03 January 2018

Гар дасти фитодае бигирӣ…

Дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши вилоятии Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи хайрия доир карда шуд.

Котиби иҷроияи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд  Парвиз Ҷабборзода қайд кард, ки мову Шумо инсонҳои хушбахт ҳастем, ки дар кишвари тинҷу осуда ва ободу зебо ба монанди Тоҷикистон зиндагӣ менамоем.

-Мо дирўз дастаҷамъона Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гўш кардем. Бо ғамхории Сарвари давлат аз моҳи сентябри соли 2018 ҳаҷми маош, нафақа ва стипендияи донишҷўён аз 10 фоиз то 15 фоиз баланд карда мешаванд. Воқеан, Сарвари кишвар ҳамеша дастгиру ғамхори мардуми мо буда, дар ҳар баромадашон таъкид менамоянд, ки моён ба шахсони ниёзманди ҷомеа дасти ёрӣ дароз намоем. Дар ҳошияи ҳамин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тасмим гирифтем, ба 50 оилаи ниёзманд кўмаки яквақта дар шакли маводи озуқа расонем,-П.Ҷабборзода.

Раиси бахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Наимҷон Назаров қайд намуд, ки кўмак намудан ба шахсони эҳтиёҷманд яке аз самтҳои фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. Доир шудани чорабинии мазкур низ аз ғамхории воқеии давлат нисбати шахсони эҳтиёҷманд дарак медиҳад.

-Сиёсати давлатии мо ҳамеша барои беҳтар намудани некўаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст, иброз дошт мавсуф.

Ташкилкунандагони чорабинӣ ба саховатмандон ва волонтёрон, ки дар амалигардонии кори хайр кўмаки хешро расониданд, сипосгузорӣ намуданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

«Асрори сухан»

Ба ифтихори ҷашни 100-солагии профессор Воҳид Асрорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо номи «Асрори сухан» маҷмӯаи мақолаҳои устодони кафедраи журналистика дар нашриёти «Ношири Сайҳун» ба табъ расид. Китоби мазкур аз мақолаҳое иборат аст, ки он ба масъалаҳои мубрами журналистика, забон, адабиёт ва фолклори тоҷик бахшида шудааст.

Маҷмӯаи ҳосили ҳамкории олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, он аз се бахш иборат аст. Бахши аввал «Накӯдошти Воҳид Асрорӣ» унвон гирифта. мақолоти олимони шинохтаи ҷумҳурӣ Мурод Муродӣ, Муртазо Зайниддинов, Ҷӯра Юсуфӣ, Субҳони Аъзамзод, Шодӣ Шокирзода, Дилбар Самадова, Мутриба Мавлонова, Абдуллоҷон Мавлонов, Илҳоми Ҷамолиён, Бобоҷон Икромов фароҳам омада, ҳачун меҳрнома иншо гардидааст.

Бахши дигари он «Масъалаҳои журналистика», ном гирифтааст, ки мақолаҳои донишмандон Сангин Гулов, Шариф Муллоев, Маликахон Саидхоҷаева, Инобат Қосимова, Эҳсон Раҷабӣ, Манзура ҳомидова, Каримбой Комилов ва ғайраҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами журналистикаи муосири тоҷик баҳс мекунанд, ки он бозгӯкунандаи вазъияти имрӯзини журналистикаи тоҷик мебошад.

Бахши сеюм «Масъалаҳои адабиёт ва фолклор» аст, ки ин бахш бошад фарогирии мақолаҳои олимони шинохта Матлубаи Мирзоюнус, неъматҷон Файзуллоев, Муҳаббат Тиллохоҷаева, Саидумрон Саидов, замира Ӯлмасова, Сурайё Ҳакимова, Ӯғулой Қосидова, Абдуқодир Шехов дар бораи масъалаҳои адабиёту публисистикаи тоҷик иншо гардидааст.

Китоби мазкур ба журналистон, мунаққидон, адабиётшиносон, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯён судманд аст.

Муқимҷон Алишехов,
донишҷӯи соли сеюми ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Хуҷанд: дар оинаи сол

Боз соле сипарӣ мегардад ва моро ба айёми нав мебарад. Чун анъана дар анҷоми сол бурду бохт ва дигаргуниҳои соли рафтаро ба риштаи таҳлил кашида, барои соли пешомад нақшаҳои нав тарҳрезӣ мекунем.

Нақшаву ниятҳои неки зиёд дорем, ки бояд онро дар Соли нав ба иҷро расонем. Бештар диққати худро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ равона намуда, кўшиш мекунем, ки шаҳрамонро боз ҳам зеботару дилработар намоем. Бо ин мақсад дар давраи соли 2017 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 170,9 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 110,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бо мақсади дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоот дар минтақаҳои аҳолинишин баҳри пешрафти самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, расидан ба ҳадафҳои талаботи имрўзаи ҷомеа, иҷрои азнавсозии лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр тасдиқ гардид. Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо мақсади ба талаботи муосир ҷавобгўй будани роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расиданд. Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳо фурўзонакҳои каммасраф, симу кабелҳо иваз ва насб шуданд.

Дар соли 2018 азнавсозии боғчаҳои бачагона, мактаб-гимназияи ба номи М.Беҳбудӣ, корҳои вобаста ба таъминоти об, барқ, қисман бунёди роҳ дар шаҳраки Сайҳун, барқарор намудани чойхона ва чашмаи “Оби шифо” дар назди маҷмааи “Ҳазрати Бобо” иҷро карда мешаванд. Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободонию бунёдкориро пеш бурда, ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинони маркази вилоятамон корҳои мушаххасро ба анҷом мерасонад.

Мардуми шарифи вилоят ва аз ҷумла кулли ҳамватанонро бо Соли нав табрику таҳният мегўям. Саломатӣ, саодату ободии хонадон ва баракати умрро барояшон таманно дорам.

Маъруф Муҳаммадзода,
раиси шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Нуфузу эътибори иқдому ташаббусҳо

Иқдомҳои башардўстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, эълон доштани «Соли 2003 –Соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», (2018-2028) аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд. Дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми фараҳбахши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати ошомиданӣ «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гашта буд.

Тибқи Барномаи вилоятӣ марҳала ба марҳала лўлаҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки солҳои шастум ва ҳафтодуми қарни гузашта сохта шуда буданд, таъмиру таҷдид мегарданд.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олим Очилзода дар шаҳру навоҳии вилоят тибқи нақша 492 километр лўлаҳои обгузари нўшокӣ таъмир мегарданд. Дар ин самт пайваста кор пеш рафта, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фоизи бештари иҷрои корҳо ба шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол Конибодом, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Деваштич, Шаҳристон ва Мастчоҳ рост меоянд. Дар ин муддат зиёда аз 40 ҳавзи захиравии об 72 чоҳи амудӣ сохта, таъмир шуданд, ки ин нишондиҳанда далели 144 фоиз иҷро гардидани Барнома аст.

Маблағгузории самтҳои асосии Барнома аз буҷети вилоятӣ, маҳаллӣ аз ҳисоби корхонаҳои обтаъминкунӣ ва соҳибкорону аҳолӣ сарчашма гирифта, дар ин замина дар асоси қарори Раиси вилоят барои амалӣ намудани Барномаи мазкур беш аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, яъне сармояи хориҷӣ низ дар ин ҷода корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Дар натиҷаи амалишавии Барномаи вилоятии «Соли 2017-соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншооти обрасонӣ ба эътидол омада, хароҷоти садамавии хатти оби нўшокӣ кам, ҳаҷми обрасонӣ зиёд, сифати хизматрасонӣ беҳтар ва шумораи истифодабарандагони оби тозаи ошомиданӣ афзуданд, - изҳор дошт Олим Очилзода.

Иқдому ташаббуси саривақтии Раиси вилоят барои рушди соҳибкорӣ, пешравии соҳоти иқтисодиёти вилоят, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти саломатии мардум мусоидат намуданд.

 Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее