November 2016

30 November 2016

Иҷрои қонунгузорӣ чиро бозгўй намуд?

Дар Прокуратураи вилоят ҷаласаи васеи ҳайати мушовара роҷеъ ба натиҷаи санҷиши ҳолати  риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф доир гардид, ки масъаларо марбут ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии давлатӣ  ва ғайридавлатӣ  мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласаро прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов ҳусни оғоз бахшид.

Сардори шўъбаи Прокуратураи вилоят Зафар Қаюмзода дар баромади худ  изҳор кард, ки дар вилоят 924 муассисаи  таҳсилоти умумӣ  бо беш аз 499,6 ҳазор хонанда, аз он 22  муассисаи таҳсилоти  умумии ғайридавлатӣ бо дарбаргирии зиёда аз 7,6 ҳазор нафар хонанда  фаъолият доранд.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ шумораи хонандагон хилофи талаботи  иҷозатнома зиёд буда, масоҳати синфхонаҳо ба теъдоди хонандагон  аз рўи меъёри санитарию гигиенӣ  мувофиқат намекунанд. Ҳамчунин, ҳолатҳои  мувофиқи барномаи таълимӣ  пурраву самаранок истифода нашудани соатҳои таълимӣ ошкор гаштааст, ки ин ба сифати баргузории машғулиятҳо  ва дониши хонандагон  таъсир  мерасонад. Бидуни ин ҳолатҳои бе тайёрӣ, ҳатто бе конспект ба хонандагон дарс додани омўзгорон, аз тарафи маъмурият насанҷидани  фаъолияти онҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо муайян карда шудааст.

Дар муассисаҳои таълимӣ оид ба таълими иловагии пулакӣ ҳолатҳои  тасдиқ нагардидани  барномаи таълими  иловагии пулакӣ, нақшаи дарсҳо  ва бо Раёсати  зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда нашудани нархномаи дарсҳои  иловагии пулакӣ муайян гардиданд.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда дар самти азнавсозию барқароркунӣ дар вилоят 35 муассисаи таълимӣ  дар биноҳои қисман садамавӣ  қарор доранд. На дар ҳамаи  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  толорҳои варзишӣ мавҷуд буда, майдончаҳои варзишии  муассисаҳо  ба таври зарурӣ  таҷҳизонида нашудаанд.

Прокуророни шаҳру ноҳияҳо барои аз тарафи падару модарон, намояндагони  қонунии ноболиғон, омўзгорон , кормандони  муассисаҳои таълимӣ бобати иҷро накардани ўҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  302 парванда оғоз ва барои баррасӣ  ба судҳо  ирсол намуданд, ки аз ин 280 парванда  нисбат  ба волидон барои истифодаи телефон дар мактаб-40  нафар, бе либоси мактабӣ  омадан-29 нафар, оворагардӣ-28 нафар, муҳайё накардани шароит  барои таълим-30 нафар, бо ҷавоҳирот ба мактаб омадан ва нагирифтани  шаҳодатномаи таваллуд -  6 нафар мебошад.

Прокуратураи вилоят вобаста ба монеъ шудан барои гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (9-сола) нисбат ба падару модарон 30 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш кардааст.

Бинобар афзоиши ҷинояти хонандагон вазъи ҷинояткории хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташвишовар  буда,  сабабу омилҳои он дар паст будани дараҷаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ғайридавлатӣ,  дар шартномаҳо  беасос нархномаҳо  ва ўҳдадориҳои зиёд  нишон дода, ҳуқуқу  манфиатҳои падару модарон  ва хонандагон поймол карда шудааст. Масалан, бар хилофи  талаботи қонун аз тарафи Раёсати  зиддиинҳисории вилоят  нархномаи муассисаҳои  «Паймони азизон», «Гулчини маърифат», ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд бе тасдиқи шўъбаи маориф  ва ҳатто муассис мувофиқа карда шудааст.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки ҳолатҳои истифодаи дипломҳои қалбакӣ аз тарафи директорони  МТМУ №64  Ш.Шералиева, №78 А.Холматов, гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров М.Абдулакимова, №22 ноҳияи  Ашт Х.Марқаева, ҷонишини директори  мактаби  Президентии шаҳри Бўстон  Р. Fафурова,  омўзгори  МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд З.Негматова  ошкор карда, чораҳои қонунӣ андешида шуданд. Қайд гардид, ки барои муносибати бераҳмона  ба хонанда нисбат  ба омўз- горон 1 парвандаи ҷиноятӣ, 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар сард будани ҳаво санҷиши интихобӣ оид ба омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба зимистонгузаронӣ, бахусус гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо ва толорҳои  таълимӣ нишон дод, ки ҳарчанд таъминот бо сўзишворӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин  ҳарорати синфхонаҳо тибқи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ба ҷои ӯ 18, ӯ 20 дараҷа,  ӯ 13, ӯ 16 дараҷа гармиро ташкил медиҳад,  ки ин ба сифату ҷараёни машғулиятҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамзамон  сардори Раёсати маорифи вилоят  Осим Каримзода  оид ба вазъи таълимгоҳҳо ва роҳҳои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта изҳори андеша намуд. Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Назира  Fаффорӣ  аз масъулин оид ба баъзе масъалаҳои дар соҳаи маориф ҷойдошта пурсиш ба амал овард.

Дар охир баҳри риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи маориф   бобати беҳдошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ қарорҳои дахлдор қабул  карда шуданд.

Гулҷаҳон Ҳакимдухт,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳалли мушкилот ва дарёфти роҳҳои инкишоф

Рушди минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба робитаи он бо давлатҳои минтақа ва ҳамсоякишварҳо бастагии қавӣ дорад. Маҳз чунин робитаҳо имкон фароҳам меоранд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо бобати ҳалли мусбии мушкилоти ҷойдошта, дарёфти роҳҳои судбахши инкишофу ҳамкориҳо муваффақ бошад. Мавзўи конференсияи илмию амалии байналхалқие, ки санаи 25 ноябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот ва роҳҳои инкишоф» ҷараён гирифт, фарогири чунин масъалаҳои муҳим маҳсуб меёфт.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмию амалӣ, ки дар толори бинои нави таълимии донишгоҳ ба вуқўъ пайваст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед ҳабибулло сухан карда, аз тақвияти корҳои илмӣ дар маъвои маърифат, ҳамкориҳои судбахши он бо кишварҳои дуру наздик, баррасии масъалаҳои муҳими илмии рўз ёдовар гашт. Мавсуф меҳмононро аз муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба маъвои маърифат хайрамақдам гуфта, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории ин ҳамоиши илмӣ таманнои нек изҳор намуд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсияи илмию амалӣ намояндаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ифтихор Мухторов сухан карда, таманиёти самимии хешро ба кори муваффақонаи  ин ҳамоиши байналхалқӣ баён дошт.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин ҷаласа иштирокдорону меҳмонони ҳамоиш – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф.В.Фетюков (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал, Федератсияи Русия) дар мавзўи «Ҳамкории байниминтақавии Федератсияи Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ», номзади илмҳои таърих Ҷ.Исомитдинов (ДДҲБСТ, Тоҷикистон) дар пайванд ба мавзўи «Саҳми Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ», номзади илмҳои таърих Б.Алимов (ДДҳБСТ, Тоҷикистон) перомуни мавзўи «Саҳми Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди муносибатҳои давлатҳои Осиёи  Марказӣ», олими шинохта Аскаралӣ Мирмахмедов дар мавзўи «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои соҳибистиқлолият» маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Сипас, конференсияи илмию амалӣ кори худро дар бахшҳо идома бахшид. Дар ҷараёни суханрониҳо вобаста ба дарёфти ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта маърўзаҳо ва андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ шунида шуданд.

Анварҷон ҒАФУРОВ,
шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Читать далее

Муаррифгари мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик

Дар донишкадаи кӯҳи - металлургии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба  муаррифии асари Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва  «Забони миллат-ҳастии миллат» баргузор гардид.

Ҷаласаро  ректори  донишкада Мухтор Фозилов  ҳусни оғоз бахшида, оид ба заҳмат ва талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди Сарвари давлат интихоб шудан ҳарф зада, аз ҷумла гуфт мо, омӯзгорон ва устодони макотиби олӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа, машъалафрӯзи роҳи фардо маҳсуб мешавем ва барои амалӣ гаштани  андешаҳои солим, ташаккули андешаҳои миллӣ бояд муттаҳид бошем.

Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ Кибриёхон Атоева  китоби тозанашри Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», ки ба рўзгору осори абармардони шеъру адаб ва сарсупурдагони миллат бахшида шудааст,муаррифӣ намуд. Пешвои миллат дар ҳар як Паём, дар ҳар як мулоқот ва суханрониҳо гузаштаи пуршебу фарози миллатро ба хотир оварда, аз корномаҳои дурахшони фарзандони вафодору ватандори халқи худ мардуми диёрро ҳарчи бештар огоҳ намуда, дар зеҳни насли имрўз худшиносӣ, худогоҳиро бедор намуда, меҳри кишвар, меҳри ин хоку оби муқаддасро дар қалби ҳар сокини диёр киштаанд. Бо шукўҳи хосса таҷлил намудани бузургдошти  шахсиятҳои мӯътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, зина ба зина, қадам ба қадам тайёр кардани ҷавонон баҳри ватандорӣ аст.

Инчунин дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»  Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон ба хонандагони китоб муроҷиат карда навиштаанд: «Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад». Ин асари тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат аз 361 саҳифа иборат буда, ҷамъоваранда Шодӣ Шокирзода ва муҳаррир Муҳаммадшариф Бобошоҳзода мебошанд. Дар китоб оид ба 25 нафар симоҳои барҷастаи ниёгонамон оварда шудааст. Ин асари арзишмандро тибқи муҳтаво ба чор гурӯҳ тасниф намудан мумкин ас:.

  1. Зиндагинома ва кору пайкори сарсупурдагони миллат, сарварони озодиву истиқлол ба амсоли Куруши Кабир, Спитамен, Маздак, Нусратулло Махсум.
  2. Пешвоёни дину оини  ростин: Зардушт, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ.
  3. Чеҳраҳои баргузидаи адабӣ Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Турсунзода.
  4. Мубаллиғони сулҳу ваҳдат, адолат, дўстиву рафоқат  Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мирсайид Алии ҳамадонӣ, Сотим Улуғзода.
  5. Дар охир зикр гардид, ки китоби тозанашр бо номи «Чеҳраҳои мондагор» аз шуҷоату далерӣ, фазлу дониш, ақлу заковат, бунёдкориву созандагӣ, ихтирооту шоҳкориҳои шахсиятҳои таърихию симоҳои адабӣ ва инсонҳои комилу маъруфу сарбаланди халқи азизамон нақл мекунад ва ниёгони хирадпешаи мо ҳамвора дар осорашон дар шеърашон, дар эъҷозашон орзуи расидан ба рўзи хуррамиву фирўзиро ба қалам додаанд, ки  ба ин саодати бузург имрӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расидаем.

Мудири кафедраи забонҳо Мавлуда Аминҷонова  китоби

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро муаррифӣ намуда, оид ба даврабандии таърихии  забони тоҷикӣ, чойгоҳи  забони тоҷикӣ  дар гурӯҳбандии   забони эронӣ, замони пайдоиши забони тоҷикӣ, кӯҳантарин намунаҳои хатии забони тоҷикӣ, виҷагиҳои забони тоҷикӣ  дар аҳди Сомониён, густариши  забони тоҷикӣ  ба сифати  забони байналмилалӣ  истода гузашт. ӯ қайд намуд, ки китоби  мазкур   дар асоси  сарчашмаҳои  маълуму дастрас,  асноду андешаҳои дар миёни  донишмандон   роиҷ таҳия гардида,  ҷанбаи  маърифатӣ дошта,  ба мақсади огоҳии  бештари  ҳамватанони азиз  аз таърихи забони модарии хеш, бо сабки илмию оммавии қобили  фаҳми табақоти  мухталифи ҷомеа навишта шудааст.

Дар конфронс  мубоҳисаи  доманадор  оид ба китобҳои муаррифишуда сурат гирифта, қарор карда шуд, ки ҳар сол дар донишкада ҳафтаи Рӯзи Президент доир карда хоҳад шуд.

 Манзура САЙДУЛЛОЕВА,
 муовини ректор оид ба тарбиям ДКМТ,
 номзади илмхои педагогӣ

Читать далее

Исфара: - Хатнасури 180 нафар аз оилаҳои камбизоат

Дар доираи тадбирҳои идона ба ифтихори Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара хатнасури дастҷамъонаи 180 нафар тифлон аз оилаҳои камбизоати Исфарамарз баргузор гардид.

Иқдоми мазкур мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо саъю эҳтимоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории молиявии соҳибкорони саховатпеша - бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо рӯйи кор омада, маъракаи хатнасур дар Маҷмааи фарҳангии «Ориён» хушу хотирмон сурат гирифт.

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳамзамон бо муборакбодии самимона ба ҳар яке аз кӯдакон ва 1000 сомонӣ маблағ тақдим намуд.

Ташкилу баргузории хатнасур ва тӯйҳои арӯсии дастҷамъона дар Исфара ба ҳукми анъана даромада, танҳо дар давоми 9 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатнасури хайриявии беш аз 800 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои эҳтиёҷманд гузаронида шуд.

Қабл аз ин, соҳибкор Нарзулло Улмасов аз бинои истиқоматии нав бунёдкардаи худ ба 2 оилаи камбизоати шаҳр ҳуҷраҳо ҷудо намуда буд, ки дар арафаи ҷашни саиди 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ ба ниёзмандон тақдим гардид.

Иқбол ИЛЁСЗОДА

Читать далее

29 November 2016

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робитаҳои байналмилалӣ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтаанд, яъне Тоҷикистон барои ҳар як давлате, ки риштаи муносибатҳои дўстона, сулҳҷўёна ва мутақобилан судмандро қавӣ гардонданист, ҳамеша омода аст.

Ба туфайли ҳамин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар солҳои минбаъда дар натиҷаи гуфтушунидҳо чи дар сатҳи олӣ ва чи дар сатҳи вазоратҳои дахлдор, аз он ҷумла дар сатҳи Вазорати маориф ва илми кишвар созишнома ва шартномаҳои зарурӣ ба имзо расидаанд. Бо мақсади пиёда сохтани мазмун ва мундариҷаи шартномаҳои тарафайн дар соҳаи маориф ва илм, хусусан дар ҷабҳаи омўхтани забони олмонӣ дар кишварамон қадами устувор гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолинаи хеш ба Маҷлиси Олӣ, дар суханронӣ ва мулоқот бо аҳли маориф ва хусусан, ҷавонон аҳамияти омўхтани забонҳои хориҷиро таъкид сохтаанд ва барои фароҳам овардани шароити мусоид мунтазам ҳидоят ва дастгирӣ карда истодаанд. Ҷониби кишвари Олмон, хусусан ходимони Сафоратхонаи он дар шаҳри Душанбе низ ин иқдоми Пешвои миллатро хуш пазируфтанд ва аз имкониятҳои давлати хеш дар ин соҳа самаранок истифода карда истодаанд. Масалан, дар муддати 5-6 сол (солҳои 1994-2000) ба аксарияти омўзгорони забони олмонии мактабҳои кишварамон имконият дода шуд, ки тавассути Институти ба номи Гёте (Мюнхен) дар донишгоҳҳои пешқадами Олмон аз курсҳои бозомўзии забони олмонӣ ва усулҳои таълими он сабақ гиранд.

Ҳамзамон, ходимони институти номбурда садҳо донишҷўёни пешқадами шўъбаҳои олмонии донишгоҳҳои ҷумҳуриамонро пас аз санҷиши тестии донишу маҳорати забонии онҳо ғолибони озмунро ба курсҳои тобистонаи забони олмонӣ дар донишгоҳҳои РФО сафарбар намуда истодаанд. Чунин иқдом ҳавасмандии ҷавононро ба омўзиши забони олмонӣ боз ҳам бештар баланд намудааст.

Аввалҳои солҳои дуҳазорум дар шаҳри Душанбе Маркази иттилоотии Хадамот мубодилаи ходимони илму паҷўҳишии Олмон фаъолияти хешро оғоз намуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардонидани сиёсат ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи маориф ва илм даҳҳо олимону паҷўҳишгарони соҳаҳои мухталиф имконият пайдо карданд, ки тўли 1-3 моҳ дар марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Олмон тадқиқотҳои хешро гузаронанд ва дар маҷаллаҳои илмии ин кишвар мақолаҳо интишор намоянд.

Олимони забони олмонӣ аз кафедраи забони олмонӣ ва усули таълимии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Хайрулло Сайфуллоев, дотсентон Б.Орифова, М.Қарахонов, аз кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дотсентон А.Шарифов ва М.Сулаймонова, магистри илмҳо, сармуаллим М.Саидов ва чанде дигарон аз чунин имконият васеъ истифода бурдаанд.

Боиси сарфарозист, ки дар даврони Истиқлолият Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро чун яке аз рукнҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ эълон карданд. Имрўз мо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем. Маҳз, ҳамин принсипҳои давлатдорӣ ба ҷавонони кишвар шароит фароҳам овард, ки аз имкониятҳои таҳсил дар хориҷа васеъ истифода баранд, мутахассисони баланддараҷа гарданд ва ба халқу Ватани азизамон пурсамар хизмат намоянд.

Агар мо ба сифати таълими кадрҳо таваҷҷўҳ зоҳир накунем, сатҳи касбии мутахассисони ояндаро баланд набардорем ва онҳоро бо маълумоти мукаммали замонавӣ мусаллаҳ насозем, рушди устувори ояндаи кишварро таъмин карда наметавонем.

Абдуҳамид ШАРИФОВ,
Мўсо САИДОВ,
устодони Донишгоҳи
авлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ҳар иқдоми нек натиҷабахш аст!...

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмўъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Аз Паёми Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар бобати фаъолияти Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка» дар шаҳраки Консойи шаҳри  Гулистон бо ёвари директори генералӣ Лоҳур Нарзишозода ҳамсўҳбат шудем. -Корхона моҳи апрели соли 1996 дар заминаи кони Қайроққуми Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктилло» бо ҷалби сармоягузорони хориҷии ширкати канадагии «ГАЛФ интернешнл минералз ЛТД» таъсис дода шудааст, - изҳор дошт мусоҳиби мо.

- Давоми солҳои 1996 - 2000 корҳои ҷустуҷўӣ - геологӣ ва ҷамъоварии ахбороти таҳлилии геологӣ гузаронида, барои зиёд намудани захираи ашёи хоми маъдани корхона маълумотҳои даркорӣ ба даст оварда шуданд.

Инчунин, дар ин муддат барои истифодаи истеҳсолоти кўҳӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба тартиб дароварда шуда, оғози бунёд ва барқарор намудани фабрикаи заршўӣ сурат гирифт. Соли 2002-юм дар фабрикаи заршўӣ коркарди маъданҳои конҳое, ки дар мувозинаи корхона буд, ба роҳ монда шуд ва аз соли 2004 коркарди партови полоишгоҳ шурўъ гардид. Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадаи масъулияташ маҳдуди «Апрелевка» имрўз истихроҷ ва коркарди конҳои минтақаҳои Апрелевка, Бургунда, Қизил - Чеку, Иккиҷелон ва полоишгоҳро ба зимма дорад.

Корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз корхонаҳои пешқадамтарини вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 2001 инҷониб бо маблағи зиёда аз 876,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат бештар аз 164 миллион сомонӣ андоз ворид шудааст.

Айни ҳол дар корхона зиёда аз 900 нафар шаҳрвандон меҳнат мекунанд ва музди миёнаи маоши онҳо 2100 сомонӣ мебошад. Ба масъалаи шароити иҷтимоии кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва тамоми шароит барои онҳо фароҳаманд. Дар шаҳраки Консой ва дохили фабрика ошхонаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардида, кормандон бо хўроки гарм ва серғизо таъмин мебошанд. Барои шаҳрвандоне, ки аз мавзеъҳои дурдаст ба кор ҷалб шудаанд, дар шаҳраки Консой хобгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити маишиаш пешниҳоди онҳост.

Корхона дар раванди корҳои ободонию созандагии шаҳр ҳиссаи арзанда дорад. Аҳолии шаҳраки Консой бо оби ошомиданӣ таъмин карда шудаанд. Сохтмони партовҷойҳо, чароғонкунии кўчаҳо, бунёди варзишгоҳ, дастгирии муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тамоми масъалаҳои инфрасохторӣ аз тарафи корхона амалӣ мегарданд. Оилаҳои ниёзманд ва ба кўмаку дастгирӣ эҳтиёҷдошта пайваста дар меҳвари ғамхорӣ қарор дошта, ба оилаҳои камбизоат ва маъюбон пайваста ёрии моддӣ расонида мешавад.

Сохтор ва фаъолияти коргоҳ дар асоси дастовардҳои илмии идоракунии истеҳсолот ба роҳ монда шудааст, ки он талаби замон мебошад. Ин аст, ки корхона ба бахшҳои алоҳида, аз ҷумла корҳои кўҳии кушода, корҳои кўҳии зеризаминӣ, фабрикаи заршўӣ, полоишгоҳ, тўдаи ишқорронӣ, сехҳои барқӣ - механикӣ, сохтмон, мошинсарой ва ғайра тақсим карда шуда, идораи онҳо дар шакли технологияи нав амалӣ мегардад.

Дар фабрикаи заршўии КММ «Апрелевка» аввалин маротиба технологияи ишқорронӣ истифода гардида, маъданҳои камфайзноки кони Бургунда барои коркард ба истеҳсолот ворид шуданд. Қобили зикр аст, ки ин тадбир таҷрибаи давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пуриқтидори ҷаҳонӣ, аз қабили ИМА, Канада, Австралия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Мексика ва  Португалия буда, бо хароҷоти на он қадар зиёд коркард мешавад.

-Корхонаи мо яке аз аввалинҳо шуда, дар миқёси Осиёи Миёна бо ин роҳ ба коркарди маъданҳои тиллодори камфайз оғоз бахшид, - гуфт дар идомаи сўҳбат Лоҳур Нарзишозода.

- Бо ин роҳ инчунин, партовҳои истеҳсолии полоишгоҳ дар фабрикаи заршўӣ коркард шуда истодааст. Барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот бо ин васила иловатан чалакҳои нави ишқорронӣ дар ҳудуди фабрикаи заршўӣ гузошта шуданд. Ин тадбир танҳо василаи болоравии истеҳсоли маҳсулот набуда, балки бо ин роҳ зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳисса гузоштан дар рушди иқтисоди миллии мамлакат муҳим ба ҳисоб меравад.

Зимистони соли 2010, ки яке аз мукшилтарин давраи фаъолияти корхона ба ҳисоб мерафт. Вале роҳбарияти корхона рўҳафтода нашуд. Бо кўмаку дастгириҳои Сарвари давлат, роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди хатти барқӣ ва пайвастани он ба шабакаи ягонаи ҷумҳуриявӣ оғоз бахшиданд. Санаи 21-уми марти ҳамон сол бо маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ барои бо қувваи барқ таъмин намудани минтақаҳои Бургунда ва Тўда хатти интиқоли барқии 35 кВт сохта, ба истифода дода шуд.

Барои нигоҳ доштани фаъолияти истеҳсолии корхона ва рўз аз рўз беҳтар намудани шароити иқтисодии он тадбирҳо андешида шуданд ва дар ин самт дурнамои рушди корхона тарҳрезӣ гардид. Мувофиқи нақшаҳои таъмини иҷрои дурнамо барои пурра барқарор намудани фабрикаи заршўии шаҳраки Консой 9 млн. 618 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Барои беҳшавии фаъолияти кории минтақаҳои кўҳӣ бошад, 16 адад техникаи борбардор, 36 адад автомошинаи боркаш, 4 адад дастгоҳи пармакунӣ ва 8 адад экскаватори гуногунтамға харида шудааст. Ба маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ бино ва иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва ёрирасон сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 2015 ҳам хелҳои зарурии техника ва таҷҳизоти ҳозиразамони кўҳкорӣ дастрас гардиданд.

Роҳбарияти корхона барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии коргарон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.  Дар давоми солҳои 2002-2016 нуфуси коргарон аз 220 нафар ба 922 нафар расонида шуд, ки аз онҳо 143 нафарашон занҳо мебошанд.

-Бо мақсади бо мутахассисони худӣ таъмин намудани корхона 30 нафар фарзандон ва худи коргарон дар Донишгоҳи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон ба таҳсил фаро гирифта шуда, маблағи таҳсили онҳоро пардохт намуда истодаем, - зикр намуд дар интиҳои сўҳбат ёвари директори коргоҳ.

Аз шиносоӣ бо ҷомеаи меҳнатии ин корхонаи муштарак дарёфтам, ки мутахассисону роҳбарияти нексиришти замони соҳибистиқлолӣ ба ҳар як кор, ки ба манфиати умум аст, бо чашми хирад менигаранд Аз ин ҷост, ки ҳар як иқдоми онҳо бобарор буда, дорои натиҷаҳои дилхоҳ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мавсими сармо дар мекӯбад: Омодагӣ дар кадом сатҳ?

Баҳонаҷӯӣ ё ки вазъи ҳол? 

Ба қавле, сардиҳои фасли сармо аз худ дарак дода истодааст. Барои он ки зимистон бе мушкиливу муаммоҳо паси сар  шавад, бояд ба он  ҳар як хонадон, муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, муассисаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, корхонаву ташкилотҳо пурраву ҳамаҷониба омода бошанд, сӯзишворӣ-ангишт, ҳезумро ба таври кофӣ захира намоянд. Дар ноҳияи Мастчоҳ омодагиҳо дар кадом сатҳ  қарор дорад? Бо мақсади  ба ин масъала рӯшанӣ андохтан роҳ сӯи ноҳия  пеш гирифтем.

Сардори Идораи сохтмони асосии ноҳия Мирзо Шарифзода зикр кард, ки дар ноҳия ситод оид ба захираи сӯзишворӣ  барои мавсими зимистон амал мекунад ва 42 нуқтаи захиракунӣ мавҷуд буда, ҳар кадом мутасаддиёни худро дорад ва захираи ангиштро мустақилона ба роҳ мемонад.

Назар ба иттилои масъулини аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соли гузашта  дар ноҳия 24 нуқтаи фурӯши ангишт мансуб ба ҷамъияти матлубот фаъолият мебурд. Имсол бошад, 12  чунин нуқта, аз ҷумла дар шаҳраки Бӯстон 3 адад, ҷамоатҳои деҳоти Обшорон 1, Палдорак 1, Оббурдон 3, Мастчоҳ 3, Суғдиён 1 нуқта  амал мекунад.  То ҳол ба мардум аз ҳисоби ин нуқтаҳои фурӯши ҷамъияти матлубот 136 тонна ангишт дастрас карда шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия 6 адад нуқтаи сайёр фаъолият бурда, тибқи шартнома ба мардум  бо хоҳиши онҳо ангишт дастрас мекунад.

Ба суоли мо ҷиҳати он, ки ба сокинони як ноҳияи калон  фурӯхтани ҳамагӣ 136 тонна ангишт оё кам нест, посухи аниқ надоданд…

Дар ин бобат, яъне  чаро оиди мавҷудияти нуқтаҳои захираи ангишт дар Мастчоҳ рақамҳо гуногунанд, мудири шӯъбаи  бозорҳои  Иттифоқи матлуботи вилоят Абдурашид Шодиев  иброз дошт, ки  то имрӯз ба ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияи Зафаробод 300 тонна ва ноҳияи  Бобоҷон Fафуров 560 тонна тариқи харидуфурӯш  ангишт дастрас карда шудааст. Вале имрӯз имкониятҳои Иттифоқи матлубот маҳдуд буда, ба навоҳӣ ангишт ва ё маблағ пешниҳод карда наметавонад. Аз ин рӯ, аксар нуқтаҳои фурӯш ба сокинон ба иҷора дода шудаанд. Дар  ноҳияи Мастчоҳ низ  аксар нуқтаҳои фурӯш ба иҷора дода шудаанд ва  бо шарте, ки ба мардум  ангиштро аз нархи бозор 20 фоиз арзонтар фурӯшанд. Ҷиҳати теъдоди нуқтаҳои фурӯш бошад, дар ноҳия чандин нуқтаҳои фурӯш мавриди  ба ҷои дигар кӯчондан ва азнавсозӣ қарор доранд.

Омодагии таълимгоҳҳо дар сатҳи зарурӣ

Чун муассисаҳои  маориф ва тандурустӣ  аз соҳаҳоеанд, ки ба захираи пешакиву ҳатмии сӯзишворӣ эҳтиёҷманданд, бо мудири шӯъбаи маорифи ноҳия дар ин бобат гуфтугӯ намудем.

-Оид ба зимистонгузаронӣ  дар шӯъбаи маорифи ноҳия ситод амал мекунад, - зикр кард Нуриддин Боқиев. - Дар  назди 46 муассисаи таълимӣ ва 10 кӯдакистони ноҳия шахсони алоҳида масъул таъин шудаанд. Дар идораи маорифи ноҳия ҳанӯз аз моҳи июн, яъне  аз он вақте, ки қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин бора ба тасвиб расид, омодагиро  сар  кардем. Яъне, ҳангоме ки  нархи он хеле арзон ва дастрас-аз 0,30 то 0,40 дирам аст.

-Бо мақсади таъмини макотиби ноҳия бо сӯзишворӣ аз буҷети ноҳия 160 ҳазор сомонӣ                       

 маблағ ҷудо карда шуда, аз ин ҳисоб ба миқдори 395 тонна ангишти хушсифат захира карда шуд, ки ин мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда аст. Барои макотиб ҳезум низ ба миқдори кофӣ захира гардида, ҳамчунин тирезаҳои таълимгоҳҳо пурра шишабандӣ шудаанд. Тайёрӣ  ба зимистонгузаронӣ, ки аз муаммоҳои муҳими таълимгоҳҳои ноҳия аст, дар  Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, Ҷамоати Оббурдон, шаҳраки Бӯстон  хубу саривақтӣ, бо эҳсоси масъулиятшиносии баланд  гузаронида шуд. Дар макотиби Ҷамоати  шаҳраки Обшорон робита бо волидон хуб ба роҳ монда шуда, кумитаи падару модарон дар якҷоягӣ бо соҳибкорон барои зимистонгузаронии мӯътадили муҳассилин ғамхорӣ мекунанд.

-Дар ноҳия баҳри рушди соҳаи маориф тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Соли гузашта низ  мо ба мавсими сармо тайёриро хеле барвақт сар карда, ба таври кофӣ сӯзишворӣ  захира карда будем,- мегӯяд мудири шӯъбаи маориф. Ва зимистон, ки на он қадар хунук омад, бе ҳеҷ душворӣ  онро паси сар намудем. Ҷоиз ба зикр аст, ки тамоми макотиб ва муассисаҳои томактабӣ  бо барқи доимӣ  таъминанд. Вале барқ танҳо барои равшанидиҳӣ ва кор бо компютер истифода бурда мешаваду барои гармкунӣ дар тамоми синфхонаҳо печҳои бухорӣ гузошта шудаанд.

Шӯъбаи маорифи ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, дар оянда  бо ташкили буғхонаҳои хурд гармидиҳии марказонидаи мактабҳоро ба роҳ монад. Худи ҳамин сол бошад, 14  дабистон ба чунин усули гармидиҳӣ гузаронида шуданд.

Бунёди таълимгоҳҳо  бо усули ҳашар

1587 нафар омӯзгорон ба фарзандони мардум таълиму тадрис медиҳанд, ки аз ин теъдод 90 фисадашро муаллимони дорои маълумоти олӣ ташкил медиҳанд.

Онҳое, ки маълумоташон олии  нопурра аст, тадриҷан  дониши худро мукаммал мегардонанд. Худи ҳамин сол 68 нафар омӯзгорон ҳам аз макотиб ва ҳам аз кӯдакистонҳо  донишҷӯ шуданд.

Аз боиси он, ки байни деҳаҳо роҳ  дур аст, мардум  азм кардаанд, бо роҳи ҳашар таълимгоҳ бунёд намоянд ё ки  зумраи соҳибкорон бо иқдоми нек  баромада, мактаб сохта истодаанд. Яке аз чунин саховатмандон Фаррух Шарифов  дар маҳаллаи Майдончаи комсомоли Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ  бо сарфи 3,7 миллион сомонӣ  мактаби дорои 16 синфхона  ва толори варзишӣ  барои 400 хонанда сохта, ба истифода дод. Тариқи ҳашар бошад, соли равон дар  маҳаллаи Чаманистони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор  6 синфхона дар назди мактаби №32 сохта шуд. Ду нафар соҳибкор тасмим гирифтаанд, дар Ҷамоати деҳоти  Оббурдон ва шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусӣ  бунёд намоянд.

Муаммоҳои соҳаи маорифи ноҳияро  асосан норасоии китоби дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва фанҳои дақиқ, ҳамчунин омӯзгорони ихтисосманд  ташкил медиҳанд. Инчунин,  аз муаммоҳои ҳалталаб  набудани таълимгоҳҳо дар маҳаллаҳо аст, ки  ин камбудиро сокинони маҳаллаҳои  Ҷалолиддини Румии шаҳраки Бӯстон, Дилкушои Ҷамоати Оббурдон, Навбунёди  Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ  бештар эҳсос мекунанд.

Фасли сармо  мушкилоти худро дорад. Бояд сокинон омодагии хуб дида, бо сӯзишвории хушсифату арзону дастрас таъмин бошанд.

Рафоат МӯЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Орзуи 25-сола амалӣ гардид!

Мо, аҳли маҳаллаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, бо қалбҳои саршор аз ихлосу эҳтиром ба Шумо, Раиси мӯҳтарами вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ миннатдории беандозаи худро тавассути рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» баён мекунем.

Дастгириву меҳрубонии шумо, инсони бошарофату хайрандеш, созандаву ободкор буд, ки орзуи 25-солаи сокинони маҳаллаи мо ҷомаи амал пӯшид, дили пиру барно шоду масрур гашт. Зеро дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои бузурги Тоҷикистони азизамон – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо ҳидояти Шумо ба маҳаллаи мо қитъаи замин ҷудо гардид, ки барои хонаи охирати мо истифода бурда мешавад. То ин вақт маҳалла соҳиби қабристон набуд ва мардуми он дар масъалаи дафни  наздикон ниҳоят оҷизӣ мекашиданд.

Маҳз, амали неку савоби Шумо моро аз тангдастӣ раҳо кард ва мушкиламон осон гардид. Барои ин иқдому инсонгарии шоиста аҳли маҳалла дар ҳаққи Шумо дуои нек мегӯянд.

Аз ин амали хайри Шумо як умр сипосгузорем.

Юсуфҷон ВАЛИЕВ,
аз номи сокинони маҳаллаи
Бӯстони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи  шаҳри Исфара

Читать далее

28 November 2016

«Шоҳҷоиза»-и озмуни вилоятии “Китобдори сол-2016” насиби Раҳмонбек Гулов гардид

Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ озмуни вилоятии “Китобдори сол-2016” дар доираи ҷашнҳои бошукуҳи таърихӣ бо иштироки беҳтарин китобшиносон аз шаҳру навоҳии Суғдзамин баргузор гашт.

Шартҳои озмун ҳар як китобдорро водор менамуд, ки дар ҷараёни фаъолияти хеш дар тарғиби китобу сарчашмаҳои маърифат саҳм гузошта, ҷиҳати татбиқи тарзу воситаҳои муосири хизматрасонӣ кӯшиш намояд. Илова бар ин, кори китобхонаҳоро ба хизматрасонии муосири электронӣ ҷавобгӯ сохта, бо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни адабию фарҳангӣ ва илмӣ нақши хешро дар тарбияву ташаккули маънавиёти ҷомеа, ташвиқи сулҳу субот ва, муҳимтар аз ҳама,  дар таблиғи сиёсати хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузорад.

Шоистаи таъкид аст, ки бори аввал китобдорон дар канори тарзи анъанавии муаррифии фаъолияту таҷрибаи кории худ, инчунин бо истифода аз слайдҳо ва саволномаи тестӣ аз тариқи компютер донишу маҳорати китобдорияшонро нишон доданд.

Ҳакамони озмун  дар ҳайати шоиру адабиётшинос Нуралӣ Нуров, ходими давлатӣ, собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов, директорони Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияи Гулистону Зафаробод Мирзоева Биомина, Азизов Баҳодур ва директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром омодагии ҳамаҷонибаи донишу малакаи китобдорону китобшиносони фаъоли вилоятро баҳогузорӣ карда, аз байни онҳо «Шоҳҷоиза»-ро ба китобдори ноҳияи Мастчоҳ Гулов Раҳмонбек (210 хол) муносиб донистанд.

Ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро китобдорон Нарзиева Маниҷа (ш. Исфара, 207 хол), Ҷалолова Мухбира (Китобхонаи вилоятӣ, 203 хол), Шарипова Фарангис (ш.Конибодом, 198 хол) ишғол карданд.

Ҳамчунин китобдорон  Ҷамолова Гулрухсор (н.Бобоҷон Ғафуров, 197 хол), Ҷӯраева Ҳусния (ш.Бӯстон, 194 хол), Марҳамов Самад (н.Спитамен, 185 хол), Шарипова Мавзуна (ш.Хуҷанд, 184 хол), Ҷӯраева Зайнура (ш.Гулистон, 177 хол), Абдурауфзода Марзиямоҳ (н.Ҷаббор Расулов, 150 хол) дар озмун фаъолияти хуб нишон дода, холҳои нисбатан зиёд ба даст оварданд.

Китобдорони номбурда аз рӯйи натиҷаи озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманди Раёсати фарҳанги вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее