April 2015

21 April 2015

Шахсияти таърихӣ

 Дар таърихи халқу миллатҳои мухталифи олам шахсиятҳои фавқулодда бузурге қарор доранд, ки дар таъмини сулҳу субот, рафоҳияти мардум ва пешрафту шукуфоии кишварҳояшон хидмати таърихие ба ҷо оварда, эътибору нуфузи давлат ва ватани маҳбубашонро дар соири мамолики Шарқ Ғарб интишор додаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсиятҳои бузурги таърихӣ мебошанд, ки дар давраи басо мураккабу сарнавиштсоз ба сари қудрат омада, давлат ва миллати хешро ба туфайли ақли даррок, хиради азалӣ ва ҷонбозиҳояшон аз вартаи нобудиву ҳалокат наҷот доданд ва дар зарфи 23 соли роҳбарии хирадмандонаашон Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид, орому осоишта ва пешрафтаву мутараққӣ мубаддал сохтанд.

Хидматҳои таърихии Ҷаноби Олӣ дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шуда, боиси таълиф шудани даҳҳо китобҳо, садҳо мақолаҳо ва шеъру достонҳо гардидааст. Мардуми касбу кори гуногун дар сўҳбату мулоқотҳо бо Ҷаноби Олӣ ва тавассути матбуот меҳру самимият ва ихлосу эътиқоди хешро нисбат ба эшон ва сиёсати оқилонаву созандаашон бо камоли қаноатмандӣ иброз медоранд, шукри даврони озодиву истиқлолият мекунанд ва аз дастовардҳои таърихии кишвар ва ободии диёрамон, ки ба шарофати ин сарвари фарзонаамон имконпазир гардидааст, меболанду мефахранд.

Ман аввали моҳи феврали соли равон ҳини омода намудани мақола ба муносибати 70 – солагии собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Сайдулло Абдуллоев китоби азимҳаҷми эшон “Президент Эмомалӣ Раҳмонов” – ро, ки ҳанўз соли 2000 дар Москва ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфта буд, бори дигар батааннӣ мутолиа кардам ва ба андеша рафтам, ки Ҷаноби Олӣ, барҳақ, раҳбару раҳнамо ва пешвои миллати мо мебошанд. Бинобар ин, дар он мақолаам, ки бо номи “Дилбанди мардум буд...” дар рўзномаи “Ҳақиқати Суғд” ба табъ расид, чунин овардам: “Устод Сайдулло Абдуллоев на танҳо дар тадқиқу таъини мақоми таърихии Давлати Сомониён бағоят заҳмат кашидаанд, балки дар омўзиши фаъолияти густардаву серпаҳлўи вориси номбардори ин давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ саҳм гирифтаанд. Китоби пурмўҳтавои “Президент Эмомалӣ Раҳмонов: дирўз, имрўз ва истиқболи Тоҷикистон” (бо ҳамқаламии Атохон Сайфуллоев), ки гунаи такмилёфтаи он таҳти унвони “Президент Эмомалӣ Раҳмонов” соли 2000 дар Москав ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бо сифати аъло нашр гардид, роҳи мураккабу пурпечутоб, вале пурифтихори сарвари кишварро дар ҷодаи истеҳкому бақои давлати навини тоҷикон хело амиқ ва басо муассир инъикос мекунад. Дар ин асари мўҳташаму пурарзиш хидмат ва нақши таърихии Ҷаноби Олӣ дар эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, дар пешрафту шукуфоии кишвар ва таҳкими обрўву нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври муфассалу мўътамад зеби рақам гардида, чеҳраи сиёсии ў чун эъмори сулҳу ваҳдат ва пешвои номвари миллат равшан падид омадааст” (Ҳақиқати Суғд, № 39, 31 марти соли 2015).

Неъматҷон Файзуллоев –
доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Эътирофи хизматҳои Президенти Ҷумхурии Точикистон дар хориҷи кишвар

 Ҷумхурии сохибистиқлоли Точикистон дар зарфи 23 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири таърихӣ соҳиб гашт, ки ҳамаи ин комёбиҳо тавассути рохбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Хизматҳои софдилона ва фидокоронаи Сарвари давлат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо ва густариши чомеаи умумибашарӣ у ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумичаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ мушарраф гаштааст. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат Сарвари давлат сазовори ҷоизаи Олӣ медали тиллоии «Барои сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» - и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид.

Ҳамзамон, Чаноби Оли мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун барои хизматҳояш бо ордени алмосдори «Ситораи сарпараст», ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - и ЮНЕСКО, ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.

Дар охир бояд ҳаминро қайд кард,ки маҳз тавассути талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз фоҷиаи миллӣ – ҷанги шаҳрвандӣ рахоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Шокирҷон Исмоилов
– сармуаллими кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ.

 

 

 

Читать далее

Пешво ва рисолати ӯ дар ҷомеа

 

 

 

Дар замони муосири зудмутағайир дар афкори ҷамъияти масъалаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки муҳокимаи онҳо ба тақдиру ояндаи давлат ва миллат вобаста мебошанд. Чунин ҳолат табиист, зеро дар ҳар зинаи рушди ҷомеа вазифаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо дар раванди эҳтимолияти рушди ҷомеа аҳамияти ҳалкунандаро дорад. Бешакку шубҳа ҳар як шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар тибқи дарку фаҳмиши худ дар ҳаллӣ масоили ба миён омада тибқи имкониятҳои худ баҳри рушду нумӯи ҷомеа ҳиссагузор мегардад.

Аммо саҳифаҳои муборизаҳои таърихӣ баҳри озодӣ ва соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки то он даме, ки ормонҳои сиёсӣ ташаккул наёбад ва муҳимтар аз он бе пешвои сиёсие, ки мардумро аз паси худ бурда, баҳри касб намудани он ормонҳо неруҳои зеҳниии ҷомеаро сарҷамъ намуда, ба онҳо роҳнамои нанамояд, расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ амри муҳол аст. Вобаста ба ин имрӯзҳо зарурияте ба миён омадааст, ки мо ба масъалаи кӣ будани пешво бори дигар назарандозӣ намоем. Бо ин мақсад, мо ба якқатор асарҳои илмӣ, тафсирномаву луғатҳо рӯ овардем. Билохира дар луғатномаи Мухаммадхусайни Бурҳон “Бурҳони қотеъ” дарёфтем: “Пешво – саркарда ва пешрави мардумон бошад; ва ба арабӣ муқтадо ... гӯянд.” (Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Душанбе,1993, с.259.) Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷо вожаи “муқтадо” ба маънои аввал, сараввал ва пешбар омадааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, пешво он шахсест, ки равандҳои эҳтимолии рушди ҷомеаро нисбат ба дигарон амиқтар дарк намуда, онҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои навӣ зиндагӣ аз паси худ бурда тавонад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар рӯзномаҳо ва сомонаҳои Интернет андешаҳо баён мегарданд, ки оё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешвои тоҷикон номидан ҷоиз аст? Ба андешаи мо, имрӯз Эмомали Раҳмонро нафақат пешвои миллати тоҷик аст, балки пешвои тоҷикони ҷаҳон гӯем, хато намекунем. Зеро баъди ҳазорсолаҳои сукути давлати Сомониён, муборизаҳои шадидӣ мафкуравӣ, хусусан баъд аз Инқилоби Октябр, имрӯз ҷаҳониён миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро маҳз дар натиҷаи сиёсати пеш гирифтаи ӯ, шинохтанд. Ҳеҷ шубҳае нест, ки ин пеш аз ҳама хизмати шоиста ва беҳамтои Президенти мамлакат, ҷанобли олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мову шумо аз фарози қарни 21 бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, тавре Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, истиқлолияти давлати мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Аз мағз андар мағзи осори безаволи Одамушшуаро Рўдакиву Фирдавсӣ, ғазалҳои оламгири Ҳофизу Саъдӣ, ғазалҳои дар ғарибӣ сурудаи Камоли Хуҷандӣ, фалсафаи Форобию Ибни Сино, Аҳмади Дониш руҳияи истиқлолхоҳӣ меояд. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абўмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият мебошад.

Бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст, ки муборизаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъд Президент Тоҷикистон баҳри сулҳу ваҳдати тоҷикон идомаи ҳамон муборизаҳо мебошад. Аз ин рў, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо,ки тўли ҳазорсолаҳо идома меёфта, дар ибтидои асри ХХ дар фаъолияти иҷтимоиву сиёсии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомали Раҳмон шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Солҳои 90 – уми асри ХХ давлати тоҷик дар лаби ҷарӣ нестшавӣ қарор дошт, бадхоҳони миллат дар ибтидои соҳибистиқлолиамон тавонистанд моро каме гумроҳ намоянд.

Барои мо, тоҷикистониён, мояи ифтихор аст, ки мақсади қувваҳои аҳримании миллаткушро бо тезӣ дарк намуда,дар як муддати кўтоҳ, аз ҷанги хонумонсўзи бародаркуш даст раҳо намуда, ба роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам гузоштем. Дар ин ҷо хизматҳои фарзанди сарсупоридаи миллат, Раиси ҳамонвақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти имрўзаи кишвар, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамто мебошад. Ў хастии худро ба тавозуни таърих гузошта, аз Хосдеҳи Афғонистон то ба Маскав масофаеро тай намуд, ки ин роҳи дар як вақт ҳам пурхатар, ва ҳам роҳи наҷоти точикистониён ба сулҳу осоиш ва Вахдати миллӣ буд. Маҳз сиёсати сулҳофарин ва Ваҳдати милли Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол имконият дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳеро тай намояд, ки он шояд ба садсолаҳо баробар бошад.

Илми таърих собит месозад, ки ягон халқу миллат нест, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар чунин муддати кўтоҳ аз он бурун омада, сиёсати сулҳофаринӣ ва бунёдкоронаро пеша карда бошад. Барои исботи ин фикр ба мо дур рафтан зарур нест. Ҷанги хонумонсўзи Афғонистони ҳамсоя, вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар Ироқ, ҳодисаҳои сиёсие, ки моҳҳои охир дар як қатор давлатҳои Арабу Африқо ва Украина ба вуқуъ пайвастанд, исботи фикри боло мебошанд.

Дар ҳошияи андешарониҳо оид ба мафҳуми “пешвои миллат” боз як далелро аз таърихи навини Тоҷикистон қайд намудан ҷоиз аст, ки худ аз пешвогии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон далолат медиҳад. Мардуми Суғдзамин бо ифтихор гуфта метавонанд, ки оғози сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, махз дар ҳамин ҷой, аниқтараш аз қасри овозадори Арбоб оғоз ёфтааст. Баъди интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ яке аз иштирокчиёни кўҳансоли Иҷлосияи ХУI – ум ба назди ў омада чунин гуфт: «Писарам! Умеди тамоми Тоҷикистон ба Шумост! Шуморо мо дар давраи мушкилу сарнавиштсоз роҳбари мамлакат интихоб намудем. Дили ҳамаи мо гувоҳ бар он аст, ки пои қадами шумо файзбор меояд». Ва дар ҷавоб роҳбари ҷавон гуфт: «Падар, як роҳ моро ба мурод мерасонад. Ин сулҳу салоҳ аст». Ва дар муроҷиати аввалинаш ба мардум гуфт: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва ў ин сулҳро ба халқи худ эҳдо намуд.

Ҳамин тариқ, сиёсати истиқлолхоҳона ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он пешвои тоҷикон, Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон меистод, ҷомаи амал пӯшида, рӯз аз рӯз густариш меёбад. Миллати тоҷик бо чунин сарвари хирадманди худ метавонад аз имтиҳону мушкилот ва ихтилофотҳои замони пурталотуми сиёсӣ сарбаландона берун ояд.Як ҳақиқат мусаллам аст: то он даме, ки тоҷик чунин пешво дораду кайфияти ваҳдатхоҳӣ дорад ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишваре, ҳеҷ миллате қудрати онро зери асорати худ қарор доданро надорад.

Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, бе ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад. Мехостем ин ақида на дар сатҳи шуури муқаррарӣ, балки дар сатҳи илмию назариявӣ ба таври амиқ аз ҷониби ҳар фард дарк ва талқин гардад: ниёзмандиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва баъзан ҳаёти маънавӣ зиёданд, вале истиқлолу ваҳдат ҷаҳонбинии хеле фарох ва арзиши волост, бидуни он ҳалли он ниёзмандиҳову ормонҳо имконнопазир мебошанд. Ин амал хело зарур аст, зеро дар ҳақиқат ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ худшиносии миллӣ бе дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд.

Маҳз бо ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша диққати куллӣ ҷомеа, хоса зиёиёнро ба проблемаи боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ҷалб менамояд. Ба ақидаи Сарвари давлатамон бояд раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шавад, зеро истиқлолият ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки агар ҳар яки мо онро дарк кунем. Ноил шудан ба ба сатҳи баланди худшиносии миллӣ, заҳмати фавқуллодаи зиёди зиёиёни миллатро тақозо мекунад.

Дар охир мехостем боз чанд нуктаро мухтасар баён намоям. Якум, хуб ба ёд дорем ҳангоми баргузории ҳамоиши ҷаҳонӣ, бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа як вакил аз минбар иброз дошт, ки посгузории гузашта, таъриху динро бояд аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯхт. Дуюм, гуфтан лозим аст, дар шароити фаровонии зиндагӣ ва эътидоли ҷомеа ба ҳайси роҳбар фаъолият намудан он қадар машаққат надорад. Вале дар шароити номувозантии ҷомеа, маҳдуд будани имконияти бархурд аз сарватҳо, роҳнамои миллат шудан бисёр сангин аст. Боиси ифтихор аст, ки Сардори давлати мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳонҳо бо сарбаланди гузаштааст. Зубдагони сиёсии ҷомеаи ҷаҳони дар шахсияти ӯ роҳнамои миллати тоҷикро эътироф намудаанд. Пас барои чӣ мо ӯро чунин пешвои миллати тоҷик ва куллӣ тоҷикистониён эътироф накунем.

Аминов И.А - доктори илмҳои иқтисод, профессор, ректори ДИС ДДТТ
Солиҷонов Р. - доктори илмҳои фалсафа, ДИС ДДТТ.

 

 

 

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо Чжан Чунсян

Санаи 18-уми апрел Роҳбари Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи мухтори Синзян - Уйғури ин кишвар бо ҳайати расмӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Нахуст ҳайати меҳмонон аз толори навбунёди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки бо тарҳи меъморию кандакорӣ бунёд шудааст, боздид ба амал оварданд.

Читать далее

Масъулиятро кай расад салобати мансаб?!

Ва ё тақдири корхонаҳои истеҳсоли консерв ба ҳиммат ва дилсўзии кадом касон вобаста бошад?
Дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарон мақомоту сохторҳо, корхонаву муассисоти мухталиф бобати фаъолияташон пурсон шуд.

Читать далее

Пайвандгари дилҳо

Зиндагиномаи марди бузургвор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуғанӣ Шамсиев, ки баъди аз ҷанг маъюб шуда баргаштан боз қариб шаст сол ба манфиати ҷомеа меҳнат карда, бо иззату обрўи баланд умр ба сар бурд, намунавӣ ва ибратангез аст.

Читать далее

Раҳбари ваҳдатофарин ва миллатсоз пешвои воқеии миллат аст

 Таърих дар хотирааш ҷойгоҳ ва манзалати шахсиятҳои фаровонеро сабт намудааст, ки бо зоҳир намудани корномаҳои сиёсӣ дар таҳаввулоти замонаҳо аз ҳар нигоҳ нақши муассир гузоштаанд. Агар мо ба гузаштаи миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ин равзана назар афканем, воқеияти ин андеша мусаллам мешавад, ки мақоми шахсиятҳо дар офариниши таърих ва раҳнамоии миллату халқиятҳо ба сўи офаринандагиву созандагӣ хеле бузург ва таъсиргузор будааст.

Агарчӣ сиёсати хонадони Сомониён аз ҳар нигоҳ мавриди эътирофи коршиносон ва пажўҳишгарони сиёсати ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, ин амр пеш аз ҳама вобаста ба ҳузури шахсияти мунири Амир Исмоили Сомонӣ марбут аст, ки имрўз ҳам барои миллати мо ба унвони раҳнамо тақдир мешавад. Бо таваҷҷўҳ ба ин ҷанбаи шинохти шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик мо метавонем бо итминон аз андешаҳои академик Носирҷон Салимӣ ва Холмаҳмади Мавлон дар мавриди эътирофи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони пешвои миллат истиқбол мекунем, зеро агар ба таърихи наздик ба 24 солаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дидаи басират назар афканем, ба рўшани ҳувайдост, ки роҳбари давлат шоистагии хешро дар ин мақом собит намудаанд. Исботи касби ин мақом ба роҳбари давлат ҳеҷ ҳуҷҷату санаде намехоҳад, чун аллакай қаблан ва фикран мардуми кишвар Ҷаноби Олиро ҳамчун пешвои миллат қабул кардаанд.

Мусаллам аст, ки ҳамагуна миллатҳо иборат аз халқият ва аҳолии мухталифи дорои одоб ва суннатҳои гуногун таркиб ёфтаанд ва ҳастиву бақои миллату давлатро танҳо ваҳдати ин мардум ва халқиятҳо метавонад таъмин намояд. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оғози фаъолият дар мақоми роҳбари Тоҷикистони дар гирдоби ҷанг ғарқидаистода бо умеду боварӣ ба нерўи созандаи мардум ва ба хиради азалии миллии тоҷикон ба халқи азизи хеш аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии кишвар ваъдаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ намуданд ва хушбахтона ҳамин неъмати бебаҳоро барои мардуми хеш дар дарозои камтар аз панҷ сол ҳадя карданд. Мардуми тоҷик ҳам бо такя ба хирад ва андешаи ояндасози роҳбари хеш дар атрофи эшон муттаҳид гардида, ин роҳи равшану пайдои пешгирифтаи раҳнамои худро бо сарбаландӣ тай намуданд.

Ба ибораи дигар, аллакай аз ҳамон оғози роҳ халқи тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон аз самими дил чунин пешвову раҳнаморо шинохта, ихтиёри хешро ба дасти ҳамон раҳбари сулҳофарин супорида, роҳи қуллаи муродро бо сарбаландӣ ва умедҳои зиёд тай намуд. Анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, тантанаи сулҳу ваҳдат ва ташкили давлати воқеии Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ, ки аз ҷониби бештар аз 150 кишварҳои олам эътироф гардид, маҳсули хидматҳои ҳамин шахсияти содиқ ба давлату миллати хеш мебошад. Агарчӣ имрўз Тоҷикистон дар як фосилаи кутоҳ соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона гардида, дар анҷумани кишварҳои олам ва харитаи сиёсии ҷаҳони муосир ба ҳукми давлати мустақил сабт гардид, ин дастоварди беназири таърихӣ пеш аз ҳама тавассути расидани мардум ба ваҳдати миллӣ, касби иқтисодиёти пешқадам, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, мустақилияти коммуникатсионӣ ва корномаҳои дигари созанда муяссар шуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин муваффақиятҳо роҳбари оянданигар, миллатсоз ва ваҳдатофарин – Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Миллатсоз гуфтани мо пеш аз ҳама пайванд ба ҳамон андеша дорад, ки воқеан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистону тоҷикон ба вартаи нобудӣ фурў рафта истода буданд ва ин шикастанҳоро ҳузури таърихии сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба хотири дубора сохтани ватан ва миллат даст ба сўи мардум дароз намуда, дар сафи пеш амри ҳидояти мардумро ба дўши худ бигирад.

Боиси ифтихор аст, ки ин манзалати таърихии Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо халқи тоҷик, балки аксари чеҳраҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хоса тоҷикони олам низ ба дурустӣ шинохтаанд ва пазируфта шудани сарвари давлат ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз ин мақом ва ҷойгоҳи баланди эҳтиром дарак медиҳад. Ин анҷумани бонуфузи дорои мақоми ҷаҳонӣ, ки бештар ҳамсол ба истиқлолияти миллии тоҷикон буда, солҳост намояндагони миллати моро аз саросари олам зери парчами ваҳдати миллии хеш сарҷамъ намудаанд, бидуни ин ҳама расмиятҳо аллакай Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пешвои худ пазируфта, мақоми таърихии он касро дар сарнавишти на танҳо тоҷикону тоҷикистониён, балки тоҷикони саросари ҷаҳон арҷгузорӣ кардааст. Пазироии тамоми узви ин Анҷуман аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвари хеш таъкидест, ба эътироф ва бозшиносии ҳаммиллати мо дар саросари ҷаҳон аз эшон чун пешво ва раҳнамои миллат.

Бозсозии низоми иқтисодӣ, барқарории комили харобаҳои баъдиҷангӣ ва расидан ба марҳилаи таҳаввулоти навин дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ба давлат танҳо дар ҳоле муяссар мешавад, ки зимоми раҳнамоии онро пешвои ҳақиқӣ ва ояндабин дар ихтиёр дошта бошад. Ҳамин саодат ва ҳамин комгорӣ барои тоҷикону Тоҷикистон дар як фосилаи кутоҳи таърихӣ муяссар гардид, ки дар саргаҳи раҳнамоиҳои он сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ҳамин гуна пешво қарор доштанд.

Муаллифони мақолаи “Пешвои миллат” академик Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмад Самеъ ба маврид таъкид намудаанд, ки “Шояд пешвоён,чун Эмомалӣ Раҳмон, зарурат ба чунин эътироф надоранд. Аммо миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархурди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд”.

Имрўз, ки мо дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои фикриву сиёсии ҷаҳони муосир қарор дорем, миллати мо воқеан ба эътирофи расмии чунин пешвое, ки аллакай дар қалбҳои мардум ин мақом соҳиб шудаанд, ниёз дорад. Танҳо ҳузури чунин шахсиятҳои таҷрибадида, дар саҳнаи сиёсат озмудашуда ва соҳиби мактаби нерўманди сиёсии хеш, ки ба хиради азалии миллӣ такя мекунад, метавонад роҳи дурусту рушанро бароямон имрўзу фардову фардоҳои дигар нишон диҳад. Ғояҳои дурнигаронаи мактаби сиёсатмадории чунин пешвои сиёсӣ, ки дар андешаҳои ба ақли солим, афкори пешқадами ниёкон, назарияҳои давлатдории миллии таҷассуёфта дар таълимоти давлатмардони гузашта ва сиёсатмадорони пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ такя мекунанд, барномаи фардои зиндагонии шоистаи ҳар яки мо ва наслҳои оянда дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллии мо хоҳад буд.

Анвар МАҚСУДОВ,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Эмомалӣ Раҳмон – сарвари давлат, арбоби сиёсати ҷаҳонӣ ва пешвои миллат

 Чӣ дар замони гузашта ва чӣ дар олами муосир масъалаи пешво ва сарварӣ намудан бо равандҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа диққати аҳли илмро ҷалб менамуд. Онҳо ба масъалаи сарварӣ аз рўи манфиатҳои гурўҳӣ назар намуда, хосиятҳои онро ошкор карданӣ мешаванд, ба моҳият ва вазифаҳои сарварӣ, таъсири мутақобилаи онҳо ба ҳодисаҳои дигари ҷомеа ва махсусан, муносибати сарвар ва сарварӣ ба сохтори ҳокимияти давлатӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Ба масъалаи сарварӣ ҳанўз таърихчиёни атиқа Ҳеродот ва Плутарх рў оварда буданд. Нақши сарварон дар тадқиқоти онҳо мақоми марказиро соҳиб аст. Онҳо ба ҳаёту фаъолияти лашкаркашон, шоҳон ва намояндагони дигари доираҳои ҳукмрон диққати зиёд медоданд. Сарваронро, махсусан лашкаркашонро мадҳу ситоиш намуда, инкишофи ҷомеаро аз фаъолияти онҳо вобаста медонистанд.

Арасту низ ба масъалаи сарварӣ диққати махсус додааст. Ў дар асари машҳураш «Сиёсат» сохтори давлатии мамлакатҳои зиёдеро тавсиф менамояд. Ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо назар намуда, нақши одамони давлатӣ ва ҳарбиро дар мадди аввал мегузорад.

Масъалаи сарварӣ дар Асрҳои миёна ва Замони нав низ диққати мутафаккирони зиёд, аз ҷумла Абунасри Форобӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Низомулмулки Тўсиву Имом Ғазолӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва бисёр дигаронро ба худ ҷалб намудааст.

Баъдтар, дар Замони нав оид ба масъалаи сарварӣ таълимоти мухталиф ташаккул ёфт. Махсусан, назари мутафаккири итолиёвӣ Н.Макиавелли хосияти оригиналӣ дошта, аз таълимоти маъмули замона фарк менамуд. Дар шароити ҳозира рўовариҳо ба таълимоти сарварӣ дар сатҳи гуногун ба амал меояд.

Сарварӣ, ки яке аз воситаҳои муҳимтарини танзими муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, гурўҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, мавриди таҳлил ва тадқиқи соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ қарор гирифтааст. Ба омўзиши масъалаҳои сарварӣ сотсиология, фалсафа, психология, геополитика ва бештар сиёсатшиносӣ машғуланд. Дар онҳо моҳият, вазифаҳо ва хусусиятҳои дигари сарвар ва сарварӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд. Сабабҳои ҳақиқӣ ва бардурўғи рўоварӣ ба сарварӣ ошкор мегардад. Баҳогузорӣ ба сарварӣ на аз рўи эҳсосоти шахсӣ, балки аз рўи меъёрҳои илмӣ сурат мегиранд. Омўзиши ҳамаҷониба ва таҳлили амиқи паҳлўҳои гуногуни сарварӣ имконият медиханд, ки масъалаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ҳалли худро ёбанд, ҳамбастагии онҳо бо сарварии сиёсӣ ва таъсири байниҳамдигарии онҳо ошкор гарданд.

Сабаб чист, ки масоили сарварӣ диққати мутафаккирони соҳаҳои гуногуни илмро ба худ ҷалб мекунад? Бешубҳа, одамон қодиранд ба шароити ҳаёти худ таъсир расонанд ва ҳатто самти инкишофи онҳоро тағйир бидиҳанд. Шахсони зиёде буданд ва ҳастанд, ки ба ҳаёти ҷомеа такони пурзўре додаанд. Бузургии ин гуна одамон дар он аст, ки тавонистанд манфиатҳои умумиро ифода намоянд ва баҳри ҳимояи онҳо кўшишҳои зиёде ба харҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, пешвои худ мехонад.

Дар ин ҷода пешниҳоди олимони мўътабари мо Носирҷон Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар шинохти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллӣ - ин инъикоси эътирофи ҷомеа аст. Зеро имрўз, бидуни иснисно, аҳли ҷомеаи тоҷик барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакатро хидмати бузургтарини пешвои миллии мо эътироф мекунанд.

Шахсияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, хидматҳои таърихии эшон дар таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар, ислоҳоти конститутсионӣ ва эъмори ҳокимияти давлатӣ, барномарезиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳаввулоти маънавӣ, фарҳангӣ ва маърифатии Тоҷикистони навин, пешбурди сиёсати дарҳои кушод дар муносибат ба кишварҳои ҷаҳони муосир ва ғайраҳо эҳтиёҷ ба тафсир надоранд.

Ҳамагон дар хотир доранд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бўҳрони шадиде фаро гирифт. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Албатта, барои миллати сохти тафаккураш мураккаб, ки ҳам соҳиби фарҳанги воло асту ҳам сатҳи пасти фарҳанг, ҳам дўстнавоз ҳасту ҳам гиребонгири дўст, бояд маълум мебуд, ки ин ҷанг чӣ маънӣ дорад, чӣ оқибат дорад.

Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад.

Иҷлосияи ХУI -уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби Ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд. Бори аввал дар таърихи халқи тоҷик шахсе ба маснади давлат баромад, ки воқеан миллӣ ва аз миёни халқи заҳматкаш буд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқиф буд.

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ў дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи тамоми умри хеш қарор додааст.

Президент хоҳ дар боби сиёсат, хоҳ роҷеъ ба иқтисодиёт, хоҳ оид ба илму фарҳанг изҳори назар бисозад, дар пеши чашмони мо чеҳраи як нафар сиёсатмадори оқилу дурандеш, марди донишманд ва фарҳангӣ падидор мешавад.

Хар суханронӣ, ҳар мулоқот, ҳар амали сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаҳои дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд.

Ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки эътимод ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ дар кулли самтҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ хеле равшан ба назар мерасанд.

Дар таърихи ҷомеа давраҳои хурде ба вуқўъ меоянд, ки аз рўи мазмуну моҳияти худ ба садсолаҳо баробаранд. Аз тавлиди Тоҷикистони нави ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки бо роҳи демократӣ пеш меравад, ҳамагӣ зиёда аз бист сол гузашта бошад ҳам, дар ин муддати кўтоҳ дорои давлати соҳибистиқлол гардидем. Дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозабунёд мебошад ва он дар ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аввалин қадамҳои худро мегузорад, вале ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки ин ҳама навсозиҳо бо дили пур ва камоли бовар сурат мегиранд.

Аз ин нуқтаи назар, истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад ва бунёдгузори он, бешубҳа, пешвои миллат аст.

Оқилова М.
профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Кирдорҳои вахшиёнаи созмонҳои террористии исломӣ

 Дар шароити имрўза ҷаҳонишавӣ имконияти бузурги пешрафт дорад ва дар як вақт ба ҳаёти инсоният хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдату суботи ҷомеа ва воридшавии мафкураҳои бегона дар байни қисме аз мардумони мақсади зиндагии худро дарнаёфта датуру тадбирҳои мушаххас пешниҳод менамояд. Аз ҷумла санаи 23 январи соли 2015 дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва эктрмизм, ҳуруфотпарастиву ифротгароӣ, инчунин масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.»

Имрўзҳо ҷомеаи ҷахониро ҳодисаҳои вайронкории созмонҳои террористӣ, ки ба номи ислом гунаҳкор дониста шуда истодаанд, ба ташвиш овардааст. Ал-қоида бо амалҳои террористии худ дар шаҳри Нию-йорки Амрико бо баҳонаи ҳифзи ҳуқукӣ мусулмонон ба ҷаҳониён бо ҳавопаймо ба биноҳои ҳукуматӣ ва аҳолинишинро мавриди мақсад нигаронида боиси бегуноҳ фавт гардидани садҳо бегуноҳон гардиданд. Онҳо оқибати амалҳои номатлуби худро надонистанд.

Дар баробари ин созмони террористӣ имрўзҳо бисёр мамлакатҳои ҷаҳони исломиро, ки аз сабақи ҷангҳои озодихоҳонаи Афғонистон хулоса набароварданд, ба коми ҷангу нобудшавӣ ва аз байн бурдани садҳо олимону шорону эҷодкорони ҷаҳони оянда гардид, кашида истодаанд.

Ба таҳлили маводҳои дар телевизионҳо ва нуқтаҳои ҳавоии пахшкунандаи ахборотҳои ҷаҳонӣ назар андозем, имрузҳо дар он мамлакатҳои фиремтаи ақидаҳои ҳуруфотпарастии исломи гардида вазъи зиндагии мардум ноором гардида, ҷангу ҷиҳод бо таъсири қувваҳо ва маблағгузорандаҳо ба амал омада, дар ин амалиётҳо бисёр аз фарзандони фирефтаи роҳгумзада, ки аз тарбияи волидайн дур мондаанд, бо мақсади ба даст овардани маблағ оилаҳои худро фиреб намуда, дар амалиётҳои номатлуб иштирок менамоянд, мебинем, ки ҳама на барои исломи аслӣ балки барои манфиатҷуи чунин амалҳоро иҷро менамоянд.

Бингарем имрўз давлатҳои исломӣ гунаҳкори асосии амалиётҳои террористӣ дониста мешаванд. Давлат ва давлатдор гунаҳкор нест. Он манфиатҷуён ки мехоҳанд барои ба амал баровардани мақсадҳои нопоки худ, вазифаҳои давлатиро ба даст оранд, ду-се ҳазор нафарро бо мақсадҳои нопоки худ саргардону овора намуда, худро вориси ислом, гўё дар роҳи ислом нобуд шавед, дар он дунё шаҳидро пурсиш намекунанд, бовар кунонида истифода мебаранд.

Ҳар шахс бояд солимфикр бошад, ақидаи худро дошта бошад ва фирефтаи ақидаҳои бегона нашавад. Назар андозем имрўз ба давлатҳои Сурия, Фаластин, Ироқ, Афғонистон Покистон ва дигар халқияту миллатҳое,ки исломро парастидаанд, барои ба сари ҳокимият омадани ташкилотҳояшон ва ҳизбҳояшон ҷангҳои бародаркушро ба миён гузошта, бародаркушӣ ва хунрезиҳоро боис гардидаанд. Бояд донист, ки ҳамаи давлатҳои дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой дошта баробарҳуқуқанд, бояд манфиатҳои миллии халқи худро ҳимоя кунанд, на барои манфиатҳои шахсӣ одамони бегуноҳро ба коми марғ кашанд.

Аз ин рў ба ҳар фарзанди солимақл лозим аст, ки аз амалиётҳои террористии дар мамлакатҳои исломӣ ба вуқуъ омада, аз вадаҳои ба амал наояндаи сармоягузорон хулосаи зарурӣ бароварда, барои фарзандони худ ва насли оянда ҳаёти озоду оромро дар меҳнат ба нафъи халқ ва миллат донад.

Барои ном баровардан ҳамчун аъзои ташкилоти террористии «Бобохаром» ё Аш-шабоб» ё Ал- қоида ва дигарон ҳамчун шоир, ихтироъкор, олим ва тадқиқотчӣ дар байни мардум ном бароред ва бо амали хайр дар назди аҳли ислом ба забон оранд беҳтарин туҳфаи дини ислом ва пайғамбарону номдорон ба Шумо тўҳфаи охират хоҳад гардид.

Наврӯзов Эҳсон, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Читать далее

"Зан дар чомеа" дар мисоли куштори вахшиёнаи Фархунда-шахрванди Чумхурии исломии Афгонистон

 Дар ҳаққи занон зуровариро раво донистан дар ислом яке аз амалҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Зеро пайщамбари ислом фармудаанд «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Зуровариро бар зидди занон раво донистан ин худ як бесаводист. Барои баланд бардоштани маърифат ва ахлоқи ҷомеа корҳои зиёдеро дар ин самт ба сомон расонидан мебояд. Барои пешгири аз зуроварӣ бояд канораҷӯи накард.

Барои аз байн бурдани чунин мушкилиҳо бояд тамоми ҷавонон зери назорат гирифта шаванд. Барои сохтани ҷомеаи солим бояд оила, ҷомеа ва мактаб саҳми босазои худро гузорад. Агар дар оила фарзанд беназорат намонад, дар мактаб дониши хуб дошта бошад баъдан метавонад баъди хатми мактаб дар байни ҷомеа ҷойгоҳи худро ёбад. Нисбати ҷавондухтарон бошад аҳамияти махсус додан мебояд. Зан дар ҷомеаи имрӯз бояд ҳаматарафа тайёр бошад. Инчунин ҳуқуқҳои худро донистан ва онро истифода намудани занон талаботи замони имрӯз аст.

Рӯзҳои охир дар ҷомеаҳои гуногун нисбати занон бадкирдориҳои мудҳиш рӯй дода истодаанд. Мисоли ин дар Ҷумҳурии исломии Афщонистон куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди 27-солаи ҳамин давлат ҷавондухтари бегуноҳ Фархунда мебошад. + бо туҳмати он ки Қуръонро сузонидааст рӯзи 20-март дар ҷойи ҷамъиятӣ аз тарафи издиҳоми одамон ваҳшиёна ба қатл расид. Ин амали гуруҳе аз шаҳрвандони Афщонистонро, ки дар ин ҳодисаи мудҳиш даст доранд, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ зери тозиёнаи танқид қарор гирифт.

Ин ба мо ҳушдор медиҳад то ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи мутамадин муайян намоем. Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳиссаи арзанда доранд.Оиди ин масъала мисол шуда метавонад таъсиси квотаи Президенти, ки ҷавонондухтарони болаёқати минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ метавонанд баъди хатми мактаб ба муассисаҳои таҳсилоти касби дохил шуда дониши худро баланд бардоранд ва дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза саҳми худро гузоранд. Имрӯз дар муассисаҳои олии кишар 150-ҳазор донишҷуён таҳсили илм доранд, ки аз ин шумора 45 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Айни замон тибқи квотаи Президенти 3 ҳазор нафар духтарон таҳсили илм намуда истодаанд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо бархе аз ҷавондухтарони тоҷик рӯй ба фарҳанги бегона оварда тарзи либоспушиашонро дигар намуданд. Чи хеле, ки таҳлилҳо собит сохтанд сатр намудан, ҳиҷоб кардан ин аз фарҳанги миллати тоҷик нест. Ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ҳуқуқҳои худро донад ва сатҳи дониши сиёсии худро баланд бардоранд, зеро ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст. Чи хеле, ки асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳазорҳо сол муқаддам гуфта буд:

Дониш андар дил чарощи равшан аст,
В-аз ҳама баъд бар танни ту чавшан аст.

Хулоса мо бояд аз чунин кирдорҳои щайриинсонӣ, ки нисбати шахсият раво дида шуд, ибрат гирифта пеши роҳи чунин қонуншиканиҳоро гирем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи Конститутсия (Сарқонун) давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, давлат ягон мафкураи щайрро ҳамчун идеологияи давлатӣ қабул намекунад.

Очилова Дилноза, мудири кафедраи факултети Қуқуқшиносии ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее