02 January 2018

Баҳри интихоби дурусти касб

Бо мақсади ошноии бештари хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад.

Бо ин мақсад дар Кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда иброз дошт, ки соли равон 48 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 11 мактаби хусусии шаҳри Хуҷандро 2445 нафар хатм менамоянд. Ҳамасола миқдори дохилшавии довталабони шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳии вилоят бештар аст. Солҳои охир бинобар таваҷҷуҳи хосса ба мактабу маориф, шумораи ғолибони олимпиадаи байналмилаливу ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби хонандагони шаҳри Хуҷанд афзуда истодааст.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Шарифзода Муъмин, ректори ДДҲБСТ, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Рауф Олимӣ, директори ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷнд  ва Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд тавассути видеролик ва слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Хатмкунандагону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд дар фарҷом ба сарварони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

«Ёди он айём»

Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ 65-солагии шоираи хушбаёну маҳбуб, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муаттара Fаниева баргузор гардид. Нахуст маҳфилро Китобдори шӯъбаи хизматрасонии китобхонаи мазкур Моҳира Болтубоева ҳусни оғоз бахшида доир ба фаъолияти эҷодии шоира сухан гуфт.

Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз эҷодиёти шоира ғазалҳои тозаэҷоду тозамаъно қироат карданд. Баъдан Муаттара Fаниева аз эҷодиёти хеш чанд шеъри пурмазмуну пандомез хонда, шефтагони сухани нобро болидахотир сохт. Инчунин дар бораи шаҷараи хонаводааш ҳарф зада, аз бобояш шоир ва мударрис шоир, Фавзии Хуҷандӣ ёдовар шуд.

Ҳофизони шинохта Илёс Очилов, Давлатманд Қутбиддинов, Камоли Рӯмонӣ аз оҳангҳое, ки ба ашъори шоира бастаанд, сурудҳои дилошӯб сароиданд.

Дар анҷом шоира Муаттара Fаниева ба ҳамаи ширкаткунандагон ва ташкилкунандагони чунин махфили зебою хотирмон изҳори сипос гуфт.

Муқимҷон Алишехов,
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Читать далее

Aфзалияти таълиму тарбия

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат басо нуктаҳои муҳим таъкид гардиданд. Воқеан, сол аз сол дар ҳамаи соҳот пешравиву натиҷаҳои хуб ба назар мерасанд. Аз ҷумла, сохта ба истифода додани якчанд муассисаҳои таълимӣ, ки барои баланд бардоштани савияи маърифати наврасону ҷавонон мусоидат менамояд, боиси хурсандии мардуми кишвар аст. Ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат худ шаҳодати он аст, ки босавод будани ҷомеа дар мадди назар мебошад.

Дар Паём омадааст: «Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст».

Омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳанд, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намоянд.

Бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик гардонида шаванд. Мо - маорифчиён аз нуктаҳои Паём ва суханони Президенти кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд низ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат сидқидилона, бо масъулияти баланди касбӣ хизмат менамоем.

Маҳбуба УМАРОВА,
мутахассиси Донишкадаи
такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Читать далее

Дуобӣ – саргаҳи пайвандгарӣ

Дар миёнҷои сойоби деҳаи Хишекат қарор дорем. Вақте боло менигарем, зери осмони софу беғубор табиати афсонавӣ ба чашм мерасад. Баландиҳои шағалини варақбаста, рахнаҳои девораш аҷоибу ғароиб, шохобчаҳои равон, ду ҷӯйоби калон аз ду ҷониб, яке аз баландии деҳаи Росровут, дигаре аз баландии деҳаи Метк ба поён оромона, вале босуръат дар сойи деҳаи Хишекат ба ҳам мепайванданд, гӯё ду дӯст ба истиқболи ҳамдигар шитоб дошта бошанд. Ин саргаҳи пайвандгариро мардум Дуобӣ ном додаанд.

Дастрасӣ ба об

Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар ҷаҳон иродаи сиёсии худро ба номоиш гузошта, тули ду даҳсолаи охир ба сифати ташаббускори асосии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ибтикор нишон медиҳад. Дар ҳамин радиф, мардуми диёр низ бо дарки он, ки масъалаи дастрасӣ ба об яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҳаёти инсонӣ маҳсуб меёбад, дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об мусоидат менамоянд. Зеро, сокинон, бахусус, қисмати поёнии ноҳия, ки дар тобеияти шаҳраки Ғончию Ҷамоати деҳаҳои Ғазантарак, Яхтан ва қисман Ҷамоати деҳоти Муҷун мебошанд, аз танқисии об азият доранд.

Лоиҳае, ки бо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷонибдорӣ гашта буд, ҳангоми сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диёри зебоманзари мо 16 ноябри соли 2015 ба оғози кашидани хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой нақши дасти мубораки хешро гузоштанд. Мардуми ноҳия аз ин иқдом шукргузорӣ намуда, умед аз он доранд, ки дар муддати кӯтоҳ заминҳои ташналаб аз об баҳравар гашта, соҳаи кишоварзӣ рӯ ба инкишоф меорад. Манбаи обтаъминкунии заминҳои кишоварзии ноҳия обанбори Даҳанасой аст, ки солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст.

Агар ҳоло 8-10 миллион метри мукааб об захира карда шавад, баъди барқарор гардидан ва омадани оби Даҳкатсой ба зиёда аз 22 миллион метри мукааб мерасад. Азбаски Деваштич ноҳияи аграрӣ ба ҳисоб меравад, соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад.

Айни ҳол масъулини сохтмонро дар ҷараёни кор вохӯрда, шоҳид гаштем, ки тавассути трактор лӯлаҳо мехобонанд. Кор то андозае ба анҷом наздик аст. Мардуми ноҳия аз итмоми ин хатти об ҳадафҳои зиёдеро интизоранд.

Роҳ дар оинаи рӯзгор

Бояд қайд намуд, ки дар мувозинати Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия 13,8 километр роҳҳои байналмиллалӣ, 22 километр ҷумҳуриявӣ, 197,6 километр аҳамияти маҳаллидошта ва 636,2 километр роҳҳои байни хоҷагиҳо, ҳамагӣ 869,6 километр роҳ мавҷуд буда, ҳолати онҳо дар назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Тазаккур бояд дод, ки дар соли 2017 роҳи байни Ғончӣ-Муҷун-минтақаи Исмоили Сомонӣ ба масофаи 10 километр, ки маблағи иҷрои кори мазкур 8,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мумфарш шуда истодааст.

Ободшавии роҳро мебинему бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат шукргузорӣ менамоем. Маҳз роҳ вақтро ғанимат, мушкили моро осон мекунад, дуриҳоро наздик менамояд.

Сохтмони нотамом барқарор мешавад

Ҳанӯз соли 1991 сохтмони таваллудхонаи марказии ноҳия шуруъ шуда, то соли 1995 идома ёфт. Бинобар норасоии маблағ то соли 2014 сохтмон муваққатан боздошта шуда буд. Ҳангоми сафари корӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи сохтмони бинои нотамом шинос шуданд.

Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси вилоят буд, ки дар шаҳраки Ғончӣ сохтмони таваллудхона аз нав ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони бинои тиббӣ аз соли 2014 то соли 2017 аз буҷет маблағгузорӣ гардид, ки масоҳати бинои таваллудхона 3 712 метри мураббаъ буда, 39 утоқи табобатӣ ва барои 100 нафар ҷои хоб пешбинӣ шудааст. Дар асоси нақша ошхона, ҳавзи об, системаи гармидиҳии марказонидашуда, дар атрофи бино боғ барои истироҳату сайругашти беморон бунёд гардида истодааст. Ҳамчунин 11 нафар соҳибкор барои кушодани мағозаҳои хӯрокворӣ омодагӣ доранд.

Имрӯз мардуми ноҳия ободкориҳои замони муосирро дар тарозуи ақл бармекашанду қаноатмандӣ изҳор мекунанд.

Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Майдони кишти шолӣ афзун мешавад

Ин аст, ки соли равон 124 гектар замин дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Соли 2018 мувофиқи нақша боз азхудкунии 159 гектар замин ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садди муҳофизатӣ ҷараён дорад.

Сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Панҷакент Қурбонмурод Усмонов изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади азхуд намудани заминҳои бекорхобида дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, дар соҳили рости дарёи Зарафшон соли 2016 зиёда аз 1 километр садди муҳофизатӣ сохта шуд. Дар натиҷа 130 гектар дар Ҷамоати Хурмӣ ва 26 гектар дар Ҷамоати деҳоти Амондара замини нави кишти шолӣ ташкил гардид, ки ин барои фароҳам овардани ҷойи корӣ ва ҳам барои беҳдошти зиндагии мардум манфиатбахш аст. Тибқи таҳлилҳо соли аввали ташкил аз ин заминҳо деҳқонон ҳосили хуб ба даст оварданд.

Иқлим ва шароити Панҷакент барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳи навъҳои гуногуни шолӣ мусоид мебошад. Соли гузашта дар соҳили рости дарёи Зарафшон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 1100 метр соҳилбандӣ анҷом дода, аз ин ҳисоб майдони шолӣ дар шаҳр бештар аз 100 гектар зиёд гардид.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Ғолиб Ғиёсов афзуд, ки соли 2017 нақшаи кишти шолӣ дар майдони 1501 гектар расонида шудааст. Аз рӯи нақша - чорабиниҳо марҳала ба марҳала то соли 2020 майдони кишти шолӣ афзун гардонида, масоҳати он то ба 2000 гектар мерасад. Аз кишти имсолаи шолӣ дар майдони 1501 гектар то имрӯз 10 ҳазору 730 тонна шолӣ ҷамъоварӣ ва ба коргоҳҳои коркард фиристода шудааст.

-Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент амалӣ мегарданд, - гуфт мудири бахш Ашраф Ғафуров.

Мавсуф афзуд, ки бо мақсади амалигардонии Барномаи озуқавории мамлакат, пайдо намудани ҷойи корӣ ва афзудани истеҳсоли шолӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҷиҳати ба кор андохтани 50 гектар замини нав аз ҳисоби мавзеъҳои бекорхобидаи соҳили дарёи Зарафшон чораҷӯӣ шудааст. Дар ин бобат қарори раиси шаҳри Панҷакент ба тавсиб расида, то ба имрӯз зиёда аз 1000 метр корҳои соҳилбандӣ бо сифати хуб ба сомон расонида, 30 гектар замин барои кишти шолӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомон сохтмон ва К» тайёр гардида, дар 8 гектар замини нави корам шолӣ парвариш ёфта буд.

Аз ин иқдом ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинони деҳаи Хурмӣ басо хушҳоланд, ки соҳиби замин гаштаанд. Онҳо бо азму иродаи қавӣ заҳмат кашида, дар қисми заминҳои омодашуда кишти шолӣ гузаронидаву аз ин ҳисоб сатҳи зиндагиашонро беҳтар менамоянд.

Соли 2018 шоликорони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Саразм, Хурмӣ ва қисман дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ замини кишти шолиро зиёд намоянд. Айни ҳол дар ин мавзеъҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои муҳими кишоварзӣ бомаром идома дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 «Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Читать далее