February 2017

28 February 2017

Гул - рамзи зебоиву шукуфоӣ

Гул рамзи муҳаббат, дўстдорӣ, вафодориву садоқатмандист. Ҳастии он ба инсон нерў мебахшад, зебоиаш тавонбахши ҳолати афсурдаҳолии ўст. Гулро дуруст парвариш кардану тухмии онро манзури халқ гардонидан бошад, кори саҳлу осон нест. Дар маъракаи ярмарка-фурўши гулу гулбуттаҳо, ниҳолҳо гулпарварон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят садҳо намуди гулҳои хонагӣ, гулбуттаҳо, тухмии хелҳои гуногуни гулҳо ва ҳамчунин, тухмии зироатҳои полезиҳоро ба фурўш бароварданд.

Эҳсон Самадов - сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров солҳои зиёд бо гулпарварӣ машғул буда, намудҳои гуногуни гул парвариш менамояд. Ҳама15 намуди ниҳол, ки дар рўзи ярмарка ба фурўш бароварда шуда, аз 1 то 5 сола буда, аз 10 сомонӣ то 500 сомонӣ арзиш доштанд. Гулдарахтон бо номҳои «Юка», «Агава», «Азалия», «Магнолия», «Каштан», «Краснқй клеон», «Берёза» ва дарахтони ороишӣ бо номҳои «Голубой елҳ», «Тяншанский елҳ», «Зеленқй елҳ», «Американская туя», «Зарафшанская туя», «Сосна», «Моҷҷевелҳник», «Петуния» ва ғайра ба маърази тамошо ва фурўш гузошта шуданд.

Саодат Усмонова - истиқоматкунандаи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Fафуров мегўяд, ки 15 сол инҷониб бо парвариши гулҳои садбарг, довудӣ, бобуна, мехчагул, палма машғул буда, алҳол боз гулҳои сабр (алоэ), традискансия, колеус, аспирагиус, оптерия, каланхое, оленя рога, ҳасратгул (бегония), гули ханҷарӣ (кактус), тиллоришта (золотой ус), анҷирбаргули шамъдонӣ (геран)-ро мепарварад. - Имрўз ҳар намуди гулҳоямро ба фурўш баровардаам, минбаъд, дар мавзеи «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мавсими фурўши доимии гулҳо оғоз мегардад ва харидороне, ки имкон доранд, ба ин мавзеъ оянд. Аксари ин навъи гулҳо хонагиву ороишианд. Ҳамаи намудҳои чунин гулҳо ҳавои хонаро тоза нигоҳ медоранд ва аз оксиген бой ҳастанд.

Назар ба гуфти сокини шаҳри Бўстон Файрушин Алберт Абдуллович гулпарварӣ шуғли дўстдоштааш буда, ризқу рўзӣ ва зиндагиаш аз паси ҳамин аст. Гирду атрофи ҳуҷраи истиқоматиашро бо гулҳои парваридааш лабрез гардонидааст. Зиёда аз 150 намуд гули хонагиву тубакиро ба ярмарка баровардааст. Ў нигарон аз он буд, ки имсол харидорон нисбат ба солҳои пешин камҳавасанд.

Ҳусния Турсунова – сарвари бригадаи гулпарварони Муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки дар ярмарка якчанд намуди гулро пешкаши сокинони вилоят гардонидаанд. Гулҳое, ки парвариш намудаанд, барои сарсабз гардонидани шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мегарданд. - Ба гулҳои ороишии питуния, тагетс, вербена, салвия, гвоздика, селлозия ва ғайраҳо мардум таваҷҷўҳи бештар доранд. Аз ин рў, харидорони ин намуди гулҳо дар ярмарка зиёданд, - мегўяд ў.

Абдулҳай Аҳматов аз шаҳри Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ярмарка даъват шудааст. Ҳашт сол ин ҷониб дар ярмаркаи ниҳолҳои вилояти Суғд ширкат варзида, имсол зиёда аз 100 бех гулу ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла «Голубой елҳ», «Тяншанский елҳ», «Зеленқй елҳ», «Моҷҷевелқник»-ро ба фурўш овардааст. Гулҳо 1-сола-15 сола буда, аз 20 то 800 сомонӣ арзиш доранд. Умед дорад, ки ҳамаи дарахтонаш ба фурўш мераванду соли оянда низ боз дар ярмарка ширкат меварзад.

Дар растаи гулҳо анвои зиёди онҳо касро мафтун кардаву ба ҳайрат мегузошт. Ин растаи гулпарварони оилаи Сангиновҳо аз шаҳри Исфара буд. Бо вуҷуди харидорони зиёд доштан, тавонистем, бо писари хурдии оила Сомон Сангинов ҳамсўҳбат гардем. Дар маркази шаҳри Исфара мағозаи гулу гулбутта фаъолият дошта, аҳли оила зиндагии хешро бо ин касб пеш мебаранд. Зиёда аз 100 намуди гулҳо ва тухмии гулҳоро ба фурўш оварда буданд. Ба гуфти ў 5 сол инҷониб дар ярмарка иштирок доранд ва харидоронашон ҳар сол интизори навъи гулҳои рангоранги онҳоянд.

Мўҳсин Толибов - раиси ҶДММ «Агрохолдинг», агромағозаи «Ардвисур»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ярмарка навъҳои тухмии полезиҳо, ҷуворимакка, маҳсулоти муҳофизати растанӣ, таҷҳизоти коркарди боғ ва заҳрхимикатҳои коркарду ҳосилхезгардонии замин ва безараркунии хонаю майдонҳо аз ҳашаротҳоро пешкаш кард. Деҳқонон ва гулпарварон аз намудҳои гуногуни заҳрхимикатҳо барои безараркунии ҳосилҳояшон харидорӣ намуда, аз тарафи мутахассисон ба ҳар муроҷиаткунанда ва харидорон машварати ройгони агрономӣ дода шуд.

Мардуми сарзамини саодатманди кишвар дар арафаи пешвозгирии арўси сол-баҳори нозанин ҳастанд ва бо шукргузорӣ аз даврони осоишта аз зебоиҳои ин айём бархурдор мегарданд. Зиёда аз ин, бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда ва дарахтони ороишӣ маҳалли зист, деҳа ва шаҳраки худро обод гардонида, саъю кўшиш доранд, ки кишвари офтобии хешро боз ҳам зебову ободтар намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонид

Дирӯз, 27 феврал дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.

Тавре АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад Президенти Россия Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар самти рушди бемайлон ва тавсеаи равобити гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии миёни халқҳои Тоҷикистону Россия бо ордени олии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский сарфароз гардонид.

Нишони орден салиби рости чоргӯшаи зарандудест,ки бо минои ёқутии гӯшаҳояш паҳн пӯшида шудааст. Кунҷҳои гӯшаҳои салиб мағзии барҷастаи борик доранд. Миёни кунҷҳои салиб расми уқоби дусара – шакли асосии Нишони давлатии Россия ҷойгир карда шудааст. Дар маркази салиб медалёни дорои мағзии барҷастаи борик тасвир шудааст. Дар майдони медалён симои княз Александр Невскийи аспсавор бо миноҳои ранга тасвир ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки бо Ордени Александр Невский ходимони барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ, намояндагони илм, тиб, маориф ва фарҳанг сарфароз гардонида мешаванд. Солҳои гуногун бо Ордени Александр Невский Евгений Примаков, Валентина Терешкова, Сергей Шойгу, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев ва дигарон сарфароз гардонида шуда буданд.

Читать далее

Аз таассурот - ба кори амалӣ!

Чун қаблан маълумот дода будем, рўзҳои 24-25-уми феврали соли равон дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон «Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ-2017» бо истеҳсолкунандагон ва харидорони маҳсулоти меваҷоту сабзавот баргузор гардид. Инак, таассуроти чанде аз иштирокдорону меҳмонон:

Михаил Кораблин-намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия: - Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чунин Анҷуман доир мегардад. Соли гузашта низ аз ҷониби харидорони ширкату коргоҳҳои Федератсияи Россия бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд созишномаву шартномаҳои тарафайн барои ҳамкориҳои судманд баста шуда буд. Ҷоизи қайд аст, ки дар ин раванд ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия беҳтар мегардад. Дар самти боз ҳам бештар намудани содироти маҳсулоти меваю сабзавот аз ҳар ду ҷониб мо бояд нақшаи дурнамо тартиб дода, пеш аз ҳама, сифату арзиши онро нишон диҳем. Чун ин таҷриба соли дуюм ба фаъолият оғоз кардааст, боварӣ дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои тарафайн рушд меёбанд.

Хайрулло Бобозода - сардори Раёсати кишоварзии вилоят: - Кишоварзону хоҷагидорони вилояти Суғд дорои имконияти фарохи истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот буда, барпо гаштани «Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ-2017» аз ҳар ҷиҳат судманд мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2016 дар маҷмўъ беш 12 фоизи маҳсулоти кишоварзии вилоят аз ҷумла, себу зардолу, картошка, сабзӣ, помидор, пиёз, шалғам, тарбузу харбуза ва ғайраҳо асосан ба давлатҳои Русия ва Қазоқистон содирот гаштааст.

Бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ин Анҷуман бори дуюм аст, ки баргузор гардида, ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароиту имконият бобати тақвият бахшидани муносибатҳои корӣ ва тиҷоратӣ, самтҳои дурнамои коркарди маҳсулот ва маблағгузорӣ, муҳокимаи имконоту шароитҳо, бастани шартномаҳо оид ба фаъолияти содироту воридоти маҳсулот мебошад. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки хоҷагидорон, намояндагони коргоҳҳову ширкатҳо ба намояндагону харидорони давлатҳои дигар молу маҳсулоти хешро пешниҳод намуда, дар бозори иқтисодӣ ҳамкориҳои ҳамаҷониба мусоидро пайдо намоянд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷдиди сохтори кишоварзӣ гузаронида шуда, то ба санаи 1 –уми январи соли 2017 дар вилоят 65 ҳазор хоҷагии фермерӣ, 20 хоҷагии тухмипарварӣ ва 13 хоҷагии зироатпарварӣ мавҷуд мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Имзои ҳафтдаҳ созишномаи ҳамкорӣ

Дар доираи баргузории Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ ҳайати соҳибкорони мамлакатҳои Федератсияи Русия, Белорус Қазоқистон ва Қирғизистон аз ярмарка - фурўши ниҳолу гулҳои ороишӣ боздид ба амал оварданд. Тавре ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, дар ярмарка зиёда аз 900 ҳазор бех ниҳоли ороишиву мевадиҳанда ва гулҳои зебо ба намоиш - фурўш гузошта шуданд.

Зимни боздид ҳайати соҳибкорон таъкид карданд, ки воқеан Тоҷикистон дорои ҳавои соф ва замини ҳосилхез мебошад. Онҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки боздид аз ярмарка - фурўш ба онҳо рўҳу ҳаловати тоза бахшид ва имкон пайдо карданд, ки аз навъи гулу дарахтони Тоҷикистон ба хубӣ бохабар гарданд. Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин чорабинӣ имкон фароҳам овард, садҳо нафар боғпарварону гулпарварон маҳсулоти худро пешкаш намоянд ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол сафи ниҳолпарварон рў ба афзоиш ниҳодааст.

Дар ин рўз боздиди ҳайати соҳибкорони хориҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд низ идома ёфт. Нахуст ба меҳмонон аз фаъолияти корхонаи коркарди чўбу тахта “Арча” маълумот дода шуд. Тавре зикр гардид, ин корхона бо истифода аз технологияи ҷадид ба коркарди чўб машғул мебошад. Ҳайати соҳибкорон низ бо таваҷҷўҳи хос аз ҷараёни истеҳсолот огаҳӣ пайдо карда, ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин коргоҳ баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, дар ин рўз доираи васеи соҳибкорон аз шаҳраки Сайҳун боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди ин шаҳрак соли 2014 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шудааст. Имрўз ин шаҳрак бо иқдому дастгириҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ рўз аз рўз ободу зебо мегардад. Таъкид гардид, феълан дар ин мавзеъ дар масоҳати зиёда аз 1000 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки аксари онҳоро ниҳолони меваашон содиротӣ ташкил медиҳанд. Ба таъкиди меҳмонони хориҷӣ, воқеан, бунёди чунин боғҳои замонавӣ метавонад дар ояндаи наздик ҳосили дилхоҳро ба бор оварад. - Чунин имконият моро водор менамояд, ки бо соҳибкорону истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ҳамкориҳоро боз ҳам қавитар гардонем, изҳор доштанд меҳмонон.

Бегоҳии рўзи 25-уми феврал дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ бо доираи васеи соҳибкорони хориҷӣ ва соҳибкорони вилоятҳои Хатлону Суғд баргузор гардид. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ таъкид кард, ки воқеан баргузории чунин анҷуману форумҳои соҳибкорӣ метавонад, дар рушди истеҳсолот ва содироту воридоти молу маҳсулоти гуногун заминаи воқеӣ гузорад.

Бояд гуфт, ки чунин анҷуман соли гузашта низ баргузор гардида, пас аз он чанде аз соҳибкорони ватанӣ имкон пайдо карданд, ки бо соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ дар самтҳои коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд. Воқеан, ба таъкиди чанде аз соҳибкорон баргузории чунин мулоқоту вохўриҳо аллакай самараи дилхоҳро ба бор овардааст. Зимни суханронии худ чанд нафар аз намояндагони шарикони рушд барои дар сатҳи баланд ташкил намудани Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ миннатдории худро ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баён доштанд ва таъкид карданд, ки чунин ҳамкориҳои самарабахшро минбаъд низ идома хоҳанд дод. Ҳайати соҳибкорон бештар ҳавасмандии худро барои коркарду содироти мевагиҳо ва маҳсулоти полезӣ зоҳир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар интиҳо 17-созишномаи ҳамкориро соҳибкорони вилояти Суғд бо соҳибкорони вилояти Хатлон ва Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расониданд.

Маҳмадсаид Зуҳуров – мудири шўъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии вилояти Хатлон:

- Пеш аз ҳама, ман барои ташкили чунин чорабинӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, махсусан ба Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳори миннатдории намояндагони вилояти Хатлонро мерасонам.

Тайи ду рўз дар шаҳри Гулистон Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ соли дуюм аст, ки дар вилояти Суғд гузаронида мешавад. Барои рушду нумўи соҳаи кишоварзӣ, махсусан барои содироти маҳсулоти кишоварзии натанҳо вилояти Хатлон, балки ҷумҳурӣ аҳамияти хеле калон дорад. Ҷамъбасти Анҷумани шартномабандӣ нишон дод, ки вилояти Хатлон, ки яке аз вилояти калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад, 70 фоизи маҳсулоти растанипарварӣ, зиёда аз 50 фоизи маҳсулоти соҳаи чорводории ҷумҳуриро истеҳсол мекунад. Имрўз дар анҷуман 6 шартномаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои Федератсияи Россия, шартномаҳо доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва як шартнома дар бораи ворид намудани тухмии картошка ба миқдори 500 тонна бо Маркази дастгирии кишоварзии вилояти Хатлон ба имзо расиданд. 4 ёддошти тафоҳум байни ширкатҳои Федератсияи Россия оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ, пиёз, лимў, сабзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 43 ҳазор тонна ба имзо расонида шуд.

Мо аз намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон хоҳиш намудем, ки чунин анҷуманҳо дар манотиқи Федератсияи Россия низ гузаронида шавад, то ки соҳибкорони кишвари мо низ дар он иштирок карда, бо таҷрибаву талаботҳои ҷавобгўи бозори Русия шинос шаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

27 February 2017

ДИЁРАМОН БОFУ БЎСТОН МЕШАВАД...

Субҳи 25-уми феврали соли 2017 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ярмарка-фурўши ниҳолҳо, ки дар маркази вилоят-майдони назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Раиси вилоят нахуст кишоварзон ва сокинони вилоятро, ки ба ярмаркаи ниҳол омада буданд, ба муносибати фарорасии баҳори фархундапай шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рўзгори шод таманно намуд. Қайд карда шуд, ки баргузории ярмаркаи ниҳол ва гулҳо дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат баҳри ободии кишвар ва маҳалли зисти худ гузаронида шуда, ҳамагонро зарур аст, ки дар ин иқдоми нек ҳиссагузор бошанд.

Читать далее

ТАКЛИФ БА ТЕНДЕР

                                                                                      

ИСТИНОДИ ТЕНДЕРT/KHJ/03СNK/X66T57/SSMW/22-02-2017/004

ACTED,  ки лоиҳаҳоро дар доираи маблағгузории ташкилотҳои донорӣ амалӣ намуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои пешкаш намудани пешниҳод вобаста ба ҳар як гурўҳ  ба таври  зерин таклиф менамояд:

Гурўҳи  №

Номгўй

Воҳид

Миқдор

INCOTERMS/

Нуқтаи таҳвилӣ

Мӯҳлати хизматрасонӣ

1

Сохтмон ва азнавбарқарорсозии коллектори равонакунандаи сел

 

 

ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати деҳоти Селкан

то 20 марти соли 2017

2

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров

 

 

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Қалъача

то 20 марти соли  2017

Тендер бо истифодаи ҳуҷҷатҳои тендерии стандартии ACTED, дастрас ба ҳамаи таҳвилгарони баландихтисос гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатҳои тендериро  бо  забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ метавонед  ройгон аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни манфиатдор дар нишонии зерин ба даст оред:

Шўъбаи ACTED дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кўчаи Ҳаким Карим 27, ё  метавонед, бо воситаи почтаи электронии зерин дастрас намоед: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҳамаи дархостҳои тендерӣ ва ҳуҷҷатҳои муассисӣ, иҷозатномаҳо, инчунин маълумотнома оид ба надоштани қарз дар назди Кумитаи андоз ва реквизитҳои бонкӣ бояд то 3 марти соли 2017, соати 17:00, дар лифофаи мўҳрзада ба суроғаи дар боло зикршуда пешниҳод карда шаванд.

ACTED барои ягон хароҷоти иштирокчӣ дар робита бо таҳия ва супоридани дархости тендерӣ ҷавобгар нест.

Маросими ифтитоҳу муаррифии тендер 6 марти соли 2017, соати 10:00 дар идораи ACTED дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 27 баргузор мегардад.

Ҳузури намояндагони иштирокчиён иҷозат дода шудааст.

Ба ҳамаи саволҳо доир ба  тендер лутфан ба идораи ACTED дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 27 то 3 марти соли 2017, то соати 17:00 ва ё бо почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. муроҷиат намоед.

 


                                                                   

 ИСТИНОДИ ТЕНДЕРT/KHJ/03BWX/U22DRR/RW/24-02-2017/005

ACTED, ки лоиҳаҳоро дар доираи маблағгузории ташкилотҳои донорӣ амалӣ мегардонад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои пешкаш намудани пешниҳод вобаста ба ҳар як гурўҳ таклиф менамояд:

Гурўҳи  №

Номгўй

Воҳид

Миқдор

INCOTERMS/

Нуқтаи таҳвилӣ

Мӯҳлати таҳвил

1

Ниҳолҳои чормағзи маҳаллии баландиаш на камтар аз 30 см, 1(як) ё 2(ду) сола, дарозии реша на камтар аз 50 см

адад

2500

Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен

то 7 марти соли 2017

Тендер бо истифодаи ҳуҷҷатҳои тендерии стандартии ACTED ба ҳамаи таҳвилгарони баландихтисос гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатҳои тендериро бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ройгон аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни манфиатдор дар нишонии зерин дастрас карда метавонанд:

Шўъбаи ACTED дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кўчаи Ҳаким Карим 27 ё метавонед, бо воситаи почтаи электронии зерин дастрас кунед: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҳамаи дархостҳои тендерӣ ва ҳуҷҷатҳои муассисӣ, бояд то 3 марти соли 2017, соати 17:00 дар лифофаи мўҳрзада ба суроғаи дар боло зикршуда пешниҳод карда шаванд.

ACTED барои ягон хароҷоти иштирокчӣ дар робита бо таҳия ва супоридани дархостҳои тендерӣ ҷавобгар нест.

Маросими ифтитоҳу муаррифии тендер 6 марти соли 2017, соати 13:00 дар идораи ACTED дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 27  баргузор мегардад.

Ҳузури намояндагони иштирокчиён иҷозат дода шудааст.

Ба ҳамаи саволҳо доир ба тендер лутфан ба идораи ACTED дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 27 на дертар аз 3 марти соли 2017, то соати 17:00 ва ё бо почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. муроҷиат намоед.

Читать далее

Иқдоми неки бахши вилоятии «Ҳилоли Аҳмар»

Бахши вилоятии «Ҳилоли Аҳмар» якҷоя бо намояндагони дигари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, дар ярмарка – фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо бо ихтиёрони худ фаъолона иштирок намуданд.

Ба иштирокдорони ярмарка ихтиёрони ҷамъият ройгон  ҷойи гарм,  қаҳва, шириниҳо ва варақаҳои иттилоотӣ оиди тарзи ҳаёти солим  тақдим намуданд. 
Ҳамзамон, аз тарафи бахши вилоятии ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон зиёда аз 380 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 1320 адад гулҳои ҳархела харидорӣ карда шуд, ки онҳо ба муассисаҳои иҷтимоӣ ройгон тақсим карда мешавад.  

Читать далее

Маҳфили «Кадбону»

Ба истиқболи Соли ҷавонон, Рӯзи Модар ва Иди Наврӯз маҳфили «Кадбону» дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид. ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавондухтарон, эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, бедор кардани завқи пухтапази таомҳои миллӣ, омодагии духтарон ба зиндагии мустақилона, ҳунармандӣ, зебоипарастиро дарбар мегирад.

Гулдухтарону бонувон дар чорабинӣ бо дастранҷи худ аз ҷумла, таомҳои миллӣ, хуришҳо ва либоси миллии омодакарда иштирокдоронро ба ҳайрат гузоштанд. Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова ба иштирокчиёни фаъол Сипосномаи раиси ноҳияро супорид.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Мавсими обёрӣ: Омодагӣ дар кадом сатҳ?

Соли равон бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз буҷет барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ ба мавсими соли 2017 ба ноҳияи Зафаробод 430 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Ашт 200 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ ба мавсими нав аз 1-уми октябри соли 2016 оғоз гардида, то ҳол идома дорад.

Мутобиқи маълумоти Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо то ба имрўз аз 411 дастгоҳи обкашӣ 297 ададаш пурра омода шудааст, ки ин 72,3 фоизи нақша мебошад. Аз 251 иншооти гидротехникӣ то ба имрўз 189-тои он аз таъмир бароварда шудааст, ки 75 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз 520,9 ҳазор м3 хатти шабакаи обёрӣ, каналҳо 418,2 ҳазор м3 тоза карда шудааст.

Муовини аввали Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалим Ҳоҷиев дар сўҳбат қайд намуд, ки ҳоло ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мутахассисони раёсат вобаста шуда, ҷиҳати саривақт таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ чораҳо меандешанд. Дастгоҳҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ, хатти шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба мавсими обёрӣ омода мешаванд.

- Соли 2016 ба истифодабарандагони об дар вилоят ба маблағи 29,4 миллион сомонӣ об расонида, аз ин маблағ 21,6 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуд. Қарзи истифодабарандагони об дар назди Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят дар соли 2016-ум 7,8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аммо ҳаҷми умумии қарзи истифодабарандагони об дар назди ин коргоҳ бо назардошти солҳои пешина 28,5 млн. сомонӣ аст.

-Мо аз истифодабарандагони об ва кишоварзон хоҳиш мекунем, ки маблағҳои истифодаи обро тезтар пардохт намоянд, ки ин ба беҳтар шудани корҳои таъмирӣ ва таъмини саривақтии об дар мавсими нав мусоидат менамояд - илова намуд Ҳ.Ҳоҷиев.

Зикр бояд дошт, ки алҳол тибқи маълумоти расмӣ дар вилоят 239 адад Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият доранд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шӯрои духтарон: Рисолат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои духтарони вилоят аз ҳисоби ҷавондухтарони фаъол, лаёқатманд, олимаҳои ҷавон, гирандагони Стипендияи Президентӣ моҳи феврали соли равон омӯзгори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳикоят Абдуҷалилова раиси Шӯрои духтарони вилоят интихоб гардид. Шӯрои мазкур дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият намуда, аз муовинон, котиб ва 35 аъзо аз ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят иборат аст. Бо раиси Шӯрои духтарони вилоят Ҳикоят Абдуҷалилова дар хусуси фаъолият ва ҳадафҳои минбаъдаи созандаи Шӯро ҳамсӯҳбат гардидем.

- Муллимаи мӯҳтарам, нигоҳи Шумо нисбати кору пайкори имрӯзаи ҷавонон чӣ гуна аст?

- Ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат ҷавонон, аз ҷумла духтаронро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника, бунёдкорӣ ва созандагӣ равона созанд. Дар вилоят шумораи умумии духтарон 437 ҳазору 10 нафарро ташкил медиҳад ва теъдоди донишҷӯдухтарон 24 ҳазору 85 нафар мебошад. Тибқи Квотаи Президентӣ дар донишгоҳҳои олии вилоят 561 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Яке аз мушкилоти ҷомеаи имрӯзаи мо ин шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ мебошад, ки мутаассифона, ин падидаҳои номатлуб байни ҷавондухтарон низ мушоҳида мешавад.

Аз ин лиҳоз, Шӯрои духтарони вилоятро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оила дар ин самт семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои телевизионӣ, ток-шоу, вохӯриву мулоқотҳои судманд бо ҷавондухтарон, донишҷӯён, хонандагон, бахусус бо духтарони деҳаҳои дурдаст баргузор намоянд. Дар ин самт ба раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони сарпараст зарур аст, ки фаъолияти Шӯрои духтаронро дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ аз ҳар ҷиҳат ҷоннок намоянд.

- Фаъолияти кории Шӯрои духтарон дар чист?

- Фаъолияти Шӯро аз рӯи Низомнома ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст. Шӯрои духтарони вилоят барои ҷоннок намудани фаъолияти ҷавондухтарони вилоят, пешрафту инкишофи ақлӣ ва ҷисмонӣ, ташаккул додани мавқеи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намудан дар ҳалли муаммоҳо ва масаъалаҳои марбут ба ҷавонон, бо кор таъмин намудан, ҳарчӣ бештар ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст.

- Маҳаки фаъолияти Шӯро дар чист?

- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқию маърифатии духтарон, омода намудани онҳо ба ҳаёти оиладорӣ, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб тибқи нақшаи Шӯрои духтарон дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят вохӯриҳо гузаронида мешавад. Бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои 250 нафар ҷавонони фаъоли вилоят, аз ҷумла 75 нафар ҷавондухтарон, ки дар байни онҳо раисони Шӯрои духтарони шаҳру ноҳияҳо, аъзои Шӯрои духтарони вилоят ҳам буданд, аз 4 то 9-уми феврали соли 2017 дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Пайғоми Суғд» чорабинии маърифативу фарҳангӣ ташкил карда шуд. Бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ бо ҷавонони фаъол вобаста ба эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон, мавқеи онҳо дар ҷомеаи имрӯза мулоқоти судманд доир гардид.

- Нақшаи ояндаи Шӯрои духтаронро чӣ тавр маънидод мекунед?

- Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои духтарони вилоят дар чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар, Иди Наврӯз, «Кадбонуи беҳтарин», «Гулдухтарони суғдӣ», «Атласу адраси Суғд- 2017», «Фестивали ҷавонон» иштироки фаъолонаи духтаронро таъмин менамояд. Дар ҳар як тадбирҳои ҳадафмандона духтарон бо масъулиятшиносии том ва ҳисси баланди ифтихор иштирок менамоянд. Шӯрои духтарони вилоят баҳри баланд бардоштани фаъолнокии духтарон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.

Сӯҳбатнигор
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее