11 April 2018

"Хуҷанд" дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод

Бозии марказии даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи соҳибони майдон хотима ёфт. Аз ҳайати дастаи «Хуҷанд»  голҳоро Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расониданд. Ягона голи ҷавобиро ба дарвозаи "Хуҷанд" Саидамири Саидаҳмад ворид сохт.

Бояд  зикр кард, ки  бо натиҷагирӣ аз 4 давр дар ҷадвали чемпионат  дастаи «Хуҷанд» дар ҷои аввал аст. Дастаи  «Истиқлол», ки як бозӣ кам анҷом додааст, бо фарқи як тӯб дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Сегонаи аввалро КМВА «Помир» бо 6 хол ҷамъбаст мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии “Grand-Prix Antalya 2018” соҳиби медали тилло шуд

Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гранд При оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Анталияи Туркия доир шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни 90 кило ҳарифони худ - Самули Виитанен (Финляндия), Солтон Броун (Иёлоти Муттаҳидаи Америка), Мамадалӣ Меҳдиевро (Озарбойҷон) мағлуб кард ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоӣ, ки шоми 8 апрел баргузор шуд, паҳлавони тоҷик Неманйа Майдовро (Сербия), ки  соли 2017 қаҳрамони ҷаҳон гардида буд, мағлуб кард ва соҳиби мақоми аввал гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Читать далее

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” шинос шуданд.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 таъсис ёфта, майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошанд.

Читать далее

Баргузории семинар-машварати вилоятӣ дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон”

Рӯзи 10 апрели соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардид.

Қисмати назариявии семинар-машварати вилоятӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи милии Ваҳдат” баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ ва масъулини соҳаи кишоварзии вилоят иштирок намуданд.

Читать далее

«ОБ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН»

Бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Об дар ҳаёти инсон” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гардид. Мақсади тарғиб намудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ ва истифодаи самараноку сарфаҷӯёнаи ҳар қатра об мебошад.

Аксияи мазкур дар тамоми кӯчаву хиёбон, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва бозорҳои шаҳр аз ҷониби волонтёрон бо тақсими беш аз 250 адад маводҳои тарғиботӣ дар соҳаи об бо фарогирии сокинони Хуҷандшаҳр доир гардид.

 Шодмон НУРМАТОВ

 

 

 

Читать далее

Масоҳати гармхонаҳо меафзояд

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни ҳол дар 7,4 гектар гармхонаҳои доимоамалкунандаи сохти чинӣ мавҷуд буда, дар маҷмӯъ 71 ададро ташкил медиҳанд.

- Гармхонаҳо дар 11 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардидаанд. Дар он 4,28 гектар помидор, 0,90 гектар бодиринг, 0,14 гектар қаланфури булғорӣ ва 0,03 гектар боимҷон кишт шуда, дар 0,02 гектараш ниҳолҳои лимӯ парвариш меёбанд, - изҳор дошт, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев.

Бунёди гармхонаҳо аз Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Алимаҳмад» ибтидо гирифтааст. Имрӯзҳо масъулини хоҷагии деҳқонӣ барои рушди гармхонаҳо ва васеъ намудани замини кишти онҳо таваҷҷуҳи махсус доранд. Фаъолияти пурсамари гармхонаҳои ин хоҷагии деҳқонӣ то соли 2020 марҳала ба марҳала тавсеа ёфта, давоми соли 2018-ум бунёди онҳо боз дар майдони 2 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Н. Боймирзоев илова намуд, ки парвариши маҳсулоти ниёзи мардум дар гармхонаҳои ноҳия сол то сол бештар ба роҳ монда шуда истодаанд. Аз соли 2015 то соли 2018-ум масоҳати гармхонаҳо беш аз 3 гектар афзудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омода аст ба ҳар соҳибкор, деҳқон ва кишоварзе, ки нияти бунёди гармхона дорад, аз фонди захиравӣ замин ҷудо намояд, - гуфт ӯ.

Бо рушди фаъолияти гамрхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш меёбад. Далели ин гуфта аст, ки соли 2014 дар гармхонаҳо дар ҳаҷми 140 тонна, соли 2015-ум 240 тонна ва соли 2017 ба андозаи 295 тонна сабзавоту дигар маҳсулот истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳия нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гармхонаҳо ташкил гардида, мардум онҳоро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ мекунанд. Гармхонаҳо барои коҳиши нархи маҳсулот низ мусоидат менамоянд. Торафт зиёд шудани гармхонаҳо мусоидат намуданд, ки аллакай моҳҳои март ва апрел ҳосили фаровон бо нархи дастрас ба мардум пешкаш гардад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Супориш оё дар нӯҳ моҳ иҷро мешавад?

Қарори Раиси вилояти Суғд аз соли 2015 барои корҳои созандагиву ободкорӣ дар бунёди шаҳракҳои Сайҳун, Баҳористон ва Моҳпарӣ, инчунин азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Деваштич ба тасвиб расида буд. Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба тасвиб расидани қарор шаҳрак, яъне хонаҳои истиқоматӣ бояд дар муҳлати 3 сол сохта ба истифода дода мешуд. Аммо то ба имрӯз вазъият нигаронкунанда аст. Чаро?

Шунидан кай бувад монанди дидан...

Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, дар шаҳраки навбунёди Баҳористон ин қарор аз назари масъулин дур мондааст. Аз лаҳзаи ба имзо расидани он тақрибан 2 солу 3 моҳ гузаштааст. Агар бо ақли солим ҳисоб карда шавад, бояд дар ин муҳлат 75 фоизи корҳои сохтмонӣ ба иҷро мерасиданд.

Раиси шаҳри Истаравшан соли гузашта дар мусоҳибааш иброз дошта буд, ки гӯё сохтмони шаҳрак аз аввали баҳори соли 2017 тибқи қарордод ба дӯши ширкатҳои чинӣ вогузор хоҳад шуд. Гӯё тибқи қарордоди мазкур хонаҳои истиқоматии нақшавӣ (плановқй дом) сохта, ба мардум тариқи кредитии дарозмуддат пешниҳод мешуд.

Он лаҳза мо ҳини мусоҳиба хушҳол шуда будем. Ба ин хотир гумон кардем, ки шояд фоизи зиёди корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Вале ҳайҳот! Ҳамон биноҳои нимсохте, ки соли 2016 сохта буданд, ҳамон тавр боқӣ мондаанду халос. То ба ҳанӯз ҳеҷ навгоние дида намешуд.

ҳолати воқеии онро дидан замон табъамон хира гардид. Зеро, ягон сохтмони нав дида намешуд, мисли пешин хонаҳои истиқоматӣ нимасохт боқӣ мондаву аз коттеҷҳо асаре нест. Ягон хонаи баландошёна ба чашм намерасид.

Оид ба ободонии шаҳрак ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки танҳо як бунгоҳи тиббӣ ва дарахтони ороишии сабз шаҳракро зеб дода истодаанду халос. Дигар ҳеҷ чиз нест. Ҳамагӣ се оила кӯчида омадаанду аз дигарон на пай ҳасту на ҳайдар.

Ҳолати мазкур моро маҷбур кард, ки бори дигар бо суоли болоӣ ва ваъдаи додашуда бо раиси шаҳр суҳбат ороем. Аммо бо баробари ворид гардидан ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Истаравшан муносибати навбатдор ва кормандон моро дар ҳайрат гузошт.

Баъзе масъулини шаҳрдорӣ гуфтанд, ки гӯё раис дар утоқи корӣ қарор дорад. Аммо дар қабулгоҳ гуфтанд, ки «раис дар ҷои корӣ несту дар мавзеи Сексарист.

Чанд саволе бобати бунёди шаҳраки Баҳористон доштем, натавонистем ба онҳо ҷавоб бигирем. Вале тақдири шаҳрак дар соли 2018 масъалаи рӯз боқӣ мемонад.

Агарро бо магар тазвиҷ карданд...

Бунёди шаҳракҳои нав имкон медиҳанд, ки заминҳои бекорхобида аз худ карда шуда, ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд дар баробари бунёди манзили истиқоматӣ соҳиби замини корам, боғу токзор ва кори доимӣ шаванд.

Дар шаҳраки Баҳористон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёд барои 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич иштирок дошта буданд. Тибқи нақшаи генералӣ шаҳраки Баҳористон аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, аз тарафи шӯрои шаҳрсозии Агентии меъморӣ ва сохтмон қабул гардидааст. Дар ҳудуди шаҳрак ба 3630 оилаи эҳтиёҷманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, котеҷҳо ва биноҳои баландошёна қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидаанд.

Аз оғози бунёди шаҳраки Баҳористон мумфаршкунии роҳи маркази шаҳрак бо масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ, таъминоти барқ ва васли трансформатори 400 кв., чароғонкунии маркази шаҳрак, бунгоҳи тиббӣ ва азнавсозии пойгоҳи обкашӣ, кофтани 2 адад чоҳи амудӣ ва хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 2400 метр бо маблағгузории буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 8,7 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

- Алҳол дар қитъаҳое, ки ба шаҳрвандон вобаста шуда буданд, 16 хонаи истиқоматӣ бомпӯш карда шуда, дар 45 хонаҳои истиқоматӣ корҳои таҳкурсии бетонӣ гузаронида шуда, кишти гулҳои мавсимӣ дар 400 метри кубӣ дар назар дошта шудааст, - изҳор намуд иҷрокунандаи сарвари муассисаи шаҳрак З.Саъдуллоев.

Инчунин, барои шинос шудан бо ҷараёни корҳои ободонӣ 21 январи соли 2017-ум дар шаҳрак ситоди корӣ бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарон ва масъулини ташкилоти гуногуни шаҳриву ноҳиявӣ гузаронида шуда, рафти корҳои сохтмониву ободонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ба масъулини соҳаҳо супориш оид ба оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ҷудо намудани замин барои бунёди гармхонаҳо ва пешниҳоди рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба онҳо қитъаи замин ҷудо гардидааст, дода шуд.

Инчунин, бобати тайёр намудани лоиҳаи хатҳои муҳандисии дохили шаҳрак ва таъмини нақша ба оғози сохтмони хонаҳои баландошёна ва коттеҷҳо, иваз намудани 1 адад трансформатор ва тартиб додани лоиҳаи таъминоти барқи дохили шаҳрак ва корбарӣ ҷиҳати додани барқ ба мавзеи ноҳияи Деваштич ба масъулин супориш шуда буд.

Бино ба иттилои масъулин оғози корҳои сохтмонӣ аз аввали баҳори соли 2017 барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва баландошёна бо якчанд ширкатҳо, аз ҷумла чинӣ бояд ба роҳ монда мешуд. Дар давраи баъди ситод шаҳрвандон дар 4 қитъаи замин корҳои сохтмониро оғоз намуда, супоришҳои додашуда дар марҳалаи иҷро қарор дорад.

Аз тасвиби қарор 2 солу 3 моҳ гузашт. Яъне, 9 моҳи дигар монд, ки корҳои сохтмонӣ амалӣ гарданд. Оё дар ин муддат нақшаҳо амалӣ мешуда бошанд?

Гулҷаҳон Маҳкамова,
Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее