08 February 2018

Соли равон тантанаҳои вилоятии Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент баргузор мешавад

Қарори навбатии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 6 феврали соли 2018, №30 “Дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз” ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур моҳи марти соли 2018 дар қаламрави вилоят ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад. Тантанаҳои вилоятии ин иди байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Панҷакент баргузор хоҳад шуд.

Дар асоси қарори мазкур ҳамзамон ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз иборат аз 26 банд тасдиқ гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмун таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврӯз тадбирҳо андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҷаласаи кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Рӯзи 7 феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Читать далее

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят

Нимаи дуюми рӯзи 7 феврал дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, се масъала мавриди муҳокима  қарор дода шуд. Дар оғози ҷаласа роҳбари вилоят қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд карда, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар гардида истодааст. Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи амну суботи ҷомеъа ба ҳисоб меравад.

Читать далее

Мушкилот дар хатсайри “Хуҷанд - Шаҳристон”

Оё он ҳалли мусбии худро меёбад?

Шукронаи онро дорем, ки ҷавонон ба хондану босавод шудан майлу рағбати беандоза доранд ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллат тайи чаҳор сол аст, ки дохилшавии довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шудааст.

Бинобар ин шумораи донишҷўён нисбат ба солҳои пешин афзудааст. Ба душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, аз навоҳиву рустои дурдаст баҳри таҳсили илм ба маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд меоянд.

Мутаассифона, ҳолате, ки имрўз дар нақлиётҳои мусофиркашон дида мешавад, қонеъкунанда ва ба талабот ҷавобгў нестанд. Бинобар ин, боиси нороҳатии донишҷўёну мусофирон мегардад. Нақлиёти мусофиркашоне, ки аз ноҳияи Шаҳристон ба шаҳри Хуҷанд меояд, ҳамагӣ 60 ҷойи нишаст дорад, вале беш аз 100 нафар мусофирро ҷо карда дар ҳолати тангу диққи нафасӣ мекашонад.

Донишҷўён наздик ду соат дар дохили нақлиёти мусофиркашон рост меистанд. Инчунин, занҳое ҳам рост меистанд, ки дар дасташон кўдак доранд.

Мувофиқи иттилои ронандагони хатсайри Шаҳристон - Хуҷанд дар ноҳия 8 нақлиёти мусофиркашон амал мекунанд ва дар як моҳ 300 сомонӣ андоз месупоранду танҳо 15 рўзи корӣ доранд. Ногуфта намонад, ки рўзҳои душанбе 4 микроавтобус ва як автобус мусофиронро дар ҳолати ногувор ба шаҳр оварда мерасонад, 4-тои боқимонда бошанд, ба кор намебароянд.

Ронандагони микроавтобусҳои Шаҳристон – Хуҷанд ва таксиҳо шикоят аз он доранд, ки ронандагони автобус намегузорад, ки мо низ фаъолият намуда, ризқи хешро пайдо намоем. Модоме ки ин гуна аст, пас куҷост баробариву баробарҳуқуқӣ?

Дар вохўриҳо бо раиси ноҳияву ҷамоатҳо донишҷўён таъкиди ин нуктаҳоро карданд ва пешниҳод ҳам намуданд, аммо аз чӣ сабаб бошад, садое нашунидем.

 Зарнигор МИРЗОРАҲИМОВА,
 донишҷўи шуъбаи
ҷурналистикаи Донишгоҳи
 давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Натоиҷи кор ва такомули чораҳои имконбахш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудаанд: «Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим мешаванд, ки ҷавобгўи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондўстӣ бошанд».

Мазмун, моҳият ва андешаҳои бунёдии ҳар банд ва ё ҳар маҷмўи соҳаҳои ҳаёти замони муосири мо, ки дар Паём зикр шудаанд ва вазифаҳоеро, ки Пешвои муаззами миллат дар назди роҳбарону аҳли ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои давлатӣ, сохторҳои мақомоти иҷроия ва ташкилоти марбута гузоштаанд, бояд барои иҷрои амалӣ ва рушди соҳаҳо чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Таъкидҳои Пешвои миллат барои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, хизматчиёни давлатӣ бобати аз байн бурдани ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва қонунвайронкунӣ боиси нигаронӣ буда, аз ҳар корманди ин мақоми низомӣ фаъолияти шаффоф ва дасту дили поку софро талаб менамояд.

Вобаста ба ин риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба миён гузошта шуд. Мегўянд, ки барои ба кор баҳо додан мизони қиёс кардан, факту далелҳо овардан хеле низоми мувофиқ аст. Пеш аз ҳама, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят нуктаҳо ва дастуру вазифагузориҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, сармашқи фаъолияти навбатии худ қарор додааст. Чунонки зикр шуд, аз муқоисаҳо самтҳои нави кор зуҳур мегарданд. Дар баробари ин таҳлилҳо ва тафсирҳо шаҳодат медиҳанд: соли гузашта Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят дар 147 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои қаламрави вилоят тафтиш ва санҷишҳои молиявӣ гузаронида, дар натиҷа ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ зарару камбудиҳои молиявиро ошкор кард. Аз рўи натиҷаи онҳо 110 маводи санҷишӣ ба маблағи зарари умумии беш аз 31 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ба воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Раёсат ва Прокуратураи вилоят ирсол гардиданд.

Дар рўзнома аз байн бурдани ҳолатҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта гузошта мешавад, зеро фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа инро талаб мекунад. Бо вуҷуди тадбирҳои андешида дар самти мубориза бо коррупсия давоми соли гузашта 485 ҷинояти ин равия ошкор карда шуданд. Аз ҷумла, содир шудани чунин ҷиноятҳо байни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маориф, нақлиёт нисбат ба ҳамин марҳалаи соли пешин афзудааст. Боиси таассуф ва нигаронии ҷиддӣ аст, ки тамоюли зиёдшавии ҳолатҳои ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Деваштич ва Спитамен ба мушоҳида мерасанд.

Андоз ва андозсупорӣ рукни муҳими рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз тарафи кормандони Раёсати мо бобати пешгирию ошкор сохтани ҳолатҳои саркашии шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти андозҳо дар ин марҳалаи соли гузашта дар асоси моддаи 292 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 рўйдоди ба вуқўъ пайвастаи ҷиноят ошкор ва маблағи зарар аз ҳисоби санҷишҳои андоз, ки 56,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз он 56,3 миллион сомониаш барқарор карда шудааст.

Паёми Пешвои миллат дар самти таъмини волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқдониву ҳуқуқшиносӣ тарзи нави корбариро тақозо ва ҷиддан талаб менамояд. Яъне ин мафҳум бо рушди ҷомеаи муосири мо дорои тадбирҳои тарғиботу ташвиқоти ҳадафманди фарогир робитаи қавӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки доир ба таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд. Бояд талаботи Қонуни миллӣ бечуначаро риоя карда, ба он эҳтирому арҷ гузошта шавад.

Масъалаи ҷиддии дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта бошад, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи истифодаи замин мебошад, - таъкид шудааст дар Паёми Пешвои миллат.

Вобаста ба ин дастур аз ҷониби кормандони Раёсати мо дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳо 79 ҷинояти вобаста ба истифодаи замин ошкор кардаву ба қайд гирифта, дар ин марҳала бештар аз дувоздаҳ гектар замини ғайриқонунӣ тақсим гардида, ба ҳолати аввалааш баргардонида шудааст.

Самти дигари фаъолият бобати мубориза бар зидди маводи мухаддир нигаронидаву корҳо пурзўр карда мешаванд.

Фаъолияти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат сарчашма гирифта, дар самти сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, хусусан, ҷиноятҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дилшод ЗАРИФӢ,
муовини якуми сардори Раёсати Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Читать далее