12 April 2018

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов

Рӯзи 12 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо мақсади иштирок дар  Анҷумани III минтақавӣ оид ба шартномабандӣ ба вилоят ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои мавҷудаи вилояти Суғд маълумот дод. Қайд гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фарох дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ буда, густариши ҳамкориҳои дуҷониба метавонад ҷиҳати табодули бештари молу маҳсулот мусоидат намояд. Солҳои ахир соҳаи саноати вилоят рушд намуда истодааст ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард доллари ИМА баробар гардид. Ҷонибҳо метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ доираи ҳамкориҳоро васеъ намоянд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ нишондиҳандаҳо назаррасанд ва вилояти Суғд имконият дорад, ки маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваву сабзавотро содирот намояд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомиро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи 12 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомиро бо роҳбарии ҳамоҳангсози барномаҳои МАГАТЭ дар Тоҷикистон хонум Сандра Стейс ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Дар ин росто дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, иншооти гуногуни соҳа ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шудааст.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо занону бонувони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят

Рӯзи 12 апрели соли 2018 бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Қасри Арбоб мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо доираи васеъи ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо, ки дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузоранд, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси вилоят, роҳбарони  воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, мудирони бахши кор бо занон ва оила, директорони литсейҳои касбӣ-техникӣ, мутахассисони муассисаҳои давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”-и шаҳру ноҳияҳо, гирандагони грантҳои Президентӣ ва грантҳои Раиси вилоят дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳунармандону тарроҳон ва дигар фаъолону фаъолзанони аҳли ҳунар иштирок намуданд.

Читать далее

Мақсад: таҳкими равобити илмӣ

Дар доираи иштирок дар Наврӯзи вилояти Суғд намояндагони зиёии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд профессор Рустам Холмуродов ташриф оварданд.

Ҳадафи асосии ташрифи меҳмонон ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо фаъолияти гуногунсоҳа ва густурдаи таълимӣ, илмӣ, инноватсионӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, шартномаи тарафайн байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба имзо расид, ки мақсади асосии он аз ҳамкории дуҷониба дар самтҳои таълим, таълифи китоби дарсӣ, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони собиқадору соҳибтаҷрибаи ҳарду донишгоҳ, омода кардани кадрҳои илмӣ, иштирок дар шӯроҳои муштараки диссертатсионӣ, ташкили конфронсҳо, симпозиумҳои илмӣ иборат мебошад.

Дар ҷараёни шиносоӣ меҳмонон аз осорхонаи таҷдидгардидаи донишгоҳ дидан намуда, таассуроти неки худро дар дафтари қайди меҳмонони олиқадри осорхона сабт карданд.

М.ҲАЛИМЗОДА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Партов - сарчашмаи бемориҳо

Назорат баҳри ба ҷойҳои махсус партофтани партов ҳам аз ҷониби аҳолӣ ва ҳам корхона ҷиддӣ ва ҳатмист. Партов паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ буда, сари вақт тоза накардани партовҷо оқибати нохуш дорад. Баъзе ашхос партовҳоро ба назди ҷӯйбору канал, анҳору заҳбур, сари роҳу назди дари ҳавлиҳои худ мепартоянд, ки он ба саломатии ҳам калонсолону ҳам кӯдакон хатар дорад.

Аҳрулло Дӯстматов - духтури дараҷаи олӣ, пизишки амрози дарунӣ гуфт, ки партовҳо аз рӯи стандарти меъёри эпидемиологӣ хатарнок ҳисобида мешаванд. Партовҳо ба якчанд намуд ҷудо мешаванд: хатарнок, бехатар, кимиёвӣ ва радиактивӣ. Партовҳое, ки истиқоматкунандагон ба ҷойи махсус намепартоянд, оқибатҳои хатарноки ба саломатии инсон зараррасон доранд. Партове, ки дар сари роҳ партофта мешавад, ба вайрон шудани муҳити экологии зист оварда мерасонад ва агар нафаре, ки дар он макон сайругашт дораду дар худ бемориҳои роҳи нафас, аз он ҷумла бодигармӣ ва бронхити музмини бодигармӣ дошта бошад, ба баланд шудани ҳассосияти онҳо ва ба авҷи бемориаш оварда мерасонад. Боиси нигаронист, ки имрӯз мардум бо роҳи худмуолиҷакунӣ аз сӯзандору истифода бурда, онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё ҳамроҳи партовҳояшон дар қадди роҳ мегузоранд, ки ин аз партовҳои хатарноктарин ба саломатии инсон ва паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Бар замми ин, кӯдакон метавонанд сӯзандоруро гирифта бо он бозӣ кунанд, ки ин амал метавонад хатари ҷиддӣ ба саломатии онҳо расонад.

Конибодом: Мардум аз шартномабандӣ даст мекашанд!

Тавре директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Фарҳод Орифов мегӯяд:

- Имрӯз яке аз муаммоҳои ҳалталаб дар соҳаи мо, масъалаи партов аст, зеро аксар аҳолии шаҳр барои бастани шартнома розӣ нестанд. Солҳои пеш ба ин масъала он қадар эътибор дода намешуд ва дар ин бобат нофаҳмиҳои зиёд ба миён меомаданд. Алҳол 43 фоизи аҳолӣ шартнома бастаанду боқимонда онро намехоҳанд, бинобар он аз 22-юми январи соли равон амри раиси шаҳр ба тавсиб расидааст, ки аҳолӣ бояд ба пуррагӣ бо Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шартнома банданд. Дар ҳолати саркашӣ намудан чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бояд қайд кард, ки алҳол дар 6 Ҷамоати деҳот зерсохтори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ташкил гардида, имрӯз мақсаднок фаъолият доранд. Алҳол масъалаи мазкур ҳалли худро ёфта истодааст ва аҳолӣ зарурати бастани шартномаро эҳсос карда истодааcт. Баҳри амалигардонии амри раиси шаҳр 6 зерсохтори корхонаи мазкур дар байни аҳолӣ тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, зарурати бастани шартномаро маънидод карда истодаанд. Бо вуҷуди он ки ашхоси аз бастани шартнома саркашӣ карда партовҳои худро ба як ҷойи муайян ва ё дар сари роҳ нисфи шаб бароварда мепартоянд, кормандони корхонаи мазкур омада он ҷойҳоро тоза мекунанд. Ба қадри заҳмату хизмати онҳо бояд расид.

Сокини шаҳр Латофат Хайриева (бо хоҳиши зан ному насабаш тағйир дода шуд) бобати аз бастани шартнома саркашӣ кардани худ гуфт, ки имрӯз дар оила 7 нафаранд ва барои ҳар нафар 72 сомонӣ маблағ супоридан шароит надорад. Мардони оила дар муҳоҷирати меҳнатианду занҳо хонашинанд. Аз ин боис ба шартномабандӣ розӣ нест.

Нафақахӯр Абдувосит - амаки 72-сола гуфт, ки зарурати бастани шартнома ба хотири беҳбудии аҳолӣ аст, зеро масъулин сари вақт омада тамоми партовҳоро сарҷамъ мекунанд. Дар сари роҳ ва ҷойи ҷамъиятӣ партофтани партов кори хуб нест, вале ин амал ба назар мерасад. Аз ин боис бояд шартнома баста, сари вақт маблағашро супурд. Ҳамчун нафақахӯр ҷонибдор ҳастам ва чанд моҳ пеш бо Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шартнома бастам. Имрӯз бе мушкилӣ ва муаммо сари вақт партовҳои дар ҳавлиам ҷамъшударо мебаранд.

Имрӯз 60 нафар корманди коргоҳ ҷаҳд бар он доранд, ки ҳудуди шаҳрро аз партов тоза карда, намуди зоҳирии шаҳру ҷамоатҳоро беҳ гардонанд. Дар шаҳр 74 қуттии партов гузошта шудааст ва ҳафтае як маротиба 4 нақлиёти махсус партовҳоро ҷамъоварӣ мекунад. Дар маркази шаҳр бошад, ҳар рӯз партовҳо аз ҷониби корхона тоза карда мешавад. Новобаста аз шартнома бастан ё набастани мардум намуди зоҳирии шаҳр хеле ободу зебо асту масъулини Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» фаъолияташонро хуб ба роҳ мондаанд.

Мастчоҳ: Қуттиҳои партов намерасанд!

Дар ноҳияи Мастчоҳ масъалаи партовбарорӣ нигаронкунанда аст. Дар аксар мавзеъ, алалхусус, дар маркази ноҳия ҳолати қуттиҳои партов хароб буда, онҳо аз партов пур, ҳатто дар баъзе кӯчаҳо партовро мардум дар сари роҳ партофтаанд. Шояд масъулин нисбат ба сарҷамъ кардани партов беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд? Доир ба ин масъала муовини раиси ноҳия Солеҳиён Шавкат Ҳакимӣ гуфт, ки ҳар ҳафта дар ноҳия бо иштироки кормандони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаву ташкилотҳо шанбегӣ гузаронида мешавад. Аммо бо сабаби номусоидии обу ҳаво ҳафтаи гузашта шанбегӣ гузаронида нашудааст. Дар як рӯз як маротиба дар ноҳия партовро ҷамъ мекунанд.

Вале, дар асл ҳолат тамоман дигар аст.

Дар сӯҳбат мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имрӯз дар ноҳия 100 қуттии партов намерасад. Бояд гуфт, ки номусоидии обу ҳаво сабаб шуда наметавонад. Шояд сабаб дар саҳлангории кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия бошад?

Дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия сагҳои дайду хеле зиёд ба назар мерасанд, то ҷое, ки кас дар кӯча гаштан ҳарос пайдо мекунад. Бар замми ин сагҳо дар ҷойҳое, ки партов зиёд аст, ҷамъ омада, лашу лушро ҳар сӯ кашолакунон мебаранд. Ин манзара касро ба андеша водор месозад, ки наход масъулин ҳамин ҳолатро намедида бошанд? Шояд будани сагҳои дайду барои сокинон ягон муаммо надошта бошад, лекин меҳмононе, ки ба он ҷо ташриф меоранд, мумкин аст аз дидани галаи сагҳо ба ҳарос оянд.

Ба ҳар ҳол умед бар он мебандем, ки аз кӯчаҳои ноҳияи Мастчоҳ партов ба пуррагӣ бардошта мешаваду муаммои сагҳои дайду ҳалли худро меёбад ва дар шаҳри Конибодом бастани шартнома ба эътидол омада, сокинон сарҷамъона барои тозагии муҳити зист саҳмгузор мешаванд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее