March 2018

30 March 2018

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд

30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи "Амури сафед"-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.

Читать далее

БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ

Дар олами муосир дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишварҳо метавонад, муносибати байни давлатҳоро ба пояи нав барорад.

Инро дар мисоли фаъолияти пурсамари Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон дид. Пешвои муаззами миллати мо дар Маккаву Мадина ва чандин анҷуману конференсияҳои байналмилалӣ аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, онро ҳимоят намуданд, ки боиси масъулиятшиносии ҳарчи бештари ходимон ва масъулони дин гардидааст.

Иттиходияҳои динии кишвар бештар дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки он дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди пайдо шудани аломатҳои ихтилофӣ бояд чораҷўӣ намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Қуръону ҳадис ва мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба дигарон намунаи ибрат бошанд.

Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вуҷудомада ва иллатҳои он мавриди омўзиш ва натиҷагирӣ қарор дорад. Зеро  аз таълимоти аҳкоми шариат ва илми фиқх дур будани ҷавонон ва ворид шудани китобҳои нав, ки бемазҳабӣ ё мазҳаби ғайриҳанафиро талқин мекунанд, боиси ба вуҷуд омадани ақидаҳои ботил мегарданд. Ба хамагон маълум аст, ки имруз хар як имоми масчид  музди мехнати худро мегирад. Ин нишон аз ғамхориҳои давлати имруза мебошад. Бояд муллоҳои муҳтарами мо зиракии сиёсии худро аз даст надиханд. Нагузоранд, ки акидахои носолим миёни ҷомеаи солим ворид гарданд. Ношукрии ин миллати куҳанбунёд нанамоянд ва мардумро дар руҳияи маҳзаби ҳанафия тарбия намоянд.

Хулоса, ба он нафароне, ки аз беруна истода даъвои Ватану ватандорӣ мекунанд мегўем: агар Шумо ватандӯсту озодандешед, марҳамат, сангари ватандорию озодандешӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузоред. Аммо афсус, ки Шумо ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надоред ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории Кабирӣ ва муздури манфиатҳои хоҷагони хориҷии ӯ шудед. Ҷои таассуф аст, ки ному симои Шумо ҳамчун душманони озодандешӣ, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд.

Санавваров Ғ.Б.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

МАВҚЕИ ТЭТ ҲНИТ БАР ЗИДДИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТӢ

Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Дар сари он ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни ғафлатзадааш меистад.

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносӣ аст. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат дар таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Ин аст, ки пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баромад менамоянд. Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тавсиб расид.

Мо аҳли ҷамоатчигии кишвар аз ТЭТ ҲНИТ, ҳамчоя талаб дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халқ ва дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштани шаҳрвандони худ, равона карда истодааст халал ворид насозанд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохти иҷтимоӣ ва сиёсиро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол ва низову зиддият ба ҳеҷ кас лозим нест. Аз ин сабаб ба кулли аъзоёну ҷонибдороне, ки  ин ҳизбро дастгирӣ мекунанд, аввал аз ёди мардум кунед, то ба коре даст бизанед!

Манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳии худ боло нагузоранд. Баҳри ободии ин давлат ва ин миллат камари ҳиммат бубанданд.

Мирсаидов С.А.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

РАФТОРУ ГУФТОРИ ТЭТ ҲНИТ ИФРОТГАРОИСТ!

Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам.

Аммо солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд. Ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат таҳдид менамояд.

Аъзоёни ҲНИТ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористь дошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардааст.

Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок  нишон додаанд.

Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Аъзоёни ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барнагехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Хайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш  аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар  ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурўҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 адад силоҳи оташфишони АК тамғаҳои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро тасарруф намудаанд.

Минбаъд, Назарзода А.М. ва дигар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати  иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд.

Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари  дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардоштанд.

Мақсади асосии ТЭТ ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат буд.

Пешвоён ва аъзоёни наҳзат аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.

Мамадов С.В. 
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ИФРОТГАРОИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Чуноне, ки иттилоъ дорем аз ВАО дар аксари давлатҳои пешқадами ҷаҳон таркишҳои мудҳиши террористӣ ва ифротгароӣ ба амал омада истодааст. Амали гурӯҳҳои ваҳшиёнаи зиддиинсоние, ки ба ном “Давлати исломӣ” баромад мекунанд,  ба амнияту тинҷии мардуми ҷаҳон халал ворид месозанд.

Ба инсони оқил зарурати кунҷковие нест, ки ин ё он фарди ҷомеа пайрави кадом дин аст. Дар кадом дине, ки набошад, кадом миллат ё нажоде набошад, бояд муносибатҳои инсонгарориро дар мадди аввал гузорад. Аъзоёни дигари ҷомеаро эҳтиром намуда, ҳуқуқи озодиҳои онҳоро боло гузорад.

Ягон дине дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зӯроварию ваҳшоният, гаровгонгирию одамкушӣ даъват намояд. Вазифаи ҳар як дин  мардумро ба тиниҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ намудан аст. Дини пок пайравони худро ба дӯстию рафоқат, меҳру меҳаббат далолат намуда, онҳоро аз амалҳои бади инсонӣ боз медоранд.

Мо, дар кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери парчами дурахшони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем. Хушбахтона, имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрвандон нисбат ба дину мазҳаб ва озодии виҷдон ягон монеа вуҷуд надорад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми ватанамон мебошад. Баъди соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон, муносибат ба дин ранги дигарро гирифт. Дар сар то сари ҷумҳурӣ дари масҷиду мадрасаҳо боз гардида, сафари ҳамватанонамон ба зиёрати хонаи Худо оғоз ёфт. Дини мубини Ислом чун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост мебошад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҲНИТ ба ин имконияту шароитҳои мавҷуда нигоҳ накарда худро ҳомии дину мазҳаб метарошид. Лек мақсади онҳо дигар буд.

Мо, бар зидди фаъолияти ташкилотҳои динӣ нестем.

Аммо пўшида нест, ки мақсади асосии ҳизб - ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ аст. Пас, ҳадафи асосии ТЭТ ҲНИТ низ  ташкили «Давлати исломӣ» аст, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, маҳз дар давлатҳои динӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Куввайт, Ливия, Уммон, Эрон, Ватикан ва ғайраҳо ташкили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки характери сиёсӣ дорад, қонунан манъ аст. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки худи дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад.

Пас чаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Наҳзати ислом ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Магар ин бар зидди арзишҳои исломӣ нест? Барои чи дар сурати доштани имконият кўшиши тағйири номи худро накарданд?

Шояд агар аз номи поки ислом баромад накунанд, касе андешаҳои носолими онҳоро ҳатто гўш ҳам намекард. Чаро аъзоёни он байни ҷавонон андешаҳои ҳақиқии исломро тарғиб наменамоянду мафкураи ифротии хешро ташвиқ менамоянд. Ин саволҳо беҷавоб боқӣ монданд. Роҳбарону пешвоёни ТЭТ ҲНИТ ба ин суолҳо посухи мушаххас намедоданд ва аз ҷавоби рӯи рост мегурехтанд.

Хушбахтона фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ манъ гардид. Аз ин лиҳоз мо аҳли ҷомеа бояд, ҷавонони замони истиқлолиятро ба сулҳу дӯстӣ, бародариву баробарӣ тарғибу ташвиқ намоем. Ватани азизамонро боз ҳам зеботару гул – гул шукуфон намоем.

Мирсаидов С.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ҶИНОЯТҲОИ ВАҲШИЁНАИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Муқоисаи фаъолияти аъзои ДИИШ ва Ҳизби наҳзати ислом, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба акли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа рух дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро, дар ҳайрат гузошта буд. Баъд аз интиҳои намози ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзоҳои ин ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми ҳозиршуда дар намози ҷумъа ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадафи анҷом додани чунин як амали террористӣ ба даст овардани нуфузи имомхатибӣ дар дохили ҳарду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99 дар сади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзои ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум паҳн намоянд.

Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали ҲНИТ ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда дар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҳизб пайдо гардидааст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуаян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасид. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.

Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов, яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии ҳизб ба шумор меравад. Ӯ ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард.

Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби назҳат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори «Ҷиҳоди дар роҳи Худо» бар зидди ҳукуматхои «кофир» дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои «Баҳори араб» низ истифода бурданд.

Дар аввал, шумораи зиёди аъзои наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра ва Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин «подоши некӣ»-и гурӯҳи Толибон маҳсуб мегардид, ки кӯмакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзат тақдим намуда буд. Дар он вақт шахсе ба номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби наҳзат пеш мебурд. 

Хулоса байни ду гурӯҳи террористӣ – Наҳзат ва ДИИШ – дар робита ба кӯмакҳои логистикӣ ва тайёркунонии кадрӣ ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзои ҲНИТ дар сафи ташкилоти террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Гурӯҳи дигари онҳо таҳти парчами «Чабҳат-ун Нусра», «Лашкари озоди Сурия», ва «Ҳаракати ислоии Ӯзбекистон» ҷангида истодаанд.

Мирзоева Д.Д.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ҲНИТ – ҲАМСАФ ВА ҲАММАСЛАКИ ДИИШ

Мувофиқи гузориши хабарнигори «Ховар», ТЭТ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор  додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби ҲНИТ ташкил ёфтааст.  

Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70- уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои Шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар Аврупо қарор доранд, эмин намонданд.

Навъи дигари аъзои назҳатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро “ҷанговари наҳзат” ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷиноятгор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад.

Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар ҲНИТ буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари нахзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд.

Асоси ақидаи ДИИШ ва ҲНИТ ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби «Маолим ала Тариқ» ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои Ҷамоати муслимин, Такфир, Ҳиҷра ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма нерӯи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани «Давлати исломӣ» буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол ин ки дини Ислом аз ин корҳо пок аст. Рафтори ДИИШ дар минтақаҳое, ки зери нуфузи онҳо Сурия, Ироқ ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисоле барои кирдори онҳо мебошад.

Мирзоева Д.Д.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ХОИНОНАНД ҲНИТ-ЧИЁН!

Соли 1991 ҲНИТ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рӯи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода, боиси марги чанд тан бегуноҳон гардиданд. Аммо, нақшаҳои тарҳрезинамудаи онҳо амалӣ нагардид. Ҳама барбод рафт.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад».

Дар ҳақиқат, имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.

Аммо саркардагону масъулини онҳо ҳанӯз ҳам шиори «охирин умеди ин умедворон зинда бод»-ро сармашқи кори худ қарор дода, дар хориҷи кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба онҳо барои идома додани фаъолият иҷозат диҳанд. Гузашта аз ин, онҳо аз минбарҳои сомонаҳои гуногуни олам садо баланд, мекунанд, ки дар ҳаққи аъзои ин ҳизби мамнӯъ дар кишвар, ки бо ҷурми гуноҳҳои кардаашон пушти панҷара нишастаанд, ҷабру ситам мекунанд. Ба андешаи онҳо имрӯз низоми демократӣ дар кишвар пас аз манъ намудани ҲНИТ тамоман аз байн рафтааст. Гӯё вуҷуд доштани ҳизби онҳо ҳуқуқу манофеи шаҳрвандонро ҳимоя мекард. Аммо, ба назари банда ва шояд ин фикри чандин ҳазор низ бошад, аз вуҷуд доштани ҲНИТ ва фаъолияти «пурсамари» онҳо касе дар кишвар огоҳии комил надошт.  Будани ҳизб танҳо дар арафаҳои интихоботӣ маълум мешуду бечора ҳизбиён ба хотири ба курсии вакили нишастани ду ё се намояндаҳои худ дурӯғу рост ваъдаҳои болохонадор медоданд.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бештари мардум гумон дошт, ки онҳо гуноҳҳои содирнамудаи худро дарк намудаву аз ин ба баъд дар паи ободии вайроннамудаи худ мебошанд. Вале, тавре ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 нишон дод, наҳзатиҳо ҳаргиз оромиву осудагӣ надоштанд. Доимо талош менамуданд, ки бо ҳар роҳу восита ҳокимиятро ба даст оранд. Дар аввал талош намуданд, ки бо роҳи қонунӣ  соҳиби ҳокимият шаванд. Вале, чун ақидаҳои иртиҷоиро ҷонибдорӣ мекарданд, эътимоди мардумро натавонистанд ба даст оранд.

Пас аз хиёнатҳои содиркардаашон дар моҳи сентябри соли 2015 ва аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар созмони террористиву экстремистӣ  эълон намуд,  баъзе аз тарафдорони ин созмони террористӣ барои ҷавоб нагуфтан ба кирдорҳои содиркардаашон дар назди қонун аз кишвар фирор намуда, ғарибиро ҷои зисти худ қарор доданд. Онҳо чун пештара  бо маслиҳату машварати хоҷагони хориҷияшон талош намуда истодаанд, ки ин ҳизби террористӣ аз сари нав фаъолияташро қонунӣ гардонад.

Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин Анҷуман на озодандешон ҳастанд, балки хоинону ватанфурушон ҳастанд. Ин як бозии хом аст. Бо таъсиси ин гурӯҳ онҳо боз ягон нақшаи пуч доранд. Онро хоинону ватанфурушон таъсис додаанд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Инчунин онҳо сомонаи ozodandishon.org ки бо хабарҳои ивғоангезонаи худро паҳн мекунанд, фаъол гардид. Мо зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд.

Каримов А.А. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Ба ояндаи фарзандонамон беэътино набошем

Ба зиндагии ободу шукуфо, пурсаодату хуррам, тинҷу осуда, фаровону пурфайз, ҳар даму ҳар лаҳза шукрона бояд кард.

Имрӯз тавассути сиёсати оқилона ва сулҳдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз ба рӯзу сол ба сол рӯ ба рушд оварда, дар арсаи олам мавқеъ ва нуфузи худро пайдо кардааст. Хушоянд, ки имсол туфайли сиёсати ваҳдатсаро ва    ҳамсоянавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду халқи аз қадим ба ҳамдигар дӯсту бародар, ҳамдину ҳаммаслак тоҷику ӯзбек аз нав барқарор шуданд.

Имрӯз байни ин ду давлат ҳамаи садҳо бардошта шуда, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ва рафтуои мардум ба роҳ монда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, натанҳо халқи ду кишварро, балки мардуми сулҳдӯсту сулҳхоҳи сайёраро ҳам шоду мамнун кард. Дар ин радиф, ҳамкориҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба як марҳалаи нав расид, ки ин ҳам аз ояндаи дурахшони ободию осудагӣ ва рушди иқтисодии халқҳои минтақа шаҳодат медиҳад.

Ҳамаи ин пешрафтҳо бори дигар моро ба шукрона кардан ҳидоят мекунанд.

Аммо, таассуф, ки ба ҳамаи ин пешравиҳо ҳастанд нафарони носипосе, нобихраде, ватангумкардае ношукрӣ мекунанд. Ба роҳи хато мераванд ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои ифротӣ, террористӣ-экстремистӣ шомил мешаванд ва дар охир хиёнат ба Ватану модар мекунанд. Ин гуна ҳолат бештар дар байни ҷавонон рӯй медиҳад, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, дониши мукаммал ва касбу кори мушаххасе надоранд. Онҳоро фиребидан хеле осон мебошад.

Пас чӣ бояд кард, ки ҷавононро аз роҳи нодуруст баргардонем? Аз ҳама пештар, ҳар падару модар аз ҳоли фарзанди аз назар дураш, таҳсил дар сарзамини бегонадоштааш ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааш беэътиборӣ ва ғофилӣ накунанд. Ҳамеша ҳушдор диҳанд, ки ба ягон равияи ифротӣ ва шахси ношинос риштаи дӯстӣ напайвандад, барои пули бедардимиён худро ба доми онҳо наафкананд, роҳи нодурустро интихоб накунад.

Агар мо дастаҷамъона дар пешгирӣ кардани фарзандонамон аз рафтан ба амали хато фаъолият ба роҳ монем, бовар дорам, ки ҳеҷ вақт фарзанди мо қадам сӯйи хиёнат ба Ватан, ба модари худ намегузорад.

Раъно СОЛИЕВА,
нотариуси далатии идораи
нотариалии ноҳияи Спитамен

Читать далее

Роҳҳои пешгирии ҳаракатҳои террористӣ он

Терроризм ва ҳаракатҳои террористӣ таърихи ниҳоят тӯлонӣ дорад. Ин воҷаи сиёси аз тарафи инқилобчиёни фаронсавӣ баҳри фишорорӣ тавассути тарсу ҳаросангези дар асри   XVI истифода шуда буд.

Имрӯз ин ҳаракати манфур дар зери ниқобӣ ғояҳои динӣ ба худ симои инсонбадбиниро гирифтааст, ки сарҳад надорад. Имрӯз идеологияи ғарб бештар давлатҳои исломиро чун манбаи ҳаракатҳои террористӣ бадном сохта истодаанд.

Вале ҷаҳониён хуб медонанд, ки дини ислом дини таҳаммулгароӣ инсондeстӣ аст. Ҳаракатҳои терористии хусусияти исломгароидошта дар асри XI  бо роҳбарии Ҳасани Саббоҳ  ба вуҷуд омадааст. Аз нимаи дуюми асри ХIХ ҳаракатҳои терористӣ дар Аврупо характери  доимӣ гирифт, ки ба он ҳаракати терористии ташкилоти “Озодии халқ”-Русия, ки ба марги шоҳ Александри 2 сабаб шуда буданд, мисол шуда метавонанд.

Ин гуна ҳаракатҳо дар Маркази Аврупо ва Амрико низ рӯз ба рӯз қувват гирифта бо кушторҳои собиқ  президентҳои  ИМА  Мак-Кинлӣ ва Гарфилд, президенти Фаронса Корно, Сарвазири Испания Кановас, шоҳи Италия Умберто аз мавҷудияти хеш дар минтақа шаҳодат медиҳад. Пас аз воқеаҳои 11-сентябри 2001 ҳаракатҳои террористӣ боз бештар хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо намуда, онҳо бо чунин методҳо амал менамоянд:

 1.Аз байн бардоштани  рақибони сиёсӣ

2. Нобуд намудани объектҳои хусусяти  стратегидошта

3.Фишорории психологӣ (рӯҳи-равонӣ)

4.Омезиши ғоявии гурӯҳҳои терористӣ

5.Истифодаи технологияи ҷадид баҳри террор

Ин гуна амалу кирдорҳои номатлуби хориҷ мафкураи бархе аз мардуми кутоҳандеши ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС-ро низ заҳролуд намуд, ки ба ин воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ  дар Тоҷикистон  мисол шуда метавонанд , ки боиси марги зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакат гашта буд.

Имрӯз хатари терроризми ҷаҳонӣ тамоми мардуми сулҳпарвари ҷаҳонро водор месозад, ки аз амалу рафтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ибрат гирифта баҳри пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм бо роҳи дастҷамъи, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз ин вабои аср раҳои бахшанд.

А.БОБОЕВ,
Ф.ТОАТОВ,
сармуаллимони кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Читать далее