04 January 2018

Маҳсулоти пастсифат набояд ба бозори истеъмолӣ роҳ ёбад...

Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд фаъолияти худро барои дар оянда роҳ надодан ба воридшавии маҳсулотҳои пастсифат ба бозори дохилӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, дастгирии соҳибкорон ҷаҳду талош намуда, корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзўр менамоянд.

Тавре сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов изҳор дошт, дар давоми як моҳи охир мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар анбори ширкати ҶДММ “Актив ИЭ” 43 ҳазору 640 килограмм ва дар анбори ҶДММ “Усмонов ва Ко” 43 тонна гўшти яхкардашудаи говмеш, истеҳсоли Ҳиндустонро ошкор намуданд. Аз рўи хулосаи озмоишгоҳи санҷишии маҳсулоти хўрока ва кишоварзии Марказ маҳсулоти мазкур ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” ҷавобгў нестанд ва парвандаҳои баҳри андешидани чораҳо қонунӣ ба мақомотҳои дахлдор фиристода шуданд.

Соли сипарӣ дар маҷмуъ миқдори зиёда аз 52 тонна маҳсулоти гуногуни хўрокворӣ ва номгўи зиёди маҳсулоти пастсифати муҳлати истеъмолашон гузашта ва ба талаботи стандарт номутобиқ нобуд карда шуд.

- Дар озмоишгоҳи санҷишии маҳсулоти хўрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази “Тоҷикстандарт” ба миқдори 9450 намуна маҳсулоти хўрока аз ташхис гузаронида шуданд, ки аз ин 323 намуна ба монанди орди гандум, маҳсулоти гўштӣ ва ширӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти макаронию қаннодӣ, тухм, нўшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, консерваҳо ва ғайра ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ ҷавобгў набуданд.

Агар ба фаъолияти бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят назар андозем, дар баъзе маврид аз сабаби бемасъулиятии роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорон ҳоло ҳам камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд, ки баробари роҳандозӣ гардидани санҷиш ва назорати давлатии мақомотҳои ваколатдор фаъолнокии шаҳрвандон, яъне истеъмолкунандагон низ хеле муҳим мебошад, - афзуд М.Каримов.

Бояд гуфт, ки аз рўи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор” Мақомоти “Тоҷикстандарт” дар як сол як маротиба ҳуқуқи аз назорати давлатӣ гузаронидани субъектҳои хоҷагидорро дорад. Дар дигар ҳолат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 14, зербанди 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” маъмурияти бозор ва марказҳои савдо вазифадор карда шудаанд, ки бозорро дар ҳолати дахлдори санитарӣ ва техникӣ, ки ҳифзи муҳити зист, бехатарии эпидемиологӣ, эпизоотӣ ва экологиро дар мавзеи ҷойгиршавии он таъмин менамояд, нигоҳ доранд, инчунин барои бартараф ва нест кардани манбаъҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ё пешгирии паҳншавии ин бемориҳо ҳангоми пайдо шудани онҳо мусоидат намояд. Илова бар ин барои ташкили савдо, аз ҷумла, барои қабул, нигоҳдорӣ, фурўши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ), таъминот бо барқу об, гармӣ ва ташноб шароити зарурӣ фароҳам оваранд.

Боиси зикр аст, ки истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, дар вақти харидани мол ва кору хизматрасонӣ сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатӣ бехатарро аз истеҳсолкунанда ва фурўшанда талаб намояд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи қонун ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Истеъмолкунанда дар вақти харидории маҳсулоти хўрока ба тамғагузории он, яъне таркиби маҳсулот, санаи истеҳсол, муҳлати истеъмол ва маълумот дар бораи истеҳсолкунанда бояд аҳамият диҳад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Барномаи ҳамешагии маорифчиён

Паёми нерубахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифро барои иҷрои вазифаҳои навбатӣ ва қонунҳои амалкунанда раҳнамун гардонид.

 Низоми маориф ва илми кишвар имрўз марҳалаи муҳими тақвияту ташаккули худро пеш мебарад. Дар раванди ҷараёнгирии самарабахши соҳа ва ташаккули ҳамгироии илму таҳсилот нақши ҳукумати мамлакат ва сиёсати фарогиру дурнамои давлатӣ омили муҳим ба ҳисоб мераванд.

 Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон доштааст. Ҳамин аст, ки мо – маорифчиёни вилояти Суғд таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллатро ба соҳа ҳамаҷиҳата эҳсос мекунем. Яке аз падидаҳои ҷолиби ин сиёсати иҷтимоӣ аз моҳи сентябри соли 2018-ум 15 фоиз баланд бардошта шудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм муҷиби дилгармию ҳавасмандии маорифчиён ба натиҷаҳои фаъолият гардид.

Маорифчиёни вилоят дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини иҷрои рисолати бузургашон - роҳандозии таълиму тарбия бо назардошти ниёзҳои истиқлолияти давлатӣ, самтҳои пешрафти ҷомеа, арзишҳои маънавию ахлоқии халқамон дар пайвастагӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талош ба кор мебаранд.

 Аҳли маориф аз тамоми имконот истифода карда, дар ҷараёни пешбурди кори таълим ба як қатор дастовардҳо соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, соли хониши ҷорӣ ба зинаи сеюми таҳсил аз 41 ҳазору 753 нафар хатмкунандагони синфи 9 36 ҳазору 279 нафар ба синфи 10 қабул карда шуданд ва ин нишондод аз соли гузашта зиёд мебошад. Агар қабули хатмкунандагони синфи 9-ро ба литсею коллеҷҳо, маҳфилҳои гуногун ва ба фарогирӣ ба шуғлро ба инобат гирем, ин нишондиҳанда 97,2 фоиз, аз ҷумла духтарон 96,7 фоизро ташкил медиҳанд.

 Маорифи вилоят соли таҳсили гузашта дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” сазовори ҷойҳои аввал гардида, ҳамзамон 59 нафар шогирдон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 16 медали тилло ба даст оварданд. Бо мақсади ҳавасмандии омўзгорони пешқадаму соҳибтаҷриба бо иқдоми Раиси вилоят 200 нафар тарбиятгарони насли наврас дар осоишгоҳҳо ройгон бо истироҳат фаро гирифта шуданд. Ғолибони олимпиадаҳои хориҷаи дур ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 то 55 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. 19 ноябри соли 2017 қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020” ба тасвиб расид.

Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид доштанд, ки бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем. Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо дар ин самт ҷараёни хуб касб кардааст.

Ҷиҳати татбиқи ин ҳидояти созандаи Пешвои миллат дар Раёсати маорифи вилоят нақшаи махсуси чорабиниҳо таҳия гардида, дар асоси он раванди мазкур дар муассисаҳои таълимии вилоят дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф пешбинишуда, грантҳо, кредитҳо, фондҳои ёрирасони байналмилалӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дигар нуктаи муҳиме, ки дар Паём зикр гардидааст, масъалаи бо шуғл фарогирии аъзои ҳар як оилаи мамлакат мебошад. Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, косибӣ ва корҳои хонагӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ марказҳои омўзишӣ ташкил карда шаванд. Дар иртибот ба ин тазаккур бояд дод, ки дар назди 669 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои рўзгордорӣ ташкил шуда, ҳамчунин дар 859 муассисаи таълимӣ танўр ва дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ оташдон насб шудаанд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо маҳфилҳои сўзанидўзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ташкил ва дастгоҳҳои қолинбофӣ ва дўконҳои атласу адрасбофӣ харидорӣ шудаанд. Дар соли 2018 ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳ боз ҳам афзун мешавад.

 Паёми Сарвари муаззами кишвар на танҳо ба рушду нумуи соҳаи маориф, балки ба ривоҷи дигар ҷабҳаҳои ҳаёти мардум низ равона гардидаанд. Эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамаҷиҳата тараққӣ ёфтани соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ҳаматарафа мусоидат мекунад. Ин иқдоми навбатии Президенти мамлакат башоратгари рушду нумуи минбаъдаи ин соҳаи хеле сердаромад маҳсуб мегардад.

Маорифчиёни вилоят имрўзҳо бо шукргузорию саодат нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ҳамаҷониба омўхта, ҷиҳати татбиқи амалии онҳо аз таҳти дил саъю талош меварзанд. Зеро, Паёми Сарвари давлат ба ҳайси роҳнамои фаъолияти ҳамарўзаи маорифчиён ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, вусъати тафаккури илмӣ - иттилоотӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ наздик сохтани нишондиҳандаи таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таҳким бахшидани заминаҳои моддӣ - техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ хизмат мекунад.

 Осим Каримзода,
сардори Раёсати маорифи
вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор

Читать далее

Ҳадаф – таъмини зиндагии шоиста

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла, ба масъалаҳои муҳими марбут ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ ва решакан намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта назди масъулини вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои амиқ дода шуданд.

Рушди ҳар як кишвар ва таъмини сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба рушди соҳибкорӣ ва муҳайё намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ марбут аст. Таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон ба рушд ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳар як соҳибкор ва шаҳрвандонро дилгарм месозад. Боварии комил дорам, ки моҳияти ин нияти нек ва ҳадафи дилсўзонаи Пешвои миллатро пеш аз ҳама соҳибкорон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои хусусӣ ва ҳам масъулони Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор сидқан эҳсос намуда, содиқона ва бо виҷдони пок ҳамкориро бо бахши хусусӣ, яъне соҳибкорон вусъати нек мебахшанд.

Пешвои миллат бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон намуданд, ки ин иқдом ба рушду таҳкими соҳибкорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи саривақтии Президенти мамлакат қарор гирифт, тавсеаи корҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар кишвар мебошад.

Чуноне, ки дар Паём таъкид гардид, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр доштанд, ки «барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аммо сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳамоно беҳбудӣ металабад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».

Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода шуд, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Ин иқдоми Пешвои миллат саривақтӣ ва муҳим буда, аз як тараф ба ободу зеботар гаштани диёрамон, беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум ва муаррифии ҳарчӣ бештари маданияту фарҳанги қадимаи кишвари зебову биҳиштиамон, мавзеъҳои таърихиву муқаддаси мамлакатамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ин ташаббуси нек, аз ҷумла боиси рўҳбаландии аҳли кормандони ширкати мо гардид.

Дар Соли рушди сайёҳӣ бо ҷонибдори аз пешниҳоди Пешвои миллат кўшиш мекунем, ки сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бобати ҷалби сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоем.

Ба Кумитаи рушди сайёҳии кишвар ва сохторҳои он таклиф пешниҳод менамоем, ки ҳамкориро бо субъектҳои фаъолияташон ба сайёҳӣ марбут, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осорхонаҳо ва осоишгоҳҳо мустақим ба тариқи шартнома ба роҳ монад.

Чуноне, ки дар Паём зикр гардид, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст ва ҳар яки мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрўза дида, баланд бардорем.

Зеро, ба қавли Президенти маҳбубамон мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Абдуқодир ҶАББОРОВ,
бунёдгузор ва муассиси
ширкати «Сино», Корманди шоистаи
 маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Бўстон

Читать далее

Баҳри тарбияи фарзандони соҳибмаърифат

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - омўзгоронро хушнуд сохт.

Бармеояд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим бештар гардидааст. Таълимдиҳандагони муассиса қарори ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати қабули “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” хуш пазируфтанд. Зеро, бо муҷаҳҳаз гардидани утоқҳои фаннӣ ва омўзишгоҳҳо саводнокӣ боло рафта, моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем, самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем ва бо омодасозии мутахассисони оянда дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.

Ҳамзамон, салоҳиятнокӣ, ки дар тамоми муассисаҳои кишвар ҷорӣ гардидааст, моро водор месозад, ки аз болои худ бештар корбарӣ намуда, барои ба воя расидани фарзандони шоиста заҳмат кашем.

Мукаррама РАҶАБОВА,
омўзгор аз ноҳияи
Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» дониста шуд

29 декабри соли 2017 озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Дар озмун панҷ нафар довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат  аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи хулосаи аъзои ҳайати ҳакамон омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раъно Икромова бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон карда шуд.

Ба ғолиб туҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее