05 January 2017

Ҷавонон мавқеи дурусти сиёсӣ дошта бошанд!

Дар шароити ҷомеаи зудтағйирёбанда зарур аст, ки мазмуну мўҳтавои афкори омма ҳамеша мавриди омўзиш, ташаккули он дар радифи равандҳои рушди ҷомеа дар мадди назар бошад.

Дар ҳолати аз мадди назар дур кардани ин падидаи муҳим мо имконияти таъсиррасониро ба вазъи ҳаёти ҷамъиятӣ аз даст медиҳем ва ҷомеа ба ҳолатҳои номатлуб, ба мисли костагии ҳаёти маънавӣ, хоса дар байни ҷавонон, пешорў меояд. Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки афкори омма падидаи хеле рангоранг, зиддиятнок ва мураккаб буда, ташаккули он ба омилҳои зиёди сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ вобаста мебошад. Аксари муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки афкори омма зери муаммоҳои ҳаёти рўзмарраи одамон, фаъолият ва бурду бохти онҳо ташаккул ёфта, ба шуури ҷамъиятӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад. Инъикоси воқеият дар ин сатҳи ҷаҳонфаҳмӣ то андозае бенизом ва стихиявӣ буда, он ба сатҳи маърифатнокӣ, таълиму тарбия ва таҷрибаи ҳаётӣ вобаста мебошад. Албатта, дар баъзе мавридҳо мо фаъолии афкори оммаро нисбати дигар падидаҳо бештар мушоҳида менамоем, чунки дар раванди дигаргуниҳои иҷтимову сиёсӣ ба мисли озодандешӣ, демократия, то чӣ андоза ҳуқуқбунёд будани ҷомеа ақидаҳои гуногун баён мегарданд ва дар атрофи онҳо муколамаҳои доманадор сурат мегиранд.

Баъзе самтҳои афкори омма ба ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор оварданаш мумкин аст. Масалан, тавассути воситаҳои ахбори умум суханпардозӣ намудани мубаллиғони гурўҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез, ба мисли “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “ҳаракати Исломии Ўзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “Ҷамоати таблиғ”, ДИИШ ва ғайраҳо ин кўшишест ҷиҳати таъсир расондан ба афкори омма, кўшишест аз ҳолати мутавозинӣ берун кашидани ҷомеаи Тоҷикистон. Ин мубаллиғон кўшиш ба он доранд, ки тавассути паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои бардурўғ мардумро фиреб дода, ба низоъҳои иҷтимоӣ кашанд.

Ҷараёни эҳсоси воқеият, дарк ва мавриди андеша, таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорӣ маданияти баланди инсонро тақозо менамояд. ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон, фоҷиаҳои мансуб ба терроризми байналмилалӣ дар дигар нуқоти олам, нишонгари он аст, ки тағйир додани афкори омма, яъне ба раванди нодуруст равон намудани он барои ҷомеа хеле хатарнок аст. Аз ҷониби зубдагони ҳизби мамнўъи Наҳзати ислом талқинкунии сабабҳои мамнўъ гаштани ҳизбашон исботи ҳамин фикр аст. Онҳо айби худро надида, айбдоронро дар дигар ҷой меҷўянд, мекўшанд, ки дар афкори омма ақидаҳои бардурўғро ҷой диҳанд. Аммо, имрўз мардуми мо хеле зирак шудаанд, онҳо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ мерасанд. Магар душманони миллати тоҷик намебинанд, ки дар давоми 25 соли сиёсати сулҳофарин ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол роҳеро тай намуд, ки он ба асрҳо баробар аст. Таърих собит месозад, ки ягон халқу миллат нест, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар чунин муддати кўтоҳ аз он бурун омада, сиёсати сулҳофаринӣ ва бунёдкоронаро пеша карда бошад.

Дар ҳақиқат, дар шароити ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба даст кашидан аз ҳуввияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. Ин роҳест инсонро ба парастиши ғояи дигар, таърихи дигар ва фарҳанги дигар равона менамояд. Масалан, барои Амрико ё ягон давлати дигари Аврупо муҳим нест, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низоми иҷтимоиву сиёсӣ ё фарҳангӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ дур гашта ”худии худ”-ро фаромўш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Барои чӣ давлатҳои абарқудрат, ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-қоида”, “Бародарони ислом”, Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранду нисбат ба фаъолияти иғвогаронаи “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ўзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ” дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бефарқ ҳастанд? Ба фикри мо, инҳо зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратҳост, ки мехоҳанд, бо дасти ин гурўҳҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор созанд. Ба ақидаи мо, ин масъалаи хеле ҷиддист, зеро на ҳар як шаҳрванди оддӣ дар сатҳи шуури муқаррарӣ ба моҳияти ин масъалаҳо сарфаҳм меравад. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, донишҳои сиёсӣ ва таҷрибаи нокифояи зист дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд на ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан ба ҷавонон имконияти интихоби дурусти мавқеи сиёсиро медиҳад. Аксар вақт онҳо фирефтаи суханпардозиҳо, ваъдаҳои бардурўғи ба ном “ҷиҳод барои тозагии Ислом” мегарданд. Аз ин рў, дар ин ҷо назди ниҳодҳои иҷтимоӣ, қабл аз ҳама дар назди мактабу маориф, низоми таҳсилоти олии касбӣ вазифаҳои басо муҳими умумимиллидошта меистад.

Кори тарбия ҳамон вақт самаранок мегардад, ки агар ҳар як омўзгор, новобаста аз тахассусаш ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор намунаи ибрати ҷавонон бошад.

 Р.СОЛИҶОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
устоди Донишкадаи иқтисод ва
 савдои Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

Густариши ҳамкорӣ бо мардум

Гуфтугўи мустақими радиоии Расулзода Дилшод Ҷабборӣ – раиси шаҳри Исфара мақбули аҳли эҷод ва ҳам сўҳбати самимонаи мардум бо шаҳрдори Исфара гардид.

Зимнан, беш аз 100 арзу муроҷиат, мактубу дархост, номаҳои сипосу муборакбодӣ дар натиҷаи эълони пешакӣ оид ба баргузории гуфтугўи мустақим бо сокинон сурат гирифт. Гуфтугўи мустақим арзи дили 46 нафар сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва ҳам зодагони Исфарамарзро аз кишварҳои хориҷ фаро гирифт.

Ҳадаф аз баргузорсозии ин тадбир таъмини амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон ва тарҳрезии нақшаҳои фаъолият барои соли 2017, дар маҷмўъ дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рўзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфараи бостонӣ буд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сабабҳои воқеии пурра иҷро нагардидани нақшаи даромади андозҳои давлатӣ, зарурати пешгирии санҷишҳои пайдарпайи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти назоратӣ, масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави аҳолинишини 11, 12, 13, 14, Сомониён ва шаҳраки Моҳпарӣ, алалхусус ҷиҳати таъминот бо нерўи барқ ва оби нўшокӣ, ба низом овардани ҳолати ҳудуди бозори марказӣ ва роҳҳои атрофи он, расонидани кўмакҳои иловагӣ ба осебдидагони офати табиии моҳи августи соли гузашта рухдода, сохтмони Нерўгоҳи ҳароратии Шўроб, ба анҷом расонидани азнавсозии бинои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи мактаби миёнаи №52, ҷудо намудани қитъаи замин барои чойхонаи муосир дар маркази шаҳр, беҳдошти ҳолату сифати хизматрасониҳои тиббӣ, роҳандозии суғуртаи тиббӣ, бознигарӣ ва аз нав мураттабсозии рўихати шахсони камбизоати шаҳру деҳот, вусъати раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, роҳу тариқи саҳмгузории шаҳрвандон дар азнавсозии Гулбоғи Сайфи Исфарангӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни гуфтугў мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 Раиси шаҳр бо истифодаи Интернет бо зиёда аз 20 соҳибкори зодаи Исфара дар Русияву Қазоқистон, Олмону Норвегия, Шветсия ва дар Амрикову Зеландияи Нав тариқи онлайн дар тамос шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорон 5 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ низ ба имзо расид.

Иқбол Илёсзода

Читать далее

Фаъолият тақвият меёбад

Дирўз дар толори КВДК «Кохи матбуот» бо иштироки муовини аввали Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гардид. Аз рўи масъалаи якум ахбори сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Шарифулло Абдуллозода «Дар бораи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» шунида шуд.

Мавсуф дар бораи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, хосатан, маорифу тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ изҳори андеша кард. Тибқи барнома, барои ноил шудан ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фавти модару кўдак, оид ба саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва роҳ, азхудкунии мавзеъҳо, хариди таҷҳизоти тиббӣ, умуман баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардид, ки он дар тўли панҷ соли оянда бояд амалӣ гардад. Ш.Абдуллозода инчунин оиди аз ҷониби 190 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» изҳори шодмонӣ кард.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, ислоҳоти соҳа, таъмини иҷрои Барномаи мазкур дар солҳои минбаъда ва раиси ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар вилоят Маъруф Юсуфов оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ музокира намуданд.

Зимни суханронӣ муовини аввали Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо дар бораи баррасии маълумот, Паёми Сарвари давлат, самтҳои он, вазифагузориҳо ва дастовардҳо, дастгирии мардуми ҷаҳон оид ба пешниҳоди Президенти мамлакати Тоҷикистон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баён дошт.

Дар ҷамъбаст, ҳамзамон лоиҳаи қарори Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд дар бораи амалӣ намудани таклифу пешниҳодҳо, тақвият бахшидани фаъолият ва баланд бардоштани мақоми Шўро, ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иқдоми башардӯстона ва сиёсати муваффақи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ

Дар иртибот ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки бо пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ - назариявӣ доир гардид. 

Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими донишкада чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иқдоми навбатии Сарвари давлатро оид ба ҳифзу нигаҳдошти бебаҳотарин неъмати табиат дар миқёси олам бесобиқа унвон кард. Маҳз бепарво набудан ба хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ Пешвои миллатро водор сохт, то бо пешниҳодҳои башардӯстонаи худ амсоли эълон шудани соли 2003 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва ниҳоят қатъномаи мазкур ҷаҳониёнро дар атрофи ин мавзӯи муҳим сарҷамъ намуд.

Зафар Қаюмзода, прокурори калони Прокуратураи вилояти Суғд таъкид намуд, ки ҳанӯз 22 марти соли 1993 Рӯзи умумиҷаҳонии об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуда буд. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз баланд бардоштани маърифати мардум оид ба муҳимияти манбаҳои об, зарурияти истифодаи сарфакоронаи он, инчунин равона сохтани таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон, рохбарони ташкилоту корхонаҳо, омма барои андешидани чораҳои фаъолона ҷиҳати ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад.

Анвар ҳоҷиев, номзади илмҳои техникӣ дар мавзӯи «Об сарчашмаи рушди усувори энергетики Точикистон», Толмас Сайфуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ вазифаи муҳим», Абдуллоҷон Насруллоев, номзади илмҳои техникаӣ дар мавзӯи  «Ташаббусҳои умумибашарии Тоҷикистон оид ба об» маърӯзаҳо намуда, қайд намуданд, ки қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее

Маҳдудияти рӯзонаи барқ дар саросари кишвар барҳам дода шуд

Шурӯъ аз имрӯз, 5 январи соли равон дар саросари мамлакат маҳдудияти рӯзонаи барқ пурра аз байн бардошта шуд.

Ба иттилои ШСХК «Барқи тоҷик» аз 5 январи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли неруи барқ зиёд шуда, аз соати 5-и субҳ то 22-и шаб дар тамоми кишвар ба таври доимӣ неруи барқ интиқол дода мешавад.

Ба иттилои ширкат, акнун сокинони навоҳии кишвар ба ҷои 12 соат неруи барқи пешина 17 соат бо барқ таъмин мешаванд.

Зимнан ШСХК «Барқи Тоҷик» аз муштариён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки неруи барқро самараноку сарфакорона истифода намуда, ҳаққи онро сари вақт пардозанд.

Читать далее