22 December 2016

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Читать далее

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2016

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Давраи сипаришуда барои мардуми вилоят басо хотирмон буд, зеро меҳнаткашони вилоят баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани арзишмандтарин дастоварди халқи тоҷик - ҷашни таърихии миллат – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ дода, дар фазои рўҳафзои идона ва бо дастовардҳои назаррас ин рўзи таърихиро истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Ҳадафҳои барнома амалӣ мегарданд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мақолаи танқидиро таҳти унвони “Оҳи дили мардуми Шӯробро кӣ мешунавад?”, ки дар шумораи 122–юми рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ба табъ расидааст, дар ҷаласаи назди раиси шаҳр бо ширкати масъулони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони муассисаҳои хизматрасонии шаҳр, сарварони Ҷамоати шаҳраки Шӯроб ва корхонаву ташкилотҳои дар ин шаҳрак фаъолиятдошта мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дод.

Дар иртибот ба ваҷҳҳои пешовардаи муаллиф бобати мавҷудияти камбудию норасоиҳо дар ҳаёти мардуми Шӯроб бояд қайд намуд, ки, мутаассифона, ин мушкилот воқеиянд ва омилҳои асосии бавуҷудойии онҳо аслан ба нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта иртибот доранд.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти шаҳри Исфара бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор солҳои охир бо мақсади ҳалли масъалаву муаммоҳои дар шаҳрак ҷойдошта тадбирҳои муайянро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи амалигашти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 “Оид ба барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳраки Шӯроб барои солҳои 2011-2015” як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд, аммо бинобар норасоии маблағҳои зарурӣ ҳамагӣ 32 дарсади нақшаи барномавӣ иҷро шудаасту халос. Умед ҳаст, ки минбаъд бо ҷудо гардидани маблағ ҳадафҳои барнома доир ба таъмини пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳрак ба таври мусбӣ амалӣ мегарданд.

Дар иртибот ба зарурати иҷрои барномаи зикргашта чанде қабл мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе ба Шӯроб омада, барои таҳияи нақшаи генералии шаҳрак корро оғоз намуданд. Дар сурати аз тарафи коршиносони соҳаҳои гуногуни шаҳрсозӣ баҳогузорӣ шудани лоиҳа ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани он эътимод дорем, ки шаҳрак боз ҳам ободтар ва сокинонаш аз муаммоҳои мавҷуда раҳоӣ хоҳанд ёфт.

Тавре дар мақола зикр гардидааст, мушкилоти аввалиндараҷаи аҳолии Шӯроб норасоии оби нӯшокӣ маҳсуб меёбад. Зеро бо сабаби он, ки ба шоҳқубури хатти оби нӯшокии “Ворух-Шӯроб” тайи даҳсолаҳои гузашта қисме аз сокинони деҳоти Воруху Хоҷаи Аъло ва чандин деҳоти ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон худсарона ҳамроҳ шудаанд, вазъи дастрасии об ба шӯробиҳо ногувор гаштааст.

Бо назардошти чунин ҳолат сохтмони хатти нави оби нӯшокии “Чорқишлоқ-Сурх-Шӯроб” оғоз шуда, алҳол корҳо дар ин самт идома доранд ва ҳамзамон, бо ба истифода додани иншооти мазкур муаммои таъминоти шаҳраки Шӯроб бо оби нӯшокиву полезӣ ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Дар алоқамандии хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон бояд қайд намуд, ки то дирӯз фосилаи равуои микроавтобусҳо дар хатсайри “Исфара-Шӯроб” 40 дақиқаро ташкил медод ва шурӯъ аз моҳи декабр он ба 30 дақиқа табдил дода шуд.

Вобаста ба хатсайри “Шӯроб-Чоркӯҳ” зикри онро ҷоиз медонем, ки роҳи рафтуомади нақлиёт аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон баста шудааст ва ин масъала танҳо тавассути мувофиқаи тарафайн дар сатҳи роҳбарияти ҳукуматҳои ҳар ду кишвар метавонад, ҳаллу фасли хешро ёбад.

Ҳамин зайл, муаммову мушкилоти сокинони шаҳраки Шӯроб аз мадди назари роҳбарияти шаҳри Исфара дур нест ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамеша саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо истифода аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вилояти Суғд ва имкониятҳои дохилии маҳаллӣ баҳри ободонии минбаъдаи шаҳрак, осон гардидани мушкилоти сокинони он тавассути тақвият бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба талаботи рӯз мувофиқ намудани фаъолияти инфрасохторҳои шаҳрак тадбирҳои муҳиму чорасозро амалӣ намояд.

Ҷаъфар ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Исфара

Читать далее

Эъҷози алла

Санаи 7-уми ноябр, яъне дар рўзи Театри тоҷик санъаткорони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба мухлисони худ намоишномаи нави «Алла»-ро пешкаш карданд. Ин драма аз ду қисму чаҳор намоиш иборат буда, ба қалами драматурги номии тотор Тўфон Минуллин тааллуқ дорад.

Асари саҳнавии мазкурро сарреҷиссёри театр Қурбон Бобоҷонов таҳия кардааст. Саҳнаҳоро барои намоишномаи нав саррассоми театр Fуломҷон Қосимов оро додааст. Нақшҳои асосиро дар спектакл ҳунарпешаҳо, Аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифа Fафурова, Сурайё Хўҷаева, Озода Аҳадова, Моҳира Қандова ва Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Абдушукурова офаридаанд. Дар нақшҳои эпизодӣ бошад, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Тўйчиева, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳодат Ҷўраева, ҳунарпешаҳо Насиба Каримова ва Шаҳноза Юсуфова ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳар як саҳнае, ки ин ҳунармандон дар он нақш меофаранд, хеле пандомўз аст, чунки онҳо масъалаи умдатарини ҷомеа-лавҳае аз ҳаёти иҷтимоии занро бо ҳама паҳлўҳояш ба тамошобин нишон медиҳанд ва зимни он ғам мехўранд, шодиву фараҳмандияшонро зоҳир менамоянду бинандаро ба ҳаяҷон меоранд.

Оре, дар ин намоишнома маҷмўи масъалаҳои иҷтимоии зан ба назар мерасад, ки он ба ҳамаи қавму миллатҳо дахл дорад. Серфарзандӣ, безурётӣ, фарзандталабӣ ва ниҳоят аз тифли навзоди худ даст кашидани зан, ки ин намоишнома ҷузъиёти онҳоро инъикос менамояд, касеро бефарқ намегузорад.

Нақши Гулфинаи серфарзандро, ки тифли дувоздаҳумашро таваллуд кардааст, ҳунарпеша Орифа Fафурова меофарад. Дар симои ў Гулфина як зани деҳотии зиндагидўст, меҳнатӣ, хайрхоҳ, нисбат ба аҳли оилаву фарзандонаш мушфиқу ғамхор менамояд. Дар айни замон, Гулфина ба ҳар як беадолативу бешафқатӣ, ки аз ҷинси латиф зоҳир мегардад, оштинопазир аст. Бинобар он, вақте ки Дилеммаи фарзандбезор аввал ба тифли навзодаш бо ҳар баҳона шир намедиҳад ва ниҳоят аз вай даст мекашад. Гулфина бо панду насиҳат оқибати ноҳинҷору бади ин кору рафторашро ба ин ҷавонзан фаҳмонданӣ мешавад, вале чун мебинад, ки суханҳояш ба Дилеммаи хунсард таъсире намебахшад, он гоҳ ба вай кинояи сахту нешдоре мезанад ва дар натиҷа байни ҳар ду моҷарои тезутунде ба амал меояд.

Нақши Дилеммаро ҳунарпеша Сурайё Хўҷаева офаридааст. Дар иҷрои ў Дилемма ҷавонзани эркатулфору якрав, худпарасту беадаб аст. Сурайё Хўҷаева дар аксар лаҳзаҳои намоишнома хомўшонаву бесухан ба тамошобин маъниҳои зиёдеро, аз он ҷумла хислатҳои бади Дилемма, ба монанди бешафқатию дилсангӣ, хунсардиву сабукандешигияшро ба хубӣ изҳор менамояд, ки ин далели рўз то рўз сайқал ёфтани малакаву маҳорати касбии ҳунарпеша мебошад.

Нақшҳои Олтинчочи яккаву танҳо, ки чашмдори шавҳаршавандааш ё ягон хешовандаш мебошад ва Валентинаи бо тифли нахустини деринтизору хуштолеъро ҳунарпешаҳо Озода Аҳадова ва Моҳира Қандова бо ҷидду ҷаҳд ва маҳорати хосса офаридаанд. Нақшҳои Нина дар иҷрои ҳунарпеша Шаҳодат Ҷўраева, Вазифа дар иҷрои Шаҳноза Юсуфова, Римма дар иҷрои ҳунарпеша Зулфия Тўйчиева табииву хотирмон ҳастанд. Алалхусус, нақши Зани ношинос, ки онро ҳунарпеша Насиба Каримова офаридааст, хеле ҳаяҷонангезу риққатовар аст. Дар лаҳзае, ки зани ношинос дар пеши духтур Айзара Аҳадовна (офарандаи ин нақш ҳунарпеша Малоҳат Абдушукурова) ба зону афтода, лобаву зорӣ мекунад, дар назари ҳар бинанда як ҷавонзани безурёти бахтбаргашта, аз кардааш пушаймону дар тангнои рўзгор ноилоҷмонда ҷилвагар мегардад, ки ин аз ҳунари хуби офарандагии Насиба Каримова дарак медиҳад. Ў, дар ҳақиқат, дар офариниши чунин нақшҳо маҳорати чашмгире дорад. Тамошобинон ҳоло ҳам дар хотир доранд, ки дар намоишномаи «Дўстиро ҷустуҷў дорем мо»-и Атахон Сайфуллоев ин актрисаи хушсалиқа нақши фаррошзан Қуроқхоларо хеле дилрабову хотирнишин офарида буд.

Дар рафти намоиши драмаи мусиқии «Алла» якчанд маротиба суруди алла бо забонҳои гуногуни мардуми дунё танинандоз мешавад, ки он рамзу нишони бузургии модар ва шукўҳу шаҳомати ўст. Оре, модар ва аллаи ў ба олам ишқу муҳаббат, раҳму шафқат, амну осоиш, рўзгори хушу хуррам ва зиндагии бардавом ато мекунад. Ин аст эъҷози меҳри модар ва аллаи ў…

Қабл аз намоиши драмаи мазкур эҷодкорони театр мазҳакаи «Қалби зан»-ро ба тамошобинони худ пешкаш карда буданд. Ин асарро драматурги ўзбек Эркин Хушвақтов навиштааст ва мавзўи он оилаву оиладорист. Одатан, чун аз ҳаёти оилавии хушдоману арўс сухан меравад, дар хаёли бисёриҳо хушдомани рашкманшаву иззатталаб ва арўси аз ҷабру ситами вай бадодомада ҷилвагар мешаванд. Аммо дар намоишномаи «Қалби зан» симои хушдоману арўс тамоман дигар аст. Дар ин спектакл хушдоман як зани ҳалиму меҳрубон, ғамхору ҳолдони келини худ мебошад. Арўси ў низ нисбат ба хушдоманаш хайрхоҳ, дилҷў ва хидматгузор аст.

Лекин рўзе мешавад, ки на арўс, балки шавҳари худи ин зан бо рафтору кирдори ноҷояе хушдоманро ба шўр меорад, сахт меранҷонад ва дар ин рўзгори чун асал ширини ин хонадон чанд фурсат айши ў хеле талх мегардад…

Драматургияи асар, ба қавли Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева, хеле нозуку аҷоиб аст ва он тамошобинро ҳар лаҳза ба ваҷд меорад. Бо вуҷуди он, ки намоишнома дар мўҳлати хеле кўтоҳ аз ҷониби Қурбон Бобоҷонов таҳия шудааст, таҳиягар бо гурўҳи хубу мувофиқи ҳунармандон онро рўйи саҳна овардааст. Дар ҳунарнамоии санъаткорон ягон сохтакорие нест, ҳамаи онҳо нақшҳои худро содда, самимӣ ва аз таҳти дил офарида тавонистаанд.

Дар нақши Тоҳир – падари хонадон, ронандаи собиқадор Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ашўров ниҳоят хуб ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ҳаракату гуфтори ў оташаке ниҳон аст, ки тамошобинро ҳар лаҳза ба ҳаяҷон меорад. Нақши завҷаи вайро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Юлдошева ба таври бояду шояд офаридааст. Дар симои ў Зўҳро, хушдомани ин оила як зани оддиякак, вале бомаърифат, рўзгордор, меҳрубону ғамхор, насиҳатгару раҳнамои аҳли хонадон таҷассум гардидааст ва дар айни замон, дар ботину замири ин зан гоҳе мавҷи норизоиву армонҳо туғён мекунад, ҳарчанд ки худро дар моварои шавҳару фарзандон хушбахт мепиндорад. Ин эҳсосоти вайро воқеаи бо дастагули «партова» ҳадя кардани шавҳараш ошкору фош месозад.

Ҳунарнамоии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Хўҷаева мазмуну мундариҷаи намоишномаро ғанитар гардонида, руҳияи мазҳакавии онро меафзояд. Дар ҳақиқат, дар иҷрои вай Муҳаббат - духтари эркатулфори ин хонадон, ки аз шавҳари майзадааш ба дод омадааст, ниҳоят самимиву боварибахш ба ҷилва меояд.

Нақши Мурод – писари ягонаи хонадонро Аълочиёни фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Султонов ва Шукўҳ Иброҳимов иҷро кардаанд. Темурҷон Султонов агарчи дар саҳнаи ин театр бори нахуст нақши асосиро бозида бошад ҳам, бо қаду басти расо, нутқи бурро кўшиши зиёде ба харҷ дод, ки нақши Мурод ба тамошобин писанд ояд.

Ҳунарпеша Шукўҳ Иброҳимов низ ин нақшро ба таври худ, бо обуранги хосса ба тамошобинон манзур кард.

Нақши Лайло – наварўси оиларо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Аҳадова хеле хуб офарид. Дар иҷрои ў наварўси хонадон Лайло як ҷавонзани зебову фаттон, боғайрат, худкор, зиндагидўст ва ғамхору меҳрубони шавҳар ва хушдомани худ мебошад.

Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки саҳнаҳои ҳар ду спектаклро саррассоми театр Fуломҷон Қосимов бо завқи баланд ва дараҷаи дилхоҳи касби рассомӣ оро додааст ва он ба руҳия, ғоя ва талаботи таҳиягари асар созгоранд.

Ҳам мазҳакаи «Қалби зан» ва ҳам драмаи мусиқии «Алла» саршори бозёфтҳои эҷодии реҷиссёр ва ҳунармандони театр мебошад. Бинобар он сафи тамошобинони талабгори ин намоишномаҳо рўз то рўз афзуда истодааст. Ин спектаклҳоро аллакай мухлисони зиёди асари саҳнавӣ бо шавқу завқи афзун тамошо кардаанд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ду-се соли охир Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо сарварии Абдуҷамил Раҳимов ва сарреҷиссёри он Қурбон Бобоҷонов ба туфайли чунин намоишномаҳои хубу марғуб ва барномаҳои консертии тамошобоб ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудааст ва обрўву эътибори он торафт меафзояд. Чанде пеш Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев дар оғози нахустнамоиши яке аз спектаклҳо бо ҷомеаи меҳнатии театр вохўрда, ба санъаткорон муҷда расонд, ки дар мушовараи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар байни қариб бист театри касбии ҷумҳуриамон яке аз беҳтаринҳо ҳисобида шуда, он бо Дипломи Вазорати фарҳанг мушарраф гаштааст ва сарреҷиссёри театр Қурбон Бобоҷоновро бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мукофотонидаанд.

Сайидамин ҶИЛО,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее