11 April 2016

Эҳсоси масъулият тақозо мекунад

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ эътибори хоса дода шуда, таъкид гардид, ки дар он макотибе, ки омӯзгорони ин фан намерасанд, давоми чаҳор соли минбаъда барои пурра бо мутахассисон таъмин намудани макотиб тадбирҳои амалӣ андешида шавад. Албатта, мо, омӯзгорон ба ҳар нуктаи Паём, ки ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус маориф бахшида шудааст, таваҷҷӯҳ дорем. Бисёр сарфарозу қаноатмандем, ки Сардори давлат ба ин соҳаи муҳиму тақдирсоз - маориф ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Президенти ҷумҳуриамон чунин таъкид намуданд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».

Агар то ба наздикӣ машғулиятҳои фанни забони англисӣ се соатро дар як ҳафта ташкил диҳанд, баъди таъкиди Сарвари давлат  дар синфҳои болоӣ ба чаҳор соат расонда, инчунин гузаронидани дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шуд. Баҳри боз ҳам хубтар азхуд намудани забони англисӣ байни шогирдон озмуни луғатомӯзиро ба роҳ мондам. Он муҳассиле, ки бисёртар луғати англисиро азхуд менамояд, ҳавасманд карда мешавад.

Ҳоло дар мактаб хонандагони синфҳои болоӣ дар дарси забони англисӣ ба кори илмӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин радиф доир ба мавзӯъҳои тозагии санитарӣ ва экологӣ, аз ҷумла вазъи тозагии ошхонаҳои макотиб, ҳолати санитарии кӯчаву роҳҳо, омода намудани кори илмӣ ба хонандагон супориш додам. Ҳоло толибилмон бо омӯхтани вазъияти макотиби шаҳри Хуҷанд бо забони англисӣ кори илмии худро омода карда истодаанд.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастпарваронро ба машғулияти беруназсинфӣ доир ба мавзӯи «Истиқлолият» тайёр карда истодаам ва аз он шодам, ки хонандагони синфҳои болоӣ озодона бо забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар назди мо, омӯзгорон ва умуман, кормандони соҳаи маориф вазифаҳои пурмасъулият гузоштааст ва мо бояд дар иҷрои ин вазифаҳо собитқадам бошему бо камоли масъулиятшиносӣ рафтор намоем. Паём роҳнамои мо буда, омӯзгоронро ба созандагӣ ҳидоят менамояд, аз назари дигар, дар қалби ҳар як корманди маорифи кишвар ҳисси ватандӯстиву эҷодкориро баҳри пешрафти ҷомеаи солим бедор мегардонад.

Масъудахон ПӮЛОТОВА,
омӯзгори фанни забони англисии
Гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Таҳдид ба инсоният

Терроризм ва экстремизм дар солҳои охир ба хатари умумиҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Ин зуҳуроти номатлуб, мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба нигаронӣ овардааст.

Имрӯз террористон барои амалисозии ҳадафҳои нопоку сангин аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд ва ҷавонони  ноогоҳро ба гумроҳӣ мекашанд. Ҷавонони тоҷик дар ин вазъи ҳассос бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, то  гумроҳи найрангҳои ифротгароён нашаванд.

Дар давраи соли 2015 аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар  992  нафар  ва  аз  тарафи кормандони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ 620 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, махсусан Сурия ва Ироқ ба қайд гирифтаву нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз ин шумора, 156 нафар дастгир ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ 61 нафари дигар ба Ватан баргардонида шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона 148 нафарашон ҳалок гардиданд.

Айни замон аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар 699 нафар дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Илова бар ин, 1 ҳазору 505 нафар шахсони дар кофтуковбуда дастгир ва 718 нафар шахсони беному нишон гардида, муайян карда шуданд.

Амалҳои содирнамудаи террористон гувоҳи он аст, ки имрӯз ягон кишвари дунё аз хатарҳои террористӣ эмин нест. Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангини зидди инсоният аст. Имрӯз террористон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳама роҳу восита истифода мекунанд.

Барои ин ҳам мо бояд ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва фарҳангии худро аз даст надиҳем. Зеро амалҳои зишти террористӣ, экстремистӣ барои ҷаҳони имрӯза таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд. Мо бояд ба вазъи  Афғонистони ҳамсоя, Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва мамлакатҳои дигар, ки ба харобазор мубаддал гаштаанду мардумонаш гуреза шудаанд,  нигарем, бо шукрона аз сулҳу Ваҳдату субот барои пойдории оромӣ ва шукуфоии ватани азизи худ -  Тоҷикистон талош варзем.

Р.АҲМАДОВ,
устоди кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва криминалистикаи ДДҲБСТ

Читать далее