03 January 2017

Соли барору комёбиҳои назаррас буд

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар партави сиёсати фарҳангофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои илмпарваронаву дастгириҳои Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ ва тарғиби илму адабиёти тоҷик фаъолият мебарад. Муассиса дар соли 2016 дар чанд самт кўшиш ба харҷ дод ва дар ташаккули илму адаби миллӣ саҳмгузорӣ намуд.

Дар соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии муассиса қисмати бештари китобҳои «Мунтахаби «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ» (бо шарҳ), «Тазкират-ул-хавотин» (Тазкираи занони шоира), «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Нигористон», «Баҳори хубон», «Осор-ул-билод» ва чанд китобу рисолаҳои дигари адибони тоҷик анҷом пазируфт.

18 дастхат ва китобҳои нодири «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» таҳия ва чопи инфиродӣ ёфтанд, ки «Шавоҳид-ун-нубувват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рашаҳот»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Тўтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Девон»-и Аҳмади Ҷомӣ, «Армуғони Хислат», "Рисолаҳо дар андарзу ҳикмат", «Хористон»-и Маҷди Хофӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд.

Баргузории конфронсҳои «Таҳқиқ ва нашри осори илмӣ-адабӣ: аҳамият, зарурат ва натиҷаҳо», “Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ”, «Китоб – сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ», конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” намоёнтарини онҳо ба шумор мераванд, ки бо иштироки муҳаққиқони вилояти Суғд, пойтахти кишвар ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва донишмандони номвари хориҷӣ аз кишварҳои Олмон, Туркия, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Ўзбекистон доир гардиданд.

Муассиса дар соли 2016 бо чандин марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ намуд, ки ҳосили он бештар дар ташкили "Китобхонаи Камоли Хуҷандӣ" ва табодули илмӣ инъикос меёбад. Дар ин самт, илова бо марказҳои илмии кишвар, бо ниҳодҳои илмии Ҳиндустон, Туркия, Ўзбекистон, Афғонистон, Покистон ва Миср робитаи хуби илмӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, зиёда аз чаҳор ҳазор нусха китобу дастоварди илмии Муассиса ба таври ройгон ба марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ тақдим гардид ва муҳаққиқони марказ бо иштирок дар даҳҳо конфронсу семинарҳои баландсатҳи илмӣ робитаи илмиро таҳкими бештар бахшиданд.

Дар соли 2017 нақшаи муассиса ҳамчунин пурбор аст. Мувофиқи нақша, дар соли пешистода бештар болои "Донишномаи Камоли Хуҷандӣ" кор анҷом хоҳад гирифт. «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» китоби ҷомеъ хоҳад буд. Дар он чопи бештар аз 3000 мақола дар назар аст. Китоб дар давоми солҳои 2019-2020 ба нашр хоҳад расид. Ҳамчунин, корҳои муҳими Камолшиносӣ, ки дар дурнамои панҷсолаи муассиса қарор доранд, ба мисли "Китобшиносии комили Камоли Хуҷандӣ", "Мунтахаби «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ (бо шарҳ), тасҳеҳи илмӣ-интиқодии тоза аз "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ, "Фарҳанги мавзўии ашъори Камоли Хуҷандӣ", "Шарҳи муарработи "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ кўшиш сурат хоҳад гирифт. Нашри муттасили фаслномаи "Камоли Хуҷандӣ", чопи китобҳои "Меҳру моҳ"-и Ҷамоли Деҳлавӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Нигористон»-и Муинии Ҷувайнӣ, "Тазкират-ул-хавотин" (Тазкираи занони шоира) ва баргузории чанд маҳфилу конфронсҳо низ дар нақша аст.

Итминон дорем, ки муассиса дар соли 2017 бо таваҷҷўҳ бар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илму фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон шодбош гуфта, орзу мекунем, зиндагии саодатёр насибашон бошад. Хонаободу сиҳатманд бошед, азизон!

Фахриддин Насриддинов,
директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»

Читать далее

Замира Рустамова «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016»

Бо мақсади дарёфт ва интихоби омўзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳа,  тарғиби таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ,  қадрдонии меҳнати омўзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа аз 27 то 29 декабри соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва Литсейи №55 даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» доир  гардид.

Озмун аз рўи шартҳои пешниҳоди дурусту амиқи мавзўъ, маҳорати дода тавонистани донишҳои нав ба хонандагон,  таҳлил карда тавонистани дарсҳои ҳамдигарӣ ва малакаи муаррифии дастовардҳо тавассути воситаҳои муосири техникии  таълим, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер ва видеопроектор баргузор шуда, дар он довталабони ғолиб аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ширкат варзиданд.

Муаллимаи  мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Замира Рустамова ба унвони «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» мушарраф гардид.

Ба ғолиби озмун ва иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нишони «Аълочии маориф ва илм» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ планшет ва роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

МЕҲРИ ВАТАНДӮСТ

Дар арафаи Соли нави мелодии 2017 раёсати Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Б.Н. Елцсини шаҳри Екетаринбург ба иқдоми шоиста рӯй овард. Аз ҷониби донишгоҳи мазкур ба хонандагону омӯзгорони мактабҳои вилояти Суғд армуғони арзанда - бештар аз 2,5 ҳазор адад адабиёти бадеӣ, техникӣ- таълимӣ, методӣ ҳамчун тӯҳфа ройгон дастрас гардид.

Дар роҳандозии ин ибтикорот саҳми ҳамватани мо, муҳассили соли чоруми донишгоҳ Баҳромҷон Шарифов, ки дастпарвари мактаби Президентии шаҳри Бӯстон мебошад, саҳми арзанда дорад. Лозим ба ёдоварист, ки Баҳромҷон Шарифов соли равон дар озмуни донишгоҳӣ дастболо шуда, ба дарёфти унвони «Беҳтарини донишҷӯи хориҷа» мушарраф гардид.

Раёсати маорифи вилоят барои чунин амали неку савоб ба раёсати донишгоҳи мазкур ва ба Баҳромҷон Шарифов самимона изҳори сипос менамояд. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Варзиш - василаи муаррифии давлату миллат

Дирўз дар Кохи фарҳанги ба номи Рўдакии маркази вилоят муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ бо варзишгарони вилоят мулоқот орост.

Назира Ғаффорӣ нахуст кулли варзишгарон ва мураббиёнро аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фарорасии Соли нави мелодии 2017 табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки соли 2016 соли таърихӣ – таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд ва он бо дастовардҳои хеле назаррас ҷамъбаст шуд. Дар ин айём Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, Барнома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардида буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин радиф дар ҷаласаи фаъолони вилоят Барномаи давлатии вилоятии Соли 2017 - “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” қабул шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми хеш бори дигар таъкид сохтанд, ки ҷавонон ояндаи давлат мебошанд. Зикр доштанд, ки «ман аз ҷавонони даврони Истиқлол ифтихор мекунам». Дар ин замина соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, таъкид доштанд, ки ҷавонони имрўза аз ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд. ҷавонони вилоят ҷавобан ба ин ғамхорӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят роҳпаймоӣ, аксия ва дигар чорабиниҳоро доир намуданд.

Боиси сарбаландист, ки Президенти кишвар ба варзишгарон ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Мулоқоти Пешвои миллат санаи 20-уми декабри соли 2010 бо варзишгарон ва 27 майи соли 2016 бо Шўрои илмии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боис шуданд, ки қасрҳо ва толорҳои варзишӣ бунёд, варзиши миллӣ аз нав эҳё гарданд ва барои қадршиносии варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Н. Ғаффорӣ доир ба дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли равон қайд кард, ки тибқи нақшаи тақвими ягона варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба монанди баскетбол, дастхобонӣ, тэквандо, қаиқронӣ, бокс, вазнбардорӣ, намудҳои гўштини миллӣ, самбо, камонварӣ, варзиши сабук, шоҳмот ва ғайра 2929 нафар, аз ҷумла 390 нафар духтарон дар 75 мусобиқаи вилоятӣ ва 44 мусобиқаи байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дастгирии сарпарастон иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд.

Дар соли равон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ 1536 нафар варзишгарон иштирок карда, аз онҳо 470 нафар ғолиб, 505 нафар барандаи мақоми дуюм ва 561 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як силсила қарорҳо ва барномаҳоро барои мунтазам рушд ёфтани соҳаи варзиш қабул кард. Ҳанўз 18 ноябри соли 2011 нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани барномаҳои маҷмааи рушди тарбияи ҷисмонӣ барои солҳои 2011-2015 қабул шуда, бо ин мақсад беш аз 1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Таъсиси стипендияи Раиси вилоят барои 49 нафар варзишгарон, иштироки ду дастаи футболи вилоят дар лигаи олӣ, гузарондани беш аз 500 мусобиқаи вилоятӣ ва маҳаллӣ, иштироки онон дар чемпионатҳои байналмилалӣ шаҳодати он аст.

Дар ду соли охир беш аз 350 иншооти варзишӣ дар сатҳи вилоят қомат афрохта, бо ин мақсад 23 миллиону 425 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети вилоят ва сарпарастон масраф гардид. Дар натиҷа дар ин муддат 4 нафар устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 30 нафар устоди варзиши Тоҷикистон, 187 устоди варзиши дараҷаи якум ва 279 нафар номзад ба устоди варзиш шуданд.

Назира Ғаффорӣ дар баробари рушди соҳаи варзиш оид ба камбудиҳо низ нуқтаи назари хешро баён кард. Устодони соҳаи варзиш Усто Устопиров ва Акмал Қодиров таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар ҷамъбаст устоди варзиш Мирзомуҳиддин Қутбиддинов ба муносибати 70 - солагии мавлудаш ва гурўҳи калони варзишгарон, мураббиён ва сарварони мактабҳои варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ бо мукофот қадрдонӣ шуданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее