10 January 2017

Ифтихор аз рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем!

Дар арсаи сиёсати дохилӣ кишвари мо марҳала ба марҳала дар иҷрои масъалаҳои муҳими стратегии давлат – аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерўи барқ, ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул дар мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Ба ҳайси аъзои гурўҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ва узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ман дар се самт - фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафҳои асосӣ ин амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб ва Маҷлиси намояндагон, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», ки дар таърихи 1-уми декабри соли 2016-ум дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардид ва диққат додан ба масъалаҳое, ки аз мулоқоту вохўриҳо бо мардуми кишвар бармеоянд, ҳамзамон, иҷрои ҳафт ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ таъкид намудаанд, маҳсуб меёбад.

Дар фаъолияти қонунгузорӣ дар даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон 49 ҷаласаи иҷлосия баргузор гардид, ки дар онҳо 178 қонун, 3 қонуни конститутсионии мукаммал, 8 тағйиру илова ба онҳо ва 93 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои гурўҳ 22 қонун ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд, ки аз онҳо 8-тояш қонуни мукаммал мебошад. Яке аз самтҳое, ки аъзои гурўҳ бештар ба он таваҷҷўҳ менамоянд, ин аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо аст, ки ин масъала дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр ёфта буд.

Ҳангоми сафарҳои хизматӣ берун аз кишвар бошад, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем, то ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрию мулоқот анҷом дода, онҳоро бо дастовардҳои кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ шинос намоем. Зеро имрўз кам нестанд қувваҳои манфиатдоре, ки мехоҳанд, ин қувваи бузургро ба нафъи худ истифода баранд.

Дар даврони Истиқлолият бори дуюм аст, ки аъзои гурўҳ ба сифати ҳамоҳангсоз - танзимгар дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботҳои давлатҳои аъзои ИДМ фаъолона ширкат варзиданд.

 “Масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрўза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрўи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, идоракунии давлатиро таъмин гардонем”,-таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш.

Аз ин рў, ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан - ин вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонӣ ва мақсаду мароми ягонаи мо мебошад.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул шудани Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар ин бора Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ ҳини ироаи Паёми хеш иброз доштанд, ифтихори мо, мардуми Тоҷикистон буда, итминон дорем, даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Гулбаҳор Назирӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Меҳри диёр аз накӯкорӣ афзун шавад!

Дар урфият “то мусофир не, мусулмон не” ва ё “дар сахтиҳо обутоб ёфтааст” мегўянд, ки ҳақ асту рост. Раҳматулло ҳам тўли беш аз се сол дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия заҳри мусофирӣ чашид ва ҳамин мушкилотро дар симои ҳамшаҳриёнаш низ эҳсос кард ва ба худ аҳд кард: - Ман вақте андаке маблағ ба даст овардам, албатта, ба Ватан баргашта, аз пайи ободонии диёр, беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии оилаи худ ва ҳамшаҳриёнам хоҳам шуд. Ва дар ҳамин мусофират кор омўхт, аз пастию баландии ҳаёт огоҳ гардид, инсонҳои гуногунандешро дид ва аз неку бади ҷаҳон воқиф гашт.

Инсоне, ки дасту дили пок дорад, албатта, аз чашми ҳамагон пинҳон нахоҳад монд. Ҳамин хислати ҳамидаву Худоди ўро сарвари яке аз марказҳои савдои шаҳри Москва низ мушоҳида намуд ва чанд нуқтаи савдояшро ба ихтиёри ин марди тоҷикистонӣ вогузошт. Роҳбари маркази савдо ўро чун бародари худ хонд ва ҳамаи нозукиҳои касби соҳибкориро омўзонд. Ва ҳамин шуғл самти минбаъдаи риштаи ҳаёташ дар зодгоҳаш гардид ва зиндагии аксари ҳамшаҳриёнашро низ ба куллӣ тағйир дод.

Дурӣ аз Ватан ўро ҳамчунин ба зиндагии бонизоми бо меҳнат тавъам ворид сохт. Бо он маблағе, ки тавассути меҳнати шабонарўзиаш дар мусофират ба даст оварда буд, нахуст дар Ҷамоати деҳоти Калининобод молбозори аз хотирҳо фаромўшгаштаро обод кард. Минбаъд ҳамдеҳагонаш барои хариди чорво на ба маркази ноҳия ва ё дигар деҳа мерафтанд, балки дар зодгоҳи худ мушкилоти хешро ҳал менамуданд. Ба ин васила чанд нафар ҳамдиёронаш ризқи ҳамешагии худ дарёфтанд.

Сабақи андўхтааш дар мусофират ўро ба тозакориҳо, навҷўиҳо водор сохт. Ў ба хотир овард, ки ҳанўз дар айёми кўдакиву наврасиаш бобову бибӣ ва волидайнаш паси дастгоҳи бофандагӣ нишаста, ба бофтани алоча машғул буданд. Ва пас аз дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соҳибкори ҷавон ҳамон шуғли авлодии хешро дар Ҷамоати деҳоти Калининободи ноҳияи Деваштич аз нав эҳё кард.

Минбаъд Раҳматуллои ҷавон, вале аллакай аз баду неки ҷаҳон огоҳ, ҳамсараш Хайринисо Маҳкамоваро низ баҳри касбомўзӣ ба Маркази таълимӣ - истеҳсолии деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳсипор сохт ва ин хонадон боз як ҳунари дигари аҷдодии тоҷиконро аз бар намуд. Дар маркази бозомўзӣ Хайринисо аз ҳунармандони хуҷандӣ касби дигар – атласу адрасбофиро аз бар намуд.

Раҳматулло ба ҷуз аз бар намудани касбҳои зикргардида, инчунин ду нуқтаи маркази савдо низ таъсис дод. Ба кадом хотир? Танҳо ба хотири он ки дар ҳамин нуқтаҳо адрасу алочаи омода сохтаашонро, ки беш аз 15 намуд мебошад, пешкаши ҳамдеҳагонаш намоянд. Дилбохтагони ин матоъҳои рангобаранг дар деҳааш афзуданд. Орзую омоли занону духтаракони меҳнатқарину зебопараст на танҳо бар тани худ дидани чунин матоъҳои чашмрабо, балки ҳисси кунҷкобии онон рўз аз рўз зиёд мегашт, то ин ки худ низ чунин ҳунарро аз бар намоянд. Ин оилаи тифоқ бо фотеҳаи падари хирадманду модари дуогўяшон боз сехи бофандагӣ таъсис доданд.

Аз лутфу карами Пешвои миллат барои рушди сехи бофандагӣ ва омўзонидани дилбохтагони касби аҷдодӣ соҳиби 30 ҳазор сомонӣ Гранти Президентӣ ва панҷ ҳазор сомонӣ Гранти Раиси вилояти Суғд гардид. Раҳматуллои чашмикордон маблағи ба дастовардаашро самаранок истифода бурд.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар бораи занону духтаронро соҳибкасб гардондан, то ин ки ба иқтисодиёти хонаводагиаш кўмаке карда тавонад, инчунин бо мақсади бекор намондани бонувон борҳо таъкид намуда буданд, Раҳматуллои инсонпарвару меҳнатқарин ва дардошно ҳалли ин масъаларо низ дарёфт. Тавре ёдовар гаштем, баҳри ба пуррагӣ аз бар намудани асрори адрасбофӣ дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арўси ин хонадон Хайринисо касби адрасбофиро аз худ намуд. Пасон ба зодгоҳ баргашта, дигаронро низ ба ин ҳунари авлодӣ ҷалб сохт. Тавассути роҳнамоии қиблагоҳиаш ҳамроҳи ҳамсараш Хайринисо дар се гурўҳ, дар ҳар кадоме 22-нафарӣ 66 нафар гулдухтару бонувонро бо касби авлодӣ - адрасбофӣ ошно сохт.

Ў худро хушбахт меҳисобад, зеро аз ҳамин деҳаи дурдаст тавонист, ки дар озмуни вилоятии “Атласу адрас -2015” ширкат варзида, адраси истеҳсолнамудаашро бо номи “Барги сабз” ба ҳакамон муаррифӣ сохта, соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ ва Дипломи дараҷаи дуюм гардад ва соли 2016-ум бошад, дар озмуни ноҳиявӣ бо адраси бофтааш - “Адраси тоҷик” мақоми аввал ва дар озмуни вилоятӣ ҷойи сеюмро ишғол намояд. Дар озмуни ноҳиявии “Оилаи беҳтарин” бошад, мақоми аввалро сазовор гардид.

- Ба як мард чил ҳунар кам аст, - мегўянд. Ин оилаи дастгири ҳамешагии пиру барно сехи дўзандагӣ низ ташкил карданд. Модари фариштахўи Раҳматулло - Қаноат Насруллоева аз он масрур буд, ки писараш бо арўси хонадонаш Хайринисо касби хешро тақвият бахшида, дигаронро низ ба он ҷалб намуда истодаанд. Модари маслиҳатгараш аз айёми ҷавонии хеш ҷигарбандонашро тез-тез ёдовар мегашт:

- Солҳои қаблӣ оё чунин фаровонӣ буд? Ман дар ёд дорам, дар паси сандалии бобоӣ ҳамроҳи модарам чанд нафар бонувон менишастанду яке рўймолу дигаре курта, сўзаниву қуроқ медўхтанд ва зери лаб сурудеро зам - зама менамуданд ва ё ҳикояву қиссаеро ёдовар мегаштанд. Ва баъди меҳнати шабонарўзӣ, баъди сўзанзаниҳову бедорхобиҳову нури чашм равонданҳо соҳиби андаке маблағ мегардиданд, ки бо он иқтисодиёти хонаводагиашонро беҳтар сохтан хеле мушкил буд. Ҳоло, шукри Худо, ин қадар фаровонӣ. Аз як нон чандин навъаш, хўрокҳои пурлаззат, меваҳои шаҳдбор дастархони тоҷикро зеб медиҳанд. Биҳишти ин замон ҳамин будагист-дия, – гуфт бо шукргузорӣ холаи Қаноат.

Баъди ин хотироти модар арўси хонадон сехи дўзандагӣ низ таъсис дод ва куртаву пойҷомаву тоқиву сумкаву гарданбанду дигар лавозимоти арўсӣ ва куртаҳои рўзмарраву идонаро омода сохтанд, ки он ҳам харидорони хешро ёфт.

Аз Раҳматулло пурсон шудам:

- Дар ин деҳаи дурдаст чунин мўдҳои гуногунро аз куҷо меёбанд?

Ин ҷавони серғайрат, дар ҳақиқат, аз ҳар дақиқаи умраш самаранок истифода мебурдааст. Тўли се соли мусофират на танҳо бо савдо машғул гардидааст, инчунин аз истифодаи таҷҳизоти замонавии компутер бо сомонаҳои ҷаҳонӣ кор карданро низ омўхта будааст.

- Дўзандагони мо агар имрўз чунин мўдро дўхта пешниҳод намоянд, пагоҳ дигар навъашро, ки тавассути сомонаҳои электронӣ дарёфт намуда будам, хоси миллати тоҷик намуда, омода месозем. Чунин мўд ва дўхтҳои гуногун писанди мизоҷон низ ҳаст. Аз деҳаҳои ҳамсоя ҳам баҳри дарёфти матоъ ва ё дўхти тозае меоянд.

Ҳоло дар ин хонадон 20 набераи холаи Қаноат ва панҷ нафар ҷигарбандонаш ҳамаи он касбҳои аҷдодиро аз бар намудаанд.

Воқеан, Раҳматуллоро метавон эҷодкор номид, зеро ў ният дорад, сехи қаннодие, ки фаъолият дорад, васеъ намуда, боз нафарони зиёдеро ба меҳнат ҷалб созад.

Гулбоғи ман аст дашту саҳрои Ватан,

Дунёи ман аст рўи зебои Ватан.

Дар як кунҷи диёри офтобрўяи сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон - деҳаи Қалъаи Дўсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Раҳматулло Нуруллоев ҳамроҳи аъзои оилааш: падар – Ғайбулло Нуруллоев, модар – Қаноат Нуруллоева, ҳамсараш Хайринисо Маҳкамова ва ҳафт нафар фарзандаш ширкати ҶДММ “Раҳматулло” таъсис дода, вазъи зиндагии 18 нафар ҳамдеҳаашро беҳтар намуда, боз ният дорад, дар оянда номгўи истеҳсоли коргоҳашро афзун гардонад.

Шиори зодаи деҳаи Қалъаи Дўсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Раҳматулло Нуруллоев дар зиндагӣ порае аз абёти шоири зиндаёд Лоиқ аст, ки гуфтааст:

То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам,

Аз сўхтану сохтан ором нагирам.

Бас бо дили равшан бифурўзам дили шабҳо,

То домони субҳе зи паи шом нагирам.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Раҳнамои зиндагии шоиста!

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рўҳияи баланди созандагӣ, бунёдкорӣ ва даъвати ҷомеаи кишвар ба сохтмони давлати миллӣ ҷараён гирифт, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҳадафҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои оянда ба шоистагӣ муқаррар намуд. Муҳимтарин рўйдоди нодир, ки бевосита дар рўзи пешниҳод гардидани Паёми навбатии Пешвои миллат аён гардид, ташаббуси Роҳбари давлат дар Созмони Милали Муттаҳид истиқбол ёфта, даҳсолаи дувуми амалиёти «Об-барои рушди устувор» пазируфта шуд, ки ин мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари шарҳи муҳимтарин падидаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дар Паёми хеш мавқеи ҷавононро назаррас унвон намуда, соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карданд.

Худи ҳамон рўз аллакай ҷавонон ин иқдоми Пешвои миллатро самимона истиқбол намуданд ва мо бовар дорем, ки ҷавонони мо аз ин иқдоми Пешвои миллат, рўҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри шукуфоии Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Зеро 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд ва ин нерўи бузург метавонад, дар таъмини ояндаи босуботи кишвар саҳми муассир гузорад.

Дар Паёми имсола Сарвари давлат оид ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои типпи нав мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки “Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.”

Дар баробари таҳлили амиқи самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа дурнамои пешрафтҳои кишвар аз ҳар ҷиҳат муайян шуда, таъкид гардид, ки дар сурати истифодаи дуруст ва босамари захираву имкониятҳои мавҷуда мамлакати мо метавонад, ба сўи музаффариятҳои нав ба нав қадам гузошта, дар тамоми бахшҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад. Ҷои хушҳолӣ ва саодатмандист, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос тадбирҳои амалӣ андешида, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омўзгорон, махсусан аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омўзгориро дар мамлакат пурра бартараф намоянд.

Аз ин таъкидоти муҳим ва саривақтии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар ҳақиқат пешбарандаи ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, омўзгор маҳсуб меёбад. То он вақте ки муаллим чароғи маърифатро ҳифз менамояд, давлат дар мақоми рушду нумўъ қарор мегирад. Бо таҳкими савод ва маънавиёт дар вуҷуди одамон меҳру муҳаббат, самимият, ихлос, некӣ, адолат, хештаншиносӣ ва ватандўстӣ пайдо мегардад. Замони имрўзи мо ҳақиқатан тавассути заҳматҳои созандаи устодон ва иқдомоти таълиму тадриси омўзгорон тараққӣ менамояд ва бояд ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри меҳнати муаллим ва маҳсули донишҳои вай бирасад.

 Мўсобек Мироватов,
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи
 маориф ва илми вилояти Суғд

Читать далее

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ

Соҳиб шудан ба Истиқлолият бо роҳи осоишта ба амал омад, ки ин падидаи беҳтарин дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ буд. Мавриди зикр аст, ки баъд аз ноил гардидан ба мустақилӣ кишвари моро ҷанги шаҳрвандии бемаънӣ ва таҳмилӣ фаро гирифт. Дар лонаи навсохтаи миллат оташи кинаю ғараз забона зад. Парокандагӣ, гурезагӣ, дур аз Ватан ҷон додану дар ғарибӣ зистан, вайронии хонаву дар ва фалаҷшавии иқтисоду талафоти ҷонӣ - чунин буд натиҷаи ин ҷанги бемаънӣ.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон иброз дошта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дўстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад».

Оре, ҳақ ба ҷониби Сарвари хирадманду адолатгустари мо, ки Истиқлолияту Ваҳдатро ҳамчун номаи тақдири миллат, омили рушду босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият тафсир кардаанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки замоне узви Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон Таэдзо Такэми ба сиёсати давлатдории Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зимнан қайд намудааст, ки «Ман сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ мекунам. Оштии миллӣ ва демократикунонии ҳаёти мамлакат дар минтақа ибратомўз аст».

Барҳақ, агар бунёди давлати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои мо, тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёбад, пас Ваҳдати комили миллӣ ҳамчун кишвари сулҳофарин ва тарғибгари сулҳ эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди дигари замони соҳибистиқлолии мост.

Ба андешаи сиёсатмадорони дунё сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти мўътадили минтақаро, ки ба он экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ ҷиддӣ таҳдид менамуд, устувор сохт.

Аз ин рў, ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ обрўи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошт.

Сарвари давлат ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки ба бегонапарастӣ хотима бахшем, аз арзишҳои миллии худ хуб истифода барем. Занону духтарон либосҳои миллӣ ба бар намоянд, ки ин ба бонувони тоҷик зебанда аст.

Ҳамзамон, чуноне Президенти кишвар таъкид менамоянд, дар ташаккули рафтору хислатҳои фарзанд, оянда роҳи дурусти зиндагиро интихоб намудани ў, ба падидаҳои номатлуб фирефта нагаштани онҳо нақши падару модар калидӣ аст.

Ўғулой Умаралиева,
дотсент, сармутахассиси шўъбаи тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Дастур барои таъмини пешрафт

Дар маҷлиси ташкилоти собиқадорони вилоят фаъолияти Шўрои собиқадорони вилоят дар соли 2016 ҷамъбаст ва вазифаҳо, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бармеояд, баррасӣ гардид.

Муовини раиси Шўро Шавкат Алиев зикр намуд, ки собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Паёми Президенти мамлакатро бо рўҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд. Зеро Паём ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Шўрои собиқадорони вилоят 18 ташкилоти собиқадорони шаҳру ноҳияҳо, ташкилояти собиқадорони Раёсати корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд, ҷамъ 309 созмони ибтидоии собиқадоронро муттаҳид кардааст.

Дар соли 2016 дар ҷаласаҳои Шўро 38 масъалаи ҳаёти созмони собиқадорон баррасӣ ва барои баланд бардоштани нақши ташкилотҳои собиқадорон дар ҷомеа ва мавқеи онҳо, беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ ба онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Маҷлисро раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Мўҳсин Раҳимов ҷамъбаст карда афзуд, ки Шўрои собиқадорони вилоят баҳри баланд бардоштани масъулияти коркунони дастгоҳи Шўро, сари вақт ба иҷро расондани нақша ва нақша-чорабиниҳои алоҳида минбаъд низ кўшида, намегузорад, ки ягон ариза ё муроҷиати шифоҳии собиқадорон аз мадди назар дур монад.

Дар муҳокимаи масъала масъулони ташкилоти собиқадорон Мўъмин Орифӣ, Мўҳсин Ҷабборов, Инъомҷон Тўраев, Мавлуда Қаландарова, Шуҷоат ҳасанова ва Сулаймон Асрорқулов иштирок карда, ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолияти Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят маслиҳату пешниҳодҳои муфид доданд.

Мирзоғанӣ ВАЛИЕВ,
 узви Шўрои собиқадорон

Читать далее