May 2016

02 May 2016

Ҳифозати ҳуҷҷатҳо электронӣ мешавад

Яке аз ҳадафҳои асосии муассисаҳои бойгонӣ ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқидошта мебошад. Имрўз баҳри ба наслҳои оянда гузоштани мероси гаронбаҳо ва бегазанд нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо хизмати кормандони муассисаҳои бойгонӣ басо бузург аст. Дар се моҳи аввали соли равон бойгонии давлатии вилоят ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррасро анҷом доданд.

Дар маҷлиси ҳисоботии бахши бойгонии вилоят сардори Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова иштирок дошт.

Мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумавлон Дадобоев иброз намуд, ки имрўз барои беҳтар нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо корҳои назаррас, аз қабили ба шакли электронӣ гирифтани ҳуҷҷатҳо, аз нав тартиб додани ҳуҷҷатҳо ба сомон расонида шуд. Дар назар аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои бойгонии вилоят ва филиалҳои он ба шакли электронӣ табдил дода шавад.

Дар ин давра аз ҷониби мудирони бахшҳои бойгонии ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Деваштич барои ба шакли электронӣ таҳия намудани ҳуҷҷатҳо дастгоҳи муосири нусхабардорӣ ва диски нигоҳдорандаи маълумот харидорӣ намуда, кори бойгониро беҳтар гардониданд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки фаъолияти филиалҳои бойгонии шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Зафаробод мувофиқи матлаб нестанд. Барои беҳтар гардидани кори бойгонии ин ноҳияҳо аз ҷониби масъулин супориш дода шуд, ки дар давраи семоҳаи дуюм кам-будиҳои мавҷуда, аз ҷумла барои ғанӣ гардонидани хазинаи бойгонӣ, беҳтар  намудани ҳолати маҳфузгоҳ, ба шакли электронӣ таҳия намудани ҳуҷҷатҳо ислоҳ шавад.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби масъулин ба мутасаддиёни филиалҳои бойгонии шаҳру ноҳияҳои вилоят дас-турҳо дода шуд.         

Истамҷон КЎЧИЕВ

Читать далее

Сайёҳии тоҷик рушд меёбад

Санаҳои 23 – 26-уми апрели соли 2016 сафари ҳайати расмии вилояти Худмухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади рушди соҳаи туризм ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи Барномаи сафар, меҳмонон санаҳои 25 – 26-уми апрели соли равон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар вилоят онҳо бо ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва туристӣ шинос шуданд ва санаи 26-уми апрел бо иштироки ҳайати расмӣ, ширкатҳои туристӣ ва меҳмонхонаҳо ҷаласаи корӣ оид ба баррасии ҳамкориҳо дар самти туризми вилояти Суғд ва вилояти Худмухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.

Ҷаласаи кориро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда,  ҳозиринро бо меҳмонон шинос намуд.

Сипас, директори Аcсотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон Ҷ. Юсу-фов аҳли нишастро бо мавзеъҳои таърихӣ ва имконоти туристии вилоят шинос намуд.

Баъдан, Котиби кумитаи ҳизби Раёсати туризми вилояти Худмухтори Синзян  Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Тезедун оид ба таассуроти худ дар бораи Тоҷикистон ва нақшаи ҳамкориҳои минбаъда суханронӣ кард.

Инчунин, раиси Ассотсиатсияи ташкилоти ёрирасон ба инкишофи туризми Тоҷикистон Ф.Файзуллоев аҳли нишастро оид ба нақшаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва мўҳтавои созишномаи ҳамкорӣ (меморандум) шинос намуд.

Дар охир байни Ассотсиатсияи ташкилоти ёрирасон ба инкишофи рушди туризми Тоҷикистон ва комитети ҳизби Раёсати туризми вилояти Худмухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой созишномаи ҳамкорӣ (меморандум) баста шуд.

Маъмурахон Самадова

Читать далее

Тасдиқи рамзи ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад, ҳамчун рамзи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳҳомӣ, рўзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

www.prezident.tj

Читать далее

Ҷурми модар - дарди фарзанд

Аз азал зан-модар чун идомадиҳандаи  насли инсонӣ ва тарбиятгар дар  ҷомеаи мутамаддин нақши муҳим дорад. Зан дар ҳар марҳала бояд баҳри бунёди  фазои солими хонавода талош варзад. 

мутаассифона, бархе аз занон ба ин рисолати азалии хеш хиёнат  ва аз муқаддасоте, чун иффату покӣ ва накўӣ сарфи назар мекунанд. Роҳ ва пайкори  хешро дар пайроҳаи зиндагӣ намешиносанд ва ҳатто модар будан, тарбият намудани фарзанд баҳрашон арзиш надорад. 

Чунончӣ, Суди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар маҷлиси кушоди сай-ёри  судӣ, дар толори маҷлисгоҳи судии Суди шаҳри Бўстон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба З. Умарова бо моддаи 239 мавриди баррасӣ қарор дод. З. Умарова санаи 3-юми декабри соли 2015 ба хонаи  худ  воқеъ  дар  шаҳри Бўстон (собиқ Чкалов)  дугонааш  Лола Ҳасановаро  даъват менамояд. Ў ҳамон сана,  соатҳои 18.00 бо  шиносаш  Дилмурод Отабеков  оид ба дарёфт  намудани  зан барои  алоқаи  ҷинсӣ  маслиҳат мекунанд. Сипас, дугонааш  Лоларо бо  шиносаш  Дилмурод Отабеков  рў ба рў  намуда, барои иҷрои  кораш 150  сомонӣ   маблағи  пулӣ  мегирад. Аз  маблағи  пулии  мазкур 100  сомониашро  барои  Л.Ҳасанова дода,  50 сомониашро ба худ  мегирад ва аз ин амали худ фоидаи  муфт  ба даст меорад. Қайд кардан зарур аст, ки  З.Умарова ҷинояти  мазкурро ҳангоми дар  мўҳлати  санҷишӣ  (бо  ҳукми  суди шаҳри Бўстон - собиқ Чкалов аз 23-юми апрели соли 2015) қарор  доштанаш  содир  намудааст.    

З.Умарова бо моддаи 239 КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гунаҳгор  дониста, ба ў тибқи ҳамин модда ҷазо дар  намуди  маҳрум сохтан  аз  озодӣ ба мўҳлати  як солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ  таъин  карда шуд. Ҳамзамон, дар  асоси талаботи қисми 1, моддаи  68 КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷазои  ниҳоӣ ба  З.Умарова аз рўи маҷмўи ҳукмҳо бо  роҳи  қисман  зам  намудани ҷазои аз рўи ҳукми Суди  шаҳри  Хуҷанд,  аз 1-уми марти соли 2016,  ки панҷ солу  шаш  моҳ  таъин  карда  шудааст, қисми адонагардидаи он ба ҳукми нав  ҷазои ниҳоӣ дар  намуди маҳрум сохтан  аз  озодӣ  ба  мўҳлати  панҷ солу ҳафт  моҳ  бо  адои  ҷазо дар колонияи  ислоҳии  дорои  низомаш  умумӣ таъин  карда  шуд.

Дар рафти  мурофиаи  судӣ  муайян  шуд, ки маҳкумшуда фарзанди ноболиғ дорад. Тавре аз сўҳбати берун аз мурофиаи судӣ бо фарзанди маҳкумшуда  аён гашт,ў  ду  сол  инҷониб  дар  хонаи  холааш зиндагӣ  карда, айни  ҳол  дар  муассисаҳои таълимӣ таҳсил  намекунад ва феълан  бо  ҳамроҳи холааш  дар  бозори  «Атуш»  ба  савдо  машғул мебошад. Падараш низ дар маҳкама аст. Духтарак ба кўмаки  равоншиносон  ниёз   дорад. Дар хонаи холааш  дар  кадом  муҳит ва шароит  истиқомат  мекунад,  маълум нест.

Аз  ин  рў,  Суди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба унвони раиси шаҳри Бўстон Рухсора Давлатзода мактуб ирсол намуд. Хоҳиш  кард, ки масъулини комиссияи ҳифзи  ҳуқуқи  кўдаки  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Бўстон  масъалаи  наҷот  додани  ин кўдакро мавриди муҳокима қарор диҳад. Ҳамчунин, баҳри ҷойгир  кардани ў  дар муассисаҳои  таълимии бепарасторон  ё  ба  дигар муассисаҳое, ки ба  шўъбаи мазкур маълум  аст, мусоидат намоянд.  

Иноятулло ШАРИФҶОНЗОДА,
раиси Суди ноҳияи
Кўҳистони Мастчоҳ

Читать далее

Пайроҳаи қисмат

Дар шўъбаи чоруми Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо зани наҷибе вохўрдам. Бону қомати баланд дошту симои ҷиддӣ. Дар тан либоси низомӣ ва рутбаи подполковник ба ў бисёр шинам буд.

Иброҳимова Муҳаррама Икромовна сардори шўъбаи чоруми Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд будааст. Бақайдгирӣ ва назорати шаҳрвандони эҳтиётии шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ўҳда дошта, ҳамзамон, иштирокдорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони байналмилал дар қаламрави давлатҳои дигар, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокдорони садамаи Чернобил ба ҳамин шўъба дахлдор буда, он дар 18 комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят зершўъбаҳои худро доштааст.

 Қисмату тақдири аҷиберо соҳиб будааст ин зан: - Дар деҳаи Сепулаи шаҳри Ўротеппа (ҳоло Истаравшан) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ягона зани маҳаллии тоҷик дар байни кормандони комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки рутбаи баланди подполковникӣ дорад.

Муҳаррама мактаби деҳаро ба итмом расонида, ба факултети тозаташкили стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино шомил гардид.

Дар ин айём дар кишвар бесарусомониҳо ба вуҷуд омада, ба рўзгори мардум гуруснагӣ панҷа зад.

Модараш якбора ба беморие печиду дар синни 53-солагӣ вафот кард.

Муҳаррама дар ҳамон ҳолат бо азобе аз пойтахти кишвар ба хона, ба дидори вопасини модари зор омад ...

Пас аз гўронидани модар амаки Шоҳикром аз духтари худ хоҳиш кард, ки ба давом додани таҳсилаш равад.

- Не, додо, ман дар ҳамин ҳолат чӣ гуна Шуморо танҳо монда меравам? - гуфт ў…

Чанд муддат гузашту падар боисрор духтарашро боз ба шаҳри Душанбе гусел кард.

Духтар ин дафъа ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Дониши хуб дошту вале барояш аз хона кўмак намерасид. Устодаш, дотсенти кафедраи физикаи молекулярӣ Иброҳим Иброҳимов бо назардошти аз деҳа, аз оилаи камбизоат будани шогирдаш ба Ширкати навтаъсиси соҳавӣ, ки худ роҳбариашро ба ўҳда дошт, ба ҳайси коргузор ба кор гирифт.

Ҳамин тавр, Муҳаррама ҳам мехонду ҳам кор мекард ва донишгоҳро бомуваффақият хатм кард.

Дар ин муддат додари хурдӣ Шариф ҳам Омўзишгоҳи олии ҳарбӣ ҳавоиро ба итмом расонид.

Муҳаррама баъди хатми донишгоҳ нақшаи назди падар баргаштанро дошт, вале бародараш ўро ба паҳлўи худ ба кор гирифт.

Қисмат Муҳаррамаи ҷавонро ба шоҳроҳи кори ҳарбӣ раҳнамун сохт. Чанд муддат пас ў соҳиби рутбаи афсарӣ – лейтенанти хурд гашт, сипас лейтенант шуд.

Гирумону масъулиятшиносии ин духтари деҳотӣ аз назари роҳбарияти низомӣ пинҳон намонд. Ўро ба ҳайси муовини сардори Ситоди қисми низомии 08019 ба ноҳияи Зафаробод фиристоданд.

Соли 1999 ў ёрдамчии калони сардори шўъбаи кадрҳои қисми низомии 14358, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.

Инак, аз соли 2001 то имрўз дар Комиссариати ҳарбии вилоят кор карда, аз лейтенанти калон то ба дараҷаи подполковникӣ ва сардори шўъбаи 4-ум расид.

-Ягона таманноям дар бобати ҳифзи Ватан ва пуштибонӣ аз марзу буми бобоӣ он аст, ки дар рўзгори мардуми тоҷик ҳамон анъанаи волоияти хизмат ба Ватан, ки дар замони шўравӣ вуҷуд дошт, аз нав эҳё шавад, - мегўяд. Ў тўли 20 соли фаъолияташ дар соҳаи ҳарбӣ шогирдони зиёдеро тарбият карда, ба воя расондааст.

Муҳаррама модари мушфиқи ду духтари зебо – Шукронаю Меҳрона мебошад ва дугоникҳо дар синфи 2-и гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд мехонанд, мисли модарашон хушодоб ва зираку ҳушёранд.

Ҳусейни Нарзулло

Читать далее