May 2016

18 May 2016

Нақши прокуратура дар тарбияи маҳкумшудагон

Соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон, давлати мустақили соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлолият, ки арзиши бебаҳо ва ифтихори миллии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд, дар муҳофизат, иқтидор, пойдориву мустаҳкам кардани ин дастоварди бебаҳо, нақши мақомоти прокуратура муҳим буд.

Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ба шиддат ёфтани муборизаи нерӯҳои сиёсии мамлакат рост омад, ки ин нооромиҳо рукнҳои давлатдориро коста гардонид, вале мақомоти прокуратура аз фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша наҳаросида,  вазифаҳои худро поквиҷдонона ва мардонавор иҷро карда, ба барқарор карда шудани ҳоқимияти конститутсионӣ мусоидат намуд.

Имрӯз, низ мақомоти прокуратура баҳри ба амал баровардани назорати прокурорӣ нақши бебаҳо дорад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон ин нуктаро қайд кардаанд.

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд яке аз сохторҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар замони Истиқлолият таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси супоришу дастурҳои Прокурори генералӣ ва прокурори вилояти Суғд дар муассисаҳои ислоҳӣ, маҳбасҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои ёрирасони онҳо ба амал мебарорад.

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ корҳои муайянеро иҷро кардааст.

Бештар прокуратура ба масъалаҳои татбиқи санадҳои авф, таъсиррасонии тарбиявӣ ба ашхоси ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум шуда, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Тамоми имкониятҳо истифода карда мешавад, ки маҳкумшудагоне, ки тибқи ҳукми суд барои адои ҷазо ба муассисаи ислоҳӣ омадаанд, ислоҳ гардида, ҳамчун фарди солимфикр ба ҷамъият баргарданд.  

Танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми октябри соли 2014 №1130 «Дар бораи авф» дар асоси пешниҳодҳои сардорони муассисаҳои ислоҳӣ дар вилояти Суғд бо иҷозати прокурор нисбати 1129 нафар маҳкумшудагон Қонуни мазкур татбиқ карда шуд, ки 686 маҳкумшуда аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд.

Бо пешниҳоди сардорони муассисаҳо дар соли 2015 низоми адои ҷазои  366  маҳкумшуда иваз карда шудааст .

Қабули маҳкумшудагон, баррасии муроҷиати онҳо, волидайн ва дигар хешу табори онҳо яке аз вазифаҳои муҳим ва самти афзалиятноки прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд мансуб ёфта, дар ин самт низ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ маблағи зарари расонидашуда барқарор карда шуда, 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 10 парвандаи ҷиноятӣ ба суд равон карда шудааст, ки гунаҳгорон маҳкум карда шудаанд.

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад кард.  

З.ШАРИФЗОДА,
прокурори назорати иҷрои қонунҳо
дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд
мушовири адлияи дараҷаи 1

Читать далее

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия - тақозои замон

Хуҷанд. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрӣ бо намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯрабоев дар сухани ифтитоҳӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз ҳама баҳри рушди босуботи ҷомеаи муосир, такмили равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи он, таҳким бахшидан ба асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рушди забони давлатӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ маънидод намуд.

Раҳмонзода Муҳаммадбашир муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд дар баромадаш таъкид дошт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар густариши равандҳои демократӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ, тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад. Дар мулоқот омилҳои зарурати ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мавриди баррасии густурда қарор гирифт. Сардори Хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони РВКД-и вилоят полковник Насим Набиев перомуни шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, зуҳуроти терроризму экстромизм ва як қатор ҷиноятҳои дар моҳҳои охир аз тарафи ҷавонон содиршуда  сухан карда, қайд намуд, ки дар чор моҳи охир аз тарафи донишҷӯён  ёздаҳ ҷиноят содир шудааст.

Рустам Юлдошев дар намояндагӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронияш доири қонунҳои амалкунанда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва мараъкаи муҳими дарпешистода ёдовар шуд. Саидбой Зокиров, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид БА омодагӣ ба раъйпурсӣ сухан намуда, таъкид дошт, ки дар ҷумҳурӣ 3239 участкаи интихоботӣ ва барои муҳоҷирон дар кишварҳои гуногун 36 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтаанд. 

ҳадаф аз баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷомеа, махсусан ҷавонон, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффоф баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ маҳсуб мегардад.

 Сорбон АМАКОВ,
 кормандишӯъбаи таҳлил ва робита
ҷомеаи донишгоҳ

Читать далее

Рӯзи Дави миллии умумиҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Бахшида ба «20-рӯзи ҷавонон» ва таҷлили рӯзи ҷавонон дар  маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи «Дави миллии умумиҷумҳуриявӣ» бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Назирӣ баргузор гардид.

Мардуми ноҳия бо дарки зарурати ин маъракаи сиёсӣ, ки барои солимгардонии мардуми ноҳия равона шудааст, фаъолона иштирок намуданд.

Дар «Дави миллии умумиҷумҳуриявӣ» ки ҳар сол дар арафаи таҷлили рӯзи ҷавонон гузаронида мешавад, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, кормандони нозироти андоз, аъзои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, корманди соҳаи саноат, тандурустӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия, хонандагону омӯзгорони МТМУ-и ноҳия ширкат намуданд, ки дар маҷмӯъ шумораи иштироккунандагон ба 4 ҳазор нафар расид.

Иштирокчиёни «Дави миллӣ» наздик 3 ҳазор метрро тай намуда, ғолибони ин чорабинӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз шуданд.

Дар фарҷоми «Дави миллӣ» раиси ноҳия Зариф Назирӣ  суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки варзиш гарави саломатӣ буда, барои дар рӯҳияи солим таълиму тарбия ёфтани насли наврас шароити мусоид фароҳам меоварад.

Шералӣ МАДАМИНОВ

Читать далее

Дар зодгоҳи аллома Иқбол

Боиси хурсандист, ки ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳои дўстонаи кишвари мо бо кишварҳои дуру наздик густариш ёфта истодааст. Яке аз кишварҳои ба мо дўсту ҳамкор- Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад.

Имрўз Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг, туризм ва ғайра муносибатҳои густурдаи дўстонаро ба роҳ мондаанд. Солҳои охир мавҷуд набудани хатсайри мустақим то андозае ба рушди ҳамкориҳо мушкил эҷод мекард. Вале хушбахтона, 6-уми майи соли равон аз ҷониби ширкати ватании «Сомон Эйр» ба шаҳри Лоҳури Покистон хатсайри мустақим ифтитоҳ гардид. Мусофирони ин хатсайри нахустин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон буданд.

Лоҳур дуюмин шаҳри калонтарини Покистон буда, аҳолияш бо атрофаш ҳудуди  7-8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Лоҳур дар қисмати шимолу шарқии Покистон, дар соҳили дарёи Равӣ воқеъ буда, ба сарҳади ҳиндустон хеле наздик аст. Пойтахти музофоти Панҷоб буда, маркази фарҳангию саноатии Покистон мебошад. Дар шаҳр саноати нассоҷӣ, кимиёвӣ, коркарди металл, мошинсозӣ ва ғайра тараққӣ кардааст.

Соли 1947 пас аз тақсимоти худуди ҳиндустон ва Покистон Лоҳур ва Панҷоб муддате чун минтақаҳои задухўрдҳои калон боқӣ монданд. ҳиндуҳо ва синхҳо шаҳрро тарк намуда, чойи онҳоро мусулмонҳои панҷобӣ гирифтанд.  Лоҳурро пойтахти фарҳангии Покистон меноманд. ҳамасола дар ин шаҳр конфронсҳои байналхалқӣ, фестивалҳои театрӣ ва мусиқавӣ, намоишгоҳҳо ва ярмаркаи китобҳо барпо мешаванд.  Соли 1968 ба хотири  ба имзорасидани Созишномаи Лоҳур  дар шаҳр ёдгории Манораи Покистон бунёд шуд, ки  он ба рамзи шаҳр табдил ёфтааст.

Қалъаи Лоҳур, ки ба рўйхати ёдгориҳои меъмории ЮНЕСКО  ворид мебошад, дар асри ҶVI бунёд шудааст. Аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур дар ҳайъати Империяи Бузурги муғулҳо буда, чанд муддат пойтахти он низ маҳсуб меёфт.

Масчиди Подшоҳӣ- аз калонтарин масчидҳои натанҳо Покистон, балки  дунё мебошад. Вай дар наздикии Боғҳои Шолимар ва Қалъаи Лоҳур ҷойгир шуда, солҳои 1673-1674 бо фармони Султон Муҳаммад Аврангзеб бунёд шудааст.

Мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ- шоир, мутафаккир ва файласуфи барҷастаи покистониро ҳамарўза ҳазорон нафар ихлосмандонаш зиёрат мекунанд. Хишти аввалин барои бунёди он соли 1938 гузошта шуда, сохтмон 13 сол давом кард. 

Дар наздикии Лоҳур, дар сарҳади ҳиндустону Покистон ҳар бегоҳ маросими кушодани дарвозаҳои сарҳади Покистону ҳиндустон баргузор мешавад, ки аз ҳарду кишвар хазорҳо нафар тамошобин ҷамъ меоянд. Ин маросим ба як намоиши театронидашуда монанд буда, ҳайъати тоҷикистонӣ аз тамошои он таассуроти бисёр бардоштанд. Дар дил ва чашми покистониён ҳисси баланди ифтихор ва ватандўстӣ ҷўш мезад. Аз як тараф нидои «Покистон зинда бод» боз ва аз тарафи дигар нидои «ҳиндустон зинда бод» такрор ба такрор ба гўш мерасид.

Зимни сафари гурўҳи хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳри Лоҳур бо масъули Вазорати иттилооти Покистон Амир Малик вохўрӣ доир гардид. Номбурда афзуд, солҳои 70-80-и асри гузашта туризм дар Покистон хеле рушд ёфта буд. 

- Вале, айни замон шумораи сайёҳон то 40-50 фоиз  коҳиш ёфтааст. Яке аз сабабҳои ин нашр шудани ахбори бардурўғ дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ аст, ки имиҷи Покистонро ҳамчун кишвари ҷангзада нишон додан мехоҳанд. Аммо, дар баробари ин, маҳз ВАО қодир аст, ки барои тарғиботи ҳар як кишвар нақши сазовор гузорад. Новобаста аз ин Покистон талош дорад, то туризмро рушд диҳад. Покистон ба он хотир барои хориҷиён ҷолиб аст, ки табиати нодиру нотакрор, таъриху фарҳанги бою рангин ва хатсайрҳои мусоиди сайёҳӣ дорад, - гуфт А.Малик.               

Лоҳур ҳанўз аз соли 1976 бо пойтахти мо- Душанбе аҳди бародаршаҳрӣ бастааст. Боз шудани хатсайри аввалин ба Покистон аз ҷониби ширкати ҳопаймоии «Сомон Эйр» қадами неку муборак барои рушди муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Покистон мебошад.

Мутриба ТЎЙЧИЗОДА,
Душанбе-Лоҳур-Душанбе

Читать далее

17 May 2016

Вазъи истгоҳ ташвишовар аст!

Дар маҳаллаи 32-юм ва  28-уми шаҳри Хуҷанд, ки роҳ хеле танг аст, бар замми ин бо сабаби набудани аломати роҳ ва чароғаки раҳнамо ҳолати роҳ ташвишовар буда, боиси тез-тез рух додани садама мегардад. Гузашта аз ин, дар ин чорроҳа хати рах-рахи сафеди пиёдагардон низ мушоҳида намешавад, ки бар хилофи меъёрҳои роҳсозӣ мебошад.

Дар чорроҳаи назди парки троллейбусҳо, кўчаи Султон Умаров, маҳаллаи 32 ва маҳаллаи 28-ум  тез-тез садамаи роҳу нақлиётӣ рух медиҳад, ки боиси ташвиши сокинони ин маҳал шудааст. Чунончӣ, мушоҳидаи шахсии муаллифи ин сатрҳо исбот намуд, сабаби аслии он дар миёндавраи чорроҳа насб нашудани ягон аломати роҳ мебошад. Кас намедонад, ки куҷо роҳи пиёдагарду куҷо роҳи мошингард! Аз назди чойхонаи «Ваҳдат» то парки троллейбусҳо бошад, ҳатто роҳ барои пиёдагардон ҷудо нашудаву бар замми ин бо чароғи рўшноидиҳанда таъмин нест, ки шабонгоҳ ин ҷо мавзеи ваҳим арзёбӣ мешавад.

Читать далее

Оё савдои кӯчагӣ ба талабот ҷавобгӯ аст?

Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Соли 2016 - “Соли фарди солим” эълон гардидааст. Дар ин радиф бояд масъулини соҳа ҳарчи зудтар дар пайи ислоҳи ҳар гуна камбудӣ шаванд ва нагузоранд, ки ягон нафар сокини кишвар аз маҳсулоти фурўшандагони сарироҳӣ зарар бинанд.  Бозори Панҷшанбе яке аз бозорҳои калон ва, ҳатто асосӣ ба ҳисоб меравад, ки дар кўчаи Шарқ ҷойгир аст.

Дар ин кўча, на танҳо бозори Панҷшанбе, балки Афғонбозор, Бадри мунир, Нури Хуҷанд, Баҳор низ ҷой гирифта, ки мардум барои харидани чизҳои лозимӣ ва бештар озуқаворӣ, аз қабили сабзавоту меваҷот, хўрокворӣ ва ғайра ба ин бозорҳо меоянд.

Читать далее

Боиси фараҳмандии тифлон

Гузарондани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ҷараёни тоза дорад.  Дар маҳаллаи Ваҳдати микроноҳияи  27-уми шаҳри Хуҷанд  назди бинои 6-ум бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони маҳалла майдончаи варзишии бачагона сохта ба истифода дода шуд.

Дар майдонча барои бозии кўдакону наврасон ва  калонсолон аз рўи намудҳои гуногун, аз ҷумла баскетбол шароити хуб фароҳам оварда, гирду атрофаш  сементпўш ва бо  сангҳои табиӣ   оро дода шудааст.

Нўъмонхон Ҳасанов-раиси Кумитаи маҳаллаи Ваҳдат мегўяд, ки тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои баландошёна ва обод намудани маҳалли зисти худ аз  ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад. 

Инсон дар рўи замин сарчашмаи ҳамаи ободӣ, пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам, маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунад. Инсоне, ки саропо манбаи дастовардҳои асилу пурарзиш аст,  гулу гиёҳро ҳастӣ мебахшад,  ҳайвоноту набототро нигаҳбонӣ карда,  муҳити ҷомеаро созгор мегардонад ва ба пешравии ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гўшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад, -ибрози ақида менамояд Н.Ҳасанов.

Бино ба гуфти раиси кумитаи бино Ш.Файзиева тайи чанд сол  ин майдонча  ба харобазор табдил ёфта буд.  Аз набудани майдончаи бозии бачагон ва ҷои истироҳат сокинон азоб мекашиданд. Хушбахтона,  имрўз аз ободиҳои баамаломада хурсандии  сокинони маҳалла ҳадду канор надорад. Шукргузор аз он ҳастем,  ки дар давлати тинҷу ором зиндагӣ дорем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Ассогузории сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки бунёдкорӣ равнақ мегирад. Баҳри сокинон ва хусусан, фарзандон дар оғўши табиати зебову барҳаво ҳамин майдончаи варзишӣ  бунёд гардиду мо аз ин майдонча хубтару беҳтар истифода карда истодааем, - иброз дошт Ш.Файзиева.

-Оре, тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити обод, покии обу дигар сарватҳо, сафои рўзгор, манзили истиқоматӣ, кўдакони хуштолеъ ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагӣ дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду зан, чӣ кўдакону бузургсолон  вазифадоранд, тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа ва қарзи асосии инсониашон дониста, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша обод нигоҳ доранд. Мо мардум набояд гузорем, ки ба ҷўйҳои пуроб ифлосиҳо партоянд, обро, ки сарвати бузург аст, бо нопокиҳо олуда гардонанд. Тозагии муҳити зист, об, ҳаво, нигоҳ доштани ҳаёти растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд, низ аз худи одамон вобаста аст, -афзуд. Ҳасанов.

Аз сўҳбати ў хеле баҳра бурдам. Эҳсос намудам, ки ин ҷавонмарди хайрхоҳи манфиати умум ва тарғибгари ободонӣ дар «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» дар миқёси маҳаллаи худ, ки номи «Ваҳдат»-ро гирифтааст, ҷонсўзона кору пайкор дорад.

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Гулгашти муҳаббат ва садоқат ба ватан

Рўзе, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари хизматӣ доштем, нахуст аз рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия Комил Салимзода воқиф гардидем. Дар толори интизорӣ 10 нафар шаҳрванд дар навбат меистоданду бо масъалаҳои гуногуни хеш мехостанд, аз раиси ноҳия ёрии моддиву маънавӣ гиранд. Агар сокини ҳамин ноҳия Сайфинисо Икромова бо масъалаи зиёд намудани нафақаи фарзанди маъюбаш ба раис арзи ҳол карданӣ бошад, Ойбек Қодиров мехост, ки иҷозатномаро дар назди варзишгоҳи «Пахтакор» барои бунёди толори варзишӣ бигирад. Абдуманнон Эшонқулов бошад, аз Ҷамоати деҳоти Гулхона соҳиби саҳми замин шудан ва таъсиси хоҷагии деҳқониро хоҳон буд.

Комил Салимзода аз моҳи январи соли 2016 ба вазифаи иҷрокунанда ва аз чоруми апрели ҳамин сол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин гардид, тавонист дарозои фаъолияташ ба муваффақиятҳои бештаре ноил гардад.

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 13 майи соли 2016 № 221

Дар барои мукофотонидани ғолибони мусобиқаи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, №АП-861 ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷамъбаст ва мукофотонидани ғолибони мусобиқа, қарор мекунам:

1. Ғолибони мусобиқаи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ бо шаҳодатнома, нишони хотиравӣ (вимпел), дипломҳои дараҷаи I. П. III бо навиштаҷоти «Ғолиби ҷойи беҳтарин мусобиқаи вилоятӣ ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маблағи пулӣ тибқи замима мукофотонида шаванд.

2. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супорида шавад, ки ғолиби мусобиқаи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавиро муайян ва ба мусобиқаи вилоятӣ пешниҳод намоянд.

3. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», Муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва таҳияи барномаҳо дар васфи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Ба Сарраёсати молияи вилоят супорида шавад, ки тибқи мукофотпулии замимагардида маблағгузории саривақтии мусобиқаи мазкурро таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М., муовинони Раиси вилоят Файзуллозода З.Қ., Ғаффорӣ Н.А., Анвар Яъқубӣ, Хоҷазода О.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоирӣ Ғ.М. гузошта шавад.

Читать далее

16 May 2016

Оила - равшангари дилҳо

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ ва устувории оилаҳои ҷавон санаи 14-уми майи соли равон дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила – равшангари дилҳо» маҳфил баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят оилаҳои барўманд, ҷавонони навхонадор ва оилаҳои намунавии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва фарҳанг ширкат варзида, доир ба оилаву оиладорӣ сухан гуфтанд.

Читать далее