April 2015

21 April 2015

Чанд мулоҳиза атрофи либоси ягона

 Имрӯз дар воситаҳои ахбори умум доир ба риояи сару либоси расмӣ, пешгирии пӯшидани ҳиҷобу чодар, ришу ришмонӣ сару садоҳои зиёде ба гӯш мерасанд. Дар ин маврид мехостам чанд мулоҳизаи хешро баён дошта бошам.

Дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шудани либоси ягона барои хонандагону омӯзгоронро метавон яке аз дастовардҳои солҳои охири маорифчиёни вилоят шуморид.

Чуноне маълум аст, мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо қарори худ аз 03.07.2007, № 14/3 « Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ»-ро (новобаста аз шакли моликияташон) тасдиқ кард ва ба фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2004, № 544 тащйирот ворид намуд.

Аз моҳи сентябри соли 2007 татбиқи Дастурамали мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозӣ гардид. Дар муассисаҳои таълимии вилояти мо қарори мазкур дар соли таҳсили 2013-2014 ба таври муташаккилона татбиқ шуд. Айни замон кулли хонандагон ва муаллимон бо либоси ягона таъмин мебошанд. Либоси ягона дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ ҷорӣ шудааст.

Ба назар чунин менамояд, ки ин масъала пурра ҳалли худро ёфтааст ва дар самти мазкур дигар муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуд нест. Аммо гоҳ-гоҳ тавассути воситаҳои ахбори щайридавлатӣ иттилоъ дода мешавад, ки дар ин ё он муассисаи таълимӣ «ҳуқуқ ва озодиҳои ин ё он шаҳрванд (хонанда ё донишҷӯ) дащалона поймол карда шуд». Дар сурати пайгирӣ намудани чунин ахбор маълум мешавад, ки маъмурияти муассисаи таълимӣ садди роҳи ҳиҷобу сатрпӯшии ҳамон нафар гардидааст.

Воқеан ҳам то ҳанӯз дар ҷомеа ҳолати бо сару либоси щайритавсиявӣ, сатру ҳиҷоб ба таълимгоҳ омадани нафарони алоҳида ба чашм мерасад. Дар сурати аз чунин амал боздоштани онҳо аксар вақт ходимони дин, аъзоёни ҲНИТ ва рӯҳониёни мутаассиб бонги хатар мезананд.

Шиносоӣ бо «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ» нишон медиҳад, ки либоси ягонаи мактабӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон, болоравии ифтихори миллии онҳо нақши бузург мебозад. Либоси мактабӣ дар замири хонандагон ҳисси зебоипарастӣ, хулқу атвори ҳамидаи инсониро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи ин Дастурамал ба хонандагон ҳангоми сард будани ҳаво пӯшидани либоси гарми зимистона ( камзӯлча, палто, ҷемпер ва куртка), ҳамзамон ба толибаҳо дар рӯзҳои ид пӯшидани либоси миллӣ ( аз атлас ё адрас) ва тоқӣ низ иҷозат дода шудааст. Дар пӯшидани поҷома ва бастани рӯймол онҳо соҳибихтиёранд. Дар маҷмӯъ, сару либоси ягона дар мувофиқа бо волидони хонандагон интихоб карда мешавад.

Дар Дастурамал вобаста ба фаслҳои сол ва синну соли хонандагон либосҳои махсус тавсия шуда бошад, ҳам ин маънои онро надорад, ки онҳо дар як сол чанд хел либос дӯзанд. Сару либоси мактабӣ аз матоъҳои арзону барои саломатӣ безарари ба ҳамагон дастрас дӯзонида мешавад.

Хулоса, ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби аксари аъзои ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ёфт, ягон ҷойи нигаронӣ надорад.

Либоси миллӣ яке аз муқаддасоти миллати мо ба ҳисоб меравад. Дар давоми садсолаҳо он аз насл ба насл гузашта, такмил ёфта, то замони мо расидааст. Нигораҳое, ки таърихи чандҳазорсола доранду то замони мо расидаанд, занону духтарони тоҷикро ҳаргиз сатрпӯшу чодарбасар тасвир накардаанд. Чунин ҳолат дар асарҳои санъати асрҳои миёна низ ба чашм мерасад, ҳол он ки он замон айни авҷи таассуби динӣ маҳсуб мешавад.

Озодиҳои имрӯза барои бонувони мо ба осонӣ муяссар нашудааст, дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳатто ҷони худро қурбон намудаанд. Занону духтарони диловар солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта:

Фаранҷӣ бар сарам бори гарон будааст, донистам,
Занону духтаронро пурзиён будааст, донистам –
гӯён маъракаҳои фаранҷисӯзӣ оростанд, ки дар таърих бо номи «Ҳуҷум» то ҳол маълуманд.

Пас, чаро имрӯз баъзе ашхос дар як они воҳид озодии дар давоми даҳсолаҳо бо нархи ҷон ба даст омадаро зери по кардан мехоҳанд? Магар ин амал монанди ҳамон шиорпартоию майдоннишиниҳои солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки Ватани соҳибистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашид ва захмҳои он то ҳол ба пуррагӣ шифо наёфтаанд?

Аҷибии масъала ин аст, ки нафарони ҷонибдори сатру ҳиҷобпӯшии духтаронро даҳҳо масъалаҳои дощу ҳалталаб ба ташвиш намеорад, вале дар ин маврид аз пашша фил месозанд.

Дар Дастурамали либосҳои тавсиявӣ махсус таъкид шудааст, ки ба мактаб бо сатру ҳиҷоб омадани духтарон қатъиян манъ аст. Аз рӯи мантиқ ҳам бигирем ба мактаб бо сару либоси щайримактабӣ омадан қобили қабул нест. Либоси ягона тақозои замона аст ва он бояд ҳатман риоя карда шавад!

Осим Каримзода
сардори раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор

 

 

 

Читать далее

Оқибати сиёсӣ кардани дини Ислом

 Ислом динест, ки моро ба некӣ, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва хислатҳои хуби инсонӣ ҳидоят мекунад. Дар таърихи 15 асраи мавҷудияти худ дини бузурги Худованд – Ислом ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Ин ҳам бошад дар радифи динҳои христианӣ ва буддизмӣ ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфт. Аммо мо инсонҳо имрӯз ин дини мукаррамро зери по намуда, бо мақсади бади худ аз он истифода бурда истодем. Чӣ гуна кори айб аст! Ин дини бузургу азизро ба майдони сиёсат табдил дода, корҳои зишти худро дар зери ин дин ба амал тадбиқ намуда истодем. Бояд дин дар ҷойи худ бошаду сиёсат дар ҷойи худ. ҳар ду бояд аз якдигар ҷудо бошанд ва мустақилона ба якдигар ҳамкорӣ намоянд.

Дин муқаддас аст. Қудсияти онро бояд ҷиддан ҳифз намуд ва риоя кард. Аммо сиёсат хосатан давлат, ягон хел қудсияти динӣ надорад. Сиёсат ба биҳишт ва ё ба дӯзаҳ намебарад. Ба биҳишт роҳ кушодан вазифаи дин аст. Аммо агар дин бо сиёсат як шавад, он гоҳ чӣ мешавад, фақат Худаванди пок меданаду халос. Мо ҳамчун бандагони асили Худованд бояд ба ин чиз роҳ надиҳем, динро аз давлату сиёсат ва сиёсату давлатро аз дин ҷудо кунем. Давлати мо демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Мо ватанро бо дасти худ сохтем ва онро то дараҷае обод кунем, ки насли ояндаи мо аз он фахрад, на бо дин як карда нест кунем.

Оқибати сиёсикардаи дин ба чӣ аҳвол меорад, аз радиову телевизион, бо воситаи ахбори умум бохабар шуда истодем. Як давлати Сурия, ки сиёсатро бо дин омехта карда буд, ҳоло дар чӣ аҳвол аст. ҳазорон нафар инсонҳои бегуноҳ аз дасти террористони гурӯҳи Боко Харам ва Аш-шабоб халок шуда истодаанд. Онҳо низ мехостанд, ки дар давлати орому осуда умр ба сар баранд, зиндагӣ кунанд. Аммо бо мақсади ба сиёсат дахл кардани баъзе аз ашхосони беимону беинсоф онҳо халок шуданд. Мо ҳамчун фарзандони асил ва барӯманди сарзамини Тоҷикистон ба ин гуна корҳои зишт роҳ надиҳем, бетараф набошем, зеро бетарафӣ ин бешарафист.

Садриддинова Ҳилола, омӯзгори ДДХ ба номи академик Б.Fафуров.

 

 

 

Читать далее

Мубориза зидди экстремизм ва тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи ватандўстӣ.

 Дар баъзе аз кишварҳои мусулмонӣ, ки дар онҳо ҷараёнҳои ваҳҳобия ва салафия ҳамчун ҷараёнҳои расмӣ пазируфта шудаанд, бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд идеологияи худро бар ивази ёрипулиҳо ба дигар манотиқ ворид созанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо ин васила «хоҷагони хориҷӣ» бо ҷорӣ намудани «исломи ноб» ба тафаккури ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба ҷиҳод ва амалҳои террористӣ даъват менамоянд.

Омили дигари таъсиррасон дар раванди экстремизми динӣ ин дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудани наврасону ҷавонон мебошад. Онҳо ғайриқонунӣ дар Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия ва Миср таълимоти динӣ гирифта, ҳисси ватандўстию хештаншиносии худро гум мекунанд. Баъди бозгашт ба Ватан ба арзишҳои динӣ - мазҳабии худ арчгузорӣ накарда, рафтору кирдорашон тамоман дигар мешавад. Дар ин самт ҳамагонро зарур аст, ки рў ба мактабу маориф биёрем. Ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд кўшиш ба харҷ диҳанд, ки соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омўзгорон, мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, ба зеҳну шуури ҷавонон таъсири мусбат расонанд. Беэътиноӣ нисбат ба ҷараёнҳои зараровар монанди он аст, ки ҷав кошта, ҳосили фаровони гандумро интизор шавем.

Айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраест барои инсоният. Бесабаб ин айёмро давраи тиллоӣ наномиданд, зеро заминаҳои асосии зиндагии одамон барои фардо маҳз аз ҳамин давра оғоз меёбанд. Дар ҳамин давра мо бояд дар ғафлат намонем. Зеро истифодабарандагони – идеологҳои экстремистӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб дарк намуда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ моил менамоянд. Дар ин роҳ онҳо харҷи маблағҳои зиёдро низ дареғ намедоранд.

Нақши оила, мактабу маориф дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят бузург аст. Бо иштироки донишҷўён, хонандагон, аҳли ҷомеа баргузор намудани вохўрию мулоқот ва фаҳмондани хатари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ба монанди терроризм, экстремизм ба манфиати кор аст. Бовар дорам, гузарондани чунин чорабиниҳо дар мактабу донишкадаҳо, омўзишгоҳу техникумҳо, корхонаву муассисаҳо, маҳаллаву шаҳракҳо ва марказҳои маъмурии шаҳру навоҳии кишвар ба рушди бо низоми иқтисодиёт ва татбиқи сиёсати давлати соҳибистиқлоламон мусоидат хоҳад кард. Барои рафъи камбудиҳо ва тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ моро зарур аст, ки аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода барем. Агар дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барномаҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ омода ва пахш шаванд, ҷаҳонбинии ҷавонон васеъ мегардад.

Алимов Б.Ҳ., н.и. таърих, мудири кафедраи Муносибатҳои байналхалщии факултети Сиёсатшиносӣ ва Муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ.

 

 

 

Читать далее

20 April 2015

Лаҳзае аз ёди ватан дур набошем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкидан иброз дошт, ки «Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башар эътирофшударо таҷассум намуда баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрeз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмоли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем». Воқеан ҳам, Конститутсия инкишофи ҳаёти ҷомеаро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, мафкуравӣ, гуногунҳизбӣ, озодии виҷдон, ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат таъмин сохтааст. Дар Конститутсияи мо баробарӣ дар назди қонун сарфи назар аз миллат, наҷот, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарҳуқуқии занон ва мардон, озодии сухан, нашр ва истифода аз воситаҳои ахбори умум ҳамчун аслҳои муҳим пазируфта шудаанд.

Дар Конститутсияи мо Тоҷикистон чун давлати дунявӣ муаррифӣ шудааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар ин гуна давлат хеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст. Ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ва ё набудани шахс сабт карда намешавад. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон пайрави дини Ислом ҳастанд, онро муқаддас медонанд, вале он аз ҷониби давлат ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Ташкилоти динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ба кори он мудохила намекунанд. Тамоми муносибатҳои ба ташкилотҳои динӣ вобаста тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» танзим карда мешаванд.

Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар шаклҳои мухталиф ифода меёбад. Он аз муайян намудани муносибати шахс ба дин то ба ташкили иттиҳодияҳои диниро фаро мегирад. Дар назар чунин менамояд, ки қабл аз ҳама, озодии эътиқод дар шакли пайравӣ кардан ва ё накардан аз дин пешбинӣ шудааст, аммо дар асл ин паҳнои меъёр бениҳоят васеъ буда, танҳо дар доираи пайравӣ кардан ва ё накардан не, балки масъалаи умуман эътироф накардани эътиқоди диниро низ фаро мегирад. Яъне шахс на ба ҳамон як дин, балки ба ҳамаи динҳо боварӣ надорад, дар чунин ҳолат шахс умуман аз озодии эътиқод берун буда, дар асоси муносибати озодонаи хеш ба виҷдон такя намуда, боварии худро ба як арзиши дигаре тавъам медорад.

Озодона муайян намудани муносибати шахс нисбат ба дин аз мазмуни моддаи 1 Конститутсия, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст, сарчашма мегирад. Зеро дунявият маънои онро дорад, ки дар ҳудуди давлат ягон дин мавқеи роҳбарикунандаро ишғол намекунад, ягон навъи мафкура бартарӣ надорад ва ҳар инсон озодона аз дини худ пайравӣ мекунад ва ё аз ягон дин пайравӣ намекунад. Мазмуни ҳуқуқи озодии виҷдонро се шакли муносибати шахс ба дин муайян мекунад: диндор, бедин ва ё атеист будан. Чунин ҳолатро шахс метавонад дар танҳоӣ ва ё якҷоягӣ пайравӣ ва дунболагирӣ намояд. Ҳуқуқи муайян намудани муносибат ба дин ин ҳуқуқи ҳар кас, яъне ҳар инсон қатъи назар аз тобеияти шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва нажодӣ метавонад мустақилона муносибати худро ба дин муайян кунад. Мустақилона муайян намудани муносибат ба дин дар шакли пайравӣ намудан ба дин ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин зоҳир меёбад. Яъне шахс метавонад аз дин пайравӣ кунад, метавонад накунад ва ё пайрави дини дигар бошад. Ин ҳуқуқи вай аст. Яъне шахс ҳуқуқи пайравӣ кардан, накардан ва ё ба дини дигар даромаданро дорад.

Дар ин меъёр мавқеи озодии муносибати шахс ба дин то ҳадде аст, ки шахс метавонад нисбат ба дин муносибати инкорӣ ва атеистӣ дошта бошад. Умуман, касе ҳақ надорад дар ин ҷанба ҳар амалеро, ки инсон зарур мешуморад, маҳдуд намояд ва ё баръакс маҷбур намояд. Дар ин қисмати меъёр мо озодии шахсро дар гуногун будани ҷаҳонбинии динӣ мебинем. Яъне Конститутсия шахсро дар муқобили ҷаҳонбинии динӣ озод қарор додаст. Ҳар шахс озодона метавонад ҷаҳонбинии худро нисбат ба дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ муайян намояд. Вай метавонад ин шакли шуури ҷамъиятиро қабул намояд, метавонад қабул нанамояд ва ё метавонад тамоми навъҳои онро инкор намояд. Зеро шуури шахс имконият дорад паҳноҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ва ё ҷаҳонбиниро дар худ дошта бошад. Аз ин хотир, дар ҷомеаи демократӣ тавассути меъёр ҷаҳонбинии шахс ва ё тобеияти шуури ҷамъиятии онро кардан номумкин аст. Ба инсон имконият фароҳам овардан зарур аст, ки худаш вобаста ба сатҳи фаҳмишу донишаш ва ҷаҳонбинияш ба олами атроф баҳо дода шаклҳо ва навъҳои шуури худро такмил бахшад. Агар ин амал танҳо ҷанбаи маҷбурӣ ва ҳатмӣ дошта бошад, он гоҳ доир ба озодии эътиқод ва виҷдон сухан гуфтан маъно надорад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи кишвар яке аз озодиҳои ҷавҳарии инсонро -озодии эътиқод ва виҷдонро муқаррар кардааст, ки дар маҷмўи озодиҳои инсон нақши муҳим дорад.

Бояд қайд кард, ки ин ҳақки истисноии шахс аст, касе ҳақ надорад, ки навъи ҷаҳонбинӣ ва шакли шуури ҷамъиятиро ба ў бор намояд. Ҳар шахс озодона бояд муносибати худро ба ин арзиш муайян намояд, касе ҳақ надорад касеро дар пайравии дине маҷбур созад ва ё аз пайравии оине маҳрум кунад. Мазмуни ҳамин арзиши олӣ дар Китобҳои муқаддас ва сарчашмаҳои муътаманди динҳои ҷаҳонӣ таъкид шудаанд. Масалан, дар Китоби муқаддаси мусулмон омадааст, ки «дар дин иҷборе нест». Гузашта аз ин татбиқи бевоситаи ин меъёрро дар ҷумҳурӣ мавҷудияти бештар аз се ҳазор масҷидҳои мусулмонон ва 86 ташкилотҳои динӣ ва пайравони дину мазоҳиби мухталиф тасдиқ мекунанд. Яъне аз соли 1988 то имрeз дар қаламрави ҷумҳурӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин як Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ, 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 371 масҷиди ҷомеъ, 3591 масҷиди панҷвақта, 72 иттиҳодияи динии uайри исломӣ ва дар маҷмeъ 4085 иттиҳодияи динӣ сабт шудааст.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ба динхонӣ ва ё тарғиби гаравидан ба дин дар шаклҳои сабук ва дар доираи берун аз нафарони эътиқодманд озод аст, вале он набояд ба омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, гумроҳнамоӣ ва дигар усулҳои ғайриоқилона такя намояд. Ба динхонӣ дар шакли нишондодани ҷанбаҳои мусбии оини хеш ва дастовардҳо манъ нест, вале дар ин замина таҳқир намудани оини дигар, нодуруст нишон додани эътиқодоти динӣ ва ҷараёнҳои гуногун аст. Касе ҳақ надорад дурустӣ ва ё нодурустии ҷаҳонбинии дини дигарро баррасӣ намуда ба қадру манзалат ва шахсияти пайравони он иснод биёрад. Диндорӣ ва эътиқодмандӣ кори шахсии ҳар инсон аст.

Дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани соли 2009 ва нишон додани пайравии мардуми Тоҷикистон ба ин мазҳаб хилофи Конститутсия ва озодии эътиқод нест. Зеро гиромидошти бузургдошти ин шахсияти бузург танҳо ба хотири андешаҳои ақидатӣ ва динию мазҳабии ў нест. Пеш аз ҳама Абўҳанифа фарзанди миллати тоҷик аст, дигар ин ки вай дар нигоҳ доштани асолати фарҳанги мо хизматҳои шоиста кардааст, сеюм ин ки нақши вай дар такмили илми ҳуқуқшиносии ақлӣ бениҳоят бузург будааст. Ин далелҳои басанда аст, ки шахсияти ў ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат қадршиносӣ гардад. Илова бар ин нақши мазҳаби ў дар таҳаммулгароӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо бениҳоят бузург буда, дар масири таърих борҳо дар ҳимояи манфиатҳои миллии аҷдодони мо нақши бориз доштааст. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва пайрави ҳамин мазҳаб будан аксари шаҳрвандони кишвар гиромидошти асосгузори он ба ягон талаботи озодии виҷдон зиддият надорад.

Ҳамчунин кишваре, ки дар он аксари шаҳрвандонаш пайравии як мазҳаб ва ё оине ҳастанд, ки он дар таърих ба манфиати миллат, оромии кишвар ва ягонагии рушди бамароми он хизмат кардааст, ҳуқуқи пос доштани хотираи асосгузори мазҳабро доранд. Мисол, Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар маънидодкунии талаботи моддаи 18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ изҳор менамояд, ки эътироф намудани ягон дин ба сифати дини расмӣ ва ё давлатӣ худ ба худ мухолифи талаботи моддаи 18 нест. Аммо чунин эътирофнамоӣ набояд ба ҳуқуқҳои дар Паймон муқарраршуда, аз ҷумла дар моддаҳои 18 ва 27 пешбинишуда набояд зарар расонад.

Аз ин нуқтаи назар дар қисмати муқаддимавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодхои динӣ» эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, ягон гуна зиддият ба талаботи озодии виҷдон ва паймонҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкарда надорад. Ҳуқуқи дар танҳоӣ ва ё дастаҷамъӣ пайравӣ намудан аз дин ҳаққи мустақил аст, ки шакли амалӣ гаштани муносибати инсонро ба дин муқаррар мекунад. Дар ин ҷо равшан муайян шудааст, ки онҳо метавонанд аз дин пайравӣ кунанд ва ё накунанд. Яъне онҳо озод буда, ихтиёр доранд дар шакли алоҳида ва ё дастаҷамъона аз дине пайравӣ кунанд ё накунанд. Дастаҷамъона гуфтан ҳуқуқи шахсро барои шомил шудан ба иттиҳодияҳое мефаҳмонад, ки дар паҳнои дине таъсис дода шудааст ва ё берун аз ҷаҳонбинии динӣ қарор доранд. Ҳатто мутобиқи қисми 1 моддаи 28 Конститусия онҳо метавонанд ҳизбҳои характери динӣ ва атеистӣ дошта ташкил кунанд.

Яъне ҳуқуқи пайравӣ кардан ба дину оин дар ҳудуди ҷумҳурӣ озод буда, одамон метавонанд дар танҳоӣ ва ё дар дастаҷамъӣ ин ҳуқуқашонро амалӣ намоянд. Ин муқаррароти Конститутсия муҳимтарин ҳуқуқи инсонро ба озодии виҷдон дар шакли алоҳидагӣ ва ё дастаҷамъӣ таъмин менамояд. Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки зарурати дар якҷоягӣ амалӣ намудани озодии виҷдон ба миён меояд, аз ин сабаб Конститутсия ба шаҳрвандон имконият додааст, ки дар якҷоягӣ эътиқодоти динии худро амалӣ созанд. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар маросим ва расму оинҳои динӣ муқаррар карда шудааст. Мутобиқи он ҳар шахс дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад дар маросим ва расму оинхои динӣ иштирок намояд. Ҳуқуқ доштан яъне имконият доштан аст, вай ба ихтиёри ўст хоҳад ширкат меварзад нахоҳад не.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 маросим - маҷмўи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд. Расму оини динӣ мумкин аст дар шакли анъана ва ҷашнҳои динӣ баромад намояд, ки бо махсусияти динӣ ва такрорёбанда буданашон чунин сифатро касб кардааст. Масалан, маросимҳои азодории динӣ ҷаноза, чил, сол, маросимҳои моҳияти сирф динӣ дошта: намози ҷумъа, мавлудхонӣ ва ғ. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо шасхе ки чунин маросимро барпо мекунад, бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро (аз 12 марти соли 2009) риоя намояд. Дар он ҳолатҳое, ки ҳамчун иштирокчӣ ширкат меварзад, дар маъракаҳои даъватӣ тавассути иродаи соҳиби маросим дар ҳолатҳои дигар озодона ин ҳуқуқро пайдо мекунад.

Кафолатҳои риояи ин ҳуқуқ ва роҳҳои амалӣ гаштани он, қабл аз ҳама мутобиқи моддаи 10 Конститутсия таъмин шуда, тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ дастгирӣ карда мешавад. Мутобиқи моддаи 34 қонуни номбаршуда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур гунаҳкоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар баробари ин, дар моддаи 157 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои вайрон намудани озодии виҷдон пешбинӣ карда мешавад. Ҷавобгарӣ дар сурате татбиқ карда мешавад, ки агар ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ монеаҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ пайдо карда шаванд.

Дар маънидодкунии ин меъёр муҳим он аст, ки таъмини ҳуқуқи озодии виҷдон ва эътиқод ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифи манфиати умум ва ҳуқуқу озодиҳои дигарон намебошад. Масалан, ҷараёнҳои номатлуби навбаромад, ки аз хориҷи кишвар дастгирӣ меёбанд, ба раванди мўътадили диндории мардум таъсири манфӣ расонида, амалишавии озодии виҷдони дигаронро поймол мекунад. Дар баробари ин худи усули паҳн намудани ин ҷараёнҳои нав бо роҳи дастгирии молию пулӣ ва сўистифода намудани сатҳи пасти камбизоатии аҳолӣ мутлақан зидди талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда буда, чунин таблиғ ва усул ба тавассути меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ- давлатӣ ва байналмилалӣ манъ шудааст. Аз ин сабаб, мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Конститутсия зарурати маҳдуд намудани амали ҷараёнҳои навбаромади динӣ пайдо мегардад. Дар чунин сурат мақомоти назоратӣ ва ҳам шаҳрвандоне, ки шакли ифодаёбии эътиқодоти динии онҳо поймол мешавад, ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти дахлдорро пайдо мекунанд.

Маълум аст, ки онҳое, ки ба таблиғи ҷараёни нав машғуланд ба талаботи ҳамин меъёр такя намуда, даъво бар он доранд, ки онҳо тибқи Конститутсия муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян менамоянд, касе ҳаққи онҳоро маҳкум кардан надорад. Албатта, онҳо дар сурате ҳаққанд, ки ин муайян барои намудани муносибат ба озодии эътиқоди дигарон монеъ нашавад, зарар нарасонад ва ё диндории дигаронро халалдор накунад. Дигар ин ки бояд таблиғ ва васеъшудани фаъолияти онҳо ба усулҳои ғайриахлоқӣ ва эътиқодӣ такя накунад.

Моро мебояд, ки лаҳзае аз ёди ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ба пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста аст. Мо ба якдигар бовар мекунем, дар симои якдигар дўст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро мебинем. Ваъда медиҳем, ки ба хусумат ва дубора авҷ гирифтани мухолифат роҳ намедиҳем.

Аҳмадзода Дилнозаи Даврон, омӯзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Мулоҳизаҳо оид ба масъалаи баҳсу мунозираҳо оиди ҲНИТ

 Абўҳанифа шахсияти дорои тафаккури қавӣ ва ҷолибе буд, ки ҳамчун шогирди саҳоба ва тобеин дар таҳкими илми калому усули ислом, фиқҳу сиёсат ва ахлоқ андешаҳои ҷолиб ва ғояҳои бунёдӣ пешкаш намуд. Агар ба умқи андешаи Абўҳанифа рўй оварем, хоҳем дарёфт, ки доираи маълумоту дониш ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии вай хеле васеъ буда, таълифоти ў маҷмўае аз хазоини ҳикмати башарӣ, гавҳари фалсафаию равонӣ ва ахлоқию рўҳонӣ мебошад.

Абўҳанифа соҳиби истеъдоди олӣ буда, ҳакимест, ки дар осори хеш бо намояндагони мактабу равияҳои мухталифи илмиву сиёсӣ ва фирқаву мазоҳиби исломиву ғайриисломӣ баҳсҳо намудааст. Вай дар осору таълифоташ ба хотири дифоъ аз қонун, волоияти он, суботу оромии ҷомеа андешаву мулоҳизоти асҳоби ақл ва арбоби нақл, ақидаи аҳли ҷабария, қадария, мўътазилия ва соири фирқаҳои даврони хешро хостааст ҳамоҳанг созад. Абўҳанифа фақеҳи равшанфикре, ки тавонист дар ҳалли масоили ихтилофангез нақл ва ақлро бо ҳам ошно созад ва аввалин шахсоне буд, ки дар фарҳангӣ исломӣ тавозуни ақл ва нақлро ба вуҷуд овард.

Таҳлили осор ва андешаҳои каломӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва ахлоқии Абўҳанифа аз он шаҳодат медиҳад, ки вай равшантарин намунаи инсони комил, олими бузург, мутафаккири шаҳир ва нобиғаи нотакроре буд, ки дар халифати наҳзати ислоҳгароиро бо қудрати тавонояш пеш бурда, тавассути таълимоти инсонпарварӣ ва наҷотбахшаш дар масири таърих миллионҳо мардумони сайёраро новобаста аз наҷоду миллат бо ҳам дўст ва ҳамфикр сохт. Қадрдонӣ аз ин фарзанди бузурги тоҷик, шинохти миллат, обрў ва нуфузи вайро дар саросари ҷаҳон баланд хоҳад бардошт. Гузаштаи пурифтихор, ҳикмати амалӣ ва амалкардаи сиёсии Имоми Аъзам далели садоқат ба миллати худ ва замонати бақову иқтидори мо ҳаст. Миллати худогоҳ ва бедор ҳаргиз нахоҳад мурд ва тавре, ки Президенти мамлакатамон таъкид сохтанд, омўзишу таҳлили фалсафии афкору осори Имоми Аъзам ва дигар бузургони гузаштаи мо шинохти миллат ва тақозои замони имрўз буда, «зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ў, ки паҳлўҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ раҳнамоӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ дорад. бо баҳрабардорӣ аз онҳо дар сулҳу салоҳ бо намояндагони дигар дину мазҳабҳо зистан аз рисолатҳои мусулмонии мост».

Инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат бо маром рафта истодааст. Дар Паёми (23.01.2015) худ Президенти мамлакат барои солҳои минбаъда барои тараққӣ кардани иқтисодиёту иҷтимоиёт як нақша ва вазифаҳоро пешниҳод кард, ки инро аз ҳама онҳо беҳтар аз ҳама медонад. Дар ин бора Президенти мамлакат чунин таъкид мекунад: «Ин вазифа аз xумлаи масъала[ои му[имест, ки дар навбати аввал рушди бомароми иrтисоди миллb бо ро[и баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатb тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ аз он вобаста аст».

Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.

Одамон (хоҳ яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст) метавонанд бо ин ё он тарз ифротгар ва террорист бошанд, вале дар ҳеч ҳолат ин баёнгари он нест, ки масулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, ки нисбат дода шавад, онҳо пайравӣ мекунанд, Ҳақ ба ҷониби Муҳаммад Иқбол аст, ки гуфта буд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе одамон ва ҳаракатҳо ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст мезанад.

Омили асосии пайдоиши фикру андешаҳои гуногуни ҲНИТ ва аъзоёни он ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳо ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигаро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ба мисли «Ҳизб -ут таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мань шудаанд, метавонанд на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд. Барои пешгирӣ кардани ин нофаҳмиҳо манбаҳои моли ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳои динӣ муайян кардан зарур аст

Дар ин ҷо бояд фикр кард, ки гўё бекорӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, маърифат омили асосии пайдоиши норозигӣ ҳастанд, пурра розӣ шудан нашояд. Шояд омилҳои номбурда, то дараҷае ба зуҳури терроризм, ифратгароӣ мусоидат намояд, аммо онҳо наметавонанд сабаби асосии пайдоиши ин зуҳурот бошанд. Баръакс, решаҳои пайдоиши фикру андешаҳои танқидӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо аксар вақт ба эътибор гирифта намешаванд. Масъалаҳои асосии Шарқи Наздик, Исроил, Фаластин, Афғонистон, Сурия, Покистон, ки то ҳоло ҳал нашудаанд, ба зуҳури ифратгароӣ мусоидат менамоянд.

ҲНИТ ва аъзоёни ў ба ҷойи баҳсу мунозираҳои бемаврид ва бемазмун бо корҳои хайр, корҳои амалӣ, ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои нав барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул мешуд, ба дигарон ҳамчун намуна буд. Онҳо истифода аз афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, динии донишмандони тоҷику форс сатҳи маърифати дунявй ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист, тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни (диншиносон ва илоҳиятшиносон) ҳиссагузор ва фаъол шаванд. Инчунин, онҳо аз рўи исломи сиёсии тоҷик бо зарурияти мутобиқшавӣ бо шароити хоси давлати ягонаи мустақили миллӣ рӯбарӯ буда, дар ҷомеаи миллй, дар фаъолияти худ аз мавқеи мўътадили миллӣ баромад намуда, ҳуҷҷатҳои таъсисиву барномаҳои худро дар ин руҳия такмил диҳанд, барои манфиаати ҷомеа мешуд.

Мусобек Мироватов,
номзади илмҳои педагогика ДДХ ба номи академик Б.Гафуров.

 

 

 

Читать далее

Муқовимат зидди терроризм ва экстремизм

 Дар Тоҷикистон, дар баробари равнақу ривоҷ ёфтани суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд.

Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ғояҳои ин зуҳурот, инчунин, сафарбар гардидани шаҳрвандон ба минтақаҳои Осиёи наздик, ба марказу неруҳои экстремистиву террористӣ, ҳамчун падидаҳои халалдоркунандаи амнияти ҷомеъа маҳсуб меёбанд, ки набояд аҳли ҷомеаи солими кишварро бетараф монад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.

Ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин рӯ, саривақт ошкор ва бартараф карда шудани онҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад. Сабабҳои ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигӣ, низоъву, кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд.

Аз ин рў, тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард.

Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари равияву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию маҳаллӣ бартару болотар мебошанд. Қабл аз ҳама, бояд тамоми афроди ҷомеа равшан ва амиқан дарк намоянд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард, ки оромиву осоиштагии ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.

Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд,вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷавонон аз камтаҷрибагию нофаҳмӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гашта, минбаъд аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, дар ҳайати ин ташкилотҳо фаъолияташонро идома медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки дар эзоҳи як қатор моддаҳои КҶ ҶТ муқаррарот оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гаштани шахси ҷиноят содир карда, пешбинӣ гаштааст. Ин муқаррароти қонун ба аҳолӣ бояд фаҳмонида шавад, то ки нафарони гумроҳ гашта, оиди фаъолияти худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд, ки дигар оқибатҳо пешгирӣ карда шаванд.

Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд.

Раҳматуллоев А.Н. профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Зиндагӣ дар садафи хеш гузар сохтан…

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷанобӣ Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи родмардони Ватан таъкид намуда, чунин фармудаанд: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромўш намешавад». Яъне, инсонҳои комил ва шахсиятҳои асил марг надоранд. Кори неку номи накўяшон эшонро садсолаҳо зиндаву ҷовид нигоҳ медорад.

Читать далее

Корхонаҳои бузург бунёд мегарданд

Тибқи нақша, дар соли 2015 ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми семоҳаи якум дар миқёси вилоят 28 корхонаву коргоҳҳои нав ба фаъолият шурўъ намуданд.

Читать далее

Чароғафрўзи роҳи саодати миллат

(Дар ҳошияи мақолаи Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмади Самеъ “Пешвои миллат”
Ҳанўз дар остонаи охири ҳазораи дуюм, ки як давраи мудҳишу ҳалокатбор барои миллати мо ба ҳисоб меравад, кишвари аз зери асорати мафкуравии Ҳизби коммунистии давлати абарқудрати Шўравӣ озодшуда ба сангарҳо тақсим гардида, ба майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ табдил ёфт.

 Тоҷикон, ки дар ибтидои ин аср бо муборизаҳои ҷонкоҳ ва заҳматҳои сангину сахт барои якпорчагии давлату кишвар мубориза мебурданду то андозае барои амалӣ гардидани ҳадафҳояшон дар ин самт муваффақ гардида буданд, як бори дигар ба чунин мушкилоти таҳаммулнопазир дучор шуданд. Тайи ҷараён гирифтани ҷанги, ба истилоҳ, бародаркуш умеди якпорчагии давлату миллат аз даст мерафт ва ҳар лаҳза хатари аз байн рафтани Тоҷикистон эҳсос мегардид.

Аслан бояд таъкид намуд, ки зикри ин суханҳое, ки шояд мавридҳои зиёд дар ҷаласаву сўҳбатҳои ихтисосӣ рўйи кор омада буданд, дар ин мақола такрор бошад, вале ҳаминро ёдовар шудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон дар оғози ворид шудан ба марҳалаи навин мисли дигар кишварҳои иттифоқ натавонист, ки истиқрору оромии кишвари шўравиро мерос гирад, балки дар чунин вазъият ҳам дучори ҳодисаҳои ҷадиду воқеаҳои ҳалокатбор ҳам шуд ва ба лутфу иноят ва афкори хирадгароёнаву бунёдкорона ниёз пайдо кард. Аз даргузашти фурсатҳои на он қадар зиёди таърихӣ дарёфт намудан мумкин аст, ки зеҳну малакаи сиёсии мо ҳарчанд дар кишвари бениҳоят қудратманди ҷаҳонӣ озодона зиндагонӣ кунем ҳам такмилу ташаккул наёфта будааст.

Мутахассисони соҳа доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур тавассути таълифи рисолаву мақолаҳои алоҳидаи илмӣ ибрози назар намудаанд, вале қайд намудани ин нукта бамаврид аст, ки дар як фазои гирифтори бўҳрони сиёсӣ ба арсаи сиёсат ворид шудану бо вуҷуди дурандешона ҳамин холигоҳро пур намудан, масъулиятеро дар пешорўи насли солҳои навадум гузошта буд ва ин вазифаи таърихӣ аз ҳар як нафар ҷасорату мардонагӣ ва худбохтану худсўзиҳоро талаб менамуд.

Фикр мекунам, ки шахсияти роҳбарони сиёсии ҳар миллат дар вазъияти шакл гирифтани ҳукуматҳояшон нақши бориз мебозад ва дурнамои рушду тавсияи сиёсии ҳамин гуна кишварҳо аз кору пайкорҳои ибтидоии меъморони он вобастагии амиқ дорад ва беҳуда як мақоли тоҷикиро дар ҷомаи бадеият надаровардаанд, ки «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ». Ин андеша аз таҷрибаи ташаккули ҳамин гуна афкори созандаву эҷодкоронаи халқи тоҷик дарак медиҳад.

Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлат интихоб гардиданашон ба марҳалае рост омад, ки ҳамин гуна вазъиятро кишварҳои имрўз тараққинамуда дар остонаи нахустини бунёди давлату кишварашон аз сар гузаронида буданд. Дар чунин шароит ба кору пайкори шахсиятҳои барҷастае, ба мисли чунин фарзандони заҳматкашандаву ояндаофаранда баҳо додан айни матлаб ва посухе ба пайдо шудани ниёзи ҷомеа аст.

Хушбахтона, ҳамин дурахшандагии шахсияти ояндаофару ояндасози фарзанди асили миллатро, ки рисолати муқаддаси ормониаш саропо дар фитрату вуҷудаш бо як нерўи бузургу амиқи инсонӣ таҷаллӣ менамояд, донишманди фарзонаи тоҷик, академик Носирҷон Салимӣ ба мушоҳида гирифта, бо назардошти нақши сарнавиштсозашон дар анҷоми як вазифаи муҳими таърихӣ бо ҷасоратмандиву ояндабиниаш лоиқи ҷойгоҳи амиқу муҳим медонад, ки он як омили ваҳдатофару саодатовар аст.

Чеҳраҳои сиёсӣ дар эҷоди як давлати мутамаддин вазифаи як ҳунарманди саҳнаи ҳунару сиёсатро адо менамояд ва метавон гуфт, ки фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии афкори сулҳгароёнаву инсонпарастонаи намояндагони адабиёти тоҷику форс аст, ки дар пероҳани кишварсозиву кишварофаринӣ таҷассум гардидааст. Дар ин раванд метавон хидматҳои мунири ин шахсияти миллиро ба ду ҷанбаи муҳим тақсим намуд, ки ҳардуи он ба фаъолияти сиёсии ў рабт мегирад.

Якум, бояд таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари овардани сулҳу субот ва таъмини якпорчагии кишвар вазифаи худро маҳдуд ба ҳамин ҷанбаъ накарда, ба бозхонии саҳифаҳои дурахшони таърихи халқ мепардозанд ва натиҷаи чунин заҳматҳояшон нашри чандин асарҳои арзишманди таърихӣ мебошад, ки он ҳам мўҷиби пайдо шудани заминаи мустаҳками рушди илмҳои таърих дар марҳалаи муҳими таърихии кишвар мебошад. Сурат гирифтани ҳамин гуна тарҷумаҳо бо чандин забонҳои хориҷӣ боиси боз ҳам домана пайдо кардани ошноии халқиятҳои гуногуни олам дар оғозгоҳи ҳазораи сеюм шуд, ки тавзеҳи ин матлаб ҷойи баҳси алоҳида мебошад.

Дуюм, масъалае, ки мўҷиби шиносоии тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, дар доираи одобу ахлоқи шарқиёна ба роҳ мондани муносибатҳои дипломативу байналхалқии кишвар ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Ин омил сабаби ба ёдгориҳои таърихии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО пазируфта гардидани чандин ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик шуд. Мо доир ба ин масъала ба таври густарда маълумот доданӣ нес-тем ва ин ҷо танҳо ҳаминро қайд намудан бамаврид аст, ки бо як шукўҳу ифтихор пешвоз гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз қабили 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, 1000-солагии Давлати Сомониён халқи тоҷикро ба сифати як миллати тамаддунофару фарҳанггустар муаррифӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазъият ҳамчун афрўзандаи роҳи тираву торикшудаи халқи тоҷик дар солҳои навадуми асри гузашта буд. Ба ростӣ, чанд сол қабл аз як гузориши Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаи телевизионӣ хабари хуши паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон расид ва, албатта, метавон гуфт, ки ин муждаи на ин ки фаъол шудани нерўҳои дохилии истеҳсолоти мол дар кишвар аст, балки ин иттилои музаффарият ва бурдбориву пешравии иқтисодии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон аз лиҳози стратегия ва ҷойгиршавӣ ҳам мавқеи яке аз кишварҳои калидии Осиёи Миёнаро ишғол мекунад ва чандин маротиба аз забони Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додани таъбири «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» худ баёнгари он аст, ки чӣ гуна як сиёсатмадор аз огоҳиҳову мавқеъгириҳои кишварҳои дигар қаробат зоҳир мекунад ва дар баробари ин аз арзишҳои марзиву ҳудудии кишвар алоқа пайдо мекунад. Ҳамин нигоҳи дурбинонаву мўшикофонаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар муддати на чандон зиёди таърихӣ кишвари Тоҷи кистон ба як марҳалаи рушд ворид гардад ва дар роҳи бунёди нақбҳову ба даст овардани истиқлолияти коммуникатсионӣ муваффақ гардад.

Муаллифони мақола роҷеъ ба ин масъала мулоҳизаронӣ намуда, дастовардҳои Тоҷикистонро дар ҷодаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ба таври муфассал бозгў кардаанд. Ба ин масъала бевосита таваҷҷўҳ намудани зиёиён ҳам нишонаи ҳамовозиву дастгирӣ пайдо кардани сиёсати коммуникатсионии Сарвари миллат мебошад, ки он таҷассумгари яке аз хусусиятҳои дурандешонаи як пешвои дурбину оянданигар мебошад. Аз ин вазифаҳои анҷомёфта дарёфтан мушкил нест, ки бар дўши Сарвари кишвар масъулияте гузошта шуда буд, ки он имрўз мавқеи роҳбариашонро ба сурат гирифтани ҳамин гуна корҳои роҳбарӣ маҳдуд гардонад, балки масъулияти нафароне чун Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ба сифати масъулияти шахси ҳидоятгар зоҳир мегардад.

Ин вазифаро касе метавонад, анҷом диҳад, ки корсозиҳояш шабоҳат ба ҳамин гуна корҳо дошта бошад. Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пешвои миллат қадршиносии саривақтии хидматҳои арзандаи нафароне аст, ки саҳми назаррасашонро дар таърихи навини миллат бевосита гузошта ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, иқдоми муаллифони мақолаи «Пешвои миллат» саривақтӣ буда, аз дарки воқеияти таърихӣ ва шинохти қадру манзалати чеҳраи тобноки сиёсати ҷаҳони муосир паём мерасонад ва бояд ин мояи ифтихори тамоми тоҷикон ва тоҷикистониён бошад.

Ромиз АБДУЛЛОЕВ,
номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДх ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

17 April 2015

Дин ва ифротгароӣ

Асоси калидии маънавиёт ва ахлоrи инсонро зиёда аз 1700 пеш аз зу[ури дини мубини ислом, пайuамбари оини зардуштb  Зардушти Испитамон дар маф[уми «аша»-ростb ва «дуруx»-дурeu, ки бар пояи «дайна»-виxдон устувор аст муайян намуда, асоси ахлоrии адени баъди зардуштиро дар ва[дати афкору гуфтору кирдор муста[кам намудааст. Чb тавре, ки олими варзида ва диншиноси маъруфи тоxик Шерзод Абдуллозода дар китоби худ  «Диншиносb» овардааст: зардушт таълим меди[ад, ки инсон чун аз озодии ирода бархурдор аст, метавонад [ам му[арриб (вайронкунанда) бошад ва [ам ободкунанда. Одамb байни  модда ва ру[, некb ва бадb, фано ва xовидонb, зулмат ва нур вокеъ шуда  ва  метавонад он чиро, ки дилхо[и eст, интихоб кунад. Агар e фазилатро интихоб кард, бояд дорои андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори бошад. Ба ро[и бад рафтан  тан[о дар даст задан ба кори зишт нест, балки [атто бо ро[ додани андеша[ои бад дар зе[ни худ мо метавонем муртакиби кори  бад бишавем.

Маълум аст, ки дини мубини ислом аз ин гуна андеша[ои ахлоrb ва инсонпарварона холb  нест. Зиёда аз он а[кому аrоид, ахлоr ва фалсафаи исломи меъёри муайянкунандаи тарбияи маънавb ва ахлоrии инсон ва ташаккули xомеаи комил мебошанд.

Дини ислом ба [аёти иxтимоb ва фар[ангии мардумони Осиёи Миёна пурра ва бебозгашт ворид гардида аст, ки раият аз он дилпуру сипосгузор аз каромати офаридгор мебошанд.

Вале чb тавре, ки аз восита[ои ахбори умум маълум гардид ба номи ислом пайвастани куштору хунрези[ое, ки rариб [амарeза аз xониби rувва[ои ифротгаро бо супориши [оxигони хориxии он[о дар Покистон, Ироr, Шом, Сурия, Яман содир карда мешавад ба ягон а[кому ахлоrи исломb  ва [адис[ои пайuамбари ислом Му[аммад (с) мувофиrат намекунад, хусусан воrеаи 14.12.2014-и дар ша[ри Пешовари Покистон ва[шиёна ба rатл расонида шудани 140 нафар кeдаки маъсуму бегуно[, (гeё ба маrсади аз [укуматдорони Покистон, rувва[ои зидди толибон rасд гирифтанд) ба амал бароварда шуд, кулли мардумони озодаандеш, инсонпарвар  ва со[ибтамаддуни дунёро бетараф гузошта наметавонад. Гарчb дар rуръони карим гуфта шудааст: «Ло икро[а фид-диr» (дар дин зури даркор нест). Ба андешаи мо ин воrеаи 3-юм аст дар таърихи инсоният баъд аз фашистони Олмонb, ки [азор[о кeдакони хурдсолро аввал [амчун донор истифода бурда, баъди аз мадор рафтан дар печ[ои крематория месeзонданд ё кирдори бера[монаи  Темури Ланг, ки дар яке аз ша[р[ои Осиёи Сагир аз болои сад[о кeдакони ширхор ароба[ои пурборро сар дода буд, монданb надоранд. Аxри ифротгароиро насли калонсоли Тоxикистон дар сол[ои xанги тамилии сол[ои 90-уми rарни ХХ, ки дар асл ин фоxиаи миллb кори дасти он[о буд, чуrур бояд дарк карда бошанд. Зеро яке аз сабаб[ои ин xанги бародаркуш ба xахолат, хурофот  ва таассуб дода шудани мардуми он ва ма[алгароиву курсипарастии rисме аз зиёиёни бофар[анг ва рў[ониёни оrилмартаба буд. Дар сол[ои 90-ум rарни гузашта ифротгароён  ба маrсади нопоки худ расидан тамоми усулу восита[ои тундрав, радикализм,  зурb, аз он xумла терроризмро истифода бурда фарзандони бе[тарини миллати тоxик-прокурори кулли xум[урb Нурулло {увайдуллоев, академик М.Осимb, депутат[ои Шeрои Олb Муродали Шерализода, Моёншо[ Назаршоев, олимони маш[ури со[аи тиб Юсуфxон Исоrb, Мин[оx Uуломов, хабарнигори барxаста Му[иддин Олимпур ва дигаронро ба rатл расонданд.

Ифратгароb дар зери ниrоби дин сабабгори бенизомию бетартибии xомеа, бадандешb, кинаю адовати байни одамон гардида барои рушди иrтисодb, иxтимои, фар[ангb, устувории вазъи сиёсати xомеа монеа[ои зиёда эxод мекунад. Сади ро[и ташаккули [исси ватандустb, ифтихори миллb, худого[и ва худшиносии миллb мегардад.  Дар шуури мардум нисбати давлат ва низоми сиёсии xомеа [исси бегонагb, бетарафb  ва бадбинb xойгирb мекунад.

Н.Авазматов,

 устоди Донишкадаи иrтисод ва

савдои  ДДТТ 

   

 

Читать далее