April 2015

23 April 2015

Миллат аз афрод меёбад камол

 Таваҷҷўҳ ба арсаи таърих далолат бар он менамояд, ки миллати тоҷик бо вуҷуди он ҳама кулфатҳои пасисаркардааш ҳамвора аз лутфу инояти илоҳӣ бархурдор будааст. Зеро ин миллати куҳанбунёд ба василаи қутратёбии давлати Сомониён, хоса хизматҳои Исмоили Сомонӣ худро аз маҷрои пурталотуми фарҳангу маънавиёти арабҳо раҳоӣ бахшида, маҷрои аслии хешро дарёфта бошад, тӯли қуруни вусто ибтидо аз давлатдории Ғазнавиён то ихтитоми салтанати Манщития тавонист бо дурахши забону фарҳанги миллии хеш ҳамвора дар меҳвари давлатдории аҷнабиён қарор гирад ва асли бунёди хешро ҳифз намояд.

Дар ибтидои даврони Шӯравӣ миллати тоҷик ба имтиҳони санҷиши таърих рӯёрӯ гардида, дар вартаи аз даст додани асли гавҳари хеш қарор гирифт. Маҳз туфайли хизматҳои устод Садриддин Айнӣ тамоми даъвою дасисаҳои пантуркистон рад гардида, ин гавҳар аз ботлоқи бӯҳрони фарҳангиву маънавӣ берун кашида шуд ва ҷилои тоза пайдо кард. Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Аммо дар интиҳои қарни бистум таърих боз як имтиҳони вазнинеро ба сари мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, миллати тоҷик бор кард, ки он басо мармуз буд. Давлату миллати тоҷик охирин умедҳои хешро дар ин вартаи ҳалокат аз даст медод.

Маҳз шуҷоатмандию ҷавонмардии фарзанди асили миллати тоҷик- Эмомалӣ Раҳмон ҷисми берӯҳгардидаистодаи ин миллати куҳанбунёдро аз нав рӯҳ бахшид ва суханони ин сарсупурдаи миллат – «Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» хуни дар рагҳо сардшудаистодаи миллати тоҷикро аз нав ба ҷӯш овард. Тоҷикон шӯълаи умедро дарёфтанд ва аз гармии он баҳраёб гардида, баҳри оташи бузург гардидани он кӯшиш карданд…

Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи қадам ниҳодан ба зимомдории давлати тоҷикон то ба пас ин қадар корҳои бузургеро анҷом дод, ки ҳар яки он барои якояки афроди миллати тоҷик рӯшану возеҳ аст ва дар мақолаи донишмандони тоҷик академик Носирҷон Салимов ва Холаҳмади Самеъ, ҳамчунин нигоштаҳои ҷавобияи дигар андешамандон борҳо таъкид ёфтааст.

Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки Офаридгор чунин шахси шуҷоъву далер, равшанфикру маърифатпарвар, пешвои ҷонсупору хидматпешаро насибаш гардонидааст. Аз ин рӯ, тамоми талошҳои хешро барои ҷонибдориву ҳифзи ин атийяи эҷодӣ, ки боиси эҳёву камолаш гардидааст, дарещ нахоҳад дошт.

Мавҷуда Ӯрунова,
дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик

Дилором Ваҳҳобзода,
н.и.ф., сармуаллима кафедраи адабиёти классикии тоҷик

 

 

 

Читать далее

Бонии забони давлатӣ

«Забони точикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ў низ пойдор хоҳад буд».
                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанўз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣсурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣмекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад ва сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост.

Мо имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрўз аз ҳастии бузургаш меболем.

Имрўз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд. Инро дидаву шунида, мосоҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он хамарўза сахмгузор бошем. Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рўзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбуду нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан барои тозагии алфози забони модарии хеш саҳмгузор бошем.

Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рўзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз соли 1989, 22июл бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ - забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Мо, точикзодагони асил, хамеша пайи он мекўшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо, забондорон, вобастагӣ дорад.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оид ба манзалат ва поянда будани забони модарӣ чунин гуфта:«Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қимату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рў, бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омўхтани забони миллати хеш омўхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугў намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омўзад. Рўзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ,ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рў ба рў нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд.

Д.Бобоҷонова,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

Читать далее

Эмомалӣ Раҳмонов – пешвои миллат

Зи худафрўзиаш афрўхт аз нав ахтари тоҷик,
Бишуд бо халқи худ болиданаш болу пари тоҷик,
Бурун овард аз некў садафҳо гавҳари тоҷик,
Зи нав бигзошт ў тоҷи “каёнӣ” бар сари тоҷик

Барои камина, ки як омўзгори оддияму вазифаам тарълиму тарбияи насли наврас аст, нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон – бузургмарди даврон, ки ба тоҷикон сулҳ овардааст ва аҳли ҷаҳон эътирофаш кардааст, бо самимияту муҳаббат ҳарф задан хушбахтии бепоён аст.

Аз ибтидо то имрўз роҳи паймудаи ў пеши назарам меояд ва аз чунин роҳбари тавоно, фарзанди диловару содиқ доштани халқи азизам ҳастиамро ҳисси ифтихор фаро мегирад.

Дар як сарзамини ҷангзадаи хароб, ки касе ҷуръати сарварӣ кардан надошт, бўйи хун ба димоғ мерасид, қатлу ғорат идома дошт, дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид. Дар ҳамин Иҷлосия Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ гуфта буд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.” Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуҳои мардуми кишвар, ташнагони сулҳу суботро бароварда гардонд.

Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ бо талошу мубориза ба муқобили душманони дохилию хориҷӣ тавонист, ки дар дохили мамлакат ҳама гуна низоъ ва душманиро хотима бахшад ва давлатро бо номи Тоҷикистон сарбаландона муаррифӣ намояд.

Он рўзҳои талху даҳшатбори ҷанги бародаркушӣ аз ёди мардуми тоҷик нарафтааст. Дар чунин вазъияти душвор сарварӣ кардан осон набуд.

Шоир А. Раҳматзод фармуда:

Қавирўҳе, Бузурге,
Бовиқоре, Ҳодие, Зўре,
Ватандори бузурге бар сари ин халқи мо омад!
Кунун осуда бош, эй тифли фардоям,
Ки марди покзоде, офтобо, ҷавонрўҳе,
Ҳамчу ҳодӣ сарваре бар пешгоҳи ин Ватан омад!

Имрўз ифтихор аз он дорем, ки таҷриба ва фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф карда шуд.

Дар рўзҳои ҷашнгирии 1150- солагии маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ як намояндаи фарҳанги Афғонистон тавассути оинаи нилгун баромад намуда, чунин гуфта буд: “Шумо мардуми хушбахтед, ки мисли Эмомалӣ Раҳмон сарвари доною тавоно доред ва хушбахтона зиндагӣ мекунед.”

Бале, мо нағз дарк мекунем, ки Пешвои бузурги миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони оламро ифтихори тоҷик будан бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мо гардид.

Солҳо сипарӣ шудаанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ душворию нокомиҳои гўшношунид дошт. Тақдири гурезаҳои иҷборӣ Сарвари давлатамонро ором намегузошт. Бо талошу муборизаҳои зиёд ҳамаи гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҷаҳду талош мекунад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар як фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Дастовардҳои ин шахси барўманд ниҳоят зиёд буда, шоистаи ҳар гуна ситоиш аст.

Муҳимтарин дастоварди фарзанди накўноми миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кардааст, он аст, ки ў тавонист дар муддати кўтоҳ оташи ҷанги хонумонсўзро дар Тоҷикистон хомўш намояд.

Президенти азизи мо Эмомалӣ Раҳмон қалби бекинаву амалҳои созандаву ҷовидона дорад. Бо самимият ва муҳаббати беинтиҳо ба пайроҳаҳои тайнамудаи Сарвари азизи хеш менигарам ва онро тимсоли мардонагию шуҷоати як фарди ҷасуру тавоно мешуморам. Ба шогирдонам дар ҳар як дарси хеш аз нотакрор будани ин бузургмарди миллат ҳарф мезанам ва дар чашмони онҳо, ки ояндасози миллатанд, шўълаҳои умеду орзуҳои нек ва ояндаи дурахшон падидор мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибистиқлоламонро гузаштем ва ба корҳои бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавориро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем. Президенти ҷоннисори мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад, аҳли адабу маърифат, қувваҳои солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, аз фикру ақида, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳоди онҳо самаранок истифода мебарад.

Ташкил ва гузаронидани ҷашнвораи бузургони миллат анъанаи некест, ки аз қадрдонии Президенти ҷонфидои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҳамаи он чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ гузаронида шудаанду мешаванд, ҳисси худшиносию худогоҳии мардуми тоҷикро дучанд менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат бо занон ва ятимону маъюбон бетараф нест. Дар ҳар як суханронӣ онҳоро ситоиш менамояд. Ин аст, ки имрўз занон аксаран соҳибмаълумотанду сарвари бисёр муассисаҳо мебошанд.

Ятимону маъюбон дар симои ин марди бузургвор падари ғамхори худро дарёфтаанд ва ҳамеша шукру сипосаш мекунанд. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати тоҷик аст! Арзанда аст ба пешво будан! Роҳат сафеду иқболат баланд бодо, Пешвои миллати тоҷик!

Бибиҷон Раҳимова,
омўзгори Донишкадаи омузгории шахри Панчакент

Читать далее

Оила – таҳкими пойдории ҷомеа

 

 

 

Асоси бунёди миллату ҷомеаи солим, пеш аз ҳама, ба фазои солимии оила вобастагӣ дорад. Дар замони муосир оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа беш аз пеш аҳамияти хосаро соҳиб гашта истодааст. Беҳтаршавии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо таъсироти амиқи худро ба рушд ва пешрафти давлату миллатамон мерасонанд.

Ташкил ва ба роҳ мондани давлатдории муосири миллӣ, ки моҳиятан шакли ҳуқуқ-бунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад, аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият маҳсуб меёбад ва пойдориву мустаҳкамии он, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти оилаҳои солими ҷамъиятамон вобастагӣ дорад.

Тибқи моддаи 33-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Шаҳрвандоне, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд, озодона ақди никоҳ банданд ва оила барпо намоянд.

Вобастагии солимии ҷомеа ба солимии оила дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст : «Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад.»

Албатта, Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ паҳлўҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи имрўзаро фарогир аст ва зикр мебояд кард, ки дар он ба қатори дигар масоили мубрами ҳаёти имрўзаи ҷамъиятамон оила низ дар мадди аввал меистад.

Қобили қайд аст, ки дар кишварамон махзани ҳуқуқии басанда баҳри такомули оилаи солим мавҷуд мебошад. Бо дарназардошти талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба масъалаи таълиму тарбия, оила ва оиладорӣ диққати махсус зоҳир гардидааст. Қабл аз ҳама, баробарҳуқуқии падару модар нисбат ба фарзанд дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст. Қисми якуми моддаи 61-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки падару модар нисбат ба фарзандонашон ҳуқуқу ўҳдадориҳои баробар доранд. Аз ин бармеояд, ки масъулияти тарбияи насли солим бар ўҳдаи волидайн баробар вогузор гардидааст.

Вобаста ба шароит ва талаботи замон ба қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардидаанд. Чунончӣ, тибқи тағйироту иловаҳои ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгашта, зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳ суд барои оштӣ додани зану шавҳар ҳуқуқ дорад, баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштӣ додани онҳо на то се моҳ, балки то шаш моҳ мўҳлат диҳад.

Ворид намудани иловаву тағйироти зикршуда, пеш аз ҳама, барои пойдории оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти зану шавҳар ва ҳимояи фарзандон мусоидат менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба он мусоидат мекунад, ки таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ амалӣ гардад. Ин хислатҳои неку наҷиби инсонӣ бештар моҳияти маънавӣ доранд ва дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёту зиндагиаш ташаккул меёбанд. Дар раванди чунин ташаккулёбӣ таъсири муҳит, пеш аз ҳама, оила ва таълиму тарбия нақши муҳим мебозад.

Яке аз таъкидҳои ибратбахши Президен-ти кишвар ин эҳтиром ва эҳтимоми бузург ва ҳамешагӣ ба мақому манзалати бонувон дар ҷомеа мебошад. Зан - Модар сарчашмаи зиндагӣ, ба вуҷудоварандаи насл ва идомабахши ҳаёт, сутуни оила ва хонавода маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат барҳақ таъкид кард, ки бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанўз зиёданд. Аз ҷумла, масъалаи пош хўрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар аст.

Дар Паём сабаби асосии ин ҳолати бўҳронӣ оварда шудааст, ки мазмуни асосии он омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона арзёбӣ мегардад. Масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзўи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Ҳамаи шаҳрвандон бояд дар тақдиру сарнавишти оилаҳои ҷавон бетараф набошанд ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надоранд. Низоъ ва ё фурўпошии ҳеҷ як оила дар ҷомеа хушоянд нест.

Дар Паёми Президенти кишвар яке аз сабабҳои пош хўрдани оилаҳо ин бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор кардани ҷавонон ва ба эътибор нагирифтани саломатии онҳо нишон дода шудааст. Дар хусуси солимии оила ва беҳдошти вазъи он дар Паёми Президенти кишвар гуфтаҳои арзишманд хеле зиёданд, ба монанди нишон додани оқибати фоҷиабор ва зараровари никоҳи хешовандони наздик, ки баъзан боиси таваллуди кўдакони маъюб мегардад: «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кўдакони маъюб гардида истодааст».

Мушкилтарин фоҷиаи рўзгори инсонӣ маъюбӣ мебошад, ки одамиро ба мўҳтоҷӣ ва азобу уқубатҳои бисёри рўҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ рў ба рў мекунад. Бахусус, дар оилаҳои камбизоат ин мушкилӣ дучанд мегардад.

Яке аз мушкилиҳои дигари хатарзо ба саломатии кўдакон бемории норасоии масунияти одам мебошад, ки шахсони мубталои ин беморӣ дар ҷумҳурӣ беш аз шашуним ҳазорро ташкил медиҳанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин вазъро ташвиши ҷиддии Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа номида, пешгирии онро яке аз вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳисобид.

Мусаллам аст, ки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат - таҳкими пойдории оила ва муносибатҳои оиладориро фаро гирифта, бори дигар аз хиради волои роҳбарӣ, инсонгароӣ ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат дар ҳаққи мардум ва аҳолии мамлакат дарак медиҳад. Биноан, мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва тартиби муназзами ҷомеа мебошад.

Муҳаммадбашир РАҲМОНЗОДА,
муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд

 

 

 

Читать далее

Ба маводи тиббии бесифат ҷой нест!

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд ҳамарўза бар зидди воридшавию истифодаи молҳои тиббӣ, маводҳои доруворӣ, ороишию гигиении мўҳлати истифодаашон гузашта ва бесертификати сифат муборизаро пурзўр менамояд. Тибқи нақшаи корӣ, ҳар семоҳа як маротиба маъракаи нобудсозии маводи зикршударо мегузаронанд.

Читать далее

Раҳбари ваҳдатофарин ва пешвои миллат

Таърих дар саҳифааш ҷойгоҳ ва манзалати шахсиятҳои фаровонеро сабт намудааст, ки бо зоҳир намудани корномаҳои сиёсӣ дар таҳаввулоти замонаҳо аз ҳар нигоҳ нақши муассир гузоштаанд. Агар мо ба гузаштаи миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ин равзана назар афканем, воқеияти ин андеша мусаллам мешавад, ки мақоми шахсиятҳо дар офариниши таърих ва раҳнамоии миллату халқиятҳо ба сўи офаринандагиву созандагӣ хеле бузург ва таъсиргузор будааст.

Читать далее

Шиносоӣ аз Маҷмааи фарҳангию таърихӣ

Намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти роҳбарии Чжан Чунсян, Роҳбари Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи мухтори Синзян - Уйғур шоми 18 апрел аз Боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ боздид намуданд.

Читать далее

Пазироии роҳбарияти ширкати СR20G

Нимаи дуюми рўзи душанбе, 20 апрел Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ президенти ширкати “Asia Ridgers Foundation Investment Group CO Limited” Ма Хианглинг ва менеҷери генералии ширкати СR20G–и Ҷумҳурии мардумии Чин Минг Таоро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба гуфтушунид намуданд.

Тавре дар аснои мулоқот зикр гардид, ширкати СR20G дар шаҳри Сиани Чин ҷойгир буда, он яке аз бузургтарин ширкатҳоест, ки ба лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳан, метро, шоҳроҳҳо, фурудгоҳ, пулу нақб, обанбор ва ғайраҳо машғул аст. Маҳз, аз ҷониби мутахассисони ин ширкат лоиҳаи бунёди обанборҳо дар минтақаи Исфанасойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Далёни ноҳияи Ғончӣ мавриди омўзиш қарор дода шуда, айни ҳол корҳои омўзишӣ идома доранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар минтақаҳои мутазаккира норасоии оби полезӣ дар мавсими киштукор эҳсос мешавад. Масалан, заминҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов аз оби сойи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешавад ва ин об барои обёрии комили заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов басанда нест. Дар мавсими кишт кишоварзон обро бо навбат истифода мекунанд ва табиист, ки сохтмони обанбор танқисии оби полезиро аз байн мебарад ва сабаби фаровонҳосилӣ мегардад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, таъкид намуд, ки сохтмони обанборҳо дар ин минтақаҳо имкон медиҳанд, ки заминҳои зиёде обёрӣ гарданд. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд ду сол инҷониб ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома дош-та, дар ин раванд хоҷагиҳои зиёди оилавию инфиродӣ таъсис дода шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои тавсеаи ҳам-кориҳо бо ширкати мазкур омода аст ва минбаъд низ барои амалисозии чунин лоиҳаҳо дастгирии ҳаматарафаи худро мерасонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Боздид аз шаҳраки Сайҳун ва Қасри Арбоб

Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин пас аз анҷоми мулоқот бо табиати зебои Баҳри тоҷик ва захираҳои обӣ дар ин мавзеъ шинос гардиданд. Чуноне зимни шиносоӣ таъкид гардид, Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди обӣ буда, он дар баробари мўътадил нигоҳ доштани иқлими минтақа, ҳамчунин имкон медиҳад, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо рушд ёбад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо Лучия Элмӣ

Санаи 20 апрел Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят Лучия Элмиро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳамкории мутақобила ва судмандро ба роҳ мондааст ва саҳми ин ташкилотро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кўдак ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст.

Раиси вилоят зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид нигоҳ ва ҳадафҳои ягона дошта, барнома ва лоиҳаҳои амалишаванда ба беҳтар намудани соҳаҳои иҷтимоии вилоят равона карда шудааст.

Дар идомаи сухан Раиси вилоят зикр дошт, ки дар назди тамоми муассисаҳои соҳаи маориф маҳфилҳои гуногуни ҳунаромузӣ, аз қабили дўзандагӣ, ошпазӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва ғайра таъсис дода шуда, духтарон дар ин машғулиятҳо соҳибкасб мегарданд. Дар вилоят ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида, то ин дам аллакай дар қаламрави вилоят шумораи зиёди марказҳои ҳунаромўзиву касбомўзӣ таъсис дода шудааст. Ба ин тариқ, дар ин марказҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон соҳибкасб гардиданд.

Лучия Элмӣ аз иқдоми роҳбарияти вилоят оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои гуногуни касбомўзӣ изҳори хушҳолӣ намуда, зикр дошт, ки ин раванд бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз байн бурдани хушунат мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи 20 сол фаъолият бурда, бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Дар мулоқот Лучия Элмӣ изҳор дошт, ки оянда ба Донишкадаи такмили ихтисос дастгоҳҳои лозимаро дастрас хоҳад кард.

Раиси вилоят қайд намуд, ки бо мақсади дастгирии омўзгорон соли равон ҷоизаи Раиси вилоят таъсис дода шуда, ҳамзамон барои кормандони соҳаи маориф осоишгоҳ ташкил мешавад, ки дар он ҷо устодон дар як вақт метавонанд, донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва ҳам ба истироҳату табобат фаро гирифта шаванд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии хешро ба ҳамкориҳои самараноку манфиатбахш баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее