January 2017

24 January 2017

Талош баҳри беҳбудиҳо

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Раёсати фарҳанг, мудирони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, директорони китобхонаҳо, театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳанг баргузор гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2016 маърӯза кард ва аз бурду бохти соҳа сухан гуфт.

3 нафар фаъоли соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушду нумӯи фарҳанги вилоят бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадр гардиданд.

Директори Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанг О.ЮсуФов дар бораи баргузории Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сухан намуда, қайд кард, ки бахшида ба Соли ҷавонон як зумра озмунҳои вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бо мақсади рушду инкишофи санъат ва дарёфти истеъдодҳои нав дар байни ҷавонону наврасон, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ, рушду инкишофи санъати рақси миллӣ,  озмунҳои вилоятии «Ансамблҳои рақсии кӯдакона» ва «Шашмақомхонони наврасу ҷавон» дар ду давр баргузор мегардад. Озмунҳо дар арафаи иди Наврӯзи байналмилал ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мешаванд.

Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ Баҳром Мирсаидов оид ба Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва сиёсати дурбинонаи дохиливу хориҷӣ сухан гуфт.

Доир ба нишондиҳандаҳои асосии муассисаҳои фарҳангӣ мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанг М.Қурбонова мушаххас баромад кард.

Мудири бахши фарҳанги шаҳри Гулистон Фатҳулло Абдуллоев оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳри Гулистон, аз ҷумла, сохтмони мактаби санъат дар шаҳр маълумот дод.

 Сипас, якчанд нафар ба музокира баромада, фикру андеша баён намуданд.

Гулбаҳор Зокирова, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба сухан баромада, аз ҷумла, кайд кард, ки дар ноҳия бинои 3 масҷиде, ки аз фаъолият бозмонда буданд, ба китобхона табдил дода шуданд, ки ин ташаббус аҳли фарҳанги ноҳияро руҳбаланд намуд. Зеро зиёдшавии миқдори китобхонаҳо ба муҳити фарҳангии ноҳия таъсири мусбат мерасонад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанг бо масъалагузориҳо оид ба баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои навбунёди шаҳру ноҳияҳо, манъ намудани истифодаи фонограмма, омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯз-2017, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва корбарӣ оид ба сохтмон ва ифтитоҳи бинои мактаби санъати шаҳри Гулистон, корбарӣ оид ба ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳристон анҷом пазируфт.   

Читать далее

БА ТАВАҶҶӮҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН!

Даъватномаи иштирок дар озмуни харид

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо-55, тел: 6-35-79 ва ташкилоти Харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

т/р

(ДИО)

Ташкилоти харидор

Телефон

Усули харид

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

42S/5-31

Муассисаи таҳсилоти томактабии кӯдакистони №8-и Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

30

7.02.2017

соати 10-00

43S/5-32

Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Қубури полиэтилении Ф-90

метр

14000

6.02.2017

соати 10-30

44S/5-33

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

5

7.02.2017

соати 10-30

45S/5-34

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

18

7.02.2017

соати 11-00

46S/5-35

Идораи сохтмони асосии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Сохтмони хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ

Тибқи санади нуқсонӣ

6.02.2017

соати 11-00

  1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақоми Ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда мурочиат намоянд.
  2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мўҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
  3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.
Читать далее

Дурнамои пешрафти мамлакат

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар Паём омадааст, ки танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015-ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Бо назардошти он ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016- ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуд. Буҷети давлатӣ дар соли 2017-ум дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Маблағҷудокунӣ ба соҳаи иҷтимоӣ пайваста меафзояд, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки боиси хурсандию болидахотирии собиқадорони ҷангу меҳнат ва нафақахўрон аст.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, ташкилотҳои собиқадорони вилояти Суғд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо рўҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд.

Паём роҳи тайнамудаи мардуми шарафманди моро дар тўли як сол мавриди таҳлилу муқоиса қарор дода, ҳамчун дурнамои пешрафти мамлакат дастури муҳим аст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд гардонидани сатҳи зиндагии халқамон, бахусус, нафақахўрон доимо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сол аз сол андозаи нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақахўрон меафзояд. Дар панҷ соли охир нафақаи шаҳрвандон ба 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо назардошти ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу ақибгоҳи солҳои ҷанг дар вилояти Суғд 15 сол мешавад, ки кўмакпулии ҳармоҳа дода мешавад.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи январи соли 2017 кўмакпулии ҳармоҳа ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ, инчунин оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида - 100 сомонӣ, ҳамагӣ 746 нафар, ба заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд ва дар солҳои ҷанг на кам аз 6 моҳ кор карданд ё дар хизмати ҳарбӣ буданд - 80 сомонӣ, ҳамагӣ 641 нафар, ба маъюбони бартарафкунии офатҳои садамаи Нерўгоҳи барқии атомии Чернобил - 80 сомонӣ, ҳамагӣ 320 нафар муайян карда шуд.

Дар соли 2017 ба 1707 нафар ба маблағи 1.817.760 сомонӣ кўмакпулии ҳармоҳа пешбинӣ шудааст.

Дар арафаи 71-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида 1000 сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ки бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд ва ба онҳое, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 на кам аз 6 моҳ кор ё хизмат карданд 800 сомонӣ, ҳамагӣ ба 903 нафар, 758800 сомонӣ кўмакпулии яквақта пардохта шуд.

Дар арафаи Иди Ғалаба баҳри ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида кўмакпулии яквақтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 сомонӣ, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 100 то 500 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат чораҳои амалӣ меандешад. Соли 2016 дар вилоят барои хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат 174700 сомонӣ маблағгузорӣ карда, эҳтиёҷи собиқадорон ба аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти шунавоӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонида шуд.

Солҳои охир дар вилоят то қадри имкон таъминоти собиқадорони ҷангу меҳнат ва ақибгоҳи солҳои ҷанг бо роҳхатҳои имтиёзнок ба осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбад.

Бо дастгирии Раиси вилоят соли 2016-ум 33 роҳхат ба осоишгоҳи «Шифо» ба маблағи 39600 сомонӣ пешбинӣ шуда, ба эҳтиёҷмандон ҷудо карда шуданд. Соли сипаригашта 150 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат дар осоишгоҳҳо табобат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Ташкилотҳои собиқадорони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои фаҳмондадиҳии мазмуну мўҳтавои Паёми Сарвари давлат корҳои ташкилӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни собиқадорон, нафақахўрон ва аҳолӣ ба роҳ мондаанд.

Соли ҷавонон эълон шудани Соли 2017 ташкилотҳои собиқадоронро водор менамояд, ки корҳои тарбиявӣ, ватанпарастӣ, ахлоқию маънавӣ дар байни ҷавононро бо ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии марбута вусъат диҳанд.

Шавкат АЛИЕВ,
муовини раиси Шўрои
собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Читать далее

Сурур дар чеҳраҳои мардум

ё иқдоме, ки ифодагари беҳбудӣ дар ҷомеа гардид

Бо амри Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳам хўрдани маҳдудияти қувваи барқро сокинони рустои хурду бузурги кўҳистони дурдаст бо хушнудии беҳад истиқбол намуданд. Ин иқдоми ғайричашмдошт мардуми дар ин рўзу моҳҳои солҳои пешин аз маҳдудияти барқ азияткашидаро мутаассир кард.

- Рости гап, касе пешбинӣ намекард, интизор ҳам набудем, ки дар даҳаи сеюми чиллаи зимистон маҳдудият бардошта мешавад, - изҳори хушнудӣ мекунад Назар Одинаев, сокини деҳаи Худгифи Сояи Кўҳистони Мастчоҳ. - Ин боз як ифодаи равшанест, аз он ки Пешвои миллат аз ғами беҳдошти рўзгори мардум, хусусан мо, мардуми деҳнишини кўҳистон лаҳзае фориғ нестанд. Ин шабу рўз дар диёри мо касеро чун солҳои пешин бо чеҳраи гирифта, асабию хотирпарешон намебинед.

Сурур дар чеҳраҳои хурду бузург, пиру барно «гул» мекунад. Шабонарўзӣ, 24 соат барқ дорем.

Мардуми маъвои мо шабу рўз дуои давлати Пешвои миллатро мекунанд ва аз иқдомҳои ғамхоронаашон сипосгузоранд.

- Чӣ хуш, ки ба ҳамин рўз ҳам расидем, - шукргузор аст омўзгори собиқадори деҳаи Валиғунд Муҳаммадназар Идиев, - солҳои пеш зимистони дарози кўҳистон аз азобу алами «маҳдудият» пушти даст газида, интизор будем, ки кай мўҳлаташ (моҳҳои апрел –май) мерасаду онро мебардоранд… Ҳа, ана имсол Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он аҷаб раҳониданд. Шукри чунин Сарвари ғамхору дурандеш… Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунбасти энергетикӣ ҳам раҳо шуд. Пеш аз мўҳлат бардошта шудани маҳдудият умеди моро ба он қавӣ кард.

Ҳамсўҳбати дигари мо сокини деҳаи Оббурдон Шарифи Шарифзод бо мамнуният зоҳир кард:

- Ниҳоят «поёни шаби сияҳ сафед» шуд. Пеш аз мўҳлат бардоштани маҳдудияти барқ аз он дарак медиҳад, ки иқтидори нерўи барқ дар кишвари азизам пайваста афзудан дорад.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми имсолаашон ин пешрафтро собит намуданд: Сокинони деҳаи мо аз ин муруввати бамавриди Сарвари давлатамон беҳад миннатдоранд: Дар ин моҳҳои боқимондаи фасли сармо чӣ қадар ҳезум сарф мешуд, ҳисобаш гум…

Воқеан, бардошта шудани маҳдудияти барқ дар зимистони имсола ифода аз беҳбудии таъминоти иҷтимоӣ дар ҷомеа аст. Сокинони Кўҳистони Мастчоҳ онро хуб дарк карданд ва нисбат ба ояндаи таъминоти барқ ба аҳолӣ назари некбинона доранд.

Абдуллои ФОЗИЛ,
ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

Читать далее

Ташаббуси наҷиб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «120 рўзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» корҳои бунёдкорӣ доир менамояд, ки ҳадаф аз он ободу зебо намудани маҳалли зист мебошад.

Дар доираи ин ташаббуси наҷиб дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ аз аввали сол оғоз гардиданд.

Дар ҳашари ободонию сабзкорӣ, ки дар рўзҳои таътили мактаббачагон сурат гирифт, бо кўмаки хонандагон дар шоҳроҳҳои асосӣ ва мавзеъҳои алоҳида 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишии ба мавсим мутобиқ шинонида шуданд.

Иқдоми ободонӣ дар доираи «120 рўзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» дар ноҳия минбаъд низ идома меёбад.

www.sugd.tj

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 январи соли 2017, №9

Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади қадршиносӣ, ҳифзи иҷтимоии маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва бо назардошти дархости сардори шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 26 декабри соли 2016, № 781, қарор мекунам:

1. Аз 1 январи соли 2017 ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ҳар моҳ кўмакпулӣ дар ҳаҷми 80 сомонӣ то охири сол тибқи руйхати замимашуда пардохт карда шавад.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кўмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супорида шавад, ки пардохти кўмакпулиро аз ҳисоби маблағҳои ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2017 ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ намуда, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.

4. Бо назардошти афзудани теъдоди маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва дар ҳолати норасоии маблағҳои ба ин мақсад ҷудогардида хароҷоти иловагӣ аз ҳисоби маблағи сарфашудаи барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбинишуда пардохт карда шавад.

5. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 январи соли 2016, № 07 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқи атомии Чернобил» аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Н.А.Fаффорӣ ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее

Дастовардҳо назаррасанд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ нишасти матбуотии раиси ноҳия доир гардид, ки дар он муовинон ва мудирони шўъбаҳои дахлдор ва рўзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал раиси ноҳия Ғайрат Азиззода оид ба паҳлўҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2016 ба таври муфассал бо арқому асноди мушаххас равшанӣ андохт.

Рўзноманигорон оид ба вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашӣ, бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқ, каму зиёд шудани сабади истеъмолии аҳолӣ, сабз нигоҳ доштани ниҳолҳои ороишӣ, ҳифзи ҳуқуқи кўдак, вазъи ободии маҳаллаи Меҳробод, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ва таҷлили зодрўзу ҷашнвораҳои собиқадорони меҳнат, ашхоси таърихӣ ва мондагор дар адабиёту фарҳанг ва монанди ин ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНОВ

Читать далее

12 миллион сомонӣ барои таҷҳизот

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар раванди ноилшавӣ ба дастовардҳову пешравиҳо дар соҳоти гуногун, ҳамчунин, дар самти рушду такомули соҳаи тандурустӣ дигаргуниҳои зиёд ба амал омад.

- Дар ин самт аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эълон доштани соли 2016 “Соли фарди солим” дар раванди пешрафти соҳаи тандурустии вилоят қадами басо бузург буд,- изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ҷараёни вусъати корҳои созандагиву ободонии муассисаҳои тиббӣ ва ворид намудани усулҳои муосири муоина аз ҷониби масъулину кормандони соҳа як қатор чораҷўиҳо амалӣ гардидааст. Аз ҷумла баҳри таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот дар соли 2016 аз буҷаи маҳаллӣ 436 номгў ба маблағи 3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда бошад, дар ин давра ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 2834 номгў ба маблағи 12 миллион сомонӣ таҷҳизот харидорӣ ва дастрас гардид, ки ин 4 баробари нақша мебошад.

Дар бобати масоили таъминот бо мутахассисон сардори Раёсат зикр дошт, ки дар вилоят ҳамагӣ 4781 табиб ва 15114 корманди хурду миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо кормандон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, нишондодҳои нисбатан пасти таъминот бо табибон дар шаҳру ноҳияхои Кўҳистон Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ба назар мерасад, ки ташвишовар аст. Дар муассисаҳои тиббии вилоят асосан норасоии мутахассисони беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшинос, ташхиси шуоӣ, рўҳшинос ва сироятшиносон ба назар мерасад.

Бино ба иттилои масъулин, соли сипаригашта 270 нафар, аз ҷумла 157 нафар бо хоҳиши худ, 93 нафар бо сабаби расидани синни нафақа барои собиқаи меҳнатии дарозмуддат, 27 нафар бо сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ тарки вазифа намуда, 20 нафар фавтидаанд.

Дар соли 2016-ум дар вилоят 988 гирифторони бемории сил ошкор гардид, ки нисбат ба соли 2015-ум 9 нафар зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра 4546 ҳодисаи гирифторӣ ба зардпарвин ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2015 қариб 720 ҳодиса зиёд мебошад. Соли гузашта зиёдшавии ин беморӣ бештар дар Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва Шаҳристон ба назар расид.

Дар фарҷом Абдусалом Ваҳҳобзода ба суолҳои рўзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

23 January 2017

Ҷавҳари ҳадафҳои бунёдӣ

Паёми Президент, барҳақ, ҳуҷҷати раҳнамунсоз, дастури рўимизӣ ва ҳидоятгари нек дар фаъолияти ҳамарўзаи ҳар як фарди соҳибдилу некбин, худогоҳу дурандеш маҳсуб меёбад.

Дар Паём рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ва дурнамои минбаъдаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овардани факту рақамҳои таҳлилӣ баён гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сарвари давлат аз воқеаҳои даҳшатбор, ки солҳои 90-уми асри ХХ ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёд оварда, боиси фалаҷ гардидани идоракунии ҳокимияти давлатӣ гардида буданд, ёдовар шуданд.

Ин таъкидоти Президенти кишвар бори дигар моро водор месозад, ки мо бояд аз гузаштаи даҳшатбори аз сари давлату миллати тоҷик гузашта, сабақ омўхта, насли ҷавонро дар рўҳияи ғояҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намоем. Мо бояд аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ намуда, барои пурра амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ бо дилу дидаи нек кўшиш намоем.

Пешвои миллат оид ба эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд зикр намуданд, ки: “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст”. Ин нуқтаҳои қайдгардида падидаю меваҳои Истиқлолияти давлатӣ буда, дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, кафолатҳои қонунӣ дода шудаанд.

Дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии мо зиёда аз 300 қонун, 18 кодекс ва санадҳои зиёди зерқонунӣ қабул карда шудаанд, ки танзими ҳуқуқии тамоми самтҳои фаъолияти давлат ва манфиати шаҳрвандонро дар чорчўбаи қонун муқаррар намудаанд.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки ин падидаи номатлуб боиси вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мегардад. Мутаассифона, имрўз дар ҷомеаи мо гурўҳҳои алоҳидаи бадхоҳ ва мазҳабпарастон ҳастанд, ки бо роҳи фиребу дасисагўӣ ва ваъдаи пулӣ додан шахсони осебпазир, махсусан ҷавонони иродаи сустдоштаро ба доми худ мекашанд. Тамоми аҳолии кишвар бояд терроризм ва экстремизмро ҳамчун амали нафратангез маҳкум намуда, дар пешгирии ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм ҳамеша дар паҳлўи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд.

Президенти кишвар аз мавҷудияти кирдорҳои коррупсионӣ дар сохтори мақомоти идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи заминсозиву тандурустӣ ва дигар ниҳодҳо нигаронӣ намуда, таъкид намуданд, ки “коррупсия ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар халал ворид намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст”.

Инчунин, дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, ки сабаби содир шудани амалҳои коррупсионӣ дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоташон маҳсуб меёбад.

Таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Паёми имсола зери маркази диққати махсуси Президенти кишвар қарор дода шуд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии мардум барои огоҳӣ ёфтан аз ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои конститутсионӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки “омўзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд”. Донистани мазмуну мўҳтавои Конститутсия ва қонунҳои зикргардида вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, дар доираи супориши мазкур минбаъд барои боз ҳам баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон, донишҷўён ва умуман аҳолии мамлакат заминаи боэътимод гузошта шуд.

Дар амалия ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки шахс аз надонистани моҳияти амалҳои худ, надонистани мўҳтавои қонунҳо даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезанад, аммо надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Дар ин асно таъкид гардид, ки “таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад”. Ин муқаррарот ҷавҳари ҳадафҳои бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд буда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд минбаъд низ тамоми саъю талошҳои худро барои амалӣ намудани ин вазифаи муқаддас равона созанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сохторҳои қудратӣ ва ҳар як корманди онро вазифадор намуданд, ки “бо назардошти вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намоянд”.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти олии қонунгузор ба некўаҳволии мардуми кишвар, мустаҳкам намудани низом ва тартибот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, барои оромию субот, баланд бардоштани мавқеи мудофиавӣ ва таҳким бахшидани сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони азиз равона шудааст. 

Иброҳимҷон ҶАББОРОВ,
 мудири кафедраи
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
акадамик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Кафили рўзгори шоиста

Нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли ҷавонон» эълон шудани соли нави мелодӣ аз ҷониби муҳассилину устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта шуда, ҷомеаи меҳнатии донишкада кўшиш бар он доранд, ки онро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба иштирокдорон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Гулбаҳор Назирӣ, Файзалӣ Ҳакимов, Гуландом Абиловаро муаррифӣ намуда, мўҳтавои асосии вохўриро баён намуд. Вакилон оид ба паҳлўҳои гуногуни Паём сухан ронда, дар бораи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикиву хўрокворӣ, беҳтар шудани шароити иқтисодии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои дар Паём зикршуда ибрози ақида намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло доир ба дастовардҳои солҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, обод шудани роҳҳои кишвар ҳарф зада, андешаҳояшро оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Паём, аз ҷумла мубориза алайҳи экстремизму терроризм, коррупсия ва нашъамандӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар мавриди мавқеи занону духтарон дар давраи соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои онҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодии хонаводагӣ, зарурияти ба кор ҷалб кардани онҳо дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ, муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун ва бо чунин иқдом таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова оид ба соли эҷоду пурсамар ва навгониҳо гаштани соли 2017, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба барномаи таълимӣ ворид сохтани мавзўъҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронданд.

Донишҷўёну устодони донишкада аз ташрифи меҳмонон рўҳбаланд гардида, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее