09 February 2018

Таъйиноти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлатӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам», «дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ», дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Читать далее

Хиёнат ба Ватан - нобахшиданист

Дар ҷумҳурии мо ниқоби ҳизббозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ бо номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон паҳн гардид. Маҳз  ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд.

Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз кард, ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ оварда расонид.

Бо қарори Суди Олии мамлакат чанд сол қабл фаъолияти ҲНИТ манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ –экстромистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас аз эъломи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён нақзи Конститутсияи ҷумҳурӣ арзёбӣ намоянд.

Дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд, 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чӣ тавре ки мебинем, ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот намоянд. 

 Н.Азимова,
дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее

Изҳорот ба фаъолият ва иғвоҳои беасоси ташкилоти экстремистии ҲНИТ

Мо устодони кафедраи педагогикаи умумӣ амалҳои аъзоёни собиқ ҲНИТ, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноят дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, ва гунаҳкориашон исбот гардидааст, бояд ҷазои худро гиранд. Сар то сари кишвар барои самаранок гардидани тарбияи наврасон ва ҷавонон, ташаккули ҳисси зидди террористӣ ва зидди экстремистӣ дар машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ ва ҳангоми таҷрибаи омӯзгорӣ як қатор корҳои илмӣ - методӣ  ва фаҳмондадиҳӣ истифода бурда шавад.

Аз ҷумла тарбияи ғоявии насли наврас яке аз самтҳои асосии тарбияи сиёсии наврасон ва ҷавонон ба ҳисоб меравад. Амалҳои хиёнаткорона, ноҷавонмардона ва нобахшидании ҲНИТ аз ҷумла, ҷудоиандозӣ, фитнаву ғараз, таҳдиди рӯирост ва дар маҷмӯъ амалҳои террористӣ- экстремистӣ ҲНИТ ҳангоми тарбияи ғоявию сиёсӣ наврасону ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.

Дар раванди таҷрибаи омӯзгорӣ доир ба тарбияи ғоявии наврасон ва ҷавонон чорабиниҳои тарбиявӣ доир ба маҳкум намудани фаъолияти террористӣ – экстремистии ҲНИТ  ба нақша гирифта шуда, дар сатҳи баланди илмию методӣ гузаронида шавад.

Дар як вақт ҳангоми тарбияи ғоявии наврасон ва ҷавонон сиёсати хирадмандонаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳангоми тарбияи иқтисодӣ ва меҳнатии наврасон ва ҷавонон сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шавад  .

ҳангоми тарбияи байналмилалӣ ва ташккули ҳиссӣ инсондӯстӣ дар наврасон ва ҷавонон масъалаҳои марбут ба нооромию хунрезиҳо дар Сурия, Ироқ ва давлатҳои ҳамҷавори онҳо, ки террористон ба хок яксон намуданд ва мехоҳанд аз давлатҳои мусулмонӣ «давлати исломӣ» созанд ва ба истиқлолияти давлатҳои номбурда, ки сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии муътадил доштанд, рахна андохта, давлатҳои мусулмониро ба сатҳи нобуди расонанд инъикос ёбад.

Устодони кафедраи педагогикаи умумии
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Ба обу хоки ин Ватан шукрона бояд кард

Мо ҷавонони даврони Истиқлолият шукрона аз он мекунем, ки ҳам сол ва ҳам қадами истиқлолияти кишвари азизи худ ҳастем.

Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имруз соҳиби  давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва хоҳанд  буд, зеро аҷдодони мо тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифозат карда ба мо мерос гузоранд. Ин ҳама хизматҳои шоиста моро водор месозад, ки Ватанро аз ҳама гуна таҳдидҳои дохилию беруна эмин нигоҳ дошта ба наслҳои оянда мерос гузошта зиндагии хубе барояшон фароҳам оварем.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Тоҷикистони азизи мо дар ҷомеаи  ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва обрӯву нуфузи худро пайдо намуда, ягонагии моро муарифӣ намудааст, аз ин лиҳоз ҳар як фарди ҷомеаро мебояд шукронаи обу хоки ин ватани биҳиштосо намуда баҳри ободии ин марзи муқаддас камари ҳиммат бубандад. Вале имруз дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки ин оромию сулҳу суботи кишварро намехоҳанд, аз замони соҳиби истиқлолият гардидани  кишвар то имруз якчанд фоҷиаҳои хунине бархостанд, ки ҷони ҳазорҳо нафарро рабудаву ҳазорони дигарро бе хонаву дар карда аз Ватан фирорӣ намуда буд ва ин фитнагароии шахсоне буд, ки ба хоҷагони берунии худ бовар намуда, ба аслу насаби худ иснод меоваранд, вале боиси нигаронист, ки ашхоси баландпояи кишвар, аз ҷумла ҲНИТ бо ҳамдастӣ ба муовини вазири мудофиаи кишвар Ҳоҷиҳалим  Назарзода ва дигар шахсони касбу кори гуногун, ки то имруз ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҳамроҳ буданд бо мақсадҳои ғаразноки худ мардумро даъват намудаву сафи аъзоёни ҳизбро  зиёд намуда ва роҳбарии чанд ҷиноятҳоро бар уҳда доштанд, мехостанд сохти конститутсионии кишварро барҳам диҳанд ва Ватани азизамонро боз ба хоку хун оғушта намоянд.

Хушбахтона ин гурӯҳи терористӣ ба мақсадҳои нопоки худ нарасида аз ҷониби ниҳодҳои қудратии кишвар саркардагони гуруҳро нобуд сохтаву, қисмеро ба паси панҷара кашонду қисми дигарро фирорӣ аз Ватан намуд ва дар охир тақдири ҳизбро ҳамчун ҳизби терористӣ ва экстримистӣ эълон намуда фаъолияти ҳизбро барҳам заданд. Имрӯз дар саросари ҷаҳон гуруҳҳои зиёде ба ном давлати  исломӣ таъсис додашуданд, ки ҷавонони зиёдеро, ки дар ҷодаи зиндагӣ гумроҳзадаанду роҳи худро пайдо накарданд, аз гӯшаву канори дунё ба коми худ кашида барои ба даст овардани маблағи муфт ва ноором намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд. Аз он ҷумла, чанде аз ҷавонони мо, ки дар гирдоби фиреби ин гурӯҳҳо воридшудаву тарки ин кишвар карданд чанде кушта шуданду, дигарон аз пушаймонӣ роҳи бозгашт ба Ватан надоранд.

Аз ин лиҳоз ба ҷавонони ҳушёру далер ва мардуми кишвар гуфтаниям ҳамеша бар он кушем, ки Ватани азизамон ҳамеша гул-гул шукуфон бошад, ва ҳамеша тинҷию амонӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳукмфармо бошад.

Факултети санъати
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик БобоҷонҒафуров

Читать далее

Хатар ба амнияти ҷомеа

Яке аз давлатҳое, имрӯз ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломро пуштибонӣ мекунад, Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Маҳз ин кишвар ҲНИТ-ро дар тамоми давраи фаъолияташ маблағгузорӣ менамуд ва ҳоло ҳам аз ин ташкилоти террористӣ пуштибонӣ менамояд. Имрӯз фаъолияти терроистӣ зидди конрститутсионии ҲНИТ сад дар сад исбот шуда, далелҳои шайъй мавҷуданд. Чунончӣ ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, табаддулоти давлатӣ доштанд, мусодира гашт.

Магар ин гуна даъватҳо гувоҳи ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ нест? Аммо баъзе кишварҳои хориҷӣ аз он ҷумла, Эрон ин далелҳоро надида мегарданд.

Хушбахтона, имрӯз бисёр созмонҳои байналхалқӣ ташкилоти экстремистӣ-террористӣ будани ин ҳизбро эътироф намудаанд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай фаъолияти онро ҳамчун созмони террористӣ дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ намуд. Инчунин, Маркази зиддитерроистии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф намудааст.

М.Сайдуллоева,
муовини ректор оид корҳои тарбияи ДКМТ

Читать далее

Мардуми тоҷик фирефтаи дасисаҳо намешавад

Зери ниқоби дини мубини ислом амалҳои нангинро иҷро намудан нишони нокасист. Амалҳои нангини ифротгароёну экстремистон на ба қолаби мусулмонӣ рост меояду на инсонӣ. Қату куштор азобу шиканҷаи шахсони бегуноҳ гуноҳи кабира буда, аз нуқтаи назари шариати ислом маҳкум карда шудааст. Мувофиқи гуфти пайғамбари ислом Муҳаммад (с.с) мусулмони ҳақиқӣ, шахсест, ки дигарон аз забон ва дасти ӯ озор набинанд.

Ҳизби имрӯз мамнӯъгаштаи назҳати исломии Тоҷикистон баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт, - ғасби ҳокимият, сарнагун кардани констимтутсионӣ сохти давлатдоронӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлати тинҷу оромиро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтониданд. Дар натиҷа ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Авғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд.

Хушбахтона бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ барқарор гашт. Вале хоинони миллатӣ тоҷик имрӯз низ аз мақсадҳои худ даст накашидаанд. Вале халқи шарафманди тоҷик имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ мекунад, ба қадри дастовардҳои истиқлолият, Ваҳдати миллӣ мерасад ва онҳоро чун гавхаракаи чашм ҳифз менамояд.

С.Fаффоров,
устоди ДКМТ

Читать далее

Тафаккури худшиносии ҷавононро ташаккул диҳем

Таъсири ҳар гуна ақида, падидаҳо ва  хабару маълумоте, ки бо воситаҳои ахбори умум ҳоло паҳн шуда истодаанд, ба роҳу равиши зиндагӣ, тафаккури сиёсӣ, эҳсоси худогоҳӣ ва ҷаҳонбинӣ метавонад таъсири ҷиддӣ расонад. Бинобар ин, мутахассисони ҷавон  бояд ба  сатҳи замони муосир мувофиқ ва дар руҳияи масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шаванд, то дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти маънавии худро эҳсос намоянд. Аз ин рў, ҳангоми тайёр ва тарбия намудани мутахассисони ҷавон тарғибу ташвиқи арзишҳои  милливу  маънавӣ раванди ташаккули ҷомеаи  бофарҳангро  таҳким мебахшад.

Рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ муаммо ва масъалаҳои гуногунро   ба миён меорад, ки ҳалли самараноки онҳо  аз воқеан амалӣ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз  маърифат ва дониши ҳуқуқӣ ва аҳолӣ вобастааст. Аз ин рў, имрӯз дар  ҷомеа масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва заминаи муҳими пешрафт табдил ёфтааст.

Мутаасифона сатҳи маърифату дониши ҳуқуқии аҳолӣ беҳбудиро талаб мекунад. Аксарияти нафароне, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро бо таври кофӣ намедонанд, аз надонистани қонун даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо мезананд. Лекин, надонистани қонун  ягон шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 Бинобар ин, тарғибот ва  ташвиқот, ташаккули дониши ҳуқуқии аҳолӣ оид ба асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлат, ба ташаккули рўҳияи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, пешгирии экстремизм ва терроризм ва дигар масъалаҳои аҳамияти умумиҷамъиятидошта мусоидат мекунанд. Чунки ташаккули дониши ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рўҳияи эҳтиром ба қонун, оштинопазирӣ нисбати ҷиноят ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, экстремизм ва терроризм, ба маълумоти аҳолӣ расонидани иттилоот оид ба мазмуни санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон чораҳои хеле самараноканд. Муҳим он аст, ки дар гирдбоди  бархурди тамаддунҳо  ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо ҷавонони мо - ҳамчун нерўи асосии пешрафти ҷомеа фирефтаи арзишҳои  ба фарҳанги  миллии мо бегона нашуда, арзишҳои иҷтимоии миллӣ, фарҳанг, санъату адабиёт ва забон, илму маърифат, одоб, ахлоқу рафтор, таълиму тарбия ва дигар арзишҳои маънавиро таҳким бахшанд, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд. Ҷавонон бояд ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании ҳуқуқию маънавӣ будани ҳар шахс,  хусусан ҷавонон  қодир аст таъсири ҳар гуна зуҳуроти хавфнок ва таҳрибкориро пешгирӣ ва бартараф намояд.

А.Раҳматуллоев,
профессори Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее