July 2017

31 July 2017

ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» доир мешавад

Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносии худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ ба муносибати  ҷашнҳои 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 100 - солагии китобхона  ва Соли ҷавонон бо иштироки фаъолонаи толибилмони мактабҳои миёна, хонандагони литсею гимназияҳо озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ»-ро эълон менамояд.

ШАРТҲОИ ОЗМУН:

1. Толибилме, ки дар озмун ширкат кардан мехоҳад, бояд ҳамчун истифодабарандаи расмии китобхонаи ин ё он деҳа, шаҳрак ва ё шаҳр ба қайд гирифта шуда, соҳиби варақаи хонанда (формуляр) бошад.

2. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадорукот рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари мундариҷаи асари бадеӣ (то як саҳифаи чопӣ барои як асар) пешниҳод намояд.

3. Ба ҳар иштирокчӣ ҳайати ҳакамон интихобан 5 савол аз рӯи  мазмуну мундариҷа, сюжет, персонажҳо, муаллиф ё тарҷумони асар медиҳанд.

4. Ба ҳар як ҷавоб то 10 хол гузошта мешавад.

5. Барои ширкат дар сабқат хонандае роҳ меёбад, ки на камтар аз 20 китоби бадеӣ хонда бошад.

Даври аввали озмун аз 15.06.2017 то 5.10. 2017 доир гардида, даври ниҳоии он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷамъбаст мегардад.

Fолиби асосии озмун бо планшет ва дигар иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  қадрдонӣ мешаванд.

Дар ин бора маълумоти муфассалро дар саҳифаи эълонҳои сомонаи www.asiri.tj пайдо карда метавонед.

Читать далее

Таъминоти аҳолӣ ба оби нўшокӣ беҳтар гардид

Дар шаҳри Бўстон лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ бо намояндагони Бонки рушди Аврупо бобати харидорӣ намудани техникаҳои коммуналӣ ва қуттиҳо барои партовҳои сахти маишӣ омода гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамзамон тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, 13 ҳазор метр қубури обгузар ба лўлаҳои полиэтиленӣ иваз карда, 46 бинои баландошёна ва 36 ҳавлӣ ба шоҳқубурҳои амалкунандаи полиэтиленӣ пайваст шуда, сифат ва дастрасии аҳолӣ ба оби нўшокӣ беҳтар гардид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба рўзноманигорон.

Инчунин ў гуфт, ки бо мақсади таъмини пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳоливу беморон шўъбаҳои осебшиносӣ, сироятӣ ва таваллуди беморхонаи шаҳрӣ аз таъмири асосӣ бароварда, як адад нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ харида шуд.

Раиси шаҳр бобати таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ин давра чунин гуфт: - дар қаламрави шаҳр як маркази таълимию истеҳсолии адрасу атлас, сехҳои дўзандагӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ ба истифода дода шуда, зиёда аз 100 нафар зани хонашин соҳиби ҷои кор гардиданд. Инчунин тибқи нақша то охири сол гармхонаи инноватсионӣ, сехи доруҳои гиёҳӣ ва марҳалаи дуюми сехи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар заминаи ҶДММ «Суғд-пак» ба истифода дода мешавад, ки боз сокинони зиёди шаҳр бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Бобати фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр дар нимсолаи якум раиси шаҳр гуфт, ки аз 26 корхонаи саноатӣ 16 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши маҳсулотро таъмин намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра бо назардошти ҳамаи хизматрасонӣ 82 млн. 419 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 млн. 952 ҳазору 700 сомонӣ зиёд аст.

Бо мақсади ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити зист дар шаҳр Рухсора Давлатзода изҳор намуд, ки аз ҷониби Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва аҳолӣ дар ин давра зиёда аз 7000 бех ниҳоли ороишиву мевадиҳанда ва 30 ҳазор дона гули ороишӣ шинонида шудаанд. Ҳамзамон Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ба маблағи 345 ҳазор сомонӣ мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳои пиёдагардро ба анҷом расонидааст.

Рухсора Давлатзода инчунин аз фаъолияти соҳаҳои дигари иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон маълумот дода, дар охир ба суолҳои рўзноманигорон дар мавзўъҳои гуногун посух гуфт.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Маблағи як маърака 5127 сомонӣ

Оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2017 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов раиси ноҳия Комил Салимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рўзноманигорон маълумот дод.

- Натиҷаи олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ нишон дод, ки сатҳи донишомўзии хонандагони ноҳия сол аз сол боло меравад. Дар олимпиадаҳои даври вилоятӣ 102 нафар хонанда иштирок карда, 19 нафарашон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд. Аз 14 нафар иштироккунандаи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 5 нафар хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ дар кишвар гардиданд,- зикр дошт Комил Салимзода.

Ҳамчунин қайд гардид, ки ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда яке аз мақсадҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб ёфта, айни ҳол шумораи занони роҳбар дар ноҳия 225 нафар мебошад.

Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бонувон ба атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар шаш ҷамоати шаҳраку деҳот марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ амал мекунанд, ки дорои 20 дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 28 дастгоҳи қолинбофӣ мебошанд. Ҳунармандони марказҳо ба 209 нафар занону бонувон ҳунарҳои аҷдодӣ омўхта, дар ин раванд онҳоро ба идомаи кори мустақилона ҳидоятгар мешаванд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра дар ноҳия 296 адад тўи домодию арўсӣ, 167 адад хатнасур, 159 адад маъракаи чил, 117 адад маъракаи сол, дар маҷмўъ 739 адад тўю маърака гузаронида шуданд.

Хароҷоти умумии маъракаҳо ба се миллиону 789 ҳазору 335 сомонӣ баробар буда, хароҷоти миёнаи як маърака ба маблағи 5127 сомонӣ рост меояд.

Кишоварзони ноҳия ба майдони 585 гектар картошка, 8020 гектар ғалладонагиҳо, 5075 гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 4966 гектар пахта, 1395 гектар сабзавот, 126 гектар полезиҳо, 2474 гектар зироатҳои хўроки чорво кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ кишти зироатҳои такрорӣ 2090 гектар ба нақша гирифта шуда, то миёнаҳои моҳи июл иҷроиши он 1931 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 92, 4 фоизро дар бар мегирад.

Суолу ҷавоби рўзноманигорон бо масъулини соҳаҳо анҷомбахши нишасти матбуотӣ гардид.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шаффофияти имтиҳонот

- Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ мутахассисонро аз рўи 17 ихтисос дар зинаҳои бакалавриат, мутахассис, магистратура аспирантура ва докторантура тайёр менамояд. Дар донишкада шабакаи электронии идоракунии маъмурӣ ва назорати сифати таълим ба истифода дода шуда, ҳамасола мукаммал гардонида мешавад. Дар он ҳамаи маълумот оид ба ҳар як донишҷў, аз ҷумла варақаи шахсӣ, ғоиб, холҳои ҳаррўзаи донишҷўён, натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, ҳамаи маводи дарсии профессорону омўзгорон, силлабусҳо, маҷмўаи таълимӣ – методӣ, китоби дарсӣ, маҷмўаи мисолу масъалаи фаннӣ, имтиҳонӣ, тестҳо ворид мегарданд, ки аз он донишҷўён васеъ истифода мебаранд, – ибрози ақида намуд директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин қайд гардид, ки санҷишу имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда мешаванд. Донишҷў баробари ба итмом расидани имтиҳонҳо имкон дорад бо баҳои хеш шинос гардад. Ин тадбирҳо барои шаффоф гузаштани имтиҳонҳо ҷорӣ гардидааст. Ғайр аз он шабакаи электронии идоракунӣ ва назорати сифати таълимро мунтазам такомул дода, омўзгорон ва донишҷўён аз шабака фаъолона истифода мебаранд.

Боиси қайд аст, ки фаъолияти пеш бурдани корҳои илмию тадқиқотиро дар макотиби олӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, дар донишкада ба масъалаи ба роҳ мондан ва гузарониддани тадқиқоти илмӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт профессорон, омўзгорон аз рўи мавзўи умумидонишкада «Ташаккул ва рушди устувори иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корбарӣ менамоянд. Дар нимсолаи аввали соли равон доир ба чопи монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ ва китоби дарсӣ натиҷаҳои назаррас дида мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии байни донишгоҳҳо ӯNACTҒS донишкада сазовори ҷои аввал гардидааст. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 нафар донишҷўи донишкада ширкат варзида, ба шаҳри Лондони Бритониёи Кабир роҳхат гирифтанд. Омўзгорони донишкада низ барои гирифтани роҳхат ба осоишгоҳҳо дар давоми таътил аз маъмурият сипосгузоранд. Дар охир бо масъулин саволу ҷавоб доир гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

28 July 2017

Бегонапарастӣ дар номгузории маҳсулот

Дар як гузор ба бозору мағозаҳо ба хулосае метавон расид, ки ҳуввияту ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва дарки ватандорӣ дар номгузории аксари маҳсулоти ватанӣ умуман дида намешавад. Мутаассифона, шабу рўз дар рекламаҳои телевизиону радио ба гўшу майнаи мардум мисли симоб рехтани ному номгузории маҳсулоти ғайритоҷикӣ аудиторияи бузургро низ тавре тарбият намудааст, ки гўё ин ҷо Тоҷикистон неву ягон давлати дигар бошад.

Трагокомедияи номгузорӣ: фахр аз Чингизхон?

Тавре хонандагони ҳушманду закӣ тариқи телевизион шоҳиданд, аз ширкати «Сирдарё» шарбати «Мерси Баку» ҳар соат тақрибан реклом мешавад. Воқеан, зарфи зебо аз маркетинги баланди пешниҳоди маҳсулот дарак медиҳад. Дар аввал гумон кардам, ки ин маҳсулоти кишвари Озарбойҷон аст, ки ба хотири пойтахт будан номи «Мерси Баку» дар маҳсулот дида мешавад. Яъне, тарҷумаи таҳтуллафзии он «Сипос ба ту Боку» аст. Аз ҳама аҷиб, дар этикеткаи он нишонии ширкат шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Яъне, тамоми меваҳо аз Тоҷикистон, коркард дар Тоҷикистон, вале номгузорӣ ба ҳуввияти пойтахти Озарбойҷон? Ёбу гир! Чаро «Сипос Душанбе» ё «Сипос Хуҷанд» не? Ғурури миллиамон куҷост? Агар гўем, ки ин ширкат филиали «Мерси Баку» дар Хуҷанд аст, боварнокарданист, зеро дар ягон ҷои этикетка яқин нишон дода нашудааст, ки воқеан намояндагӣ ва ё филиали ширкати озарбойҷонист. Агар бигзор дар сурати филиал будан ҳам, дағалона эҳтироми ҷонибайн вайрон шудааст. Зеро дар рекламаи ин ширкат дар телевизионҳои маҳаллӣ дидан мумкин аст, ки асосан меҳмонони хориҷӣ дар видеоролик иштирок доранд. Яке аз меҳмонони хориҷӣ мегўяд:

«Ман хушҳолам, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор дорам, шаҳр бисёр зебо аст, ба ман маъқул шуд, аз ҳама муҳим дар шаҳри Хуҷанд шарбати «Мерси Баку» нотакрор аст».

Ростӣ, аз мўҳтавои ин реклама хиҷолат кашидам. Меҳмонон шояд шаҳри моро Боку гумон карда бошанд. Масъулини ширкат вақте видеоролики рекламаро фармоиш медиҳанд, сужет ба он навишта мешавад. Аз ҳама дардовар ин аст, ки наход ягон нафари номуси миллидоштае пайдо нашуд, ки ақаллан гўяд: «дар мўҳтавои реклама куҷост ифтихори ватандорӣ?».

Ё худ, дар растаи мағозаҳои машрубот шароби «Чингисхан» дида мешавад. Ҳангам парид. Фарде, ки Хуҷандро, умуман маконҳои зебои таърихӣ ва тамоми аҳли башарро қатли ом карда буду аз қадамаш хун мечакид, имрўз номаш дар шароб дида мешавад. Ба этикеткаи он назар кунем, мебинем, ки он ҳам дар дохили кишвари худамон истеҳсол мегардад. Пас номи Чингизхон чӣ рабте ба маҳсулоти дохилӣ дорад? Ё ба саломатии Чингизхон ба ивази хунрезиҳои кардааш нўшем? Ё дар ивази харобкориҳояш, ки тамоми таърихи башарият медонад, нўши ҷон намоем?

Шарми кас меояд, вақте ҳангоми таъсис додани ин ё он ширкати истеҳсолӣ наход масъулини ширкатҳо дар фикри номгузории миллӣ нашаванд? Агар ба ин минвол беаҳамиятӣ дар бобати эҳтироми забони давлатӣ идома ёфтан гирад, метарсам, ки ягон маҳсулот Гитлер ё Гестапо номгузорӣ нашавад. Ширкатҳои хориҷӣ агар бо забони худашон ягон номгузории ҷуғрофӣ ва ё брендиашонро интихоб карда бошанд, ин мазмуни онро надорад, ки мо низ дар тақлиди кўр-кўрона ҳатман номи маҳсулотамонро бо хати лотинӣ ва ё номи аҷнабии ғайримиллӣ гузорем. Ҳол он ки дар фонди миллии мо садҳо ҳазор номи зебову шево вуҷуд доранд.

«Коррект» ба забони англисӣ, «Молочная радость» бо русӣ (ҳар ду маҳсулоти ширӣ), «Caққӯқa» бо англисӣ (маҳсулоти пўшоквории пахтагӣ), картошкабирёни «Аладдин» бо арабӣ, семичкаи «VIP» бо англисӣ, кулчақанди «Бонҷур» бо фаронсавӣ ва садҳо номгўи дигари маҳсулот, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд, ҳамагӣ бо забони ғайранд, ки пиромуни ҳар яки онҳо метавон садҳо варақ таҳлил намуд. Бо он, ки шукри Истиқлолияти милливу давлатӣ, имрўзҳо ҳазорҳо корхонаҳо рўз ба рўз милод ёфтанду меёбанд, ки боиси ғанӣ шудани буҷети давлатӣ шудаанд. Аммо инсоф, ҷанобон, дар бобати номгузорӣ андешаи миллӣ мебояд, ҳуввият ва ифтихори ватандорӣ мешояд!!!

Забони бемавқеи рекламаҳо ва зери суол рафтани номуси миллӣ

Забони тоҷикӣ ҳанўз моҳи июли соли 1989 мақоми давлатӣ ба худ касб карда буд. Дертар дар замони Истиқлолият ин меъёри ҳуқуқӣ комилтар гардида, дар Конститутсия ба таври равшан нишон дода шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ аст ва забони русӣ бошад, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Метавон дар тафсири ин модда натиҷа бардошт, ки тамоми коргузориҳо бояд тибқи Қонун ба забони миллӣ сурат бигирад. Танҳо дар ҳолати муоширати байни миллатҳо забони русӣ ба сифати кўмакрасон истифода бурда мешавад. Аммо суоли бомаврид ба миён меояд, ки чаро забони рекламаҳо дар расонаҳои дохилӣ 80 фисад ба забони русист? Ё кормандони расонаҳо, бавиҷа телевизиону радиоҳои маҳаллӣ ин талаботи Конститутсияро ба инобат гиранд? Ё масъулини ширкатҳои истеҳсолӣ ба сифати рекламадиҳанда ба моҳияти қонун сарфаҳм намераванд? Ё худ рекламадиҳандагону кормандони расонаҳо гумон мекунанд, ки аудиторияи шимоли Тоҷикистон 80 фисад русҳо ва дигар миллатҳои мухталифанд?

Албатта овардани андешаҳои болоӣ эҳсоси миллатчигӣ, наҷодпарастӣ ва бад дидани миллатҳои ғайр нест! Аммо агар имрўз муддаиён аз ин зовия ба матлаби мо нуктаву эрод бигиранд, пас суоли нокушодае худ аз худ пайдо мешавад, ки ҳуввияти ватандорӣ, марзи номуси миллӣ ва эҳтироми забони давлатӣ куҷост?

Дар ин ҳол масъулини расонаҳои маҳаллӣ, кормандони соҳаи PҚ ва менеҷерони ширкатҳоро зарур аст, ки бори дигар дар мавриди забони реклама аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, марзи номуси миллиро ҳимоят ва эҳтиром намоянд. 

Қисмҳои эҳтиётии Ҳасанҷон” ва“Вулканизатсияи Гулбаҳор”?

Итминон дорам, ки хонандагони азиз борҳо гузорашон ба мағозаҳои фурўши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт афтодааст. Ҳар соҳибмағозаи қисмҳои эҳтиётӣ писар ё духтари эркатулфорашро дорад, ки номи мағоза ҳатман бо номи фарзандонаш гузошта шудааст. Дар яке аз мағозаҳо чунин навиштаҷотро дидем: «Қисмҳои эҳтиётии Ҳасанҷон». Аҷаб расме!

Наход қисмҳои эҳтиётии одам фурўхта шавад? Наход қисмҳои аъзои бадани Ҳасанҷон дар ин мағоза бошад?

Ё нуқтаи таъмири нақлиёт, ки аксарият бо номи «вулканизатсия» мешиносем, худ маълум аст, ҷои пур аз калидҳои аз касири таъмир сиёҳ шуда, равғанҳои молиданӣ ва умуман кори камназокат аст. Дар яке аз онҳо чунин навиштаеро дидем: «Вулканизатсияи Гулбаҳор». Намедонам, хандем ё бигирйем? Гулбаҳор номи ҷинси латиф, яке аз зеботарин номҳо, мутаассифона, ба ҷое номгузорӣ шудааст, ки ҳисобашро ёбеду гиред. Шояд ба ягон толори ороиши занона ва ё мағозаи либоси арўсон мешуд, ҷои шиква набуд. Ягон ҷойи таҳлилу танқиди иловагӣ нест. Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Бояд тазаккур дод, ки ин матлаби мо бори нахуст набуда, аз ин қабл борҳо ҳамқаламон, забоншиносон ва афроди огоҳ пиромуни номгузории мағозаҳо ибрози ақида намуда буданд. Аммо боз «Аҳмади порина», касеро пинакаш вайрон намешавад. Номгузории мағозаҳое чун Гламур, Элегант, Метроделюкс (итолёвӣ), Барбароса, Саффран аз калимаи соф тоҷикии заъфарони ба англисӣ табдилшуда, Хесон (куриёӣ), Ла мода, Диффринг ва ғайраҳо, ки мутаассифона, борҳо дар матолиби ҳамақидагон мавриди сарзанишу накўҳиш қарор гирифтаанд. Бо он, ки борҳо аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин гуна номгузорӣ эъродҳо гирифтаанд, аммо дар ин ҷода иқдоми ҷиддӣ ба назар нарасид.

Ях кардани ҳуввияти миллӣ дар яхмосҳо

Азбаски дар гармои тобистон бозори гарми яхмосҳо ба чашм мерасад, метавон тамоми кўчаву хиёбонҳоро ғарқи партови коғазҳои яхмос дид. Гумон мекунам, ки ягон деҳаву маҳаллаҳое намондааст, ки «қадам»-и номубораки партови коғази яхмос нарасида бошад. Албатта ин нуктаҳо таҳлили дигар мехоҳанд, ки дар шумораҳои оянда пиромуни он паргори андеша хоҳем ронд.

Чун мавзўи мо номгузории миллӣ аст, мо низ ба гуфте «дарди бахайр» мегўему сари мақсад меоем. Аксарияти номгузории яхмосҳо низ ғайритоҷикианд, ки ҷои тардид нест. Ба амсоли «Магия», «Пирует», «Эскимо», «Пломбир», «Феличита», «Фруктейл», «ТқӯЯ», «Бомба», «Вечер», «Дует», «Бомпари тянучка», «Семейнқй праздник», «Простоквашино» ва даҳҳои дигар, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванду номҳои аҷнабиву ба миллати тоҷик ноошно гузошта шудааст.

Коршиносон ба ин ақидаанд, ки ширкатҳои яхмосбарорӣ ба хотири серхаридор шудани маҳсулоташон ном ва брендҳои маъруфи ҷаҳониро мечаспонанд, ки аз ҷиҳати қоидаҳои ҳуқуқи муаллифии маҳсулотбарорӣ қобили қабул набуда, номдуздӣ эътироф мешудааст. Забоншиносон бошанд, ин пешомадро паст задани нуфузи забони давлатӣ аз ҷониби ширкатҳои яхмосбарорӣ ва бо ин васила бегона кардани завқи аудиторияи кўдакону наврасонро дар бобати фаҳмиши забони миллӣ унвон мекунанд.

Илоҷи воқеа-ҷаримаи ҳангуфт

Метавон ба натиҷа расид, ки дар вуҷуди масъулини ширкатҳои яхмосбарорӣ ҳуввияти миллӣ воқеан ях карда, барои «об» кардани он дахолати мақомотҳои дахлдор зарур аст. Инчунин месазад, ки Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо ба хотири паст кардани шаъну эътибори забони тоҷикӣ аз ширкатҳое, ки аз забони миллӣ дурӣ меҷўянд, тариқи суд ҷаримаҳои ҳангуфт ситонанд. Шояд ин гуна тадбир андак дар вуҷуди масъулини ширкатҳои истеҳсолӣ бедории миллиро ҷойгузин намояд? Вагарна, метавон натиҷа кард, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» танҳо дар рўйи коғаз мондаасту халос. Шумо чӣ мегўед, хонандаи азиз?

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бартариҳои чигити тухмии “ФЛЕШ”

Баробари рушди соҳаи кишоварзӣ интихоби навъҳои беҳтарини зироатҳо, ки хусусиятҳои серҳосилиро доро аст, мавриди истифода қарор дорад. Масалан, дар самти пахтакорӣ низ ин раванд ҷои намоёнро ишғол менамояд. Заркорон таи солҳои охир бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои ниҳоӣ бештар рў ба интихоби навъҳо овардаанд.

Дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ буд, ки таи солҳои охир дар ин ҷода нишондодҳо хеле назаррас мегарданд. Зеро маҳз иқдомҳои неки Раиси вилоят буд, ки деҳқонон бо навъҳои серҳосил ва ба камобиву касалиҳо тобовари тухмиҳои сара таъмин гардида, ба нишондиҳандаҳои беҳтарин соҳиб мешаванд.

-Барои заминҳои камоб ва шағали минтақаи мо кишти чигити навъи «Флеш», ки истеҳсоли Туркия мебошад, хеле мувофиқ баромад,- изҳор дошт Усмонҷон Тошбоев. – Ихтисосам агроном аст ва таҷрибаи 32-сола дорам. Дар ҷараёни фаъолияти меҳнатиам ба хулоса омадам, ки дар ҳақиқат навъи «Флеш» хубтар аст.

Ман дар 10 гектар замине, ки соли равон ба иҷора гирифтам, аз ин тухмӣ кишт намудам. То имрўз ҳар ниҳол 2-тогӣ кўрак ва 20-30 гулу шона дошта, нашъунамояш хуб мебошад. Ғайр аз ин, то ба ҳол ду маротиба озуқа додем, ки ин ба ҳар гектар 350 кг рост меояд. Як маротиба об гирифтем. Дар нақша ҳаст, ки рўзҳои наздик озуқаи сеюм ва оби дуюмро диҳем. Дар маҷмўъ бошад, то пухтарасии ҳосил ба ҳар гектар то 600 кг озуқа дода мешавад.

Зимни азназаргузаронӣ иҷоракор Усмонҷон Тошбоев гуфт, ки навъи тухмии «Флеш» боз бартариҳои дигар низ дорад. Масалан, агар ниҳолҳои пахтаи тухми маҳаллӣ ба як метр 6 бех рост ояд, тухмии навъи «Флеш» дар ду метр 7 бехро ташкил медиҳад. Ниҳолҳо аз поён шох ронда, ҳосил мебандад. Дар вақти кишт бошад, ба як гектар 20 кг тухмӣ масраф шудааст, ки ин ҳам аз тухмиҳои киштшудаи маҳаллӣ хеле кам мебошад.

Вақте майдони саросар сабзу зебо нашъунамоёфта, ниҳолҳои ғарқи гулу шона бастаро тамошо менамудем, заҳмати сидқидилонаи аҳли меҳнатро эҳсос кардем, ки воқеан, аз ин рўзҳои гарм самаранок истифода намуда, агротехникаи парваришро ба роҳ мондаанд.

Усмонҷон Тошбоев бо боварии комил иброз дошт, ки соли аввали кишт онҳо бояд, ки ҳосили аз 40 сентнерӣ зиёд ба даст оваранд.

Солҳои қаблӣ деҳқонон аз навъҳои маҳаллӣ 26-28 сентнерӣ ҳосил гирифта буданд. ҷавонмарди соҳибихтисос имсол бори нахуст заминро аз Хоҷагии деҳқонии «Муйдинҷон»-и Ҷамоати деҳоти Пўлодони ноҳияи Конибодом ба иҷора гирифт. Имрўз барояш хуш аст, ки ниҳолҳои пахтазораш табъи дил нашъунамо доранд.

 Мукаррама Сатторова,
ноҳияи Конибодом

Читать далее

Экотуризм: Ҳадаф ва дурнамои он

Ба ақидаи коршиносон ва олимону мутахассисон дар вазъияти мавҷуда яке аз соҳаҳои афзалиятноки баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ – иҷтимоии минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон рушди туризм ҳисоб меёбад. Туризм имрўзҳо аз ҷумлаи соҳаҳои босуръат инкишофёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон айни ҳол туризм баъди саноати коркарди нафт ва техникаи компютерӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷойи 3-юмро ишғол мекунад. Маҳз бо рушди туризм Ҳиндустон, Непал, Бутан, Туркия, инчунин як қатор мамолики Араб, Аврупо ва Амрико босуръат тараққӣ карда, аз даромади сайру саёҳат дар рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ самаранок истифода мебаранд. Дар 40 мамлакати ҷаҳон туризм сарчашмаи асосии буҷет ба ҳисоб рафта, дар 70 мамлакати ҷаҳон бошад, яке аз се манбаи асосии буҷети давлат маҳсуб мешавад.

Аз ин рў, мушкилоти таъсис додани шаклҳо ва усулҳои нави хоҷагидорӣ дар фаъолияти сайёҳӣ, такмил додани системаи фароғату сайёҳӣ ҳамчун яке аз механизмҳои такрори истеҳсолӣ ва таблиғоти арзишҳои табиӣ – экологӣ ва маданӣ – таърихии минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон аз ҷумлаи рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Туризми ҳозиразамон дорои соҳаҳои зиёде мебошад ва шумораи онҳо сол ба сол вобаста аз талаботи аҳолӣ афзуда истодааст. Дар байни соҳаҳои сершумори туризм, соҳаи нав ва афзалиятноки он – туризми экологӣ солҳои охир рў ба тараққӣ ниҳодааст.

Бо назардошти аҳамияти хоси ин соҳа солҳои охир дар ҷумҳурӣ марказҳои нави сайёҳӣ ташкил шуда, рушд ёфта истодаанд. Марказҳои кўҳна таҷдиду барқарор ва шумораи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи табиат, аз қабили мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии тамошобоб сол ба сол зиёд мешаванд. Шумораи сайёҳоне, ки ба тамошои чунин ҷойҳои шоёни таваҷҷўҳ ва аҷоиби табиат мароқ доранд, беш аз пеш меафзояд.

Минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон дорои нерўи бойи сайёҳӣ буда, қисми ҷудонашавандаи раванди ҷаҳонии сайёҳӣ ба шумор мераванд ва нисбат ба дигар минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ ин ҳудуд бо мақсади туризм камтар истифода шудааст.

Имрўз вобаста аз боигарӣ ва гуногунии захираҳои экотуристӣ, минтақаҳои гуногуни кўҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла дар болооби водии Зарафшон- кўҳистони Фон, кўлҳои Аловиддин, Пиёла, Хиратоб, Искандаркўл, Кўли калон, Чуқурак ва Бибиҷаннат, ҳафткўли дараи Шинг ва ағбаҳои Аловиддин, Лодан, Чуқурак, Зурмеч, мамнўъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Ромит» ва дараи Варзоб дар мавзеъҳои ҷануби ҷумҳурӣ, Боғи ботаникии «Бадахшон» ва кўлҳои Сарез, Қарокўл, Рангкўл, Зоркўл, Булункўл, Яшилкўл, Тузкўл дар Кўҳистони Бадахшон, минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷўҳ қарор гирифтани табиати минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки дар ин ҷо кўҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои бузург, кўлҳои баландкўҳ, биёбонҳои алпӣ, намудҳои сершумори набототу ҳайвоноти эндемӣ ва реликтӣ, обҳои минералию нарзании хунук ва гарм, ҳайкалҳои таърихӣ – маданӣ, ландшафтҳои кўҳӣ ва кўҳию ҷангалӣ, ҳудудҳои беҳамтои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ – кўҳӣ ва ғайра мавҷуданд.

Аз давраҳои қадим одамон саёҳат мекарданд. Лекин чунин саёҳат аз мақсад, ҳайати иштироккунандагон, вақт ва ҷойи он, мундариҷа, характер, давомияти саёҳат ва ғайра вобастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ фаҳмиши маънии туризми экологиро чунин номбар кардан мумкин аст: экотуризм – ин намуди махсуси фаъолияти сайёҳӣ мебошад, ки он ба қонеъ намудани талаботҳои соҳа оид ба азхудкунии табиат ва гузоштани саҳми худ дар ҳифзи системаи экологӣ бо эҳтироми ҳатмии мақсадҳо, риояи қоидаҳою урфу одатҳои халқҳои маҳаллӣ равона шудааст.

Дар айни ҳол мушаххасоти зиёди экотуризм мавҷуд аст, ки ҳар кадоме аз онҳо ин ва ё он тарафҳои муҳимро муайян мекунад.

Дар байни мушкилоте, ки назди экотуризм қарор доранд, хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба шумор меравад. Доираи касбу коре, ки барои соҳаи экотуризм хос аст, ниҳоят васеъ мебошад. Хусусиятҳои асосии барои шахсони дар соҳаи экотуризм шуғлдошта ин муносибати доимӣ бо одамон аст.

Аз ин лиҳоз, ҳар касе, ки дар соҳаи экотуризм фаъолият кардан мехоҳад, бояд дорои чунин сифатҳои нозук, ба монанди сабру таҳаммулпазирӣ, хушмуомилагӣ, хайрхоҳӣ ва боэътимодӣ бошад. Дар аксарияти касбу корҳое, ки бо экотуризм вобастагӣ доранд, донистани забонҳои хориҷӣ ниҳоят муҳим аст.

Дар экотуризми байналхалқӣ амалиёти сифатноки хизматрасонии сайёҳон – яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Дар бозори байналхалқии сайёҳӣ сифат ва маданияти хизматрасонӣ аз ҳама аслиҳаи пурқувват дар муборизаи рақобатнок ба шумор меравад. Мақсади асосии фирмаҳои сайёҳӣ ин қаноатманд намудани талаботҳои мизоҷон мебошад.

 Холиқ ШУКУРОВ,
мудири шўъбаи Осорхонаи
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ,
 шаҳри Панҷакент

Читать далее

Роҳи обро бояд кушод!

Дар нишасти матбуотии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сухан аз бобати болоравии нархи маҳсулоти полезӣ дар бозорҳо рафт. Омилҳои асосии болоравии нарх зикр шуданд. Раиси вилоят чунин ибрози назар намуд:


- Аз қадимулайём бозори маркази вилоятро бо маҳсулоти полезӣ деҳаҳои атрофи шаҳри Хуҷанд - Рўмону Кулангир ва Унҷиву Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмин мекарданд. Лекин таи чанд соли охир бинобар норасоии об аҳолии ин деҳот аз корҳои деҳқонӣ дур гаштаанд. Об, ки наомад, каналу ҷўйборҳои обрасони ин деҳот бинобар беназорат мондан аз партову алафу таҳшинҳо ва хоку лой пур шудаанд. Ман ҷамоатҳои деҳоти ин минтақа ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоятро супориш додам, то ки дар муддати кўтоҳтарин каналу ҷўйборҳоро тоза карда, ҷиҳати расонидани об ба деҳоти зикршуда чораҳои мушаххас андешанд. Бовар дорам, ки ин чораҷўии мо натиҷаи мусбат медиҳад».

Муаллифи мақола ин мавзўъро пайгирӣ намуда, рўзи шанбеи гузашта ба деҳаҳои Кулангир (мавзеи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов) ва Унҷӣ (Ҷамоати деҳоти Унҷӣ) омад. Гуфтаҳои Раиси вилоятро бо чашми худ дар ин ҷойҳо бори дигар дидам. Дар ҳақиқат каналу ҷўйборҳо ба андозае аз хоку лой ва партовҳо пур шуда буданд, ки дар баъзе аз қитъаҳо партову алафҳои бегона лаболаби канал расида буданд. Дурустии суханони маро Абдурозиқ Ғафуров - раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов низ тасдиқ карда гуфт:

- Тасаввур мекунед, ки аз 30 метр қадди канал 10 мошини «КамАз» партову хоку лой кашонидем. Аз 30 км канале, ки дар қаламрави ҷамоати мост, чӣ миқдор партову лой бароварданамон зарур аст…

Ҳамзамон, воқеан ҳам бинобар беназорат мондани канал аҳолӣ қоидаҳои амалкунандаро риоя накарда, иддае дар болои канал мошинсарову дар боми он ҳезумхона сохта буданд. Тибқи дастури Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зарур аст, ки ин бесомониҳо бояд бартараф карда шаванд.

Ногуфта намонад, ки иқдоми Раиси вилоятро аҳолии деҳаҳои зикршуда бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ карда, дастаҷамъона ба ҳашар омада буданд. Дар минтақаи Қишлоқиҷони деҳа дидам, ки мардум бо ҳашар ба тозакунии канал машғyл буданд.

- Аз иқдоми Раиси вилоят мо, аҳолии деҳаи Кулангир басо хурсандем, - гуфт фаъоли маҳалла Бобоҷон Исмоилов, ки ба ҳашари халқӣ роҳбарӣ мекард, - Раиси вилоят дуруст мегўянд, ки бозори «Панҷшанбе»-ро бо маҳсулоти полезиву мева асосан мардуми деҳаҳои атрофи Хуҷанд таъмин мекарданд. Лекин солҳои охир аз камобӣ деҳотиён зимнан аз корҳои деҳқонӣ дур шудаанд. Бовар дорам, ки аҳолии мо аз нав рў ба деҳқонӣ меоранд.

- Мардуми деҳаҳои қаламрави ҷамоат ба андозае аз иқдоми Раиси вилоят хурсанд буданд, ки ҳамарўза то 300 нафар ба ҳашар баромаданд, - изҳор дошт Абдурозиқ Ғафуров. - Аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят миннатдорем, ки ба мо тавассути техника ва сўзишворӣ кўмак кард. Айни ҳол дар мо чаҳор мошини боркашону 2 экскаватор ва як автогрейдер кор карда истодааст.

Дар деҳаи Унҷӣ низ кор ҷўш мезад. Аҳолӣ яксар ба тоза кардани канал баромада буданд. Раиси ҷамоати деҳа Баҳромҷон Ҳоҷибоев ва сармутахассиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Аҳрулло Қориҷумъаев ба тозакунии канали «Унҷӣ-1» ва «Унҷӣ-2» роҳбарӣ мекарданд. Бино ба гуфти А.Қориҷумъаев ин каналҳо охирон бор се ва баъзе қитъаҳо панҷ сол муқаддам бо қувваи худи аҳолӣ тоза карда шудаанд.

Риоя нашудани қоидаро мо дар ин ҷо низ мушоҳида кардем. Деворҳои ҳавлии мардум гоҳе болои каналро убур мекарданду баъзе ба лаби канал ҷафс бардошта шуда буданд. Ҳол он, ки тибқи қоидаи амалкунанда аз ду канори канал барои корҳои тозакунии канал масофаи муайян зарур аст.

- Дар деҳоти мо низ иқдоми Раиси вилоятро мардум хуш пазируфтанд, - гуфт Б.Ҳоҷибоев,- чанд рўзе, ки ҳашар давом кард, рўзе то 250-300 нафар одамон ба ҳашар баромада, дар тоза кардани канал саҳм гирифтанд. Дар ин кор мо 4 экскаватору 8 мошини боркашро истифода кардем.

Ногуфта намонад, ки иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ на танҳо ба мардуми деҳот, балки кормандони дигар соҳа, аз ҷумла ба табибону омўзгорон, соҳибкорон маҷрои кору ташаббус бахшид.

Аз рўи гуфти раисони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонову Унҷӣ таи чанд рўзе, ки ҳашари халқӣ идома ёфт, аз каналу ҷўйборҳои қаламрави ин ду ҷамоат 2,5 ҳазор мукаабметр хоку лой ва партов бароварда шуданд. Ҳашари халқии мардуми деҳаҳои Кулангиру Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотир кофтани Канали калони Фарғонаро меовард, ки солҳои 30-юми қарни гузашта чӣ тавр мардуми водии Фарғона дастаҷамъона ба ин ҳашари таърихӣ баромада буданд. ҳашарчиёнро аҳли зиё, шоирону адибон ва ҳунармандон он замон бо баромаду таронаҳояшон рўҳбаланд мекарданд. Ба васфи корнамоии халқ шеъру достонҳо эҷод шудаанд. Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода шеъре навиштаанд бо номи «Омад канал».

Мирзоаъзам Мақсудов,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон

Читать далее

Таҳлили равандҳои танзим

Чанд сол қабл дар саҳифаи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» маводе таҳти унвони «Гўед ба танзим, ки як бор биёяд» ба табъ расида, дар он дарди дили як нафар сокини ноҳияи Шаҳристон, ки аз вазнинии бори гузаронидани маъракаи тўйи хонадоркунӣ шиква дошт, интишор шуда буд. Дар он зикр мегардид, ки барои гузаронидани маъракаи тўйи арўсиву домодӣ чандин кило биринҷ, моли калон масраф мешавад. Ба ғайр аз ин зарур аст, ба ҳамаи меҳмонон, яъне чандсад нафар либосворӣ (се метрӣ матоъ), як ададӣ куртаи мардона дода шавад. Ҳамаи ин хароҷот бошад, пас аз тўй соҳиби маъракаро дар ҳолати душвори таъминоти рўзгор мемононад. Ин дар ҳоле буд, ки дар мамлакат қонуни танзим амал дошт…

Имрўз, ки аз амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ шуд, вазъи баргузории маъракаҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чигуна аст? Ба ин суол мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Хусрав Раҳимов посух гуфт:

- Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия то қабули қонун ва солҳои нахусти амали он дар бобати баргузории маъракаҳо дар ҳақиқат мураккабиҳо ҷой доштанд. Хароҷоту сарфи маъракаҳо зиёд буд. Барои гузаронидани як тўйи арўсиву домодӣ аз як-ду рўз то як ҳафта дар ҳавлии соҳиби тўй дастархон меоростанду чорабиниҳо буданд. Маъракаҳое, ки ҳеҷ зарурат ба гузарониданашон набуд, монанди маслиҳатошӣ, пас аз тўй доир кардани қудоталабон, даъвати хешутаборон аз соҳиби маърака сарфу хароҷоти чандкаратаро талаб мекард. Боз байни мардум чунин анъана расм шуд, ки пеш аз тўй тарафи арўс ва тарафи домод чандкаса шуда, ба бозорҳои маркази вилоят мерафтанд ва аз он ҷо 20-30 либосворӣ матои қиматбаҳо мехариданд. Худи ҳамин анъана барои соҳиби тўй миёншикан буд. Чунки худатон медонед, ҳоло нархи як либосворӣ чанд аст. Аз ин ҳисоб, ки мардум тамоми буду шудашро ба гузаронидани маъракаҳояшон масраф мекарданд, бовар кунед, ҳатто, ба харидани сарулибоси мактабӣ пасандоз боқӣ намемонд. Бисёр вақт медидед, ки хонандагони мактабҳо ба дарсҳо бо пойафзолу мўзачаҳои нимдошту резинӣ мерафтанд.

Ба қавле, давоми даҳ соли амали қонун мардум эҳсос карданд, ки доир кардани чандин маърака он қадар зарурат надорад. Бе онҳо низ тўйи хонадоркунии фарзандашон хуб, ҳатто, серупуртар мегузарад. Бинобар ин, вақте дар деҳаҳо бо мардум мулоқотҳо доир кардем, ҳама изҳор мекарданд, ки қонуни танзим дар ҳақиқат ба манфиати сокинони диёр аст. Мегуфтанд, ки чорабиниҳои тўю мотам ҳарчӣ камтар ва ихчамтар карда шавад. Имрўз анъана шудааст, ки ба арўс бо бисёриаш 8 либосворӣ матоъ медиҳанд ва онро ҳам худи тарафи домод бо салоҳдиди худ интихоб мекунад.

 Дар арафаи даҳсолагии қабули қонун низ, вақте дар маҳалҳо микрофони озод гузошта шуд, аксарияти мардум бо иқдоми худ иброз доштанд, ки дар маросимҳои чил ва сол дастархон кушодаву ба мардум таом дода нашавад, танҳо мардум дар рўи ҳавлӣ ё дарвозахона нишаста, фотиҳа хонанд. Албатта, имрўз мардум дарк кардаанд, ки ҳарчӣ ихчамтару камхарҷ гузаронидани маъракаҳо бар манфиати буҷети оилаашон аст. Ҳоло дар чандин деҳоти ноҳия сехҳои дўзандагии сарулибоси мактабӣ фаъолият мебаранд, ки баҳри фарзандони сокинон сарулибоси озодаву зебою шинам медўзанд. Мардум имрўз он маблағеро, ки аз маъракаҳои нолозим пасандоз кардаанд, баҳри хонондани фарзандонашон, хуб хўрондану пўшондани онҳо масраф менамоянд.

Баъди мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонун дар маҳалҳо бобати фаҳмонида додани нуктаҳои суханони Сарвари мамлакат бо мардум вохўриҳо доир намудем, - изҳор намуд Хусрав Раҳимов. Мардуми ноҳияи Шаҳристон Қонуни миллиро ҳамчун як рукни ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба низом даровардани суннатҳои диниву мардумӣ, омили барҳамзании хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ қабул карда, бо рўҳбаландии тоза ҷонибдори ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ мебошанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

27 July 2017

Эъмори сулҳу Ваҳдат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ором намудани вазъияти дохилии кишвар ба мавқеъ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамуданд. Аз лаҳзаҳои нахустини ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон ба масъалаи мазкур таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар ҷараёни барузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурезаҳо вохўрӣ намуда, онҳоро баҳри манзили хеш баргаштан даъват намуданд.

Дар солҳои вазнини ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳон борҳо ҷони хешро зери хатар гузошта, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон сафари корӣ анҷом доданд. Барои миллати меҳанпарасти тоҷик Ваҳдат ба осонӣ рўи даст наомадааст, ки ба ҳамин хотир Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои пурарзиш ва нотакрорро таълиф намудаанд, дар онҳо тамоми масъалаҳоро ҳаматарафа рўшан инъикос намудаанд то ки насли ҷавонон аз саҳифаи торик ва сарди гузаштаи таърих сабақ омўзанд. Пешвои миллат таҷрибае, ки дар натиҷаи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ истифода намуданд, барои тамоми ҷаҳон пешниҳод карданд то ки он давлатҳое, ки ҷангзада аст, аз усули сулҳи тоҷикон истифода баранд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳонӣ, ки ба ояндаи инсоният таъсири ҷиддӣ дорад, таваҷҷўҳ зоҳир намуда, диқати ҷомеаи ҷаҳониро ба он муаммоҳо равона намуданд. Маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардиданд. Боз як иқдоми башардўстонаи ҷадид, ки дар воқеъ хирадмандӣ, сатҳи волои инсондўстии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ин қабул шудани ташаббуси эшон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад. ҳарчанд, ки ватани маҳбуби мо Тоҷикистон кишвари чашмаҳои софу фоидабахш буда, мардуми меҳнатқарини он аз оби тозаи ошомиданӣ азият надошта бошад ҳам ин масъала ҷомеаи ҷаҳониро ба такон овардааст, ки Пешвои миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетарафӣ зоҳир накарда, боз як бори дигар хислати волои ҷавонмардӣ ва маданияти баланди тоҷикиро нишон доданд. Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ба инобат гирифта, барои амалҳои нек ва шоиста дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ бо мукофоти Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умуиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ қадрдонӣ намуданд .

Асарҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо ба забонҳои гуногуни олам чоп гардида, барои мутолиа ба ҷаҳониён дастрас гардидааст. Боиси қайд аст, ки моҳи майи соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии Кувайт рӯнамоии китоби тозанашри «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ сурат гирифт. Асари мазкур аз таърихи куҳан ва пурарзиши миллати тоҷик маълумот дод, бори дигар исбот месозад, ки тоҷикон халқи куҳанбунёд ва тамаддунофар буда, дар гузаштаи худ шахсиятҳои нотакрор, нобиғахои ҷаҳон, табибони ҳозиқ, мутафаккирони варзида дорад ва салоҳияти имрўзаи ҷавонон дар он аст, ки номбардори ниёгони эҷодкори худ бошанд. ҳамчунин асари мазкур барои ҷомеаи ҷаҳонӣ тоҷиконро муаррифӣ намуда, аз асолат ва мавқеи онҳо дар ҷаҳон маълумот медиҳад.

Дар симои Пешвои миллат мардум наҷотбахши хешро дид, ки бо тамоми ҳастӣ ва иродаи матини ҷавонмардӣ кишвари дар оташи ҷанг бударо ба соҳили муроди зиндагӣ расониданд, мардуми бесарпаноҳро хонаву ҷой ва осмони софу беғуборро бар сари кишвар таъмин намуданд, ки на танҳо аҳолии Тоҷикистон, балки мардуми тамоми дунё аз корнамоӣ ва шуҷоатмандии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос ҳастанд, соли 1998 китобе доир ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ба забони англисӣ зери унвони Thӯ PқӯsidӯntofTajikistanӯmomaliҚahmonovдар шаҳри Лондон нашр гардид.

Дар баробари асарҳои Пешвои миллат мақолаҳои эшон низ ҷойгоҳи махсус дорад, ки дар таъмини сулҳ ва ризоият дар кишвар нақши муассир гузошт. Бахусус аз мусоҳибаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори маркази иттилоотии Русия А.Правов, ки Ҷаноби Олӣ дар он вақт дар вазифаи Раиси Шўрои Олӣ буданд, моҳи майи соли 1994 зери номи «ҳамаи қувваҳои бунёдкори минтақа сулҳро мехоҳанд» ҷараён гирифт ва дар газетаи «Садои мардум» чоп шуд. Дар мусоҳиба Пешвои миллат аз кўшиши пурзўри хеш оиди таъмин намудани сулҳ дар кишвар сухан намудаанд.

Баъди гузашти даҳ сол аз соҳибистиқлолии кишвар соли 2001 мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори «Российская газета» зери номи «Мо нагузоштем, ки миллат пароканда шавад» ҷараён гирифт.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз лаҳзаҳои аввали давлатдорӣ вазъияти ҷангзадаи кишвари Афғонистон ба ташвиш меовард. Зеро хонаи ҳамсоя оташ гирад, барои ман бетаъсир нахоҳад монд, мегўянд дар урфият, вокеан вазъи муташанниҷи Афғонистон ҳамчун кишвари дўст ва ҳамсоя ба минтақа низ таъсири манфӣ мегузошт. Дар айни ҳол бояд гуфт, ки ҷанги тӯлонии Афғонистон ба сулҳу осоиш, амнияти миллӣ ва истиқлолияти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми мамлакатҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ хатари бештар пайдо мекунад.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон мақом ва обрўи хоссае доранд, ки соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» - и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сардорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошанд, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардиданд.

F.Бобоҷонов,
ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики  ДДҲБСТ 

Читать далее