12 January 2018

Тақдими 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ

Ин амали нек ба беҳтар шудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилоят мусоидат мекунад

Маросими супурдани 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт.

Абдураҳмон Қодирӣ дар сухани ифтитоҳии хеш соҳаи тандурустиро яке аз соҳаҳои муҳим ҳисобида, иброз дошт, ки бо дарназардошти он ки саломатии мардум ҳадафи аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Қайд гардид, алҳол таъминоти мошинаҳои ёрии таъҷилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 52 фисад буда, бисёрии деҳаю ҷамоатҳо ва шаҳракҳои вилоят аз хизматрасонии он бархурдор нестанд.

Читать далее

Дастоварди варзишгарон

14 нафар варзишгарон ва 2 нафар мураббиёни мактаби варзишии ба номи Рустам Амакиеви ноҳияи Спитамен дар мусобиқа оид ба КАРАТЕ-до дар шаҳри Волгогради Федератсияи Руссия барои гирифтани Ҷоми ҷаҳон, ки чанде пеш баргузор гардида буд иштирок намуда, соҳиби ҷои намоён гардиданд.

Дар ин мусобиқа 14 нафар наврасону ҷавонон бо сарварии мураббиёни ин мактаби варзишӣ Турдимуродов Абдувосит ва Турабоев Зоҳидҷон қувваозмоӣ намуда, ба дастоварди баланд ноил гардида, Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Варзишгарон бо 9 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун ширкат намуда, соҳиби  243 медал, аз ҷумла 59 медали тилло, 89 нуқра ва 95 медали биринҷӣ гардиданд.

Фирӯз Боқӣ,
ноҳияи  Спитамен

Читать далее

Идомаи силсилавохӯриҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров силсилавохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардидааст, идома доранд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 11 январ чунин мулоқот дар толори мактаби хонандагони болаёқати Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чумъахон Давлатзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи иинтихоботии «Бобоҷон Ғафуров №14» Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ баргузор шуд.

Худи ҳамин рӯз дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён вохӯрӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи иинтихоботии «С. Ӯрунхӯҷаев №15» Ахмедов Ҷаббор баргузор гардид.

Дар ин мулоқотҳо аъзои гуруҳи таблиғотию ташвиқотии Порлумони кишвар нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро аз 22 декабри соли 2017 ба интихобкунандагони худ шарҳу эзоҳ доданд.

Хотиррасон мекунем, ки вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 17 январи соли ҷорӣ идома меёбанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони шаҳри Конибодом

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Конибодом”, №19 Равшан Раҷабов вобаста ба нуктаҳои асосии Паём, бахусус масоили мубориза зидди терроризм, амнияти озуқаворӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ андешаронӣ намуд.

Баъдан мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фурқат Ҳамидов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов низ перомуни Паёми Сарвари давлат суҳбат намуданд.

Сокинони шаҳри Конибодом дар навбати худ ҳамовозии хешро ба Паёми имсола иброз дошта, қайд карданд, ки барои амалӣ намудани дастурҳои Роҳбари давлат софдилона меҳнат менамоянд.

Баргузории мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳр идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Читать далее

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои ҳаёти босаодати халқи тоҷик мебошад

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоту суҳбатҳо доир намуда истодааст.

Аз ҷумла, рӯзи 9 январ дар Ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ориёни ноҳияи Ашт мулоқоти гурғҳи тарғиботӣ бо сокинон доир шуд. Зимни мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд. Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои ҳаёти босаодати халқи тоҷик мебошад.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар дигар ҷамоатҳо низ чунин мулоқотҳо доир гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Читать далее