14 November 2017

Сулҳу Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадаанд

Дар саҳифаи таърихи миллати мо Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарнавишти кишвар нақши муҳим дорад, бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Он солҳо, пеш аз ҳама, бояд ба ҷангҳои бемаънӣ хотима бахшида, сулҳу амонӣ ва якпорчагии Тоҷикистон таъмин мешуд ва ин амалро баргузории Иҷлосияи тақдирсоз имконпазир кард.

Солҳои 1992-1997 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари оқили он, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи эҳё ба ҳисоб меравад. Ин муддат давраи ҳалли мушкилоти сиёсӣ, ба роҳ мондани фаъолияти дастгоҳи давлатдорӣ, баҳри расидан ба ваҳдати комил, давраи меҳнати фидокорона, бурдбориҳо ва ҷон дар хатар гузошта, ба ҳам овардани гуруҳҳои мухолиф буд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва судманд аз ҷониби Сарвари давлат давраи муҳими ободкорӣ, созандагӣ, бунёди роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, корхонаҳои хурду бузург оғоз гардиданд.

Сулҳ неъмати бисёр ширин аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои ба ин неъмати бебаҳо ноил гардидан мубориза мебарад, зеро сулҳу ваҳдат ифтихор, осоишу оромӣ, армонҳои накўкорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад. Мо, ки дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ёд овардани корнамоиҳои фарзандони арзандаи замонро айни мақсад ва қадрдонии заҳматҳояшонро нишони сипосу эҳтироми ҳамешагӣ медонем. Дар рўзҳои баргузории Иҷлосия депутатҳои Шўрои Олии ҷумҳурӣ тамоми талошҳои хешро баҳри расидан ба сулҳи деринтизор равона карда буданд.

Мансур Мирзоев, депутати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 аз шумори фарзандони фарзонаи замони хеш аст, ки дар ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм дорад. Ў ҳамчун ҷонишини раиси Комитети Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии мардум, таъминоти иҷтимоӣ, экология ва проблемаҳои модару кўдак фаъолият карда, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, экологӣ ва ҳифзи саломатии мардум талошҳои судманд анҷом додааст.

Роҷеъ ба баргузории Иҷлосия ва хотироти он рўзҳо баъди гузашти 25 сол суҳбате доштем бо Мансур Мирзоев, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

- Мансур Мирзоев, имрўз мо дар остонаи 25-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар зеҳни Шумо ҳамчун иштирокчии бевоситаи ин Иҷлосия аз он рўзҳо чӣ хотироте нақш бастаанд?

- Бале аз он рўз солҳо гузаштанд, вале ҳар дақиқаи ин рўзҳои сангин ҳамеша дар зеҳни ман чарх мезананд. Пеш аз ҳама, мо бояд донем, ки дар давоми панҷ соли даъвати депутатӣ чанд маротиба сессияи Шўрои Олӣ даъват мешавад. Мувофиқи регламент дар давоми панҷ давраи депутатӣ даҳ маротиба сессияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват мекарданд. Лекин дар давоми дуюним сол дар шаҳри Душанбе 15 маротиба сессияи Шўрои Олӣ даъват карда шуд. Панҷ маротибааш сессияи навбатӣ ва даҳ маротиба сессияи ғайринавбатӣ буд.

Даъватҳои ғайринавбатӣ онро нишон медоданд, ки дар кишвар нооромӣ ҳукмфармо ва кашмакашҳои сиёсӣ хеле зиёд гашта буданд.

Агар ба таърих назар андозем, дар давоми солҳои 1938-1990 дар ҶШС Тоҷикистон 5 нафар депутат бо навбат раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда, кор кардаанд. Давоми дуюним соли фаъолияти Шўрои Олӣ, даъвати 12 бошад, 6 нафар раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд. Ин ҳам ба вазъи муташанниҷи кишвар дар он замон далолат мекунад. Кор кардан дар вазъияти ба амал омада рўз ба рўз душвортару нооромтар гашта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандии кишвар оварда расонид.

Хушбахтона, баҳри ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи ба амал омада, Иҷлосияи навбатӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Он замон вилояти Суғд минтақаи амнтари кишвар буд. Ин аст, ки ба Хуҷанд аксари депутатҳо ҳозир шуданд.

Ёд дорам, пеш аз Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ барои баргузории сессияи 15-ум ба мушкилиҳо рў ба рў шуда будем. А.Искандаров - раиси Шўрои Олӣ барои маслиҳати гузаронидани сессияи 15-уми Шўрои Олӣ ба Хуҷанд омада буд ва дар толори Ҳукумати вилоят даъват намуд, ки барои омодагӣ дидан ба сессия 5-6 нафар депутат бо хоҳиши худ ба шаҳри Душанбе раванд. Дар толор депутатҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Ленинобод ҷамъ омада будем. Ба ин даъват дар оғоз ҳамовозӣ зоҳир нашуд. Пас аз чанд фурсат камина хоҳиши ба Душанбе рафтанамро изҳор доштам, ки чанд депутати дигар низ ба ман ҳамроҳӣ карданд. Ҳамин тариқ, панҷ нафар ба пойтахт рафтем. Вазъият вазнин буд.

- Бигўед, ки дар чунин вазъи вазнин барои мардум ва мавҷуд набудани имкони фаъолияти бонизоми иҷлосия депутатҳо чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?

- Баъди чанд рўзи иҷлосияи 15-уми Шўрои Олӣ моро аз шаҳри Душанбе ба вилояти Қўрғонтеппа бурданд. Мо деҳа ба деҳа гашта, натиҷаҳои ҷанги бародаркушро дидем. Мактабҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ, хонаву макони мардум ҳамагӣ сўхта хокистар шуда буданд. Ҳамсоя хонаи ҳамсояи худро оташ зада буд. Баъзе минтақаҳои вилояти Кўлоб дар муҳосираи ғизоӣ қарор дошт, нон намерасид. Ба болои ҳамаи ин гуруснагӣ ва заҳролудшавии мардум ташвишовар буд. Он рўзҳо ба мо - депутатҳо, ки дар баробари шаҳрванди кишвар масъулияти оромиву суботи сарзаминро бар дўш доштем, хеле вазнин буд.

Хушбахтона, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ба кори худ шурўъ кард. Аҷибаш он буд, ки Иҷлосия 16-уми ноябр ба кори худ сар карда, 16 рўз давом кард. Дар бораи чигунагии баргузории Иҷлосияи мазкур то имрўз бисёр навиштаву гуфтаанд.

Минбаъд дар шаҳри Душанбе ҷонишини раиси комитети Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии мардум, таъминоти иҷтимоӣ, экология ва проблемаҳои модару кўдак шуда кор кардам.

Он рўзҳои бағоят барои мардуми кишвар вазнин интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шўълаи умедро дар дили пиру барнои сарзамин фурўзон кард. Имрўз шукргузор аз он ҳастам, ки мо, депутатҳо ҳангоми интихоб кардани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накардем.

- Дар остонаи ин ҷашни фархунда чи таманниёте доред?

- Мехоҳам сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки ба нархи ҷони ҳазорҳо ҳамватанон ва ҷонбозиҳои мардони шариф ба даст омадааст, пойдор бошад. Ҷавонҳо ба ҷовидонагии сулҳи кишвар ва ободии сарзамин масъуланд. Орзу дорам, ки ин масъулиятро сарбаландона иҷро намоянд.

-Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбаторо
Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳайати эҷодии «Ҳақиқати Ленинобод» аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастӣ хизмати эҷодӣ намуданд

«Вакилони халқ ҳозир шуданд. Дар Иҷлосия 193 нафар вакилон номнавис шуданд. Имрӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем»,-навиштааст рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» («Ҳақиқати Суғд») дар шумораи №163 аз 16 ноябри соли 1992. Манзур аз ин иқтибос он аст, ки дар он рӯзҳои ҳалкунандаву тақдирсоз маҳз ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятӣ масъулияти инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи ҷараёни Иҷлосияро бар дӯш дошт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос маҳз рӯзнома, ки аз азал рисолаташ ба ҳам овардану муттаҳид гардонидани оммаи халқ, ба мардум расонидани афкори солим аст, метавонист роҳи росту дуруст нишон диҳад. Дар ҳамон рӯзҳои душвор ҳайати эҷодии ин нашрияи вилоятӣ ба вазъияти кишвар баҳои дуруст дода, дарҳол мавқеи худро аниқ кард. Он солҳо ба ҳайати эҷодии рӯзнома Файзулло Атохоҷаев, ки аз охири солҳои шастуми асри гузашта тақдирашро ба кори газета бахшидааст, сарварӣ мекард.

Мухбири АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо инъикоскунандаи бевоситаи ҷараёни Иҷлосия-сармуҳаррири онвақтаи «Ҳақиқати Ленинобод» («Ҳақиқати Суғд») Файзулло АТОХОҶАЕВ дар бобати нақши ин Иҷлосия дар тақдири мардуми тоҷик суҳбат орост. Мавсуф зимни баёни андешаҳо чунин изҳори назар кард:

 «Дар халқ чунин таъбир маълуму равшан аст: «Ба тақдир тақдирҷунбон даркор»…

Агар ҳоло аз он айёми чашм бар субҳи умед доштан, аз қуллаи рӯзгори пурсаодат ва ободии кишвар эҳсосбарӣ кардан аз дидгоҳи вақт ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ватанамон назар афканем, тафсиру тавзеҳ намоем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғозу саҳифаҳои тозаву пурмаънии таърихи навини миллату давлати тоҷикон ба шумор меравад.

Аз толори Қасри Арбоб ҷозибае, эҳсосе, баёни мақсаде, таъсире равшантар ба чашмҳо расид…

Чаҳоряк аср муқаддам ба рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 бо чашми дилу меҳру вафо менигарем: ҳамон айём ва замон ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ифои вазифа доштам. Ҳама он воқеаву рӯйдодҳои дар замони бозсозии охири солҳои 80-уми Шӯравӣ, давоми солҳои навад то аввали дуҳазоруми қарни гузашта, чӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, чӣ ҳамонвақта вилояти Ленинобод дар саҳифаҳои ҳар шумораи рӯзнома пурраву возеҳ инъикос карда мешуданд.

Ҳоло ин саҳифаву ин шумораҳо рисолати таърихӣ доранд.

Дар шумораи 12 ноябри соли 1992 рӯзнома дар саҳифаи аввал Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 9 ноябр «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад» ба нашр расонид.

Ҳамон шумораро баъди имзо ба чоп доданӣ будем, ки маро ҷонишини котиби масъули рӯзнома Исроилҷон Исмоилов (рӯҳашон шод бод) огоҳ намуд, ки тавассути телетайп хабари оҷилӣ меомадааст, интизор шавем. Ҳамин тавр, мо Изҳороти Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтем, ки дар он, аз ҷумла, зикр мешуд:

«Тақдири мо – сокинони Тоҷикистон танҳо ва танҳо дар дасти худамон. Давлати дигаре, шахси дигаре онро ҳаллу фасл карда наметавонад».

Дар саҳифаи якуми шумораи 14 ноябри соли 1992 сар шудани бақайдгирии депутатҳо ба нашр расид. Бо ҳамин ниҳоли умеду орзу ва ормонҳои деринтизори мардуми  кишвари соҳибихтиёри тоҷик реша дар об гирифт, ки нишонаи сарсабзиву нишотбахшӣ дошт. Дар ин росто, ба хотир меоварам, ки дар ҳамон шумораи рӯзнома бо маслиҳату машварати аъзои ҳайати таҳририя мақолаи Игор Ленский, мухбири «Правда»-ро дар тарҷума чоп карда будем. Ӯ, аз ҷумла, чунин навишта буд: «Як бурда нони сиёҳро гирифта, онро ду тақсим намоед. Дар Кӯлоби имрӯза чун дар Ленингради дар муҳосирабуда сарикасӣ ҳамин қадарӣ, яъне 30-граммӣ нон мерасид, ки бо он бояд рӯз гузаронид». Дар идомаи мақолааш мухбир чунин овардааст: «Дар маркази водии Вахш баъди танаффуси тӯлонӣ заводи нонпазии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Ба хонаҳои сокинон газу об омад ва чароғи барқӣ даргирифт. Дар ин замини азияткашида ниҳоят чароғаки умед равшан шуд».

Саҳарии рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд борони сим-сим меборид, ҳавои тирамоҳ салқинтар буд. Қатраҳои маҳини борон гӯё аз само бо нидову фараҳ ва нуру сафо мерехт. Мухбирони парлумонии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», ки ин гурӯҳ аз ҳафт нафар журналистон: Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифxон Мамадҷонов, Исроили Рабизод (рӯҳашон шод!) ва Мазбути Воҳид, Fафури Нарзулло, Fайрат Ҳаким иборат буду банда ҳамчун сармуҳаррир аз рӯи вазифа аз майдончаи истгоҳи назди меҳмонхонаи «Ленинобод» ба воситаи автобус ҳамроҳи вакилони мардумӣ аз вилояти Кӯлоб ба Иҷлосия – ба Қасри Арбоб роҳ гирифтем.

Ҳамин минвол аз оғоз то анҷоми Иҷлосия мухбирони парлумонӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», яъне аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастиву мавқеи устувори худ хизмати эҷодӣ намуданд.

Хизмати рӯзнома аз он иборат буд, ки ҳар воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни  ҷаласаҳои Иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва ҳадафмандона нашр намояд. Ҳайати таҳририяи рӯзнома вазифа, уҳдадорӣ ва фаъолияти касбии журналистонро дар доираи салоҳият, масъулияту маърифат муайян намуда буд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома таҳти сарлавҳаи умумӣ – «Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дуюм… рӯзи дувоздаҳум» ва дар ҷамъбаст – «Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт» мавод муфассал ва дар жанрҳои гуногуни журналистика чоп карда мешуданд. Он рӯзе, ки дар Қасри Арбоб хушнудӣ ва эҳсоси ифтихормандӣ ҳамчун бахту толеъ, покии имону виҷдон зуҳур намуд, аҳли эҷоди рӯзномаи мо (он вақт дар идора 70 нафар заҳмат мекашиданд), болидарӯҳию ифтихормандӣ доштанд: «Вакили мардумӣ аз ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар ҷаласаи Иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд». Ҳамин муждаи ҳаётбахш вуҷуди аҳли эҷоди моро, ҳаққо, ки гармӣ бахшид, ба дилҳо неруи дигар овард, дидаҳоро рӯшан кард.

Аз он навиштаҳои рӯзнома, ки ҳоло ботаҳаммул шукрона мегӯем, хулосабардорӣ менамоем: дар Иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ваколати Сардори давлати тоҷикон дода шуд, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои кишвар вогузор гардид. Давлати навтаъсис ба фаъолияташ аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф ва баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқҳои инсон ибтидо ва таҳкурсӣ гузошт. Сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат назму низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон, дилпуркунанда ва умедбахш дилпур намуд. Бо таровату файзи оштии миллӣ дар хонадони ҳар як сокини кишвар донаи умед сабзид, нур бахшид, сафо овард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун рамзи Иҷлосияи наҷотбахш ва сарнавиштсоз  ворид гардид. Аз лиҳози моҳияту мазмун ва мақсад он ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш мебошад. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамин давлати соҳибихтиёрро аз фаношавӣ, нестшавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро ба роҳи саодат, баракат, қудрату устуворӣ баровард.

Суханони фарзанди дилбанду шарафманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Арбоб ба ҳайси Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ман ба шумо сулҳ меоварам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем», ҳамагон хуб дар хотир доранд.

Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақдири миллати фарҳангсолору соҳибтафаккури тоҷик тақдирҷунбон гардид, зеро он роҳи наҷоти миллатро кушод, нишон дод ва ба соҳибэътиборӣ ҳидоят кард. Интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақдири миллат тафохури бузургу қавианд.

Тақдири миллати тоҷикро рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 равшану муайян сохт: 16 ноябр оғози ҷадиди наҷотбахшии миллат – Иҷлосияи худшиносӣ, 19 ноябри ҳамон сол дар Иҷлосия Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи Сардори давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, лаҳзаи дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд кардани Раиси Шӯрои Олӣ ва минбаъд аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин рӯзҳои тақдирсоз рӯзҳои ифтихордории миллатанд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сарчашмаи таърихӣ ва воқеист, ба он маъно, ки он мавқеи тақдирсоз дошт, ҳадафманд буд, ба ҳаёту рӯзгори мардум файзу нусрат бахшид. Дар ин росто, се рукни давлати навини тоҷикон: Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Ваҳдати миллӣ абадан се вожаи ифодагари орзуву ормон, мақсаду нияти мардумони Тоҷикистони соҳибихтиёрро аён сохтаанд.

Бахту иқболи миллати тоҷик аст, ки Сарварии ин давлати зафармандро фарзанди худогоҳи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранду бо азму субот ва фидокориҳояшон ба хонадони ҳар тоҷик, давлати Тоҷикистон сулҳу оромӣ, ободиву осудагӣ ва нерумандиву пешравӣ бахшидаву мамлакатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Саҳифаҳои замони Иҷлосияро аз рӯзнома мехонаму ҳамчун собиқадори матбуоти тоҷик тафаккурамро сайқал мебахшам – имрӯз мо бо шоҳроҳе равонем, ки бунёдаш дар ҳамин Иҷлосия гузошта шуда, ташаббусҳо, ҳидоятҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро  ҳидоятгаранд».

www.khovar.tj

Читать далее

ШАҲНАВОЗ»-шабакаи нави телевизионии мусиқӣ таъсис ёфт

Дирӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре аз Кумитаи  телевизион ва радио ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён  иштирок намуданд.

Мақсад аз таъсиси шабакаи нави мусиқӣ  таблиғ ва рушди санъати асили  мусиқии тоҷик  ва  фароҳам овардани шароити мусоид  барои ҳунармандону овозхонони тоҷик мебошад.

 Шабакаи нави мусиқии «Шаҳнавоз»  дар заминаи «Телевизиони  Тоҷикистон» таъсис ёфта,  дар канали алоҳида   фаъолият менамояд ва тавассути он  давоми  24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ   таҳия ва пахш   мешаванд.

Сармуҳарири барномаҳои   «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон  Манучеҳр Ализода алҳол  роҳбарии  шабакаи мазкурро  бар дӯш дорад.

 Хотиррасон менамоем, ки  шабакаҳои  телевизионии  «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  «Варзиш», «Синамо» ва «Футбол»    аз зумраи шабакаҳое мебошанд, ки   дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд.  Дар ин қатор шабакаи мусиқии «Шаҳнавоз»  ҳаштумин  шабакаи  телевизионӣ маҳсуб мешавад.

www.khovar.tj

Читать далее

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Читать далее

Хурўҷи бемориҳои сироятӣ: Чӣ бояд кард?

Давоми нўҳ моҳи соли 2017 дар шуъбаи зардпарвини хурдсолони Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд 700 нафар бо бемориҳои гуногуни сироятӣ номнавис шуда, табобат гирифтаанд. Аксари шикояткунандагоне, ки ба шуъбаи қабули беморхона муроҷиат менамоянд, гирифторони бемориҳои шадиди меъдаю рўда, бемории сироятии шадиди вирусии роҳи нафас, обакон, баногўшак, исҳоли хунин, буғумдард ва зардпарвини намуди А буда, табобати онҳо то як моҳ давом мекунад. Фасли тирамоҳ, мавсими сармо хурўҷи бемориҳои сироятӣ боло рафта, танро азият медиҳад.

Бемории зардпарвин, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, асосан дар хурдсолон ва ҷавонон дида шуда, табобати дурударозро металабад.

Ба суоли нахустин дар мавриди нишонаю аломат, пешгириву муолиҷаи ин намуди беморӣ ва фаъолияти Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд сартабиби он Баҳодур Мўъминов чунин посух гуфт:

- Беморхона дорои панҷ шуъба - бемориҳои рўдаю меъдаи кўдакон, калонсолон, роҳи нафас, зардпарвини калонсолон ва хурдсолон мебошад. Барои бемороне, ки аз навоҳии дуру наздик ба ин ҷо бистарӣ мешаванд, се маҳал хўроки гарм дода шуда, бархе дорувориву муолиҷаҳо ройгон аст. Кормандони беморхона ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки бистаришудагон ҳарчӣ зудтар шифо ёфта, ба назди пайвандони хеш баргарданд.

Касалии зардпарвин сирояткунанда буда, ҳангоми гирифторӣ ба ин намуди беморӣ тамоми организм, хосатан ҷигар зарар мебинад. Зардии чашму рўй нишонаҳои аввалини беморӣ ба ҳисоб рафта, мардум онро бо номи «зардӣ» мешиносанд.

- Бемории зардпарвинро бемории «дастони чиркин» меноманд, ки бесабаб нест. Зеро аз ҳисоби риоя накардани гигиенаи шахсӣ кўдакони то синни 10-сола бисёртар дучори он мегарданд. Вируси касалӣ ҳангоми бо шахси бемор муносибат кардану аз истифодаи ашёи сироятёфта паҳн мешавад. Баъзан беморӣ ба воситаи тармеваи ношуста, оби нўшокии наҷўшонида ва хўрокворӣ паҳн мегар-дад. Барангезандаи бемории зардпарвин - вируси А, ки дар кишвари мо васеъ доман паҳн кардааст, аз тарафи олимон ба хубӣ омўхта шудааст. Ин вирус дар давраи ниҳоӣ (инкубатсионӣ) афзоиш ёфта, шахси бемор дар рўзҳои аввали касалӣ то пайдо шудани зардӣ барои одамони гирду атроф хеле хавфнок мебошад. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз як оила якчанд нафар ба ин касалӣ дучор мешаванд. Танҳо дар давоми моҳи октябри соли 2016 дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ 129 бемор бистарӣ гаштанд, ки 61 нафарашон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят буданд. Рўзҳое буд, ки то 15-20 беморро дар як шабонарўз қабул мекардем. Дар қайди беморхона гирифторони зардпарвин бештар аз ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ашт ва Зафаробод зиёданд, ки боиси сироятёбии наздикони хеш мегарданд,- бо таассуф изҳор дошт Баҳодур Мўъминов.

Ба суоли чӣ тавр метавон аз аломатҳои беморӣ сари вақт бохабар шуда, ба муолиҷа пардохт, мудири шуъбаи бемориҳои зардпарвини хурдсолон Саодат Холматова чунин посух гуфт:

- Нишонаҳои аввалини касалӣ пеш аз пайдо шудани зардӣ ба мушоҳида мерасанд. Давраи ниҳоии гепатити вирусӣ ба ҳисоби миёна аз 14 то 35 рўз давом мекунад. Табларза, дарди сар, баста шудани иштиҳо, беҳузуршавии дил ва қай кардану бемадор шудан аз нишонаҳои нахустини заҳролудшавии организм мебошанд. Баъзан аломатҳои зукоми роҳҳои нафас: сурхшавии гулў ва дарди он зуҳур меёбад. Ҳолати бемор то пайдо шудани зардӣ бад буда, бо пайдоиши он рў ба сабукӣ меорад, ҳарорати бадан муътадил, беҳузуршавии дил ва қай кардан барҳам мехўрад. Хавфнокии беморӣ он вақт ба мушоҳида мерасад, ки дар баъзе ҳолатҳо беморӣ бе зард шудани пўсти рўй ва чашмон зуҳур мекунад. Ин ҳолат бисёртар бо кўдакони хурдсол рўй дода, муайян кардани беморӣ аз мутахассисон маҳорати дучанд талаб мекунад. Хушбахтона, гирифторони бемориҳои сироятӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам ба назар мерасанд. Касалии зардпарвин тавассути барангезанда - вирусҳои A,ӣ,C,ӯ,D,G ба организм паҳн мешавад. Муайян карда шудааст, ки чунин бемориҳо асосан дар солҳои ҷуфт зиёд гашта, дар солҳои тоқ миқдоран кам ба назар мерасанд.

Дар шуъбаи бачагонаи касалиҳои зардпарвини беморхонаи мазкур давоми моҳи октябри соли ҷорӣ зиёда 36 кўдак ба қайд гирифта шуда, аз духтурони соҳибтаҷриба ба дарди худ даво ҷустанд. Духтурони шуъба Маҳбуба Аминова, Абдухолиқ Раҳмонбердиев ва Саодат Холматова иброз медоранд, ки аксари беморон бинобар дер муроҷиат карданашон боиси дурудароз идома ёфтани муолиҷа мегарданд. Пайдошавии касалӣ аз қобилияти мудофиавии организм ба ҳар гуна бемориҳо вобастагӣ дорад. Обутоб додани бадан, машғул шудан бо варзиш, меъёри муайяни хўрокхўрӣ ва реҷаи рўз, риояи гигиенаи шахсӣ сабабгори баланд шудани муқобилияти организм ба ҳар гуна бемориҳо мегардад.

- Худмуолиҷакунӣ омилест, ки шахси беморро бештар гирифтори бемории зардпарвин мегардонад. Аз ин рў, яке аз роҳҳои асосии пешгирии касалӣ ба тозагии ҷойҳои умумии ҳоҷатхонаву бозорҷойҳо, маҳал ва муҳит риоя намудан аст. Ҳамчунин фавран муроҷиат кардан ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ омили сари вақт сиҳатёбии нафари гирифтори бемории зардпарвин мегардад,- иброз дошт Саодат Холматова.

Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, гуфтаанд. Дар навбати аввал бистару болин ва лавозимоти истифодаи шахси беморро ҷудо кардан лозим аст. Нафароне, ки бо бемор дар муносибат буданд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд, ҳамчунин назорати беҳдошти нуқтаҳои хўрокпазӣ ва шахсоне, ки дар ин ҷойҳо фаъолият мебаранд, зарур аст. Омўзонидани қоидаҳои беҳдоштӣ ба кўдакон ва хурдсолон ва назорати иҷроишон аз тарафи онҳо боиси пешгирии беморӣ мегардад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳама вақт на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди беморӣ эмин бошем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Амри виҷдон

Дар комисcариати ҳарбии шаҳр шоҳиди ин манзараи ҳаяҷонбахш гардидам. Ҷавони зебову чаққон бо чеҳраи хандону лутфу шўхиҳо бо пайвандони хеш хайрухуш дошт. Эҳсосу эҳтиромаш афзуду аз ҷавон пурсидам:

- Аз куҷо ҳастӣ, писарам, номат чист?

- Аз ҷамоати деҳоти Сурх, Эҳсон ном дорам. Ду рўз пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштам. Падарам Комилбой Мирмуҳаммадов 31 сол аст, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 пешаи омўзгорӣ доранд. Муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳастанд. Дар хонаву мактаб ҳамеша ба фарзандону шогирдон аз қаҳрамонию далерӣ ва шуҷоату ватандўстии гузаштагон нақлҳои ҷолиб намуда, аз масоили худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ, устувориву бегазандии сулҳу субот моро бархурдор месозанд. Ватандўстӣ барҷастатарин хислати ҷавонмардон аст ва фарди баору номус ҳаргиз тарки Ватан намекунад. Онро дар лаҳзаҳои душвор танҳо намегузорад. Дар ҳама ҷо ҳамеша дар фикру зикри Ватани маҳбуб будан нишони ҷавонмардист, - мегўянд падари омўзгорам ва ҳар лаҳза дар қалбамон оташи ишқи Ватанро баланд меафрўзанд.

Рўзе барои ҳолу аҳволпурсӣ бо падарам дар тамос шудаму дар омади гап аз навигариҳои диёри азизам ва ёру ҷўраҳоям пурсидам.

Ҳоло мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз шудааст. Чанд рўз қабл маъракаи гусели ботантанаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бошукўҳ доир гардид. Аз ҳисоби ҷавонписарони деҳа Маъруф Қодиров, Холиқи Ҷумъабой, Олимзода Ҳадиятулло, Муҳаммадшариф Сyфиев ихтиёрӣ озими хизмат шуданд, – хабар доданд падар.

Нангу номус ва ғурури ватандўстиам боло гирифт. Қарор додам, ки худи пагоҳ чипта мегираму дар қатори дўстонам ман ҳам ба хизмати Ватан-Модар меравам. Охир марзу буми моро ба ғайр аз худи мо боз кӣ ҳифз карда метавонад? Пайвастан ба сафи сарбозони ватандўст дар Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, бароям боиси ифтихору сарфарозӣ хоҳад буд, - афзуд Эҳсон Бобоев.

Ҳангоми хайрухуш падар ба симои фарзанде, ки ҳоло аз дидораш сер нашуда буд, бо дидаи меҳбор назар дўхт:

- Писарам, ба Ватан содиқонаву мардона хизмат бикун. Бо сари баланд бозгард!

Ба сўйи ин устоди закитабъ дида медўзам: инсони комил бо дили бузург. Бале, диле, ки пок аст аз олоиш, макони пур аз меҳру навозиш, орӣ аз ҳасад, ки бо меҳри ҳифзи Ватан метапад. Ҳар як дарси ин гуна устод худ як китобу мактаб аст, китоби омўхтаниву ибрату пайравӣ ва шоистаи таҳсин.

Ҳусни Сабоҳ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, шаҳри Исфара

Читать далее