May 2016

20 May 2016

Ташаккули низоми ҳуқуқиву сиёсӣ

Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию хуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии ҳар давлат  Конститутсияи он аст. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии ҳар кадом кишвар аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз оғоз мегардад. Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат,  сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад.

Бешубҳа, Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми кишвар дар даврони Истиқлолият аст, ки  заминаи ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллиро фароҳам меорад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд: «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».

Ҳамзамон, баҳри рушди босубот вазъияти ҷомеаи кунунии кишвар   тақозо дорад, ки меъёрҳои Конститутсия такмил ёбанд, зеро бо гузашти солҳо ва гирифтани таҷрибаҳои зарурии давлатдорӣ зарурат пеш омад, ки  дар Конститутсия  низ тағйирот ба вуҷуд ояд. Дар ин робита бо боварӣ метавон гуфт, ки тағйироти Конститутсия  ба рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намуда, мақсад аз вориди ин тағйиру иловаҳо таъмини волоияти қонун ва рушди устувору бомароми ҷомеаи мутамаддин аст. Муҳайё намудани шароити беҳтару хубтар  баҳри зиндагии шоистаи сокинон  аз аҳдофи нахустини Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Агар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, аз як тараф, такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммал намудани низоми давлатӣ бошад, аз сўи дигар, бо дарназардошти рушди забони давлатӣ ва бо ба инобат гирифтани имлои нави забони модарӣ айни зарурат аст. Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи кишвар бо истилоҳоту санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ талаби замон аст.

 Санаи 22-юми май мардуми кишвар ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ раъйи хешро баҳри ворид намудани тағйиру иловаҳо хоҳанд дод. Мушоҳида мекунем, ки сокинон дар муҳокимаҳо ва шарҳи бандҳои алоҳидаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат мекунанд ва тамоми расонаҳо низ дар ин раванд нақши мунир доранд. Тағйиру иловаҳое, ки дар робита ба мақомоти судӣ пешбинӣ шудааст, айни зарурат ва ба манфиати кор аст. Ин иловаҳо ҷиҳати рушди босубот ва таъмини волоияти қонун шароити бештар фароҳам меорад. Чунончӣ,  дар моддаи 85-ум, мутобиқ ба тарҳи нави пешниҳодшуда, “танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ба вазифаҳои судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе таъйин ва ё интихоб шаванд. Дар қисми сеюми ҳамин модда синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро Қонуни Конститутсионӣ муайян менамояд. Бешубҳа, ин тағйирот ба кори босуботи судяҳо таъсири мусбат хоҳад дод.”

Аз оғоз Конститутсияи кишвар баҳри таъмини волоияти қонун шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошта, имрўз ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Ворид намудани тағйиру иловаҳо барои боз ҳам беҳтар намудан ва таъмини волоияти қонун шароит фароҳам меорад. Конститутсия дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро  таъмин мекунад.

 Иноятулло Шарифҷонзода,
раиси Суди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

Читать далее

Раъйи мо саҳм дар рушди ҷомеа ва устувории қонун аст!

Ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он аст, ки мамлакати мо дар роҳи рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии ҷомеа қарор дошта,  дар баробари таҳкими минбаъдаи равандҳои демократикунонии сохторҳои давлатӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон такмил меёбад. 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 20-уми январи соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон қайд намуд, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишварамон ҳадафи аввалиндараҷаи фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад. Дар ҳар як ҳошияи суханронии Сардори давлат андешаҳое падид омадаанд, ки сиёсати таъмини рушди босуботи самтҳои стратегии давлатро барои ояндаи наздики мардуми кишвар ифода менамоянд.

Бинобар ин, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ва зарурати ба миён омадани он барои амалӣ намудани ин мақсади олӣ нигаронида шуда, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо мусоидат менамояд.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба ҳам мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёр ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Тағйироти пешбинишуда имкон медиҳад, ки  меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун) бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон тавсеа ва рушд ёбад.

Дар қисми 4, моддаи 7 пешниҳод шудааст, ки калимаҳои марзиву маъмурӣ ба калимаҳои маъмурию ҳудудӣ иваз карда шавад, зеро калимаи марз бештар маънои сарҳад, хатти сарҳад ва калимаи “ҳудуд” маънои васеъ дошта, тамоми ҳудуди давлатӣ - хушкӣ, обӣ ва ҳавоӣ, яъне тамоми ҳудуди мамлакатро дарбар мегирад.

Бояд таъкид намуд, ки ба моддаи 8-уми Конститусия ду тағйирот пешниҳод шудааст. Пешниҳод гардидааст, ки калимаи “Ташкилотҳо” ба “Иттиҳодияҳо” иваз шавад, зеро мафҳуми “Иттиҳодия” назар ба мафҳуми “Ташкилот” васеъ буда, тамоми созмонҳои динӣ, аз ҷумла ташкилоти диниро  дарбар мегирад. Дуюм, ба моддаи мазкур, яъне ба моддаи 8 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки муборизаи ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳо сурат гирифта, дахолати давлатҳо ва дигар иттиҳодияву созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ манъ карда шаванд. Ҳамчунин, тибқи пешниҳод, таъсиси ҳизбҳои сиёсии характери динидошта низ манъ шудааст.

Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қонунҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва мукаммалии истилоҳҳо, ибораву калимаҳо, воҷаву таркибот, дақиқу дуруст ва равонтару соддатар ифода кардан дар таҳрири нави Конститутсия ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки дар қисми 2-юми моддаи 16-ум  калимаи “эълоншуда” ба калимаи  “муқарраргардида”, дар қисми 1-и моддаи  18  калимаи “ҳаққи зиндагӣ” ба калимаи “ҳуқуқ ба ҳаёт”, дар қисми 4 моддаи 20 калимаи “ҷиноӣ” ба калимаи “ҷиноятӣ”, дар қисми 1, моддаи 38 “туризм” ба калимаи “сайёҳӣ”, дар қисми 1, моддаи 79-ум калимаи “қаламрав” ба калимаи “ҳудуд” иваз шуда, боз дар чанд бобу моддаҳо вобаста ба низоми мақомоти олии давлатӣ, салоҳияту ваколатҳои шакли идоракунии президентиву парламентӣ, талаботи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрвандиву қарордодҳои байналмилалии Ҷумҳурии То-ҷикистон, вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳое, ки дар низоми давлатдорӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранду мазмуну моҳияти Конститутсияро комил мегардонанд, тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд.

Мусаллам аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти прокуратура ин назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар самту сохтор ва соҳаҳои мухталифи давлату Ҳукумат дар мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориҳо иборат мебошад.  Бо дарназардошти ин, прокуратураи шаҳри Бўстон  дар асоси талаботи Конститутсия, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Прокурори  генералӣ бо баинобатгирии риояи санаду меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар доираи талаботи нақшаҳои корӣ барои орому шаффоф гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне раъйдиҳии умумихалқӣ, ки санаи 22-юми майи соли 2016 баргузор мегардад, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ баҳри ҳиссаи сазовор гузоштан кўшиш карда истодааст.

Айни замон дар шаҳри Бўстон, тибқи моддаҳои 16 ва 17-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳавзаи раъйпурсии шаҳрӣ таъсис дода шудааст. Мутобиқи талаботи қонуни мазкур, рўйхати участкаҳои раъйпурсӣ бо зикри ҳудуду маҳалли ҷойгиршавии участкаҳои раъйпурсӣ дар рўзномаи шаҳрии “Паёми Чкалов” нашр гардид. Дар асоси талаботи моддаи 16-и қонуни мазкур участкаҳо ва комиссияҳои раъйпурсӣ таъсис дода шудааст, ки он иборат аз 18 участкаи раъйпурсӣ мебошад.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон воридмешуда дар баробари мукаммалот ва таъмини волоияти Конститутсия таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Рустам РАҶАБЗОДА, 
прокурори шаҳри
Бўстон, мушовири
 адлияи дараҷаи I

Читать далее

Дифоъ аз манфиатҳои миллату давлат

22 майи соли 2016 Рўзи баргузории раъйпурсӣ аст ва ин маъракаи сиёсӣ бо мақсади бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муҳим ва зарур мебошад.

Маҷмўан, раъйпурсӣ яке аз тадбирҳои дар сатҳи зарурӣ мукаммал гардонидани қонунгузории миллӣ, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равшанӣ андохтан ба масоили ҳуқуқии сохторҳои шохаҳои ҳокимият ва амсоли он маҳсуб мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадорҳои хешро дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, дар амалӣ намудани сиёсати дохилӣ қадамҳои устувор гузошта, сиёсати хориҷиашро дар заминаи асосҳои сулҳҷўёна ва дарҳои боз ба роҳ мондааст. Аз ин рў, бо мақсади боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати дохилӣ, инчунин ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани сохт ва шакли давлатдорӣ зарурати гузаронидани раъйпурсӣ пеш омадааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам се маротиба ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ва ин маротибаи чаҳорум аст, ки бо иродаи мардуми кишвар ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид хоҳад шуд.

Боварии комил ҳаст, ки ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои Истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрўю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Рушди устувори ҷомеаи мо тақозо мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил ёбанд. Тавре дар лоиҳаи пешниҳодшуда оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ тавсеа ёбад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Мавлуда Мирзозода,
судяи Cуди вилояти Суғд

Читать далее

Такмили Конститутсия - зарурати таърихӣ

22-юми майи соли 2016 дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсй - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегар-дад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талаботи ҷомеа рушд меёбад. Тағйир ёфтан, такмил додани ҳар як қонун  нишонаи фаъол будани қонунгузорӣ аст. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз 40 банд иборат мебошад, ки ин ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ мусоидат менамояд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, аз нигоҳи ҳуқуқшиносон хеле бамаврид ва саривақтӣ аст.

Пешниҳод гаштааст, ки воҷаи “Сарқонун” дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад, зеро  истилоҳи “конститутсия” заминаи таърихӣ дошта, барои мардуми дунё фаҳмо мебошад. “Конститутсия” калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд.

Бо назардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ тағйиру иловаҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида, воҷаву таркибот тибқи меъёрҳои имлои нав навишта шудаанд. Аз ҷумла, дар банди 39 тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки дар тамоми матни Конститутсия (Сарқонун) калимаи “ҳақ” ба “ҳуқуқ” иваз карда шавад. 

Ҳамчунин, ба моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дуюм илова карда мешавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад. Прези-дент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад.  Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ба моддаи ҳаштум, қисми шашум пешниҳод шудааст, ки “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин  маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Ҳамзамон, ҳизбҳо, ки фаъолияти асосии онҳо, тибқи Оиннома, муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд, набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад.

Таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта ва маблағгузории ҳизбҳо аз хориҷа боиси сўйистифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта карда шудани дин мегардад, ки оқибатҳои ногувор дорад.

Дар қисми дуюми моддаи 34 чунин тағйирот пешниҳод шудааст: “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд”. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъулияти волидонро зиёд намуд.

Пешниҳоди зикргардида масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар тақвият дода, барои рушд ва пешрафти ҷомеа ва амалӣ намудани расму оинҳои мардумӣ замина мегузорад.

Синну соли вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз 30 кам бошад. Дар меъёри амалкунандаи Конститутсия синни 25 пешбинӣ шудааст, яъне синни вакили интихобшаванда 5 сол боло карда шудааст. Бояд гуфт, ки ин тағйирот тасодуфӣ нест. Фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагон вазифаи муҳим буда, масъулияти баландро талаб менамояд ва вакил бояд дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, маҳорати корию касбӣ ва малакаи сиёсӣ бошад. Дар асоси ин омилҳо синни вакилӣ 5 сол зиёд карда шудааст.

Инчунин, ба моддаи 49, қисми 1, ҷумлаи сеюм чунин тағйирот илова шудааст, шахсе вакили Маҷлиси намояндагон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандии давлати дигарро надошта бошад, яъне душаҳрвандӣ ва бисёршаҳрвандиро доро набошад.

Ҳангоми интихоб ва таъин гардидани шахс  ба дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ  ҳамин меъёрҳои синну солӣ ҷорӣ карда мешавад.

Тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгашта, қисми дуюми моддаи шасту панҷум “Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на кам аз даҳ соли охир истиқомат карда бошад”.

Ҳамин тавр, номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри  Душанбе, Суди конститутсионӣ онҳое интихоб ё таъин мешаванд, ки танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти олӣ ва на кам аз 30-сола бошанд.

Пешниҳод шудааст, ки банди 12-уми моддаи 69 хориҷ карда шавад, яъне Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, масъалаҳои ба салоҳияти ин сохтор дахлдошта дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳаллу фасл карда мешаванд.

Инчунин, дар қисми якуми моддаи 78 пешниҳод шудааст, ки ба он тағйирот ворид намуда, ибораи “ҳокимияти иҷроияро дар маҳал” ба “Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ” иваз карда, меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия аз Конститутсия  хориҷ карда шавад. Зеро мансаби раиси вилоят, шаҳр, ноҳия мансабҳое мебошанд, ки аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва мақомоти болоии худ, маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

Ҳамин тавр, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар шароити ҷаҳони муосир амри зарурӣ аст. Зеро рушди устувору босуботи ҷомеаи Тоҷикистони навин тақозо менамояд, ки Конститутсия пайваста такмил дода шавад. Ин дар нав-бати худ ба такмили қонунгузории ҷорӣ ва ҳамзамон, ба рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд.

Изатулло МУҲАММАДӢ,
муовини якуми Прокурори вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи I

Читать далее

Ватандӯстӣ - мароми мо, ҷавонон!

Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманон Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанўз эҳсос менамоем. Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу Ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. 

Ва ин албатта, ифтихори мо ҷавонон аст, ки бароямон имрўз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони гиромӣ, хоҳони онам ва ҳамчунон итминони комил дорам, ки ҳар кадоми Шумо ворисони арзандаи мардони шуҷои ин миллати куҳанбунёд ва абарқудрати тоҷик мегардед, беҳтарин суннатҳои қадимаи кишвармонро ҳифз намуда, пос медоред, баҳри ободии ин сарзамини ҳамешабаҳор заминаи мусоид фароҳам меоваред, ба хотире, ки давлат пояи устувор дошта бошад, Шумо бофарҳангу бомаданият мегардед.

Ва ҳамчунон фарҳангу осори пурғановати қадимаи моро, ки аз гузаштагон ҳамчун чашмаи соф ва манбаи одобу ахлоқ мерос мондааст, азиз шуморида, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоред. Ба хотири шаъну шараф ва садоқату матонати хеш, вафодорӣ нисбати Модар – Ватан тамоми саъю кўшиши худро ба харҷ медиҳед.

Бо итминони комил гуфта метавонам, дур нест он рўзе, ки дар дилҳои мардуми рўи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрўза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрўзаро барои ояндагон чун меросбари воқеӣ ва вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бодилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони Ватани азизамон – Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро чаманистон мегардонанд.

Ҷамшед МАСАИДОВ,
устоди Донишкадаи
политехникии Донишгоҳи
техникии Тоҷикистон ба номи
академик Муҳаммад Осимӣ

 

 

 

Читать далее

Амнияти кишвар – вазифаи муқаддас!

Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта, инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

Соли 2009 дар мамлакати мо бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардида, 5 октябри соли 2009 дар Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону донишмандони бузурги ислом ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги ҷаҳон аз 50 мамлакати сайёра баргузор гардид.

Яке аз дастоварди бузурги сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ узвияти Созмони ҳамкориҳои исломӣ мебошад. Инчунин, бо кўшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари ботадбири он китоби муқаддаси дини ислом Қуръони Маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси мардум гардид.

Ба андешаи баъзе муҳаққиқон, “Гурўҳи 24” созмони сиёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчўбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Новобаста аз он, ки ин гурўҳ сиёсист ё ғайрисиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурўҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаи таъмин кардани амният дар мадди аввал меистад. Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе муаллифони хориҷ бо мақсади бадном намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ хабарҳои беасос дар бораи поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла таҳти шиканҷа ва фишор қарор гирифтани як гурўҳ ҳуқуқшиносон ва аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикони онҳо паҳн карда мешаванд.

Муаллифони ин гуна хабарҳо барои асосноккунии ваҷҳҳои худ ягон далел наоварда, аз ифшо кардани ному насабашон канораҷўӣ мекунанд, ки ин гувоҳи боварӣ надоштани худи онҳо ба гуфтаҳояшон мебошад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои мақолаи мазкурро мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор дода истодааст. Риояи тартиб ва шароитҳои нигоҳдории маҳбусон дар муассисаҳои тафтишотӣ ва ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад. Чунин хабар дар Радиои Озодӣ паҳн шудааст, ки дар он ба саволҳои мухбири Радиои Озодӣ ҷавобҳои муҳаққиқи масъалаи Осиёи Марказӣ дар созмони Ҳюман Райтс Вотч Стив Свердлов беасос мебошад. Зеро Тоҷикистон ба ўҳдадориҳои байналмилалии худ риоя карда истодааст.

Инчунин, мавсуф мегўяд, ки мамлакатҳои Ғарб дар бораи раъйпурсии рўзи 22 майи соли ҷорӣ хеле асабонӣ мебошанд. Ба фикри онҳо, ин ҷараён Тоҷикистонро ба сафи «давлатҳои авторитарӣ» наздик мекунад. Ин ақидаҳо ҳам беасос буда, балки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда бо дарназардошти дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмин ва кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, тақозои меъёрҳои имлоӣ ва сохти истифодаи калимаву ибораҳо ва қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки дар мақоми забони давлатӣ қарор дорад, ба миён омадаанд. Ин тағйиру иловаҳо арзишҳои олии Конститутсияро тақвият бахшида, баҳри раванди демократисозии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд. Ба фикри Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат, барои мукаммалсозии меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд.

- Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд, - зикр кард Шукурҷон Зуҳуров. – Тағйироти пешниҳодшуда воқеан ҳам ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қоидаҳои нав мутобиқ гардонда шавад. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ин мутобиқ намудани меъёрҳои

Қонуни асосӣ ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Тағйироти пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар якҷоягӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон тавсеа ва рушд ёбанд.

Инчунин, ба фикри Стив Свердлов баъзе журналистон ҳам дар Тоҷикистон дар фишор ҳастанд. Ҷавобро нисбат ба ин ақидаи бардурўғ аз мусоҳибаи собиқ Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд, ки аз нафарони саршиноси Амрико маҳсуб ёфта, дар вазифаҳои калидӣ фаъолият намудааст, ёдрас мекунем. Номбурда дар посухи саволи журналист бобати он ки оё дар Тоҷикистон озодии сухан вуҷуд дорад, иброз дошта буд, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии сухан бо тамоми паҳлўҳояш вуҷуд дорад ва ин омилро далелҳои зиёд тасдиқ менамоянд». Мўътақидем, ки беҳтар аз ин суханони собиқ сафир барои нафароне, ки дар кишвари мо «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» буда, демократияро орзу мекунанд, чизи дигаре нест.

Маҳмудҷон ЎЛМАСОВ,
Равшан УСАНОВ,
дотсентони Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Дар афкори ҷавонон ақидаҳои солимро зеҳннишин намоем!

Имрӯз мардуми ҷаҳон шоҳиди воқеаҳои бисёр ваҳшатангези террористӣ гардида истодаанд, ки, мутаассифона, аз ин воқеаҳо шаҳрвандони мо низ барканор нестанд. Ахиран, ҳодисаҳои террористие, ки дар мамолики Белгия, Фаронса ва Покистон рух доданд, бори дигар инсониятро ба андеша водор месозанд. Магар роҳи наҷот аз ин мушкилӣ ҳаст? Роҳе мавҷуд аст, ки метавонад, тамоми инсоният бо ҳамдигарфаҳмӣ ва дар осоишу амният зиндагӣ намоянд?

Ҳар рўз дар Сурия, Ироқ, Афғонистон бар асари таркишу ҳодисаҳои террористӣ садҳо нафар қурбон мегарданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳодисаҳо набояд чашм пўшад. Вақте барои талоши ҳаёт дар баҳр садҳо нафар, аз ҷумла кўдакони бегунаҳ ғарқ мешаванд, дили кас реш мегардад. Чаро имрўз кўдакони бегуноҳи Афғонистон, Ироқ, Сурия қурбони даргириҳо ва амалҳои террористӣ гашта, муҳоҷирин дар ҳолати бадтарин сукунат доранд? Ба ин кӣ гунаҳкор аст?

Мо бояд фарзандони худро дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намуда, дари илму маърифатро ба рўяшон боз намоем, то ин ки онҳо ба ҷодаи гумроҳӣ нараванд ва пайрави ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нагарданд. Мо бояд мафҳумҳои барои дину оини мо бегонаро аз зеҳни сокинони сайёра берун афканем ва собит созем, ки дини Ислом ҳамеша тарафдори сулҳу субот, оромию осоиш ва хушбахтию хушрўзии мардум аст. Дар зеҳни мардум, бахусус ҷавонон, мутаассибону ҷаҳолатпарастон ақидаҳоеро ҷойгузин карда истодаанд, ки оқибати он ба ҷуз ҷангу ҷидол, нооромӣ, хушунат дигар чизе нест.

Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ пайваста чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд, ки барои аз зеҳн ва афкори ҷавонон дур кардани андешаи террористию ифротгароӣ нақши мондагор мебозанд.

Дар ин раванд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мулоқоти намояндагони Прокуратураи вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шўрои уламои дини вилоят бо омўзгорон ва донишҷўён баргузор гардид, ки ба мавзўи пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурўҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспўшии ба фарҳанги мо бегона бахшида шуд. Дар он сардори шўъбаи тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии махсусан вазнини Прокуратураи вилоят, подполковник Солеҳзода Шўҳрат Нодир, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Бобо Хоҷаи шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Усмонов ва директори ДИС ДДТТ, профессор Инъомҷон Аминов сухан карданд.

Подполковник Солеҳзода Шўҳрат аз фаъолияти пурсамари мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ошкорсозӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу гурўҳҳои террористиву экстремистӣ сухан ронд.

-Мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баҳри таъмини амнияти давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм назорати прокурориро пурзўр намудааст. Бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо ва корхонаю муассисаҳо вохўриву сўҳбатҳои зиёд баргузор гардиданд, - гуфт мавсуф.

Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Бобо Хоҷаи шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Усмонов ҷавононро ба омўзиши илму дониш ва қадршиносии инсон, поквиҷдониву садоқатмандӣ ва дарки ҳақиқии арзишҳои маънавию фарҳангии кишвар ҳидоят кард. Номбурда зикр кард, ки пўшидани сатри сиёҳ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспўшии ба фарҳанги миллати мо бегона барои ҷавондухтарон ноҷоиз буда, пўшидани либосҳои анъанавии миллии тоҷикона ба дин ва маданияти онҳо халал ворид намесозад. Ў перомуни шомилшавии имом - хатибони бархе аз масоҷиди вилоят ба гурўҳҳои ифротгаро ёдовар шуда, онҳоро хиёнаткори роҳи Ҳақ хонд ва амали гурўҳҳои ифротиро фитнаву фасод гуфта, онҳоро маҳкум намуд.

Баргузории чунин чорабиниҳо аз манфиат холӣ нест ва маҳз ҳар як шаҳрванди баору номус бояд барои тарбияи шоистаи фарзандон ва нагаравидани онҳо ба сўи андешаҳои ботилу ғайриинсонӣ ва экстремистию террористӣ ҷаҳду талош намояд.

Ш..ТОҶИБОЕВ,
Н..РАҶАБОВ,
устодони Донишкадаи иқтисод
ва савдои Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

Нафақаи касбӣ ва мушкилоти он

Дар толори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуот»-и маркази вилоят намояндагони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини соҳа ва мудирони бахшхи шаҳру навоҳӣ иштирок доштанд.

Нахуст сардори Раёсат А. Ҷӯраев дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр дошт, ки тағйироти воридмешуда барои ояндаи миллати тоҷик нақши муҳим ва босазо дошта, барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ  шароити мусоид фароҳам меорад.

Муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода дар мавриди шарҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» андеша ронда, иброз дошт, ки қонуни мазкур ба таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии кормандоне равона шудааст, ки шароити меҳнатиашон махсус мебошад ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ машғуланд, бахшида шудааст. Шарҳ дода шуд, ки суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва муассисаи суғурта чӣ маъно доранду суғуртакунандаву шахси суғурташуда киҳоянд ва қонунгузории Ҷумҳурии Т оҷикистон дар бораи суғуртаи нафақавии касбӣ чӣ гуна аст. Инчунин, бобҳои дигари қонун дар бораи субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, тариф, заминаи саҳмбандӣ ва пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо мавриди шарҳу тафсир қарор дода шуда, иштирокдорон маълумоти бештаре ба даст оварданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дастурамали тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, ки дастраси масъулини соҳа гардид, барои онҳое, ки бо ин кор машғуланд, ёрдамчии беминнат мегардад. Зеро дар дастурамал аз тартиби дастрасии маълумотҳо барои ҳисоб ва таъини нафақаҳои суғуртавӣ, таъин ва партохти нафақаҳо аз рӯи синну сол, аз рӯи маъюбӣ, аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, тартиби бозҳисобии нафақаҳои иҷтимоӣ, муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ ва номгӯи тамоми ҳуҷҷатҳое, ки барои таъин, бозҳисобӣ ё аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд, оварда шудааст.

Иштирокдорони семинар дар бораи киҳо бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд, таъин ва пардохти нафақаҳои меҳнатӣ ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар корхонаҳои шароити меҳнатиашон махсус кор кардаанд, тариқи бастани шартнома, кушодани суратҳисоби махсус дар шаҳру навоҳӣ ва дигар  мушкилоти соҳа суолу ҷавоб доир намуда, аз масъулини соҳа посухҳои мушаххас гарифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳакиқати Суғд»

Читать далее

Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд

Дирӯз, панҷшанбеи 19 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вобаста ба кишту кори баҳорӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқи вилоят ҷаласаи кории назди Раиси вилоят баргузор гашт.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, раёсатҳои кишоварзӣ, кумитаи замин ва хоҷагии оби шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Нахуст гузориши муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ доир ба фаъолияти кишоварзони вилоят давоми чор моҳаи аввали соли равон шунида шуд. Тавре қайд гардид, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ наздик 477 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108 дарсадро ташкил медиҳад. 

Читать далее

19 May 2016

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия сарчашмаи фардои дурахшони миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар шавад. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки “Муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад".

Дар ин замина тағйиру иловаҳои ба Конститусия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд. Тағйиру иловаҳо барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конситутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститусия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо назардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем.

Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид ва Созмони амнияти ҳамкории Аврупо буда, вазифадор аст, меъёрҳои қонунгузории хешро ба талаботи ин созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд. Тағйиру иловаҳо ба   Конститутсия (Сарқонуни) кишвар танҳо таклифу пешниҳоди вакилони мардумӣ нест, балки он бо хоҳиши сокинони ваҳдатшиори кишвар рӯи кор меояд.

Яке аз тағйиротҳое, ки миёни омма ба хубӣ пазируфта шуд, ин минбаъд фаъолият набурдани ҳизбҳои сиёсии характери динӣ ва миллӣ дошта ва маблағгузорӣ ба ҳизбҳои аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ мебошад.

Воқеан ҳам, ин тағйирот саривақтӣ ва муҳим буда, барои амнияти пеш аз ҳама сокинони кишвар ва дуввум барои якпорчагии миллат ва худшиносии кишварамон равона карда шудааст. Мо худ тайи ду даҳсолаи охир шоҳиди он шудем, ки чанде аз гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсии бо мақсади ғасби ҳокимият, ангехтани тухми нифоқ байни маҳалҳо мехостанд тинҷиву оромии кишварамонро халалдор созанд. Маълум, ки саркардагони ин ҳизбҳои сиёсӣ берун аз кишвар бо маблағгузории худ мехостанд, дубора мамлакатро нотинҷ созанд.

Бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.

Барои миллати куҳанбунёди мо марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ фаро расид. Зеро бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консититутсияи кишвар  сатҳ ва шароити зиндагии мардум куллан дигар хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифзу пойдор боқӣ гузорем ва мамлакатамонро чун кишвари пешрафт ва дунявӣ ба ояндагон мерос гузорем. Барои расидан ба ин ормонҳои миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд кӯшиш намояд. Боварии комил дорем, ки тағйиру иловаҳо сарчашмаи фардои дурахшони мо хоҳад буд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее