May 2016

23 May 2016

Эътибори зарурӣ ба агротехникаи парвариш

Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчун донандаи хуби асрори корҳои кишоварзӣ ҳамарўза ба масъулону мутахассисони соҳа дастуру супориш медиҳанд, то дар парвариши зироатҳо бо истифода аз технологияҳои муосир, риояи корҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шаванд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ин дастуру супориши Раиси вилоят чӣ гуна амалӣ мегарданд? Доир ба ин мавзўъ мо бо Қобилҷон Шокиров - сарагрономи Хоҷагии деҳқонии ба номи Д.Исоеви ноҳияи Конибодом ҳамсўҳбат шудем.

Зимни сўҳбат аён гардид, ки аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳамасола кўшиш  ба харҷ медиҳанд, то ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ рўёнанд. Аз таҷрибаи на чандон тўлонии кори деҳқонӣ ў ба чунин хулоса омадааст, ки рўёндани ҳосили фаровон аз чанд омил вобастагӣ дорад. Якум, интихоби тухмии хушсифату серҳосил.

Раиси хоҷагӣ Тўлқунбой Деҳқонов, ки худ фарзанди деҳқони пухтакор ва дорои таҷрибаи кофии кори кишоварзӣ аст, бо ҷалби олими Институти зироаткории вилоят Яҳё Тўхтаев чигити навъи серҳосили «Деҳқонбобо»-ро ихтироъ карданд, ки ба шароити заминҳои ноҳия, аз ҷумла минтақаи «Патар» басо мувофиқ мебошад. Албатта, кор бо коштани як тухмии хушсифат пеш намеравад. Аз нигоҳубини хуб ва эътибор ба риояи технологияи парвариши он, махсусан сари вақт додани обу ғизо, коркарди байни қатор ва муҳофизат аз ҳашароти зараррасон аз омилҳои ба даст овардани ҳосили фаровон аст. 80 гектар замини пахтаи хоҷагӣ «намикор» аст. Қабл аз кишт як маротиба оби пеш аз кишт монда, бо ҳамин то коркарди дуюм, ки бо иловаи нурии минералӣ гузаронида мешавад, об зарур намегардад. Воқеан ҳам, вақти кишти чигит мо ба қисмҳои тухмипошак хокаи сулфурро ба дока андохта мебандем, ки вақти таконхўрӣ он ба замин мерезад ва ниҳолҳои пахтаро аз касалиҳои «трипсис» ва «ширинча» пешгирӣ менамояд. Ин гуна таҷриба, гумон мекунам, айни ҳол танҳо дар хоҷагии мо ба ҷо оварда мешавад, - гуфт Қобилҷон Шокиров.

Ҳамчунин, ў ёдовар шуд, дар давраи нашъунамои ниҳолҳо, ки онро марҳалаи, ба истилоҳи кишоварзон, «вегетатсионӣ» меноманду одатан аз 125 то 128 рўз мегузарад, баробари риояи талаботу меъёрҳои обдиҳӣ бо истифодаи энтомофакҳо-трихограмма, габробракон, «тиллочашмак», ки онҳоро муҳофизати растанӣ бо усули биологӣ меноманд, эътибори ҷиддӣ медиҳем.  

Чунонки таҷриба нишон медиҳад, тухмии навъи «Деҳқонбобо» на танҳо ба иқлиму заминҳои хоҷагӣ мувофиқ аст, балки нисбат ба ҳама гуна касалиҳои зироат, аз ҷумла «вилт» ва ҳам гармӣ хеле тобовар мебошад. Бо гузарондани ду коркарди байни қаторҳо ниҳоли пахтаро то ба гулкунӣ мерасонем. Табиист, ки баъди иҷрои ин амалҳо ҳосили дилхоҳ пухта мерасад. Таи чанд сол аст, ки ҳисоби миёнаи ҳар гектар пахтазор 30-35- сентнериро ташкил медиҳад. Аз минтақаҳои алоҳида бошад, вақтҳое шуд, то 45 - сентнерӣ ҳам ҳосил гирифтем. 

 «Чўҷаро дар тирамоҳ мешуморанд» гуфтагӣ барин, тирамоҳ чун ҳосилро барои коркард ба заводи пахта месупорем, нишондиҳандаҳои истеҳсолии коркард табъамонро болида месозанд. Ҳар тонна ашёи хом то 34-35 фисад нах медиҳад. Дарозии нах ҳам нишондиҳандаи басо хуб - аз 35 то 37 мм аст. Ин дар ҳоле ки вазни ҳар кўрак аз 5,4 то 5,6 грамм мебошад.

Ногуфта намонад, ки ин ҳама дастовардҳоямон аз меҳнати пурмаҳсулу сидқидилонаи аъзои хоҷагиамон аст. Аниқтараш, ин ҳамаро бе меҳнати диловаронаи механизаторони пуртаҷриба Абдуқаҳҳор Намозову Шокир Бобоев, обронҳои пурдон Ҳомидҷон Холматову Неъматҷон Нуралиев, сардори бригада Хайрулло Мамадҷонов тасаввур кардан амри маҳол мебошад.

Шоистаи қайд аст, ки дар хоҷагии мо баробари мардон занону духтарон ҷои кори доимӣ дошта, бо меҳнати софдилона машғуланд. Аз 30 аъзои хоҷагӣ 22 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҳастанд. Заҳмати хоҳарон Мунира ва Наргиса Қурбоноваҳо, Малика Расулҷонова ва дигарон намунаи ибрат мебошад.

Бар замми дигар корҳои хоҷагӣ заҳматкашони мо соли равон 27 қуттӣ кирмакро сарҷамъона парвариш карда, пилларо ба идораи абрешимчигии шаҳр бо сифати баланд супурданд.

Имрўзҳо пахтазори хоҷагиамон саросар қолини сабзро мемонад. Ниҳолакони пахта дубаргаву себаргаанд. Ҳамаи замини пахтазор аз коркарди дуюм бароварда шудаанд. Имрўзҳо аъзои бригада сарҷамъона ба гузарондани омили дигари фаровонҳосилӣ, яъне ягонакунӣ машғуланд. Вазъи хуби ниҳолҳо ва нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагӣ моро ба он дилпур месозанд, ки дар соли ҷашни бузурги миллӣ – 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои аз ин ҳам назарраси меҳнатиро ноил гардем,- афзуд дар охир Қобилҷон Шокиров.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешравии кор ба нерўи зеҳнии худамон вобаста аст

- мегўянд дар ҶДММ “Афзали Суғд”

Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки алҳол аксари мамлакатҳои ҷаҳон дар шароити бўҳрони иқтисодӣ қарор доранд. Албатта, шароити бавуҷудомада таъсири худро ба ҳамаи соҳа, аз ҷумла соҳаи саноат ҳам расонида, як қатор ҳолатҳои объективие ба миён омадаанд, ки ба сатҳ, суръат, самаранокӣ ва дигар паҳлўҳои рушди саноат таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Дар ин муддат чанде аз коргоҳҳо суст фаъолият доранд ё тамоман аз кор бозмондаанд. Дар хусуси он ки имрўз коргоҳҳои бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳёфта дар шароити кунунӣ чӣ дастовард ва чӣ нақшаҳо доранд, мақолаи мазкур бозгў аст.

Яке аз чунин коргоҳҳои замонавӣ - Корхонаи коркарди маҳсулоти ширии «Афзали Суғд» мебошад, ки соли 2014 бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдулатиф Раҳмонов ба фаъолият оғоз намуд ва он бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре роҳбарияти коргоҳ иттилоъ дод, ин корхона  бо коркарди шир ва истеҳсоли қариб 20 намуд маҳсулот машғул аст. Дар ин корхона беш аз 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёна дар ҳаҷми 800 сомонӣ таъминанд.

Коргоҳи мазкур бо харҷи 1 миллион сомонӣ сохта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, дар як шабонарўз то 10 тонна ва дар як сол зиёда аз 3 ҳазор тонна ширро метавонад, хушсифат коркард намояд.

Сифати ҳамаи маҳсулотҳои ширӣ дар озмоишгоҳ ҳамаҷониба санҷида, дар зарфҳои махсуси худсохти корхона ҷойгир карда мешавад.

Роҳбарияти корхона аз оғоз азм дошт, ки маҳсулоти хушсифати бозоргирро дар зарфҳои зебо, хушнамуд истеҳсол намояд, зеро сол аз сол корхонаҳои нави коркарди шир ба фаъолият оғоз менамоянд ва рақобат дар бозор шадид гаштааст.

Зимни сафари хеш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дода буданд, ки чунин корхонаҳои коркарди шир дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо мағозаҳои фирмавиашон ташкил карда шаванд. Тавре Президенти кишвар таъкид доштанд, баробари аз аҳолӣ ҳам шир харидан ҳамзамон супориш дода шуда буд, ки фермаҳои ширию молӣ ташкил гардад, то ки истеҳсоли маҳсулоти ватании ширию гўштӣ зиёд шуда, воридоти он аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.

Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро роҳбарияти ширкати «Афзали Суғд» дастури амал қарор додаву ба инобат гирифта, азм кард, ки дар ин раванд фаъолияти фермаи чорводориро ба роҳ монад.

-Дар вохўрии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ  ин масъала ба миён гузошта шуда, пешниҳод гардид, ки фермаи чорводорӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва зотҳои наслдеҳи хуби моли калон ташкил карда шавад, - ба ёд меорад роҳбари коргоҳ.

Ва чунин ҳам шуд.

-Бо дастгирии Раиси вилоят яке аз фермаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз фаъолият қариб боз  -монда буд, бо розигии масъулин аз ҷониби ширкати мазкур харидорӣ карда шуд. Ин воқеа моҳи июли соли 2014 ба вуқўъ пайваст.

- Аз моҳи декабри соли 2014 бо ширкати олмонии «Агроликс» ҳамкориро оғоз намудем. Тибқи шартнома, мо аз онҳо таҷҳизоти ширҷўширо харидем. Онҳо ба мо нақшаи азнавсозии тарҳи замонавии биноро пешниҳод намуданд,-изҳор дошт роҳбари кулли ширкати мазкур Абдулатиф Раҳмонов.

Бино ба гуфти масъулин, бинову иншооти фермаи чорводории инноватсионии корхонаи «Афзали Зарзамин» пурра навсозӣ гардида, дар он муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб карда шудааст.

Дар ин ҷо 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Аксари коргарон дар Олмон таҷриба омўхтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки иқтидори дастгоҳу таҷҳизоти ширҷўшии корхона барои 324 сар моли калон пешбинӣ шудааст. Дар як шабонарўз аз ҳар як сар гови ҷўшоӣ 26 литр ва дар маҷмўъ 1700 литр шир ба даст оварда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки давоми 5 соли оянда саршумори говҳои ҷўшоӣ ба 1000 сар расонида шавад. Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар сар гов дар як сол 6 ҳазор литр шир гирифта мешавад.

Зимни шиносоӣ масъулини хоҷагӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ин ҷо 320 сар моли калон, аз ҷумла 130 сар чорвои зотии ширдеҳи “Симменталӣ”-и олмонӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар давраи наслгирӣ аз 122 сар гови зотӣ 100 сар насл гирифта шудааст.

Дар фермаи мазкур таваллудхона барои нигоҳдории гўсолаҳои навзод, гўсолаҳои аз дусола калон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Мақсади асосӣ ин зоти молро интихоб намудан буд, ки пеш аз ҳама, ин намуди чорво ба шароиту иқлими Тоҷикистон тезтар мутобиқ гашта, ба бемориҳои гуногун тобовар мебошад, - гуфт Бахтиёр Раҳмонов - роҳбари фермаи ҶДММ «Афзали Зарзамин».

Дар баробари зоти олмонӣ хоҷагӣ дорои 50 сар чорвои калони зоти сиёҳало мебошад. Маҳсулоти фермаи ширию молии «Афзали Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар корхонаҳои саноатии вилоят коркард кардаву дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фурўхта ва ҳамчунин ба вилоятҳои Боткену Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон содирот мешавад.

Фаъолияти чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки саршумори зоти ширдеҳ афзоиш дода шуда, дар ин самт даҳҳо ҷойи нави кор таъсис ёбанд.

-Маҳз, бо дастгирии Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мо тавонистем, ба ҳадафи хеш расем. Чунки бо ибтикори роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят таҷҳизоти муосири олмониро бе пардохти боҷи давлатӣ ворид намуда, ба  фаъолияти пурсамар шурўъ намоем. Мақсади асосии  ширкати мо ин ташаккул додан ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва сатҳи техникиву технологияи истеҳсолот, таъмини истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгў бо истифодаи таҷрибаи пешқадам барои бозори дохилӣ, васеъ намудани номгўи маҳсулот дар бозори маҳаллӣ ва бо ин васила ба мардум пешниҳод сохтани маҳсулоти баландсифат мебошад, - иброз дошт роҳбари ширкати ҶДММ «Афзали Суғд» Абдулатиф Раҳмонов.

Имрўз бо боварӣ метавон қайд намуд, ки соли равон низ барои кормандони соҳоти мухталифи вилоят, аз ҷумла коркарди саноатии маҳсулот новобаста аз шароити иқтисодии бамиёномада воқеан ҳам, соли неку хотирмон, соли тақвияту густариши нишондиҳандаҳои беҳтарин ва соли дастовардҳои нав хоҳад гардид.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Фарзандамро аз "беморӣ" халос кардам

Дар мавриди харидории либоси мактабӣ ва гаронии нархи он ҳамарўза сару  садоҳо баланд мешаванд. Яке чунин мегўяду дигаре чунон. Ҳарчанд, аз рўи гуфти масъулини Раёсати маорифи вилоят, харидории либоси ягонаи мактабӣ маҷбурӣ несту ҳар касе, ки намехоҳад, харидорӣ намекунад, аммо дар асл он «ихтиёрии ҳатмист». Дар ин бобат хостем, фикру андешаҳои мардумро манзури хонандагони рўзнома гардонида бошем.

Саида Раҳимова-омўзгор, роҳбари синф:

- Муаллими мактаби миёна ҳастам. Ба садҳо шогирдон дар баробари таълиму тарбия ҳисси ватандўстиву худогоҳӣ ва хештаншиносиро меомўзонам. Воқеаеро мехоҳам, ин ҷо оварам, ки чанд сол пеш боиси озурдахотириам гашта буд.

Читать далее

Мактаби шуҷоат ва ҷавонмардӣ

Ҳисси ватандўстиву ватанпарварӣ яке аз аввалин эҳсосест, ки бароямон аз хурдӣ меомўзонанд. Он дар сурудаҳои модарон, шеърҳои шоирон ва навиштаҳои бузургон низ ҷой дорад. Худи «Шоҳнома»-и бе-заволи Ҳаким Фирдавсиро чун асари оламшумуле, ки маҳз муҳаббат нисбат ба Ватанро тараннум мекунад, метавон намуна нишон дод.

Бо калон шудани кўдак ин эҳсос дар боғча ва мактаб тақвият меёбад. Барои рушди ҷавонон ва эҳсоси иҷрои қарзи Ватан дар макотиб дарсҳои омодагии дифоъ гузаронида мешаванд.

Читать далее

22 May 2016

Як рӯзи хотирмон

1953 нафар раъйдиҳандагони участкаи раъйдиҳии №43-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз субҳи имрӯз раъйи худро барои қабул карданаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйдиҳӣ омаданд.

Раиси участка К.Муллоқулов иброз дошт, ки то нисфирузӣ 85%-и раъйдиҳандагон овози худро доданд. Мардум шоду хурсанд бо руҳияи идона ба макони раъйдиҳӣ омада, бо шукронаи  давлати соҳибихтиёру дунявӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйи худро барои қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд.

Ба гуфти Муҳаммад Ҳамдамов-летинанти милитсия, муфаттиши ШТР ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар участкаи мазкур ягон қонуншиканӣ дида нашуда, тартибот ҷорӣ шудааст.

Боварӣ меравад, ки интизориҳои мардум барои ин рӯзи таърихӣ хотирмон хоҳад гузашт.

Читать далее

Якдиливу якмаромии мардуми Заркорон дар раъйпурсӣ

Субҳи имрӯз сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо руҳбаландиву ҳисси хоссаи ватандӯстӣ ба участкаҳои интихоботии хеш ҳозир шуданд.

Аз ҷумла дар участкаи интихоботии № 80-ум бино ба гуфти раиси участкаи интихоботӣ Юсуфмуҳаммад Файзиматов  мардуми деҳаи Заркорони ҷамоати мазкур низ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуда истодаанд.

-Натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ назаррас дар ин самт буд, ки то нисфирузӣ зиёда аз 1700 нафар интихобкунандагон дар баргузории ин чорабинии сиёсӣ иштирок намуданд,- мегӯяд мавсуф,- баҳри шаффоф баргузории раъйпурсӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Бино ба малумоти раиси участка Ю.Файзиматов дар участкаи мазкур дар маҷмӯъ 3004 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки  аз ин 62 нафар бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд.

Читать далее

Бо ҳисси баланди масъулият

Мардуми сарбаланди ноҳияи  Кӯҳистони Масчоҳ низ бо ҳисси масъулияти баланди ватандорӣ дар Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона доранд.  Иштироки фаъолонаи сокинон дар участкаи № 2-и деҳаи Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ далели ин гуфтаҳост. 

Бино ба иттилои  раиси участкаи интихоботии мазкур Зафар Қурбонов  то нимаи рӯз аз 1016 нафар овоздиҳанда 957 нафар омада, раъйи хешро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намудаанд . Барои ду нафар раъйдиҳанда, ки ба участка ҳозир шуда наметавонанд, қуттиҳои сайёр фиристода шудааст. Раъйпурсии умумихалқӣ бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони ноҳия дар руҳияи идона идома дорад.

Читать далее

Бо рӯҳияи идонаву созанда

Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  участкаи № 43-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати фаъолонаи шаҳрвандон дар рӯҳияи идона давом дорад.

Бино бар маълумоти Муяссар Раҳимова то соати 12:00-и рӯз аз 1875 нафар овоздиҳанда 993 нафар омада, мавқеи хешро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд. Се нафар аз ин овоздиҳандагон аввалин бор дар овоздиҳӣ иштирок менамоянд. Бино ба иттилои М.Раҳимова барои се нафар раъйдиҳанда, ки аз сабаби беморӣ ба участка ҳозир шуда наметавонанд, қуттиҳои сайёр фиристода мешавад. Раъйпурсии умумихалқӣ бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон идома дорад.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Читать далее

Иштироки А. Қодирӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, якшанбеи 22 май Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйпурсии рақами 68-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард ва вориди ҳуҷраи овоздиҳӣ гардида, мавқеи худро муайян намуд.

Чуноне мушоҳидаҳо нишон доданд, дар ин минтақа овоздиҳандагон низ чун дигар сокинони вилояти Суғд хело фаъол ҳастанд ва барои иштирок  дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд. Бино ба иттилои масъулони участкаи раъйпурсӣ дар ин участка 2973 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд.

Читать далее