28 December 2016

Маҳфили Ганҷи сухан

Мо дар ҷаҳони имрӯз фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем.

Эмомалӣ Раҳмон, китоби тозанашри
Чеҳраҳои мондагор, Душанбе, 2016

Нишасти 146-умини маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Ноибректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов ҳозиринро ба маҳфил хайрамақдам гуфт.

Оид ба навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ, фаъолияти солонаи нашриёти Ношир, сармутахассиси шӯъбаи илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ромиз Абдулло баромад намуд. Аз зиндагинома ва фаъолияти кории номзади илмҳои физика ва математика, шодравон Ғафурҷон Усмонов, номзади илмҳои физика ва математика, декани факултети физика ва техника Раҳимҷон Назаров сухан кард. Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Доро Наҷот намунае аз шеърҳояшон қироат намуданд. Сипас, шеърхонии адибон ва сурудҳои ҳунарпешагон ба аҳли нишаст таассуроти хотирмон бахшид. Дар поёни маҳфил ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба маърӯзачиён ва фаъолони маҳфил супорида шуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Ҳақиқати Суғд

Читать далее

Кўдакон аз чӣ нороҳат мешаванд?

Саломатӣ барои ҳар як инсон хеле муҳим аст. Бо мақсади огоҳ намудан аз бемории стоматит, сабабҳои пайдоиш ва муолиҷаи он ба хонадагони гиромӣ маводеро пешкаш менамоем.

Стоматит-бемории илтиҳоб (варам)-и луобпардаи ковокии даҳон мебошад.

Сабабҳои асосии пайдоиши ин беморӣ занбўруғҳо, вирусҳо ва бактерияҳо мебошанд. Инчунин стоматитҳо метавонанд, дар натиҷаи таъсири воситаҳои доруворӣ пайдо гардида, аломати зуҳури бемориҳои гуногун низ мебошад.

Вобаста ба сабабҳои пайдошавӣ ва дараҷаи иллатнокии луобпарда 4 намуди ин беморӣ фарқ карда мешавад: стоматитҳои назлавӣ (катаралӣ), захмӣ, барфшакл (афтозӣ - ҳерпетикӣ) ва занбўруғӣ (ба забони русӣ молочниӣа) мегўянд. Барои он ки ҳар намуди он ба хонандагон равшантар эҳсос шавад, онро мухтасар шарҳ медиҳем:

- Стоматити назлавӣ бо пурхунӣ дар илми тиб гиперемия ном дошта, бо варамнокии луобпардаи ковокии даҳон, оби даҳонравӣ падидор мешавад. Стоматити захмӣ низ чун гиперемия бо варамнокии луобпардаи ковокии даҳон, оби даҳонравӣ ва инчунин дар луобпарда захмҳо пайдо мешаванд. Дар ҳолатҳои вазнинӣ захмҳо чуқур шуда, порашавии бофтаҳо инкишоф меёбад. Ҳангоми қабули ғизо дард пайдо мешавад. Ҳарорати бадан баланд, аломатҳои заҳролудшавӣ пайдо ва ғадудҳои лимфавии канорӣ калон мешаванд.

Ҳангоми стоматити назлавӣ аз рўи қоида танҳо муолиҷаи мавзеӣ гузаронида мешавад, ки аз коркарди луобпардаи ковокии даҳон бо воситаи зиддисептикӣ (маҳлули фурасилин 1:5000, ҷўшобаи пўсти дарахти булут, дамобаи бобуна, календула) иборат аст.

- Стоматити ҳерпетикӣ (афтозӣ - барфшакл) яке аз аломатҳои сирояти ҳерпетикӣ аст. Нишони падидории ин беморӣ гиперемия, варамнокии луобпардаи ковокии даҳон ва оби даҳонравӣ мебошад. Вазъияти умумӣ, ба монанди стоматити захмӣ буда, баланд шудани ҳарорат, аломатҳои заҳролудшавӣ, калон шудани ғадудҳои лимфавии мавзеӣ ба назар мерасанд. Дар луобпарда пай дар пай доғ, ҳубобча, барфакчаҳо (афтаҳо) пайдо мешаванд. Афтаҳо ба монанди доғҳои зарду сафед буда, нисбат ба луобпарда баландтар ҷойгир мешаванд. Миқдори афтаҳо гуногунанд (аз як-ду адад ё зиёда аз он) онҳо ба пайвастшавӣ майл доранд. Давомнокии ин беморӣ аз 7 то 10 рўз мебошад.

Дар муолиҷаи стоматити ҳерпетикӣ ҳатман дорувориҳои зиддивирусӣ таъин карда мешавад. (асикловир, малҳами оксалинӣ, интерферон).

- Стоматити занбўруғӣ. Ин намуди стоматит бештар дар кўдакони ширмак вомехўрад. Барфак низ ба монанди дигар намудҳои стоматит бо гиперемия, варамнокии луобпардаи ковокии даҳон, оби даҳонравӣ зоҳир мегардад. Дар луобпардаи лаби даҳон ва лунҷ ғуборпардаи сафед, ба монанди шири бурида пайдо мешавад. Дар кўдаки ширхор ҳолатҳои аз ширмакӣ рўй гардонидан ва бетоқатии кўдак ба назар мерасад.

Ҳангоми стоматити занбўруғӣ дорувориҳои зиддизанбўруғӣ таъин карда мешавад (нистатин, леворин). Ба сифати муолиҷаи ҷузъӣ маҳлули 2-фоизаи сода, метилени кабуд, натрий, тетраборатро истифода мебаранд.

Ҳангоми муолиҷаи бемории стоматит бо воситаи ғизои оқилона ва нўшокии бисёри витаминдор хеле муфид аст. Fизо аз ҷиҳати механикӣ, химиявӣ, термикӣ бояд эҳтиёткорона интихоб карда шавад. Ғизо ба шахси бемори стоматит бояд дар шакли моеъ ё ниммоеъи ширгарм дода шавад. Дар баробари ин бемор бояд аз хўрокҳои тез, тунд ва шўр худдорӣ намояд.

Мафтуна ШОКИРОВА,
омўзгори кафедраи
«Бемориҳои бачагона»-и
Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Суғд: 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон шуд

Бо қарори Раиси вилояти Суғд соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус  қабул карда шуд.

Дар ин бора зимни баргузории Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати  панҷум, ки имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуд, иттилоъ дода шуд ва вакилон қарори марбутаи Раиси вилояти Суғдро тасдиқ намуданд. Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни муаррифии барномаи мазкур таъкид дошт, ки мақсад аз эълони  «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» ин пеш аз ҳама дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ,  пешгирии касалиҳои сироятӣ ва ғайра ба ҳисоб рафта, дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Дастовардҳо назаррасанд, камбудиҳо ислоҳ шаванд!

Дар мактаби хусусии «Паймони азизон» ҷаласаи ҷамъбастии Рӯзҳои раёсати маорифи вилояти Суғд дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо иштироки директорони мактабҳо ва мудирони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид. Ҷаласаро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов дод.  

Сайфулло Раҳматов дар бораи ҳадафи баргузории рӯзҳои раёсати маорифи вилоят дар шаҳри Хуҷанд маълумот дода, зикр намуд, ки ҳайати гурӯҳи корӣ аз таи чанд рӯз аз мактаб ва кӯдакистонҳои шаҳр боздид карда, оид ба дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои мавҷуда фикру мулоҳизаҳои хешро пешниҳод намуданд.

Сипас, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа сардорони гурӯҳҳо Р.Алиева, А.Қурбонов, А.Солеҳҷонов, Б.Сарҳадов, М.Маъмурова, М.Ҷӯраева гузоришу пешниҳодҳои хешро перомуни муассисаҳои таълимӣ баён доштанд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ асосан ба масъалаҳои вазъи таълиму тарбия, саводнокии хонандагон, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, давомоти хонандагон, вазъи озмоишгоҳҳо, имтиёз ба омӯзгорони ҷавон, ҳолати толорҳои варзишӣ, натиҷаи корҳои хаттӣ, кори иттиҳодияҳои методӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон, аз таълим берун мондани хонандагон фаъолияти омӯзгорони ғайриихтисос, вазъи синфхонаҳои компютерӣ раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои ислоҳи камбудиҳо масъулинро муаззаф намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Истаравшан: АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо аст. Маҳз, аз ҳамин хотир сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими он вазифаи ҷонии тамоми халқи мамлакат мебошад. Дастоварди бузургтарини мо дар тўли 25 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабр ироа гардид, Пешвои миллат дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи кишвар ба соҳаҳои маорифу иҷтимоӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуданд.

Бояд қайд кард, ки соли равон дар соҳаҳои иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанг пешравиҳои муайян ба назар расиданд. Кулли сохторҳои соҳа дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ташаккули фазои мусоиди маънавӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Сохтори маорифи шаҳр 81 муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабиро дар бар гирифта, дар ёздаҳ моҳи соли равон ба масъалаи қабули духтарон ба зинаи сеюми таҳсил таваҷҷўҳи асосӣ равона гардид. Дар натиҷа ин нишондиҳанда дар шаҳру деҳот ба 95,5 фисад расонида шуд.

Аз ин ҷост, ки соли ҷорӣ, тибқи маълумотҳо, аз шаҳру деҳоти Истаравшан 1969 нафар, аз ҷумла 854 духтар, аз онҳо хатмкунандагони соли таҳсили 2015-2016 1615 нафар буда, аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои пешин 354 нафар ба унвони донишҷўӣ соҳиб гардиданд. Чун ҳамасола тибқи квотаи Президентӣ 20 нафар хатмкунанда ба донишгоҳҳои олии кишвар барои идомаи таҳсил дохил гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар коллеҷи тиббии шаҳр 1060 донишҷў, аз он 895 нафар духтар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 182 нафар омўзгори соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.

Дар муассисаи таълимии коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр аз рўи 10 ихтисос, аз ҷумла ҳунарҳои заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, сохтани армуғонҳо аз чўб, гаҷкорӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, зардўзӣ ва кашидадўзӣ-гулдўзӣ 369 нафар донишҷў ҳунар меомўзанд ва 42 нафар омўзгору ҳунарманди мардумӣ ба онҳо таълим медиҳанд.

 Боиси ифтихор аст, ки сол то сол сафи донишҷўён аз минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон барои омўхтани касбу ҳунарҳои миллӣ меафзоянд. Ҳоло дар коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ донишҷўён аз шаҳрҳои Хоруғ, Кўлоб, Ваҳдат, Панҷакент ва аз ноҳияҳои Варзоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Рашт, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ва дигар шаҳру ноҳияҳо илму ҳунар омўхта истодаанд.

Бо мақсади тақвияти сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1 адад таҷҳизоти нафаси сунъидиҳанда ба маблағи 25000 сомонӣ, 1 адад таҷҳизоти ултрасадоӣ ба маблағи 26000 сомонӣ ва ба маблағи 42700 сомонӣ таҷҳизоти ёрирасон дастрас гардид.

Дар ин давра маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ва дигар барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ 105,2 фисад таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади солимгардонии аҳолӣ ва истироҳати бофароғати мардум осоишгоҳҳои муосири «Авис-сити», «Авитсенаи Истаравшан» «Ўротеппа» ва «Ҳавотоғ» фаъолиятро бомаром идома дода истодаанд.

Дар самти кишоварзӣ 18 ҳазору 115 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, ки аз ин 1973 нафарашон раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд.

Айни ҳол 52 нафар занону духтарони шаҳри Истаравшан дар рўихати захираи кадрҳои роҳбарикунанда қарор доранд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 дар шаҳр 145 нафар занону духтарони хонанишин мувофиқи талаботи бозори меҳнат ба омодагии касбӣ дар заминаи филиали «Маркази таълимии калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Истаравшан, Литсейи касбӣ-техникии №14, марказҳои таълимии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ баҳри омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда шуданд.

Мардуми Истаравшан тасмим гирифтаанд, ки дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати серҷабҳаву ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои мавҷударо баҳри густаришу вусъати дастовардҳо, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамоянд.

Нигора ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Истаравшан

Читать далее