02 April 2018

Мақсад: Омода намудани кадрҳои баландихтисос

Бо ибтикори Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, Хазинаи «Институти таҳқиқотии Евроосиёӣ», Хазинаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии «Дӯстию ҳамкории Евроосиё» ва Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд 27-уми март бо иштироки устодону донишҷӯёни мактабҳои олии маркази вилоят, кормандони дигар сохторҳо, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори умум чорабинӣ дар мавзӯи «Ҷои кори дилхоҳ: омилҳои ноил гардидан ба мақсад» баргузор гардид.

Дар кори он Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд В.Бондаренко ширкат ва суханронӣ намуд.

Намояндаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Даря Чиҷова ҳадафи ҷамъомадро омода намудани мутахассисон баҳри фаъолият дар ширкату муассисаҳои замонавӣ маънидод кард.

Намояндаи Ширкати калонтарини Тоҷикистон – «ТсеII»- «Индиго Сомонком» Сӯҳроб Шарифов изҳор дошт, имрӯз муштариёни ширкат беш аз 3 миллионро ташкил медиҳад ва табиист, ки масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ аз масоили умдаи ширкат аст.

Таҳлилгар аз шаҳри Москва Евгений Колбей ба донишҷӯёну ҷавонон дар бораи тарзу намудҳои ба тариқи муъҷаз, дақиқ ва нишонрас тайёр кардани резюме ва худмуаррифӣ, ки барои ба кор қабул гардидан дар ширкату муассисаҳои замонавӣ имкон фароҳам меорад, маълумот дод.

Доир шудани чунин тадбиру чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонон-неруи ояндасози ҷомеа дар ин марҳалаи пешрафти босуръати технологӣ мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намоянд.

 Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Наврӯз ва об рукни ҳаётанд!

Ҷомеаи меҳнатии КВД «Хуҷанд-обуканал» рӯзҳои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилоят дар иншооти обрасонии №7 чорабинии идонаи наврӯзӣ доир намуданд.

Ба ин муносибат деги суманак дар ҷӯш шуду дастархони наврӯзӣ боз гардид. Дар оғози тадбир аз тарафи роҳбарияти коргоҳ якчанд нафар коргарону мутахассисони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

- Иштироки фаъолонаи коргарон ва мутахассисон, тамошои саҳначаҳои мухталиф табъамонро басо болида сохт. Хоса, ки ин чорабинӣ дар рӯзҳои ташрифи Пешвои миллат ба шаҳрамон баргузор шуд, боиси рӯҳбаландии кормандон гардид, - гуфт мутахассиси коргоҳ Бароатхон Мирмуллоева.

Сардори муассиса Абдуносир Қодиров зимни суҳбат иброз дошт, ки мо аз пазируфта шудани ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷаҳониён басо шоду мамнунем. Воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин чорумин ташаббуси Сарвари давлатамон аст, ки марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ҷонибдорӣ мешавад ва ин ҳама далели боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Оғози даҳсолаи навбатӣ моро водор месозад, ки фаъолиятамонро дар самти боз ҳам беҳтару хубтар таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тақвият бахшем.

Бозиву озмунҳои гуногун, аз қабили «Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ», «Дастархони наврӯзӣ», саҳначаҳои мухталиф ва базми шеъру суруд ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.

А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷавонон аз роҳи ифротӣ дур бошанд!

Имрӯз тавассути сиёсати оқилона ва сулҳдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз аз рӯзу сол аз сол рӯ ба рушд оварда, дар арсаи олам мавқеъ ва нуфузи худро пайдо кардааст.

Хушоянд, ки имсол ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯ

Ҷавонон аз роҳи ифротӣ дур бошанд!

збекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду халқи аз қадим ба ҳамдигар дӯсту бародар, ҳамдину ҳаммаслак - тоҷику ӯзбек аз нав барқарор шуданд.

Имрӯз байни ин ду давлат ҳамаи саддҳо бардошта шуда, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ва рафтуои мардум ба роҳ монда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, натанҳо халқи ду кишварро балки мардуми сулҳдӯсту сулҳхоҳи сайёраро ҳам шоду мамнун кард.

Дар ин радиф, ҳамкориҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба як марҳалаи нав расид.

Ҳамаи ин пешрафтҳо бори дигар моро ба шукрона кардан ҳидоят мекунанд.

Аммо, мутаассифона, ба ҳамаи ин пешравиҳо ҳастанд нафарони носипосе, нобихраде, ватангумкардае, ки ношукрӣ мекунанд.

Ба роҳи хато мераванд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои ифротӣ, террористӣ-экстремистӣ шомил мешаванд ва дар охир хиёнат ба Ватан-Модар мекунанд. Ин гуна ҳолат бештар дар байни ҷавонон рӯй медиҳад, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, дониши мукаммал ва касбу кори мушаххасе надоранд.

Пас чӣ бояд кард, ки ҷавононро аз роҳи нодуруст баргардонем? Аз ҳама пештар, ҳар падару модар аз ҳоли фарзанди аз назар дураш, ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштааш беэътиборӣ ва ғофилӣ накунад. Ҳамеша ҳушдор диҳад, ки ба ягон равияи ифротӣ ва шахси ношинос риштаи дӯстӣ напайвандад, барои пули бедардимиён худро ба доми онҳо наафканад, роҳи нодурустро интихоб накунад.

Агар мо дастаҷамъона бобати пешгирӣ кардани фарзандонамон аз амалҳои номатлуб кӯшиш намоем, ҳеҷ вақт фарзанд қадам сӯйи хиёнат ба Ватан, ба модари худ намегузорад.

Ба зиндагии ободу шукуфо, пурсаодату хуррам, тинҷу осуда, фаровону пурфайз ҳар даму ҳар лаҳза шукрона бояд кард!

Раъно СОЛИЕВА,
нотариуси давлатии идораи нотариалии
ноҳияи Спитамен

Читать далее

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мамнуъгоҳи “Хуталон” дар ноҳияи Данғара

1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Хуталон” бо вазъи ин мамнуъгоҳ шинос шуданд.

Масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи “Хуталон” 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уреал-гусфанди куҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбад.

Читать далее

Ифтитоҳи Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми “ИКАО” - Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст.

Читать далее