05 January 2018

Эътибор ба рушди соҳаи маориф

Сарвари давлат дар ироаи Паёми худ боз қайд карданд, ки “мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем”.

Дар ҳақиқат, дар кишвар ба соҳаи маориф аҳамияти ҷидди дода шудааст ва солҳои охир муассисаҳои таълимии зиёд бунёд гардидааст, ки чунин дастовардҳо дар даврони Шӯравӣ низ дида намешуд.

Танҳо соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Президенти кишвар қайд карданд, ки соли 2018 низ ин раванд идома ёфта, маблағҳо аз буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд.

Албатта аз чунин эътибор нисбат ба рушди соҳа нишондиҳандаҳо боло рафта истодааст. Чун дар Паёми Президенти кишвар қайд шуд, мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад, яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.

Дастовардҳое, ки ҷавонони кишвар соҳиб шуда истодаанд ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат мебошад.

Вале мо набояд бо ин қонеъ шавем. Чун Сарвари давлат қайд карданд, “Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем”.

Бале, аз дастовардҳо боз руҳбаланд шуда, мо бояд дучанд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки қуллаҳои баландтарро соҳибӣ кунем.

-Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем, - зикр гардид дар Паём.

Боз як ғамхории Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳуриро алоҳида қайд кардан зарур аст, ки  новобаста ба бӯҳрони иқтисоди дар кишварҳои зиёди ҷаҳон дар давлати мо маошу, стипендия ва нафақа мунтазам афзоиш меёвад ва аз моҳи сентябри соли 2018 маоши омӯзгорон ва стипендияи донишҷӯён 15 фоиз зиёд мешавад.

Ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар мо, омӯзгоронро водор мекунад, ки вазифаи худро аз сидқи дил адо намоем ва дар тарбияи насли наврас ба дастовардҳои шоиста ноил гардем. 

Буойша БАЙНАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 14-и ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

Андалеби боғи санъат

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фарҳангро ҳастии миллат” эълон намудаанд. Пас метавон гуфт, ки дар ҳастии миллат ҳастии эҷодкорони бузург, фарзандони асили он абадан боқӣ хоҳад монд.

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов аз зумраи он фарзонагони санъати сарояндагии аср ба шумор меравад, ки аз ҷавон то пир ўро узви хонадони худ мешуморанд.

Ҷўрабек Муродов нафақат фарзанди падару модари худ, балки соҳибэҳтироми миллати фарҳангофари тоҷик аст, ки бо осори мондагор ва нотакрори худ дар бисёр мамлакати ҷаҳон фарҳангу санъати дирўз ва имрўзи миллатро муаррифӣ намуда, бо забони шевову ноби тоҷикӣ суруд хонда, ҳамагонро мафтун кардааст.

Ҷўрабек Муродов аз зумраи шахсиятҳо ва чеҳраҳои дўстдоштаи дилбастагони суруду мусиқии тоҷик мебошад, ки дар шинохти миллат ва ҳастии он нақши мондагор дорад.

Давоми зиёда аз бист соли охир шоҳиди даҳҳо силсилаконсерт ва суҳбати хосаи устод бо мухлисону ҳамкорон ҳастам, ки ҳар яке аз он нотакрор аст. Баъди итмоми яке аз силсилаконсертҳои ансамбл, ки барандаи он будам, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба наздам омада гуфт, ки чи гуна мухлисон устодро дўст медоранд ва баъди шунидани суруд ва суханҳои устод Ҷўрабек Муродов дар дили онҳо шавқу завқ, дилгармӣ ба болидагии рўҳӣ эҳсос мешавад, ки ин хеле муҳим аст ва бадоҳатан байти ба тозагӣ эҷоднамудаи худро хонд, ки он чунин аст:

Ба ҳар ҷое, ки базми Ҷўрабек аст,

Барои мухлисонаш рўзи нек аст.

Барои ба чунин маҳбубияту дўстдорӣ, обруву эътибор соҳиб шудан ва ба унвону ҷоизаҳои олии ватанӣ ва байналхалқӣ сазовор гардидан, устод Ҷўрабек Муродов роҳи пур аз шебу фароз, ширину талх, созу сўзро бадал намуда, тавонист бо заҳмату меҳнати пайваста аз як кўдаки кўчаки деҳаи Куруд ё Кўҳруд ба мартабаи ҳофизи маҳбуби халқ расад.

Ҳунари худододи сарояндагӣ ва бастакориро Ҷўрабек Муродов аз овони хурдсолӣ аз падари ҳунармандаш Муродбек Fолибеков ва бародари калониаш Абдуллобек Муродов омўхта, сипас аз суруду таронаҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони ҳофиз, Домулло ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Шариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст. Нахустин сурудҳои Ҷўрабек Муродов «Биё» (оҳанги Б. Ниёзов, шеъри Кошиф), «Ёр–Ёр» (таронаи халқӣ), «Қўшчинор» (шеъри Туғрал) ва боз чандин суруду таронаҳои дигар буданд, ки то имрўз суруда мешаванд.

Солҳои 70 ва 80-уми асри ХХ Ҷўрабек Муродов бо эҷоди сурудҳои рўҳбахши худ ғаму шодии ҳаёт, зебоиҳои табиат, ватандўстӣ, авҷу барори кор, ишқу муҳаббат, шавқу эҳсоси ҷавонӣ ва ғайраро ифода кардааст. Репертуари ў бой ва гуногун буда, суруду таронаҳои панду насиҳатӣ, лирикию граҷданӣ, халқӣ ва классикии тоҷик ва мамлакатҳои Шарқро ташкил медиҳад. Аз ҷумла як қисм сурудҳои ў ки аз осори Мирзо Турсунзода эҷод гардидааст: «Ватан», «Модар», «Дили модар», «Замин», «Нонреза», «Дўстонро гум макун» ва ғайра дар эҷодиёти Ҷўрабек Муродов мақоми хос доранд.

Қобилияти санъаткорӣ ва истеъдоди сурудхонии Ҷўрабек чун ҳофизи яккахон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон зоҳир гашта, тадриҷан инкишоф ёфт. Илова бар ин, давоми фаъолияти 55-солаи эҷодӣ сафи шогирдону пайравони устод дар бисёр мамлакати дунё зиёд гашта, мактаби ҳунарии Ҷўрабек Муродов таъсис ёфт.

Коршиносони соҳаи санъат сабабҳои дар олам машҳур шудан ва маҳбуби халқ гаштани устод Ҷўрабек Муродовро ҳамчун падидаи нотакрор дар фарҳанги миллии тоҷик пеш аз ҳама дар он ифода кардаанд, ки ў аз доираи санъати мусиқӣ хеле фаротар рафта, ба пешрафту собитгардии фарҳанги миллии тоҷикӣ мусоидат намуда, бо осори мондагори ҳунарии худ барои ташаккули ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносии тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми бузург гузоштааст.

Давоми ҳафтдаҳ соли охир устод Ҷўрабек Муродов ҳамчун асосгузор ва сарвари Муассисаи давлатии ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд” барои эҳё, ҳифзу инкишоф ва тарғибу ташвиқу асари безаволи «Шашмақом» саҳми беназир дорад. Ҳунармандони ансамбл бо роҳнамоии устод бори аввал силсилахониро дар “Шашмақом” роҳандозӣ намуда, мақоми “Ироқ” ва “Рост”-ро ба пуррагӣ барои мухлисон пешкаш карданд ва дар оянда нақша доранд дигар қисматҳоро низ тавассути силсилахонӣ ба иҷро расонанд.

Ба ман муяссар гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати “ҶМ” ва фарзанди устод Парвизбек Муродов давоми қариб чаҳор сол филми ҳуҷҷатии “Ҳофизи миллат”-ро аз 14 қисм иборат аст, таҳия созем. Дар раванди ба наворгирӣ ва танзими филми мазкур лаҳзаҳои нотакрори зиндагиву фаъолияти меҳнатӣ ва ҳунарии устод Ҷўрабек Муродов таҷассум шудааст.

Доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов бамаврид зикр намудааст: “Ҳоло ҳам арзиши бузурги эҷодиёт ва моҳияти таърихиву фарҳангии осори Ҷўрабек Муродов комилан таҳқиқ нагардидааст ва ин вазифаи хеле муҳим ҳанўз ҳалли худро мунтазир аст”.

Маҳкамбой КАРИМОВ,
Аълочии матбуот ва
 фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Алҳазар, аз фарҳанги бегона

ё дар бораи он ки ба ин аъмоли ношоиста худи мо - аъзои ӣомеа гунаікор нестем?

Асри ХХI-ро асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши босуръати фарҳанг ва забонҳо меҳисобанд.

Имрўз ҳар фард хоҳ шаҳрӣ бошаду хоҳ деҳотӣ имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як лаҳза бо дурдасттарин минтақаҳои дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омўзад, бо халқҳои гуногуну тамаддунҳои мухталиф иртибот барпо намуда, чизи заруриеро ба худ гирад ва аз худ чизе ба каси дигар диҳад.

Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад, хубу бад.

Мо имрўз дида истодаем, ки чандин ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гурўҳу дастаpҳои ифротию ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздикони худро ба ғаму андуҳ ва нокомиҳо мубтало сохта истодаанд.

Низорамоҳ Зарифова - ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат, яке аз бонувони огоҳу бонуфузи кишвар дар як суҳбат бо хабарнигоре аз вазъи имрўзаи рўзгори ҷавонони мо изҳори нигаронӣ карда гуфтааст: “Баъзе аз ҷавонони мо имрўз бемасъулият шудаанд. Дар рафтору гуфтор, либоспўшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад”.

Ба андешаи ман, тақлид ба фарҳанги бегона, фаромўш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили анъанаву расму оин ва фарҳанги либоспўшии миллӣ низ мисли фаромўш сохтани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат аст.

Чанде қабл набераам Гулианор, ки дар синфи 2-юм мехонад, ба дарс тоқии нави гулдўзиеро ба сар карда, рафт. Модараш пеш аз он ки тоқиро ба сари ў пўшонад, кокулонашро боҳавсала майдабофӣ карда дар ду чаккаи ў гуллентаҳои сафеди зебоеро баст. Хурсандии набераам ҳадду канор надошт, вале ў аз дарс бо табъи хира баргашту тоқиро аз сар гирифта партофт.

Гуфт, ки писарҳои синфашон ба тоқипўшии ў хандида, “қишлоқӣ” номидаанд.

Шоми ҳамон рўз телевизиони Тоҷикистон лаҳзаеро аз мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони як Мактаби президентӣ ба намоиш гузошт, ки дар он гулдухтаракони синфҳои поёнӣ ҳама дар сар тоқии гулдўзии тоҷикӣ доштанд. Ман ба набераам гуфтам, ки “ана дидӣ, духтарчаҳои дар пойтахти кишвар мехондагӣ, мисли ту тоқии тоҷикӣ дар сар доранд. Бин, чӣ хел зебанда аст. Агар ту ҳам ҳар рўз тоқидарсар ба мактаб равӣ, писарҳои синфатон онро дида, одат мекунанд. Духтарчаҳои дигар низ ба ту пайравӣ карда, тоқипўш мешаванд”.

Дар як иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан масъалаи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ ва мавриди дастгирӣ қарор гирифту дар вақти муҳокимаи он вакили маҷлис Зоҳид Бадиев пешниҳод кард, ки минбаъд дар тўйҳои арўсиву домодӣ арўсшавандаҳо либоси миллӣ ба бар кунанд, ки он иборат аз куртаи атласу чакан ва тоқии гулдўзию тўри тоҷикӣ бошад.

Ҳамаи вакилон ин пешниҳодро бо кафкўбӣ истиқбол карданд.

Дар ҳақиқат, он фатаи арўсие, ки тўйдорон аз мағозаҳо ба орият мегиранду барои истифодаи 1-2 соатаи он аз 500 то 2000 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, моли бегона аст.

Солҳои 1978-1981 дар шаҳри Мазори Шариф, дар шуъбаи фармоиш ва таъминоти раёсати тафаҳҳуси нафту гази шимоли Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор мекардаму дар шуъба Файзудинхон ном маъмур ба кори дафтардорӣ машғул буд. Ў марде дар назар 50-55 сола, бисёр босавод, қуръондону ҳофизхон буду баҳору зимистон кулоҳи заврақмонанди қарокўлӣ мепўшид ва аз он бисёр ифтихор ҳам мекард. “Ин либоси миллии мост”, - мегуфт ў.

Боре суҳбатамон дар атрофи мафҳуми “салла” печиду ман аз ў пурсон шудам, ки чаро ў мисли муллоҳои дигар ба сараш салла намебандад?

Файзудинхон як лаҳза ба андеша рафту гуфт:

- Афсўс, ки ин муллоҳои камсаводи мо намефаҳманд, ки салла моли мардуми бодиянишин аст ва ба дини мубини Ислом ягон тааллуқ надорад. Салларо арабҳои мусалмон ҳам мебанданду ғайримусалмон ҳам. Он либоси миллии арабҳост ва 4 вазифа дорад.

Аввалаш он воситаи бисёр хубест барои пўшонидану эмин доштани чашму сару рўй аз тундбодҳои биёбонҳо, ки реги бисёреро ба осмон мебардоранду баъд ба сару рўю чашми одамон ва бому дари онҳо мепартоянд.

Вазифаи дувуми салла барои мардуми биёбонгард он аст, ки ҳар чизи дар даст доштаашонро ба даруни он меандозанду ба китф мебардоранд. Вазифаи сеюми салла дар биёбонҳо барои соҳибаш рахти хобро иҷро мекунад. Мусофир болои рег онро паҳн мекунаду хоб меравад. Ва вазифаи чоруми салла он аст, ки ҳангоми дар биёбонҳо фавтидани мусофир ҷасади ўро ба саллааш печонида, гўр мекунанд. Яъне салла вазифаи такфинро низ иҷро мекунад.

Аз ин лиҳоз, кас бо саллабандӣ мусалмони комил ҳам намешаваду муллои зўр ҳам, - бо изтеҳзо хандида ҷавоб дода буд Файзудинхон.

Ҳамин сол нависандаи ин сатрҳо дар шумули наздик ба 6 ҳазор нафар зоири Тоҷикистони соҳибистиқлол тавофи Хонаи Худо ва зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро ба иҷро расонидам. Барои ман бисёр тааҷҷубовар буд, ки баъзе аз ҳамватанони мо дар ҳоли дидани ҳоҷиёни мамлакатҳои Индонезия, Малайзия, Марокашу Африқо, ки дар тан либосҳои миллии худро доштанд, ҳанўз дар рўзҳои аввали сафар куртаю эзори домандарози сафеди арабиро ба бар карданд.

Дар шаҳри Мадинаи мунаввара дар меҳмонхона зоирони зиёд омадани лифтро мепоиданд, то ин, ки ба поён фароянд. Чашмам ба ҷавонмарди қоматбаланди сафедчеҳраи 30-35 солае бархўрд, ки дар тан либоси сап-сафеди арабӣ ва дар сар рўймоли сурху аз болои он чанбаракеро гузошта буд, ки хоси мардони араб аст. Аксари арабҳо зангӣ, сип-сиёҳу сиёҳҷурдаанд. “Дар байни арабҳо сафедпўстон ҳам будаанд-дия”, - аз дил гузаронидам ман.

Ногоҳ ин “араб” бо ҳампаҳлўяш ба тоҷикӣ сухан кард. Яъне ин марди тоҷик бар замми он, ки ба тан либоси бегона пўшида буд, боз ба сар рўймол гирифта, чуноне ки гуфтам, аз болояш ҳалқаеро гузошта буд. Тақлид бисёр ноҷо ва хандаовар буд, вале касе аз ҳамватанон чизе намегуфт. Ман ба ҷавон бо нармӣ фаҳмонидам, ки дар ин ҷо дар симои ҳар марду зани тоҷик хориҷиҳо симои Тоҷикистонро мебинанд.

Мо ҳар яке чун афроди огоҳи кишвар ифтихор доштани худро аз Ватану миллати хеш нишон диҳем. Бо забондонӣ, бо фарҳанги қадима ва бо сару либоси миллии худ. Вале дар ҷавоби ин суханҳои ман ба қавли мардум “аз санг оташ париду аз он ҷавонмард посухе нашуд”.

Мўйсафеди нуроние, ки ҳамватани мо буд, ба ин тақлидкори тоҷик бо истеҳзо нигоҳ карду гуфт: “ҳама ба ин ҷо бо мақсади зиёрати Хонаи Худо оянд, шумо, писарам, бо нияти ба сар рўймол бастан омада будаед-дия!”.

Ҳамин лаҳза лифт омаду ҷавонмард як нигоҳи бадқаҳрона ба ҷониби мўйсафед карду ба он савор шуду рафт...

Ба назари ман ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои мо, тоҷикон, хусусан ҷавонони мо бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою баланди мо, мавриди нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимаамон табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомўзанд, ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгарою ғайриқонунӣ, қабули таассуби динию кўр-кўрона тақлид кардан ба фарҳанги бегона гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2015 ба муносибати Рўзи Модар дар мулоқот бо бонувони кишвар чунин гуфта буданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпўшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпўшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспўширо намедонанд ва, ҳатто, донистан намехоҳанд”.

Ин ҳама бегонапарастии бархе аз мо, дур будан аз ҳуввияти милливу ифтихори миллӣ, камогоҳӣ аз ватану таъриху адабу фарҳанги бостониамон албатта, сабабҳои худро доранд.

Ҳусейни Назрулло,
шаҳри Истаравшан

Читать далее

Шукргузорӣ аз ғамхориҳо

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб ёфта, ин раванд сол ба сол густариши тоза меёбад. Дар Паёми навбатӣ ба ин масъала бори дигар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум пайваста чораҷўӣ менамояд».

Бояд зикр кард, ки дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар афзуда, дар соҳаи тандурустӣ бошад ин нишондиҳанда ба 2,1 баробар аст. Аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар ин замина музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз меафзояд.

Ҳадди ақал ва ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ва нафақаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ, стипендияҳои донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия низ ба ин миқдор, яъне 15 фисад афзуда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсози мо Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар арсаи байналхалқӣ ба дастовардҳои бесобиқаи таърихӣ мушарраф гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ устуворона қадам мениҳанд.

Эътимоди мардум ба давлату ҳукумат беш аз пеш қавитар ва босубот гардида, мардум дар шароити осоишта ва амният машғули кору пайкор ҳастанд. Ҳамзамон, дар ироаи Паём зикр гардид, ки «мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла, кўдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем». Дар ин замина қайд бояд кард, ки маблағгузории хона - интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд шуда, барои мактаб-интернатҳои низоми маорифи кишвар бошад, ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф гардида, афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил додааст.

Fамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар раванди пешбурди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ қобили тазаккур ва ҷолиби таваҷҷуҳ буда, моро воҷиб аст, бо шукргузорӣ нисбати ғамхориҳои навбатӣ фаъолиятро хубтару беҳтар ба роҳ монда, барои рушд ва таҳкими иқтисодиёт, шукуфоии Ватани соҳибистиқлол саҳмгузор бошем ва дар бинои амнияту суботи кишвар ҳар як нафар хишти эътимод ва мустаҳкам гузорем.

Илҳом МАДАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон

Читать далее