16 December 2016

Ҷавонон ҷонибдори Пешвои миллат

Дар муассисаи таълимии №20-и деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич бо ҷонибдорони фаъоли НТҶҶ «Созандагони Ватан» мулоқот баргузор гардид, ки дар ҷараёни он рафти донишомӯзӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷрокунандаи вазифаи ин ташкилот дар ноҳияи Деваштич Сарвар Саидов изҳор намуд, ки барои посдории фарҳанги аҷдодиамон ҳар яки мо, ҷавонони бо нангу ор бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон равона шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем.

Мутаассифона, имрўзҳо нафароне ҳастанд, ки гумроҳе шудаанд барои ноором кардани Ватан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва бо ин амали ношоиста шомил мешаванд онҳоро ба сўи ҷинояткорӣ равона менамояд. Ин ашхос фирефтаи хоҷагони хориҷӣ гардидаанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас имкон медиҳад, ки ҷавонон бо ақли солим роҳи ҳаётро интихоб намоянд. Барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона муборизаи дастаҷамъона зарур аст, то сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор нагардад.

Дар охир хонандагон аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуда, барои рушду тарақиёт ва содиқона хизмат намудан ба Ватан-Модарро қарзи аввалиндараҷаи худ ҳисобиданд.

Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси таблиғоту
иттилооти КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Нодир Турсунзода

Турсунов Нодир Толибович

9-уми июли соли 1989 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2006 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-уми зодгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамон сол ба бахши рўзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудааст. Аз давраи донишҷўӣ (соли 2010) то инҷониб дар рўзномаи вилоятии «ҳақиқати Суғд» ба ҳайси хабарнигор фаъолият бурда истодааст.

Соли 2014 Турсунов Нодир дар озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рўзноманигорӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Ҳамчунин, соли 2015 дар озмуни «Хомаи созанда», ки бо ибтикори Раиси вилоят тўли се сол аст, ки баргузор гардида истодааст сазовори ҷойи намоён гардидааст.

Айни ҳол аспиранти соли сеюми Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар мавзўи «Шеъри муқовимат дар адабиёти муосири тоҷик» ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул аст.

Читать далее

Шоири сапедасаро

Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Доро Наҷот маҳфилӣ адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Шоири сапедасаро» баргузор гашт.

Дар маҳфил аҳли илму адаби вилоят ва алоқамандони шеъри ноби Доро Наҷот ҳузур доштанд.

Маҳфилро сарвари китобхона вилоятии омавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҳамоиши шеъру ишқ хайрамақдам гуфт. Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод Доро Наҷотро ифтихори адабиёти муосири тоҷик унвон карда, баргузории ин маҳфилро аз саодати камназири ҳаводорони шеър донист. Ў хотироти хешро дар мавриди дӯстиву ҳамкорӣ бо устоди шеъри сапеди тоҷик ёдрас шуда, ба шоир саломатӣ ва қалами сабз таманно намуд.

Мудири кафеди умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Салоҳиддин Вайдуллозода роҷеъ ба «Ташреҳи калимаҳои лаҳҷавӣ дар «Фарҳанги Доро»» натиҷаҳои омӯзиши илмии хешро баён дошт.

Шоири ширинкалом Суруш дар баромади хеш андешаҳояшро дар мавриди шеъри Доро Наҷот баён дошта, таъкид намуд, ки Доро Наҷот дар осмони адабиёти тоҷик ситораи рахшон мебошад.

Дар мавриди «Ҷойгоҳ ва сайри воҷагон дар шеъри Доро Наҷот» дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Баҳром Мирсаидов андешаҳои ҷолиберо баён дошт.

Адабиётшинос Атахон Сайфуллоев, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, шоири ширинбаён Озарахш низ ҳарфи муҳаббату самимият ва иродати хешро ба шахсият ва ашъори Доро Наҷот иброз доштанд.

Қироати шеърҳо аз осори Доро Наҷот таъби ҳозиринро болида сохт.

Дар интиҳо Доро Наҷот муҳаббат ва саммимияти хешро ба аҳли нишаст иброз дошта, ёдрас шуд, ки Хуҷанди бостонӣ шаҳри ҷавониҳои ӯст ва ӯ ошиқи ин  шаҳр аст.

Сурайё Ҳакимова

Читать далее

Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ

Инак, фасли зимистон дар кишвар ҳукмронӣ дорад. Имрўзҳо дар мағозаву бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят нархи сабзавоту маҳсулоти полезии тару тоза болотар шудааст. Оё дар фасли зимистон деҳқонони мо имконият доранд, ки фаъолияти гармхонаҳои худро устувортар намуда, ба мардум ин намуди маҳсулотҳои босифату нархаш дастрасро пешкаш намоянд? Оё фаъолияти имрўзаи гармхонаҳои дар шаҳру ноҳияҳои вилоятбуда имконияти таъминоти мардумро дар зимистон бо маҳсулоти тару тоза доранд?

Ба ин суолҳои мо Мухтор Тоҷиев - мутахассиси шўъбаи иттилоот ва машварати Сарраёсати кишоварзии вилоят чунин посух гуфт:

- Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва дастрасии ҳарчи бештари маҳсулоти ниёзи аввал дар тамоми фаслҳои сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Имрўзҳо новобаста аз фасли сармо дар гармхонаҳо, хоҷагиҳои шаҳру навоҳии вилоят парвариши сабзавоти гуногун ва лимў ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва нархҳои дастрас мебошад.

Алҳол дар шаҳру навоҳии вилоят аз 389 гармхона 328 ададаш фаъолият намуда истодааст, ки аз онҳо 138 - тоаш намуди хитоӣ буда, дар маҷмўъ масоҳати гармхонаҳо 23,1 гектарро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ зиёдтар аст.

Имрўзҳо дар гармхонаҳои вилоят деҳқонон дар масоҳати 5,7 гектар помидор, 5,6 гектар бодиринг, 0,4 гектар қаламфури булғорӣ, 0,5 гектар сирпиёз, 4,1 гектар кабудӣ ва 6,7 гектар лимў парвариш намуда истодаанд. То 14 декабр аз гармхонаҳо ба мағозаву бозорҳои кишвар 79,4 тонна маҳсулоти тару тоза, аз қабили помидор - 8,3 тонна, бодиринг 19,3 тонна, кабудӣ- 27,5 тонна, қаламфури булғорӣ - 0,4 тонна ва лимў - 24 тонна пешкаш намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ истеҳсоли маҳсулот без аз 20 тонна мебошад.

Дар ин самт заҳмати деҳқонони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов назаррас аст. Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров алҳол 100 гармхона фаъолият дошта, аз он 71 - тоаш сохти хитоӣ буда, дар маҷмўъ масоҳати умумии гармхонаҳо 9,91 гектар мебошад. Масоҳати гармхонаҳои имрўз киштшудаи ноҳия 9,56 гектарро ташкил медиҳад, ки дар онҳо аз қабили помидор дар - 2,08 га, бодиринг - 3,13 га, қаламфури булғорӣ - 0,03 га, кабудӣ - 1,59 га ва лимў - 2,73 га парвариш намуда истодаанд. Аллакай деҳқонони ноҳия аз гармхонаҳои худ ба сокинони вилоят ва берун аз он зиёда аз 28 тонна маҳсулот, аз ҷумла бодиринг – 7,5 тонна, помидор 0,8 тонна, кабудӣ -11,5 тонна, қаламфури булғорӣ - 0,3 тонна ва лимў- 8,1 тонна пешкаш намуданд, ки маҷмўи маҳсулоти истеҳсолшуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 10 тонна зиёд мебошад.

 Инчунин, то ин дам дар гармхонаҳои ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ деҳқонон бештар сабзавоту маҳсулоти полезӣ, аз қабили помидору бодиринг истеҳсол намуданд. Боварӣ дорам, ки дар дигар гармхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят низ деҳқонон дар ин самт фаъолияташонро ҷоннок менамоянд, то бештар маҳсулоти ниёзи аввал ва сабзавоти тару тозаро рўёнда, пешкаши дастархони мардум дар Соли нав гардонанд,- иброз намуд Мухтор Тоҷиев.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мусодираи наздик 83000 адад маводи пиротехникӣ

Истифодаи «хлопушка» ё худ маводи тарфгарӣ имрўзҳо, ки арафаи Соли нави милодист, бештар ба назар мерасад.

Аксарияти бачагону ҷавонон истифодаи хлопушкаро барои худ манбаи хушгузаронии вақт ё худ барои пешвоз гирифтани Соли нави милодӣ медонанд. Аммо атрофиёни хешро фикр намекунанд, ки ба торҳои асаби онҳо чӣ гуна зарар мерасонанд. Бештар шабонгоҳ ин маводи тарканда истифода бурда мешавад, ки аксарияти сокинон дар ҳоли истироҳат ва кўдакон бошанд, дар хобанд. Бо садои баланди чандин хлопушка сокинон нороҳат мешавад, кўдакон бошанд, метарсанд.

Чунин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, соли 2008 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҳамон сол инҷониб мувофиқи моддаи 199 эзоҳи 1, қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)» ворид намудани он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин модда гуфта шудааст, ки ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ба миқдори начандон калон манъ мебошад. Имрўзҳо аксарияти шахсони воқеӣ барои фоида ба даст овардан ба воридоти чунин мавод машғул ҳастанд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд то аввали моҳи декабри соли равон 4 ҳолати ғайриқонунӣ ворид намудани маводи тарфгарӣ ошкор ва дастгир шудааст. Дар натиҷа, маълум гардид, ки шахсони воқеӣ мехостанд, 38 422 адад маводи пиротехникиро ба фурўш бароранд. Аз ин миқдор 38 000 навъи «хлопушка» ва 422 адади онро навъи «оташпора» ташкил медиҳад. Барои чунин ашхос мутобиқи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ин марказ чунин маводҳо аз кишвари Қирғизистон ворид карда мешавад. Аксарияти чунин муомилоти ғайриқонунӣ дар сарҳад рух медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иттилоъ медиҳад, ки дар арафаи Соли нав кормандони раёсат 4 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро ошкор намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори 44 530 адад мусодира карда шуд. Чунин амали бар хилофи қонун анҷомдодаро чор нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров анҷом додаанд.

Чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ, яъне ворид намудан ва ба фурўш баровардани онро танҳо барои манфиати шахсии худ истифода мебаранд.

Дар маҷмўъ, дар арафаи Соли нави милодӣ аз ҷониби кормандони ин Раёсатҳо ба миқдори 82 952 адад маводҳои тарфгарӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее