January 2016

22 January 2016

Кафили сулҳу субот

Ҳақиқати таърихӣ арзиши воло ва бебаҳотарин маҳсули ақлу хиради инсон аст.

Сад шукр, ки созишномаи истиқрори сулҳ сангпораҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастурхони Ваҳдат овард.

Дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанппарастонаи  Президанти мамлакт, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии  миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат берун оварда шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу суббот расидем.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки узви Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон Теэдзо Такэми ба сиёсати давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зимнан қайд намудааст, ки:  «Ман сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ мекунам.

Оштии миллӣ ва демократикунонии ҳаёти мамлакат дар минтақа ибратомўз аст».

Оре, сулҳи тоҷикон, ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷаҳон чун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори варзида муаррифӣ намуд.

Сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон мавриди омўзиш қарор гирифт.

Имрўзҳо дар ҷаҳонишавии пуршитоби ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ сиёсӣ ва фарҳангии мардуми сайёра, бархўрд ва муколамаи тамаддунҳо,  хавфи суст гардидан ва аз байн рафтани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ ва динии халқи кўҳанбунёдашон ба чашм мерасад.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти пурсамари пайгиронаи худ ғояҳои ягонагӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъии миллату давлатро пеша намуда, ҳанўз дар паёми хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон баён карда буданд: «Иқстиқлолияти давлатӣ, забон, модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди халқамон васле мебошанд, ки моро ба сўйи ваҳдату созандагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамо месозанд. Аз ин рў, ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд».

Мавриди зикр аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, пешвои миллати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди беҳбудӣ ёфтани рўзу рўзгори халқи тоҷик ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат низ қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Зикр кардан бамарвид аст, ки ба воситаи ҳамаи шабакаҳои телевизони Тоҷикистон ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба баррасӣ намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешбарии Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили сулҳу субот ва ягонгию ваҳдати миллӣ ба унвони «Пешвои миллат» баррасӣ шуд.

Дар парлумони кишвар аз ҳамаи сохторҳо, ҳамчунин азҳоби сиёсӣ низ фаъолият доранд, пас аз муҳокима ва баррасии лоиҳаи Қонун, ҳама иштирокдорон якдилона овоз доданд.  Ва Президенти мамалакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Пешвои миллат» пазируфта шуданд.

Камина, вақте ки ин намоишро аз оинаи нилгун бо аҳли оилаам тамошо мекардам, аз ҷонфидоию ҷоннисориҳои сарсупурдаи миллат, падари ятимону бепарасторон, камбизоатону дармондагон будани Ҷаноби Олӣ боз ҳам хубтару беҳтар эҳсос мекардам.

Ман ҳамчун зан -  модар нидои тамоми занони Суғдзаминро бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрўз халқи шарафманди тоҷик дар симои Роҳбари давлат «Падари миллат» - ро дарёфтанд.   

Дод шоҳеро ба миллат фазли ў оламрас аст,

Ин сарафрозӣ барои мардуми тоҷик бас аст!

 

Ўғулой Умаралиева,  

сармутахассиси шўъбаи тарбияи

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

дотсент 

Читать далее

Андешаҳо нисбати муоҷиати ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон аз 2-юми июли соли 2015 аз Азия + нашр гардида

Нисбати қисмати аввали қарори Раёсати ҲНИТ, ки гўё «…дар Тоҷикистон вазъи номуносиб ба вуҷуд омада бошад»-нодурeст аст. Ҳамчун як шаҳрванд ва як омўзгор ҳаминро гуфтаниям, ки дар Ватани азизам Тоҷикистон барои тамоми шаҳрвандон новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбияту забон, ҳамаи имконияту шароити баробари иқтисодиву иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, озодии сухан ва виҷдон комилан муҳайё аст. Дар назди қонун касе набошад, ҳамам баробар ҳастанд. Ба нафаре, ки ба он риоя накард, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда пурсиш мешавад.

Ба нафароне, ки анешаҳои бегонапарастӣ доранд, гуфтаниям, ки дасисабозиҳоро ба як сў гузошта ба қадри давлати соҳибистиқлоламон Тоҷикистон ва зиндагии орому осуда расида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем. Агар бо чунин андешаҳо ба истиқлолияти давлатиамон шукргузорӣ кунем, якҷоя рушди зиндагии шоистаро таъмин менамоем.

Ўлмасов, 

устоди ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Фарзанди шоистаи миллат

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон  ба мисли дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин истиқлолияте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овард, неъмати худовандӣ буд. Мутаассифона, мо мардуми Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввал, ки дар давраи ҳассоси сиёсӣ қарор гирифта будем, натавонистем, неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта халқи Тоҷикистонро ба кeи ноумедиҳо бурд ва ягон нафар умед ба ояндаи нек надошт. Дар он шабу рӯз, ки ба миллати тоҷик фаношавӣ таҳдид мекард, нафаре лозим буд, ки ин миллатро аз нестшавӣ, парокандагӣ нигоҳ дорад. Дар ин даврае, ки «ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дошт» фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва дар назди миллати тоҷик қасам ёд кард: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ва ба ваъдаи худ вафо кард.

Дуруст аст, ки ҳангоми ба сари қудрат омадани фарзанди далеру шуҷои миллат Эмомалӣ Раҳмон душманони миллат умед доштанд, ки давлатдории ӯ дер намепояд. Лек ин кӯрдилони  носипос хато карда буданд. Зеро Эмомалӣ Раҳмон дар он шабу рӯз барои халқи тоҷик чароuи ра[намо гашт. Ман, ки дар он давраҳои мудҳиш донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии  ДМТ будам ва он ҳодисаҳои мудҳишро бо чашми худ медидам, ки тоҷики бечора дар ватани худ овора, дар ватани худ щариб ва дар ватани худ беватан буду умед ба ободии оянда надошт ва шукри Яздони пок,  ки он рӯзҳо ҳарчанд, ки дарднок аст, гузашта рафтанд.

Ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки мо имрӯз дар давлати осудаву ором, зиндагӣ дорем. Созандагиву ободкориҳое, ки имрӯз мебинем ин бо заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад. Чашми оне, ки ин гул-гул шукуфии Тоҷикистони азизро дидан намехоҳанд кӯр бод.

Ба гуфти шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб:

Ватан!

Ин қисса аз ҳад беш аз ҳад беш вазнин аст!

Ки фарзанди касиф ҷуръат кунад бар рӯи модар туф фиканданро…

Аз  ободии ватан меболам, шоду масрурам.

Имрӯз ҷаҳон ноором аст ва душманони миллат мумкин аст, ҳар лаҳза барои нооромии Ватан – Модар – Тоҷикистони азизи мо даст бардоранд.

Чи хеле ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  борҳо таъкид медоранд, мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Саидзода Хоҷа,

муаллими калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи

Донишкадаи иқтисод ва савдои

ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Читать далее

Меҳрона ба Пешвои миллат

Эмомалӣ Раҳмон шахси назаркардаи худост. Мартабаю  ҷойгоҳи ў миёни дигар Президентҳо мақоми арзандаро доро буда, эҳтироми эшон нисбати  ин фарзанди фарзонаи тоҷик беҳадду андоза аст. Урфу одатҳои миллии мардуми тоҷикро эҳё  кард. Баробари дар даврони истиқлолият ба ҷашни Наврўз эътибор додану ба сарнавишти ҷумла фарзандони одам алоқаманд намудан, тавассути дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат таваҷҷуҳи оламиён бо он чун ҷашни ҷаҳонии ҳамагонитарин ҷалб карда шуд.

Маъруфияти дигари Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама рў овардани ў ба ободкориву созандагист. Таҳкурсӣ ба бунёди шаҳру шаҳракҳои нав дар қаламрави кишвар гузошта шуд. Аз ибтидои давлатдорию давлатсозӣ заҳмати шахсиятҳои баргузидаи халқро абадзинда намудани Президент яке аз умдатарин иқдомҳо ҳастанд.

Ниёзмандонро ёрӣ ва заифонро дастгирӣ кардан, ғами маҷрўҳону ятимонро доимӣ дар мадди назари аввал қарор додан аз дилсўзию меҳрубонии Сарвари давлат дарак дода, мардум сўяш бо эҳтироми хоса назар мекунанд. Амалҳои шоиста мартабаи Сарвари давлатро фузуда, кулли сокинони кишварро дар атрофаш боз ҳам муттаҳидтар сохт. Мардуми кишвар дар симои Президенти худ барои хизматҳои бузургаш дар таҳкими соҳибистиқлолӣ шахсеро дарёб намуданд, ки ў дар таъмини сулҳу осоиштагӣ, амнияти миллӣ, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди  иқтисодиёти мамлакат нақши муассиру созгорӣ дорад.

Рў ба соҳаи маориф овардан ин бе ваҷҳ собитгари он буд, ки мароми Эмомалӣ Раҳмон насли ояндасози миллату меҳан, ситораи рўзгору ояндаи фарзандони соҳибистиқлоли Ватанамонро боз ҳам нўронитару пурҷило ва тобнок дидан буда, ба ин самт таваҷҷeҳм хосса дорад. Ҷиҳати вусъат бахшидани равобити ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ низ корҳои зиеде роҳандозӣ гардиданд. Густариши ин самт маҳз барои пойдории сулҳу суббот ва дўстии байни давлатҳо нақши созгоре мегузорад.

Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар симои волидайн, махсусан, модарон тарбиятгаронеро мебинад, ки дар мактаби вижаи ҳаёт наслҳои бофарҳангу баномус ва созандагони фардои Ватанро ба камол расонанд. Ба хотири арҷгузорӣ ба нақши модар Сарвари давлат ёдовар мешавад: «Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ў ситораи дурахшонест, ки бо нерумандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тўли зиндагӣ равшан месозад». Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон тадбирҳои мушаххасеро мавриди амал қарор додааст, ки ҳама ғамхориҳо ба беҳтарин мавҷудоти олам Зан - Модар мутааллиқ ва аз қадршиносиҳои Президент ба онҳо дарак медиҳад. Матлаби сарвари бохирад дар ин раванд ноил гардидан ба бунёди оилаи солим, пойдории суннатҳои тарбияи фарзанд ва нақшгузорӣ дар пешрафти ҷомеаи обод мебошад.

Оё ин амалу рафторҳо раҳи моро ба оянда рўшан, ба қалбҳо сафову меҳр ва ба рузгорамон боз умеду боварӣ намебахшанд?

Дар соли сипаригаштаи 2015 аз ҳама воқеаи асоситарину фаромўшнопазир ин ба мақоми Пешвои миллат ноил гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки муддати қариб чоряк аср баҳри таъмини сулҳу субот ва амну осоиштагӣ дар кишвар мубориза бурду онро аз вартаи нобудӣ, қашшоқӣ раҳо сох, кулли мардум ҳамовозии хешро ба ин пешниҳод самимонаю сидқидилона баён доштанд. Халқ гавҳаршинос аст. Хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи хешро шабеҳи Пешвои ҳақиқии миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки амалҳои шоиста ва қадамҳои некаш хушрўзиву хушбахтӣ оварда, ба дастархони тоҷикистониён файзу баракат бахшидааст мардуми солимфикр ҳамаҷониба пайгирӣ менамоянд. Халқ хуб дарк кардааст, ки роҳ сўи фардои неки миллату  давлати Тоҷикистон, вусъати идомаи сохтмонҳои азим ва  рушди иқтисодиёти мамлакат тавассути сиёсати хирадмандона, оқилона ва башардўстонаи Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал бар кард. Пас, мегўем:

Туӣ мардумписанд имрўз,

Азизу арҷманд имрўз,

Ҳама гўянд баланд имрўз:

Насибат бод, хушрўзӣ,

Муборак бод, пирўзӣ!

 Рустамҷон Одизода,

сармуҳаррири нашрияи «Соҳил»-и

шаҳри Қайроққум

 

 

 

Читать далее

Абармарди миллат

Вакте, ки Пешвои миллат мегӯем: пеши назарамон симои шахсе падид меояд, ки дар ҳакикат зебандаи пешвоӣ аст дарад ва миллатро аз қаъри торикиҳо, аз парокандагию нестшави ба сӯи рушноию умедҳо баровард. Ба мо, ҳаммиллатонаш сулҳро овард, ки ҳамон вақтҳо барои  мо хело зарур буд. Ба он хотир абармарди бузург меномем, ки ҷони худро зери хатар гузошта ба хоки Афғонистон баҳри гуфтушунид рафт. Мардум ин корнамоию ҷонбозиҳои ин шахси бузургро ҳеҷ фаромуш нахоҳад кард ва ба ин хотир  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асосгузори ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат»ро ба ин шахсияти бузург лоиқ ва муносиб донист ва ман низ ҳамчун шарҳванди зиёии кишвар ин қонунро дастгири мекунам ва тарғибу ташвиқ менамоям. 

Барои худшиносиву худошиносии миллат, дар навиштани тақдири халқу миллат бо дасти хеш давлатдориву раиятпаноҳии пешво ё худ сарвари кишвар баѓоят нақши муассир дорад. Президенти Тоҷикистон дар тўли сарварии худ ҳамеша бад-он кўшидааст, то халқи тоҷик нахуст дар амну осоиш умр ба сар баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф rувва ва маҳорати мулкдории худро масраф сохтааст. Омўзиши таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҳеҷ давлату миллате бидуни сулҳу оромӣ ва субот ба ҳеҷ мақому мартабае ноил нагардидааст. Бо дарку фаҳми оқилонаи ин нукта сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз рўзҳои нахустини давлатдории хеш мақсад гузошта буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботро пойдор хохад кард ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан боз нагардад, осуда нахоҳад буд.  Ҳар яки мо садои ҷонхароши барномаи «Хоки ватан»-ро, ки ҳамватанони моро аз ҳар гўшаву канори олам ба Ватан мехонд, дар ёд дорем. Хушбахтона, тоҷикони фирорӣ дубора ба Ватан баргаштанд ва сару сомони хешро дар меҳан ёфтанд.

Рўй овардан ба таърихи гузашта, дастовардҳои ниёгони худро шинохтан онро чун мероси гаронмоя ҳифз доштан, дўсту иттифоқ ва муттаҳид будан ва муҳимтар аз ҳама, фаромўш накардани ин нукта, ки тоҷикон мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданду мемонанд, аз маҳаки фаъолияти сарвари хирадпешаи мост. Маҳз, устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ки аз унсурҳои пойдорӣ ва бақои давлату миллат аст, моро рўз то рўз ба пеш мебарад. Сохтмони нақби Истиқлол, наздик шудани самти шимол ва ҷануби кишвар ва дар ин замина бо ҳам омадани мардуми тоҷик дар шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши муҳим хоҳанд дошт.  

    

 Саидҷон Қорихонов,

муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

 

 

 

 

Читать далее

Пешвои арзандаи миллат

Мехоҳам, кишвар дар   бораи пешвои  миллӣ, дар бораи нақши Президенти Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлол, пешрафти иқтисоди миллӣ, суботи ҷомеа, эҳёи миллӣ ва фарҳангӣ, тақвияти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва худэҳтиромкунии миллӣ, яъне дар бораи зарурати таърихии ин шахсияти нерeманд ва созандаву ободкор саҳми шахсии вай мо сухан гўям.

Ҳама медонанд ва дар  ёд доранд, ки Президенти мамлакат тайи беш аз 24 сол садоқатмандона, баъзан ҳатто бо истифода аз нуфузу эътибори байналмилалии хеш  бештар аз он чи анҷом дод, ки кишвари мо  тавонмандии онро дошт. Вай талош мекард, батадриҷ, қадам ба қадам тамоми мушкилот:  нарасидану набудани маводи ғизоӣ,  молия, артиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, марзбонон, муаллимон, духтурон, мактабҳо, шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ ва даҳҳо мушкилоти дигарро, ки  барои зиндагии орому осудаи мардум монеа эҷод мекарданд, паси сар намуда, халқи худро ба сӯи суботу оромиш барад. 

Маҳз ба туфайли   фаросат ва  хиради Эмомалӣ Раҳмон ҳалли бисёр муаммо мураккаби  вобаста ба танзими  мусолиматомези ихтилоф дар Тоҷикистон имконпазир гардид. Алҳол бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои тадқиқотӣ таҷрибаи Тоҷикистонро ҳам дар бобати ҳалли  ихтилофот ва ҳам дар мавриди рушди марҳалаи пас аз ихтилофи ҷомеа меоӯзанд.   Равандҳои мураккаби сиёсии давраи гузариш истеъдоди хос ва нерeи фавқулоддаи инсониро талаб доранд, ки ба ҳамаи ин Президенти давлатии мо rодир аст. Мо аз Сарвари кишвари худ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоем.

 М.Ваҳобова,

сармуаллимаи кафедраи забони муосири рус ва

забоншиносии умумии ДДХ ба номи Бобоҷон Fафуров 

 

 

 

Читать далее

Абдураҳмон Қодирӣ: - Мардуми Истаравшан аз азал ҳунарманд буданд

Санаи 14-уми январи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии  шаҳр дар соли 2015 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок дошт. Нахуст доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр раиси шаҳр Наим Набизода ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мардум ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, сохтмончиён бо мақсади ободу зебо намудани шаҳр суботкорона фаъолияти пурмаҳсул намуданд. Дар соли 2015 буҷети давлатӣ ба андозаи 100,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 82 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 беш аз 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр рафти иҷроиши лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз рўи 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 15,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ва барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳафт лоиҳаи гуногуни ҳаётан муфид амалӣ шуд.

Соли сипаригардида баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуд. Дар ин раванд 14 иншооти гуногун, нуқтаҳои маданӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар баробари ин ҳама бунёдкориҳо ва  созандагиҳо  дар аксари соҳаҳо камбудиҳо ҷой доранд, ки мавриди таваҷҷўҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Бахусус Раиси вилоят аз сатҳи пасти истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ изҳори нигаронӣ намуд. Қайд гардид, ки аз 26 корхонаи саноатӣ 10 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуданд ва 4 корхонаи дигар бошад, аз фаъолият бозмондааст.

Сабабҳои бозмондани корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хом ва маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурўши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти истеҳсолшуда  мебошад. Дар ин самт Раиси вилоят зикр намуд, ки бояд маҳсулоти хомро ба монанди офтобпараст ва чигити пахта   ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар дастрас намоянд ва истеҳсоли онро  ба роҳ монанд. Раиси вилоят асосан аз фаъолияти пасти корхонаҳои «Оби Зулол», «Коваи Истаравшан», «Куруши Кабир», «Суруш», «Матбуоти Истаравшан», «Баракат» изҳори нигаронӣ намуда, зикр дошт, ки давоми соли 2016 бояд камбудиҳои мавҷуда бартараф гардида, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватаниро зиёд намоянд. Бобати вазъи истеҳсолоти  корхонаи “Оби зулол” Раиси вилоят  қайд намуд, ки мувофиқи ваъдаи сардори корхона, давоми соли сипаригардида иқтидори истеҳсолии корхона  ду маротиба баланд бардошта  мешуду обҳои истеҳсолгардидаро ба мамолики Кувайт интиқол дода, истеҳсоли онро бештар карда мешуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе як корхонаи  дигар сохта мешавад. Лекин ин ҳама корҳои ба нақша гирифта ва ваъдадоҳои роҳбарияти он  дар назди Раиси вилоят иҷро нагардида, баракс  рӯ ба коҳишёби ниҳодааст. Раиси вилоят ба масъулини корхонаи мазкур супориш дода гуфт, ки давоми сол ҳаҷми истеҳсоли корхонаро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар гардонида шавад.

Имрўз дар шаҳри Истаравшан 25 ҳазор нафар зан бекоранд. Дар сурати ба пуррагӣ фаъолият намудани корхонаҳо сатҳи бекорӣ коҳиш дода мешавад. Аз ин ҳисоб ҳамчунин теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвари Русия кам мегардад. Дар ин самт Раиси вилоят зикр дошт, ки бояд марказҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофиро зиёд намуд ва бештари занҳоро ҷалб ба омӯхтани ҳунарҳои миллии тоҷикӣ ҷалб намуд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Кишоварзони шаҳри Истаравшан  баҳри иҷроиши супоишҳои Сарвари давлат дар соли 2015  дар майдони 20568 гектар кишти баҳории зироатҳоро гузарониданд.

Ҳамчунин, Раиси вилоят аз фаъолияти соҳаи кишоварзии шаҳр ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки дар шаҳр ба миқдори 11 ҳазору 143 гектар замини кишти умумӣ мавҷуд аст. Дар 7 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғалладонагиҳо кишт намудаанд. Раиси вилоят гуфт, ки имрӯз талабот нисбат ба ғалладонагиҳо ва  сабзавот зиёд аст. Ҳол он ки аз як гектар замини кишти сабзавот ва полезиҳо то 200 ҳазор сомонӣ  даромад гирифтан мумкин аст. Аз ҳар гектар ғалладонагиҳо бошад, то 30 сентнер ҳосил рӯёнида мешавад, ки маблағи он 4,5 ё 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мо бояд роҳи фоиданок ва дурустро интихоб намоем. Кишоварзони шаҳр бошанд, дар қисми зиёди заминҳои обии шаҳр ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка барои дон (1870,6 гектар), зироати хӯроки чорво (405 гектар) кишт намудаанд.

Алҳол дар шаҳри Истаравшан 8900 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, аз он 899 ададро хоҷагиҳои коллективӣ, 8001 хоҷагиҳои оилавӣ ва 4 адад хоҷагиҳои ёрирасон ташкил медиҳад.

Баҳри иҷроиши кор ва бо сифати баланд шудгор намудани заминҳои кишоварзӣ бояд марказҳои хизматрасонӣ фаъолият намоянд. То имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр 5 маркази хизматрасонӣ  мавҷуд аст. Раиси вилоят барои марказҳои хизматрасонӣ эрод гирифта, зикр намуд, ки бояд дар шаҳр 600 маркази хизматрасонӣ мавҷуд бошад.

Раиси вилоят  ба раисони маҳаллаҳо ва масъулин супориш дод, ки бояд то охили соли 2016  дар назди ҳар як хоҷагиҳои деҳқонӣ нигоҳубини то 5 сар моли калон ва 50 сар моли майда ба роҳ монда шавад

Бобати ҷалб намудани ҷавонон ва занони хонашин ба ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, алочабофӣ тадбирҳо андешида шуд. Роҳбарияти вилоят супориш дод, ки дар ҳар як маҳаллаҳо бояд дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ мавҷуд бошад. Зеро ин тадбир ҷиҳати коҳиш ёфтани сатҳи бекории мардум мусоидат мекунад. Мардуми  Истаравшан аз азал ҳунарманд буданд, бояд имрӯз ин ҳунармандиро идома дод.

Таъсиси марказҳои ҳунармандӣ ва ҷалб намудани ҷавонони кишвар ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр яке аз самтҳои супориши роҳбарияти вилоят ба шумор меравад.

Бо дастгирии Роҳбарияти вилоят ба шаҳри Истаравшан 18 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ ворид гардида,  мардум баҳри истеҳсоли матоъҳои миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудааст. Ба кумитаи кор бо занони шаҳр  ва раисони маҳаллаҳо супориш дода шуд, ки дар ҳар деҳа чунин марказҳо ташкил намоянд. Зеро ки 1000 нафар заноне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, миқдорашонро коҳиш дода, бо чунин корҳо ҷалб шаванд.

Ҳамзамон, ба масъулини соҳаи маориф ва бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ супориш дода шуд, ки ҷавононро ба варзиш ва ҳунармандӣ ҷалб намоянд ва баҳри пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб чораҳои амалӣ андешида шавад.

Дар охир Раиси вилоят зикр намуд, ки дар соли 2016 дар шаҳри Истаравшан корҳои ободонӣ, аз қабили чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр, мумфаршкунии  1,5 км роҳ, гузоштани муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ - Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр ва барои истироҳату фароғати сокинон сохтани боғи фарҳангию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Читать далее

21 January 2016

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Читать далее

19 January 2016

Рушди иқтисод - аз шароити мусоид

Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Номи мағоза барои ҷалби харидор ё тақвияти маданияти шаҳрдорист?!

Мағозаи соҳибкор Шаҳодат Каримова воқеъ дар кўчаи марказии шаҳри Хуҷанд байни харидорон бо номи “Зайн” маъруф мебошад. Дар он либосҳои занона фурўхта мешавад. Чун сухан аз номи мағоза рафт, Шаҳодат афзуд, ки таи се сол боз он фаъолият дорад, аз аввал ҳамин тавр номгузорӣ шудааст. Хотиррасон шуд, ки бисёр андеша кардааст, то номи мувофиқу зеборо барои мағозааш гузорад. Пас аз маслиҳату тавсияҳо ҳамин номро интихоб кард. Чӣ хеле мегўяд, “Зайн” калимаи арабӣ буда, маънояш некхоҳӣ аст.

Вале ба андешаи Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои суханшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҳарчанд ин калима воқеан арабист, аммо ҳангоми навиштан бо алифбои кириллӣ маънои аслиашро ифода намекунад. Зеро ҳангоми нигориш бо алифбои арабиасос се шакли навишт дорад, ки маъноҳои гуногунро ифода менамоянд. Беҳтар мешуд, соҳибкор ба мағозааш номи дигари зебои тоҷикиро мегузошт.

Чун ба нуқтаҳои савдои гирду атроф шинос шудем, на он қадар дуртар аз “Зайн” мағозаеро бо номи “Богема” дарёфтем. Вақте аз соҳиби он - зани миёнсол ҳадафи чунин номгузорӣ шудани мағозаро пурсон шудем, изҳор дошт, ки дар мағоза фурўши чиннивориро ба роҳ мондааст ва ба андешаи ў “багема” калимаи русӣ буда, “богема” бошад, тоҷикист ва маънои зарфҳоро ифода мекунад. Ҳайратовар буд, ки вай пас аз шарҳу эзоҳи худ ба ғазаб омада, изҳори норозигӣ ва муносибати дағалонаро муносиб донист. Чун аз луғати русӣ-тоҷикӣ баҳри дарёфти маънои калима ҷустуҷў намудем, маълум гардид, ки калимаи “богема” русӣ буда, маънои ҷамъияти буржуазӣ, зиёии камбизоат, шахсоне, ки зиндагии бесарусомон доранд, ифода мекунад.

Соҳиби мағозаи “Шанхай+” бошад, мегўяд, ки мағозаашро аз он, ки Шанхай шаҳри хеле маъмулу машҳури давлати Чин аст, гузоштааст. Ҳарчанд маънои калима барояш равшан нест, вале итминони комил дорад, ки бо ин ном харидоронро ба мағозааш ҷалб менамояд ва ин хеле муҳим аст...

Дар ин маврид Гавҳар Умарова, мутахассиси пешбари шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд афзуд: - ҳоло ҳам дар шаҳр ҳас-танд муассиса ва нуқтаҳои хизматрасоние, ки номашон ба меъёрҳои забони давлатӣ ва талаботи номгузорӣ мувофиқ нестанд. Баробари ин шумораи онҳо ба таври мунтазам кам мегардад. Зеро комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта коргузориро вусъат медиҳад. Хеле хуб аст, ки аксар соҳибмулкону соҳибкорон маслиҳату тавсияҳои комиссияро хуш қабул мекунанд. Аз ҷумла, давоми соли 2015 наздик 50 ташкилоту нуқтаи савдо аз нав бо назардошти меъёрҳои қонунгузорӣ номгузорӣ шуданд.

Дар ин самт комиссия кори худро тақвият мебахшад. Моҳи октябр-ноябр дар кўчаҳои марказии шаҳр аз ҷониби масъулини соҳа амалиёти назоратӣ анҷом дода шуд. Як қатор номгузориҳои ба меъёри забони давлатӣ мувофиқнабуда, ба монанди “Популяр”, “Ласитте”, “Витали рич”, “Климбер” ошкор гардида, ҷиҳати ислоҳи онҳо тадбирҳо амалӣ мегардад. Ҳар ҳафта аъзои комиссия ҳолати воқеии номгузориро дар маҳалҳои шаҳр месанҷад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Ин, албатта, кори мавсимӣ нест, вусъати доимиро тақозо мекунад. Дар шаҳр қариб, ки ҳар рўз иншооту марказҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва табиист, ки барои ҳар яки онҳо интихоби номи зебои тоҷикӣ зарур мебошад.

Номгузориҳои зебо, пурмазмун ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқбуда имрўз аз нишонаҳои фарҳанги баланди шаҳрдорист. Дар амалӣ шудани он, албатта, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Зеро, бо ибораи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таърихи Ватан, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ва гузаштагони хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Бояд ҳар як шахси ватан- дўсту худогоҳ забони модариро муқаддас донад, барои рушду инкишофи он саҳмгузор бошад.

Вақте ба навиштаҷоту нигораҳои шаҳр назар меандозем, баъзан дар ин маврид нодидагирӣ ба назар мерасад: аз ҷумла номгузориҳо бо забонҳои ғайр, роҳ додан ба ғалатҳои услубию имлоӣ, номувофиқии номҳои интихобшуда... Масалан, “Glamour”, “Viviana”, “Balance”, “Taj Burger”, “LI-NING”, “Атлант” ва “Анситу”, “Ал-кувайт”, “Манно+” дар кўчаҳои марказӣ, “Автомойка” ва дигар навиштаҷоти ғалат дар гўшаву канори шаҳр. Ҳол он ки дар моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ омадааст: “Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ навишта мешаванд”. Соҳибмулкони меҳмонхонаи “Хесон”, ки дар маркази шаҳр ҷойгир шудааст, калимаи “меҳмонхона”-ро ба забонҳои англисию русӣ дар пештоқи бинои зебо навиштаанду аммо бо забони тоҷикӣ нигориши онро фаромўш кардаанд. Дар сехи қаннодии воқеъ дар кўчаи ба номи Фирдавсӣ калимаи “Минутка”дар ҷои аввал ва номгузории тоҷикии “Як лаҳза”-ро ба ҷои дуюм гузоштаанд. Тавре муҳаққиқи тавонои забони тоҷикӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ фармудаанд: “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”. Дар лавҳаю овезаҳои шаҳр хатогиҳои услубию имлоӣ низ мушоҳида мешаванд, дар ҳоле ки забони точикӣ мақоми давлатӣ дораду омўзишаш дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, боиси нигаронист!

Ин нуктаро хотиррасон шуда, Нуралӣ Нурзод зикр намуд: “Шукр гўем, ки Худованд ба мо чунин забони бузург додааст-ҷаззоб, хушсадо ва шево. Мо бояд ин забонро аз таҳти дил азизу муқаддас донем ва эҳтиром намоем. Ин ифодаи тафаккури миллии мо буда метавонад. Дар мавриди истифодаи дурусти забони давлатӣ дар номгузорӣ пешниҳод мекардам, ки ҳамкории доимии соҳибкорону соҳибназарон тақвият ёбад. Хуб мешуд, фарҳанги ном таҳияю интишор мегардид...”.

Дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ идома дорад, созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад. Дар ин раванд зарурияти бештари номгузориҳою номивазкуниҳо пеш меояд. Тавре бояд кўшид, ки ҳамаи ин дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ амалӣ гардида, барои рушди фарҳанги шаҳрдорӣ заминаи воқеӣ гузорад.

Муслима Раҳимова,
шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Читать далее