10 November 2017

Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон

Дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир гардид.

Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст.

Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд. Дар бахши озмуни «Беҳтарин шеър» Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9 аз МТМУ №38-и ноҳияи Деваштич  ғолиб дониста шуда,  ҷойҳои дуюм ва сеюмро хонандагон Зайнабӣ Ғуфрон, хонандаи синфи 10, МТМУ №3, шаҳри Хуҷанд ва Моҳира Ғаффорӣ, хонандаи синфи 10, МТМУ 35, ноҳияи Масчоҳ ишғол намуданд.

Дар бахши «Иншои беҳтарин» ҷойи аввалро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7, ноҳияи Ашт ба даст овард. Ҷойҳои баъдӣ насиби Ҳабибахон Ҳасанзода, хонандаи синфи 11, МТМУ №12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суруш Руҳулло, хонандаи синфи 11, МТМУ№15, шаҳри Панҷакент гардид.

Дар бахши «Расми беҳтарин» ғолибиятро Аъзам Миркамолов, хонандаи синфи 5, МТМУ№28, шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ҷойи дуюмро Баҳтиёр Юлдошев, хонанда аз ноҳияи Ашт соҳиб шуд. Зевар Ҷумъабоева, хонанда аз шаҳри Бӯстон мақоми сеюмро касб намуд.

Ҳамчунин барои ширкати фаъолона дар рафти баргузории озмун мактаб-интернати шаҳри Бӯстон, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби таъсисдиҳандагони озмун бо проекторҳо қадрдонӣ шуданд.

Ба ғолибону ҷоизадорони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Абдусабур  Абдуваҳҳоб

Читать далее

Ҳифзи арзишҳои маънавию ҳуқуқӣ аз пайомади терроризм ва экстремизм

Дар шароити шиддат ёфтани таҳдиди амалҳои террористӣ ва  экстремистӣ дар миқёси ҷаҳони имрўза  зарурият ва аҳамияти таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сулҳҷўёна бештар афзуда истодааст.

Асосгузори сулҳу вахати миллӣ, Пешвом миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  пайваста диққати аҳли кишвар ва ҷаҳониёнро ба масъалаҳои афзоиш ёфтани исломситезӣ, андешидани чораҳои муқовимат зидди терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва масъалаҳои рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон ҷалб намуда истодаанд, ки ба  таҳкими роҳандози гаштани ҳамкории байнидавлатии кишварҳои ҷаҳон бо Тоҷикистон таъсир ва тавқият бахшида истодааст.

Дар баробари ин, бо манфиатҷўии давлатҳои абарқудрат ё гурўҳи кишварҳо дар миқёси ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида, кўшишҳои дигаргунсозии муносибатҳои таърихан шаклгирифтаи байналхалқӣ, манфиатдорӣ аз тақсимоти бозори ҷаҳонӣ, ҳадафҳои соҳиб шудан ба захираҳои таббиӣ ва ашёи хом инсониятро таҳти таъсири манбаҳои нави хатар мемонад.

Ин раванд сабабгори вусъат ёфтани як қатор иллатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бекорӣ, камбизоатӣ, нашъамандӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва дар маҷмўъ, ба бад шудани вазъи иҷтимоӣ оварда расонида, оқибат ҷомеаро ба низоъҳои иҷтимоӣ, ба паҳн гаштани экстремизм, терроризм ва  умуман бештар ба  ҷинояткорӣ гирифтор месозад. Бинобар ин, ба кишвари мо зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худ, бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо  шиору гуфтор, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарвоиву бемасъулиятӣ, дар баъзе мавридҳо мағрурии кунди мансабӣ айбҷўйиву низоъпарастӣ, худманфиатдории тиҷоратӣ ё гурўҳиро як тараф монда, роҳи бунёди муносибатҳои солими бозаргониро пеш гирифта, ба татбиқи  шаклҳои нави корбарӣ ва пешрафти босуръати илму техника, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таълиму тарбияи мутахассисони  соҳавӣ  вусъат бахшем, ба заминаҳои бунёди иқтисодиёти  бозорӣ ва омилҳои пешбарандаи он, хусусан энергетика ва коммуникатсия, ки фаъолияти мақсаднок ва бонизоми иқтисодиёт ва назби бомароми зиндагии мардумро дар мамлакат таъмин мекунанд, аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Суръати  густариши таҳдиди ифротгароӣ  ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ аён гардида истодаанд. ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти  азими  таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем.

Аз ин рў, авҷ гирифтани  таъсири  равандҳои муосир ба тариқи иттилоотӣ ба шуури фардию ҷамъиятӣ (хусусан байни ҷавонон) масъалаи таҳқиқ, арзёбӣ ва таблиғи худшиносиву худогоҳиро ба миён овардааст. Ин ҳадаф татбиқшаванда ва ногузир мебошад. Онҳо ба амалӣ гаштани дурнамои сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ба бунёди муносибатҳои солими бозорӣ, ташаккули иқтисодиёти устувори миллӣ ва ниҳоят барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ мусоидат хоҳанд кард.

А. Раҳматулоев,
З.Авезова,
 устодони кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее

Нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон дар таърихи навини точикон

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон  тарҳрезӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон 

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.

Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохўрӣ бо нерўҳои халқӣ, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд. Ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев  баргузор гардида,  он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. ҳамчунин ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушду нумўъи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерўҳои сулҳдўст, интихоби раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин намудани сарвазири давлат, оид ба аризаи Президенти Тоҷикистон Набиев Р. Н, оид ба дохил намудани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174-уми  Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, дар бораи тасдиқ намудани аъзои девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буданд.

Боз як воқеаи муҳиме, ки дар ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шўрои Олӣ интихоб шудани Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кўлоб  Эмомалӣ  Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ  Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи сарвари давлат интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.

Ҳанўз дар лаҳзаҳои хассоси Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба катъият изҳор намуда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Таҳти раёсати Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ,  пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурўҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъоли муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардўстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои   мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.

Санад муҳими қабулгардида ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд  ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи  аввалиндараҷаи худ медонанд.

Дар  Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намояд, сохтори фалаҷгардидаи  ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта,  Артиши Миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кўтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандўст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурўъ намуд ва барои мустаҳкам намудани  сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешид.

Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омада мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд. Вале ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кўтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро  сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.

Бо туфайли Иҷлосия-16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.

Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ  бомасъулият ва дурандешона  амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию  иҷтимоӣ ва иқтисодиву  маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти бйналмилалидошта шароит фароҳам овард, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохт, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишвар таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Зимнан бояд гуфт, ки иҷрои бомувафаққияти Аҳдномаи имзокардаи мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи аввалин аст.

Дар паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Маҳз ба шарофати ин рўйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунйдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Иҷлосияи XVI  Шўрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва, мо, маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл  намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Ботурҷон Алимов,
номзади илмҳ
оитаърих,
дотсент, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати То
ҷикистон

Читать далее

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ– сарчашмаи асосии низоми давлатдорӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Даврони нави таърихи миллати мо - Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки соли 1991 интишор гардид.

Эъломяи Истиқлолият ва касби соҳибихтиёрии сиёсиву иқтисоди фақат оғози рисолати сангинест, ки бо тарҳандозӣ, ташаккул ва рушду низоми усулан ҷадиди сиёсӣ ва ниҳодҳои умури ҷамъияти давра ба давра мазмун ва моҳияти ҳақиқии худро мукаммал месозад. Истилоҳоте аз қабили «истиқлолияти давлатӣ», «истиқлоли сиёсӣ», «истиқлолияти иқтисодӣ», «истиқлолияти фарҳангӣ», «истиқлолияти энергетикӣ» ва ғайра дар луғати  тафаккури  сиёсӣ дарҷ гардида, дар рахгузори воқеияти имрўза аз ҷузъ то ба кулли зиндагии  мардум роҳ ва нуфуз пайдо кардааст.

Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрўзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид.

Дар замоне, ки давлати абадқудрати Шўравӣ вопасин  рўзҳои худро ба cap мебурд ва дар саросари  қаламрави он оташи низоъҳои сиёсӣ аланга мезад, Иҷлосияи дувуми Шурой Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати  дувоздаҳум), дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ, бахшид.                                                   

Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шўрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон "Ман ба Шумо сулҳ, меоварам... Мо ҳама бояд ёру бародар бошем" паёме рушан аз хираду заковати халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд.

Фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ў мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирўзиҳо ва пиндорҳои нек ба шумор меоварад.

Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт. Қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он андўхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқ шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Боиси  қаноатмандист, ки ба наздики қонуни мазкур қабул гардид ва мутобиқи он мо акнун имкон пайдо кардем, ки минбаъд ҳар сол Рўзи Парчами давлатиро, ки санаи 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил менамоем.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ҳизбу созмон, гурўҳе ва ё фарде манъ кард.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ оғоз кард. Пайрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми  донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам  садоқатмандона меҳнат мекунам»

Миллати тоҷик назорати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид,  ҳаргиз фаромўш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рўзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шала­ев "Роҳ ба сўи созиш'' чунин шарҳ ёфтааст: "Эҳтимол вохўрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 де­кабри соли 1996 баргузор шуд.

Таърих шоҳиди он аст, ки инсонҳои бонангу номус дар вазнинтарин лаҳзаҳо ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта баҳри раҳои ёфтан аз вазъияти вазнин кўшиш намуданд, ки номи онҳо дар лавҳаи таърих асрҳову солҳои бешумор бо хатҳои заррин нақш бастааст.

Ин насли ҷавонони имрўзаро водор менамояд дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри тадбиқи ҳадафҳои созандаи давлати Тоҷикистон ҳамчун шаҳрванди бедордил саҳмгузор бошанд.

Дар мақоли таърихие омадааст: «Подшоҳ соя Худо дар рўи замин аст». Менигарем ба кору пайкоре, ки Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати парешонгаштаи мо иҷро намуд, чун шоҳи одилу боғайрат тадбиқкунандаи каломи Худованд яъне сарҷамъӣ, некӣ, қонун, адолати  иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузориро тарҳрезӣ намуд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқей муҳайё карданд. ҳамзамон бо озодии андеша, виҷдон ва раъю иродат, озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ барои ҳар як шаҳрванд фароҳам оварда шуд.

Озодии инсон ва бузурдошти ҳуқуқҳои ў бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умуми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷомеаи тоҷиконро ба дарёфти Истиқлолияти миллӣ, ки орзуву омоли чандинасраи ин қавми муаззам буд, тавфиқ бахшид. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президент ханўз дар поёни соли 1992 ҳадафи олии худ эълом дошта буд, бо заҳмати шабонарўзии  ў ва пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси  Ватан пойдор гардид.

Аз ҳар гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гўш мерасид. Оромӣ на шаб буду на рӯз. Мардум пароканда, мақсадҳо гуногун. Аҳолии бечора дар чунин лаҳзаҳои сахт аз ҳама бештар азият медид. Қувваҳои солими ҷомеа, роҳи ба сулҳу салоҳ омадани неруҳои даргирро дар ҳарчи зудтар гузаронидани иҷлосияи навбатӣ медонистанд. Инҷост, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз гашт. Эмомалӣ Раҳмон сарвари нави мамлакат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Маҳз аз ин Иҷлосия сулҳу ваҳдат, оромӣ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ибтидо гирифт. Бо талошу хизматҳои назарраси Эмомалӣ Раҳмон оромӣ дар тамоми мамлакат  фароҳам омад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Ба мардуми парокандаи тоҷик тавонист сарвари боэътимолро интихоб намуда сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор созад.

Президенди кишвар ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ баён менамоянд «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред». Дар ҳақиқат сухани Сарвари давлат ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии моро баланд мебардорад. Ин ҳама иқдом низ меваи Истиқлолият аст, ки баҳри пойдории он Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ хизмати бузург намуд.

Дар таърихи навини мо тоҷикон бояд Иҷлосияи XVI -ро бо хатҳои заррин навишт, то ки насли наврас рӯй ба таърих оварад ва то чӣ андоза муқаддасу воломақомии онро дарк намояд. Тамоми дастовардҳое, ки дар тӯли 26 - соли соҳибистиқлоли ноил гаштем ин ҳама бо шарофати Иҷлосияи XVI  Шурои Олӣ ва хизматҳои шоёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Раъно Тошматова,
Шоҳида Негматова,
ассистентони ДДҲБСТ

Читать далее

АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст.

