December 2017

31 December 2017

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ

31.12.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад.

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Читать далее

29 December 2017

Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарини шаҳри Истаравшан муайян гардид

26 декабри соли ҷорӣ дар толори  Маркази фарҳангӣ – фароғатии «Муборак» маросими ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  занони собиқадор, фаъолону пешсафони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ширкат намуданд.

Нахуст, Ҳайдарзода Нигора муовини Раиси шаҳр ба сухан баромада, иброз намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва махсусан истеҳсоли атласу адраси ватанӣ хеле зиёд аст. Пешвои муаззами миллат дар паёми хеш иброз намуданд, ки «Бо мақсади тараққи додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин  ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Бояд қайд намуд, ки тӯли як моҳ  озмуни мазкур аз тарафи ҳайати ҳакамон бо сарварии муовини Раиси шаҳри Истаравшан – Нигора  Ҳайдарзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила – Фируза Муминова, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдо – Алишер Маъмуров, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила – Шаҳло Назарова, раиси Шeрои духтарони шаҳр – Зулфия Эркаева, сармутахассиси раёсати агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳр – Муродҷон Аюбов ва адрасбофи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр – Нодира Мадалиева аз руи талаботи Низомномаи озмун баҳогузорӣ карда шуд. 

Барномаи фарҳангӣ, саволу посухҳои ҳунармандони адрасбоф, таманниёти собиқ сарвари ҶДММ «Шоҳӣ» Маъмурова Муборак  барои рушди минбаъдаи соҳаи адрасбофӣ ба маврид буд.

“Оид ба фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофӣ дар Истаравшан изҳори ақида намуда, ба иштирокчиён ва ғолибон Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуд” – афзуд, Шаҳло Назарова масъули шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан.

Аз руи ҷамъбаст, бо унвони «Сифати беҳтарини адраси дастӣ» Зилола Ҷӯраева адрасбофи Ҷамоати деҳоти Пошкент, «Нақши беҳтарин, ҳалли тобиш» - Зиёда Муҳаммадиева Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ, «Адрасбофи моҳир»- Муслима Сулаймонова Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, «Тобиши беҳтарин» -Дилсора Буриева Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, «Кошонаи ҳунар» - Наргис Ҷумаева Ҷамоати деҳоти Гули Сурх озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» ва «Шоҳҷоиза» насиби  Шириной Ҷӯрабоева аз  Ҷамоати деҳоти Нофароҷ гардид.

Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба як қатор занони фаъолу собиқадор туҳфаи хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуд.

Шералӣ Азимӣ,
котиби матбуоти Раиси шаҳр

Читать далее

Хизмати шоиста

Мудири беморхонаи Ҷамоати деҳоти Оббурдон Убайдулло Худойбердиевро дар ноҳияи Мастчоҳ хурду калон мешиносанду эҳтиром мекунанд. Беморон eро ҳамчун духтури сабукдасту таҷрибадор мешиносанд.

Беш аз 35 сол мешавад, ки барои беҳтар намудани шароити солимгардонии аҳолии деҳоти Ҷамоати деҳоти Оббурдон ҷидду ҷаҳд менамояд. Унвони Убайдулло Худойбердиев касби падарашро интихоб кардааст. Соли 2017 e бо нишони сарисинаги «Аълочии тандурустии Тоҷикистон мушарраф шуд.  Убайдулло Худойбердиев табибони беморхонаи деҳаи Оббурдон шабу рeз дар хизмати истиқоматкунандагони 56 деҳа буда, ҳуҷраи қабули беморон ва нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар ҳолати корӣ мебошанд.

Дар беморхонаи Ҷамоати деҳоти Оббурдон Одина Шоҳсаидов, Икром Мусоев, Маликраҳмат Одинаев, Тоҳир Қамбаралиев, Гулбаҳор Авезова, Собир Розиқов, Абдуқодир Абдуллоев, Муллошариф Қосимов ва даҳо табибон ба аҳолӣ шоиста хизмат мерасонанд. Халқу диёр аз хизмати духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ қаноатманданд.

Одина Бароти Мирзо,
ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

Садамаҳои ҳалокатовар

Шӯъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ мунтазам корҳои ташвиқотию тағриботиро пурзӯр  менамояд вале бо вуҷуди ин вазъи садаманоки дар роҳҳои нақлиёгарди вилоят ташвишовар боқи мемонад. Давоми 11-моҳи соли 2017, дар  роҳҳои нақлиётгарди  вилоят-312 адад  садамаи  нақлиёти  ба қайд  гирифта шудааст, ки бар асари  он-137 нафар  ҳалок, 309-нафар  ҷароҳатҳои  ҷисмонӣ  бардоштаанд. 

18-уми декабрӣ соли 2017, тахминан  соатҳои  09.00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи  боркаши «Долун», рақами давлатиаш ТҶ 3260вв/02, А.ҳасанов соли таваллудаш  1970 истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зогсун  ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар км-218 - ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалачаи Калони ноҳияи Истаравшан, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ҳангоми фаромадан аз баланди ба нишебии роҳи мазкур баромада ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33021” рақами давлатиаш ТҶ 0950КО/02, ки ронанда ҳикмат Давлатов соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ Ҷамоати деҳоти Палдорак, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи  автомашинаи боркаши тамғаи “Долун” А.ҳасанов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи Марказии шаҳри Истаравшан бистарӣ гашта, ронандаи  автомошинаи тамғаи “ГАЗ-33021” ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааш, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 22-уми декабри 2017 тахминан соатҳои  17.30 дақиқа  ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами давлатиаш ТҶ 2198ДД/02, А.Шарифов истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳалаи.19. ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард ҳаким ҳасанов соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд маҳалаи, 28, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт, пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҳ.ҳасанов  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи марказии 1 шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст. Аз ин лиҳоз аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт, хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намуда, ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд.

Ҷ.Сафарзода,
лейтенанти милитсия

Читать далее

«Омад баҳор бе ту»

Таҳти ҳамин унвон маҷмаи ашъори шоири ширинбаён, тозагӯ, нозукхаёл, боистеъдод Аъзами Хуҷаста аз чоп баромад. (Хуҷанд, нашриёти «Тоҷпринт 2017) Дар ин маҷмӯаи шеърҳои дар қолаби зулол эҷодшуда ва ғазалҳои ноби шоир гирд оварда шудаанд. Ин маҷмӯа фарогири мавзӯъҳои гуногун аст.

Аслан, Хуҷаста ба муаррифӣ ниёз надорад. Муаррифгари ҳар шоир шеъри ӯст ва  чакидаҳои ноби ӯ далели ин гуфтаҳоянд. Ашъори ӯ равон, балеғу бофасоҳат, дилчаспу нишонрас ва хонданист. Ашъори ин суханвари хушзавқ дар оинаи шеър софу ҷилвагар аст. ҳамчунин 35 ғазали шевои шоир зеббахши маҷмӯа ҳастанд. Маъниҳои бикру форам, завқи баланд, фикри расо, тасвирҳои зебо, таносуби сухан, ширингуфторӣ, ашъори латифу дилнишин, рӯҳнавоз ва шеъри баланд далели истеъдоди олии ин суханваранд. Мо ба устод дар ин кори пурмашаққат парвози баланди эҷодиро таманно дорем. Дар хотима гуфтан ҷоиз аст, ки ин маҷмӯа тӯҳфаи хубест барои  алоқамандону мухлисони хушзеҳну суханпарвар. Маҷмӯи туҳфаи хубест барои алоқамандону мухлисони хушзеҳну суханпарвар. Ин маҷмӯа моро ба дунёи маънӣ мебарад, лаззати маонӣ мебахшад.

Қурбон ҚУРБОНОВ,
шоир ва рӯзноманигор

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст масъала «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» баррасӣ гардид.

Читать далее

Боғҳои нав доман мекушоянд

Бунёди боғ аз қадимулайём яке аз корҳои хайр ба шумор меравад. Парвариш кардани дарахтон, ба даст овардани ҳосили фаровон ва пешкаши мардум намудан мақсадест, ки баҳри он боғбон пайваста меҳнати пурмаҳсул мекунад. Боғу токпарварӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ аст.

Имрӯз «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ум амалӣ шуда истодааст. Дар робита бо амалигардонии барномаи мазкур дар парвариш ва истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам боз ҳам вусъат меёбад. Инчунин бунёд намудани боғҳо бо истифодаи технологияи интенсивӣ, обёрии қатравӣ ва дигар усулҳои самараноки соҳаи кишоварзӣ ҷараён доранд.

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят дар давоми солҳои 2016-2020 бунёди боғу токзорҳои нав дар майдони 5402 гектар пешбинӣ гардидааст. Аз 4742 гектар 660 гектарро бояд токзор ташкил диҳад.

Соли равон дар ҳудуди вилоят бунёд намудани 1035 гектар боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, иҷрои он ба 1 декабри соли ҷорӣ 1116,7 гектарро ташкил додааст, ки 107,9 фоизи нишондод мебошад. 826 гектари боғҳои бунёдгардида дарахтони меваҳои донакдор, 166,2 гектар дарахтони тухмидор, 39,7 гектар мағздор ва 9 гектарро майдони боғи субтропикӣ ташкил додаанд.

Айни ҳол таваҷҷуҳи кишоварзон ва боғпарварон барои бунёди боғҳои интенсивӣ зиёд гардида, ин имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз обмонии қатравӣ ҳосили фаровон ба даст оварда шавад. То 1 декабри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21,2 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 10 гектар, Шаҳристону Спитамен 3 гектарӣ, Деваштич 2,2 гектар, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом 1 гектарӣ боғҳои интенсивӣ қомат рост карданд.

Инчунин, аз тарафи кишоварзон дар талу теппаҳо барои бунёди боғ корҳо рафта истодаанд, ки аз 202 гектар боғҳои бунёдгардида 59 гектари онро токзор ташкил медиҳад. Дар доираи «Барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» аз нав барқарор кардани боғу токзорҳои кӯҳна низ ба назар гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, бо меҳнати боғпарварон 1055 гектар боғу токзор нав карда шуд. Дар ҳудуди вилоят барқароркунии 999 гектар боғҳои кӯҳна ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли пешин 368 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғҳои кӯҳна дар майдони 56,4 гектар ба иҷро расидааст.

Бунёди боғу токзор барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Афзун намудани парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ток ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор боис мегардад.

Албатта, ҳосили фаровон самараи меҳнати софдилонаи боғбон аст ва саҳмгузорӣ дар бобаракот гардонидани дастархони мардум боиси сарфарозист.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истаравшан: Вусъати ободкорӣ

Бо рӯҳбаландӣ аз Паёми навбатии Пешвои миллат мардуми сарбаланди шаҳри бостонӣ дар корҳои созандагиву ободкорӣ иқдом намуда, бобати боз ҳам зебову назаррабо гардидани диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд. Бунёди шаҳраки нави “Баҳористон” аз ҷумлаи иқдоми созандагӣ маҳсуб ёфта, он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 35000 аҳолӣ амалӣ мегардад.

Аллакай шаҳрак бо хатти оби нӯшокӣ, барқ пурра таъмин буда, сохтмони хонаҳо ва биноҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта бомаром идома доранд.

Бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ обёрӣ намудани зиёда аз 4 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи мавзеи Қизилӣ ва Сексарии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич амалӣ гардида истодаанд. Инчунин, дар ду соли охир ба пуррагӣ чароғон намудани маркази шаҳр, таъмири роҳҳои деҳаҳо ва асфалтпӯш намудани онҳо, таъмин кардани аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, бунёд ва азнавсозии Қалъаи Муғ босуръат давом дорад.

Моҳи декабри соли 2017 қарори раиси шаҳри Истаравшан “Дар бораи эълон намудани 110 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ” ба тавсиб расид, ки онро мардуми шаҳр бо хушнудӣ пазируфтанд.

Ӯткур Абдулхайров,
шаҳри Истаравшан

Читать далее

Таҳкимбахши самтҳои фаъолият

`Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда мушаххас карда шуданд. Дар Паём доир ба минбаъд рушду такомул бахшидани соҳаи саноати мамлакат таъкид гардид.

Дар ин радиф ҷоиз ба зикр аст, ки Гулистон яке аз шаҳрҳои саноатии кишвар маҳсуб меёбад. Дар шаҳр 26 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва ҳаҷми маҳсулоти онҳо бештар аз 35,4 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноат истеҳсоли 93 намуди аслии маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки инҳо консентрати сурб, руҳ, мис, маҳсулоти оҳану бетонӣ, зарфҳои шишагӣ, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, маҳсулоти заргарӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан, коргоҳҳои сангҳои ороишӣ, сафолаки роҳравҳо, маҳсулоти дӯзандагӣ, инчунин истеҳсоли неруи барқ ва бисёр дигар молҳои ниёзи мардум мебошанд. Дар маҷмуъ, корхонаҳои саноатӣ дар марҳалаи аз Паём то Паём, агар соли 2016 ба маблағи бештар аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошанд, ин рақам дар 11 моҳи соли 2017 зиёда аз 3,2 миллиард сомониро ташкил намуд.

Корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ин давр аз 100 фоиз то 10,8 маротиба зиёд таъмин намуданд. Коргоҳҳои саноатӣ бо 23 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ доранд. Фарқияти содирот дар ин марҳала аз воридот 27 маротиба афзун гашт.

Бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки шаҳри Гулистон бо табиати дилангезу мавзеъҳои хушманзараи истироҳатиаш макони сайёҳист. Дар шаҳр урдугоҳу осоишгоҳ ва истроҳатгоҳҳо дар хизмати сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷианд. ҳамчунин меҳмонхонаҳои замонавӣ фаъолият доранд. Минбаъд бо мақсади ҷалби сайёҳон аз ҳисоби минтақаҳои истироҳатбоби шаҳр таъсис додани як қатор фароғатгоҳҳо дар назар аст.

Баҳри рушди ҳунармандӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, имрӯз Марказҳои таълимию истеҳсолии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дигар касбу ҳунарҳои миллӣ фаъолият доранд.

Ҷиҳати ободонӣ Паём раҳнамои мо буда, мунтазам тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд, шаҳракҳо тозаву роҳҳо мумфаршанд, мардум бо дили гарму шукронаи айём зиндагиву кор мекунанд.

Матлубахон АМОНЗОДА,
раиси шаҳри Гулистон

Читать далее

28 December 2017

Дар шаҳри Бӯстон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қад афрохт

Рӯзи 28 декабри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи маҷмааи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Қасри фарҳанги шаҳри Бўстон қомат афрохтааст, ки баландии он 18 метрро ташкил медиҳад. Барои навсозии майдони мазкур ва гузоштани Нишони давлатӣ 1,2 миллион сомонӣ масраф шуда, ин мавзеъ ба макони ободу зебо табдил дода шудааст.

Читать далее