01 February 2018

Машварати кории Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон

Рӯзи 31 январ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Гулистон аз ҷониби роҳбари вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки сокинони шаҳр дар натиҷаи меҳнати пурсамар ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр ба андозаи 116,8 дарсад ва нақшаи буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 111,9 фисад таъмин шудааст.

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар шаҳри Гулистон

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази шаҳр бо лоиҳаи бунёди Маркази фарҳангии “Сомониён” шинос шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ният дорад, ки макони нави фарҳангию фароғатиро барои сокинону меҳмонони шаҳр бунёд намояд. Маркази фарҳангӣ аз маҷмааи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр, фаввораву айвонҳои миллӣ, Нишони давлатӣ ва нишастгоҳҳои замонавӣ иборат хоҳад буд.

Читать далее

Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”

Рӯзи 31 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллиро ба масъалаи ободонии даромадгоҳи шаҳр ҷалб намуд. Бо назардошти минтақаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафтани шаҳри соҳили Баҳри Тоҷик, дастур дода шуд, ки ободонии ҳудуди он ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки ба шаҳри Гулистон ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд.

Читать далее

Бунёди аввалин майдончаи варзишӣ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат вобаста ба сохтмони майдончаҳои варзишии назди хонаҳои баландошёна ва Ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳо, аввалин майдончаи варзиши дар вилоят соли 2018 дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов сохта, ба истифода дода шуд. 

ҳамчунин, дар вилоят барномаи миёнамӯҳлати сохмони майдончаву толорҳои варзишӣ тарҳрезӣ гардида истодааст.

Шодмон Нурматов,
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини

31 январ дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нимаи дуюми рӯзи 30 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо ҷараёни  корҳои саҳроӣ дар ҶС “Абдураҳим Ҷумъаев” ошно шуд. Заминҳои ин хоҷагӣ айни замон барои кишти пунбадона ва дигар сабзавот омода карда шуда, деҳқонон барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ заҳмат мекашанд.

Читать далее

Сафари кории Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон

Нимаи дуюми рӯзи 30 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон сафари корӣ анҷом дод.

Дар шаҳри Бӯстон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода самараи дастранҷи ҳайкалтарошони ҶДММ “Шаҳрсохтмон”-ро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Ширкати мазкур давоми чанд соли охир ба бунёди муҷассамаи бузургони миллат машғул буда, маҳсули меҳнати кормандонаш аллакай дар аксар шаҳру навоҳии вилоят қомат афрохтааст.

Читать далее