Зеро Ҷаноби Олӣ дар лаҳзае вориди арсаи сиёсат гардиданд, ки Ватани мо - Тоҷикистон дар оғўши хун буда, дар роҳи порашавӣ қарор дошт. Аз ҳамон лаҳзаи нахустин, ки ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд қавл доданд «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Воқеан дар натиҷаи заҳматҳои шабонарўзӣ, ҷон зери хатар гузошта барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кўшиш намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро барои Ҷаноби Олӣ хеле рўшан буд, ки чӣ қадар ин сулҳ зарур аст. Ба ин мақсад ҳанўз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон - ояндаи миллат» - ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд.

Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кўшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омўзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тавре таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шўъла бардорем на ин ки хокистар». Таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ буда, дар натиҷаи мутолиа намудани онҳо ҷавонон нисбати Ватан- Модар нигоҳи дигар пайдо карда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш бошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин гуфтаи Пешвои миллат ба хотири ҷалб намудани ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ифода меёбад. Зеро таърих инсонро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандўстиву масъулиятшиноӣ тарбият менамояд.

Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

ҳар як хонанда кўшиш ба харҷ медиҳад, то дар ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурўҳӣ боло гузоштаанд. Дар силсилаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» Ҷаноби Олӣ таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро гирд оварда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо аз замони қадим то ташаккулёбии халқи тоҷик маълумоти пурарзише додаанд. Аҳамияти асар дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан бисёр калон мебошад. Омўзиши асарҳо хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсири мусбӣ мегузорад, зеро дар асар корномаи қаҳрамононаи Шерак, малика Томирис, сарлашкар Спитамен, хиради Бузургмеҳр, неҳзати Абўмуслим ва дигар саҳифаҳои таъсирбахш инъикос ёфтаанд, ки дар натиҷаи мутолиаи асар ва шиносоӣ бо он дар ниҳоди хонанда хислатҳои неки ҳар як қаҳрамон пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат менамояд. Тавре  медонем ҷамъият аз одамон иборат аст, дар ҷамъият чи қадаре, ки одамони нек, масъулиятшинос, худшинос, меҳанпараст зиёд шавад, он ҳамон андоза солим шуда, рушдаш суръат мегирад.

Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад. Пас, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст.

Ғ.БОБОҶОНОВ,
ассистени кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

Читать далее

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими давлатдории миллӣ дар даврони Истиқлолият

Дар  таърихи  Тоҷикистони соҳибистиқлол санаҳои бузурге мавҷуданд, ки ба устувории сиёсӣ ва таҳкими давлатдорӣ таъсири бузургу беназир расондаанд. Яке аз ин гуна санаҳои таърихӣ ин баргузории  Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иҷлосияи   ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар қасри овозадори Арбоби ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев соли 1992 баргузор гардид. Ин Иҷлосияи тақдирсоз минбаъд, дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи навро кушод. Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистонро, инчунин  несту нобуд гардидани миллати  тоҷиконро аз миён бардошта, ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ замина гузошт ва ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо дод.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар тақвияти мақсади мазкур як қатор санадҳои ҳуқуқиро аз қабили қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20-уми ноябри соли 1992   “Оид ба интихоботи муовини Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ба рўзномаи кории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ворид намудани баррасии масъалаи ҳокимияти президентӣ” (аз 21-уми ноябри соли 1992).

“Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра баррасӣ намуд.

Қобили тазаккур аст, ки иқдоми нахустин дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ  27-уми июни соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба амал омада буд. Дар он 80 нафар роҳбар, намояндаи ҳизбҳо, иттиҳодияҳои сиёсӣ, уламо, федератсияи иттифоқҳои касаба, созмони ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра аз тамоми мавзеъҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада, ба созишномаи сулҳ имзо гузошта буданд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ  ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи Иттиҳоди давлатҳои мустақил будани  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба инобат гирифта, дар вазъи фавқулода, набудани  артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи  аҳолии осоишта  ва объектҳои  ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ,  харобкорӣ,  барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ  аз роҳбарони мамлакатҳои ИДМ – иштирокчиёни мулоқоти  Алмаато ( ноябри соли 1992) муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки  ба Тоҷикистон нерўҳои маҳдуди сулҳҷўёнаро фиристонанд.

Барои ташаккули пурраи ваҳдати миллӣ ҳалли монеаҳои бештар дар шакли омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ мавҷуд буданд. Аз ин рӯ Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди воқеии таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи миллати тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдати  миллӣ  заминаи мусоид гузошта шуд.

Ҷомеаи ба гурўҳҳо тақсим шуда, вазъиятро ноором сохта, байни одамон  нофаҳмиҳо ба амал меомаданд. Монеаи ҷиддӣ дар рушду нумўи истиқлолияти Тоҷикистон ва бунёди давлати миллӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард  доллари амрикоӣ зарар расонид. Вазифаи муҳими ҷомеаи тоҷик ва роҳбарияти давлат дар чунин вазъияти душвор аз дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли моҷарои мусаллаҳона ва таъмини сулҳи умум буд. Тоҷикистон тавонист аз ҳалли мушкилтарин масъала – хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барояд. Як нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсӣ, ки хосияти тақдирсоз доранд, мақоми сарвари сиёсӣ ба таври махсус зоҳир мегардад. Дар шароити  ҳассос ва тақдирсоз барои Тоҷикистон, ки хатари азбайнравии он мавҷуд буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми масъулиятро ба худ гирифта, раванди сулҳ ва ризоияти миллии ҷомеаи кишварро таҳким бахшид.

Баргузории Иҷлосияи XVI  парлумони кишвар ва роҳи пешгирифтаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи тадриҷиву амалии нақшаву барномаҳо таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ мекашад. Фаъолияти намояндагиҳои диплома­тии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор ва тавсеа меёбад. Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалии байниҳукуматӣ, монанди Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Ассосиатсияи рушди байналмилалӣ, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ ва дар ду соли минбаъда чор ташкилоти дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуданд.

Ору номус, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ ва ҳисси баланди масъулият ҳамроҳ бо қатъияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сўи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рўзи мақсуд душвориҳои зиёде пушти cap шуданд.

Қ.КАРИМОВА, 
ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

Мушкилоти тарбияи ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Ҷавонон нерўи бузурги зеҳниву ҷисмонии ҳар як миллату давлат буда, ояндаи ҳар кишвар маҳз дар дасти онҳо қарор дорад. Дар оянда то ба кадом андоза дуруст соҳибӣ намудани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз тарафи ҷавонон, бо раванди таълиму тарбияи имрўзаи онҳо аз тарафи падару модар, ҷомеа ва давлат вобаста мебошад. Маҳз таълим ва тарбияи дурусти ҷавонон боиси ягонагӣ ва инкишофи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон мегардад.

Падару модарон, ҷомеа ва давлат нисбат ба таълиму тарбия ҳамеша то ба қадри ҳол ва бо назардошти шароити иҷтимоиву иқтисодии хеш таваҷҷўҳ зоҳир менамоянд. Гузашта аз ин, худи ҳар нафар баъди ворид шудан ба муҳити иҷтимоӣ зарурати таълим ва тарбия гирифтанро эҳсос менамояд ва вобаста ба талаботи ҷомеа ва тавоноияш аз ин ду малака бархурдор мегардад.

Дар гузашта мардуми тоҷик ба масъалаи тарбия муносибати ҷиддӣ доштанд ва наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, содиқу ростқавл будан ба воя мерасониданд.

Дар замони шўравӣ масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон аз рўи барномаи махсус сурат мегирифт. Дар асоси талаботу меъёри идеологияи коммунистӣ наврасону ҷавонон, дар рўҳияи садоқат ба давлат, вафодорӣ нисбати Ватан ва ғамхориву эҳтиром нисбати аҳли ҷомеа тарбия меёфтанд.

Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолии давлатӣ роҳи навро интихоб намуд, ки дар он ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои ў арзиши олӣ пайдо намуд. Мактабҳои тарбияи давраи шўравӣ (ташкилотҳои пионерӣ, комсомолӣ) аз байн рафтанд ва мавзўи тарбияи наврасону ҷавонон то ба андозае аҳамияти пешинаи худро аз даст дод.  Давлати тозаистиқлол бо ҷанги шаҳрвандӣ рўбарў гардид ва дар натиҷа ҳазорон кўдакону наврасони ятиммонда зери сарпарастии ҳукумат қарор гирифтанд. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳолати ноороми кишвар ба ахлоқи наврасону ҷавонон таъсири манфии худро гузошт.

Баробари беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар шаҳрвандон низ ба масъалаи тарбия рў оварданд ва давлат ба мушкилоти ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Махсусан баъди солҳои 2001-ум паҳн гардидани гурўҳҳои ифротгароии динӣ аҳамияти мавзўи тарбияи наврасону ҷавононро дар кишвар дучанд намуд. Бо ин мақсад даҳҳо ҷавонони тоҷик, ки дар марказҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, бо супориши Роҳбари давлат ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Илова ба ин, соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. ҳадаф аз қабули ин қонун пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Бешубҳа, нақши падару модар ва оила дар тарбияи наврасону ҷавонон нисбат ба ниҳодҳои дигар афзалтар ба ҳисоб меравад. Зеро, инсон аз замони ба дунё омаданаш шакли рафтор, кирдор, муносибат бо дигаронро аз аъзоёни оилаи худ меомўзад.

Ҳар падару модар мехоҳанд, фарзандонашон ботарбия, хушахлоқ бошад. Бо ин мақсад аз хурдӣ талош менамоянд, ки ў дорои хислату рафтори накў гардида, барои падару модари хеш обрў оварад.

Дар ҳақиқат тарбияи кўдак аз фазои оила, аз муносибат ва рафтору кирдори падару модар дар байни ҳамдигар оғоз мегардад. Бештар вақт наврасону ҷавонон кирдору рафтори аъзои оилаи худро тақлид мекунанд ва чӣ хуб аст ва чӣ бад онро ҳамчун намуна пайравӣ менамоянд. Аммо, гоҳо ҳолатҳое шудаанд, ки фарзандон нисбат ба волидайни худ каме хулқу рафтори дигар пайдо менамоянд. Дар байни мардуми англисзабон гуфторе ҳаст: «Беҳуда кўшиш намуда, фарзандони худро таълим надиҳед, беҳтараш, худро таълим диҳед, зеро онҳо аз шумо меомўзанд». Яъне, агар падару модар чизеро ба фарзанди худ талқин намоянд, вале худ акси онро иҷро бикунанд, кўдак аз рафтори волидайн пайравӣ хоҳад кард.

Як ҳолати бисёр ташвишоваре, ки баъзан дар муносибати байни фарзандон ва падару модар мушоҳида мешавад, ин канда шудани робитаи фарзандон бо волидайн ва ё бепарвоӣ нисбати аҳволи падару модар аст. Баъди ба камол расидани фарзанд падару модарон гоҳо дар як тараф мемонанд ва фарзандон дар алоҳидагӣ рўзгордорӣ намуда, робитаро аз волидайни хеш мекананд. Ё баъзан ба хонаи бепарасторон бурда мондани онҳо аз тарафи фарзандон дида мешавад, ки чунин ҳолат ба суннати мардуми тоҷик муносиб нест. Бо ҳамин мақсад, дар тағйироти охирин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи масъулияти фарзандон дар назди падару модар ворид карда шуд, ки дар моддаи 34-ум чунин омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Аз рўи ин модда фарзандон вазифадор карда шудаанд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, азизу мўҳтарам доранд. 

Дар давраҳои пеш аҳли ҷомеа нисбати тарбия ва ахлоқи наврасону ҷавонон таваҷҷўҳу диққати махсус зоҳир менамуданд. Гоҳо дар кўчаҳо вақте як наврас ва ё як ҷавоне амали хуб анҷом медод, калонсолон ба ў ишора карда мегуфтанд «Бар падарат раҳмат». Ё баръакси он, ягон амали бад ва ё сухани қабеҳе ба забон меоварданд, аз ў мепурсиданд, ки ту писари кӣ ҳастӣ? Ва ўро адаб медоданд. Ин усул дар гузашта ба раванди тарбияи ҷавонон ва хушахлоқ гардидани онҳо таъсири мусбати худро мегузошт. Аммо дар низоми нави сиёсиву ҳуқуқӣ бештари масъалаҳои қаблан дар ҷомеа муҳимбуда, камарзиш шудаанд ва ё арзиши пешинаи худро гум кардаанд. Дар ҷомеа қоидаи нонавиштаи «шумо ба ман кордор набошед, ман ба шумо кордор нестам» роиҷ гардид. Ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзан, вақте як нафари калонсол ба рафтори нодурусти ҷавоне эрод бигирад, ҷавон таъҷилан ҷавоб медиҳад, ки шумо ба ман чӣ кор доред? Ё ибораи «Ба ман кордор набошед»! «Демократия ҳаст, чӣ кор хоҳам мекунам»-ро истифода мекунад. Агар дуруст назар намоем, дар ҷомеаи имрўзаи ҳуқуқмадор ва ҳуқуқмеҳвар то андозае танзими баъзе масъалаҳои ахлоқӣ аз тарафи аҳли ҷомеа пурмашаққат ва ҳатто номумкин гардидааст. Чун фарди озод ва дорои як қатор ҳуқуқ барои худ арзишҳо ва принсипҳоро муқаррар намуда, аз рўи он зиндагӣ дорад. Намунаи равшани онро дар баъзе кишварҳои Аврупо дидан мумкин аст. Имрўз бештари мавзўъҳои ахлоқие, ки дар давраҳои пеш як амали бад эътироф мешуд, ба як амали матлуб табдил ёфтааст. Пас, хулоса имрўз таъсири ҷомеа ба раванди тарбияи наврасону ҷавонон чандон чашмрас нест ва ин ҳолат бо низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа рабти зиёд дорад.

Як нуктаро бояд қайд намуд, ки дар давраҳои пеш мавзўи ахлоқ як масъалаи бисёр васеъ дониста мешуд ва хушахлоқ будан ва хушахлоқона зистан аҳамияти хосса ва ҷойгоҳи баланд дошт. Аммо бо гузашти замон ва паҳн гардидани ҷаҳонишавӣ ба ахлоқ ва тарбия наврасону ҷавонон таъсири манфии худро гузошт. Дар ин робита оиди таъсири манфӣ доштани раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти миллатҳо Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш чунин таъкид намудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст». Ба андешаи бархе аз донишмандони тоҷик, ҷаҳонишавӣ бештар ба миллатҳо ва давлатҳои миллии аз лиҳози худшиносиву ҳуввияти миллӣ заифбуда хатар дорад ва ба миллатҳои дорои фарҳангу тамаддуни устувор чандон таъсир надорад.

Воқеияти солҳои охир нишон дод, ки истодагарӣ бар муқобили раванди ҷаҳонишавӣ номумкин аст. Яке аз роҳҳои баҳрабардорӣ аз  раванд ин истифодаи самараноки унсурҳои ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла дар самти рушди иқтисодии давлат мебошад. Бо мақсади пешравии давлат истифода бурдани  компутер, моҳвора, телефони мобилӣ ва амсоли чунин воситаҳои технологияи навин бар манфиати кор буда, баръакси он, яъне истифодаи ғайрисамараноки онҳо боиси косташавии тарбияву ахлоқи ҷавонон мегардад. 

Ба назари бархе аз коршиносон, сабаби бадахлоқ ва тарбияи дуруст нагирифтани ҷавонон бо шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ алоқаманд мебошад. Вақте падару модар барои дарёфти рўзгор вақтҳои зиёди худро сарф менамоянд, фурсат барои тарбияи фарзандонашон пайдо намекунанд. Мисол, вақте ҳазорон падарону модарони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷа қарор доранд, ин ҳолат ба тарбияи наврасону ҷавонон таъсири бад мерасонад. Фарзандони онҳо аз назорат дур монда, бевосита аз тарбияи волидайнашон бархурдор намегарданд ва кўдакону наврасон аз навозишу меҳрубониҳои падару модаронашон дур мемонанд.   

Инсон ҳамеша ниёз ба тарбия дорад, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон нисбати масъалаи мазкур бепарво будан метавонад, дар як мўҳлати кўтоҳ ахлоқу одоби шарқиёнаро коста бикунад ва ба фарҳанги миллӣ рахна эҷод намояд. Дуруст аст, ки падару модарон нисбати тарбияи фарзандони хеш вазифадор ҳастанд, лекин чӣ гуна тарбия ёфтани фарзанд танҳо аз онҳо вобаста набуда, дар ин раванди нақши омўзгорон ва аҳли ҷомеа хеле назаррас мебошад. Пас, тамоми аҳли ҷомеа дар рўҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон саҳмгузор бошанд, ки танҳо дар чунин ҳолат мо ба ҳадафҳои аслии камолоти наврасону ҷавонони тоҷик ноил хоҳем шуд.

Шўҳрат Саидов,
дотсенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Ба тарбияи дарки дурусти раванди сиёсӣ ва эҳсосои ватандорӣ эътибор диҳем

Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгӯӣ нашуданашон фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо инстинкти худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад.

Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, дарёфти технологияҳои назорат ва идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия низ дар замони муосир хусусияти мушкил ба худ касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа уфуқҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар байни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.

Дар чунин шароит фаъолгардонии нақши ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа муҳим буда, дар ин раванд бояд ҳамбастагии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамгироии онҳо метавонанд натиҷаҳои дилхоҳ дошта бошанд. Дар ин масир баланд бардоштани нақши оила ва фаъол гардонидани мавқеи он бениҳоят муҳим буда, иҷрои босифати уҳдадориҳои иҷтимоии он омили муҳими ташаккули шахсиятҳои худогоҳ мебошад. Таҷрибаи фаъолияти ҳаррӯза нишон медиҳад, ки дар низоми муносибатҳои оилавӣ ҳолатҳои зӯроварӣ дар масъалаи аз бар намудани сару либос ва дигар масоили дорои ҷанбаи эътиқодӣ баръало ба чашм расида истодаанд, ҳатто оқибатҳои фалокатбор низ доранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз василаҳои ҷалби занон ба ҳаракатҳои ифротию муноқишаҳои давлатҳои Ироқ ва Сурия маҳз таъсири аъзои оила мебошад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат амиқу саривақтӣ ҳушдор доданд, ки «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем».

Масъалаи дигари ташвишовар ин симои занона пайдо намудани ифротгароию терроризм аст. Зан ва террор ду мафҳуме мебошанд, ки якдигарро дар ҷавҳари худ инкор мекунанд. Зеро зан офаридгор, ҳаётбахш, равшанкунандаи роҳи фарзанд, оила ва ҷомеа мебошад. Ифроту терроризм бошад, нобудкунандаи беҳтарин неъмати худододӣ - ҳаёти инсонӣ, вайронӣ, харобӣ ва даҳшатафканию марг аст. Ба андешаи шахсии мо барои пешгири намудани ин намуна рафторҳои ғайриқонунӣ чунин чораҳои зарурӣ бояд ба тариқи ҳатмӣ амалӣ карда шаванд.

1.Дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба равандҳои иҷтимоии муосир мебошад, ки тавассути он имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад. Ба ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин кард ва баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд.

2. Дар таҷрибаи сиёсӣ собит гаштааст, ки зуҳуроти алоҳида қодир аст ба ҷараёни раванди сиёсӣ таъсири худро расонад. Ин таъсиррасонӣ тавассути қабули ин ё он зуҳурот аз ҷониби ҷомеа ба миён меояд, яъне, қабули ҷомеа метавонад равандро тақвият бахшад ва ё баръакс, ин зуҳурот метавонад нафрати ҷомеаро ба миён оварда, боиси аз байн рафтани он гардад. Имрӯз эҳсос мегардад, ки аксар қувваҳои солимфикри ҷомеа ин зуҳуроти нафратоварро маҳкум мекунанд. Аз ин рӯ, дар чунин ҳолатҳо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ муҳим мебошад.

3. Ҳарчи бештар боло бурдани иттилоотнокии ҷомеа вобаста ба моҳияти аслии вазъи муосири геополитикии ҷаҳон;

4. Пешгирӣ намудани раванди суръатгирии зиддиятҳо дар пояи дину мазҳаб, истифода аз номи дини мубини ислом бо мақсадҳои ғаразноку сиёҳ;

5. Боло бурдани дарки дурусти равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва тарбияи эҳсоси баланди ватандорӣ зарур мебошад.

Ғ. САНАВБАРОВ,
дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее

Беҳтаринҳо муайян шуданд

Бахшида ба ҷашни фархундаи 25 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи томактабии рақами 33–и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмун аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр ғолибони даври аввал иштирок карда, аз ашъори суханвари бузурги халқи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо қироат карданд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати наттоқии кӯдакон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро муайян намудаанд.

Шоҳҷоизаи озмун ба Мунзифа Ҳошимова аз кӯдакистон – ширхоргоҳи рақами 20 насиб гардид.

Ғолиби озмун бо диплому Ифтихорнома ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Оғози бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

Нахуст дар маҳалли сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шуданд.

Читать далее