May 2016

19 May 2016

Вуҷуди Лоиқ саршори номуси миллӣ буд

Дар давраи зиндагиву кори эҷодиаш устоди шодравон, шоири шаҳири миллат Лоиқ Шералӣ бо нафарони хеле зиёди касбу кори гуногун аҳди бародарӣ дошту то охирин лаҳзаҳои умраш дӯстиро  арҷгузорӣ мекард.

Миёни ин ҳамкасбону дўстону бародарон ва аҳли пайвандон Раҷабмаҳмад Шарифзода мақоми хоса дорад, ки бесабаб нест, зеро дўстиву бародархондагии онҳо ҳанўз аз давраи мактабхониву донишҷўӣ солҳои 50-ум ибтидо гирифтааст. Раҷабмаҳмад Шарифзода соли 1954 аз Кўҳистони Мастчоҳ ба шаҳри Панҷакент кўч баста, баъди хатми мактаби миёна чун Лоиқ Шералӣ ба Омўзишгоҳи омўзгории Панҷакент шомил мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои пурҷўшу хурўши зиндагиву эҷодӣ дўстиву бародарии эшонро рахнае набудаву танҳо ва танҳо вафодориву садоқат хос буд. Ҳамфикр буданду ҳамдил, ҳамандешаву ҳамроз.

Дар ростои зиндагӣ устод Лоиқ чун шоири соҳибистеъод ва баркамол дар ҷомеа шинохта шуда, мақоми манзалати абадӣ пайдо карда бошад, дўсти наздик қаринаш Раҷабмаҳмад Шарифзода низ пайраҳаҳои гуногуни пурпечутобро дар ҳаёт муваффақона тай ва монеаҳои басо сангинро бо сари баланду рўйи сурх паси сар кардааст. Солиёни дароз дар Ҳисору Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов чун омўзгор фарзандони мардумро  самимона, аз таҳти дил таълим доду тарбия додааст. Ҳамзамон солҳои дароз ба кори хоҷагӣ гузашта, дар рушди  соҳаи кишоварзии Мастчоҳ саҳм дорад. Дар ҳама ҳолат ў дўстдори шеъру мусиқӣ буда, ифтихор аз ашъори классикии ниёгон дораду доимӣ миёни хурду бузурги диёр мероси ниёгонро талқин мекунад. Маҳз бо талошҳои Раҷабмаҳмад Шарифзода охири солҳои замони шўравӣ дар ҷумҳурӣ, дар Мастчоҳ нахустин хоҷагӣ номи шоир Умари Хайёмро ба худ мегирад. Баъдан ба ифтихори 675 солагии Камоли Хуҷандӣ бо иқдоми мавсуф дар Кўҳистони Мастчоҳ ба хоҷагие номи ин шоири классикро мегузоранд. Дар ин рўзҳои баҳорон, ки диёри азизамон басо сарсабзу хуррам ва гулпўшӣ дораду мардуми кишвар ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 75 солагии шоири бузурги миллат омодагӣ дорад рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ бо ин марди шарифу фозил, сухангўву суханпараст, мусиқдону мусиқинавоз, дўсти наздики устод Лоиқ Шералӣ сўҳбате анҷом додааст, ки манзури шумо хонандагон мегардонем.

- Муаррифии Лоиқ аз мавқеъ ва нигоҳи шумо?

- Дар ҳамин рўзҳои баҳорӣ бо табиати сабзпўшу гулрез сўҳбат оростан аз рўзгору эҷоди як тан фарзанди фарзонаи миллат, шоири басо барҷаставу забардаст, соҳибназар, маъниназару беназир, устоди шодравон Лоиқ Шералӣ, ки худ зебопараст буд, басо гуворост. Агар умр вафо мекард, имсол ин шоири шаҳири миллат, дўсти ватанпарасти мо, ба 75-умин баҳори умр мерасид. Лоиқ баъди гузашти садҳо сол, амиқан баъди ҳазор сол тўҳфае буд ба миллати мо, ки вориси аслии одамушшуаро Абў-Абдулло Рўдакист. Ба эҷодиёти Лоиқ рў овардан, ин муҳаббат ба сухан, эътиқоду эътимод ба сухангустарон аст. Сарфи назар аз он ки аз гузашти устод 16 сол сипарӣ шудаасту ҷисман бо мо нест, вале ҳамарўза бештару беҳтар вирди забон асту дар хама маъракаҳо аз шеъри ў, аз худи ў ёд мекунанд ва сатрхои самимиву саршор аз меҳру муҳаббаташ дар хизмати миллат қарор дорад.

-Дар аёми донишҷўӣ дар Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент, ки бо ҳам таҳсил мекардед, то чӣ андоза Лоиқ аз худ истеъдоди шоирӣ нишон медод?

– То охирин лаҳзаҳои умри худ шукргузорӣ аз Худованд хоҳам кард, ки маро бо Лоиқ рў ба рў, ҳамдилу ҳамандеша ва ҳамроз гардонид. Бе ягон сохтакорӣ ва ҳангомасозӣ иқрор мешавам, ки ҳанўз аз давраҳои аввали таҳсил дар Омўзишгоҳи омўзгорӣ шарикдарсон, устодон дар симои ин писари кўҳистонӣ ҷўшу хурўши ҷавонӣ, туғёни ҳаяҷону эҳсосоти зебопарастӣ, илҳоми шеър гуфтанро мушоҳида мекарданд. Ин воқеият аст ва инро дигар шарикдарсонамон устодони имрўзи адабиёт Сорбону Абдунабӣ Сатторзода метавонанд тақвият бахшанд. Лоиқ сарфи назар дар як муҳити хонаводагии русто тарбия дидан дар ҳаёти шаҳрӣ худро ҳаргиз ноҳинҷор эҳсос намекард ва дорои ахлоқу басо ҳамида буду ибратомўз ба ҷавонони шаҳр.

Дар ҷараёни таҳсил басо фаъол буд, баҳсҳои дарсӣ ороста, аз устодон боисрор пурсиш ба амал меовард ва посухи воқеиро тақозо мекард. Ҳамин хислатҳои кунҷкобиаш ўро дар аксари дарсҳои адабиёт ба ғолибият мебурд. Лоиқ вуҷудашро ба адабиёт бахшида, таваҷҷўҳи қавӣ ба шеъру шоирӣ дошт. Дар он замон, дар омўзишгоҳ устоде доштем бо насаби Шарифов (мутаассифона, номашон дар ёд нест), худашон аз Исфара буда, аз ҷумлаи он устодоне маҳсуб меёфт, ки меҳру муҳаббати бепоёнро нисбат ба шеъру шоирӣ, мақому манзалати шеър дар қалби мо, донишҷўён, аз ҷумла Лоиқ, Абдунабӣ Сатторзода, Сорбон ва дигарон сабз намуданд. Сабақи муҳаббати беандоза ба адабиёт, шеърро маҳз аз ҳамин устоди некном бардоштаем.

Хусусияти фарқкунандаи дарси ин устод аз дигарон бо он ифода меёфт, ки дар ҷараёни дарс тафсиру шарҳи луғатро хеле зебо, амиқ, возеҳ ба ҷо меоварданд. Ташаккули калима-воҷаро бо тамоми паҳлўҳои воқеиву таърихи пайдоишашу ташаккулаш хеле зебову гуворо, хотирмон мефаҳмониданд. Тафсири як калима баъзан то 15-70 дақиқа вақтро мегирифт. Ин муҳити хуби эҷодӣ, олами фалсафӣ мо, ҷавононро ба ваҷд меовард. Ва беҳтарин дарс ба Лоиқ ана ҳамин дарси устод Шарифов буд.

-Шумо ҳамчуни шарикдарс ва дўст аввалин шеъри Лоиқро дар ёд доред?

- Лоиқ шеъри бисёр менавишту дар рўзномаи девории «Педагог»-и Омўзишгоҳ мудом чоп мешуд. Аммо он замон дар матбуоти даврии расмӣ ҳанўз шеъраш рўи чоп наомада буд.

Аввалин шеъри Лоиқ бо унвони «Ном» буд ва бори аввал дар кадоме аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шуда, Абдунабӣ Сатторов бо таҳлили ин шеър гуфта буд, ки дар сатрҳои ин шеър бўйи шеъри асилу шоирӣ меояд. Баъдан пайваста, дар ҳама рўзномаҳо шеърҳояш ба чоп расида, аз ҷониби хонандагон самимона пазируфта мешуданд.

Дўстии мо бо тамоми паҳлўҳояш дар ҳамин даргоҳи маърифат ташаккул ёфтаву ба аҳди бародарӣ расида.

Соли 1958 баъди хатми Омўзишгоҳи мазкур Лоиқ барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе (имрўза Донишгоҳи омўзгории ба номи устод Айнӣ) дохил шуду ман ду сол ба ҳайси омўзгор дар ноҳияи Пролетар (имрўз ноҳияи Ҷаббор Расулов) адои вазифа доштам. Аммо дар ин фосилаи вақт ҳам мо бо таври доимӣ аз ҳоли ҳамдигар, аз фаъолияти корӣ огоҳ мешудем. Пасон,  баъди ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин (ҳоло ДДМТ) дохил шудан пайраҳои ҳаёт боз моро бо ҳам пайваст.

Лоиқ хосияте дошт, ки назираш набуд. Ҳар он кореро, ки оғоз мебахшид, то ба охир мерасонид. Дар даврони донишҷўӣ низ ҳамеша мо бо ҳам будему сўҳбат доимӣ аз шеъру шоирӣ буд. То нафаси охирин дўстии мо пойдор мондааст бо устод Лоиқ.

Баъди хатми Донишкада Лоиқ дар идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор монду ман баҳри омўзгорӣ ба Ҳисор рафтам, пасон ба Мастчоҳ баргаштам. Вале доимӣ занг мезадему аз ҳоли ҳамдигар воқиф мегаштем. Лоиқ аз рўзнома ба маҷаллаи «Садои Шарқ» гузашт. Бо гузашти чанд муддати дигар бошад, ў муҳаррири «Садои Шарқ» таъин шуд. Ман дар хоҷагие котиби ташкилоти ҳизбӣ будам.

Муҳаббат нисбат ба дўстонаш самимиву беолоиш, беғаш, поку  беғаразона буд. Ҳар боре, ки тасмим ба сафари вилояти Суғд дошт дар тамос мешудему нақша мекашидем, ки куҷо бояд рафту чӣ бояд кард. Аз дидани манзараҳои дилфиребу афсонавии диёр ба ваҷд меомаду илҳом мегирифт. Боре, ин соли 1979 буд, аз Душанбе дархост кард, ки муштоқи тамошои манзараҳои Кўҳистони Мастчоҳ ҳаст ва ўро роҳбалад шавам.

Ў бо ҳамроҳи адибони дигар Ҳақназар Ғоиб, Ўрун Кўҳзод омаданду дар давоми даҳ рўз Кўҳистони Мастчоҳро сайр кардем. Қабл аз бозгашт устод Лоиқ дархост кард, ки аз қабри шоири халқӣ Юсуф Вафо, ки дар деҳаи Пастиғав қарор дорад, зиёрат кунему дар ҳаққаш дасти дуо бардорем. Мутаассифона, ҷустуҷўи мо бо роҳбалади аз деҳ таъиншуда аз мазори Юсуф Вафо натиҷа набахшид. Қабристон харобазор буду қабрҳо ҳама беному нишон. Устод Лоиқ нидо кард, ки : Ин чӣ ҳол аст, ки дар рўзи равшан қабри шоирро наёбӣ. Сипас, мо ҳамроҳ ба ноҳияи Айнӣ рафта, мақбараи Туғралро зиёрат карда Лоиқро ба Дуғанбе гусел кардем. Аз Душанбе устод Лоиқ ба котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Мастчоҳ Саидшариф Шарифов занг зада, вазъи қабри шоир халқӣ Юсуф Вафоро мефаҳмонад. Занги Лоиқ боис мегардаду дар муддати кўтоҳ мақбараи Юсуф Вафо  бунёд мешавад. Баъди панҷ сол Лоиқ бори дигар ба сафари Кўҳистони Мастчоҳ омада бо зиёрати қабри шоир изҳори шодмонӣ мекунад, яъне ҳар сафари Лоиқ ба минтақаҳо ба иди шеър, иди сухан мубаддал мегашт.

-Табиист, ки меҳвари асосии ҳама сўҳбатҳову вохўриҳо дар ҳама ҳолат нахуст шеъру шоирӣ, мақому манзалату рисолати аслии он буд?

- Бале, ҳамин тавр. Устод Лоиқ бо вуҷуди ҳамон қадар дақиқкориву огоҳӣ аз таъриху рўзгори мардум пешниҳоди солимро мепазируфт. Масалан, устод сатрҳое дошт:

Санге зи кўҳ беҷо шавад сад сангро вайрон кунад,

Марде чу номардӣ кунад сад мардро расво кунад.

Дар як сўҳбат, дар иртибот ба ин сатрҳо гуфтам, ки оё намешавад, ки гўем:

 Як санг агар беҷо шавад сад сангро беҷо кунад

Як мард агар номард шавад сад мардро расво кунад.

Устод бо шодмонӣ иброз дошт, ки ҳарду маънӣ якест, аммо пешниҳоди ту мушаххастару нишонрастар. Вақте  сухан аз шеъри Лоиқ меравад ҳама бо як овоз садо мекунем, ки Лоиқ зўр аст. Вале бузургии Лоиқро бо танҳо гуфтан не, балки бо хуб донистани шеъри ў собит бояд кард.

Ёрон, ёрон шумо маро медонед,

Аз дур фақат ба як назар медонед,

Донисти шумо фақат гумон асту хато

Зеро, ки шумо маро чу раҳгузар медонед.

Агар бо мардум бо забони шеъри Лоиқ дар муошират бошӣ, он гоҳ бузургии шоир, истеъдоди беназири ўро собит месозӣ. Бо вуҷуди ҳамин Лоиқ худро ҳамеша хоксор мегирифту мегуфт:

Дар ҳошияи китоби умрам,

Эй хома навис байти охир.

Ў шоири нодире набуд, лек

Дилбохта мурд мисоли шоир.

-Орияти миллӣ ва Лоиқ, дар иртибот ба ин маънӣ чӣ андеша доред?

-Ба ифодаи халқӣ исту бисти Лоиқ орият буду нангу номуси миллӣ. Ва инро аз нахустин сатрҳои шоир мушоҳида кардан мумкин аст. Саропо ашъори Лоиқ саршор аз рўҳияи миллӣ, ватандориву  ватанпарастист.

Ў мудом такрор ба такрор мегуфт:

Таърих басо дида, ки андар раҳи паймон,

Тоҷик даме пеши адў сар нафикандааст,

Ҷон канда басо лек,

Зи андешаи пирўзи худ умед накандааст.

  Шодравон Лоиқ  муҳаббати басо самимӣ нисбат ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дошт ва бовариву эътимод дошт, ки таҳти сарварии ин фарзона фарзанди миллат кишвар обод хоҳад шуду мардумаш осудаву осоишта. Агар дар ёд дошта бошед, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, вақте  аз зинаҳои тайёра Сарвари давлати Тоҷикистон поин фаромаду мардум истиқболаш гирифтанд, устод Лоиқ Эмомалӣ Раҳмонро ба оғӯш гирфта як чанбари гулдастаи бузургро ба гардани Ў овехта гуфта буд:

Ҷанги девонавори мо рафт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 Лоиқ дар симои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди Исмоили Сомонӣ воқеан ҳам, наҷотбахши милат ва давлати Тоҷикистонро дида буд ва ба ин эътимод дошт.

Ҷовиди АШТӣ

Матолиб акс дорад: а) Лоиқ бо Раҷабмаҳмад Шарифзода,б) Раҷабмаҳмад Шарифзода

Читать далее

Тандурустӣ дурустӣ мехоҳад!

Нарасидани кадрҳои баландихтисос, камбудии таҷҳизоти зарурии табобатӣ ва номусоид будани шароити кори табобатӣ дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят вақтҳои охир коршиносонро нигарон намудааст, ки доир ба ин масъала санаи 18-уми майи соли равон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва оид ба рафти иҷроиши қарори Раиси вилоят бобати «Соли 2016 - Соли фарди солим» ва «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим барои  солҳои 2011- 2020»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардори Шўъбаи умумии прокуратураи вилоят Амирҷон Зайниддинзода, сардори  Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобзода,  муовини раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони беморхонаҳои маркази шаҳру ноҳияҳо ва беморхонаи вилоятӣ иштирок доштанд.

Читать далее

Осорхона дорои беш аз 12 ҳазор нигораҳои нодир

Ба ифтихори ҷашни 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар толори Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Осорхона махзани фарҳанги миллӣ» доир гардид. 

Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов ба кори конфронс оғоз бахшид. Дар кори конфонс муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назаров, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, намояндаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Темурзода Бахтовар, ҳамчунин олимону адибон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаҳои фарҳанг, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иттифоқҳои касаба, собиқадорон ва кормандони Осорхонаи таърихии вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки “Осорхона оинаест, ки дар он таъриху тамаддуни куҳани мо таҷассум ёфтааст. Осорхона метавонад барои ҳар фарди миллат, алалхусус меҳмонони хориҷӣ, дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзаи таърихи тоҷиконро бозгӯ менамояд.

Алҳол дар ин Осорхона беш аз 12 ҳазор нигораҳои нодир мавҷуд аст.

Сипас, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назаров аз таърихи таъсиси Осорхона ва хизматҳои асосгузори он Мирзохоҷа Собиров ёдовар шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз таъкид намуд, ки Осорхона аз зумраи муассисаҳоест, ки туфайли он ҳамагон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик ошноӣ пайдо менамоянд.

Дар қисмати илмии конфронс омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов дар мавзӯи “Осорхона-оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, доир ба дирӯзу имрӯзи ин мавзеъ маълумот дод.

А.Мирбобоев -доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи археология ва этнографияи факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Тадқиқотҳои археологии шаҳри Хуҷанд ва Қалъа”, Б.Темурзода - мутахассиси пешбари шӯъбаи сиккашиносӣ ва бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон перомуни “Коллексияи таърихии Акрам - полвон Аскаров дар Эрмитаҷи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия” андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар интиҳо ба иштирокдорони конфронс нашри маҷмӯаи «Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд» пас аз танаффуси 52 сола (Барориши 1, соли 1964) дубора нашр шудааст тақдим шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Суратгир Инъомҷон РАБИЕВ

Читать далее

Баҳри шукуфоии диёр саҳмгузор бошем

Шукри Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки имрӯзҳо сокинони вилот бо рӯҳбаландӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.

Ман низ ҳамчун омӯзгор ба толибилмон оид ба ин маъракаи муҳим, қимати вадати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин заҳматҳои Пешвои сулҳофарини миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон машғулиятҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронам. Шогирдонамро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ тарбия мекунам.

Хушбахтона, моҳи апрели соли 2016 қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба тасвиб расид.

Мо, омӯзгорон аз чунин ғамхориҳои давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сидқан сипосгузор ҳастем.

Шукр аз он менамоям, ки тоҷик ҳастам, дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон ба дунё омадаам;

- Баъди бесомониҳо – баъд аз харобиҳои давр

Ёфтӣ сомони хеш аз

Оли Сомон, тоҷикам,

Баски оламро қаламрав кардӣ бо теғи қалам,

Худ ба даст овардӣ дунёро ба ирфон, тоҷикам.

Ман ба толибилмон мефаҳмонам, ки ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи мардуми тоҷик ва талаботи замон аст. Ва барои беҳтар кардани вазъи зиндагии мардуми тоҷик, ободу гул-гул шукуфтани кишвари ҷоноҷонамон равона гардидааст.

Чун гавҳараки чашм эҳтиёту кардану арҷгузорӣ ба сулҳ, ваҳдат, Ватан, бародариву баробарӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди диёр аст.

Тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик аз пойдории сулҳи кишвар, амнияти он ва Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон аст.

Ватандорӣ имондорист. Соли 2016 мо биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро ботантана таҷлил менамоем. Дастоварди арзандаи мо, омӯзгорон хониши аълои шогирдонамон мебошанд, зеро наврасону ҷавонон ояндаи тақдирсози давлат мебошанд;

Гулчеҳра МАДАМИНОВА,
омӯзгори МТМУ №1 ба номи
Ибодулло Раҳматови ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Интихобот зинае барои пешравии миллат

Тараққиёти бевоситаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз тақозо менамояд, ки вобаста ба талаботҳои ҷадиди замон меъёрҳои Конститутсияро бояд такмил дод. 

Давлати соҳибистиқлоли мо ба хотири пешравию тараққиёташ имрӯз ҳамаҷониба кӯшишу заҳматҳои худро ба харҷ дода истодааст. Илова намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шабоҳати он аст, ки мардум мехоҳанд қонуни асосии миллати худро ба маънояш   томаш дарк намоянду тартиботи ҷомеаро ба низом дароранд.   

Мусаллам аст, ки то имрӯз ин санади сарнавиштсоз барои ободиву озодии мардум ва давлат то чи андоза кафолат дода буд ва ин замон низ мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсия аз он иборат аст, ки мо бояд забону шеваҳоеро ба кор барем, ки он соф тоҷики буда, инчунин оммафаҳм низ бошад. Дар бандҳое, ки ба онҳо дигаргуниҳо дароварда шудааст он кафолати он мебошад, ки онҳо калимаҳоеро истифода намуданд ё худ ҷои калимаҳоеро иваз намуданд, ки он фарогири маънои умуми намебошад. Масалан он тағйироте, ки дар моддаи ҳаштуми Конститутсия пешниҳод гардидааст ба ҷои калимаи “Ташкилот” бояд, ки минбаъд калимаи “Иттиҳодия” оварда шавад. Дар ҳақиқат калимаи иттиҳодияҳо фарогирандаи мафҳуми васеъ мебошад ва ба он тамоми навъҳои созмонҳо дохил мешаванд. Бо ворид намудани чунин тағйироту иловаҳо мантиқ ва мазмуни матнҳои Конститутсия пурратар мегардад. Ин тағйиротҳо барои пешравии сиёсати кунунии давлат ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии миллатамон мусоидат хоҳад кард. Мо ҳама медонем, ки ягона ҳадафи Ҳукумати мамлакат пойдору устувор  намудани истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардум буда, он василаи некӯаҳволии сокинони давлат аст ва сатҳу сифати зиндагии мардумонро баланд мебардорад.

Қобили зикр аст, ки бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботе, ки таърихи 22-майи соли равон моро интизор аст бо ҳисси волои меҳанпарастиву ватандӯстӣ фаъолона ширкат варзанд. Як нуқтаи назари асоси дар он аст, ки бояд ҳар нафари иштироккунанда, қабл аз он ки барои овоздиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир мешавад сараввал бо ин тағйиротҳои воридгардида пурра шинос гардад. Бовари дорам, ки мардуми ватандӯсту ободкори миллати ориётабори мо барои ҳамеша омодаи ҳифзу ҳимояи ин сарҳад ва ин миллатанд ва дар таҳкими минбаъдаи пойдории сулҳу субот якдилона саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Мавлонова М  устоди ДПДТТ
ба номи академик М.Осимӣ

Читать далее

Баҳри рушди устувори ҷомеа

Бо назардошти вазъияти ҳассосу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, аз ҷониби давлатҳои абарқудрат амалисозии мақсадҳои сиёсӣ бо истифода аз дин ва маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, пеш аз ҳама ба ҳифзи Истиқлолияту якпорчагӣ, таъмини амнияти ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар ба ҳизбҳо барои муборизаҳои сиёсӣ мебошад.

Зарурати маротибаи сеюм ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сарчашмаи рушди устувору босуботи ҷомеа буда, он ба инкишофи минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолату риояи ҳифзи онҳо мусоидат намуда, асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳоро таҳкиму такмил медиҳад.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки барои тасдиқ гардидани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи сарнавиштсоз ба хотири рушди босуботи кишвар, устувору пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, мукаммалу самаранок  гардонидани низоми мақомоти давлатӣ дар рӯзи райъпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат намоянд.  

Албатта, барои тасдиқ шудани лоиҳаи тағйиру иловаҳои пешбинишуда райъи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нақш мебозад ва зарур аст, ки тамоми сокинони кишвар аз ин воридот ба Конститутсия дар сатҳи зарурӣ огаҳӣ дошта бошанд.  Барои оммавӣ гардонидани лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи рӯзҳои охир дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  вохӯриву мулоқотҳо баргузор шуда истодааст. Аз ҷумла дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи корӣ оиди омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ доир гардид ки дар он ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Ватанзода Маҳмадалӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худоёрзода Бахтиёр ва муовини Раиси вилоят Абдуллозода Назира Ғаффорӣ иштирок ва суханронӣ  намуданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисон ва котибони учаскаҳои райъпурсии ноҳия, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сардухтурони беморхонаҳо иштирок доштанд.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт,  ки баъд аз қабули лоиҳа  мафҳуми «Сарқонун» аз Конститутсия гирифта мешавад. Ҳамчунин дар мавриди тағйиру иловаҳои  ба моддаҳои 1, 8, 14, 15, 34, 49, 84, ва 85 ворид шаванда, шарҳ дод. Таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳо барои таҳкими равандҳои демократикунонӣ,  ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини амнияти Ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.  Ҳамчунин изҳор дошт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо барои рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус, ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушду инкишофи ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳамчунин раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худоёрзода Бахтиёр доир ба раванди омодагии учаскаҳои раъйпурсӣ ба райъпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 68 ҳавза ва 3239 участкаҳои раъйпурсӣ амал мекунад, ки онҳо барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад.  Бо дарназардошти зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки дар рӯзи райъпурсии умумихалқӣ, ки баргузор мешавад, фаъолона ширкат варзида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвар барои тасдиқи лоиҳаи тағйиру иловаҳо овоз диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯриву мулоқотҳо санаи 26 апрели соли равон аз ҷараёни омодагии учаскаҳои райъпурсии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид аз учаскаҳои  райъпурсии №3-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров учаскаи райъпурсии №10 ва №14-и Ҷамоати деҳоти Исфисор ва учаскаҳои райъпурсии №24, №9 ва №32-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз,  раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худоёрзода Бахтиёр  изҳор дошт, ки учаскаҳои мазкур барои дар сатҳи зарури баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ мусоидат мекунад.

Чунин вохӯрӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 14 Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ низ доир карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар 1 ҳавзаи раъйпурсии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 96 учаскаҳои раъйпурсӣ амал мекунад, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани райъпурсии умумихалқӣ омода шудааст. Дар тамоми ноҳия шумораи умумии райъдиҳандагон 192162 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумораи бори аввал раъйдиҳандагон 4 243 нафар ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта 11 874 нафар мебошад.

Шералӣ Мадаминов

Читать далее

18 May 2016

Зарурати азнав барқарор ва ҷиҳозонидаи Осорхонаи шаҳри Хуҷанд

Омӯзиши илмии осори бостонии Қалъаи шаҳр ва маҳаллаҳои таърихии он соли 1954, бо ташаббуси устод Н.Неъматов оғоз ёфт ва ин марҳала соли 1976 ба итмом расида, соли 1986 бо ҷашнгирифтани 2500-солагии таъсиси шаҳри Хуҷанд анҷомид. Соли 1974 бостоншиносон Н.Неъматов, Т.В.Беляева, А.И.Билолов, Н.Т.Раҳимов, А.Мирбобоев, С.Ш.Марофиев, М.Файзуллоев аз самти шарқии Қалъаи Хуҷанд девори қадимаи 4-метр дарозӣ ва 2-метр баландӣ доштаро дарёфт карданд, ки ба асри VIII-VI –то мелод тааллуқ дорад.

Дар натиҷаи тадқиқоти тӯлонӣ, ки он соли 1954 ибтидо гирифта ва танҳо, соли 2004 ба поён расид, бостоншиносон аз ҳудуди худи шаҳр, масоҳати дохилии қалъа ва кӯҳандизи шаҳр осори сершумори маданияти моддиро пайдо намудаанд, ки академик Нӯъмон Неъматов-яке аз ташаббускорони босуботи таҳқиқи таърихи қадимтарини Хуҷанд, онро ба се давраи калони таърихӣ, яъне асрҳои Х-IV то милод ҷудо намуда ва ба ҳамин минвол таърихи зиёда аз 3000-сола доштани шаҳри Хуҷандро собит намуд.

Маҳз бо ташабуси академик Н.Неъматов дар арафаи ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Ленинобод 27-уми ноябри соли 1986  дар шафати девори шарқии қалъа осорхонаи аввалини бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ташкил шуда буд, ки дар толорҳои намоишиаш бештар он бозёфтҳое, ки ҳангоми гузаронидани ҳафриёт дар Қалъаи Хуҷанд ба даст омада буд, ба намоиш гузошта шуда буд.

Тазаккур бояд намуд, ки бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 боғи истироҳатӣ ва фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда, Маҷмааи фарҳангӣ-таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода шуд, ки дар ҳудуди он, якчанд мавзеъҳои хусусияти меъморӣ-таърихӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва экологӣ дошта ба монанди Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Муҷассама, мақбара, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардид.

Зарурати аз нав барқарор ва ҷиҳозонидани осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот дар он буд, ки бинои осорхона ниҳоят фарсуда шуда, экспозитсияи толорҳои намоишии он ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин вазифае ба миён омад, ки бинои осорхонаро таъмир намуда, экспозитсияи толори намоиши онро ба таври замонавӣ аз нав барқарор намоем ва ҳуҷҷатҳову маводи бостоншиносони маъруфе, ки дар ин мавзеъ фаъолият намудаанд, ба маърази тамошо гузорем. Бо ин мақсад нақшаи мавзӯии экспозитсияи намоиши аз нав таҳия шуда, барои баррасӣ ба Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳод гардид ва тасдиқи худро ёфт.

ҳоло осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот аз чунин бахшҳо иборатаст. Муаллифони кашфиёти археологӣ, «Бозёфтҳои археологии ҳазорсолаи якуми то мелод ва баъди мелод», «Хуҷанди асримиёнаги», «Хуҷанд- асрҳои ХVIII-ХХ», «Лаҳзаи ҷашнгирии 2500-солагии Ленинобод» мебошад. Инчунин дар толорҳои намоишии осорхона осори моддии ниёгонамон, аз ҷумла сангҳои сари қабр, лавҳаҳои катибадор ва амсилаи бинои таърихии маъмурии Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд ба намоиш гузошта мешавад.

Мо бо бовари комил гуфта метавонам, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва

истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, ки як ҷузъи маҷмаа ба ҳисоб меравад, дар оянда барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.

Мутриба МАМАДҶОНОВА,
ходими илмии Осорхонаи
таърихии вилояти Суғд

Читать далее

Қонунҳои комил – сутуни ҷомеа

Аз амалияи сиёсии кишварҳои ҷаҳони мутамаддин маълум аст, ки яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоӣ –иқтисодӣ, сиёсии ҷомеа Конститутсия ва қонунҳое мебошанд, ки ба меъёр ва талаботи шароиту замон ҷавобгӯ ҳастанд.

Конститутсия дар мамлакат барои шаҳрвандони он қонунномаи зиндагӣ ва барои аҳли башар шиносномаи  давлат ва мардумаш аст. Маълум аст, ки имрӯзҳо мо дар арафаи баргузории яке аз маъракаҳои сиёсии давлатамон қарор дорем. Баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия – пеш аз хама баҳри тезонидани раванди демократикунонӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст. Рафти навгониҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал омада ҳидоят бар он мекунад, ки ба Конститутсия як қатор тағйироту иловаҳо ва ислоҳи имлоиву грамматикӣ ворид карда шавад.

Тағйироту иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда ба раванди имрӯзаи рушдёбанда ҳамқадам будани давлату ҷомеа мувофиқ буда, бо назардошти риояи ғояҳои умдаи демократӣ онҳо ба устувор намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолату арзиши бештари ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба инобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, истилоҳҳо ва калимаю ибораҳои Конситутсия, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ равона гардидаанд.

Тағйироту иловаҳо аввалан аз ном ва матни Конститутсия хориҷ кардани «Сарқонун» пешниҳод шудааст, зеро калимаи «Сарқонун» сохта буда,тамоми паҳлуҳои калимаи «Конститутсия»-ро рӯшан намекунад. Дигар тағйирот ба қисми дуюми моддаи якум илова шудани «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад»ифода мегардад, ки ин илова ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ ба ҳисоб меравад. Ба қисми якуми моддаи 18 ивазшавии калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» пешниҳод гардидааст. Ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои хуқуқи байналмиллалӣ мебошад. (Моддаи сеюми Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар (1948) ва моддаи шашуми Паймони байналхалқи доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), ҳамчунин қисми дуюми моддаи 18–и Конститутсия калимаи на зиндагӣ, балки «ҳаёт»-ро зикр кардааст).

Моддаи 28–ум бо пешниҳоди таҳрири зер «шаҳрванд ҳуқуқ дорад  дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад» оварда шудааст, ки дохил намудани тағйироту илова аз ин модда бекор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ мебошад. Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда синну соли ягона ҳам барои вакилони Маҷлиси намояндагон  ва ҳам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунон барои судяҳои Суди Олӣ, Суди Конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ – 30 сол муқаррар карда мешавад.

Умуман тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмӯъ арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикосигари минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон фарогирии идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар давлат мебошад. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гашта, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ворид кардани меъёрҳои қонуни асосӣ мебошад.

Шоазими ҲАБИБӢ,
омӯзгори МТМУ – 40
шаҳри Истаравшан

Читать далее

Тағйиру иловаҳо – ба манфиати ҷомеа

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат буда, ба он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Он ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ тағйир меёбад, ба он меъёрҳои ҷавобгӯи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ илова карда мешаванд. Тағйиру иловаҳои Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории ҳамаи кишварҳои ҷаҳони мутамаддин ҷой дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари баъди даврони шӯравӣ дар давраи гузариши ҷомеа аз сохти сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият қабул шудааст. Дар ин давра дигаргуниҳои куллии иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сурат мегиранд, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба миён меоянд, ҳадафҳо ва самтҳои ислоҳоти судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мушаххастар мешаванд. Бо пешрафти ҷомеа зарурат ба миён омадааст, ки ба Қонуни асосии давлат тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Зеро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол дорад. Ин тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои  ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бо талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқӯъ пайвастаанд.

Дар ин хусус, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардидааст. Дар моддаи 1 Конститутсия омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Аммо дар ин модда шакли идоракунии давлат пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям, ки ба моддаи 1 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.» Зеро халқи Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурии президентиро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон интихоб кардааст. Президенти кишвар дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам Раиси ҳукумат мебошад, ки чунин ҳолат танҳо ба ҷумҳурии президентӣ хос мебошад.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйиру иловаҳо синну соли дар мақомоти давлатӣ дар мансабҳои гуногун фаъолият намудан муқаррар гардидаасту, барои ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ-номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе аз синни 30-солагӣ муайян карда шудаасту, қобили қабул аст. ҳамчунин баробари ин маҳдудиятҳо низ муқаррар карда шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, ба манфиати ҷомеа буда, сазовори қабул аст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ рӯ ниҳодааст.

Нигина Негмат Насриддинзода,
коромӯз-судя

Читать далее

Тоҷик ҳамон ориёнажод аст!

Чанде пеш  ҶДММ «Издательский дом «Типография купца Тарасова»-и шаҳри Перми Федератсияи Россия китоби олими тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Шоҳмуҳаммади ҳайдариро таҳти унвони «Номвожаи тоҷик»-«Этноним-таджик» интишор намуд.

Китоби тозанашри «Номвожаи тоҷик»-«Этноним таджик» аз 465 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 1000 нусха аз ҳисоби худи муаллиф ва кӯмаки ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Перм нашр гардид.

Дар китоб беш аз 50 мақолаи олимону адибони Тоҷикистону давлатҳои дигар бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар иртибот ба маънии вожаи «тоҷик», таърихи тӯлонии пайдоиши он ҷойгузин гаштаанд. Маводи нашршуда аз фарҳангномаву донишномаҳо, моҳномаву рӯзномаҳо, маҷмӯаву рисолаҳои фаровони дар кишварҳои гуногун ба чопрасида, бидуни ягон тағйирот, ба таври комил ва баъзан ба гунаи  мухтасар гирд оварда шудаанд. Китоб аз ҷумла мақолаҳои С.Айнӣ-«Маънои калимаи тоҷик», В.В.Бартолд-«Таджики», И.И.Умняков-«О термине «таджик», А.Юлдошев-«Роҷеъ ба маънои «тэжикчэ», А.Л.Хромо-«Происхождение термина «таджик», Ю.Яъқубшоҳ-«Маънои калимаи тоҷик ҳамон ориёӣ аст», Иброҳим Усмон-«Этноними тоҷик», М.ҳотам-«Тозӣ--Тоҷик», Мирзо Шукурзода-«Сухане чанд аз сарнавишти вожаи тоҷик ва миллати тоҷик», F.Ашӯров-«Этноними «тоҷик» дар «Тоҷикон»-и Б.Fафуров» ва ғайраро фарогир аст. 

Ш.Ҳайдарӣ роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва маънои калимаи «тоҷик», маълумоти зиёде гирифта метавонад. ҳамзамон ин иқдоми нек имкон пеш меорад, ки ҳаммиллатони хушзавқи мо, алалхусус донишҷӯён, олимону пажӯҳишгарони ҷавон аз таърихи тоҷикону номвожаи «тоҷик» огаҳии комил дошта бошанд. Маҷмӯа як навъ ганҷинаи донишномаи этнонимӣ маҳсуб мешавад, ки барои кулли тоҷикон чун дастуру роҳнамои хубе хизмат хоҳад кард. Тавре таҳиягари китоб дар пешгуфтор иброз медорад, таҳқиқу баррасии номвожаи «тоҷик» дар доираҳои илмиву адабии ховаршиносони Аврупо бори нахуст 190 сол муқаддам ба миён омада буд.

Юнусалӣ СИДДИҚОВ,
журналист, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее