15 November 2017

Иҷлосияи XVI иҷлосияи тақдирсоз буд

Дар деҳаи Эшонқӯрғони ноҳияи Деваштич бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо хонандагону фаъолони деҳа баргузор гардид.

Дар он собиқадори меҳнат, модари фарзанди қаҳрамони ноҳия, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷонфидоӣ намуда, дар роҳи ҳифзи Ватан-Модар ва ҳаёти миллионҳо нафар сокинон ҷони худро дареғ надоштааст – Муборак Ғайбуллоева иштирок намуд.

Дар оғози мулоқот роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов сухан намуда, аз воқеаву қарорҳои таърихии дар иҷлосияи мазкур қабулшуда маълумот дод. Қайд намуд, ки маҳз дар иҷлосия қаҳрамони ояндаи Тоҷикистон, фарзанди бо нангу номус ва ғамхори давлат – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвар интихоб шуда буданд. Маҳз даъвату суханрониҳои инсондӯстона, доштани хиради азалӣ созандангӣ ва ояндабинии неки шукуфонии Тоҷикистонро ҳазорон нафар фарзандони ҳамақидаву некхоҳи тоҷик аз Раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шунидаву имконпазирии онҳоро эҳсос мекарданд. Баҳри дар амал татбиқ намудани чунин иқдомҳову қарорҳои сулҳхоҳона пайрави роҳбари кишвар гардиданд, ки яке аз онҳо Авазҷон Насриев буд.

Муборак Ғайбуллоева аз хизматҳои фарзандаш бо сарбаландию ифтихор сухан ронда, зикр намуд, ки писари калониаш Авазҷон Насриев ҳамчун корманди милитсия барои пойдории сулҳу субот ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ аз ташаббусҳои сулҳпарваронаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом гирифта, пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба пойтахт ба сафари хизматӣ меравад. Маҳз иродаи матину эҳсоси ватандӯстонаи чунин фарзандон имрӯз барои ҳазорон модарону падарон ва насли наврас осмони беғубору сулҳу амониро таъмин намудааст.

Дар хотима Муборак Ғайбуллоева қайд намуданд, ки Иҷлосия барои миллионҳо нафар сокинон дари умеду орзуҳоро боз намуд. ҳамагон ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон эътимод пайдо карданд.

Рухшона Ҷӯраева,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Санаи 14-ноябри соли равон бо иштироки кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва намояндагони макотиби таҳсилоти олии касбӣ, сарварони сохторҳои зертобеи соҳавӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Ирфон» муаррифии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва муаррифии барномаи мулоқот аз ҷониби муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С.Раҳматов кушода шуд. 

Баъдан аҳли толор сухани пазироии намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари бахши маорифи ИҶКБМ дар Тоҷикистон Н. Дастамбуев шуниданд.

Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Н. Оқилзода  муаррифӣ гардид. Номбурда иброз дошт, ки Кодекс қонуни ягона ва мураттабест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита, бавосита ва бонизом танзим мешавад. Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 фасл, 53 боб ва 272 модда иборат мебошад.

Пас аз муаррифии лоиҳаи Кодекс суҳбати озод доир  шуд, ки дар рафти он  таклифу пешниҳоди иштирокчиён ҷиҳати ворид намудани ба лоиҳа шунида шуд. Аз ҷумла, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов, директори Филиали ДТИБКСМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд М.Исматдинов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф А.Қурбонов, директори Планетарияи шаҳри Хуҷанд М.Қосимов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Р.Аҳмадова ва собиқадори соҳаи маориф А.Солиҷонов таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.  

Дар интиҳои муаррифӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид зарурати таҳияи Кодекси маорифи ҷумҳуриро таъкид намуд ва маорифчиёнро барои иштироки фаъолона дар муҳокимаи лоиҳаи он даъват ба амал овард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан”

Нишасти 156-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”,  бахшида ба Рӯзи Президент ва  25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, бо иштироки адибону олимон, устодон ва донишҷӯён  дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  баргузор  гардид.

Маҳфилро устоди ДДХ, номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида ҳозиринро хайрамақдам гуфта, бо ҷашнҳои бузурги таърихӣ муборакбод кард. Таҳти унвони  “Дар остони ҷашнҳои бузург”Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, доктори илмҳои таърих, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровбаромад карда, зимни сухани хеш иброз дошт, ки дар баробари хидматҳои бузурги Пешвои миллат дар барқарор кардани сулҳу субот, оид ба арзиши таърихии Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии, Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.Ваҳҳоб Набиев, доктори илмҳои таърих, профессор таҳти  мавзӯи “Тулӯи офтоби саодат” ба тафсил  оид ба таърихиИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабабҳои асосии баргузории ин воқеаи таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳарф зад.

Шоир ва адабиётшиноси маъруф Нуралӣ Нурзод  бобати таассуроти хеш аз ширкат дар конфронси байналмилалии ки кишвари Покистон  бахшида ба 140-солагии Иқболи Лоҳурӣ нақл намуда, чанд шеъри нави хешро барои ҳозирин қироат кард.

Филми адабӣ бо номи Достони Ватан”  бахшида ба Рӯзи Президент ва 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳунари баланд намоиш дода шуд. Суруду оҳангҳои дилнавози ҷавонони ҳунарманди донишгоҳ анҷомбахши маҳфил гардид.

 Саидумрон САИДОВ

Читать далее

Вохӯрӣ бо ғунчаҳои санъат

Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари бадеӣ, аъзо ва дастаи санъаткорони навраси Ҷамоати деҳоти Яхтан вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар рафти суҳбат бо ғунчаҳои санъат роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон Сарвар Саидов зикр намуд, ки соҳаи фарҳангу маданият дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, шароитҳои хубу мусоиди инкишофи эҷодиёту имкониятҳои дарёфти истеъдодҳо васеъ гардида, эътибори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин соҳа басо ҷиддӣ гардидааст. Алалхусус, шаҳодати гуфтаҳо дар ноҳияи Деваштич бо дастгирии роҳбарияти кишвар ба миқдори наздик ба як миллион сомонӣ таъмиру таҷдид гардидани Қасри фарҳанги маркази ноҳия мебошад, ки барои санъаткорону эҷодкорон имконияти нави сайқал додани истеъдодҳояшон гардид. Инчунин, бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири клубҳои маданияти деҳаҳо ба роҳ монда шуда, ин амал нишонаи арзиши муҳими таърихӣ доштани Иҷлосияи мазкур мебошад.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ аз нақши тақдирсозии қарорҳои дар Иҷлосия қабулшуда суханронӣ ва далелҳои воқеъӣ оварда шуда, шароити он вақт бо имрӯзи даврони сулҳу субот муқоиса карда, аз насли наврас хоҳиш гардид, ки чунин дастовардҳоро эътирофу қадр намоянд. Дар тарғибу ташвиқи хизматҳои фарзанди шоистаи миллат, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба манфиати халқу давлату миллат заҳматҳои беназири шабонарӯзӣ кашидаанду имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, мавқеъи устувор дошта бошанд. 

Нилуфар Носирова,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Раванди хушзотгардонӣ бояд пеш равад!

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 11 ноябри соли ҷорӣ дар бозори «Дӯстӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ – Мирзозода Музафар Бурҳон, намояндагони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни вилоят иштирок доштанд.

Дар ибтидо Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ қайд кард, ки баргузор намудани намоиш ва фурӯши чорвои хушзот ва бо ин роҳ тарғиб намудани дастовардҳои соҳаи чорводорӣ минбаъд барои афзун гардонидани саршумори чорвои зотӣ хусусан дар хоҷагии аҳолӣ ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Инчунин ӯ илова намуд, ки тибқи маълумоти филиали муассисаи зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва хариду фурӯши чорво дар миқёси вилояти Суғд соли равон 6710 сар чорво бо истифода аз ҷиҳозҳои замонавии чорводорӣ хушзот гардонида шуданд. Аз ҳисоби ба таври сунъӣ бордор намудани чорво 4713 сар гӯсолаҳои зотии солим ба даст оварда шудаанд, ки 2173 сари он ба сектори ҷамъиятӣ ва 2500 сараш ба сектори аҳолӣ рост меояд. Айни замон дар миқёси вилоят 97 нуқтаҳои хушзотгардрнии сунъӣ фаъолият дошта, аз онҳо 10 ададашон нуқтаҳои сайёр мебошанд.

Барои боз ҳам рушду равнақ додани соҳаи чорводорӣ дар доираи иҷрои супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ то ин давр дар шаҳру ноҳияҳо 90 нуқтаи хизматрасонии зообайторӣ ташкил карда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин аз намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ маълум гардид, ки имрӯзҳо дар фермаҳо ва хоҷагии аҳолии вилоят парвариши чорвои зотҳои сегменталӣ, шведӣ ва сиёҳало вусъат ёфта истодааст. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати  вилоят бошад «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор гирифта, нақшаи чорабиниҳо пайваста аз ҷониби масъулин иҷро карда мешаванд.

Мирзозода Музаффар Бурҳон аз номи роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани намоиш -фурӯши чорво ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо барои афзун гардидани саршумори чорвои хушзот ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари аҳолӣ ба пешкаш намудани чорвои зотӣ мусоидат менамояд.

Иштирокчиёни фаъол дар номминатсияҳои буқаи бузургҷусса, гови ширдеҳи сермаҳсули хушзот, ҷавонаҳои хушзот, гўсфанди калонтарин, меши беҳтарин ва ғайраҳо бо тӯҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки дар намоиш фаъолона иштирок намуданд, низ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин гуна чорабинӣ-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Хатлон низ доир карда шудааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон ба "Ангубин" сафар карданд

Саёҳат ба сехи қаннодии "Ангубин" дар доираи қисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон доир шуд.

Дар нимаи аввали рӯз бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон саёҳат ба сехи қаннодии "Ангубин"-и шаҳри Хуҷанд ташкил гардид. Дар ин чорабинӣ, ҳамсолони онҳо аз деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон низ ширкат намуданд.

Бонувони кишварҳои ҳамсоя дар бобати технологияи омода намудани шириниҳо аз масъулини сех кунҷкобона саволгузорӣ мекарданд. Онҳо ҳар як кӯшиши корманди сехро, аз омода намудани хамир то ороиши кулчақанд бодиққат, мушоҳида менамуданд. Бархе ҳатто дар телефонаш аз оғози шиносоӣ  то ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро сабт мекард.

"Барои "дарозумрӣ"-и шириниҳо чӣ бояд кард?", "аз кулчақандҳои ба фурӯш нарафта, кадом намудҳои шириниҳоро метавон омода кард?", "барои ороишоти кулчақанд чӣ гуна халтачаҳои қаннодӣ истифода мешаванд?", "сех дар як соат чӣ қадар кулчақанд омода мекунад?" Ин аз қабили саволҳое буданд, ки бонувон маълумоти бештар гирифтан мехостанд.

Ҷавондухтарони деҳаи Кок-Тош пешниҳод намуданд, то ба онҳо дар таъсиси сехи қаннодӣ дар минтақаи Қирғизистон кӯмак намоянд. Онҳо хоҳиш намуданд, ки дар ҳолати таъсиси чунин сех дар "Ангубин" таҷрибаомӯзӣ намоянд. ҳикоят Усмонова, қанноди сехи "Ангубин" иброз дошт, ки тӯли даҳ соли фаъолият  муҳассилини литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд ҳар сол давоми 45 рӯз таҷриба мегузаранд.  Аз ин сабаб, сех баҳри омӯзиши ҷавонон ба ин ҳунар доимо омода аст.

Дар поёни сӯҳбат масъулини сехи қаннодӣ ба меҳмонон шириниҳо туҳфа намуданд.

Дар нимаи дуввуми рӯз ҷавонони деҳаҳои ҳамсарҳад аз осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.  

Зебоҷон ҚУРБОНОВА

Читать далее

Хуҷанд: Ним миллион гул шинонида шуд

Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии сокинон тайи як моҳ аст, ки рўзҳои шанбе ва якшанбе корҳои ободониву тозанамоӣ ва барқарорсозӣ анҷом ёфта истодаанд. Шаҳри аз азал зеботарин бо ташвиқи овезаҳои иборат аз аксу навиштаҷоти таърихӣ, тарғиби фарҳанги худшиносӣ дар кўчаҳои марказӣ, шинонидани чароғпояҳои муосир ва мумфаршкунии роҳҳо аз нав симои дигар гирифта, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон гардидааст.

Тавре ба мо директори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» Иброҳим Қаландаров иттилоъ дод:

–Айни ҳол тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва супоришу вазифагузориҳо амал намуда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ корҳои тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизору гулзоркунӣ, чароғону мумфаршнамоӣ ва таъмири биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба иҷро расонида мешаванд. Аз ҷониби қитъаи чароғонкунии Сарраёсат нисбати нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонии чароғҳои кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 фурўзонаки каммасраф, 8388 метр ноқили барқӣ, 2530 чароғи гуногун, 7 қуттии ҳисобкунак иваз ва насб карда шуданд. Инчунин, корҳои ивази лампаҳои каммасраф ва таъмир дар Майдони шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, хиёбони Раҳмон Набиев, маҷмааи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, кўчаи Камоли Хуҷандӣ, назди Лавҳаи Шаҳрвандони фахрӣ, купрўки «Ҷашнӣ» ва варзишгоҳи «Спартак» ба иҷро расонида шуданд. Дар Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ корҳои хобонидани кабели барқӣ, ранг кардани торшерҳо, таҷзия намудани равшанкунакҳо ба охир расида, 14 сутунпояро бо 54 лампаи светодиодии замонавӣ васлу насб кардем. Чароғонкунии шаҳр пайваста идома ёфта, дар хиёбони Рифъат Ҳоҷиев аз гардиши микроноҳияи 12-ум то гузаргоҳи Шимкент, бонки «Имон интернэшнл» то гардиши идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилоятӣ ба масофаи 1,5 км. 40 сутунпоя бо лампаҳои светодиодӣ шинонида, ба истифода дода шуданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кўчаҳои «Бофанда», ба номи Камоли Хуҷандӣ, «60-солагии Октябр», «Сирдарё» ва майдони маҷмааи фаввораҳои Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ бо тарзи замонавӣ бо чароғакҳои светодиодӣ таъмин шуда, ба ҳусни шаҳр зеби дигар бахшидаанд.

Имрўзҳо қитъаи ободонии Сарраёсат сертараддуд буда, барои тоза намудани ҳудуди шаҳр, иваз намудани парчамҳо ва навиштаҷот дар ҷойҳои муқарраргардида ҳамеша корбарӣ менамояд. Аз тарафи қитъа ва муассисаи кабудизоркунии Сарраёсат дар кўчаву хиёбонҳои марказии шаҳр 557 ҳазор бех гулҳои ороишӣ ва маҳаллӣ, 47,2 ҳазор буттагули садбарг, 68,7 ҳазор карнайгул, 107 буттагули палма, 5827 дарахти ороишии сояафкан, 75132 гули навъи карамгул ва 12180 бех виола шинонида шуданд.

Иброҳим Қаландаров гуфт, ки барои обёрии майдонҳои шафати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Боғи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров қубурҳо хобонида шуда, дар фаввораи саҳни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5 муҳаррики барқӣ таъмир гардиданд.

Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд барои тозаву озода нигоҳ доштани маркази вилоят кўшишу ғайрат намуда, вазифаҳои худро сари вақт иҷро менамояд. Пардохти маблағ аз истеъмолкунандагони хизматрасонӣ дар ин давра ҳамагӣ 7 миллиону 589 ҳазору 774 сомониро ташкил додааст.

Тозагию ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва чароғонкунию гулзоркунии ҳудуди шаҳр вазифаи корхонаву муассисаҳо аст, бинобар он ба қадри меҳнати онҳо расидан вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳақиқати хизмат ба Ватан

Дар Рӯзи 23 солагии Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганд ёд кардани наваскарони ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон гузаронида шуд.

Мо шукр аз он дорем, ки дар чунин Ватани соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем.

Дар замони шӯравӣ ҷавонон дар давлатҳои  хориҷӣ, дур аз волидайнашон хизматро адо менамуданд. Хушбахтона, имрӯз тамоми шароитҳо баҳри хизмат ба Ватан-Модар муҳайё аст. Дар тасаввуротам хизмати ҳарбиро бениҳоят вазнин.

Вале чи хеле гуфтаанд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Ин танҳо хаёли  ман будааст. Вақте ки ман бо чашмони худам вазъи хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дидам фаҳмидам, ки имрӯз ҷавонон, дар шароитҳои хубу фароҳам хизмат мекунанд. Дар қисмҳои низомӣ серию пури, ҷойи хоби гарм муҳайё аст, ки, ҳатто, дар баъзе хонаи падару модарон ин гуна шароит нест. Дар Ватани азизи мо ин гуна шароитҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ муҳайё аст. Муҳим он аст,ки ба шахсони оиладор  шароитҳои  хуб фароҳам оварда шуд. Ба қарибӣ ба қоидаҳои хизмат навоварие ҷорӣ карда шуд, ки минбаъд шахсони оиладор метавонанд дар вилояти худ хизмат намоянд.

Сарфармондеҳи Олии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд. "Хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарзи ҳар як фарзанди кишвар ба шумор меравад" Дар ҳақиқат хизмат ба Ватан қарзи ҳар яки мо мебошад.

Агар имрӯз модару хоҳар, зану фарзандони мо ором дар хонаи худ хоб доранд, ин ҳама аз чашми бедор, ҳушёриву зиракии ҳомиёни  Ватан аст.

Ман худ бо шароити хизмат ошно гардида, дар чорабинии омоданамудаи аскарон иштирок намуда, ҳисси Ватандӯстӣ дар ниҳодам дучанд гардид. Дар дилам меҳри Ватан ҷӯш  зад, як лаҳза худро ором ҳис карда шукри истиқлолият, шукри сулҳу ваҳдат кардам ва шукр аз он намудам, ки дар чунин Ватан ба дунё омадаам. ҳамон лаҳза пеши худ мақсад гузоштам, ки баъди хатми донишгоҳ ҳатман ба хизмати Ватан рафта  баҳри ободии он хизмат мекунам.

 Ҷаҳонгир Махкамов,
 донишҷӯи курси 3-юми
 факултети таърих ва ҳуқуқи
 ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нушокӣ» Оё чашмаҳои мо ободанд?

Сарчашмаҳо ҷоест, ки аз он оби тозаи нушокӣ берун омада? бо дарёчаҳои куҳӣ ба манзилҳои мардум равон мешаванд. Ин чашмаҳо бо лаззати оби ҷонбахши худаш ба ҷисми ниёзмандон ва ташналабону дардмандон доимӣ давобахшанд.

Онҳо дар чор фасли сол доимӣ, мавсимӣ бефишор ё фишордор хунук ё гарм аз қаъри замин ҷаста мебароянду ниёзи мардумро бо оби нушокии тоза ва табобатӣ қонеъ мегардонанд. Оби аксарияти чашмаҳои Тоҷикистон ва вилояти Суғд нушиданӣ ва табобатист. Тоҷикистон бо чашмаҳои таърихии худ Хоҷа Обигарм, ҳавотоғ, Шоҳамбарӣ, Чилучорчашма, Хоҷабоқирғон фахри дунёст. Имрӯзҳо сарчашмаҳои асосии оби тозаи нушокӣ дар ноҳияи Ашт аз тарафи шахсони бехирад ва бефарҳанг ифлосу барои нӯшидан корношоям шуда истодаанд. Онҳо бо партовҳои зиёди худ ба нест шудани чашмаҳои оби нӯшокӣ сабабгор мебошанд. Аз ин лиҳоз чашмаҳои диёрамонро эҳтиёт намуда? обод кунем мардум аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ нахоҳанд кашид.   

Баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи СММ оид ба масъалаи дастрасии оби нӯшокӣ ба ҳар сари аҳолии ҷаҳон  ва тоза нигоҳ доштани он аз тарафи тамоми сарварони мамлакатҳои дунё бо хушнудӣ пазируфта шуд, ки фахри мардуми Тоҷикистон аст. 

Қадр кардани чор унсури муқаддас ва парастидани онҳо оташ, об, хок ва ҳаво дар китоби аҷдодони қадимаи мо «Авесто» бо пуррагӣ тасвир ёфтааст. Онҳо ҷасади мурдаро ба хок намесупориданд, ки хоку оби ризқу рӯзидаҳандаи мардум нопоку палид нагардад. Зардӯштиён фаришатаи обу ободонӣ «Аноҳид»ро мепарастиданд. Дар Суғду Бохтар, Хоразм «Након» ва дар Панҷакент фариштаи обу чашмасоронро «Нана» гуфта дар ободии чашмасорон корҳои зиёдро  ба иҷро мерасониданд. «На-на» маънои модарро дар тоҷикони Кӯҳистон таҷассум мекунад. Бинобар он парастиши модару оби тоза ин муқаддасоти моён будааст. Ибораҳои  «Об манбаи ҳаёт» «Обу ободӣ» аз қадим ба мо мерос мондааст. Бузургтарин савоб дар суннати «Авесто»  ва дар суннати миллати тоҷик кушодани сарчашмаҳои об ва бунёди чашмаҳои оби нӯшокӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори империяи Темуриёни бузург Заҳриддин Бобур ҳангоми фирор ба ҳиндустон чашмаеро дар Оббурдони Мастчоҳи Кӯҳӣ обод карда, ба мардум ҳадя карда буд.

Чашмаҳо дар ҳамаи давру замон вуҷуд дошта макони ободию серию пурии мардум буд. Бо оби он худашон, молу колашон, заминҳояшон обшор мешуданд ва ҳосили фаровон медоданд. Одамони зебопарасту ихлосманди ба қадри обу ободонӣ мерасидагӣ гирду атрофи онҳоро ободу зебо карда дарахт мешинониданд, гулзор мекарданд, хоначае мебардоштанд ба тозагии оби вай назорат мекарданд, ки онҷо барои мардуми мусофиру тоҷир ҷои дамгирӣ ва баровардани куфтаи роҳ ҳисоб меёфт. Яке аз чашмаҳои биҳиштосои ноҳияи Ашт чашмаи Бобои Халил буда, аз қадим ба мардум хизмат карда омадааст. Чашмаро хоначаи зебое ва дарахтони гулпӯши ҳамеша сабз иҳота кардаанд. Духтарони қадрасу арӯсакони нозанин вақти ба об омаданд дар лаби ин чашма бо суҳбати як лаҳзаина мушарраф гардида, аз хабарҳои наву куҳани деҳа бохабар мегаштанд. Арӯсакону духтарони номзадшуда гоҳ-гоҳ дар сари ин чашмаҳо мулоқот меоростанду дар тозагии оби чашмаю ободонии вай ҳисса мегузоштанд. Солҳои пеш оби софи «Чашмаи Мазор» бо оби нӯшокӣ маҳаллаҳои Сари ҷар, Поён, Бағали гарма, Миёнсо, Авриконро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мекард. Аз сабаби беэътиноии мардум ва бемаданиятии онҳо дар болои ин сарчашма сохтани ҳоҷатхонаю партофтани партову ифлосиҳо ин чашмаи қадима аз  истифодаи мардум берун монд.

Имрӯзҳо орзую умеди мардум ҷомаи амал пӯшида истодааст. Эълон шудани соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» аз тарафи Раиси вилоят мӯҳтарам А.Қодирӣ, чашмаҳои диёри Ашт ободу зебо гардида, оби тозаи нӯшокии онҳо дастрасии мардум гардида истодаанд. Чандин нафар шахси саховатпеша ба монанди Турғунбой Қурбонов, Бунёд Машарипов, Рузибой Имомалиев, Деҳқонбой Марасулов дар ободу зебо гаштани чашмаҳо ҳиссаи арзанда гузошта, оби тозаи ин чашмаҳоро ба истифодаи мардум расониданд. Рейдҳои аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гузаронидашуда натиҷаи хуб ба бор оварданд. Мардум ба зудӣ дарк карданд, ки оби чашмаҳои ҷонбахш бояд доимӣ тозаю озода бошаду дар соли 2017  «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ»  аҳолии ноҳияи Ашт дар ободии чашмаҳо ҳиссаи арзандаи худро гузоштанашон шарт ва зарур аст. Чашмаҳо дастёри беминнати мардуми кишваранд. Ободу ба ҷои дамгирӣ табдил намудани онҳо ҳам фарз ва ҳам қарзи мост. Аз тоҷирон, соҳибкорон ва мардум илтимос менамудем, ки доимӣ дар ободии чашмаҳои диёр саҳмгузор бошанд.

Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОДА,
узви Иттиҳоди журналистони Ҷумҳурӣ,
Аълочии матбуот ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Ҳомиёни оромишу осоиш

Моҳи апрели соли равон дар Кохи «Кимиёгарон»-и шаҳри Исфара сардори раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилояти Суғд мӯҳтарам генерал-майори милитсия Назарзода Шарифи Раҳмон ба фаъолияти ШВКД Исфара-2 баҳои сазовор дода буд. Номбурда аз сатҳи пасти ҷинояткорӣ, дуздию авбошӣ ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дар минтақаи зери назорати ШВКД Исфара-2 изҳори қаноатмандӣ намуд.

Бо мамнуният қайд гардид, ки аз авали сол то имрӯз дар ШВКД-2 дар шаҳри Исфара 72 ҳолати содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳолат кам мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 92%-ро ташкил медиҳад.

Роҳбарият ва ҳайъати шахсии Шуъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара фаъолияти хешро зимни қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳо ва супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар фаъолияти хеш ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидаанд. Роҳбарияти Шуъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфараро инсони чашмикордон, ватанпарвару соҳибтаҷриба, подполковники милиса Насимзода Қосим Наимӣ ба уҳда дорад. Чун ин минтақа минтақаи наздисарҳадӣ аст, шуҷоату матонат ва мардонагиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, подполковники милиса Насимзода Қосим Наимӣ аз ҳар як корманди мақомот малакаи баланди касбӣ, шуҷоат, чусту чолокӣ, заковат, донишу таҷрибаи корбариро талаб менамояд. Зеро, бе ин талаботҳо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо бисёр сангину душвор аст. Вазъияти кунунӣ аз ҳар як корманд тарзи рафтори дуруст, омӯзиши мунтазам, нисбат ба пешаи худ дили гарм ва дасти покро мехоҳад.

Алҳол Шуъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара дар ҳудуди ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх ва Ворух доман густурдааст. Ғайр аз ин дар минтақаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворух 2 шуъбачаи минтақавӣ баҳри ҳифзи оромию осоиши шаҳрвандон ҷойгир шуданд. Умуман кормандони ин шӯъба зиндагии ширини зиёда аз 80 ҳазор шаҳрвандро бедареғ ҳифозат менамоянд.

Тули фаъолияти босамари хеш кормандони Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара борҳо собит намудаанд, ки барои ҳифзи тинҷию амонӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва сохти Конститутсионии Тоҷикистони азиз ҷони худро дареғ намедоранд.

Фаъолияти бомаром, босифат ва пурмаҳсули Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара ба кордонӣ ва маҳорати касбии ҳар як корманди он сахт марбут аст. Имрӯзҳо роҳбарияти мақомот бо ному фаъолияти пурсамари муовинони сардори ШВКД Исфара- 2 майори милиса Мирзо Шарифхӯҷаев, майори милиса Абдураҳмон Абдуллоев ва сардори шӯъбачаи дар ҷамоати Ворух будаи ШВКД- 2 капитани милиса Тухтаев Фаррух ифтихор дорад. Саҳму талоши доимии сардори тафтишот, майори милиса Парвизҷон Бобоев, сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятӣ майори милиса Низомиддин Нуриддинов, сардори шӯъбачаи минтақавии Хоҷаи Аъло майори милиса Манучеҳр Бозорзода фахр менамояд. Онҳо зимни фаъолияти хеш дар асоси дастуру фармон ва супоришҳои роҳбарият амал намуда, дониш, қувва, ғайрат ва таҷрибаи хешро баҳри кушодани гиреҳи ҳар як ҷиноят дареғ намедоранд.

Бамаротиб зиёд гардидани теъдоди нақлиёт, мушкилоти ҳифзи бехатарии шаҳрвандон, кам кардану роҳ надодан ба садамаҳои нақлиётӣ вазифаи ҷонии ҳар як корманди ҳуқуқ, хусусан кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аст. Ростӣ зиёд гардидани шумораи нақлиёт ин исботи беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон аст. Дар даҳ соли амал намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»    (8-уми июни 2007) ба кишвари мо 523-ҳазор адад автомобили сабукрав ворид гардидааст, ки ин аз як тараф боиси шодмонист, аз ҷониби дигар масъулияти кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилиро дучанд меафзояд. Ҳамаи инро сардори шӯъбаи БДА майори милиса Турдибой Ҳотамов ба хубӣ дарку эҳсос менамояд. Вай доимо аз кормандони худ нисбати ронандагон муносибати нек, рафтори намунавӣ ва ҳалимонаро талаб намуда, дар айни ҳол дастур медиҳад, ки ба вайронкунандагони қоидаҳои нақлиёт оштинопазир бошанд, то ки ҷони ягон шаҳрванд осеб набинад. Зертобеъони ӯ старшинаи милиса Валиҷон Холиқов, серҷанти хурди милиса Беҳрӯзҷон Яҳёев вазифаи хидматии худро ҳамеша софдилонаю поквиҷдонона ба сомон мерасонад.

Асри илму техника ва технологияи пешқадам- компютеру интернет аз ҳар як корманди масъул тақозо менамояд, ки дар фаъолияти касбии худ ба кашолкориву саҳлангорӣ ва муросокориву нодидагирӣ роҳ надиҳанд. Сардори мизи шиносномадиҳии Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара, майори милиса Нуруллобек Ҷӯраев аз қабили кормандони соҳибмаълумот аст. Шаҳрвандон аз тарзи корбарӣ, муносибат, сифати кор ва арзишҳои инсонии ӯ хеле мамнуну сипосгузоранд.

Ҳамаи кормандони Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара аз вазифаю масъулияти касбии худ ба хубӣ огоҳанд. Онҳо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки мулк орому мардум озоду ҷидду ҷаҳди ҳамватанон баҳри ободии Ватани азиз дар ҷӯшу хурӯш бошад. Дар фаъолияти мунтазаму пурсамараи мақомот саҳми қисми навбатдорӣ дар симои лейтенанти калони милиса Фаридун Ҳомидов, лейтенанти калони милиса Хушбахт Неъматов ва прапоршики милиса Нозимҷон Юлдошев бағоят назаррасу сутуданист. Фаъолияти хадамоти дидбонгоҳии пайраҳадории милисаро заҳмати шаборӯзии серҷанти милиса Ҳадиятулло Шерматов барин фарзандони ҷонсупори миллат мазмуну мундариҷаи тоза мебахшад.

Ҷойе, ки зан ҳаст, он ҷо махзани нуру сафо ва барор мебошад. Беҳуда бузурге нафармудааст, ки зан бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро таккон медиҳад. Имрӯзҳо дар паҳлӯи шермардони ватанпарвар занони мардсифат низ дар ин ҷодаи душвор фаъолият доранд. Беҳуда намегӯянд, ки мардӣ ҷинсият надорад. Дар роҳандози намудани дастуру фармонҳо, ташаббусу қарорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лейтенанти милиса Одина Саидова ва старшинаи милиса София Рустамова саҳми сазовор мегузоранд, то ки орзӯю омол, ормон ва хостаҳои шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ гарданд.

Солеҳҷон Парпиев,
муовини сардори
ШВКД Исфара-2 оид ба ҳайъати шахсӣ
Исматуллоҳи Абдуллоҳ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Читать далее