May 2016

25 May 2016

Дурахши Лоиқу Маҳмудҷон

Чанде пеш дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ –драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов шоми ёдбуд таҳти унвони “Дурахши Лоиқу Маҳмудҷон” баргузор гардид. Дар маҳфил мухлисони шеъри асил, дўстону пайвандон ҳамдиёрони ду нобиғаи адабиёту ҳунар ҷамъ омаданд.

Ҳамоиши фарҳангӣ бо намоиши моноспектакли “Ману дарё” аз рўи ашъори Лоиқ Шералӣ дар иҷрои ҳунарварони шинохта Аслам Каримов ва Сайёдхон Турсунова ҳусни оғоз ёфт.

Адибон Муҳаммад Субҳон, Муҳиддин Хоҷазод, Фарзона, Озарахш, ҷурналистон Ҷовиди Аштӣ, Илҳом Мадализода ва Рустамҷон Одизода роҷеъ ба хотироти хеш дар бораи Лоиқу Маҳмудҷон ибрози назар намуданд.

Ҳунармандони ансамблҳои “Нури Хуҷанд”ва “Садои Суғд” Муҳаммад Мирниёзов, Олим Маҳмудов, Олим Воҳидов, Анвар Қосимов, Сироҷиддин Худоймерганов ва Муҳиддин Ғозиев, ҳамчунин санъаткорони ноҳия Мақсуди Аштӣ, Фарҳодҷон Одизода бо таронаҳои худ аз ашъори Лоиқ Шералӣ табъи ҳузурдоштагони маҳфилро болида сохтанд.

Дар интиҳо, Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ ҳозиринро барои иштирокашон хайрамақдам гуфта, ба ташаббускорони ин чорабинии басо зебову хотирмон изҳори сипос кард.

Рустамҷон ОДИЗОДА

Читать далее

Техникаҳои нав намерасанд

Ў мардест, хеле дурандеш, камгап, дар бораи худ сухан карданро намеписандад. Бештар дар бораи устодону имрўза ҳамкоронаш бо муҳаббат сухан меронад. Ў шукр мекунад, ки ҳангоми ҷавонӣ, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ соли 1981, ба даргоҳи Умури сохтмон ва  роҳсозии рақами 31-уми ноҳияи Мастчоҳ (ДЭУ-31) ба кор омад. Маро устои роҳ таъин карданд. Дониш дигару амали кор дигар будааст. 

Сардори ҳамонвақтаи ДЭУ-31 шодравон Ҷумъабой Саидов ва сармуҳандис, баъдтар сардори ДЭУ-31 Шарифбой Шарифов ба ман нозукиҳои кори устои роҳ будан, одаму одамгарӣ, муомила бо кормандону мутахассисонро омўзониданд ва ба роҳи рост ҳидоят карданд.

Полвон Алиназаровро баъди се соли устоироҳи байни Бўстон - Қуруқсой - Олтинтопкан кор кардан, маъмурияти онвақтаи ДЭУ-31 маҳорати корбарӣ ва дониши хуб доштанашро ба инобат гирифта, ўро ба вазифаҳои муҳандиси соҳаи бехатарӣ, корфармо (прораб) ва баъдтар сармуҳандис таъин карданд.

Сабаби алҳол таъмири асосӣ нашудани роҳи Бўстон - Қуруқсой - Олтинтопканро  пурсон шудам. Ў дар ҷавоб гуфт: Аз сабаби аз кони Олтинтопкан - Зарнисор бо мошинҳои калонҳаҷм кашонидани хокаи кон роҳи номбаршуда таъмирталаб шудааст.

Дар суратҳисоби идораи МДНРА-и ноҳияи Мастчоҳ ин қадар маблағе надорем, ки роҳи 13 км-ро таъмири асосӣ, яъне мумфарш кунем, ҳоло танҳо регпўш карда истодаему халос. Дар солҳои оянда ба нақша ворид кардем, шояд маблағе пайдо шавад, -иброз дошт Алиназаров.

Полвон Алиназаров аз соли 1997 то соли 2003 роҳбари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳро ба ўҳда дошт. Дар муддати шаш соли корӣ ў тавонист, новобаста аз касодии маблағ, якчанд  кўча, алалхусус кўчаи Марказии ноҳияро қисман мумфарш ва таъмири ҷорӣ кунад.

Ташаббускории Полвон Алиназаров аз назари роҳбарияти онвақтаи ноҳия дур намонд, бар замми ин деҳқонони пухтакори собиқ колхози Калинин аз роҳбарият талаб карданд, ки ҳамин Полвон Алиназаров раиси хоҷагии онҳо бошад. Ин таклиф якдилона пазируфта шуд. Полвон Алиназаров расо даҳ сол роҳбарии хоҷагиро ба ўҳда дошт. Дар ин муддат дар хоҷагӣ саршумори чорво дучанд афзуда, ҳосили баланди пахта рўёнида шуд. Баъди ба хоҷагиҳои хусусӣ тақсим ва соҳиби замин гаштани деҳқон Полвон Алиназаровро боз ба кори пештарааш, ҳамчун мутахассиси соҳаи роҳсозӣ ба вазифаи Сардори МДНРА-и ноҳияи Мастчоҳ таъин карданд.

Дар тавозуни МДНРА-и ноҳияи Мастчоҳ 120,8 км роҳ вобаста карда шудааст, ки аз он 48,1 км роҳи асфалту бетонӣ ва 72,7 км роҳи омехтаи муму шағал аст. Дар 14 номгўи роҳҳои дар мувозинабуда иншоотҳои зерин; ба монанди 14 адад пули мошингард, 148 адад қубури обгузар ва 13 адад истгоҳ дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд. Дар бадали як соли кори роҳбарияш ў тавонист дар идомаи «Соли 2015 соли роҳҳои обод» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ва роҳбарияти  Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 13 км роҳи Бўстон-Комсомолро таъмири ҷорӣ намуда, мумфарш ва қумпўш гардонад. Инчунин, дар мумфаршкунии роҳи Комсомол - Фармонқурғони ноҳия Спитамен, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бевосита Раиси вилоят мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ гашта буд, ҳисса гузоштааст.

-Бо шарофати  ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ мардуми баору номуси Мастчоҳ ба ҳашар баромада, ба тозагии ноҳия саҳм гузошта бошанд, кормандони МДНРА, - гуфт Полвон Алиназаров, - низ ба ҳашар ҳамроҳ шуда бо грейдер роҳҳоро ҳамвор ва 181 тонна асфалти тайёрро гирифта гирду атрофи МТМУ-36   мумфарш ва 13 км роҳи ҷониби мактаб таъмири асосӣ карданд. Дар ин бобат саҳми автогредерчӣ, Роҳсози фахрии ҷумҳурӣ Юнус Саидов, устои роҳ Раҷаб Сафаров, коргарони роҳ Андрей Ашўров, Ҳусниддин Фахриддинов, Сайфиддинхўҷаи Юнусзода, тракторист Маҳкамбой Каримов хеле назаррас аст. Бояд қайд намуд, ки аксари механизаторону коргарон 20-30 сол инҷониб ба кори таъмиру тармими роҳҳо ва механизмҳои мавҷуда машғуланд.

Вақте аз техникаҳои корӣ дидан намудем, ангушти ҳайрат газидем. Фаъалияти нақлиёти худпартои МАЗ аз соли 1980, 2 адад трактори Т-28 бо приӣепаш аз соли 1982, экскватори ЮМЗ ЕО 21-26 аз соли 1980 ва танҳо автогрейдер аз соли 2009 буда, кайҳо хизмати худро адо намуда буданд. Ҳазор раҳмат, ба механизатору ронандагон, ки ин техникаҳоро таъмиру тармим карда истодаанд.

Ба фикри мо, акнун вақти он расидааст, ки ба ҷои техникаҳои кўҳнаю фарсуда МДНРА-ро бо техникаҳои навтарин муҷаҳҳаз гардонанд. Ба ин кор дасти кўмаки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду ноҳияи Мастчоҳ хеле зарур аст. Агар роҳи хубу беҳтар хоҳем, техникаҳои замонавӣ дошта бошем,айни муддао мебуд, - мегўяд тракторист Махкамбой Каримов.

Сайфулло Маҳкамов

Читать далее

Табиби ҳозиқ

Дар дармонгоҳи эндокриологии шаҳри Панҷакент 15-нафар табибони мушфиқу меҳрубон баҳри сиҳатию саломатии мардум шабу рӯз дар адои вазифаанд. Дари дармонгоҳ ҳар рӯз пур аз мизоҷон аст. Асосан аз ноҳияҳои дурдасти Мастчоҳ, Айнию Панҷакент маризон баҳри табобат меоянд. Онҳоро бо муомилаи хуш ҳамшираҳои шафқат қабул мекунанд.

Бираҷаб Бақоева яке аз чунин ҳамшираҳои калони шавқати дармонгоҳ аст. ӯ бо кордонӣ, нерӯву ҷасорати касбӣ дар байни ҳамкорон ва мизоҷон номдору обрӯманд гаштааст. ҳангоме ки мо дар шӯъбаи эндокриологӣ бо сардухтур Абдуллоева сӯҳбат доштем, бо ифтихор номи Бираҷаб Бақоеваро ба забон овард.

Мо саргарми сӯҳбати сардухтур Абдуллоева будем, ки зани тахминан чилунӯҳсолаи чеҳракушод рухсат пурсида, вориди ҳуҷра гардид. Сардухтур баъди пурсу пос иброз намуданд,- шинос шавед, худи худашон.

Сӯҳбати мо бо Бираҷаб Бақоева дар атрофи кору пайкори сиюсесолааш қӯр гирифт. Баъди хатми мактаб бо хоҳишу дуои неки волидайн Бираҷаб ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи тиббии ба номи академик Павлов супорид. Солҳо турнасон ноаён сипарӣ гардиданд. Бо тавсияи неки устодонаш –Бозоров ва Раҷабов ӯро ба деҳаи Суҷина ба кори мустақилона, ба ҳайси ҳамшираи шафқат фиристоданд.

Чусту чолокӣ ва дониши хуби ихтисосии ӯро ба инобат гирифта, ба табобатгоҳи шаҳр оид ба пешгирии касалиҳои қанд фиристоданд. Дар давоми фаъолияти корӣ дар байни ҳамкорон Бираҷаб соҳиби обрӯй ва иззати баланд мушараф гашт. Таи сию се сол мешавад, ки ӯ дар ин дармонгоҳ кору фаъолият дорад. -Ман мегӯяд Бираҷаб, - худро ҳама вақт хурсанд меҳисобам, ки беморони зиёде аз дасти ман дармон ёфта, бо чеҳраи хандон ба назди пайвандони худ бармегарданд.

Айни вақт ӯ соҳиби чор нафар фарзандони соҳибкасбу панҷ нафар наберагони дӯстрӯяк аст.

Бираҷаб Бақоева аз фармони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» илҳоми тоза гирифта, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тамоми ҳастӣ ва вуҷуди худро баҳри сиҳатӣ ва саломатии мардум равона созад.

Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин соли 2016 дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон гардид.

Ӯ чунин мегӯяд: «Модар  пас аз Худо офаридагор аст».

Мо модарони тоҷик бояд фарзандоне ба дунё орем, ки номбардори мо ва падару бобоёнашон бошанд. Оила ин давлатдории хурд аст. Дар оила бояд фарзандонамонро дар руҳияи поки инсондӯстӣ, омӯзиши илмҳои замонавӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоем. Нагузорем, ки фарзандонамон ба созмонҳои террористӣ экстремистию динӣ шомил шуда, номи фарзанди тоҷик ва рӯҳи модари тоҷикро доғдор намоянд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мо модарон озодӣ ва баробарҳуқуқиро таъмин намуд, ки ин бузургтарин неъмат барои модари тоҷик дар рӯи замин аст.

Мирзо ҚУЛОВ,
рӯзноманигор

Читать далее

Сазовори таҳсин гаштанд

Дар ҷаласаи Муассисаи Давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд», ки пас аз анҷоми сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд доир гашта буд, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Рустами Файз ба хизмати кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд ва МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд»  ҳангоми қабул ва гусели Ҷаноби Олӣ махсус қайд намуда ба корашон пешравиҳо орзу намуд.

Пас аз ҷаласа бо Сардори шўъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Истаравшан Иброҳим Ҳайдаров ҳамсўҳбат шудем. Ў қайд намуд, ки вазифаи кормандони хадамот ин бурдани  назорат ва ба танзим даровардани нақлиёт дар роҳҳи ҷумҳурӣ мебошад. Муовини Вазири нақлиёт ба хизмати ҳаррўзаи мо баҳои баланд дода бошанд, ин маънои онро дорад, ки мо дар оянда корро боз ҳам беҳтар ва хубтар ба роҳ монем. Бо ин мақсад мо нақша-чорабиниҳои шўъбаи хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиёти минтақаи Истаравшанро барои соли 2016 тартиб дода, аз рўи он корро пеш бурда истодаем.

Ногуфта намонад, ки ба шўъбаи минтақаи Истаравшан, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон шомил мебошанд. Мо дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №702 аз 31.10.2014  тасдиқ гардида, бо ронандагон, ширкатҳои нақлиётӣ ва роҳсозони шаҳру ноҳияҳои номбаргашта корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ гузаронида, бо тарзу усули навӣ ҷоригашта кор бурданро талқин намуда меоем. Дар байни ронандагону ширкатҳои дар зери  назорати  мо тааллуқдошта, яъне хатсайрҳои мавҷуда 120 маротиба рейд гузаронида фаъолияти 1094 адад воситаҳои нақлиётро санҷида нисбати ҳуқуқвайронкунандагон 358 адад протоколҳо тартиб додаем, ки маблағи шартномави 34060 сомонӣ баста шуда бошад, маблағи ситонидашуда 45680 сомониро ташкил дод.

Дар баробари ин мо корҳои назоратӣ бурда маълум кардем, ки аз тарафи Муассисаи Давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Истаравшан 42 км роҳҳои мошингардро бо чуқуракҳояш мумфарш карда боз 105 км роҳҳои маҳаллиро бо дастгирии Ҷамоатҳои деҳот ва соҳибкорон қумпўш карданд.  Ҳамин гуна корҳо дар МДНРА-и ноҳияи Деваштич 38 км роҳҳои мошингард мумфарш ва 117 км роҳҳои маҳаллӣ қумпўш карда шудаанд.

-Дар МДНРА-и ноҳияи Зафаробод 25 км роҳҳои мумфарш ва 147 км роҳҳои қумпўш, дар МДНРА-и ноҳияи Шаҳристон 14 км роҳҳои мошингард мумфарш ва 93 км роҳҳои маҳаллӣ қумпўш карда шудаанд, - гуфт дар охири сўҳбат Сардори шўъбаи хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Истаравшан Иброҳим Ҳайдаров.

Сайфулло Маҳкамов

Читать далее

Дармонбахш

Субҳи он рӯз моро дар қабулгоҳи беморхонаи рақами 2-и деҳаи «Сойча»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров зани кушодчеҳра, хандонрӯву хушсухан, ки Бихадича ном мебурданд, хуш истиқбол гирифт. Ҳамон лаҳза тавассути телефони дохилӣ аз духтури шӯъбаи бемориҳои амрози дарунӣ хоҳиш намуд, то зуд омада, беморро аз назар гузаронад.

Ин лаҳзаҳо ба лафзи ширин, муомилаву муоширати меҳрубононаи ин ҳамшираи шафқат аҳсант гуфтам он, ки натанҳо мо, дигар беморони корафтода, ки бо сабабҳои маризӣ ба қабулгоҳ омада буданд, хуш қабул кардаву мушкилоти ҳар нафарро бо тезӣ ҳал менамояд.

Давоми муолиҷа дар шӯъбаи амрози дарунии беморхона дидем, ки шӯъба аз таъмири хушсифат бароварда шуда, дар ҳамаи утоқҳо шароитҳои хуби муолиҷавӣ муҳайё гардидааст. Мудири шӯъба, духтури дараҷаи олӣ Алишер Исмоилов пеш аз ҳама барои коллективи аҳлу тифоқ худ намунаи ибрат ба ҳисоб меравад.

Духтур Алишер Исмоиловро зиёда аз 20 сол инҷониб мешиносам,-мегӯяд сокини Ҷамоати Ёва Санавбар Ҷӯраева.

-Бо як ҳолпурсӣ аллакай муайян мекунад, ки шумо чӣ дард доред. Дармонбахшиашро намегӯед. Имрӯз се рӯз шуд, мани 70 солаи роҳ гашта наметавониста, ба қавле асп барин шудам. Алишерҷон рӯзе чанд маротиба омада, саломатиамро мепурсад. Ман ӯро писари сеюмам хондаам.

Воқеан ҳам, аксари беморон дар ҳаққи ин табиби ҳозиқ суханони нек мегӯянд. Яке бо арзи эҳтиром дуо кунад, дувуми ӯро бародар мехонад, сеюмӣ бошад, аз самими қалб барояш саодати хонаводагӣ мехоҳад.

Алишер Исмоилов зодаи ҳамин деҳа, хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. ҳарчанд синнаш ба 50 нарасида бошад ҳам, байни аҳолӣ соҳиби боварӣ ва эътимоди зиёд гардидааст. Зеро табиби мардум будан барояш аз вазифаҳои муқаддас аст ва мекӯшад, солимии аҳолиро ҳамеша ҳимоятгар бошад. Алишер Исмоиловро дар се ҷамоати ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Fозиён ва Чорсу, ки аҳолиаш беш аз 160 ҳазор нафарро дарбар мегирад, хурду бузург мешиносанд. Чунки ӯ табиби соҳибтаҷриба асту маҳорату  малакаи кордониаш боиси обрӯву нуфузи зиёд дар ҷомеа гардидааст.

Фаъолияти табибиаш бошад, нахуст аз беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе оғоз гардида, сипас дар беморхонаҳои шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд, беморхонаи вилояти Суғд ҳамчун духтур-ревматолог, анестезиолог-ревматолог идома ёфта, дар ин давра омӯзиш ва азхудкунии нозукиҳои касб барояш муяссар гаштааст. Инак 17 сол инҷониб дар ин беморхона чун табиби минтақавӣ, сардухтури Маркази солимгардонии деҳаи Чорсуи Ҷамоати Fозиён фаъолият намуда,  наздики 10 сол мешавад, ки мудирии шӯъбаи бемориҳои амрози даруниро бар зимма дорад.

-Шӯъба дорои 15 кат буда, беморон асосан аз се ҷамоат: Чорсу, Fозиён ва Ёваи ноҳия, қисман аз шаҳри Хуҷанд қабул ва муолиҷа карда мешаванд, - мегӯяд зимни сӯҳбат Алишер Исмоилов. Боиси хурсандист, ки ба шӯъба нисбат ба соли 2014-ум 150 нафар бемор кам муроҷиат намуданд, ки ин ҳам аз солимии ҷомеаи имрӯза дарак медиҳад. Шӯъба бо таҷҳизотҳои наву муосир ва катҳои босифат таъмин буда, дар ин ҷо тамоми бемориҳои узвҳои дарунӣ чун фишорбаландӣ, дарди буғум, диабети қанд ва ғайраҳо муолиҷа карда мешавад. Муҳити тинҷу ором, муомилаву муоширати ғамхорона ва меҳрубононаи кормандон барои солимии беморон мусоидат аст. Ин ҳама дастовардҳо маҳз аз ғамхориҳои сарвари беморхона, номзади илми тиб, духтури дараҷаи олӣ Инъомҷон Баротов ва дигар масъулини соҳаи тандурустии вилоят ва ҷумҳурӣ ба даст омадааст.

-Ҳадафи асосии мо табибон, солимии ҷомеа мегӯяд Алишер Исмоилов. Бесабаб бо ибтикори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  соли 2016 – «Соли фардим солим» эълон нагардидааст. Ба ин хотир мақсад дорем бо хизматрасониҳои худ ба фарди ҷомеа дармон бахшем, ки ин рисолати ҳар як табиб ба шумор меравад.

 Мукаррама САТТОРОВА

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 майи соли 2016 № 229

Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар вилояти Суғд

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, қарор мекунам :

1. Санаи 1 июни соли 2016 Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар қаламрави вилоят ботантана таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тасдиқ карда шавад.

3. Шӯъбаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак, Раёсатҳои кор бо занон ва оила, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фарҳанг ва тандурустии вилоят силсилаи чорабиниҳоро бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар вилоят ба роҳ монанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани чорабинӣ чораҷӯӣ намоянд.

5. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва таҳияи барномаҳо аз ҳаёти кӯдакон тадбирҳо андешанд.       

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузошта шавад.

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 13 майи соли 2016 № 223

Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2016, № 31/10-31 ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон киштшуда,  қ а р о р    м е к у н а м:

1. Дар давраи аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2016» гузаронида шавад.

2. Ҳайати Ситоди кори вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2016» тасдиқ карда шавад.

3. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» камаш як маротиба дар ду моҳ ҷаласаи Ситоди корӣ гузаронида, ҳангоми зарурат гузаронидани ҷаласаҳои сайёри Ситоди корӣ дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи нашъамандӣ мураккаб арзёбӣ мегардад, ба нақша гирифта шавад.

4. Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва идораҳои маҳаллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситодҳои кории амалиёти «Кӯкнор-2016» ташкил карда шавад. То санаи 1 июни соли 2016 гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муоинаи заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои давлатӣ ва иҷоравӣ (сарфи назар аз шакли моликияташон) таъсис дода шаванд.

5. Хароҷоти вобаста ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти раёсату идораҳои дахлдори вилоят ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ карда шавад.

6. Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати хадамоти гумрук дар вилоят то 20 майи соли 2016 нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» ва маҳалҳои ҷобаҷокунии дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёрро ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян намоянд.

7. Нусхаи нақшаҳои идоравии амалиёти «Кӯкнор-2016» ҷиҳати ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марбута ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пешниҳод карда шавад.

8. Баҳри пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, аз ҷониби Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовари шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шаванд.

9. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радио, идораи рӯзномаҳои вилоятии «ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо инъикоси чорабиниҳои дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2016» гузаронидашударо дар воситаҳои ахбори омма таъмин созанд.

10. Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят, сардорони Ситодҳои кории шаҳру ноҳияҳо дар ду марҳила – то 5 сентябр ва то 5 декабри соли 2016 оид ба чораҳои андешидашуда ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» ва аз натиҷаи фаъолияти худ, мутобиқи намунаи замимашуда ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

11. Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2016» аз натиҷаи марҳилаи якум то 10 сентябр ва марҳилаи дуюм то 10 декабри соли 2016 ба Раиси вилоят ва сардори Ситоди кории ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2016» маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

24 May 2016

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бегоҳии рӯзи душанбе, 23 май дар Амфитеатри Қасри Арбоб чорабинии марказии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он беш аз 8 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва сипас Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ кулли ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Таъкид шуд, ки мардуми шарифи тоҷик соли ҷорӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихормандӣ ҷашн мегирад ва чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи миллат ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Читать далее