May 2016

24 May 2016

Ҷавонон – захираи миллат ва ояндаи давлат

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрўз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерўи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд.

Аз ҳамин рў, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт. Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерўи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерўи ҷисмонӣ нерўи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин 70% аҳолиро шахсони то 30 сола дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерўи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чуноне, ки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерўи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рў, нерўи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмўи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерўи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрўву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.

Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерў ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуввум –барномаи мушаххас, севум – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомўзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом дода шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрўза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерўи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».

Чи тавре маълум аст, аз сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар садҳо оилаҳо вайрон, чанд ҳазор кўдакон ятим монданд ва падару модарони зиёд ба хотири дарёфти сарчашмаи зиндагӣ рў ба муҳоҷират бурданд, ки чунин вазъият хоҳу нохоҳ ба раванди солими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мушкилотҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бо сабаби набудани мактаб, шароити хуби зиндагӣ дар оилаҳои  тоҷик шумораи муайяни наврасону ҷавонон ба ҷои ба таҳсил машғул шудан, ба аробакашиву савдогарӣ овора буданд.

Дар ин давра рушди илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбии худро расонид. Як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Ва қисме аз ҷавонон то имрўз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои неки худро ба бор овард.

Чи тавре ки маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштанд ва обрўи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рўҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе намуд бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад.

Имрўзҳо ҷавонони тоҷик бо мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рў ба рў ҳастанд, ки аз ҷумла, надоштани ҷои кори муносиб, маоши кам, мушкилоти манзил ва паст будани маърифати онҳо маҳсуб меёбанд. Бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилотҳо қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Ва гуруҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои тундгароиву ифротгароӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерўи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рў ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл дорад. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дувум набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад.

Ҷавонон ва хатари ифротгароӣ

Бояд қайд намуд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазирӣ ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурўҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитики хеш аз ин гурўҳ самаранок истифода менамоянд. Лозим ба зикр аст, ки инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқўъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад. Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои тундгароиву ифротгароии динӣ ва паҳн гардидани ифротгароӣ дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротгароии динӣ барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбати ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хоссатан бо дар назардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилотҳои зиёдро ба миён меорад. Бо ҳамин маънӣ, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим мебошад. Имрўз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷўҳ хосса намуд шавад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сўи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кўшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад.           

Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрўз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилотҳои худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд.

Зимнан, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилотҳои ҷавонон имрўз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад. Зеро, ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, дар бештари ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонуниву ғаёриқонунӣ рўи ҷомеа берун мекунанд.   

Ҷавонон ва маориф

Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва дар донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Зеро, бе ба роҳ мондани низоми нав, раванди таълими имрўза натиҷаҳои нек ба бор нахоҳад овард ва заҳматҳои чандинсола барбод хоҳад рафт. Ҳамзамон хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар муддати як сол бо ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ (хизмат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ободу зебокунии ин ё он минтақаи кишвар ва ғ.) барои ҷавонон баъди хатми мактаби миёна метавонад, боисии рушди солимии камолоти ҷисмиву руҳӣ ва ватандўстии онҳо гардад.

Имрўз яке аз мушкилотҳои асосии ҷавонони тоҷик ин сатҳи пасти дониш, бемарифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилотҳо бо он сахт вобастагӣ дорад. Ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст. Вале, баробари ин ҳоло як қисми ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо намекунанд ва ё аз сабаби паст будани маош дар ҷое адои вазифа намекунанд. Бояд гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Ва агар нигоҳ кунед, солҳои охир дар воқеъ сиёсати давлат дар соҳаи маориф беҳтару хубтар шуда истодааст. Тибқи маълумот дар замони шўравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рўи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рўи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷўёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Аммо, баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодони азиз бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрўзу фардои ватан иҷро бинамоянд. Албатта, аз як нигоҳ ба роҳ мондани низоми нав кори бисёр душвор ва дар шароити кунунӣ номуносиб ба чашм мерасад, вале баъди амалӣ кардани он, натиҷаи кори низоми нав ҳатман ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Ва ғайри он, дигар роҳҳо танҳо ин аз даст додани вақт, нодида гирифтани мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар шароити торафт доман пахн намудани ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиқонаи давлат, аҳли ҷомеа, волидайн ба ҷавонон ин камтарин хизмат ба ин насл буда метавонад. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар дар Паёми имсола худ оиди дастгирии шогирдон (ҷавонон) аз ҷониби устодон ва насли калонӣ ҷомеа бисёр нуқтаи бомаврид ва саривақтист ва меарзад, ки насли бузургсол аз ин гуфтаҳо хулосаҳое дуруст бароварда бошанд, то насли имрўза дар оянда бо некӣ аз гузаштагони худ ёд бикунанд.

Мутаассифона, яке аз мушкилоти мо ин аст, ки баъзе падару модарон ба ҷои он ки ҳоло захираҳои молӣ ва моликияти худро барои рушди ҷисмиву маънавии фарзандони хеш сарф бикунанд, баръакс молу мулки худро солҳо ҷамъ намуда, баъдан вақте фарзандонашон ба камол расиданд, онро барои оиладории онҳо, ба донишгоҳҳо дохил кардан ва ё барои хариди мошину манзил сарф мекунанд. Ва шояд камтар фикри онро мекунанд, ки вақте имрўз кўдакону наврасон дар раванди сабзишу ба камол расидан таълиму тарбияи дуруст нагиранд, баъдан дар вақти бузург шудан, онҳо қобилияти соҳиб будан ба мошину манзил ва ё ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо нахоҳанд кард, чунки натиҷаи рушди рўҳиву равонӣ ва маънавии онҳо омодаи соҳиби моликият ва таҳсил карданро намедиҳад. Вале, баръакс, агар имрўз падару модарон, ҳукумату давлат моликияту захираҳои иқтисодии лозимаро дар вақти зарурӣ дар раванди ба воя расидани наврасон сарф намоянд, дар оянда онҳо худ омодаи пайдо намудани ҳамаи он моликиятҳо мегарданд. Яъне, дар як ҳолат ояндаву шароит омода шудааст, вале ҷавон аз лиҳози рўҳиву маънавӣ ва ахлоқӣ мутобиқ ба он шароит нест. Дар ҳолати дуввум ҷавони соҳиби маърифати баланду ҳушманд ҳам аз лиҳози рўҳиву равонӣ омодаи шароиту воқеият ҳаст ва бештар аз он, худ ба таври мустақилона думболи орзуву мақсадҳояш меравад. Чуноне, ки яке аз собиқ президентҳои ИМА Франклин Рузвелт дар ин маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Аз ҳамин нуқтаи назар, беҳтар ва хубтар он аст, ки имрўз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф намоянд, то онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрўву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори налсҳои оянда бошанд.

Шўҳрат Саидов, н.и.с., дотсент,
раиси шўрои олимони ҷавони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Барои чӣ йод ба мо зарур аст!

Йод ба организми инсон зарур аст. Аксари аҳолии кишвар аллакай норасоии ин микроэлементи ба организм бениҳоят зарурро ҳис намудаанд. Аз ин мушкилӣ, яъне норасоии йод раҳоӣ ҷустан зарур аст. Барои он ки солимии насли ояндаи ҳар як халқу миллат боигарии давлат аст.

Аз миқдори муайяни ин микроэлемент пеш аз ҳама, фаъолнокии, мағзи сар вобаста аст. Мушаххасан бигўем, рушди интеллекти кўдакон ва таъминоти муайяни интеллекти калонсолон низ пурра аз йод вобастагӣ дорад.

Тавре маълум мешавад, норасоии ин витамин рўз аз рўз бисёртар мешавад. Тадқиқот нишон дод, ки дар ҳама манотиқи кишвар аҳолӣ норасоии йодро дар организми худ эҳсос кардааст, ки натиҷаи онро метавон аз нишондодҳои бемории ба он алоқаманд дарёфт. Пеш аз ҳама, пайдоиши бемории ғадуди сипаршакл ва «зоб» аз норасоии йод сарчашма мегирад.

Йод ба мо барои мўътадил кор кардани мағзи сар зарур аст, аз ҷумла барои дуруст ва фаъол гардидани фикрронӣ. Ҳангоми норасоии йод ҳар як шахс (хусусан наврасон) зуд гирифтори фаромўшхотирӣ мегарданд ва ин гуна наврасон аз хурдӣ қобилияти дуруст ақида ронданро гум мекунанд.

Хусусан, агар норасоии йод дар занони ҳомила ба назар расад, мумкин аст, ки тифли ў бо бемории креатинизм (бозмондагии модарзодии фаъолияти фикрронӣ) таваллуд шавад.

Талабот ба йод ба синну сол вобаста аст: барои кўдакони 0-59 -моҳа-90 мкг, кўдакони 6-12 - сола - 120 мкг, наврасони аз 12 – сола боло ва калонсолон 150 мкг-ро ташкил медиҳад. Зимни ҳомиладорӣ ва ҳангоми кўдаки ширхора доштан талабот ба йод мумкин аст, 250 мкг дар як шабонарўзро ташкил диҳад.

Тибқи маълумоти ҷойдошта, айни замон норасоии йод се баробар камтар аз меъёри лозимаро ташкил медиҳад. Бинобар ин таркиби хўроки ҳамарўзаи мо аз миқдори зарурии йод бояд ғанӣ бошад.

Мавҷудахон Мавҷудахон КАМОЛОВА,
Зебохон Зебохон РАҲМОНБЕРДИЕВА,
духтурони оилавӣ, духтурони оилавӣ,
Ҷамоати деҳоти Исмоил, Ҷамоати деҳоти Исмоил,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Дастгирӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

Дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд.

Аз ин рў, дар мамлакати мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Тавре огоҳӣ дорем, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рўбарў гардид. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксар ҷавонони имрўза ҳанўз хурдсол буданд, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба хисороти вазнини моддӣ дучор омад. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷои кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамоянд, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000» (5 октябри соли 1998), Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003» (соли 2001), таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» (26 феврали соли 1998), баъди танаффуси сесола боз аз нав эҳё шудани рўзномаи «ҷавонони Тоҷикис-тон» (23 феврали соли 1998), 23 май эълон гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷи- кистон, доир гаштани фестивалҳои ҳамасолаи  дўстии ҷавонон, соли 1997 дар вилояти Суғд ва минбаъд дар Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, фестивали дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодати дахлнопазири дар солҳои истиқлолият ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд.

Барномаву қарорҳои қабулшуда баҳри баланд бардоштани мавқеи ҷавонон, таъмини пурраи солимии маънавии онҳо равона гаштанд ва дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохўриҳои чандинкаратаи худ бо ҷавонон, аз ҷумла 2 феврали соли 1993, 23 майи соли 1997 қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16 майи соли 1998 вохўрӣ бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ, 30 августи соли 2005 вохўрӣ бо ҷавонони фаъол ва донишҷўёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд дар варзишгоҳи Хуррамшаҳри шаҳри Хуҷанд муҳимтарин муаммову проблемаҳои ҳаёти ҷавононро баррасӣ намуданд.

Ин вохўриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ, инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардид.

Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тўли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, Стипендияи байналмилалии Президентӣ - “Дурахшандагон”, грантҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар танҳо бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки қариб 2800 нафари онҳо мактаби олиро хатм намуда, беш аз 3900 нафарашон таҳсилро идома дода истодаанд.

Илова бар ин, тибқи роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат дар зарфи 5 соли охир 4000 нафар ҷавонон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ ба давлатҳои хориҷӣ фирис-тода шудаанд. Ҳамчунин, зиёда аз 300 нафар ҷавонони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон – «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ҳоло 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ҳам-чун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад.

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат аз онҳо вобастагии калон дорад.

Президенти кишвар дар ҳар як баромадҳои худ оид ба тарбияи дурусти ҷавонон ва ба корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намудани онҳо диққати махсус зоҳир менамоянд. Мо ҷавононро бояд дар рўҳияи меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва доштани ҳуввияти миллӣ тарбия намоем. Зеро тарбияи дурусти ҷавонон аз ояндаи дурахшони онҳо дарак медиҳад.

З.ЮСУФОВА,
сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи  конститутсионии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ҷавонони бедор – дар корзор!

Санаи 13 майи соли равон дар шоҳроҳи марказии шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии ҷавонони бедору бофарҳанг таҳти унвони «Ҷавонон-ҷонибдори рушди босуботи кишвар» баргузор гардид. Бори дигар метавон итминон варзид, ки ба чунин наслҳои оқилу дурандеш такя намудан ифтихор аст. Зеро таҷаммўъи ҷавононро дида, дили кас моломоли фараҳ мегардад, ки эшон аз имрўз набзи фардои Ватани азизамонро эҳсос мекунанд, якдилона сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд.

Нигоҳҳои шўълавари сулҳ

Дар даст Парчами давлатии Тоҷикистон, шиорҳои ояндабинона ва бовар ба фардои дурахшон ва гузашта аз ин, чашмҳои моломоли умеди ҷавононро наззора карда, метавон дилпур буд, ки воқеан сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти маърифат ва фарҳанг дурандешона мебошад ва ҳамеша такя ба ҷавонон менамояд.

Читать далее

23 May 2016

Бо амри дил

Cубҳ, рўзи 22-юми май аз рўи масъулият ҳамчун узви комиссияи қитъаи овоздиҳии рақами 25-уми шаҳри Хуҷанд омадам. Вақте ба назди раъйдиҳӣ расидам, дар тааҷҷуб мондам, ки аллакай чанд нафар афроди солманд ва ду се ҷавони 18-сола дар даромадгоҳ мунтазир буданд. Ҳамроҳ бо раиси қитъаи овоздиҳӣ Мўҳсин Ҷабборов ва котиби қитъа Марҳабо Валиева аз рўи таомул ва одоби шарқӣ ба муйсафедону занони солманд салом додаву ба нафаре, ки аз ҳама ба синни бузургтар мерасид, нигоҳ кардаву гуфтам:

- Падар, ҳоло то оғози раъйдиҳӣ каме фурсат ҳаст. Шумо хеле барвақт омадед.

Мўйсафед, ки дар чеҳрааш навъе рўҳбаландии хоса намудор буд, ҷавобан изҳор дошт:

- Мо , писарам, барвақт омадем, ки дар ҳаққи Шумо дуо кунем, то ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд гузарад, зеро аз имрўз ояндаи пешравиҳои давлат ва мамлакати мо вобастагӣ дорад.

Бо дуои ин пири хирад маросими раъйдиҳӣ ҳам оғоз шуд. ҳарчи қадар соат аз шурўи раъйпурсӣ дур мешуд ва фосилаҳо мегузаштанд, ҳузури мардум бештару афзунтар мегардид. Он ду нафар ҷавони барвақт ба қитъаи овоздиҳӣ омада низ меболиданд, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат ва барои ояндаи шукуфои кишвар раъй медиҳанд. Бароям бисёр лаҳзаи таъсиргузор он буд, ки ҳарчанд аз ҷониби қитъаи овоздиҳӣ барои маъюбону беморон қуттии овоздиҳии сайёр ташкил шуда буд ва барои анҷоми ин кор дар хонаи ин гурўҳ афрод аъзои қитъа вобаста шуда буданд, аммо як нафар маъюб тавассути аробаи маъюбии худ ба қитъаи овоздиҳӣ омада, ки ному насабаш Абдуҷаббор Сатторов буда, истиқоматкунандаи кўчаи Таги Садаи шаҳри Хуҷанд мебошад, мехост, бевосита худ дар қитъаи овоздиҳӣ раъйи худро изҳор диҳад. Вақте мо ба ў фаҳмондем, ки Шумо заҳмати зиёд кашидед, мо худамон ба манзилатон рафта, раъйатонро мегирифтем, вай бо рўҳбаландие баён дошт, ки мо - нафарони маъюб ҳаргиз худро аз ин ҷомеа ҷудо эҳсос намекунем. Пешвои миллат ҳамеша дар ҳар сафарҳои худ ба вилояти Суғд ва умуман ба тамоми минтақаҳои кишвар дар навбати аввал ба маъюбону бепарасторон ғамхорӣ менамояд, чаро мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар ин рўзҳои фаромўшнопазир фаъол набошем ва аз ҳамаи иқдомоти Пешвои ҳақиқии миллат дастгирӣ нанамоем.

Муддате нагузашта ҳузури боз як нафар раъйдиҳанда, ки нобино буда, ба қитъаи овоздиҳӣ наздик мешуд, моро ба ҳайрат овард. Ин нафар сокини шаҳри Хуҷанд, кўчаи Бўстон 297 буда, новобаста ба ворид шудани ў ба рўйхати овоздиҳандагони сайёр ба қитъаи раъйдиҳӣ омад ва вай низ мехост, бо анҷоми ҳамин амал муҳаббат ва садоқаташро ба ин Ватани азизи хеш ва ин хоку оби аҷдодӣ нишон диҳад.

Як тан аз ҳамроҳони мо ба анбўҳи мардум, ки дар назди бақайдгирандагон ва ҳуҷраҳои овоздиҳӣ дар  навбат меистоданд, назар афканду баъдан ба ман рўй оварда бо завқ гуфт:

-Муаллим, воқеан, дарки масъулият шаҳрвандии мардуми мо хеле боло рафтааст, бубинед, хеле одамон дар навбат ҳастанд. Ҳамин чанд лаҳза пеш як нафар шаҳрванд, ки ба сабаби анҷоми корҳои худ аз як ноҳияи дурдаст омада будааст, шаб натавонистааст ба ноҳия баргардад, ин ҷо даромада хоҳиш кард, ки ўро ба рўйхати иловагӣ ҳамроҳ кунанд, то аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ барканор намонад...

Ҳамаи ин лаҳзаҳоро мушоҳида менамудаму андешае маро боз ба сўи худ мекашид. Дўсти мо дуруст мегўяд, ки маърифати шаҳрвандии мардум хеле боло рафтааст. Мардум он ҳама дастовардҳои беназире, ки тўли 25 соли Истиқлолияти давлатии кишвар миллати моро насиб гардид, ба хубӣ ва дурустӣ шинохтаанд.

Хидмат ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дидаву маърифат кардаанд. Тақвияти барномаҳои давлатии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ба унвони падидаҳои нодири сиёсати бунёдгузоштаи Пешвои миллат барои мардуми тоҷик чи саодатҳоеро ато намуд, ки пайваста ин рўҳияи баландро аҳолии манотиқи кишвар дар сўҳбату мулоқоти хеш изҳор медоранд.

Мардуми азизи кишвар ҷавобан ба ин ғамхориҳо мехоҳанд бо ширкати фаъоли хеш сарнавишти фардои дурахшони хешро бо зеботарин ваҷҳ биофаранд.

Аюбҷон УСМОНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Баҳри рушди устувору босуботи ҷомеа

22-юми май кулли бошандагони шаҳри Гулистон чун дигар мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз давлатдориву самари замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдати комил ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - Рўзи раъйпурсии умумихалқӣ баҳри бунёди воқеан ҳам ҷомеаи демокративу ҳуқуқӣ, рушди устувору босуботи ҷомеа муташаккилона ширкат варзиданд.

Аз чеҳраҳои болидаи шаҳрвандон возеҳ буд, ки ҳама ҷонибдори инкишофи бемайлони дастовардҳои демократӣ, вазъи комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи мутамаддин ҳастанд.

Тибқи протоколи ¹ 8-и комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Гулистон № 29 маълум гардид, ки теъдоди умумии иштирокчиёни раъйдиҳӣ 18 ҳазору 216 нафар буда, аз инҳо рўзи доиршавии маъракаи сиёсӣ 17 ҳазору 451 нафар ба тарафдории воридкунии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз шумораи умумии овоздиҳандагон 94,5 дарсад бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ  раъйи худро ба ҷонибдории воридкунии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дода, дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат варзиданд.

-Баргузории чунин як маъракаи муҳими сиёсӣ ин далели боз як такони ҷомеа баҳри ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин расидан ба сатҳи баланди рўзгори мардуми кишвар мебошад,- изҳор дошт шаҳрванд Борис Архипов, ки  дар участкаи раъйпурсии ¹4, раъйи хешро бо умеди осудагиву ободии ин кишвари азиз ва боз ҳам баланд шудани сатҳу сифати зиндагии шоиста медод.

Яке аз самтҳои тағйиру иловаҳо ба тақвияти сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст.

Ҷавононе, ки бори аввал дар воридкунии тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо раъйи хешро медоданд, шукргузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ доштанд.

-Ҳарчанд ман ва ҳамсолонам бори аввал  дар чунин  маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок дорем, вале ба хубӣ дарк мекунем, ки маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия заминаи мусоид ва асосӣ барои фароҳам овардани шароити арзанда баҳри фаъолияти кориву зиндагӣ ва инкишофи озодонаи ҳар шахс мегардад, - андешаҳои хешро шарҳ дод Ҳаёт Ахмедов , дар участкаи раъйпурсии ¹5, ки раиси комиссия Шарофиддин Маносиров буд ва рўҳияи болидаи раъйдиҳандагон аз фароҳамии тамоми шароити хуби  ин чорабинии умумихалқӣ дарак медод.

Баргузории Раъйпурсии умумихалқӣ дар шароити кунунии кишвар бори дигар собит сохт, ки аҳолии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ташаккул бахшидани сохторҳои давлатӣ мутобиқ ба меъёрхои байналмилалӣ, инкишофи демократия дар ҷомеа ва бунёди кишвари воқеан ҳам шаҳрандиву ҳуқуқӣ дар талош ва такопўй хоҳанд буд.

Рустамҷон Одизода

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо ҷавонони саодатманди вилоят самимона табрику муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани ормонҳои нек дастовардҳои шоистаро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сӯҳбату мулоқотҳои хеш бо ҷавонони кишвар изҳор доштаанд, ки ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст.

Читать далее

ДАСТГИРИИ ПАДАРОНА

Аз қадимулайём мегўянд, ки Худо тани сиҳату хотири ҷамъ диҳад. Дар ҳақиқат, ин суханҳо ҳикмати бузург доштаанд. Бале, фарзандонам бемор гардиданд. Дар ҳолати хеле бад қарор доштам. Маблағ надоштам, ки барои аз марг наҷот додани онҳо сарф намоям.

Ду фарзандам фавтиданд. Дорую дармон фоидае накард. Сипас, барои табобати се духтарчаам ба Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нома навиштам. Бо дастгирии ин шахси мўътабар ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе рафта, дар табобатгоҳ фарзандонам пурра аз ташхис гузаштанд. Вазири тандурустии кишвар натиҷаи ташхисҳоро аз назар гузаронида, ба хулосае омаданд, ки бояд фарзандонам дар хориҷа аз ташхиси такрорӣ гузашта, табобат гиранд. Танҳо як фарзандамро ба Федератсияи Россия бурда тавонистему халос. Бо саҳмгузории Вазорати тандурустӣ тўли як моҳ дар хориҷа табобат гирифтем.Барои он ки баъди табобат ба Ватан баргардем, маблағ надоштем. Шавҳарам мардикорӣ мекард. Маҷбур шудам, ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муроҷиат намоям. Аз он изҳори шодмонӣ менамоям, ки Раиси мўҳтарами мо дар як муддати кўтоҳ  маблағи роҳкирои бозгашт ба Ватанро фиристоданд.

Читать далее

Наздик 9 ҳазор гектар замин аз истифода берун мондааст

Дар толори Прокуратураи вилоят оид ба натиҷаи санҷишҳо во-баста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозӣ дар соли 2015-ум ва 4 моҳи соли равон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, раисони шаҳру ноҳияҳо, кумитаи идораи замин, роҳбарони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, ҷамоатҳои деҳоти вилоят ва дигар мақомотҳои давлатӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаро Ҳабибулло Воҳидов - прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 оғоз намуда, қайд кард, ки ҳолати истифодабарии замин дар ҳудуди вилоят то андозае беҳтар гардида бошад ҳам, аммо то ҳанўз дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, мақомотҳои заминсозӣ, меъморӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон қонунвайронкуниҳои зиёд ҷой доранд. Аз ҷумла, қарорҳои ғайриқонунию беасос, ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин, худсарона ишғол намудани он, бе баррасӣ мондани муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, пешгирӣ накардани харобшавии заминҳои кишоварзӣ ба назар мерасад, ки ин ҳолатҳо боиси халалдор гардидани таъмини амнияти озуқавории кишвар шуда метавонад.    

Сипас, вобаста ба ин масъала ахбороти Амир Зайниддинзода - сардори шўъбаи назорати умумии прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 шунида шуд.

Тибқи маълумотҳо, дар ҳудуди вилоят дар маҷмўъ 8995 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он 5704,7 га бинобар нарасидани оби полезӣ ва 2481,5 гектар бо сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз ҷониби заминистифодабарандагон мебошад.  Муайян карда шудааст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботҳои қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ, нақшаи генералии маҳалҳо, қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисўхтор, ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо  ҷой доранд. Дар давраи таҳлилӣ ба 253 адад чунин қарори ғайриқонунии вобаста ба замин эътироз оварда шудааст.     

Дар ин давра 505 нафар шаҳрвандон, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчун эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба рўйхат гирифта шуда буданд, бинобар воқеан эҳтиёҷманд набуданашон дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ аз рўйхати эҳтиёмандон хориҷ карда шудаанд.

Дар соли 2015 ва 4 моҳи соли ҷорӣ 3 ҷинояти шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 20 ҷинояти кормандони масъули ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, 8 ҷинояти кормандони кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳия  ва 4 ҷинояти кормандони бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои қаллобӣ, гирифтани пора, ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ - хизматӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳои вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷониби шаҳрвандон низ ҳолатҳои хариду фурўши ғайриқонунии қитъаҳои замин ҷой дошта, 134 ҳолати хариду фурўши қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон бо роҳи қаллобӣ муайян ва ашхоси гунаҳкор  ҷавобгар дониста  шудаанд.

Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят дар давраи ҷамъбастӣ вобаста ба қонунгузории замин баҳри бартарф намудани қонунвайронкуниҳо 166 пешниҳод, 225 амр, 332 эътироз бароварда шуда, бо қарорҳои прокуророн 194 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 926 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.  

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Радиоузелро кӣ дуздид?

Метавон ба натиҷа расид, ки ба таври ҳамешагӣ ба ҷавонону наврасон дастрас набудани барномаи радиои «Тоҷикистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун идеологияи пурқудрати миллӣ яке аз сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ пайвастани ҷавонон мебошад. Дар марказҳои шаҳру деҳот ва маҳалҳо аз радиоузелҳое, ки солҳои шўравӣ фаъолият мекарданд, имрўзҳо асаре вуҷуд надорад. Аксарият бар онанд, ки баландгўяки радиоузелҳо ба яғмо бурда шуда, кайҳост симу симчўби он фарсудаву корношоям шудааст. 

Радиоузели колхозӣ дар сўҳбати насли солор

Насли солори тақрибан аз 35-40 - сола боло мафҳуми радиоузели колхозӣ ва ё мантиқи узелро дарк мекунанд. Зеро онҳоро дар замони кўдакиву наврасияшон радиоузелҳо тарбият кардаву дар вуҷудашон завқи зебоипарастӣ ва ҳисси ватандориро рехтааст. Аммо дар қиёси ин насли имрўза чӣ тарбият дида истодааст? Репу року ҷаз? Брек-Дансу либоси нофнамову нимаурён?

Читать далее