13 December 2016

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР

Мавзӯи маориф доманадору бисёрпаҳлӯ ва ин соҳа зуҳуроти мураккаб ва пурпечутоб ба ҳисоб меравад.

Масъалаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад ва ба шарти таваҷҷўҳи хосаи ба сиёсати дуруст такя мекарда метавонад пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин намояд, масъалаҳоро марбут ба ҳама  соҳаҳои хаёти ҷамъиятӣ ҳал намояд.

Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад.

Бо ҳидояти роҳбари бохиради кишвар маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардид. 

Бо такя ба андешаҳои Сарвари давлат кӯшиш менамоем заминаҳои роҳандозии сиёсатро нисбати мавқеъ ва накши маориф дар ҳаёти ҷомеа маънидод намоем.

1. Воқеияти рӯз, ки дар пешрафти илму техника, фарҳангу маънавиёт ҷомеаи инсонии асри 21 инъикоси худро ёфтааст.

      - Замони мо, - таъкид менамоянд Президенти кишвар, - замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ нерӯи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

2. Тазодҳои ҷаҳони имрӯза, ки равандҳои устувори ҷомеаро дар роҳи таъмини ҳаёти осоиштаю шоистаи халқҳо халалдор намуда, ҷомеаи инсониро зери хатари фаношавӣ мегузоранд.

       - Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки – илова менамоянд Сарвари давлат, - замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад. Суръати густариши онҳо ба ҳаддест, ки имрӯз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад.

3. Арзишҳои умумибашарӣ - ҳифзи онҳо аз ҳарвақта бештар муҳимият пайдо кардаанд, зеро инсон ҳамеша бо маънавиёт ва фарҳангу маърифат, яъне сифатҳои фитрии инсон ба ҳисоб мераванд зиндаву пойдор буд.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин ҳақиқат қайд намудаанд:  «Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад».

4.  Идомаи анъанаҳои таърих, фарҳанги миллӣ, ки дар ҳама давру замон муаррифкунандаи халқи тоҷик буд.

Ин заминаро Роҳбари кишвар чунин маънидод кардаанд: «Таҷриба ва мероси бузургони гузаштаи мо, бидуни шак, таҷаллии барҷастаи ин рисолати наҷиб ва таърихӣ буда, корномаи онҳо саҳми бузурге дар раванди бепоёни инсонсозӣ ва маънависозии ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад.

Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштаанд, ки инсон падидаи тарбиятӣ мебошад. Ташаккул ва такомули ҳақиқии инсон раванди пайгир ва огоҳонаи рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иҷтимоист».

5. Зарурияти тарбияи замонавии аҳли ҷомеа, ташаккули шуур ва иродаи созанда, омодагии доимӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлатию миллӣ дар онҳо.

Барои маънидоди ин тақозои зиндагӣ аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқтибоси муфассал меорем:

«Ҳаёт тақозо мекунад, ки мо имрӯз қудрати шинохти мазмуни аслии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоиро доро ва ба кушодани гиреҳҳои печида, мушкилоти умдаи рӯз ва равшансозии роҳи ояндаи худ қодир бошем. Чунин шинохт дар асл омили асосии таъмини сатҳи матлуби худшиносиву худогоҳӣ ва муҳити солими иҷтимоӣ мебошад.

Бидуни чунин худшиносӣ ва худогоҳӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид».

6. Таъмини нақш, мақом ва мавқеи устувори кишвар дар байни кишварҳои олам, ба иштирокчии баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ табдил додани мамлакат.

Боз руҷӯъ мекунем ба андешаҳои Роҳбари давлат: «Мо танҳо роҳу равишеро, ки хоси мо ва ҷавобгӯйи манфиатҳои милливу давлатии мо нест, қабул намекунем. Роҳу равиши мо аллакай муайян аст, ки он эҳёи тозаи миллати куҳанбунёди мо ва таҳкими давлатдории тоҷикон дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва бо назардошти комёбиҳои ҷаҳони мутамаддин аст. Агар соддатар гӯем, ҳар арзише, ки ба манфиати миллату давлати мо ва ояндаи мост, қабул дорем.

Дар баробари ин, мо арзишҳои миллии худро бо таҷрибаю дастовардҳои навамон ҳифз мекунем, таблиғу ташвиқ менамоем ва ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ омодагии худро дар ҳалли проблемаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эълон дошта, кӯшиш мекунем, ки минбаъд низ саҳми арзандаамонро ба тамаддуни башарӣ ҳамроҳ намоем.

Аз ин лиҳоз ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад».

7. Ҳадафҳои таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва бақои миллату давлат.

     - Бинобар ин, зарур аст, ки - фармудаанд Пешвои миллат, - дар  зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатҳи саросарии миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсат дар соҳаи маориф ба роҳ монда шуд, ки дар якчанд самт  амалӣ гашт:

  1. Муайян намудани Стратегияи давлат дар соҳаи маориф.
  2. Муҳайё намудани заминаҳои ҳукуқии мавҷудият, фаъолият ва рушди маориф.
  3. Таҳаввулоти куллӣ дар муносибати ҷомеа ба соҳа.
  4. Ба роҳ мондани маблағгузории кифоя ва мустаҳкам намудани заминаҳои иқтисодии соҳа.
  5. Ҳамчун натиҷаи иҷрои 4 банди аввал баланд бардоштани сифат ва дараҷаи таълиму тарбия.

Барнома ва консепсияҳои муҳими давлатии қабулгардида, барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кории олимону омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани самти 3 аз ҷониби Роҳбари давлат кори доманадори фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд. Маориф кори умумихалқӣ эълон гардидааст. Дар ин маврид эшон аз ҷумла фармудаанд: “Дар тамоми дунё кормандони динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ходимони калисоҳо ва дигар ташкилотҳои динӣ аз ҳисоби кӯмакҳои хайрияе, ки аз созмонҳои гуногун ва шахсони алоҳида ҷамъ меоянд, ба сохтани мактабҳо, дармонгоҳҳо, шифохонаҳо ва расонидани ёрии башардӯстона ба шахсони мӯҳтоҷ машғуланд. Дар кишвари мо низ чанд сол пештар ҳама машғули масҷидсозӣ буданд. Оё намешавад, ки ходимони масҷидҳои мо ва кормандони ташкилотҳои динӣ чунин амалҳои некро, мисли ходимони динҳои дигари ҷаҳонӣ анҷом диҳанд ва ҳадди ақал ба мактабҳо кӯмак расонанд ва синфхонаҳои компютерӣ ташкил намоянд. Зеро мартабаи дониш дар дини мубини ислом бисёр баланд аст ва Пайғамбари ислом низ дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст, ки зи гаҳвора то гӯр дониш омӯз».

Мавқеи Пешвои миллати тоҷик ба таҳаввулоти амиқ дар руҳияи мардум боис гашт. Муносибат ба мактаб ҳамчун боргоҳи маърифат дар кишвар ва аз ҷумла дар вилояти мо куллан тағйир ёфта, сохтани иншоотҳо ба таври ҳашар ва бо маблағи сарпарастон ба ҳаракати оммавӣ табдил ёфт.

Акнун руҷўъ менамоем ба далелу рақамҳо:

Соли 2000 ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 млн сомонӣ маблағ равона гардида буд. Соли 2003 маблағҳои ба соҳа равонашуда аллакай ба 120 млн сомонӣ расид. Соли 2006 ин рақам ба 336 млн сомонӣ, соли 2007 – 506 млн, соли 2008 – 690 млн,  соли 2009 – 1.070 млн, соли 2013 2.13 млд ва соли 20 ба 163 млд 150 млн сомонӣ баробар гардид.

Маблағхо дар навбати аввал барои баланд бардоштани маош, кўмакпулиҳо ва таъмини шароити зисти кори омўзгорон ва дигар кормандони маориф нигаронида шуда бошад, тадриҷан барои мустаҳкамкунии заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилотӣ низ ҳиссаи муайян ҷудо карда шуд.

Боз ба рақамҳо муроҷиат мекунем:

Агар аз лаҳзаи ба даст омадани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо то соли 2003 дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 210 иншоот дар соҳаи маориф аз нав барқарор карда, ба истифода дода шуда бошад, пас фақат соли 2007 – 125, соли 2009 – 218,  соли 2012 – 248 ва соли 2015 қариб 300 иншоот сохта, таъмир ва аз нав барқарор карда шуданд. Вазъи таъминот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти мактабӣ, аз ҷумла таҷҳизоти лабороторӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст, ки ин ба беҳтаршавии сифати таълим замина муҳайё намуд.   

Масъалаи таъминот бо китоби дарсӣ дар ин раванд масъалаи калидӣ дониста шуда, кормандони маориф ва соҳаи фарҳанг вазифадор гардиданд, ки масъалаи омода, чоп ва фурӯши китобҳоро ҳал намоянд. Дастур дода шуд, ки ҳамаи китобҳо ё ҳеҷ набошад, аксарияти кулли онҳо дар кишвари худамон чоп гарданд.

Масъалаи компютеркунонии мактабҳо ба рўзнома гузошта шуда, барномаи дахлдор бо муваффақият татбиқ гардид. Омўзиши забонҳои хориҷӣ зимни Барномаи давлатӣ вусъат ёфт.

Соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардид. Ин тадбир имконият дод, ки корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷоннок карда шаванд. Ин иқдом моҳиятан ҳадафи фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологиро, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад, дар бар мегирифт.

Соли 2015 аз ҷониби ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Ҳамроҳшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ натиҷаҳои худро дода истодааст.

Пешвои миллат дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханрониҳо дар ҷаласаҳои оммавию сўҳбату мулоқотҳои сершумор доимо таъкид менамоянд, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда имрӯз сифати таълим ҳатто дар муассисаҳои таълимии номдор ба талаботи давру замон ҷавобгӯ нест ва дастовардҳои имрўза моро қаноат кунонида наметавонанд.

- Дар назди кормандони маориф,  - қайд мекунанд Президент, -   имрӯз вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон, инчунин ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳамаи муассисаҳои соҳа қарор доранд.

Аз ҷумла, вазифа гузошта шудааст, ки дар баробари зиёд гардидани шумораи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама, бояд ба сифати таълиму тарбия таваҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, барои тақвият додани асосҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бунёди лабораторияҳо, кабинетҳои методӣ, устохонаҳои таълимӣ, китобхонаҳои электронӣ ва таъмиру бунёди хобгоҳҳои замонавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад. 

Абдуҳаким ШАРИФОВ,
    номзади илмҳои педагогӣ,
дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее

Ситораи тобони ҳунар

Таърихро халқ, шахсиятҳои алоҳида меофаранд, ки ҳар кадоме номус ва шарафи миллатанд. Шахсиятҳои таърихӣ, агар ҷисми онҳо дар хок хобида бошад, номашон дар хазинаи таърих сабт гардидааст. Халқи баору номус, зинда ва хушбин ин гуна шахсиятҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, балки симову, гуфтору кирдори онҳоро ҳамчун шамъи тарбия, роҳнамои зиндагӣ истифода мебарад.

Таҷассуми равшани он зиндагиномаи ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Лауреати Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Лауреати Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ Fаффор Валаматзода мебошад. Боиси ифтихор аст, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 100-солагии Fаффор Валаматзода ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз чеҳраҳои гиромиву шинохта ва тобноки соҳаи санъати хореографияи тоҷик Fаффор Валаматзода 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми Техникуми мусиқӣ-театрии шаҳри Хуҷанд то соли 1934 дар Театри мусиқии ӯзбекистон ба ҳайси артисти балет фаъолият намудааст.

Соли 1934 дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт. театри мусиқӣ ба фаъолият шурӯъ кард ва Fаффор Валаматзодаро барои идома додани фаъолияти кориаш ба ин театр даъват карданд. Вай дар хамкорӣ бо ҳунарпешагони театр ба ноҳияву деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, бо хусусиятҳои хоси намудҳои гуногуни эҷодиёти халқ, аз қабили эҷодиёти ҳаваскорони бадеӣ ва эҷодиёти хунарҳои мардумӣ аз наздик шинос мешавад. Бо гуфтаи фарҳангшинос Шарифҷон Комилзода таваҷҷӯҳи онҳоро бештар таърихи пайдоиши рақсҳои қадимаи мардумӣ, алоқамандии онҳо ба таърих, урфу одат, расму оини маҳал, истифодаи нақшу нигори миллӣ дар бойгардонии мазмуни рақс, тарзу усул ва хусусиятҳои хоси иҷроиши рақсҳо ба худ ҷалб карданд. Метавон гуфт, ки санъаткорони ҷавон ба мақсади худ расиданд.

Барои Fаффор Валаматзода солҳои фаъолият дар Театри мусиқӣ, ки он соли 1940 ба театри опера ва балети Тоҷикистон табдил шуд, солҳои озмоиш ва сайқали маҳорат буданд. Яке аз дастовардҳои театр ба саҳна гузоштани намоишномаи мусиқии «Лола» буд.

Ҷомеаи меҳнатии ҷавон ва соҳибистеъдоди театри мусиқӣ барои бомуваффаият баромадани намоишномаи «Лола» қувваи бисёре сарф намуд. Дар натиҷаи ин кори самаранок спектакли хуб эҷод гардида, дар он маданияти гулгул шукуфтаистода, муваффақияти санъати мусиқӣ ва махсусан, истеъдоди вокалии артистони ҷавон инъикос ёфт. Дар спектакл лаёқати баланди балетмейстерии яке аз асосгузорони санъати касбии тоҷик Fаффор Валаматзода бараъло маълум гардид.

Имтиҳони камолоти санъати театрии ҷумҳурӣ Даҳаи нахустини санъати тоҷик дар Москва мебошад. Даҳаи нахустини санъати тоҷик дар Москва рӯзҳои 12-22 апрели соли 1941 баргузор гардид. 13 апрели соли 1941 спектакли «Лола» дар саҳнаи филиали Театри калони шаҳри Москва намоиш дода шуд.

Хизмати муаллифон, ба саҳна гузорандагон, ҳофизон ва раққосон, оркестр ва хор аз тарафи тамошобинон қадр карда шуданд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Правда» чунин қайд намуда буд: «Санъати раққосони тоҷик зарифии таъсирбахш ва ҳаракати зебо дошт… ва хусусан мусиқиаш равон буд. Азимова, Исомова, Исҳоқова, Баҳор – инҳо чор беҳтарин раққосаҳои театри тоҷиканд. Маҳорати дурахшони Валаматзодаро, ки ӯ писандидаи москвагиҳо гардид, махсусан қайд кардан лозим… Рақси ӯ дар қисми якум ва рақс дар базми идона таъсири калоне мебахшанд».

Fаффор Валаматзода басаҳнагузорандаи балети «Ду гул»-и А.Ленский ва устоди рақси операи «Восеъ» буд, ки дар рӯзҳои Даҳа манзури тамошобинон гардид.

Он рӯзҳои Даҳаи аввалини санъати тоҷик дар Москва дар ҳақиқат фаромӯшнашаванда буданд. Fаффор Валаматзода чапакзаниҳои пурмавҷи толорҳои пур аз тамошобин, саҳнаҳои пур аз гулҳои тару тоза, чеҳраҳои хурсанд ва ризомандии В.И.Немирович-Данченко, А.А.Яблочкина, К.А.Тренев, В.В.Барсов, М.Д.Михайлов, Р.Захаров, М.Грабович, С.А.Самосуд, М.Семенова, И.Козловский, О.В.Лепишинская, Б.Н.Ливанов, В.В.Кригер, В.Я.Хенкин ва бисёр дигаронро, ки паси парда омада, онҳор обо ин комёбии калон табрик мекарданд, тез-тез ба ёд меовард. Маҳз баъди анҷоми бомуваффақияти Даҳа ба Fаффор Валаматзода унвони Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон дода шуд.

Fаффор Валаматзода ҳамчун устоди рақс дар таҳия ва ба саҳнагузории намоишномаҳои солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул» (с.1941), «Розия» (26 декабри соли 1942), «Тоҳи рва Зӯҳро» саҳми муносиб гузоштааст. Дар солҳои ҷанг бештари ходимони фарҳангӣ аз Украина, Белоруссия, Москва ва Ленинград эвакуатсия (кӯчонидашуда) дар муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон кор мекарданд.

Солҳои ҷанг аз ҳисоби ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки дар ҳайати он Fаффор Валаматзода низ шомил буд, бригадаҳои бадеии консертии фронтӣ ва театрҳои фронтӣ созмон дода шудаанд. Ин бригадаҳои ҳунарӣ ду маротиба (октябр-ноябри соли 1941 ва октябр-ноябри соли 1942) ба Эрон сафари ҳунарӣ намуда, консертҳо намоиш доданд.

Тирамоҳи соли 1942 барои фронти Волхов бригадаи консертӣ ташкил карда шуд. Ба ҳайати бригада А.Азимова, Х.Носирова, Ш.Бобокалонова, А.Камолов, Ф.Солиев, F.Валаматзода, Д.Қандов, А.Муллоқандов ва дигарон шомил буданд. Қариб чор моҳ бригадаи консертӣ дар фронти Волхов ҳунарнамоӣ кард.

Соли 1945 Fаффор Валаматзода соҳиби унвони «Артисти халқии РСС Тоҷикистон» мегардад.

Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нахустин рӯзҳои зиндагии осоишта Котиби якуми ҳизби коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров дар ғами санъати тоҷик ва инкишофи он афтод. ӯ барои санъат вақту қувват, гармии дилашро дареғ намедошт. Ба хотири тарбияи мутахассисони худӣ – композиторону овозхонон, реҷиссёрону балетмейстерҳо як гурӯҳ санъаткорони ҷавону умедбахш интихоб ва барои ба Москва сафарбар кардани онҳо тадбирҳо андешида шуданд.

Моҳи августи соли 1946 ҳукумати Тоҷикистон ҳанифа Мавлонова, ҳоҷӣ Аҳмадов, Анвер Муллоқандов, Мулук Баҳорро ба шӯъбаи вокалӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, Шарифҷон Бобокалонов, Насимҷон Пӯлодовро ба шӯъбаи композитории Консерваторияи давлатии ба номи П.И.Чайковский, Азиза Азимова, Fаффор Валаматзодаро ба шӯъбаи балетмейстерӣ, Шамсӣ Қиёмовро ба шӯъбаи реҷиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В.Луначарский фиристода буд.

Солҳои хониш тез гузаштанд. Дар курси сеюм ба Fаффор Валаматзода имконияти санҷидани худ дар амал пайдо шуд. Аввалин кори мустақилонаи Fаффор Валаматзода дар эҷоди асари саҳнавӣ намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. Дар байни балетҳое, ки F.Валаматзода ба саҳна гузоштааст, «Лайлӣ ва Маҷнун» беҳтарин балете мебошад». Соли 1949 намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» ва таҳиягари он Fаффор Валаматзода сазовори мукофоти давлатии ИҶШС гардиданд.

Пас аз хатми Донишкадаи санъати театрии ба номи А.В.Луначарский Fаффор Валаматзода ба сифати сарбалетмейстери театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, директории театри мазкур, директор вар оҳбарии бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, роҳбарии бадеӣ ва сарбалетмейстери Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ифои вазифа мекунад.

Таъсисёбӣ ва овозадор шудани Ансамбли давлатии рақсии «Лола» бо номи Fаффор Валаматзода зич алоқаманд аст. Дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта фикри ташкил намудани ансамбли рақсӣ, ки мақсади асосии он нигоҳ доштани мавзуният ва характери эҷодиёти миллӣ ва инкишофи минбаъдаи шаклҳои рақси тоҷикӣ аст, ба миён омад.

дар соли 1965 балетмейстер Fаффор Валаматзода дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли давлатии рақсии «Лола»-ро ташкил кард. Номи ансамбли «Лола» ба хотири иди халқии «Сайри лола» ва аввалин намоиши театрикунонидашудаи «Лола», ки моҳи апрели соли 1941 дар Даҳаи нахустини санъати тоҷик дар Москва пешкаш гардида гузошта шуда буд.

Fаффор Валаматзода ба ҳайси муассис, роҳбарии бадеӣ ва балетмейстер барои шаклгирию рушдёбии ансамбли навбунёд саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ истеъдодҳои нав, ҳунарпешагони ҷавон барои пешбурди фаъолияти ансамбл ба кор даъват карда шуданд. Аз ҷумла Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷумъаева, ҳалима Эркаева, Шарофат Рашидова ва беш аз 90 нафар истеъдодҳои ҷавони соҳаи хореографӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Роҳбарии бадеии «Лола» Fаффор Валаматзода ансамбли худро танҳо бо рақсҳои тоҷикӣ маҳдуд накарда, аз рӯзи ташкили он ба санъати рақсии халқҳои ИҶШС-и собиқ ва хориҷа муроҷиат намуд. Дар барномаи ансамбл рақсҳои ӯзбекӣ, ӯйғурӣ, тоторӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ мустаҳкам ҷойгир гирифта буданд.

Ансамбли «Лола» на фақат дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар тамоми қитъаҳои олам ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳамин тавр, Fаффор Валаматзода дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ, густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон саҳми арзанда гузоштааст.

Барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати хореографӣ Fаффор Валаматзода сазовори унвони «Артисти халқии ИҶШС» гардидааст. Инчунин, вай дорандаи Ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, ду ордени Ленин ва се ордени «Байрақи Сурхи меҳнат» вам едалҳо мебошад.

Ваҳҳоб НАБИЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Аюб УСМОНОВ,
номзади илмҳои таърих, дотсент,
Зафарҷон ҚОБИЛОВ,
сармуаллими
кафедраи таърихи Ватани ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

“Суғдсинамо” наворгирии филми нави худро ба анҷом расонид

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” наворгирии филми нави худро ба итмом расонид.

Филми нав, ки аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент ба навор гирифта шуд, “Тангно” ном дорад.

Ҷараёни наворгирии филми мазкур 75 рӯз идома ёфта, дар он ҳунармандоне чун Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарипов, Истад Мамаҷонова, Бунёд Комилов, Сӯҳроб Ҷанҷолов ва дигарон нақш бозидаанд. Филм дар жанри мелодрамма омода шуда, бозингари нақшҳои марказӣ кӯдаки 10 сола Армон (Муҳаммадшариф Раҳматуллоев) ва модари ӯ Розия (Сурайё Ҳакимова)мебошанд.

Бино ба иттилои продюссери “Суғдсинамо”Дилошӯб Орифзода наворгирии бархе аз саҳнаҳои филми “Тангно”дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Оилаи устувор – нерўи ҷомеа

Асоси зиндагӣ чист? Маҳаки оила аз чӣ иборат аст? Зиндагӣ аз чӣ оғоз меёбад? Мазмуни ҳаёт чист? Он чиҳоро фарогир аст? Ва барои чӣ аксарияти ҷавонон пас аз як - ду моҳи зиндагиашон хонавайрон мешаванд? Чӣ бояд кард, ки чунин нохушӣ рўй надиҳад? Вақте ба дарёи зиндагӣ, ҳаёт ғўтавар мегардӣ, бо чунин саволҳо, ки онро муаммо ва мушкилоти ҷомеа низ мегўянд, бисёр рў ба рў мегардӣ.

Чунин масъалаҳо дар маҳфилҳое, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» таҳти шиори «Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рўҳан солим ташаккул меёбад» баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд Маъракаи иттилоотии «16 рўзи алайҳи хушунат нисбат ба занон» дар ташкилоту корхонаҳои шаҳру навоҳӣ, макотиби олӣ бо иштироки ҷавонон, омўзгорон, устодони макотиби олӣ, фаъолзанон, собиқадорони соҳоти мухталиф ва пирони рўзгордидаю намояндагони оилаҳои ҷавон доир гардиданд. Сарвари ташкилоти номбурда Сабоҳат Бобоҷонова қайд кард, ки мавзўи кунунии чорабиниҳо оид ба масъала ва муаммоҳои оилавӣ, поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занонро фаро гирифта, дар амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила» ва татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» мусоидат менамоянд.

Зиндагӣ – бозичаидасти одамон

Мутаассифона, замоне шудааст, ки зиндагӣ бозичаи дасти одамон гардидааст. Вале набояд фаромўш кард, ки зиндагӣ аз оила оғоз мегардад, агар фазои хонадон ором бошад, пас он маҷрои хешро меёбад. Вале барои маҷрои зиндагиро ёфтани навхонадорон мебоист волидайни ду ҷониб ботаҳаммул бошанд. Мо, волидайнро зарур аст, ки тавре дасти кўдаку наврасонро гирифта, ба остонаи кўдакистону дабистон мебурдем, навхонадоронро низ ба роҳи зиндагӣ ворид созем, вагарна роҳгум мезананд.

 Мо бояд роҳнамои ояндаи онҳо бошем, ҳидоятгари роҳи неку пиндори неку рафтори нек бошем. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Бо назардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кўшиши доимӣ дошта бошад».

Вале ҳастанд оилаҳое, ки чунин роҳнамоиро барои худ муносиб намебинанд, балки бо ҳисси рашку бахилӣ он чиро ки аз ҳаёт бардошт карда буданд, ба ҷавонон намегўянду балки ба рафтори ду навниҳоли боғи зиндагӣ бо назари танқид менигаранд. Вале охир мо то ба воя расидани тифламон, вақте гаҳвораи ононро меҷунбондему суруди сурудҳо «Алла»-ро замзама мекардем, бо як муҳаббати саршор аз шодиву фараҳ орзуву омоламонро дар дил мепарваридем. Орзу мекардем, ки хонаву дараш, бачаашро бинем. Вале вақте пораи ҷигарамон ба воя расид, аллакай ин гуфтаҳоро фаромўш месозему то метавонем, айб мекобем ва онро ё дар дил чун мўҳр мегирему ва ё бо шиква овоза мекунем. Дар натиҷа ҷигарбандонамон хонавайрону набераҳоямон, ки меваи умр, давомдиҳандаи насли фардоямон ҳастанд, сарсону саргардонанд.

Арифметикаи ҳаёт

Вақте пурсиш гузарондем, ҷавоби аксари волидайн ва навхонадорон як нишон дошт: Хушдоман садди роҳи зиндагиаш шудааст. Аммо модарони азиз, падарони меҳрубон, биёед, ба мазмуни ҳамин гуфтаҳо бирасем. Тавре ёдовар гаштем, мо - калонсолон, ки роҳи зиёди зиндагиро аллакай тай кардаему аз пастиву баландии ҳаёт то қадри имкон огоҳӣ дорем, барои навхонадорон баҳри омўзондани арифметикаи ҳаёт худдорӣ мекунем. Намегўем, ки нисбат ба пастии ҳаёт чӣ бояд кард? Намегўем, ки ҳаёти мо аз сонияву дақиқаву соату рўзу шаб иборат аст ва зиндагӣ ҳам чунин аст, торикӣ ҳам дораду рўзи рўшанаш ҳам ҳаст. Бо як ҷаҳон орзу фарзанди як нафарро ба хонадонамон меорем, аммо на ҳамаамон ўро чун пораи ҷигари хеш қабул мекунем. Навшукуфти гули ҳаёт ҳам бо ҳамин мақсад ба ин хонадон қадам ниҳодааст, ки «дар ҳамин ҷо пайванд гардам, реша гирам, яъне насл офарам», ки онро меваи умри инсонӣ меноманд. Дар чанд ҳолат калонсолон нисбат ба рафтори навхонадорон андешаи хеш намегўянд, аввалан, аз ҳисси рашк ва ё бахилӣ, сониян, бо андешаи «агар гўям боз наранҷад» ва ё «агар ёд диҳам, боз писарам аз ин ҳам зиёдтар занашро парастиш накунад» ва боз чанд андешаҳои дилгиркунанда, ки гўиё мо на пораи ҷигари хеш, балки бегонаеро хонадор намуда бошем. Чархи гардун гарданда аст, охир мо ҳам чанде пеш чунин будем!

Аксаран дар хона арўс ва хушдоман танҳо мемонанд, зеро агар бар дўши мардон таъминоти иқтисодии хонавода вогузор шуда бошад, бар зиммаи зан нигоҳубини дохили хона, аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳтар намудани зиндагии оилавӣ аст. Бинобар ин аксаран дар хона ду нафар – арўс ва хушдоман танҳо мемонанд. Аз рўзи нахустини қадам ба ин хонадон ниҳоданаш арўс кўшиш ба харҷ медиҳад, ки табъи дили ин хонавода рафтор намояд. Вале таомули бонувони калонсол чунин аст, ки ҳар як қадами арўсро назора менамоянд. Пас аз назора мо бояд чӣ кор кунем? Вазифаи нахустини мо, модарон ин навниҳоли пайроҳаи ҳаётро бо маънои томаш ба хонадонамон ворид созем. Яъне чӣ тавр? Вақте арўс бо коре машғул аст, камбудии ўро саривақт тавре ба духтарамон дарси рўзгор – пухту пазу рўбучинро меомўзондем, ба ў низ омўзонем. Аммо баръакси ин ҳол, аксарият аз ҳамин қадами нахустини арўс камбудии ўро бо назораи чашмаш «чида», бе ҳеҷ каму кост ба шавҳар ва ё писараш «хабар» медиҳад. Ҳол он ки мо метавонистем сари вақт ба ислоҳи он бикўшем. Инчунин, модарони «дурандеш» низ ҳастанд, ки бо андешаи он, ки агар гўям меранҷад, хомўширо авло медонанд. Бигзор ранҷад, аммо аз зиндагӣ, аз ҳаёт наранҷад, дилмонда нагардад. Ҳамин хизмати хирсонаи мо, модарон боис мегардад, ки ба ҳаёти навҷавонон торикӣ ворид гардад. Ҳамин торикии ҳаёт қалби ононро низ тира мегардонад.

Рўзгори оилаи нав мисли баҳор аст

Арўсеро медонам, ки пас аз муноқишаи тезу тунд бо хушдоману шавҳараш даст ба домони куштор заданӣ буд. Вақте аз дари ошхона ба берун бо мақсади худкушӣ баромаданӣ мешавад, чашмаш ба дегу табақи ношуста меафтад ва бо андешаи он, ки пас аз маргаш ҳамин камбудии ошхонаро бегонагону пайвандон дида, номашро ба ифлосӣ набароранд, ба тозакунӣ машғул мегардад ва ҳамин фурсат сабаб мешавад, ки вай аз фикри худкушӣ барояд. Яъне тангии ҳаёт лаҳзае баъзе нафаронро ба сўи худкушӣ мебарад. Дар ҳамин лаҳзаҳо вазифаи хушдоман аз он иборат аст, ки бо лаҳни ширин арўси ба тангомадаро аз субҳи поёни шаби сияҳ ошно созад.

 Сабоҳат Бобоҷонова қайд кард, ки асоси зиндагӣ, ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ, машаққату роҳаташ аз он ибтидо мегирад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле оқилонаву ғамхорона изҳор карданд, ки «Бунёди ҷомеаи солим, дар сари оилаи солим қарор мегирад», ки ин ҳақ асту рост. Охир, барои оилаи солим доштан қаблан пойдевори оила бояд аз меҳру садоқат, эҳтирому муҳаббат, адолату шафқат, мурувват, покдоманӣ ва инсоф бунёд шуда бошад, зеро оилаи устувор нерўи пешбарандаи ҷамъият аст.

Ақди никоҳу тўй ибтидои таъсиси оилаанд. Пас аз тўй муҳити нав дар назди ду ҷавоне, ки қаблан аз мушкилоти зиндагӣ бехабар буда, қалби пур аз ишқу муҳаббати самимӣ доштанд, як қатор масъалаю муносибати нав, шебу фарозҳоро мегузорад. Аз ин рў, ҳар як волидайн пеш аз баргузории базми арўсӣ фарзанди худро ба ҳаёти мустақилона тайёр мекунад ва таманнои онро дорад, ки фарзандаш хушбахту саодатманд гардад. Вале, мутаассифона, рўзгори оилаи нав мисли баҳорон, дорои гулу меваҳои зебою ҷаззоб, аз сўи дигар, вай дорои селоб ва раъду барқ, дорои ғурбат, ҷанҷол, ташвишҳо, камбудиҳо ва норасогиҳои моддӣ низ дорад. Тавлиди фарзанд дар ҳаёти падару модари ҷавон на танҳо шодию хурсандӣ, балки мушкилоту муаммоҳои навро низ зам мекунад: бехобӣ, тарбияи тифл, хастагӣ, таъминоти моддӣ, беморӣ ва ғайраҳо.

Сухани беандеша – сардии муҳаббат

 Ғурури беасос, сухани беандеша ва рафтори зишт боиси нохушӣ, ранҷиш ва сардии муҳаббат хоҳад шуд. Аз ин рў, ба зану шавҳар лозим аст, ки ҳини беморию хастагӣ нисбат ба якдигар ҳамеша ғамхор ва меҳрубон бошанд ва ҳаргиз дар назди фарзандон ба таҳқиру паст задани шахсияти якдигар даст назананд. Зеро падару модар барои фарзандон намунаи ибрат буда, бардошти худро хоҳ бад, хоҳ нек бошад, дар ҳаёти худ такрор менамоянд. Рафтори оқилона боиси афзудани ҳурмати тарафайн, муҳаббат ва тақвияти пояи зиндагиашон мегардад. Ҳалимию хайрхоҳӣ бояд пешаи зану шавҳар бошад. Пояи мустаҳкаму идомат, хушбахтию саодати оила-ҳамдилии зану шавҳар аст. Бе ҳамдилӣ, ҳамрозу ҳамраъйӣ, хайрхоҳу ҳамдарди ҳамдигар будан пояндагии оила имконнопазир аст. Зеро фарзандон бо тарбияи падару модар парвариш меёбанд ва аз онҳо сармашқ мегиранд. Духтар аз модараш дарси шавҳардорӣ ва писар аз падараш дарси зандорӣ меомўзад. Хонаводае, ки созгору меҳрубон бошад, фарзандон низ ғолибан созгору меҳрубон ва хушахлоқ хоҳанд буд, - қайд кард дар интиҳо С.Бобоҷонова.

 Дар анҷом: Дўстони азиз, биёед, кўшиш ба харҷ диҳем, ки аҳли ҷомеа ва алалхусус ҷавонон, оилаҳои солим бунёд намоянду ҳамарўза хушбахт бошанд, оилаҳо вайрон нашаванду решаҳои издивоҷашон мустаҳкам бошанд, давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт ва некному некрўз бошанд.

Воқеан, мавзўъҳое, ки дар маҳфилҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, гуногунмазмун буданд ва мо дар иншои хеш яке аз шохаи онро овардем ва боварии комил дорем, ки дар иртибот ба ин бахш гуфтаниҳо ҳастанд, ки нашрия бо беқарорӣ онро интизор аст, зеро «бо сухан пухта шавад хоми ҳама» гуфтаанд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее