03 April 2018

Дӯстии мо азалӣ мемонад!

Рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Панҷакент гурӯҳи калони меҳмонон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Мӯнис Восиев ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо ҷойҳои таърихии ин сарзамин шинос шуданд. Таассуроти хешро бархе аз онҳо чунин баён доштанд:

Ҳасан Норбеков, раиси Хазинаи ҷамъиятии “Нурой”-и шаҳри Самарқанд:

- Пеш аз ҳама, мехоҳам сипоси худ ва ҳамроҳонамро ба кулли мардуми сарбаланди ҷумҳурии ба мо ҳамсояву дӯсти Тоҷикистон дар симои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам, ки дар ҳамҷоягӣ бо Президенти муҳтарами мо Шавкат Мирзиёев орзуву омоли чандинсолаи ду халқи ба ҳам бародару дӯстро амалӣ намуданд. Мо боз ба дидори якдигар расидем, ки ин хизмати бузурги ду Сарвари давлат дар назди таърих аст. Бинобар ин ҳам мо баробари Президенти худ Шавкат Мирзиёев, Президенти Шумо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ дӯст доштем.

Баҳодури Убайдуллоҳ, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд”: - Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбек шоха ва баргҳои як дарахти азиманд, ки решаи ин чинори азим аз умқи таърих сарчашма мегирад. Мо аз ин сафари худ басо шоду мамнун ҳастем ва таассуроти нек бардоштем, ки зодгоҳи Одамушшуаро Рӯдакии бузургвор - Панҷакенти бостон ва зодбуми шоири классики тоҷик Шайх Камол - шаҳри қадима, вале ҳамешаҷавони Хуҷандро дидан насибамон гардид. Ободиву сарсабзии се шаҳри қадима - Панҷакенту Истаравшан ва Хуҷанд моро тасхир кард. Боздид аз Қасри фарҳанги Арбоб, толори он ва Осорхонаи Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик бароямон басо муассир буд. Ба чунин хулоса омадам: он биное, ки бо меҳнати ҳалоли аҳли заҳмат бунёд шудааст, то абад барои тинҷиву оромӣ ва хушбахтии мардум хизмат мекунад.

Мардон Мавлонов, ҳунарманди шоистаи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон:

- То он замоне, ки дарвозаҳо кушода буданд, мо ба Тоҷикистон бисёр рафтуомад доштем, хусусан, бо ноҳияҳои наздисарҳадӣ риштаи хешутабориамон мустаҳкам буд. Дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон бисёр ширкат меварзидем. Сурудхонии Ҳофизи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон Маъруфхоҷа Баҳодуров, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ва дигаронро бисёр дидаву шунида, лаззат мебурдем. Робитаи фарҳангиамон басо мустаҳкам буд. Амри тақдир будааст, ки як муддат дур аз ҳамдигар ва ҷудо кору зиндагӣ кардем. Шукр, сад шукри Парвардигор, ки бо инояти ду шахсияти бузургу азиз барои Тоҷикистону Ӯзбекистон робитаҳои дӯстиву бародариамон аз нав эҳё шуд.

Хосият Бобомуродова, шоира,Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон:

- Таи 27 сол мо ҷисман аз ҳам ҷудо бошем ҳам, аммо рӯҳан ва бо қалбамон якҷо будем. Президенти ҷумҳурии мо муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев барҳақ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ изҳор доштанд: «сарҳадҳо баста бошанд ҳам, аммо диламон ба ҳамдигар пайванд буд».

Аз ин пас, ҳар як шаҳрванди ду кишварро зарур аст, ки дӯстиву рафоқати азалӣ ва таҳкимгирифтаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Нагузорем, ки заррае ҳам коста гардад. Бо истифода аз фурсат барои меҳмондории олӣ, иззату икром ба мардуми тоҷик ташаккур мегӯям. Бигзор дӯстиамон ҳеҷ гоҳ рӯи газандро набинад. Марҳабо ба Самарқанди бостон! Мо интизори Шумо, бародарони тоҷикистонӣ!

Абдуғафур АМИНОВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Терроризм бо таълимоти ислом мухолифат дорад

«Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёр мушкилоти фаромиллӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили мубрам ва актуалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба яке аз мавзуъҳои доғ мубаддал шудааст, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо дар ин бора иттилоъ мегирем.

Шояд имрӯз давлате вуҷуд надошта бошад, ки онро хатари терроризм таҳдид накунад. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри ХХI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардаанд.

Аммо калимаҳои ба ин монанди радикализм (тундгароӣ), фанатизм (таассубгароӣ), фундаментализм (бунёдгароӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) ба маъноҳои зайл омадаанд:

Мафҳуми «радикализм» маънои амали канорагириро дорад. Дар китоби «Донишномаи сиёсӣ» таърифи он чунин оварда шудааст: “Радикализм фаъолияти сиёсии гуруҳ, ҳизби сиёсӣ буда, нисбат ба ҳалли ислоҳот ва тағйироти демократӣ амали устувор дошта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аъзо мубориза мебарад”.

Имрӯзҳо аксари мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш амалҳои ифротӣ ва террористиро танҳо ба мусулмонҳо нисбат медиҳанд ва ифротгароёнро мусулмон медонанду гумон мекунанд, ки ифрот зодаи Ислом аст.

Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дастуроти воқеии на дини яҳудӣ, на масеҳӣ ва на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад.

Худованд дар ояи 13-и сураи Ҳуҷурот мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо гардонидем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст”.

Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат изҳор доштанд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он, ки ифроти сӯйистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд. Қуръони карим ҳам уммати Исломро уммати васат (миёна) номидааст: «Ва ҳамчунин, шуморо уммати васат сохтем, то ба мардум гувоҳ бошед...» (Сураи «Бақара», ояти 143).

Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад. Балки бо таълимоти дини мубини Ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, мухолифат дорад. Худованди бузург ба Паёмбараш (с) хитоб намуда мефармояд: «Ва мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён» (Сураи “Анбиё”, ояти 107).

Паёмбар (с) вақте ҳазрати Алӣ (р)-ро барои фатҳи Хайбар амр намуданд, гуфтанд: “Аввал, онҳоро ба накӯӣ даъват кунед, пирон, занон ва кӯдаконро накушед, ҳар касе, ки дар маъбади худ ибодат мекунад (чӣ маҷусӣ, чӣ масеҳӣ, чӣ яҳудӣ), накушед, ҳар кӣ дар мазрааш кор мекунад, ӯро ҳам накушед, хонаву дар ва замини полезро вайрону поймол насозед, дарахтонро набуред! Танҳо нафароне, ки сӯи Шумо силоҳ мекашанд, бо онҳо муқотала кунед”.

Акнун рафтори ДИИШ-ро бо сухани Паёмбар (с) муқоиса мекунем, ки онҳо на ба пир раҳм доранд, на нисбати кӯдакон шафқат доранд, мардуми бегуноҳро сар мебуранд ва бераҳмона ба занҳо дасти таҷовуз дароз мекунанд ва ғайра. Ҳол он ки, дар таълимоти исломӣ ҳатто куштан ва озор додани ҳайвонот ҷоиз нест.

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Зане гурбаеро ҳабс намуда, таом надод ва нагузошт, ки аз ҳашароти замин бихӯрад, аз ин сабаб дохили дӯзах шуд» (Ривояти Бухорӣ, 3318 ва Муслим, 2242 аз Ибни Умар (р)).

Пас, худ хулоса бароред, ки ҳоли ононе, ки мусулмононро озор медиҳанду мекушанд ва ба молу мулк ва аҳлу аёлашон дасти таҷовуз дароз мекунанд, чӣ мешавад?

Худованд дар Қуръони карим, сураи “Нисо”, ояти 93 мефармояд: “Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”.

Дар ин оят 5 таъкиди ҷиддӣ аст, ки дар ягон гуноҳи кабираи дигар Худованд чунин масъаларо сахт таъкид накардааст:

1. Ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст.

2. Дар дӯзах ҷовид бошад.

3. Худо бар ӯ хашм гирифтааст.

4. Худо ӯро лаънат кардааст.

5. Азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.

Воқеан, ин таъкидот аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Ин на ривоят аст ва на ҳадис, ки саҳеҳиву заифиашро биҷӯем. Ин Каломи Худо аст ва ҷои баҳс надорад. Аз ин сухани боризу равшантаре нест, ки як нафар муъмин ё имондорро қатл кардан чӣ гуна оқибати вазнин дорад. То дараҷае, ки Худованд ӯро лаънат мекунад ва азоби бузурге барои қотил омода месозад.

Искандаршо УМАРОВ,
муовини ректор оид ба тарбияи ДИТ
ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)
faқaj.tj

Читать далее

Истаравшан: Осорхонаи кушоди таърихӣ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 муайян гардида, ҳамзамон ба масъалаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода шудааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо таърихи ғании минтақаҳояш халқи аз азал меҳнатқарину созанда, бунёдкор, ҳунармандон ва мавзеъҳои тамошобоби истироҳатию фароғатиаш дар арсаи ҷаҳон ифтихор карда метавонад.

Яке аз чунин шаҳри қадима Истаравшани бостонӣ мебошад, ки онро «Осорхонаи кушоди таърихии Тоҷикистон» номем, хато намешавад. Истаравшан кишвари ғаллаҳои таърифии обӣ ва лалмӣ буда, қисми молии онҳо дар ӯротеппа ҷамъ шуда, аз он ҷо ба ноҳияҳои атрофи вилоятҳои ҳамсоя тақсим карда мешудааст.

Калимаи «теппа» маънии тал, пушта, кӯҳи паст, тӯдаи баландии хок ва регро дорад.

Дар топографияи таърихии ӯротеппа маҳз қисми теппаи он аҳамияти фавқуллода ва мақоми мудофиавию хоҷагӣ дошт. қатори ҳисорҳо ва хандақҳои мудофиавӣ аз нишебии теппаҳои шаҳриён мисли амфитеатр (тамошогоҳи болокушоди нишастгоҳаш гирда) зинамонанд аз соҳилҳои рӯди Сойи Калон то ҷониби теппаҳои Талу Муғ, ҷой гирифта буданд.

Теппаи ҷониби Fарб - Тал ва теппаи тарафи Шарқ - Муғ ном дошта, мувофиқи тадқиқоти бостоншиносон «Теппаи Муғ» маънии «Баландии марди рӯҳонии (коҳини) Зардуштиён (оташпарастон)»-ро дорад.

Одатан маъбади зардуштӣ-оташгоҳ ё худ оташкада дар болои теппа сохта мешудааст ва муғҳо ибодати тӯлонии худро дар болои он иҷро менамуданд.

Дар давоми 1500 сол (аз асри VI-и то милод то асри Х-и баъди милод) теппаи ҷониби шимолу шарқии ӯротеппа қароргоҳи муғон, ҷойи ибодатгоҳи зардуштиён буд.

 Бинобар он, мавзеи мазкур то ба имрӯз бо номи «Теппаи Муғ» машҳур аст ва бисёр хурсандиовар аст, ки бо иқдоми неки роҳбарияти имрӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан алҳол дар ин минтақа корҳои азими ободонию созандагӣ оғоз гардида, сохтмони «Амфитеатр»-и замонавӣ ва растаҳои ҳунармандӣ идома дорад, ки аз татбиқи бомароми дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии осорҳои таърихӣ ва ба сайёҳони дохилию хориҷӣ бо далелҳои асоснок муаррифӣ кардани таърихи куҳанбунёди давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Тибқи маълумоти мавҷуда шаҳри ӯротеппа дар асарҳои бостоншиносон бо номҳои Курушкадаю Киропол низ зикр гардида, ҳангоми таҷлили ҷашни 2500-солагии шаҳр (10 ноябри соли 2000) номи таърихии он – Истаравшан аз нав барқарор карда шуд.

Тадқиқотҳои илмии бостоншиносон ва дигар олимони бузурги сатҳи байналмилалии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, алалхусус, дар нимаи дуюми асри ХХ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Истаравшан дар тӯли мавҷудияти хеш дар арсаи ҷаҳонӣ бо таърихи куҳанбунёд, доираи васеи шоирону адибон, косибону ҳунармандони гулдаст, сокинони ҷасуру меҳнатқарин ва инсонҳои фозилу ободкораш маълуму машҳур буд ва ба арсаи сиёсату давлатдорӣ бисёр чеҳраҳои шинохтаро тарбия намудааст.

Доир ба таърихи гузарҳои Истаравшан китоби хеле пурмазмуни олими зиндаёд академик Аҳрор Мухторов таҳия шудааст, ки дар он номгузории маҳаллаҳои ин шаҳри бостонӣ бо касбу кори сокинонаш вобастагӣ дошта ва бисёр далелҳои раднопазир оиди саҳми мардуми Истаравшан дар бунёди осорҳои таърихӣ, рушди ҳунарҳои мардумию арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон баён гардидааст.

 Яке аз гузарҳои марказии шаҳр Намозигоҳ ном дошта, он маънои идгоҳи шаҳрро дорад, яъне намози идҳои саиди Фитр ва Қурбон танҳо дар масҷиди «Ҳазрати Шоҳ»-и ин минтақаи шаҳр хонда шуда, таҷлили ин идҳо дар ҳудуди ҳамин маҳалла мегузаштааст.

 Истаравшан аз қадимулайём маркази илму адаб ба ҳисоб мерафт.

Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле хуб мебуд, агар осори таърихии Истаравшан ва ҳунарҳои мардумии он ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ карда шуда, дар оянда ин минтақаи Тоҷикистони азизи мо низ ба маркази сайёҳии мамлакат табдил ёбад.

Ҷоизи зикр аст, ки алҳол бо ибтикору дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода китоби «Энсиклопедияи Истаравшан» таҳия гардида истодааст ва боварӣ дорем, ки он боз як асари бузург доир ба муаррифии таърихи ин шаҳри куҳанбунёд, ҳунарҳои аҷдодии он ва фарзандони барӯманди ин диёр гардида, роҳнамои меҳмонони дохилию хориҷии давлати мо баҳри дақиқтар шинос шудан ба мавзеъҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ хоҳад шуд.

Рушди босуботи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллию умумидавлатӣ ва дар ин асос тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва ҳалли муаммоҳои дигари иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватанпарвар ҷиҳати сари вақт амалигардонии талаботҳои дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат (аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ) бояд саҳмгузор бошад.

 Карамулло ОДИЛОВ,
 Корманди шоистаи Тоҷикистон

Читать далее

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Рӯзи 2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд.

Читать далее