April 2015

21 April 2015

Эмомалӣ Раҳмон - пешвои миллат аст

 Дар дунё шахсиятҳои беназиру бетакрор кам нестанд. Ҳар яки онҳо дар ин ё он соҳа аз худ нишоне гузоштаанд. Чунончӣ, Анӯшервони одил бо адолати худ, Исмоили Сомонӣ бо сиёсатмадори беҳтарин буданаш садсолаҳост, ки дар ёду дили халқ зиндаанд ва то ҳол онҳо бо некномӣ ба забон гирифта мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз чунин шахсиятҳои бузург аст, ки бо кору фаъолияти некаш дар таърихи навини халқи тоҷик нақши муассир дорад. Давлати навини тоҷикон аз моҳи сентябри соли 1991 ощоз ёфт. Бо ташаббуси шахсӣ ва саҳми арзишманди Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шуд, пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам гардид, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё карда шуд.

Сарвари муаззами давлатамонро дар арсаи сиёсати дунё чун меъмори сулҳи тоҷикон мешиносанд. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори варзида ва хирадманд тавонист тарафҳои сангаргирифтаро бо ҳам иттифоқ диҳад, пеши роҳи хунрезӣ ва бародаркушии бемаънӣ гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи Исмоили Сомонӣ гузоштан мантиқан дуруст аст, зеро Исмоили Сомонӣ ба аввалин давлатдории тоҷикон асос гузошт ва собит кард, ки тоҷикон ҳам метавонанд соҳибдавлат ва соҳибтоҷ бошанд. Ин давлатдории онҳо наздик сад сол идома ёфт ва бар асари хушунатҳои гуногун аз байн рафт. Пас аз ҳазору сад сол, вақте тақдири халқи тоҷик ҳал мешуд ва ҳамчун давлату миллат боқӣ мондани он зери шубҳа қарор дошт ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад, маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуда, бо хирадмандӣ ва ояндабинии худ пеши роҳи бадхоҳони миллатро гирифт ва сулҳу салоҳ, ваҳдату тинҷӣ дар диёри мо тантана кард.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар дунё назири худро надорад ва бисёр мамлакатҳои ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор аз сулҳи тоҷикон ибрат мегиранд ва онро меомӯзанд.

Яке аз хизматҳои бузурги таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва фарҳанги сулҳофариро пеша кард, бо эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба музокироти сулҳ ташаббус нишон дод. Фармон дар бораи авфи умумиро имзо кард, қатъан баргаштани гурезаҳоро ба Ватан матраҳ сохт ва барои аз хатари нобудӣ наҷот додани Тоҷикистон ва нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ҷонбозиҳо кард. Натиҷаи ин ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳо буд, ки имрӯз дар кишвар амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо дар авҷ аст. Сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат аст.

Аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои таърихиву илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукӯҳ таҷлил гардида, аҳвол ва рӯзгор, инчунин осори гаронбаҳои онҳо мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифт.

Маҳз бо меҳнати шабонарӯзии Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон кишвари азияткашида ва кулфатдидаи мо дар охири асри 20 бо қадамҳои нахустин ва матин нуфузи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор менамояд. Ҳамчунин баъд аз истиқрори сулҳи тоҷикон ҳамкориҳо ва равобити судманди Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар як муддати кӯтоҳ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа сармоя ворид шуд ва сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар гардид.

Вале, он рӯзҳои даҳшатборе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати мо овард, маҳз бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии ин марди ҷасуру ватандӯст ба хотима расид. 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ин ҳуҷҷати муҳими таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд.

Бо шарофати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо имрӯз тинҷу осоишта ва хушбахтона зиндагӣ дорем. Обрӯи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ рӯ ба афзоиш аст. Ҳоло даҳҳо иншоотҳои хурду бузург бо ҳамдастии шарикони боэътимод бунёд мешаванд. Зиндагии халқ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Сатҳи фақр дар солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар кам шуд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Сарвари хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти инкишофро пеш гирифтааст. Он рӯз дур нест, ки мушкилоти мавҷудаи имрӯзаро низ халқи тоҷик дастаҷамъона бартараф намуда, ҳаёти аз ин ҳам беҳтар ва зиндагии боз ҳам хуррамтарро ноил мегардад.

Муаттара Убайдуллоева, омӯзгори ДПДТТ ба номи академик М.Осими

 

 

 

Читать далее

Эмомалӣ Раҳмон –пешвои миллат

Миллати куҳанбунёди тоҷик таърихи беш аз дунимҳазорсола дорад ва дар тӯли мавҷудияти хеш борҳо ба зулму таъқиботи аҷнабиён гирифтор гашта, аз чи қадар сарзаминҳои паҳновари хеш, фарзандони фарзонааш ва фарҳанги бойю рангинаш маҳрум гашт…

Баъд аз таназуллёбии давлати Сомониён танҳо дар даврони шӯравӣозодии нисбӣ ба даст овард, аммо озодӣ ва истиқлолияти ҳақиқӣ танҳо пас аз пош хӯрдани Итиҳоди шӯравӣ ва 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гашт.

Ҳамагон хеле хуб воқифанд, ки солҳои аввалиистиқлолият бо фаъолияти аввали истиқлолият бо фаъолияти ифротгароиёни дохиливу дахолати неруҳои иртиҷоии хориҷӣ меҳани азизи моро ҷанги бемаънии бародаркуш фаро гирифта , ощуштаи хуни бегуноҳон сохт. Қариб буд, ки ба касофати ин бадгуҳарон миллати тоҷик аз байн мерафт, яъне ба Тоҷикистони навбунёди мо хавфи азбайнравӣ таҳдид мекард.

Маҳз дар чунин айёми фоҷиабор , ки аксарият барои халосии ҷони хеш аз майдони сиёсӣ рафтан мехостанд, фарзандаи сарсупурдаи Ватан, далеру шуҷо, оқилу доно Эмомалӣ Раҳмон синаи худро ба тири нохалафон сипар карда , устуворона ба арсаи сиёсат қадам ниҳод ва Тоҷикистони азизу миллати номдори тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ дод.

Чун дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, 19 ноябри соли 1992 бо боварии том Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб карданд, роҳбари ҷавони чиҳилсола бод арки масъулияти баланд, бо камоли шуҷоату ҷавонмардӣ ва боварии комил ба ояндаи неки тоҷикон савганд ёд карда бу:

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин , ҷон нисор мекунам…»

Ман қариб 23- сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати тоҷикон аст ва ин таърихи кутоҳ гувоҳи он гашт, ки дар ҳақиқат ин марди ростқавл аз иҷрои баъдаи хеш сарбаландона баромад, маҳбуби дилҳо ва пешвои миллати мо гардид.

Мардуми зиёди гурезаро аз хоки Афщонистон ба Ватани бобоиямон баргардонд, манзилу корхоанҳои сӯхтаву харобгаштаро обод сохт . Мардум бо талошу ҷонбозиҳои ин роҳбари оқил рӯзҳои гуруснагию хунрезиҳоро паси сар карданд. Заминҳо имрӯз шодобу корам, дар ҳаму шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳо имрӯз хиёбону гулгаштҳо, бощҳо, иншоотҳои фарҳангиву фарощатӣ, биноҳои замонавию баладошёна, мактабҳо, сащирахонаву маъюбхонаҳо, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, беморхонаҳо, масҷиту зиёратгоҳҳо, корхонаҳою фабрикаву заводҳо, қомат афрохтаанд ва боз ҳам ин корҳои созандагиву бунёдкориҳои Ҷаноби олӣ идома ёфта истодааст. Ҳазорҳо киллометир шоҳроҳҳо ва нақбҳои бузург бунёд гардидаанд. Неругоҳҳои барқиву обии хурду бузург сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама аз хизматҳои ин чеҳраи рақами яки сиёсӣ ва дастовардҳои истиқлолият ба шумор меравад.

Аз ҳама дастоварди бузургтаринги Эмомали Раҳмон ин бешубҳа , барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ аст, ки санаи 27- июни соли 1997 бо вуқӯъ пайваст ва сарвари давлат ҳарифони мансабталабро олиҳимматона ба сари мансаб нишонд, ки ин худ аз бузургии дили ӯ шаҳодат медиҳад ва имрӯз ин сулҳи тоҷикон чун намуна дар ҷаҳон мавриди омӯзиш аст.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он ҳам, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон бисёр хизматҳои шоиста кардааст ва борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои олии кишвару кишварҳои ҷаҳон ва байналмиллалӣ мушарраф гардидааст. Масалан яке аз онҳо соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат ҷоизаи олӣ-медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федиратсияи байналмиллалии сулҳ ва ризоият мебошад, ки аввалин маротиба Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои ИДМ барои гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Хуллас, Эмомалӣ Раҳмон на танҳои пешвои миллати мо балки «Пешвои асриXXI» эътироф шудааст, ким о аз ин ифтихор мекунем.

Садриддинов Х. устоди ДДХ ба номи академик Б.Гафуров

 

 

 

Читать далее

Вокуниш Паёме ба «Ҷаҳони андеша» - и Мухаммади Навид

 Чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон , узви ҷомеаи соҳибистиқлол маро баъди мутолиаи ин паёми «ҷаҳони андеша»водор намуд , ки чанде аз фикрҳои худро нисбати ин рӯи сатр биёрам . Мардуми хирадманд ва сулҳдусти Тоҷикистон то ҳол дощи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – уми асри гузаштаро фаромӯш накардааст.

Дар он солҳо воизон ба мисли Муҳаммад Навид дар даст баландгӯяк дар майдони «Шаҳидон» аз номи дини мубини ислом баромад намуда, бо ишораи мо «давлати исломиӣ»- ро бунёд менамоем мардумро ба гумроҳӣ андохта, ҷангро ба миён оварданд, ки оқибати онро ҳеҷ кас фаромӯш накардааст. Мо хуб огоҳем, ки бо дастгири ва хиради баланду сиёсати инсондустонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон моҳи июни соли 1997 сулҳ ба миён омаду, мардум қадамгузори шоҳроҳи осоиштагӣ гардид.

Моро ин ишораҳои Муҳаммад Навид ба тааҷуб меоварад. Агар ин суханҳои ӯро таҳлил намоем, боз ҳамон нидоҳои пардапӯшона… Беҳтар мешуд андешаҳояшонро ба рӯҳияи инсондустиву ватандӯстӣ, илмомӯзиву эҷодкорӣ, бунёдкориву ташаббускорӣ иброз менамуд як роҳнамои хубе мешуд барои мо аҳли наврас ва ҷавонон. Инҷо мехоҳам ин ду байти ин «дилзӯзи ҷомеа»- ро таҳлил намоем.

Талошу ибтикори давлат имруз,
Паи дафъи таъасубу ҷаҳолат
Намедонам, шумо дар чӣ хаёлед?!
Камар бастед бар зидди диёнат.

Андешае ба миён меояд,ки манзури ин навиштаҳои Муҳаммад Навид дар чист?

Наход? имруз сиёсати давлату ҳукумати мо ба муқобили дини ислом равонв карда шуда бошад? Оё ин «ватандӯст» андешае накард,ки дар замони собиқ Шӯравӣ, диндорон таъқиб мешуданд насли наврас калимаи шаҳодатро намедонист, китобҳои динӣ, осори ниёгон нобуд карда мешуданд.Имрӯзҳо сад шукр Худои таъоло мекунем, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба аҳли дин ҳам чи қадар шороитҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Қабл аз истиқлолияти давлатамон дар ҳудуди Тоҷикистон ягон мактаб, мадраса ё донишкадаи исломӣ вуҷуд надошт. Ҳамаи мо шоҳидем, ки имрӯз теъдоди масҷиду мадраса чи қадар зиёданд. Давлат нисбат ба аҳли дин чи гуна щамхориҳову дастгириҳоро зоҳир менамояд.

Мо бояд исломро чунон ба дили мардум таълим ва омӯзонем, ки ҳосили меҳру муҳаббат, адолату шавқат диҳад,зеро ислом динӣ покизагиву инсондустӣ аст, на кинаву адовату қатлу щорату ҷаҳолатро. Мусулмони тоҷик будан шаъну шараф аст аммо шаъну шарафи миллиро поку озода нигоҳ доштан масъулияти бузург аст.

Ба Муҳаммади Навид гуфтанием беҳтар мешуд «Ҷаҳони андеша»- и хешро баҳри хештаншиносву худогоҳии ҷавонони имрӯз баён намояд

Устоди ДКМТ: Саидов А.А

 

 

 

Читать далее

Пешво будан кори саҳл нест

 Чанде муқаддам аз тариқи расонаҳои хабарии мамлакатамон пешниҳоди ҷолибе пахш гардид, ки дар ҷомеаи имрӯза ҷорӣ намудан ва ба расмият даровардани матлаби пешвои миллатро тақозо менамояд. Аллакай вобаста ба ин масъала сару садоҳои зиёд аз тариқи матбуоти чи ҳукуматӣ ва чи мустақил, билхосса, торномаҳои Интернет ба миён омаданд.

Агар як қавми ҷомеа ин пешниҳодро мусбат арзёбӣ намуда, онро бо исботу далелҳои солим ҷонибдорӣ карда бошад, иддае низ садо баланд намуданд, ки чунин матлаб гӯиё ба ҷомеаи демократӣ тавъам ва ё хос нест.

Албатта, хонандаи закӣ аллакай пай бурд, ки ин пешниҳод, як навъ, қадршиносиест марбут ба хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Акнун, модоме ки ҳадаф маълум аст, мехоҳем, ба хонандаҳои нуктасанҷ исбот карда бошем, ки оё оянда як унвони расмии «пешвои миллат» ҳақиқати воқеӣ ва ҳуқуқӣ дорад, ё он, як навъ, усули тозаи қадрнамоии хидматҳои сарвари мамлакат дар радифи таъбирҳои «Ҷаноби Олӣ» ва «муҳтарам» ба шумор меравад.

Пас, ощоз мекунем аз он ки худи мафҳуми калимаи «пешво» чӣ маънӣ касб менамояд. Ин воҷа дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин маънидод шудааст:

«ПЕШВО – раҳнамо, сардор, муршид».
Ва дар зер байти маъруфе аз ҳазрати Низомӣ овардаанд:

Дар ин пеша чун пешвои навӣ,
Куҳанпешагонро макун пайравӣ.

Пас, мафҳуми ҳарсеи ин маъниро шарҳ медиҳем: а) раҳнамо – он кӣ роҳ нишон медиҳад, ҳидояткунанда, ҳодӣ, роҳбар; б) сардор – саркарда, сарвар; в) муршид – иршодкунанда, пир, шайх. Маълум мешавад, ки ҳамаи ин маъниҳо хосият ва сифати инсонҳои заминӣ ҳастанд.

Акнун бармегардем ба сари баҳсҳои марбути мавзӯъ. Аслан пешниҳоди мазкур аз ҷониби академик Носир Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносиботи байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2.04.2015) сурат гирифта, баъд дар торнигори интернетии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пахш шудааст.

Онҳо дар нигоришоташон пешниҳод кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон расман пешвои миллат эълом карда шавад. Эшон нақшу рисолати сарвари феълии Тоҷикистонро дар тӯли таърих маънидод намуда, ҳамрадифи Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад барин пешвоёни муваффақи миллӣ донистаанд ва чунин таъкид намудаанд: “Саргузашти пешвои мо дар ощоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳ аст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Минбаъд 9 апрели соли равон дар худи ҳамин ҳафтанома як гурӯҳ олимон ба ҳайсияти докторҳои илми фалсафа Бобоҷон Самиев ва Рамазон Назриев, номзадҳои илми фалсафа Ҳ. Зикров ва Р. Давлатов бо дастгирӣ аз ин матлаб низ пешниҳод намудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан аст. Аммо, муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо чопи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ном матлаб ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардаанд.

Паҷӯҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо таъкид намудаанд, ки чунин як пешниҳод метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа садди ҷиддие ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқиро зери суол гузорад. “Зеро дар ҳеҷ як кишвари демократӣ, – таъкид намудаанд онҳо, – чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”. Чунин як ақидаро аз зумраи ҳуқуқшиносон Ойниҳол Бобоназарова, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷони Ҳаким низ ҷонибдорӣ карда, ба миён омадан ва дастгирӣ намудани пешниҳоди мазкурро хилофи ҷомеаи демократӣ номидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Носир Салимӣ ва Холмаҳмади Самеъ дар пешниҳоди хеш аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳ дар мамлакат ёдрас гардида, барномаҳои иқтисодии ӯ ва берун баровардани Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бо барномаҳои "Пешомади 2020" дар Малайзия, "Роҳи нав"-и Рузвелт, "Ҷаҳиши бузург"-и Дэн Сяопин, "Барномаи саноатикунонии Сингапур"-и Ли Куан Ю шабеҳ донистаанд.

Вобаста ба ҳамин мо як нуктаро мисол оварданием. Ленинро барои он пешвои пролетарҳои ҷаҳон гуфтаанд, ки вай, воқеан, дар рӯи ҷаҳон давлати наве бо унвони шӯравӣ созмон дод. Дар замони шӯравӣ бошад, Тоҷикистон расман ҷумҳурӣ номида мешуду дар асл давлат надошт. Пас, дар айёми Истиқлолият маҳз бо кӯшишу щайрат ва ибтикороти Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷикон арзи ҳастӣ намуд. Азбаски Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, аксар манотиқи он аз ҳамдигар дур ва дастнорас ҳам буданд. Ва маҳз бо иқдомҳои Сарвари давлат аз даруни кӯҳҳо роҳ кушода, нақбҳо бунёд карда шуданд ва ҳамин тариқ ҷануб бо шимол, шарқ бо щарб имкони равуои осон ва дастрас пайдо намуданд.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон аз байни сарони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ то имрӯз аввалин нафарест, ки рӯ ба асолати миллӣ оварда, дар радифи ташкили тадбирҳои зиёд ному насаби хешро миллӣ гардонд, ки барои чунин ибтикори беамсол ин шахсиятро метавон пешвои миллат хонд. Ва ин иқдом низ ба чӣ гуна муқовиматҳои дохиливу беруна дучор нагардид, вале маҳз шуҷоату ҷасорат ва истодагарии сарвар буд, ки ахиран миёни ақалияти руасову вузаро ва дигар зиёиён гироиш ба ному насаби миллӣ ба расмият даромад.

Мо, мардумон, табиати ба худ хос дорем: ба хидматҳои шахс ҳангоми зиндагиаш кам эътибор медиҳем, вале баъди ба абадият пайвастан чунон эъзоз мекунем, ки ҳатто ҳадду ҳудуд ҳам надорад. Пас, биёед, ба хидматҳои шоиставу арзанда сари вақт баҳо доданро омӯзем, зеро, чуноне ки мегӯянд, пешво будан кори саҳл нест ба он на ҳар кас муваффақ шуда метавонад..

Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН,
устоди ДИС ДДТТ

 

 

 

Читать далее

Пешвои миллат роҳкушои ояндаи чароғони мо

 Дар давоми наздик ба 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоистаи таҳсин ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид.

Худ расидан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрўз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.

Бахусус, дар ҷомеаи имрўза, ки ҷаҳон лабрези ҷангу хушунат ва қатлу куштор дар минтақаҳои мухталиф аст ва ҳамзамон кишварҳои ҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад. Ҷаҳониён ҳатто хостори он ҳастанд, ки имрўз аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат омўзанд, аз ин сулҳе, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои меъмори он Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардид.

Дар самтҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ низ дар давоми солҳои охир мо ба хеле аз дастовардҳои наҷиб ва муҳим сарфароз гардидем, ки ин пеш аз ҳама боз ҳам ҳамоно ба ҳамин сулҳ ва ваҳдати миллӣ такя мекунад. Саросари Тоҷикистони азизи мо имрўз шукуфону нурборон ва чароғон мегардад. Шаҳрвандони кишвар ин шукуфоиву пешрафтро мушоҳида намуда, бо дилбастагиву дилгармии зиёд ҳамарўза пайи ибтикороти нав талош менамоянд.

Ин сиёсати дурнигаронаи роҳбари давлат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ мардумро ба сўи арзишҳои олии инсонӣ ҳидоятгарӣ намудааст. Хоса, аҳли илму маориф имрўз аз сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳар як аз дастур ва раҳнамоиҳои сарвари давлат барои омўзгорону муаллимон номаи ҳидоят ва дурнамои фаъолият ба шумор меравад, зеро имрўз воқеан аҳли маориф қаноатмандӣ аз он доранд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлати Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ба шумор омадааст ва дар ин афзалиятнокӣ дар воқеъ мо шоҳиди беҳтарину олитарин дастовардҳо дар соҳаи маориф гардидем.

Аз ин нигоҳ, мо аҳли маориф, хоса устодону омўзгорони ҷавон қаноатманд аз он ҳастем, ки дар сиёсати сарвари давлат ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз аҳли илму маориф ҷойгоҳи хосае касб намудааст ва ин моро итминон мебахшад, ки ба сўи ояндаи пур аз шукуфоиву нусратҳо дар зери ҳидояти Пешвои миллати хеш равона ҳастем. Вобаста ба ин, пешниҳоди муаллифони мақолаи “Пешвои миллат” устоди арҷманди мо академик Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмади Мавлон саривақтӣ ва шоистаи дастгирӣ аст.

Абдураҳмон Раҳимов,
Номзади илмҳои филологӣ, Сармуаллими кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Сорбон Азизов
Муаллими кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

 

 

 

Читать далее

Шахсияти арзанда ба пешвои миллат

 Дар марҳилаи имрўзаи рушду шукуфоии миллатчашми диққат дўхтан ба воқеияти сиёсиву иҷтимоӣ ва масъалаҳои умдаи он хеле муҳим ва дорои аҳамияти дараҷаи аввал аст. Як нигоҳи шитобзада ба раванди миллисозӣ дар қарни имрўз ба исбот мерасонад, ки то чӣ андоза ҷомеаи тоҷикон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ғаномандӣ ёфтани сатҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳим ва қобили таваҷҷўҳе шарафёб гардид.Ин ибтикори ҷиддӣ ва усулӣ боиси дарёфти нуфузу эътибори давлати Тоҷикистон ва сарвари воломақоми он дар миқёси ҷаҳон гашт.

Дафтари таърих борҳо ин нуктаро ба рўшанӣ собит кардааст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар марҳилаҳои хосаи ташаккул ва такомули фикрии хеш борҳо ва аз дидгоҳи мухталиф рўй ба арзишҳои баланди башарӣ оварда, ба бозсозии ормонҳои ватаниву ҷаҳоншинохтии хеш даст задааст. Агар амиқан ва усулан назар карда шавад, ҳодисаи рўйкард ба чунин арзишҳо ҳамеша дастуре барои барпоӣ ва мондагории саодати миллӣ буданд ва заминаи комилро барои ҳифозат ва растагории таърихии мо фароҳам овардаанд, ки хеле сабақангезанд.

Мо борҳо сари корномаҳои хосаи Ҷаноби Олӣ дар роҳи сохтмони банду басти миллат ва давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани сулҳу суботи комил ва якпорчагии ваҳдати миллат, беҳдошти вазъи сиёсату иҷтимоиёт ва фарҳанг, ривоҷу равнақи тамаддуни имрўзаи миллӣ, сохтмонҳои азими миллӣ, иншоотҳои пуриқтидори саноативу энергетикӣ ва ғайра ба тааммул рафта ва ба натиҷаҳои муҳим расидаем. Ин сифатҳо чеҳраи Ҷаноби Олиро ба сифати шахсияти яккатози майдони сиёсат, иҷтимоиёт ва маънавияти миллат намудор менамояд. Чеҳраи Ҷаноби Олӣ беҳтарин намунаи чеҳраи миллӣ ва олитарин намунаи тоҷикият ба намо меояд.

Таълифоти арзишманди илмӣ-таърихӣ, маҷмўаи суханрониҳо ва гузоришоти муфассал ва мудаллал, довариҳо дар муҳимтарин тадбирҳои сиёсати ҷории кишвар номи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати шахсияти батадбири ҷаҳон нишон дод. Корномаи ин марди пурфутўҳ барномаи комил ва мушаххаси наҷот аз бўҳрони сиёсиву маънавӣ мебошад.

Нуктаи муҳим дар корномаи ин шахсияти арҷманд густаришу тавсиаи ормони милли тоҷикӣаст, ки дар мисоли арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддун ва адабиёти гузашта, рўй овардан ба бузургдошти таърих – таҷлили Сомониён ва Ориён, тадорукоти ҷашни алломагони илму тамаддун Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Мирсаидалии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра, таваҷҷўҳ ба равнақи илму маърифат ва равшангарӣ, ислоҳи раванди мактабу маориф ва даҳҳо дигар чораҷўиҳо аст, ки дар ин замина низ тоҷикон ба андўхтаву фарояндҳои таърихии даврони гузашта такя карда ва аз таҷрибаҳои ғанӣ суд ҷустанд.

Он ҳама хадамоти олие, ки дар заминаи устувор кардани сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг, адабиёт ва мактабу маорифи тоҷикӣаз ҷониби Ҷаноби Олӣ ба сомон мерасад ва ба доираи назару эътибори аҳли давлат ва кишвар гузошта мешавад, сазовори ҳамагуна арҷгузориҳост. Ин ҳама дигаргуниҳои бештар аз бист соли Тоҷикистон ҳаргиз аз дафтари таърих нахоҳад шуста шуд. Ин ба назари мо ҳукми бебозгашти таърих дар марҳилаи имрўзӣаст, ки моҳияти онро бояд бишносем ва ба он аҷру эътиқод намоем.

Аслу ҷавҳари корномаи сиёсии Ҷаноби Олӣ дар он аст, ки миллати дар гузашта арҷманд ва ҷаҳоншинохтаи тоҷик имрўз сари баланд дошта бошад. Мо бояд ба таҷрибаҳои ғанӣ ва равишшиносии созандагӣ дар шароити имрўза нек бохабар бошем. Имрўз ва фардо боз ҳам амиқтар ва пайвастатар бо ҳаводиси рўзмарраи иҷтимоиву сиёсӣҳамоҳанг ва созгор бошем.

Аз ҳақиқати ба чашм намоён ин нукта аст, ки мо тоҷикон бо сарварии раиси хирадпеша ва маънавиятсиришти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меросбари воқеии тамаддуни ориёӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тарзу тариқат ва шеваву усулҳои аслӣ ва созандаи руҷўъ ба гузаштаи воқеан ҳам милливу қавмиямонро ба даст меоварем ва ин пайгирии мо дар раванди зиндагии наслҳои баъдии точик хеле сабақангез ва омўзанда хоҳад буд.

Фикр мекунам, ки маҷмўаи хидматҳои сиёсӣ, раҳбарӣ ба давлати аз ҷониби ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Тоҷикистон дар шароити ҳассос ва муассири ҷаҳон номи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мондагор кард. Аз ин ҷиҳат пешниҳод шудани ин шахсияти барозандаи таърих ба унвони Пешвои миллати тоҷик имрўз наметавонад камтарин шубҳаеро ба вуҷуд биоварад.

Аъзамов Субҳонҷон
(Субҳони Аъзамзод) –номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Каломи раҳнамо- равшангари дилҳо

Мо бояд ватани ҳудро сидқан ва баробари ҷони xеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ба ҷо орем.
Эмомалӣ Раҳмон

Саодатмандтарин миллат дар масири таъриҳ он аст, ки тақдир бар вай фарзандони ҷасуру ҳирадмандро эҳдо намудааст, ки бо афкору кору пайкори сазандаву барозанда меҳани ҳешро ободу миллаташро ҳамчун оҳанрабо дар атрофи ҳуд сарҷамъ месозад. Ҳушбаҳтона, қисмат бар миллати соҳибтамаддуни тоҷик низ ин гуна фарзандро эҳдо бинмудааст, ки пас аз ҳазору сад соли ҳузури бедавлатӣ, бар мардуми кишвари ҳуд саодати беназирро таъмин соҳтааст. Маҳз, фарзанди ҷонфидои миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҳудро аз авҷи ҳузну яъс ва шикастарўҳӣ раҳо баҳшида, пайки наҷотро ато бинмуд ва ҳодиву раҳнамову мубашшири наҷот гардида, дар фурсати камтарин барномаи мубораки миллатсозро бо талошҳои пайгиронаи ҳеш амалӣ намуд ва давлати тоҷикро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт.

Донишманди маъруфи тоҷик ректори Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимов пешниҳод намуданд, ки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон расман пешвои миллат номида шаванд, ки ин пешниҳод боиси дар фарҳанги кишварҳои тозаистиқлолу рушдкунанда падидаи ҷадиду нодир буда, аз тарафи ҷомеаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик хеле мусбӣ арзёбӣ шудааст, зеро миллати тоҷик хидматҳои Сарвари хешро дар тарозуи ақл баркашадаанд ва пешвои ҳақиқии хеш қарор додаанд. Зеро, корномаҳои ҷовидонаи Раиси Ҷумҳур дар тўли ин солҳо ба миллати тоҷик саодати дирўзу имрўзу фардоро таъмин карда, омили пешрафти кишвар гардидааст. Халқи тоҷик аз рўи эҳтиром ва меҳре, ки нисбат ба сарвари ҳеш дорад, Сарвари давлатро «Ҷаноби Олӣ» ё ҳуд «Пешвои миллат» ном мебаранд, ки ин раъйи озоди ҳалқ аст ва набояд боиси нигаронии муҳолифон бошад, зеро давлат давлати демократӣ буда, ҳалқи он озодфикр аст. Интихоботи охир далел бар он аст, ки миллати тоҷик дар атрофи Сарвари хеш сарҷамъ буда, нисбат ба ў меҳр меварзанд ва меҳри ҳалқ ҳеҷ гоҳ наметавонад соҳта бошад.

Ин ҳама меҳру муҳаббати самимии ҳалқ аз паёми оҳирини Сарвари давлат, ки номаи ҳидоят ба сўи созандагиву бунёдкорӣ ба шумор меравад, маншаъ мегирад.Тавре дар паёми мазкур мавриди тазаккур қарор гирифт, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз чумла 15 қонун, 97 тағйироту иловаҳо ба конунгузории ҷорӣ, 26 консепсияву стратегия ва барномаҳо, 77 шартномаву созишнома ва протоколҳои байналмилалӣ, 18 созишномаҳои қарзиву гранти таҳияву кабул гардидаанд.Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомотиҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони макомоти ҳифзи ҳукук ва ҳизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти то мактаби, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз чумла хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шўъбаҳои кўмаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собикадорони чанги бузурги ватанӣ, меҳнат ва шаҳсони ба он баробар карда шуда 25 фоиз зиёд карда шуд.

Ҳамчунин, ҳадди акал ва ҳадди ниҳоии нафака аз рўи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафакаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Дар баробари ин стипендияи донишчуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди акал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад. Ҳамчунин, Президенти мамлакат дар паёми ҳуд қайд намудаанд, ки танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз буҷети давлатӣ дар як сол 1 милиарду 320 милион сомонӣ равона мегардад.

Дар давраи истиклолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, мувофиқи он манзили истикоматии нав бунёд шудаанд. Илова бар ин, дар ин давра теъдоди 17.320 адад корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу ҳизматрасонӣ ба кор оғоз кардаанд, ки натиҷа аҳолии кишвар бо кор таъмин гардиданд. Умуман, дар Паёми имсолаи сарвари давлат масоили муҳими ҷомеа дар заминаи ҳаллу фасл тафсир гардид, ки барои баланд бардоштани фарҳанги инсонӣ, такмили донишу маърифат, таъмини амнияти миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва муҳимтарин аз ҳама бо шукргузорӣ аз ин замонаи осоиштаву тантанаи ваҳдати миллӣ иқдом бар ҳифзи якпорчагӣ ва арзишҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ равона шудаанд. Аз инҳама бармеояд, ки дар ҷомеаи кунунӣ бахт сўйи миллати тоҷик хандидаву ғунчаи иқболаш бишкуфтааст, ки инҳама ҳуҷастабодиву ҳуҷастафолӣ аз сиёсати хирадмандонаи сарвари тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди академик Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмади Самеъ шоистаи дастгирӣ ва пазируфтанӣ буда, баҳри таҳкиму пойдорӣ ва устувории давлати навини Тоҷикистон дар шароити муосир нақши муассире хоҳад гузошт.

Қаландарова Руҳшона Эраҷовна
устоди кафедраи филологияи араб, ДДХ ба номи академик Б.Fафуров

Читать далее

Номи нек аз нияти нек аст!

 Вақте, ки мо ба номҳои инсонҳои гуногун назар меандозем, дар аксари ҳолат хислати шахсӣ ба номи гузошташуда ҳамоҳанг аст. Падару модарон ба ниятҳои нек фарзандони худро номгузорӣ мекунанд, то ки сазовори ҳамон ном гардад. Марди деҳқону коргари ҳалолкор бо ҳамроҳии зани ҳалиму меҳрубон ва хушрафтору накўкирдораш номи фарзанди хешро бо ниятҳои нек номгузорӣ намоянд, Худо хоҳад, нияти поки онҳо мустаҷоб мегардад.

Падару модари Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ният номи фарзанди азизи худро Эмомалӣ гузоштаанд, то ки дар оянда шахси пешво гардида, ба мардум раҳнамоиву сарварӣ намоянд. Вожаи «Эмом» ин ҳамон калимаи «Имом» аст, ки мувофиқи забони тоҷикӣ гардидааст. Дар таърих ҳазрати Алӣ ҳамчун шахси пешво, роҳбари мусалмонон маъруф мебошанд. Яъне орзуву омоли волидайни Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он будааст, ки дар замони имрўза ҳамчун пешвои миллат гарданд ва ҳамаи тоҷикистониёнро дар зери парчами ваҳдат муттаҳид гардонад.

Дар ҳақиқат ин амал ба вуқўъ пайваст, зеро замоне, ки тоҷикистониён дар ҳолати парокандагӣ қарор доштанду хатари аз байн рафтани миллат ба вуҷуд омада буд, ба сари давлати вайрона Эмомалӣ ҳамчун лидер омад ва ҳамаи тоҷикистониёнро ҳамчун пешво сарҷамъ гардонид ва сазовори номи пешвогиро лоиқ гардид. Мо аз он ифтихор мекунем, ки Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллатанд ва Тоҷикистони азизамонро аз ҳолати вайрона ба ҳолати ободу хуррамӣ оварда расониданд. Агар мо ба таърих назар андўзем, ҳолати мо аз ҳолати Сурияи имрўза ҳам бад буд. Маҳз тадбирҳои оқилонаву амалҳои пешвоёнаи Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки давлати вайрона боз барқарор карда шуд ва ҳамаи тоҷикистониён дар зери шиори ваҳдат сарҷамъ гардиданд.

Имрўзҳо баъзе нафарон, ки аз онҳо ба ҷуз иғвову бадгўӣ ягон суде нест суханҳои бофтаву ноодилона мегўянд ва мехоҳанд, ки ваҳдати миллатро аз байн баранд ва бо ин роҳ бозичаи сиёсии кишварҳои ғарб кунанд. Аз ин рў, тоҷикистониён ба роҳбарии пешвои худ ҳама дар якҷоягӣ ба пеш қадам мезананд ва рўз то рўз ин кишвари азизро ободу хуррам мегардонанд.

Фаррухҷон Камолов,
Устоди ДИС ДДТТ

 

 

 

Читать далее

Раҳнамо ва ҳомии миллат

 Дар бораи хизматҳои фидокоронаи Президенти кишвар ,Ҷаноби Олӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таҳкими Ҳокимияти давлатӣ,истиқлолияти миллӣ ,созишномаи сулҳи тоҷикон,сиёсати ободониву созандагиаш борҳо навиштаанд ва боз хоҳанд навишт.

Зеро Сарвари давлат на танҳо ҳамчун роҳбари аввалмақом балки, ба ҳайси як фарзанди тоҷик хизматҳои бузургро дар назди Давлату миллат ба сомон расонидааст.

Пешниҳоди ректори Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Душанбе Носир Салимӣ ва устоди Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самеъ оиди лоиқ донистани Президенти кишвар ба унвони Пешвои миллат як иқдоми зарурӣ ва сазоворӣ дастгирӣ аст.Тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасурии ӯ тавонист,ки дар як муддати кӯтоҳ харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ободиҳо табдил ёфта ,кишвар аз вартаи ҳалокат берун оварда,халқи парешонгашта сарҷамъ карда шуд.

Бо боварии комил метавон гуфт,ки дар саҳфаи таърихи навини халқи тоҷик бо дастгирии халқи тоҷик ва роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,барқарор шудани сулҳи умум ва ризоияти миллӣ бо ҳарфҳои зарин навишта хоҳад шуд.Маҳз тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ Сарвари давлат барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт, оғози корҳои созандагию ободонӣ заминаи боэътимод гузошта, миллати азияткашидаи моро ба ояндаи дурахшон раҳнамӯн сохт. Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст.ҶТ бо эътироф кардани Ойинномаҳои СММ,Санади хотимавии Хелсинки,Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта ,ба ҷаҳониён муарифӣ шудааст.

Президенти кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир талош варзида ,бо ин иқдоми худ дар баланд бардоштани нуфузи эътибори байналмилалии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.Ў ҳамчун сиёсатмадори оқил борҳо аз минбари СММ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро аз наздик шудан ва оқибатҳои фалокатбори мубориза бо терроризму экстремизм,қочоқи маводи мухадир, қазияи Афғонистон,масъалаи норасоии оби тоза ва ғайра ҷалб намудааст ,ки таърих дурустии ин иқдомҳоро исбот намудааст. Табиат ба ӯ ҳамчун сиёсатмадори варзида сифатҳои хирадмандӣ ,дурбинӣ ва муносибати ҷиддӣ намудан ба сиёсатро лоиқ дидааст. Дар тулии 23-соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид.Дар як муддати кутоҳӣ таърихӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам,Нишон,Суруди Миллӣ гардида ,дар роҳи бунёд намудани ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ: артишӣ миллӣ ,қувваҳои сарҳадӣ таъсис ва устувор гардонида шудаанд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуда ,асосҳои сохтори конститутсионӣ ,идоракунии давлат танзим гардида ,пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид,мамлакат давра ба давра аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳонида шуд.

Хизмати таърихии Президенти кишвар пеш аз ҳама аз он иборат аст,ки ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта ,пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт,оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд,барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳаё намуд,ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуд,заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт ва ҷаҳониёнро ба чеҳраҳои бузургони миллат штнос намуда ,обрую эътибори давлати тоҷиконро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

Аслиддин Садриддинов-
сармуаллими кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ

 

 

 

Читать далее

Вокуниш Паёме ба «Ҷаҳони андешаи» Муҳаммади Н.

 Тибқи моддаи 1-ми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ "ба ҳайси давлатӣ" эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии ҳар шахс буда, "ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд".Мутаассибони динӣ ба нобудсозии муқаддасоте даст мезананд, ки ҳадаф аз ин золимӣ зудуда сохтани зеҳнияти инсонҳо ва ҳукмрон кардани томгароӣ ва мутлақхоҳӣ дар андешаҳои мардум аст. Сухани Мавлоно дар бораи он ки: «Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ, Мо бақо, ту устухону решаӣ» дар ин ҷо ба маврид садо медиҳад.

Ғолибан аксари чунин баҳсҳои тӯлонии ақидатӣ оқибат бо ноамниҳо дар ин ё он минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор ва ҳалокати ҳазорҳо шаҳрванди одии ин кишварҳо анҷом мепазиранд, ки аз ноогоҳии худ думболи ин ё он гурӯҳи манфиатҷӯ мераванд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки одатан аз гирдоби чунин муқовиматҳо танҳо афроди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст берун шуда, аз манфиатҳои миллии хеш ҳимоя карда тавонистаанд.

Аз таҳлили шерҳои навиштаи Муҳаммади Н. бармеояд, ки исломи сиёсӣ дар сесад соли охир ҳамчун василаи дар зери нуфузи худ қарор додани мусалмонон аз тарафи абарқудратҳо тарроҳӣ шудааст ва он ҳеҷ гоҳ наметавонад ба манфиатҳои миллии кишвар хидмат намояд. Аз тарафи дигар, ҳадафи асосии он аз байн бурдани давлатҳои миллӣ, истиқлолияти ин кишвар, сохтори дунявият ва дар маҷмӯъ монеи пешрафт ва бенизомии сиёсӣ мегардад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвари моро мебояд ба ин раванд огоҳона муносибат намуда, хатару паёмадҳои онро дарк намоянд, фирефтаи суханбозиҳои исломиёни сиёсӣ нагарданд ва манфиатҳои давлату миллатро барбод надиҳанд.

Тошматов З.А. ДКМТ

 

 

 

Читать далее