҳи Бизнес – форум нахуст Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев суханронӣ намуда, бозшавии гузаргоҳҳои марзӣ ва барқароршавии робитаҳои мардумони тоҷику ӯзбекро самараи сиёсати оқилонаи роҳбарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ карданд.

Читать далее

“Ганҷи сухан”: маҳфили навбатии хотирмон

Нишасти 161–уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ дар толори факултети филологияи тоҷик баргузор шуд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ин навбат маҳфил ба ду санаи таърихӣ, яке 140 солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ ва дигаре 75-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов бахшида мешавад.

Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филология Муҳаббат Тиллохӯҷаева меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факултет маълумот дод.

Дар бахши навгониҳои илмӣ  Шарифҷон Тоҷибоев-дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки аз ҷониби муҳаққиқон силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ  интишор гардид, ки миёни онҳо сухани тоза дар Айнишиносии муосир кам нест. Мавсуф маҷмӯаи мақолаҳои конфронси илмии “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”-ро, шоистаи таҳсин хонд.

Субҳон Аъзамзод-дотсенти донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ - чеҳраи мондагори адабиёт, илм ва фарҳанг” аз муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар худшиносии миллии тоҷикон сухан гуфт. Муҳаққиқ аз қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо мисолҳои мушаххас нақл намуд. Махсусан оид ба китоби “Чеҳраҳои мондагор”, ки дар он Пешвои миллат дар баробари зикри хидмат ва мақому манзалати устод Садриддин Айнӣ  заминаеро дар айнишиносии муосир муқаррар кардааст муфассал изҳори назар кард.

Сипас бахшида ба 75-солагии Ҳунармади мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар мавзуи “Устоди беназири ҳунар” Абдураҳим Аминҷонов - дотсенти донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Вай ба ҳозирин оид ба ҷанбаҳои ҳунарӣ, сабк ва услуби ҳофизӣ, зинаҳои такомули эҷод,шӯҳрати ҷаҳонии Ҷӯрабек Муродов нақли ҷолиб намуд. Ӯ гуфт, ки сабки Ҷӯрабек Муродов сабкест, ки он қобили қабули кулли мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон аст.

Сипас нависанда Додохони Эгамзод як сӯҳбати озоду ҷолиб дар бораи Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов намуд. Вай ба мухлисони каломи бадеъ аз таснифи як романи таърихии  нави худ дарак дод, ки ба қавли худи нависанда, дар бораи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ҳикоят мекунад ва маҳз ба хотири амалӣ намудани орзуи Устод Садриддин Айнӣ ӯ ба ин кор даст задааст.

Шоири ширинхаёл  ва боҳунари тоҷик Нарзуллои Азизиён чанд шеъри тозаи худро ба аҳли нишаст эҳдо намуд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ дар суханронии худ аз шӯҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов нақлҳои ҷолиб намуда, як шеъри худро қироат намуд.

Монтажи адабии донишҷӯёни факултети филология аз рӯзгори  рӯзгори  устод Айнӣ, ки дар заминаи осори нависанда рӯи саҳна омадааст ба маҳфил рӯҳи тоза бахшид. Суруду оҳангҳои дилнишини сарояндагон Самеъҷон Машарипов ва Фазлиддин анҷомбахши нишасти навбатӣ гардид.

Фирӯза Қайюмова,
номзади илмҳои филология

Читать далее

Машқҳои пагоҳирӯзӣ – омили солимӣ

Бo мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ва назди биноҳои баландошёнаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби беш аз 7150 нафар (2500 нафар духтарон) ҷавонону наврасон, варзишгарон ва сокинон ташкил ва баргузор гардид.

Шодмон Нурматов
роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати кор
бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

 

 

 

Читать далее

Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаёти солим

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон семинар - машварат оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ва пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ байни ҷавонони шаҳри Бӯстон, таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» ташкил ва баргузор гардид.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим, бахусус саломатии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир шуда истодааст.

Дар семинар мутахассисони соҳаи тиб оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва пешгирии нашъамандӣ ба иштирокдорон маълумоти амиқ пешниҳод намуданд.

Шодмон НУРМАТОВ

Читать далее

23 April 2018

"Ҳафати китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон"

17 апрел дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» бо иштироки зиёда аз 400 нафар хонандагону ҳаводорони китоб баргузор гардид. Нахуст боздиди меҳмонон аз растаи намоиши китобҳои бачагона сурат гирифт.

Муовини раиси шаҳр Зоирӣ Ғафурҷон Маҳмудзода дар ифтитоҳи Фестивали мазкур иброз дошт, ки "бо мақсади иҷрои нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» тибқи фармони сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» дар китобхонаҳои вилояти Суғд баргузор гардида истодааст".

Чун оғози Фестивали мазкур ба 140-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ тавъам омад, дар ин рӯз ҳаводорони осори устод Айнӣ порчаҳои шеърӣ ва саҳнаҳоро аз ҳаёт ва фаъолияти устод ба маърази намоиш гузоштанд.

Ҳунармандони ансамбли "Навои Бӯстон", гурӯҳи рақсии "Ёсуман" ва кӯдакон бо шеъру суруд ва рақсҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Сайёҳӣ – омили пешрафти иқтисодиёт

19 апрел бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бӯстон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Мулоқот бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, масъулини Маркази назорати давлатии сантитарию эпидемиологӣ, кормандони муассисаҳои фарҳанг, истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ватан»-и шаҳр ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Палос баргузор гардид. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ - ташвиқотӣ дар суханронии худ оид эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, пешгирии падидаҳои номатлуб ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее