11 January 2018

Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар вилоят

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2017, №619 Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар вилоят ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 “дар вилоят тасдиқ гардидааст.

Раёсати маорифи вилоят, Сарраёсати молия дар вилоят, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор гардидаанд, ки маблағгузории барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда, грантҳо, кредитҳо, фондҳои ёрирасони байналмилалӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Омезиши ду дарёи санъат

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ворис Раҳмонзодаро аксарият чун мутахассиси соҳаи мусиқӣ мешиносанд. Зеро, оҳангҳои дилнишини ў аллакай сомеъон ва мухлисони худро доранд. Оҳангҳои дар ҷанрҳои классикӣ ва муосир офаридаи ўро дар бештари намоишномаҳо ва суруду таронаҳои ҳофизон шунидан мумкин аст. Имрўз бо тақозои тақдир ў сарварии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандиро ба дўш дорад.

Суоле ба миён меояд, ки оҳангсоз оё иртибот бо театр дошта метавонад?

Мо ба ин суол посухи муносиб ёфтем. Тавре ҳуҷҷатҳо гувоҳӣ медиҳанд, дар кўлбори ў як қатор оҳангҳое вуҷуд доранд, ки барои пйесаву спектакл ва намоишномаҳои театрӣ офарида шудаанд. Аз қабили намоишномаҳои театрии «Парчами Тоҷикистон», «Равзанаи умед», «Маҳастии Хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зўҳро», «Достони ишқ» «Чароғаки солинавӣ», «Табиби зўракӣ», «Дурдонаи доно» ва ғайра аз рўи оҳангҳои ин оҳангсози шинохта ба намоиш гузошта шудаанд.

Бармеояд, ки дар вуҷуди Ворис Раҳмонзода ду санъат ба ҳам омезиш ёфтааст: санъати театр ва мусиқӣ. Тавре маълум аст, ҷазабаҳои саҳна аз қабили гиряҳои риққатбор, буғзу нафрат, хандаву масаррат, висолу ҷудоии қаҳрамонҳои намоишномаҳои театрӣ бидуни мусиқа ҷозиб намешаванд. Аз пайдоиши театр низ метавон омўхт, ки театр ва мусиқа ба ҳам тавъаманд. Ягон намоишномае бидуни мусиқа наметавонад муассир бошад. Аз ин хотир, ба ҷанрҳои гуногуни театр офаридани оҳанг аз санъаткор маҳорату малакаи бузург ва дониши касбиро талаб мекунад.

Пас бармеояд, ки ба сифати сарвари театр баргузида шудани мавсуф бесабаб нест. Зеро бовар аст, ки дигаргуниҳо дар раванди фаъолияти кории театри номбурда бо иқдомҳои Ворис Раҳмонзода рўйи кор меоянд.

Ибтикорҳои ҷадид аз қадамҳои нахуст

Чунонки аз нахустин рўзҳои ба фаъолият оғоз намудани Ворис Раҳмонзода бармеояд, як қатор дигаргуниҳо ба амал оварда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки шуруъ аз баҳори соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарӣ дар назар дошта шудаанд.

- Ба театри Хоҷа Камол омада, аз барномаҳои он дидан намудан на ба ҳамаи мардуми минтақаҳои дурдаст муяссар мегардад. Азм дорем, ки барои шод гардонидани мухлисон бо аҳли ҳунармандон ба сафар мебароем. Аз ин хотир, баҳри наздик кардани завқи мардум ба театр ва огоҳ сохтани кормандон аз зиндагии мардум, чунин ибтикорро роҳандозӣ хоҳем кард. Зеро театр зиндагӣ аст ва он аз бурду бохти мардум қисса мекунад. То замоне, ки ҳунармандон зиндагии мардумро аз наздик бо чашмони худ набинанд, нақшҳои муассиру ҷаззоб бозиданашон ба гумон аст, - мегўяд Ворис Раҳмонзода.

Бармеояд, ки театр як қолаби кўҳнаи шахшуда нест. Он дар ҳар давру замон вобаста ба завқу салиқаи мардум бояд фаъолият намояд. Ин нуктаи муҳимро роҳбари тозаинтихоб хуб дарк мекунад.

Нақшаҳо дар соли равон

Чуноне мавсуф иброз дошт, дар ин сол нақшаҳо зиёданд, нияти гузоштани намоишномаҳои нав ба нави ҷолиб, ба монанди асарҳои Ҷумъа Қудус «Зани шаҳрӣ», нависандаи араб Тавфиқ-ал-Ҳаким бо номи «Султони гумгашта», «Як пула савдо»-и Вилям Шекспир ва чанд намоишнома ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо дархости зиёди мухлисон «Исёни арўсон» низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар театр чанде қабл бо роҳбарии Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди рақс Гуландом Аюбҷонова даҳ нафар духтар даъват гардида, ансамбли рақсӣ ташкил шуд.

-Театр фақат макони намоишнома нест, тамошобинон аз якрангу якмаром будани саҳнаҳо хаста мешаванд. Ба ин хотир, мусиқа низ як ҷузъи ҷудонопазири театр аст. Кўшиш менамоем, ки бо гурўҳи оркестрӣ намоишномаи мусиқавиро бештар ба роҳ монда, бо суруду оҳангҳо табъи ҳаводоронро хуш ва навгониро ба саҳна аз нав барқарор намоем. Инчунин, бо ташкили ансамбли рақсӣ итминон дорем, ки баҳри рушди санъати рақс низ хидмати мондагоре ба ҷой оварем,-иброз дошт сарвари театр.

Тавре, ки аз суҳбат аён гардид, театр ба ҷуз омода намудани намоишномаҳо, дар корҳои хайриявӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин макон давоми ду моҳ ду консерти хайриявӣ гузаронида, маблағи ҷамъгардида ба Хонаи пирону маъюбон ва Хонаи бачагони шаҳр ҳамчун кўмакпулӣ ирсол шудааст.

 Фатҳи қуллаҳои баланди театр

Тавре ба ҳамагон маълум аст, санъати театр ибтидо аз солҳои ҳафтодум то ҳаштодуми асри гузашта фатҳи қуллаҳои баландашро паси сар кардааст, он замон толор пур аз тамошобин буда, чиптаҳо намерасиданд. Зеро, он вақтҳо завқи тамошобинон ва санъаткорони театр хеле баланд буду намоишномаҳои нав ба нав ва ҷолибу рангин ба саҳна гузошта мешуданд. Ба ин хотир, бо такя ба таҷрибаҳои пешин роҳбари нави театр мехоҳад ин равандро имрўз барқарор созад.

-Талош бар он дорам, ки ҳайати кормандон аз як гиребон сар бароварда, барномаву намоишномаҳои ҷолиб офаранд, мисли солҳои қаблӣ мардум ба театр шавқу ҳаваси зиёд пайдо намоянд ва толор пур аз тамошобин бошад. Бояд қайд намуд, ки тариқи кастинг озмун эълон намуда, ҳофизон, раққосаҳо ва ҳунармандонро ба кор ҷалб намуда истодаем. Инчунин, бо донишҷўёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ҳамкорӣ намуда, ҷавонони болаёқат тариқи озмун ба кор даъват карда мешаванд, - мегўяд мавсуф.

 Нуктаҳо аз дафтарчаи меҳнатӣ

Ворис Раҳмонзода чун навозандаи хушсалиқа дар сози рубоби қашқарӣ ҳамроҳи шогирдон бо барномаҳои консертӣ дар радиои вилоят низ фаъолият намудааст. Зиёда аз ин, ҳамчун омўзгор фаъолият дошта, беш аз 30 нафар шогирд тарбия намуда, дар баланд бардоштани санъати мусиқа нақши муҳим дорад. Бо ташаббуси ў дар телевизиони ТВ-7-и шаҳри Хуҷанд намоишномаи мусиқавии «Наво»- роҳандозӣ гардида, ба сифати муҳаррир ва баранда саҳми ў дар ин барномаи рангини фарҳангӣ муассир аст. Узви Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Агар мо санъати театр ва мусиқаро ба ду дарёе шабоҳат диҳем, мебинем, ки дар ҳаёти ин марди санъат он аз баландиҳои кўҳсор ҷорӣ шуда, ба ҳам омезиш ёфтаанд, ки бовар дорем, бурди театри мазкур мебошад.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таҳсилоти фосилавӣ: имконият ва мушкилот

Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомўзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Айни ҳол низоми таҳсилоти фосилавӣ ва ҷорӣ намудани он дар муассисаҳои олии кишвар қадами навбатӣ барои воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, бино ба таъкиди мутахассисон яке аз шаклҳои нисбатан пешқадами таълим дар шароити муосир мебошад. Аз хулосаҳои масъулин бармеояд, ки ин низом барои ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ, аз қабили баланд бардоштани дараҷаи саводнокии аҳли ҷомеа, сатҳи иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, дараҷаи худшиносӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва рушди фазои ягонаи таълимӣ дар чаҳорчўбаи ҷомеаи умумиҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Фосила то фосила

Таҳсилоти фосилавӣ низомест, ки аллакай дар аксари мактабҳои олии дигар кишварҳо роҳандозӣ шудааст. Омўзиши фосилавӣ бо истифодаи шабакаи Интернет амалӣ мешавад.

Барномаи таълимӣ дар асоси веб-технологияҳо асинхронӣ буда, иштироки яквақтаи омўзгор ва донишҷўро таъмин мекунад. Лексияҳо пешакӣ дар шабака ҷой дода мешаванд ва донишҷў метавонад ҳама гуна фанҳоро дар вақти ба худ муносиб омўзад. Ғайр аз ин, донишҷў имкони додани саволро ба омўзгор тавассути почтаи электронӣ дорад. Мутахассисон мегўянд, ки ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷў мувофиқгардонидашуда, конфронс - робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳо истифода намоянд. Базаи моддии раванди таҳсили фосилавӣ аз компютерҳои фардӣ, смартфонҳо ва ҳатто ҳаққонияти виртуалӣ (VҚ) иборат мебошад.

Дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон www.maoқif.tj бартарияти таҳсилоти фосилавӣ чунин дастабандӣ шудааст:

• сарфаи вақт (зарурати ба макони таҳсил рафтан ва омадан лозим нест);

• кам шудани хароҷот дар раванди таҳсил;

• имконияти дар як вақт таҳсил намудани теъдоди зиёди донишҷўён;

• беҳтар намудани сифати таълим аз ҳисоби истифодаи усул ва технологияи муосир;

• бо зудӣ пайвастшавӣ бо китобхонаи электронӣ ва базаи иттилоот;

• ҳосил намудани муҳит ва методикаи ягона ё худ соҳавӣ.

Гуфта мешавад, ки аттестатсияи ҷамъбастӣ дар асоси Низомномаи таҳсили фосилавӣ, аз рўи фан дар назди устод дар шакли тестӣ амалӣ мегардад, аз ин рў, ба донишҷў лозим аст, ки дар шароити оила барои бомуваффақият анҷом додани супоришҳои тестӣ зери назорати устод тайёрии хуб бинад.

Пас метавон гуфт, таҳсили фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ мебошад, ки таҳсил дар масофа бе иштироки бевоситаи таълимгиранда ва омўзгор имконпазир мегардад.

Таълими фосилавӣ қонеъ намудани талабот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот мебошад. Ин низоми таҳсилот хилофи маҷмуи амалкунандаи шакли таълими рўзона ва ғоибона нест. Вай ба тарзи табиӣ бо ин маҷмуъ якҷоя мегардад, онҳоро мукаммал мегардонад, барои якҷоя гаштани сохторҳои таълимии гуногун ва рушди таълимоти мукаммали шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Донишгоҳҳо омодаанд?

Аллакай барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи низомҳои таҳсилоти кредитӣ ва фосилавӣ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот омода ва мавриди истифодаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифтаанд. Ин низом дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб бомуваффаққият ҷараён дорад.

 Зимнан бояд гуфт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда таҳсилоти фосилавиро дар ин низоми таҳсил ба роҳ монд. Дар донишкада соли панҷум аст, ки таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад. Ин Муассисаи таълимӣ аз рўи ихтисосҳои “Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар иқтисодиёт, “Молия ва қарз”, “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо “таҳсили фосилавиро аз соли хониши 2013-2014 ба роҳ монд. Соли хониши 2016-2017 40 нафар донишҷў баъди хатми таҳсилоти фосилавӣ соҳиби маълумоти олӣ шуданд.

Сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ Р.Исомаддинова мегўяд, ки донишкада баробари рушди технологияи телекоммуникатсионӣ қадам ниҳода, устодон барои баланд бардоштани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ чораҳои мушаххас меандешанд.

Аллакай соли 2013 барномаи идоракунии раванди таълим бо имкониятҳои зарурӣ сохта шуда, сомонаи таҳсилоти фосилавӣ (СТФ) бо номи www.fosilavi.tj ба шабакаи глобалии Интернет пайваст гардид. Бино ба иттилои мавсуф таъминоти барномавии сомона аз тарафи устодон-барномасозони донишкада тартиб дода шуда, раванди таълим новобаста аз масофаи ҷойгиршавии донишҷў ва устод амалӣ мегардад. Донишҷўён дар минтақаҳои дуру наздики кишвар, инчунин, дар мамлакатҳои хориҷа (Амрико, Чин, Русия) кор ва фаъолият бурда, ҳамзамон таҳсилро давом медиҳанд.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои дастрас шудани сомона ба ҳар як донишҷў, устоди таҳсилоти фосилавӣ ва маъмурияти донишкада калиди воридшавӣ (логин) пешниҳод намудааст. Р.Исомаддинова таъкид мекунад, ки дахолатнопазирии шахси дигар ба ҳуҷраи шахсӣ таъмин аст. Интерфейси истифодабарандагон мутобиқи технологияи муосир сохта шуда, онҳо имконият доранд бо воситаи таҷҳизоти замонавӣ, телефонҳои мобилӣ ва планшет ба сомона ворид шаванд. Бо оғози таҳсили фосилавӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ барои ҳар як фан бо воситаи сомонаи омўзишӣ маводҳои таълимии устод ба донишҷў дастрас мешавад.

Зимнан бояд гуфт, ки маводи таълимии устоди дарсдиҳанда таҳти назорати маркази донишкада қарор гирифта, сомона саҳифаи назоратӣ барои мушоҳидаи саривақт омода намудани маводи таълимии устодон, тафтиши саривақтии супоришҳои иҷрошудаи донишҷўён, эзоҳи баллҳои гузошташуда мавҷуд аст.

Барои ташкили муоширати зинда бо омўзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудааст, ки аз ҳар як фан дар давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Таъминоти барномавии вебинар - Mirapolis Virtual Қoom (www.viқtғalқoom.қғ) харидорӣ шуда, аз рўи ҷадвали дарси вебинар ба истифода дода мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва донишҷў аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Системаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси стандарти байналхалқии умумиҷаҳонӣ ISO/IӯC тартиб дода шуда, он ҷавобгўи меъёрҳои стандартҳои байналхалқӣ мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ бо назардошти ҷаҳонишавии низоми таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тавассути таҳсилоти фосилавӣ, дар асоси “Низомнома оид ба маркази таҳсилоти фосилавӣ”, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 1 сентябри соли 2017 дар заминаи шуъбаи ғоибона шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияташро оғоз намуд.

Мудири шуъбаи ғоибонаи донишгоҳи мазкур Муҳаммад Маҳмадшоев қайд мекунад, ки нақшаҳои таълимии таҳсилоти фосилавӣ аз рўи 21 ихтисос аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки минбаъд мувофиқи он корбарӣ ҷараён хоҳад гирифт. Тибқи иттилои ин манбаъ сайти таҳсилоти фосилавӣ дар шабакаи Интернет мавриди истифода қарор дорад. Шумораи донишҷўёни ба тариқи фосилавӣ таҳсилкунанда аз ҳисоби донишҷўёни курси якуми факултетҳои педагогӣ, молия ва иқтисодиёти бозор, физика, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ (аз рўи 7 ихтисос) 255 нафарро ташкил медиҳад. Аз захираҳои дар сайт мавҷуд буда, то имрўз 250 нафар донишҷў истифода намуда истодаанд, контенти сомона бо КТМ-и фанҳои дар нақшаи таълимӣ барои курсҳои аввал мавҷуд буда, пурра гардонида шудааст.

Воқеан, имрўз дар бинои таълимии рақами 3-и донишгоҳ як синфхонаи компутерии муҷаҳҳаз бо 18 компутер ба фаъолият оғоз намудааст, ки муҳассилини муроҷиаткунанда аз он истифода мебаранд. Инчунин, кормандони шуъба барои донишҷуёне, ки дар фаҳмиши ин самт душворӣ мекашанд, курсҳои омўзиширо ташкил намуданд.

Заминаи холӣ нашояд!

Албатта, низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи холӣ ба вуҷуд омада наметавонад. Баҳри татбиқи босамари ин низом мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ ва барномаи электронии идоракунии раванди таълим зарур аст.

Баҳри боз ҳам беҳтар намудани раванди ҷоришавии низоми таҳсилоти фосилавӣ зарур аст, ки таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои пешрафта омўхта шавад ва дар ин робита ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ бояд вусъат ёбад. Бо мақсади баланд бардоштани сифат, ҷорӣ намудани меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ робитаи илмӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва баҳри ворид шудан ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ донишкадаҳои олии кишварро зарур аст, ки ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ беш аз пеш вусъат бахшанд.

Мушкил дар чист?

Албатта, ҳар оғоз ва раванди нав дар баробари дастовардҳо мушкилоти хешро дорост. Дар низоми таҳсилоти фосилавӣ низ баъзе мушкилиҳоро метавон мушоҳида кард, ки асосан ба дастрасии бевоситаи Интернет ва компютер алоқаманд мебошад.

Дар баробари дастрасӣ малакаи истифода аз компютер ва интернет низ хеле муҳим аст. Мутаассифона, имрўзҳо нафароне ҳастанд, ки аз тарзи истифодаи компютер ва интернет ба таври комил огоҳ нестанд ё аз истифодаи онҳо хеле қафо мондаанд. Суръати пасти интернет низ дар ин замина бетаъсир намемонад. Ин мушкил сабабгори сари вақт иҷро нагардидани нақшаи таълимӣ шуда метавонад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Зафаробод: Эҳсоси масъулият

Бо мақсади ташреҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони ноҳия мулоқот доир гардид.

Мулоқоти мазкур бо иштироки ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Амонулло Салимзода дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуд. Мавсуф нуктаҳои Паёмро тариқи слайд шарҳу тавзеҳ дод.

Ҳамчунин 9-уми январи соли 2018 вохурии гурўҳи корӣ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев идома ёфта, дар он кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва фаъолони ҷамоат иштирок доштанд.

Зиёзода Сулаймон Ризо - раиси ноҳия вохӯриро ифтитоҳ намуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳиму барномавӣ арзёбӣ намуд.

Намояндагони гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, Муҳаммадазим Бобохонов ва Шавкат Шарифов доир ба муҳтавои асосии Паём ҳарф зада, роҷеъ ба таҳкими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир маълумот доданд.

Сокинони Ҷамоати шаҳрак Эшонқул Исҳоқов ва Тўйчибой Муллоазимзода миннатдории аҳли Ҷамоатро бобати ташкили чунин мулоқот иброз намуданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бўстон: Истифодаи имкониятҳои мавҷуда

Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, мақсади ташрифи ононро ба шаҳри Бўстон арзёбӣ намуд. Баъдан Мансурӣ Дилрабо Сайдулло-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳар нафари худогоҳу ватандўст бояд Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор диҳад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб меёбад ва аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешаванд.

Дар ин замина лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бошад, ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмедов хусусиятҳои хоси Паёми имсолаи Президенти кишварро, ки якчанд омилҳоро дарбар мегирад, возеҳ баён дошта, дар бораи масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳарф зад. Аз ҷумла изҳор дошт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат барои рушди ин соҳа дар кишвар заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Эълон шудани Соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моро водор месозад, ки аз имкониятҳои мавҷуда бархурдор гардем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее