May 2016

22 May 2016

Исфара: То соати 10-00 - и рӯз 63 184 нафар сокинон райъ доданд

Чорабинии муҳими сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 79 участкаи раъйдиҳии ҳавзаи раъйпурсии Исфара № 27 бо ширкати фаъолонаи шаҳрвандон идома дорад.

Бино бар маълумоти ҳавзаи раъйпурсӣ то соати 10:00 -и ин рӯз 63 184 нафар шаҳрвандони Исфара ба участкаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, мавқеи худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

Читать далее

Деваштич. Сокинон фаъолона дар раъйпурсӣ иштирок доранд

- Дар участкаи раъйпурсии рақами 41-и ноҳияи Деваштич, воқеъ дар деҳаи Овчии ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳоло шаҳрвадон бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар раъйпурсӣ иштироки фаъолона доранд - мегӯяд, раиси участка Мирзо Мирзоев.

Дар ин участка 2941 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд ва то соати 10-и рӯз беш аз 800 нафар сокинон раъй додаанд. Ба иттилои Мирзо Мирзоев ташрифи сокинон ба маҳалли раъйдиҳӣ идома дорад.

Читать далее

Иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллаи Тиллокон дар раъйпурсӣ

Чун дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Тиллокони шаҳр низ теъдоде аз сокинон аз субҳи барвақт бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйпурсии рақами 51 ҳозир шуданд.

Ба иттилои раиси участкаи мазкур Орифҷон Умаров барои баргузории раъйпурсӣ тамоми шароит мавҷуд буда, сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд. То ба ҳол - соати 9-51 дақиқаи маҳаллӣ беш аз 400 нафар сокинон дар ин участка раъй додаанд ва ташрифи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсӣ идома дорад.

Читать далее

Гулистон. Дар участкаи №5 40 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян карданд

Дар шаҳри дӯстии халқҳо – Гулистон аз субҳи барвақт намояндагони касбу кори гуногун барои иштирок намудан дар чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи участкаҳои интихоботӣ мешитобанд.

Аз ҷумла дар участкаи рақами 5-и шаҳри Гулистон то ҳоло беш аз 40 фоизи раъйдиҳандагон дар раъйпурсӣ иштирок намудаанд. Ба иттилои раиси участка Шарофиддин Маносиров дар ин участка 692 нафар сокинони шаҳр – намояндагони миллатҳои гуногун раъй хоҳанд дод.

Читать далее

20 May 2016

Тақдими гувоҳномаҳо ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ ва эълони ғолибони Фестивал - озмуни «Фурӯғи ҷавонӣ»

- Дастгирии ҷавонон ва тарбияи мутахассисони болаёқат дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад - таъкид намуд, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқот бо донишҷӯёне, ки моҳи равон дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ширкат варзиданд ва онҳоро бахшида ба ҷамъбасти ҳафтаи таҷрибавӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. 

Ин мулоқот имрӯз, 20 май дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки дар доираи чорабиниҳои «20-рӯзи ҷавонӣ аз санаи 10 то 17-уми май  бо қарори Раиси вилоят ва  бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон ва ошносозии донишҷӯён бо низоми идоракунии давлатӣ, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида шуд. Ҳафтаи худидоракунӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ доир шуда, дар он соли равон 45 нафар донишҷӯ аз 450 нафар довталаб тариқи озмун иштирок намуданд.

Читать далее

Донишҷӯёни фаъол стипендияи Раиси вилоятро дарёфт намуданд

Дар доираи чорабиниҳои «20-рӯзи ҷавонӣ» имрӯз, 20 май Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ толибилмони фаъолро ба ҳузур пазируфт. Инҳо сад нафар донишҷӯён аз мактабҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва аспирантону магистрантоне буданд, ки соли равон ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф гардидаанд.  Абдураҳмон Қодирӣ нахуст устодону донишҷӯёнро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфт.

Бояд афзуд, ки соли равон низ дар ҳудуди вилоят «20 - рӯзи ҷавонӣ» эълон гардид ва дар доираи он як қатор чорабиниҳо бо иштироки насли созандаи ҷомеа баргузор карда шуданд. Изҳор гардид, ки соли равон шумораи гирандагони стипендияҳои номӣ афзуда, аз ҷумла 300 нафар дар қаламрави ҷумҳурӣ ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 435 нафар  ба гирифтани стипендияҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят ва 100 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд шарафёб гардидаанд.

Читать далее

Исломи ноб зидди ифротгароист!

Дар марҳалаи навини таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва зиддиятҳо маҳз бо таваҷҷўҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд.

Дар яке аз суханрониҳои хеш ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буданд: “Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл намудем”.

Таваҷҷўҳи Роҳбари давлат ба шинохти аслу моҳияти асосии дини мубини Ислом, ки ҳамеша фарҳанги инсонгаройиро таблиғ карда,  инсониятро ба сўи ормонҳои олӣ ҳидоят менамояд, барои зуҳури падидаҳои беҳтарин дар сиёсати динӣ боис шуд. Маҳз, ба хотири огоҳии комили мардуми тоҷик аз асолати инсонгароёнаи дини мубини Ислом бо ибтикори Сарвари давлат китоби муқаддаси Қуръон дар тарҷумаи тоҷикӣ ба дасти аҳолии мамлакат расида, маҷмўи имконият ва шароит барои иҷрои фароизи динӣ фароҳам омад. Муҳимтар аз ҳама имрўз беҳтарин китобҳои бар пояи мазҳаби Имом Абў-Ҳанифа дар масоили фиқҳ ва умуман фарҳанги исломӣ навишташуда бо ташаббуси давлат ба дасти чоп мерасанд. Танҳо зарурати он мемонад, ки ҷомеа ва мардум аз ин кутуб ва осори нашршуда ба манфиати баланд бардоштани маърифати динии худ истифода кунанд, на ин ки аз рўи шунидаҳои хеш ба фарҳанги исломӣ муносибат намуда, фаҳмидаҳои хешро аз даҳони нафароне, ки аслан ба ислом ҳеҷ робитае надошта, мардумро ба экстремизми динӣ мекашанд, ба ҳукми таълимоти исломӣ қабул кунанд. Мутаассифона, ба вуҷуд омадани созмонҳову азҳоби ба ном динӣ, ки аслан ҳеҷ робитае ба асли Фарҳанги исломӣ надоранд, имрўз на танҳо номи ин дини мушаррафро бад мекунад, балки заминаҳое баҳри куштори одамони бегуноҳ дар саросари сайёра ва харобиҳо гардида истодаанд. Ҳодисаҳои Покистон, Афғонистон, Сурияву Ироқ, Фаронса ва дигар нуқтаҳои дунё ба ҳақиқати ин амр ишорат мекунанд, ки ба таъбири Сарвари давлат, Ислом ҳеҷ робитае ба терроризми байналмилалӣ надорад, чун аз нигоҳи дини мубини Ислом бузургтарин гуноҳ рехтани хуни мўъминон аст. 

Дар китоби муқаддаси Қуръон, сураи  Моида, ояти 32 омадааст: “Ҳамоно ҳар кас, шахсеро бидуни қасос ё бе он ки дар замин фитна ва фасоде барпо бикунад, бикушад, монанди он аст, ки тамоми мардумро куштааст”. Бо ҳамин маънӣ, дар сураи Нисо, ояти 93 низ омадааст, ки “Ва ҳар кӣ амдан мўъминеро бикушад, кайфараш дўзах аст, ки дар он мондагор хоҳад буд ва Худо бар ў хашм мегирад ва лаънаташ мекунад ва азобе бузург барояш омода сохтааст.”

Аз ин рў, имрўз он гурўҳҳои экстремистӣ, ки аз номи Ислом баромад мекунанд, ҳаргиз иртиботе ба аслу моҳияти инсонгароёнаи Ислом надоранд ва танҳо аз номи ин дини муқаддас истифода мебаранд.

Барои аз миён бардоштани таъсири ногувори афкори чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротии “Давлати исломӣ”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳо дар сатҳи давлатӣ  роҳандозӣ мешаванд.  Ҳамеша ва дар ҳама суханрониҳову мулоқотҳои  ахири худ бевосита ба ин масъала муроҷиат намуда, Пешвои миллат таъкид медоранд, ки бояд нисбати сарнавишти ҷавонони гумроҳшуда бетараф набошем ва барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурўҳҳо корҳои ташвиқотиро пурзўр намоем.

Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки ба дунболи талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардиданд, мунҳасир ба ниёзҳои миллии тоҷикон ва мансубият ба як халқу миллату мазҳаб боқӣ намонданд, балки бо таваҷҷўҳ ба ибратпазирӣ аз сиёсати кишвардории миллии Сомониёни хуҷастамазҳар сиёсати Ваҳдати миллӣ то вусъати ваҳдати фикриву ақидавӣ ва мазҳабиву динӣ тавсеа ёфта, батадриҷ дар заминаи эҷоди муколамаи фарҳангҳову динҳо манзалати ҷаҳонӣ касб кард. Маҳсули ин ибтикор ва таваҷҷўҳ ба сиёсати давлатдории миллии аҷдоди хеш буд, ки соли 2009 таҷлили Соли бузургдошти Имом Абўҳанифа аз сар гирифта шуд ва Сарвари давлати тоҷикон бомурур ба фарҳанги таҳаммулпазирии ин шахсияти оламгири ҷаҳони Ислом фалсафаи оштии мазоҳибу динҳоро ба миён гузошта, ҷилавгирӣ аз афкори муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро таблиғ намуд. Ҳосили ин таваҷҷўҳ ба таъмини ваҳдати милливу динии тоҷикон муассир афтода, рисолати сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмонро аз мақоми миллату халқияти мамлакати худ то ниҳоду давлатҳои ҷаҳони Ислом иртифоъ бахшид, ки нақши созандаи андешаҳои Пешвои миллатро ба ҳукми эъморгари ваҳдати мазҳабӣ дар сурат ва сирати таълимоти Имом Абўҳанифа бозтоби равшан мебахшанд.

Нуралӣ Нурзод,
мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики 
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее